.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Фарҳанг

Шумо дар Фарҳанг

Маориф кошонаи ҳусн аст?!

Окт 07, 2017 Хонданд: 764
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Маорифи мо зебост. Шояд ҳайрон шавед, ки маориф ҳам зебо мешудааст?! Ҳайрон нашавед. Воқеан, маорифи мо зебост. Барои исбот, биёед ба соҳаи маориф як назар андозем.

То имрӯз оё боре шуморо барои дарсро тайёр накардан аз донишгоҳ ва ё мактаб пеш кардаанд? Шахсан маро ҳеҷ гоҳ чунин накардаанд, вале ҳар боре, ки бе галстук ва ё бо куртаи сиёҳ ва ё бо риши каме баланд ба дарс рафтаам, намондаанд, ки ворид шавам. Ба ҳамин монанд, ба Китобхонаи миллӣ низ бе либоси расмӣ даромадан қатъиян манъ аст. Ҳамаи ин гуфтаҳо далели тозаю зебо будани соҳаи маориф аст. Шояд "Тозагӣ гарави дониш аст" шиори маорифчиёни мо бошад? Ба ҳар ҳол, ман ҳам зебо будани маорифро меписандам ва дар зеботар шудани он саҳм гузоштан мехоҳам. Аз ин рӯ, якчанд пешниҳод низ дорам:
1. Биёед чанд нафарро вазифадор бикунем, ки пеш аз дарс толибилмҳоро бӯй бикашанд, то шахсоне, ки атр истифода намебаранд, ҳавои синфхонаро вайрон накунанд.
2. Толибилмон ва омӯзгоронро вазифадор бикунем, ки ҳамеша дар ҷузвдонҳояшон ашёҳои ҳаётан муҳим, аз қабили оина, шона, ришгирак, собун, атр ва дигар лавозимоти ороишӣ дошта бошанд. Китобу дафтар ихтиёрӣ!
3. Дар долонҳои муассисаҳои таълимӣ овезаҳое, ки дар онҳо тарзи дурусти истифодаи косметика, шаклҳои гуногуни оро додани мӯйи сар ва корҳои ба ҳамин монанд, ки аҳамияти иҷтимоӣ доранд, овезон карда шавад.
4. Ороиши мӯйи ягона ба роҳ монда шавад.
5. Қоидаҳои бехатарӣ ба таълимгирандагон фаҳмонида шавад. Масалан, баъд аз хондани китоб ва ё тамошо кардани суратҳои он дастҳоро бояд бо собун шуст, чунки саҳифаҳои китоб макони ҷамъ шудани бактерияҳо аст.
6. Баъзе корҳо маҳдуд карда шавад, ба монанди зиёда аз 2 китоб хондан дар як сол. Чунки дар ҳолати аз ин зиёдтар хондан ҳам бактерияҳо ба шумо таъсир мерасонанд, ҳам чашмҳо аз мутолиаи зиёд зарар мебинанд.
7. Омӯзгор набояд ба шогирдоне, ки ин талаботро иҷро намекунанд, баҳои хуб гузорад, ҳарчанд босавод ҳам бошанд.
Инҳо буданд якчанд роҳҳои боз ҳам зебову олуфта кардани маориф. Шояд шумо низ пешниҳоде дошта бошеду ба ин рӯйхат илова кунед. Хулосаашро ба маорифчиён вомегузорем...

Хайёми САРАХОН

Тағйироти охир Шанбе, 07 Октябр 2017 10:49
Хонданд 764
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.