.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Фарҳанг

Шумо дар Фарҳанг

Ҷӯрабек Назрӣ ва дунёи маърифат

Авг 26, 2017 Хонданд: 978
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Чанде қабл дар толори Театри академикӣ-драмавии опера ва балети ба номи устод Айнӣ консерти устоди маъруфи илму ҳунар Ҷӯрабек Назриев баргузор гардид. Кохи муҳташам пур аз тамошобин ва ба қавли мардум «ҷои сӯзан задан набуд». Чунон ба назар мерасид, ки гӯё беҳтаринҳоро гирд оварда бошанд - шахсиятҳои намоёни илму адабу сиёсат, инсонҳои рӯзгордида, пирони маърифат, ҷавонон-духтарону писарони либоси қабои идона дар бар маҷлисгоҳро ҳусн мебахшиданд. Маълум буд, ки ҳозирин ташнаи шунидани суруди хубанд ва баъди муддатҳо омадаанд, ки ҳунару ҳунарманди асилро бибинанду бишунаванд. Зеро ҳамин Ҷӯрабек Назриев буд, ки солҳои ҳафтоду ҳаштоди қарни гузашта «Ман тарабам, тараб манам» мегуфту «Менигарему меравем», «Модари ман» мегуфту «Подшаҳи хубон» ва бо хубиҳову ҳунари волояш ҳамаро ба ҳайрат мегузошт, дили сомеъонро ба даст меоварду саҳнаро гулафшон мекард. Бемуҳобо, ташрифи тамошобинони имрӯзӣ манзараи ҳамон нишастҳои гарму гуворои пешинро ба ёд меовард. Чеҳраҳои гарм, ханда дар чашмҳо, табассум дар лабҳо, ҳама табиӣ, гӯё як навъ иди илму фарҳанг бошад.

То шуруи консерт аён буд, ки зумрае байни худ баҳсҳое доштанд, изҳори назар менамуданд, гузаштаро ба ёд меоварданд, сурудҳои устодро замзама мекарданду «Ёд бод, он рӯзгорон ёд бод!» мегуфтанд.
Онҳое, ки устод Ҷӯрабек Назриевро аз наздик мешинохтанду бо ҳунару истеъдодаш хуб ошноӣ доштанд дар боваре буданд, ки ӯ метавонад ҳар лаҳза ҳарфи пур аз дурру гуҳару гарму гуворои худро бигӯяд, хоса дар кишвари хунёгарӣ. Ва буданд нафароне ҳам, ҳатто баъзе аз мухлисону шефтагони суруди Ҷӯрабек Назриев, ки гузашти айёму синну соли ин марди ҳунарро пеши назар оварда, ба ин анҷуман бо диди шубҳа менигаристанду аз худ мепурсиданд, ки оё устод ҳамоне ҳаст, ки буд, ҳамоне ҳаст, ки дар ҷамъомаду нишасту консертҳояш бо қомати расо ва оҳанги шӯрангезу суруди маъниву садои муборакаш шунавандаро волаву шайдои ҳунари хеш месохту ба дунёи зебоӣ мебурд. Имрӯз чӣ, чӣ мехонад, чӣ гуна? Худо ба ӯ қудрат ато кунад!
Дар ҳақиқат то ҷое медонем, чанд сол аст, ки ин хунёгари донову тавоно аз саҳнаи бузург худро канор гирифтааст, ҳарчанд гоҳ-гоҳ аз тариқи телевизон ва дар тӯю тамошо ва суҳбатҳои хоси дӯстони наздикаш бо хоҳиши ҳозирин тор ба даст мегираду шакаршиканиву маҷлисороӣ мекунад, шунавандаро ба дуриҳои дур, диёри ҳунари асил мебарад, ҳарфи хуби хешро мегӯяд, ҳарферо, ки ба дилҳо шодию сурур мебахшад ва баъди ӯ на ҳар кас қудрати гуфтани онро дорад, хоса имрӯз. Ва борҳо шоҳид будем, ки дар нишасту мулоқотҳо мухлисон ба ваҷд омада аз ӯ мепурсиданд, ки «Устод, мо садои мубораки Шуморо ёд кардаем, чаро суруд намехонед ё кам мехонед ? Гуноҳ аст, ки Шумо худро аз мухлисон канор мегиред, чаро? Устод маънидорона мавзӯи суҳбатро дигар мекарданд. Дафъае худам ҳамин суолро додаму ин ҷавобро гирифтам:
«Чу гуфтори беҳуда бисёр гашт,
Сухангӯй дар анҷуман хор гашт.»
Ва боз шӯхиомез гуфт, «чун аз дастандаркорони соҳаи «фарҳанг»-у таблиғ касеро парвои мо нест, мо ҳам парво надорем».
Ин суханонест пур аз ҳикмат, вале то имрӯз ба гӯшаи хотири касе нарасидаст, ки чунин «парво накарданҳо» ва надида гирифтанҳо як навъ бемасъулиятиву бепарвоии ҷонибҳост ва барои иштибоҳу ғалату бепарвоию бемасъулиятӣ боре нашудааст, ки ягон масъули соҳаи фарҳангу таблиғро идораҳои масъулиятдоштаи болотар ҳайфи ту гуфта бошанд, ҳарчанд дар кӯчаву бозор мардум мегӯянд, он чиро мегӯянд, ки нашунидану надонистанаш беҳтар аст. Месазад, ки ба ин тарафи масъала таваҷҷуҳи бештаре дода шавад. Ва боз хуб мебуд, ки ҳар кас дар ҷои худ буда бошаду мақоми инсоф, то нагӯянд, ки чаро… ? Дунё ба умед.
Парда боз шуд. Ҳунарманди мардумӣ Ортиқ Қодиров рӯи саҳна бо лаҳни ба худ хос ва суханҳои пуртароваташ ҳамаро хайра мақдам гуфту анҷуманро ҳусни оғоз бахшид ва устод Ҷӯрабек Назриро ба саҳна даъват кард. Эшон оҳиста-оҳиста пеши баландгӯяк омаданд. Дар толор ба эҳтироми устоди ҳунар ҳама аз ҷой хестанд ва гарму самимӣ ӯро истиқбол гирифтанд. Чӣ манзараи зебое буд.
Устод ба якояки ҳозирин изҳори сипос намуду торро гирифта бо шогирдонаш шуруъ кард ба хондан. Суруди аввал «Меҳан»-и устод Лоҳутӣ буду дигар ашъори ирфонии Мавлонову Ҳофизу Камолу бузургони пешин. Ҳама ором вориди олами зебои суруду мусиқӣ гашта буданд, суруди ҷодуӣ. Дар байни ҳар суруде, ки устод месароид аз толор садои «офарин», «аҳсант», «шод бош», «браво» ба гӯшҳо мерасид. Агар гӯем, ки эшон хуб суруд хонд, кам гуфтаем, балки муъҷиза офарид, саҳнаро бо сурудаш гулафшон кард, ҳарчанд мухлисонаш ҳам болои сарашу атрофаш гулпошию гулрезию гулбезӣ карданд.
Баъди анҷоми барнома бисёрҳо дар толор ва фойеи театр истода дар атрофи суруду мусиқӣ ва ашъори хондаи устод Ҷӯрабек Назриев бо муҳаббат изҳори назар мекарданд, ҳарфҳое мегуфтанд, ки касро ба ҳайрат мегузошт, тавони ӯро дар ҳунари суруду мусиқӣ васф менамуданду мегуфтанд, ки солҳост саҳнаи ҳунари суруду мусиқии суннатии тоҷик ин ҳолро надида буд. Ин лаззате, ки мо аз суруди ин бузургмард бурдем, ба дунё баробар аст. Кош ҳамаи онҳое, ки имрӯз даъвои овозхонӣ доранду вориди майдони ҳунар гаштаанд, аз устод баринҳо биомӯзанду дар пайравӣ аз ҳунари асили суннатии тоҷикона суруди маънӣ бихонанд. Кош идораҳои расмии соҳаи фарҳангу таблиғи суруду мусиқӣ садои мубораки мусиқию сурудҳои эҷодкардаву хондаи ин хунёгари мумтозро, ки пур аз ғановатанд, дар даҳҳо ҳазор нусха диск рӯи чоп биоваранду тақдими дигарон кунанд, махсус ба онҳое, ки ба олами ҳунар рӯ овардаанд. Кош «ойина»-ҳои пахши ҳунар «ситорасозию ситорабозӣ»-ро камтар кунанду аз пайи ташвиқу таблиғи ҳунари асили миллӣ гарданд.
Ҳар қадар ҳунари волову зебои ин хунёгари донову тавонро васф кунем мисле, ки боз ҳам кам аст. Қариб се соат саҳнаи театр дар ихтиёри устоди бузурги илму ҳунар Ҷӯрабек Назриев буду ҳозирин дар олами таҳайуру андеша. Ин ҳама гӯё лаҳзае беш набуд. Зиҳӣ устоди азиз Ҷӯрабек Назриев! Шод бош, ки ба дилҳо шодию сурур бахшидӣ ва ҳаққо, ки тавонистӣ! Ҳама офарин з-офариниш туро, ки боз баҳри дилҳои хаста марҳами роз ва чорасоз омадӣ!

Саттор ҶАЛИЛОВ,
Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйироти охир Шанбе, 26 Август 2017 11:28
Хонданд 978
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.