.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Фарҳанг

Шумо дар Фарҳанг

АЗ «ГУЛИ ЛОЛА» ТО «БА ЛОЛАЗОРЕ…»

Сен 23, 2017 Диданд: 1458
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Овозхони гуруҳи номдори «Шамс» Нобовар Чаноров аз зумраи сарояндагони муваффақи кишвар таҳи ду даҳсола маҳсуб меёбад. Дар нимаи солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон бисёр гуруҳҳои ҳунарӣ ташкил ёфтанд. Гуруҳи «Шамс» низ аз соли 1997 ташкил ёфт. Нахустин таронаҳое, ки гуруҳ пешкаши мухлисон кард, «Гули лола» ва «Нигоро» буданд.

Дар ин муддат аксарияти гуруҳҳои ҳунарӣ бо сабабҳои маълуму номаълум парокандаву нопадид гардиданд, аммо гуруҳи «Шамс» то ба имрӯз натанҳо пойбарҷост, балки ғолибан дорои сабку услуб ва мактаби хоси худ гардидааст. Сабаби комёбиву пешрафти гуруҳи «Шамс», албатта, ин пайваста дар ҷустуҷӯи оҳангу матни тоза будани овозхони тозакор Нобовар Чаноров мебошад. Мавсуф тавонистааст мутрибони чирадастро дар атрофи хеш ҷамъо варад ва дар ҳамбастагӣ мусиқиҳои нобу синтезиро ба мардум пешкаш намояд. Дар воқеъ, кам гуруҳу ҳайятҳои эҷодиро дидан мумкин аст, ки ба гунаи ин дастаи ҳунарӣ иттифоқу якмаром ва дар сохтани оҳангу суруд бо ҳам ҳамраъй бошанд. Асрори фазои ягонаи эҷодиашонро Нобовар чунин баён менамояд: «Сараввал, байни мо ҳамдигарфаҳмӣ аст. Дигар ин ки, мо мисли як оила ҳастем, натанҳо дар саҳна, балки дар зиндагӣ ҳам якҷо ҳастем».
Албатта, дар чунин муҳити солиму созгор эшон имкон доранд, ки оҳангу сурудҳои малакутӣ офаранд. Ва то ҷое воқиф гардидем, асосгузорони ин гуруҳи комёбгардида ҳунармандони олимақом Далер Назаров ва Иқбол Завқибеков мебошанд.
Нобовар Чаноров сабаби ташкил додани чунин як гуруҳро тақозои ҳуввияти худшиносӣ медонад. Номбурда дар як суҳбати ихтисосӣ изҳор медорад, ки «мо дар кишварҳои гуногуни олам ҳунарнамоӣ кардем. Мусиқии дигар кишварҳоро дидем, омӯхтем. Ва баъди ҷаҳонгардӣ ба хулоса омадем, ки мусиқии мардуми Бадахшон беҳамтост ва онро бояд ҳифз намуд».
Дар оғози фаъолият агарчи Нобовар ва гуруҳаш мақсадашон ҳифзи мусиқии мардуми Бадахшон буд, вале дар фаъолияти минбаъдаи ҳунариашон тавонистанд мусиқии суннатии миллати хешро ҳам ҳифз намоянду ҳам ривоҷ диҳанд. Яқинан, аксар медонанд, ки гуруҳи «Шамс» дар пешрафти мусиқии суннативу касбии тоҷик ҳиссаи арзандаи хешро гузоштааст. Агар касе огаҳ нест, метавонад назаре ба репертуари гуруҳ бикунад.
Банда борҳо бо аҳли эҷоди гуруҳи «Шамс» нишастаам ва аз навозишу ҳунарнамоии эшон моту мабҳут гардидаам. Вақте Нобовар аз эҷодиёти мардуми Бадахшону Зарафшон ва Хатлон месарояд, касро ба олами руъёӣ ва инсондӯстдорӣ мекашонад, ки ин заминаи пайвандии мардумро боз ҳам мустаҳкамтар менамояд. Ҳунарманд Нобовар низ бар он андеша аст, ки хидмати бузурги санъат ҳам дар он аст, ки инсонҳоро ба ҳамдигар наздик менамояд ва дар дилҳояшон ҷуду сахо ва меҳру муҳаббатро ҷо менамояд.
Оҳангу навоҳои Нобовар ба дили инсонҳо шодиву нишот мебахшад ва сурудҳои баландмазмуни ӯ, ки бештар аз эҷодиёти Мавлавӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва амсол аз инҳо аст, шаҳодат бар гуфтаҳои боло медиҳад, ки паёми Нобовар бар мардум наку ва саршор аз панду андарз аст. Дар пиндори ҳар инсони соҳибдилу нексиришт аз ғуссаву дард дур будани одамон аст, ки имрӯз Нобовар онро дар амал бо ҳунару санъати бемислаш адо намуда истодааст.
Аслан, Нобовар дар қиёс бо дигар ҳунармандон камтар суруд меофарад, аммо «ками» ӯ бешак ҷои бешуморро мегирад ва солҳо дар ёди мухлисонаш нақш мебандад. Ҳатто ҳаводоронаш интизорӣ мекашанд, ки кай боз оҳангу суруди тозае меофарад. Мардум тозагии ҳунарашро аз эҷодиёти ӯ дарёфтаанд ва эҷоди чунин тозакорӣ кори саҳлу осон нест. Барои он мебояд шабу рӯз дар ҷустуҷӯ буд. Ҳунармандоне, ки гӯё ҳар лаҳза оҳангу таронаи нав ба нав эҷод мекунанд, азбаски офаридаашон аз ҷавҳари ҳунари асил орӣ аст, зуд аз ёдҳо фаромӯш шуда ва мисли сабзаҳои сари теппаҳо, ки аз оби борон рӯидаанд, дар як чашмак задании офтоб хазон мегардад. Бе гуфтугӯ, чунин ҳунармандону ҳаваскорон завқи шунавандаро аз санъату ҳунар коста мегардонанд, ки ин боиси аз маърифату маънавиёт дур афтодани зумрае аз одамон мегардад. Ғолибан, Нобовар ин нуктаи борикро дарк кардааст ва аз оҳангу таронаҳои сатҳӣ офаридан ҳазар мекунад.
Агар мо ба эҷодиёти Нобовар ё аниқтараш гуруҳи «Шамс» таваҷҷуҳ намоем, асосан мусиқии мардумиро бо асбобҳои замонавӣ омезиш медиҳад. Ҳайати эҷодӣ бо истифода аз асбобҳои замонавӣ мақсад доранд тозагии мусиқии мардумиро нигоҳ дошта, онро ба наслҳои оянда мерос гузоранд. Як мисоли рӯшан ин аст, ки суруди қадимаи «Ба лолазор» аз ҷониби Нобовар бо комёбӣ бозхонӣ гардид. Нобовар мегӯяд, онро дар ҳамон шакле, ки падараш хондааст, сурудааст, аммо ба шакли модерн. Мо худ шоҳид ҳастем, ки суруди «Ба лолазор» дар тамоми суру маъракаҳои мардум (новобаста аз минтақаҳо) садо медиҳад. Суруди дигари фолклорӣ «Аз та дил дилаккинум», ки бо ҳунарманди маъруф Шабнами Сурайё бозхонӣ шуд, аз тарафи мардум хеле хуш пазируфта шуд. Албатта, ҳар суруде, ки Нобовар хондааст, мардум онро бо майли тамом қабул кардаанд ва имкон надорад, ки ҳар кадоми онро дар ин ҷо изҳор дошт, зеро «мушк он аст, ки худ бибӯяд».
Шоистаи зикр аст, ки Нобовар бо гуруҳаш қариб аксари манотиқи дунёро бо сафари ҳунарӣ гаштаанд. Ҳар ҷое, ки баромад кардааст, фарҳангу ҳунар ва анъаноти миллати хешро бо як дараҷаи баланд муаррифӣ намудааст. Нобовар худ мегӯяд: «Ман дар байни ҳунармандони тоҷик аз он ҷумлае ҳастам, ки бештар ба хориҷа сафар дорам ва дар ҳама ҷо аз номи кишвари худ - Тоҷикистон баромад кардам».
Хусусияти бартарии Нобовар дар олами ҳунар аз дигар ҳампешагон дар он аст, ки ӯ ва ҳайати эҷодии ӯ барномаи ҳунарии хешро ба таври «зинда» баргузор менамоянд. На ҳама ҳунарманд зинда месарояд, чунин ҳунармандон ангуштшумор ҳастанд, вале афзалият ва шоитсагии гуруҳи «Шамс» дар он аст, ки онҳо аҳли гуруҳ аз асбобҳои мусиқии милливу аврупоӣ ба дараҷаи устодӣ бархӯрдор ҳастанд ва ин имкон медиҳад ба онҳо, ки барномаи хешро дар сатҳи лозима гузаронанд ва мардумро бо ҳунари баланди худ мафтун гардонанд. Шахсан ман тарафдори он ҳастам, ки бигзор бештар чунин ҳунармандони чирадасту лаёқатманд ба хориҷа сафари ҳунарӣ дошта бошанд, чунки бо истеъдод ва санъати волояшон метавонанд номи миллату кишварамонро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Ҳар сароянда пеш аз саҳна баромадан бояд аз мактаби Хосе таълим дида бошад, вагарна наметавонад дар пешаи интихобкардааш муваффақ гардад. Нобовар Чаноров мактаби бузурги устодони санъатро гузаштааст. Ӯ аз падараш, ки ҳунарманди наҷиб буд, мусиқиро омӯхтааст ва ҳамчунин дар мактаби бузурги Далер Назаров ва Муборакшоҳ Мирзоев таълим гирифтааст ва имрӯза комёбиҳояш ҳам гувоҳи ин гуфтаҳост.
Нобовар имрӯзҳо аз пайи эҷоди суруду таронаҳои нав ва такмил додани мактаби эҷодии хеш аст. Аз ин рӯ, як қатор сарояндагони ҷавонро тарбият менамояд, то дар оянда давомдиҳандаи сабку услуби ӯ бошанд.

РОМИШ

Тағйироти охир Шанбе, 23 Сентябр 2017 11:47
Хонданд 1458
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.