.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Фарҳанг

Шумо дар Фарҳанг

ҶАШНИ МЕҲРГОН БА ЮНЕСКО ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАД

Окт 28, 2017 Диданд: 423
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Аз оғози пайдоиш то ба имрӯз инсоният ба бисёр кашфиёту ихтироот даст ёфтааст. Дар ин баробар ба нокомиҳову талхрӯзгорӣ ҳам рӯ ба рӯ гаштаву онро аз сар гузаронидааст. Зиндагии инсонҳо ду рукни асосиро ташкил медиҳад, ки онро моддӣ ва маънавӣ унвон медиҳанд. Он агарчи дар моддиёт дастовардҳои бузург овард, вале дақиқан то ҳол ба умқи кашфи маънавиёт нарасидааст.

Бузургворе дар ҷашни яксолагии фарзандаш ба ӯ мегӯяд: «Фарзандам! Як баҳору як тобистон, як тирамоҳу як зимистонро дидӣ! Аз ин пас, ҳама чизи ҷаҳон такрорист, ба ҷуз меҳрубонӣ…!». Бале, ҳақ ба ҷониби он бузургвор аст, ки борикбинона ҷамъи зиндагиномаи одамиятро дар ду ҷумла изҳор доштааст. Мақсад аз овардани андарз ин аст, ки дар гузашта аҷдодони мо - тоҷикон ҷашне доштанд, муҳаббат, меҳрубонӣ, садоқат, дӯстдорӣ, адлу дод, арҷ гузоштан ба Модар-Заминро бо як вожа ифода намуданд: «Меҳргон». Аз назари илми решашиносӣ ва пайдоши вожаи Меҳргон дар оғоз мехоҳем ба хонандагони арҷманд маълумоти мухтасаре пешкаш намоем.
Тибқи маълумоти луғатномаҳои сарчашмавӣ вожаи меҳргон аз ду ҷузъ иборат аст: «меҳр» - муҳаббат, самимият, дӯстӣ ва «гон» - асос бар нисбат, яъне ба чизе марбут будан. «Гон» одатан дар охири исми рӯз ва моҳи солшумории хуршедӣ (шамсӣ) меояд. Ба ин маъно, ки мардуми эронитабор агар ҳар гоҳ номи моҳ бо номи рӯзи солшумориашон (хуршедӣ, шамсӣ) мувофиқ ояд, он рӯзро пасванди «гон» гузошта, онро ҷашн мегирифтанд. Барои мисол, метавон аз рӯзҳое ёд намуд, ки охирашон пасванди «гон» доштанд, ки мардум онҳоро бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн мегирифтанд: обонгон, обрезгон, хурдодгон, фарвардгон, тиргон, меҳргон ва ғайра, ки мардум эътимод бар онҳо доштанд. Абӯрайҳони Берунӣ низ зикр кардааст, ки «… ҳар моҳе он рӯз, ки ҳамномаш бошад, ӯро ҷашн доранд». Дар иртибот ба вожаи меҳргон, бояд таъкид намуд, ки ниёгони мо моҳро аз сӣ рӯз иборат дониста, ба ҳар кадом рӯзи моҳ номе гузошта буданд, ки инҳо номҳои Эзад ва фариштагон буданд. Аз ин лиҳоз, сарчашмаҳо вожаи меҳрро номи яке аз эзидон низ мегӯянд, ки он ёрирасон ва меҳрубон бар одамон будааст. «Меҳр», ки шакли аввалаи он «Митра» - номи яке аз бузургтарин эзидони ҳиндуэронӣ аст ва чаҳорсад сол пеш аз мелод дар сангнавиштаҳо ҳаккокӣ шудааст. Вожаи «Меҳр» дар китоби «Авасто» зикр шудааст ва дар ситоишаш низ суруде омадааст. Чунончи, дар «Меҳряшт»-и «Авасто» омадааст, Аҳура Маздо Меҳрро мисли худ мешуморад: «Аҳурамаздо ба Спитмон Зартушт гуфт: Эй Спитмон! Бад-он ҳангом ки ман Меҳри фарохчарогоҳро ҳастӣ бахшидам, ӯро дар шоистагии ситоиш ва барозандагии ниёиш, баробар бо худ, ки Аҳура Маздоям биофаридам». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дар замони бисёрэзидии оини зардуштӣ Меҳр мақому мартабаи баландро доро будааст ва мардум, махсус деҳқонон ва кишоварзон ба он муҳаббату меҳри беандоза доштаанд ва эҳтимол дар натиҷаи эътимод ва баргузидагии эзади Меҳр аз ҷониби мардум ҷашни Меҳргон офарида шуда бошад.
Аксарияти мо ин ҷашни инсону табиатро аз хотир бурдаем, вале имрӯзҳо мавзӯи асосии ҳарфамон аз бемеҳрии ҳамдигар ва нигаронӣ бар табиат аст. Вале бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргонро дар мақоми Наврӯз ва дигар ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ҷойгузин карданд ва ҳам дар тамоми манотиқи кишвар чандсолаҳо аст, ки ҷашн гирифта мешавад. Албатта, ин иқдомест, ки боз барои шинохти устураву таърихи гузаштаву осору ганҷинаҳои ниёгон ва ниҳоят шинохти миллӣ қадамест бузургу устувор. Ва ҳамчунин, муждаи дигар ин аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Меҳргонро ба мероси ғайримоддии умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод карда истодаанд. Барои ҳар яки мо ин ташаббуси Ҳукумати кишвар боиси сарфарозист ва ҳам лоиқи ситоиш аст, зеро хидмати шоистаест, ки бешак обруву нуфузи миллат дар ақсои олам боз ҳам баланд хоҳад гардид. Ин хидматест, ки арзиши таърихӣ дорад ва бе гумон, мояи ифтихори ояндагон ҳам ҳаст.
Барои хонанда аз хусусиятҳо, асолат ва пайдоиши ҷашни Меҳргон маълумоти мухтасар дар ин мақола овардаем, ки хонандаи хушзавқу боидрокро мутолиаи мақола таҳрик бидиҳад ва аз пайи ҷустуҷӯи маълумоти бештар биравад.

Меҳргон чи гуна ҷашн аст?
Бояд тазаккур дод, ки Ҷашни Меҳргон ба гунаи Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадима ва бостонии мардумони эронитабор маҳсуб меёбад ва байни ин ду ҷашни бузург пайванди ногусастание вуҷуд дорад. Роҷеъ ба пайдоиш ва чигунагии ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумотҳои зиёд омадааст. Аллома ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия»-и хеш дар хусуси ҷашни Меҳргон овардааст, ки «Меҳрмоҳ, рӯзи аввали он ҳурмуздрӯз аст. Ва рӯзи шонздаҳум рӯзи меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дуюм бошад. Ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мардум аст. Ва тафсири он дӯстии ҷон аст. Ва гӯянд, ки «Меҳр» номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, ин аст, ки ин рӯзро «Меҳргон» гӯянд. Далел бар ин гуфтор он аст, ки аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки сурати Офтоб дар ӯ буд, ба сар мегузоштанд. Ва Офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд. Ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад». Аз ин маълумоти додаи Берунӣ метавон бетардид гуфт, ки дар воқеъ Меҳргон ҷашни сирф мардумӣ аст, чун чанд нуктаи Берунӣ воқеан қобили таваҷҷуҳ аст, ки мегӯяд: «Ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мардум аст», «ва тафсири он дӯстии ҷон аст», «ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад». Ҳамин се ҷумла худ бузургӣ ва шукуҳу шаҳомати дар гузашта доштаи Меҳргонро бозгӯ мекунанд.
Абӯрайҳони Берунӣ пайдоиши ҷашни Меҳргонро ба подшоҳи Пешдодиён Фаридун нисбат медиҳад ва тазаккур медиҳад, ки, «мегӯянд, сабаб ин ки ин рӯзро эрониён бузург доштаанд, он аст, ки чун мардум шуниданд Фаридун хурӯҷ кардааст. Пас аз он, ки Кова бар Заҳҳоки Биюросб хурӯҷ намуда буду ӯро мағлуб ва нест карда буд. Ва мардумро ба Фаридун хонд. Кова касест, ки подшоҳони Эрон ба раъияти ӯ некӣ меҷустанд (бар илова, пас аз шоҳ Ҷамшеди Пешдодӣ салтанат аз дасти ин дудмони муборак рафта буд ва дунё дар зери тасарруфи Заҳҳоки бедодгар ва хунхор қарор гирифта, мардум аз зулму бедодии шоҳи золим ба дод омада буданд. Коваи шуҷоъ, ки ҳабдаҳ писарашро аз даст дода буд, барои интиқом мардуми бахтбаргаштаро гирди худ ҷамъ овард ва бар зидди Заҳҳок шӯриш кард ва дар он айём аз дудмони Пешдодиён Фаридун низ бархост ва ҳамдаст бо Кова тахту салтанати Заҳҳокро сарнагун сохтанд. Ва пайдоши «Дирафши ковиён» низ дар ҳамон замон аст, ки Кова худ оҳангаре буд ва пӯсти пешбанди хешро ба нуки асое баста, мардумро зери он дирафш ҷамъ оварда буд (З. С.).
Дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш Абулқосим Фирдавсӣ низ оғози ҷашни Меҳргонро ба нахустрӯзи ба тахт нишастани шоҳ Фаридун нисбат медиҳад. Чунончи, Фирдавсӣ мефармояд:
Замона беандуҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.
Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба ойини кай ҷашни нав сохтанд.
Нишастанд фарзонагон шодком,
Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом,
Майи равшану чеҳраи шоҳи нав,
Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносониву хӯрдан ойини ӯст.
Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр!
Оид ба таҷлили ҷашни Меҳргон дар аҳди шоҳигарии Ҳахоманишиёну Сосониён ва дигар сулолаҳои баъдӣ дар бархе сарчашмаҳову тасвирҳо ва гуфторҳое ҷолиб зикр гардидааст. Фолклоршинос Дилшод Раҳимов дар асари худ «Фолклори тоҷик» аз сарчашмаҳои таърихӣ ёдовар шуда, меоварад, ки муаррихи юнонӣ Ктезиус гуфтааст: «Подшоҳони ҳахоманишӣ маст шуданро ҳеҷ гоҳ ба худ раво намедиданд, аммо танҳо дар рӯзи ҷашни Меҳргон онҳо иҷозаи нӯшидани майро доштанд. Онҳо ҷомаҳои гаронбаҳои арғувонӣ мепӯшиданд…».
Аз рӯи мадракҳои таърихӣ, ҷашни Меҳргон ва ойини меҳрпарастиро ҳахоманишиён дар рӯи ҷаҳон паҳн гардонидаанд ва аз файзу баракат ва инсонпарастиву табиатдӯстдории ин ҷашн аксари ҷаҳониён баҳравар шудаанд. Донишманди белгиягӣ Франс Валери Мари Кюмон (1868-1947) дар китоби «Ойини Митра» таҷлили соли нави масеҳиро марбут ба ҳамин ҷашни Меҳргони аҷдодони мо медонад: «Бидуни шак ҷашни Меҳргон, ки дар мамолики Руми қадим рӯзи зуҳури Хуршед тасаввур мешавад ва онро sol natalis invietil (яъне, рӯзи вилодати Хуршеди номағлуб) мегуфтаанд, ба 25 декабр кашида шуда ва баъд бо сабаби нуфузи дини Исо дар Аврупо рӯзи вилодати Масеҳ қарор додаанд».
Дар аҳди Сосониён низ ин ҷашн бо як шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид ва ҳатто бо номи ин ҷашн, чи тавре ки сарчашмаҳо иттилоъ медиҳанд, навоҳои «Меҳргонӣ», «Навои Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург» ва ғайра аз тарафи навозандагон ва хунёгарон тадвин шуда буданд. Низомии Ганҷавӣ дар ин хусус ишора карда, мегӯяд:
Чу нав кардӣ Навои меҳргонӣ,
Бибурдӣ ҳуши халқ аз меҳрубонӣ.
Берунӣ аз қавли Салмони Форс овардааст, ки «мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем, Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар».
Тибқи маълумоти Берунӣ, рӯзи таҷлили ҷашни Меҳргон ба рӯзи шонздаҳуми моҳи меҳр (баробар ба 7-8-уми октябр) рост меояд ва бисту якуми моҳи меҳрро «Меҳргони бузург» ё «Ромрӯз» мегуфтанд. Аҷдодони мо байни Наврӯз ва Меҳргон тафовут намегузоштанд ва ҳар дуро дар як мақом гузошта, бо шукуҳи хос таҷлил менамуданд. Чи тавре ки мо худ мушоҳида мекунем, ҳардуи ин ҷашн аз рӯи рукнҳо ва оину хусусиятҳо ба ҳамдигар алоқамандии зич доранд. Чунончи, дар ҷашни Наврӯз наврӯзи омма ва наврӯси хоса ҳаст ва дар ҷашни Меҳргон ҳам меҳргони омма ва меҳргони хоса таҷлил карда мешавад. Расму ойинҳои ба ҳамдигар монанд доштани ин ду ҷашн гувоҳи он аст, ки ҳарду дар як сарчашмаи фарҳангӣ, ки бе шак ба хираду дониши гузаштагони мо марбут аст, тавлид ёфтаву инкишоф ёфтаанд.
Ҷашни Меҳргон баъд аз густариши дини Ислом низ қайд карда мешуд, бахусус дар аҳди Сомониён бо ҳамон шаҳомати қаблӣ таҷлил мегардид. Нигоштаҳои устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шаҳодат бар он гуфтаҳои боло медиҳанд, ки ҷашни Меҳргон бо тамоми нафосату назокаташ ҷашн гирифта мешуд:
Малико, ҷашни Меҳргон омад!
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Ҳаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.
Мӯрд ба ҷои савсан омад боз,
Май ба ҷои арғувон омад.
Дар осори адибону донишварони қарнҳои IX-X роҷеъ ба пайдоиш ва баргузидагии ҷашни Меҳргон хеле зиёд асарҳо таълиф гардида ва ишораҳо шудааст. Аз нигоштаҳои шоирони он замон чанде ин ҷо меоварем, то хонандагон баҳравар гарданд:
Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад,
Бонгу овои дирои корвон омад.
Корвони Меҳргон аз хизрон омад,
Ё аз ақсои билоди Чинистон омад…
(Манучеҳрӣ)
Меҳргон ҷашни Фаридун мулки фаррух бод,
Бар ту, эй ҳамчу Фаридун мулк фарухфол.
(Фаррухӣ)
Меҳргон омад гирифта фолаш аз некӣ мисол,
Некрӯзу некҷашну неквақту некҳол.
(Унсурӣ)
Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бияфзо, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон.
(Саъди Салмон)
Аз гуфтаҳову нигоштаҳои адибон ва донишварон хулоса кардан мумкин аст, ки ҷашни Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои муқаддаси гузаштагони мо маҳсуб меёфтааст. Чи тавре сарчашмаҳо иттилоъ медиҳанд, ниёгони мо дар гузаштаи қадим солро ба ду давра тақсимбандӣ мекардаанд, ки онро дар тақвими Авестоӣ метавон мушоҳида кард. Якеро тобистон («ҳама=hama») мегуфтанд ва дигареро зимистон («зайама=zayama») меномидаанд. Аз гуфтаҳои муаррихон маълум мешавад, ки ҷашни Меҳргон баъди истилои арабҳо ҳам дар байни мардум мақоми баландро соҳиб будааст ва мардум таваҷҷуҳи хос доштаанд. Маъхазҳо иттилоъ медиҳанд, ки то замони ҳуҷуми муғулҳо ҷашни Меҳргон таҷлил карда мешуд, вале баъд аз он мардум натанҳо аз ҷашни муқаддаси Меҳргон, балки аз бисёр оину маросими гузаштаи худ маҳрум гардиданд.
Хулосаи мо оид ба ин ҷашни бостонӣ ин аст, ки дар воқеъ ҷашни Меҳргон мероси арзишманди ниёгон буда, барои мо ворисон мояи ифтихор аст. Дар нигоҳи илми нуҷум ҳам ин ҷашн асоси илмӣ дорад ва аз ин бармеояд, ки аҷдодони мо дар замонҳои хеле қадим аллакай ба бисёр кашфиётҳои ҳаётан муҳим даст ёфтаанд.
Бо шарофати истиқлолияти кишвар, имрӯз ба мо шароити мусоид даст додааст, ки барои омӯхтан ва тадвин намудани осори ниёгон бештар фарогир бошем. Дар замина пешниҳод менамоем, афроде, ки дар риштаи илмҳои бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, фолклоршиносӣ ва ғайра фаъолият мекунанд, зарур аст, имрӯз барои бештар пажуҳиш кардан ва омӯхтани осору мероси гузаштагон бикӯшанд, дар ин замина аз худ ташаббуси чашмрасе нишон бидиҳанд, то барои сараввал шинохти миллӣ ва оянданигарии миллӣ хидмате карда бошанд. Роҷеъ ба паҳлуҳои ҷашни Меҳргон ҳоло амиқан баррасии илмӣ накардаем ва мебояд ба мисли ҳавзаи наврӯзӣ, ҳавзаи ҷашни Меҳргонро низ ташкил намоему барои пажуҳиши ин ҷашн олимони соҳа ҷалб карда шаванд. Дастандаркорон ва вазорату ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки ҳарчи зудтар осори илмиву ахлоқӣ ва фалсафии гузаштагонамонро дастраси насли ҷавон гардонанд. Дар ин росто, мо метавонем ба шинохти ҷавҳари худу дурнамои ояндаи давлату миллати фарҳангофари хеш бирасем.

Зоҳири САЙФУЛЛО

Тағйироти охир Шанбе, 28 Октябр 2017 10:44
Хонданд 423
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.