.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Фарҳанг

Шумо дар Фарҳанг

Бахту кушоиш орад, дасти дуои модар

Янв 12, 2019 Хонданд: 119
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Бахту кушоиш орад, дасти дуои модар

Оғоз

Бо ин инсони шариф солҳо боз ошноӣ дорем. Вақте дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ифои вазифа мекард ва ҳоло ки мудири шуъбаи тарғиботу иттилооти кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аст.

Тӯли солҳои ошноӣ ӯро ҳамеша ботамкину бомулоҳиза ва ором дидаем. Чеҳрааш кушод ва моил ба табассум. Ин аз олами ботинӣ, аз хушбиниаш гувоҳ аст.

Нафаре, ки тавсифаш мекунем, Бурсибой Лутфуллоев аст. Ӯ шастсола мешавад.

 

Чаро Бурсибой?

Ин нахустин суолест, ки аз ӯ мепурсем ва ҳикояти зеро мешунавем:

- Чуноне модари биҳиштиам мегуфтанд, то таваллуди ман панҷ писарашонро айёми туфулият аз даст додаанд. Вақте ман ба дунё омадаам, бо маслиҳати пири ботадбир, раҳматии бобои Ҳикмат ин номро ниҳодаанд, то чун бурсҳои зодгоҳам - деҳаи Заврон, дерпою сабз бимонам. Ба бахти волидонам, баъди ман ду бародарам зинда монданду шукр, ҳоло такягоҳу ғамхори ман ҳастанд.

Воқеан, Заврон аз куҳантарин деҳаҳои на танҳо Панҷакент, балки болооби водии Зарафшон низ будааст. Ҳазорон нафар, ки аз куҳистон бо коре аспу харсавор ва пиёда ба Панҷакенту Самарқанд мерафтанд, ин ҷо шабро рӯз мекарданд.

Баъдан, сокинони ин куҳандеҳро ба хотири амният ва ба кори совхози собиқи машҳури боғу токпарварии «Марғедар» наздик овардан ба деҳае, ки ҳоло номи Навободро дорад, кӯчониданд. Он ҷо чанд оила боқӣ монд, ки якеаш амаки Худойбердӣ - падари Бурсибой, буданд. Ӯ, ки ҳама умр чӯпонӣ мекард, то анҷоми зиндагӣ аз Заврон дил канда натавонист. Хокҷояш ҳамин деҳаи авлодӣ аст.

- Сари ман чун писари базӯрёфта кокул гузошта, зуд-зуд ба зиёрати мақбараи Абӯдардо, ки дар канори Заврон воқеъ аст, мебурданд,- ба ёд меорад Бурсибой.

Аз рӯи ривоятҳо, Абӯдардо аз саҳобагони Паёмбари ислом будааст ва марқадашро то анқариб ва имрӯз низ зиёрат мекунанд.

Ва боз. Мавзее, ки ҳоло деҳаи Навобод ҷойгир аст, Вағаштон (макони худоён) ном мебурданд. Чаро ин номи куҳанро зимомдорони вақт напазируфтанд, номаълум аст. Ва имрӯз даҳҳо деҳа бо ҳамин ном дар манотиқи мамлакат барҷо ҳастанд.

 

Боғи сари роҳ

Шояд ин ягона чормағззори навъи пакана дар Панҷакент ва на танҳо ин ҷо аст.

Имсол бори нахуст Бурсибой аз он ним тонна ҳосил гирифт. Чун хӯшаи ангур ҳосил мебандад ва қадаш низ аз се метр баланд нест. Ҳам ҳосили фаровон медиҳад, ҳам ҷои зиёдро намегирад.

Вақте Бурсибой аз Истаравшан ниҳоли чормағзи паканаро оварду дар хоҷагии деҳқонии оилавиашон, ки ба хотири модараш «Истамой» ном гузоштааст, шинонд, мухолифони бунёди боғ дар замини обӣ борҳо хостанд онро решакан намоянд. Истодагарӣ кард, ба таҳдидашон таслим нашуд.

Аслан тоҷикон ҳамеша дар замине, ки об ҳаст, ниҳол шинонидаву боғ бунёд кардаанд. Ниҳоли себу олу, гелосу зардолу пиставу бодоми куҳӣ нест, ки дар замини лалмӣ сабзаду боровар шавад.

Ҳамаи ҳосили имсоларо Бурсибой ба гуфти худаш «экспорт» кард. Самарқандие аз ин боғ, ин ниҳоли зудрасу қадпасту серҳосил бохабар гашту ҳосили онро пурра харид, ба хотири бунёди чормағззор.

Аҷаб таззоде. Дар Панҷакент касе ба суроғи ин чормағз наёмад, то дар талу теппаҳои обрас боғ бунёд кунад.

- Ҳоло ҳама ба себу гелосу шафтолу часпидаанд. То ин меваҳоро ба бозор мерасонӣ, сад мушкил пеш меояд. Сардхона мебояд, то онҳоро ба пул расонӣ. Ба чормағз ҳеҷ офате намерасад, харидораш ҳам зиёд, ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам берунӣ. Ин гуфтаҳо ҳам шарҳи андешаҳои Бурсибой аст.

 

Дасти дуои модар

Истамой Лутфуллоева аз говдӯшҳои номвари хоҷагии давлатии замоне машҳури «Марғедар» буд. Беш аз чил сол ҳамроҳи шавҳар дар ферма кор кард. Тибқи анъанаи замони шӯравӣ ҳар моҳ дар рӯзномаи шаҳрӣ қатори говдӯшҳои пешқадам номаш навишта мешуд.

Охири умр наздик ба дувоздаҳ сол бемори рӯи ҷойгоҳ шуд. Бурсибой се сол тарки пешаи омӯзгорӣ кард, то нигоҳбони модар бошад. Ҳама коре, ки як фарзанд барои модар бояд ба ҷо орад, ӯ ба ҷо овард. Зиёда аз ин, модарро оббозӣ медоронд, нохунҳояшро мегирифт, чун дастони ӯ ногиро буд, нахуст барояш хӯрок медод, пасон худаш тановул мекард.

Модар то нафаси охирин аз забон намонда буд. Сухани охиринаш баробари номи Оллоҳ - «Барака ёбӣ, сабз гардӣ, писарам» буд.

Бо ҳамин дуо ҷон ба ҷонофарин таслим кард кампири Истамой ва дуояш мустаҷоб шуд.

То ба имрӯз калонсолони деҳаи Ғӯсар, ҳаққу ҳамсояҳо Бурсибойро чун намунаи хизматгузорӣ ба модар мисол меоранд. Ӯ низ барори корашро аз дуои модар медонад.

 

Қиссаи никоҳ

Замоне, ки Бурсибой котиби ҷамоати деҳоти Колхозчиён - ҳоло Лоиқ Шералӣ буд, сайёҳон - ҷавоне бо духтаре ба ҳузураш омаданд. Ҷавон тоҷикиро балад набуд, ба лаҳистонӣ ҳарф мезад ва ҳамроҳаш - духтари рус, тарҷумонӣ мекард. Мехостанд онҳоро никоҳ кунад. Ба чанд ҷой занг зад. Ҳама ҷавоби рад доданд.

Ба чеҳраи онҳо нигарист, ҳузне дид ногуфтанӣ. Ҳарчӣ бодо бод, шиносномаҳояшонро гирифт, ба муҷаррад буданашон мутмаин шуд ва шаҳодатномаи ақди никоҳ навишт барояшон.

Баъдан сабаби шитобзадагии онҳоро барои никоҳ фаҳмид. Ҷавон католик буду бе никоҳ наметавонист духтарро бо худ ба ватанаш барад.

Барои ин никоҳи хориҷиён танбеҳ ҳам шунид, вале шод аст, ки ду дилдодаро ба ҳам расонид.

Бурсибой тӯли ҳашт соли котиби ҷамоат буданаш 2745 нафарро никоҳи расмӣ кардааст, дар маросими ақди онҳо шеър ҳам гуфтааст. Сухандонию шеърхониаш қиссаи дигар аст.

 

Шеъре, ки Бурсибойро ба курсӣ нишонд

Баъди истеъфо аз вазифаи котиби ҷамоат, он ҷо заминсоз, мутахассиси омор, масъули мизи ҳарбӣ ҳам буд. Пас аз ташкили хоҷагии деҳқонии оилавӣ ҳама вазифаҳоро тарк гуфт.

Боре барои дидорбинии бародарзодааш, ки дар яке аз навоҳии вилояти Хатлон ифои вазифа мекард, сафар намуд. Бегоҳирӯз касе ба ҷиянаш занг зад, ӯ посух дод, ки амакам аз Панҷакент омадаанд, наметавонад бо онҳо бошад. Баъди муддате ҷиянро талқин карданд, ки бо амак ба ҳузури онҳо равад.

Дар ин нишаст аз Бурсибой чун меҳмон хостанд нӯшбоди нахустинро бигӯяд. Ӯ аз руҳи ҳамдиёрони бузургаш - устод Рӯдакӣ ва Лоиқ мадад хост ва нӯшбод гуфт. Бо лаҳни шево, бо шеъри воло:

Навбатат гар омадаст, дар осиё навбат бирон,

Лек исёну ғурури осиёнро гум макун.

Дастаи дар мекашад аз остинам ҳар саҳар,

Эй ки берун меравӣ, ин остонро гум макун.

Ӯро ба пешгоҳ нишонданд ва хоҳиш карданд, то анҷоми нишаст гардонандаи ин суҳбати дӯстон бошад.

Баъди анҷоми нишаст касе аз пешааш суол кард.

- Деҳқонӣ мекунам,- ҷавоб дод Бурсибой ва мизбононро ба ҳайрат овард. Деҳқоне, ки воло сухан мегӯяду зебо шеър мехонад.

- Ҷои Шумо минбари сухан аст,- гуфт нафаре, ки аз ҳама бештар ба сухангӯию шеърхонии ӯ таваҷҷуҳ дошт.

Ӯ кӣ буд, чӣ вазифае дошт, ҳанӯз намедонист.

 

Минбари сухан

Баъди бозгашт аз ин сафар рӯзе ӯро ба шаҳри Хуҷанд, ба кумиҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даъват намуданд ва Бурсибой баргашт ба курсинишинӣ ба симмати мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи ҳизб дар шаҳри Панҷакент.

Соли чорум аст дигар ӯ аз сухан кор мегирад, ормонҳои ҳизбро, ки ба ормонҳои мардум созгор аст, ба ҳамсафон ва ҳаводорону ҷонибдорони ҳизб тарғиб менамояд. Воқеан, ӯ соли 1996, ки ҳизб ҳанӯз дар айёми туфулият буд, 186-ум нафаре аз Панҷакент буд, ки ба он аъзо шуд ва ғояҳои онро содиқона пазируфт ва имрӯз барои пиёда сохтани онҳо талош дорад. Воқеан, шумори аъзои ҳизб, тавре раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода мегӯяд, ҳоло ба зиёда аз 12 ҳазор расидааст. Ва Бурсибой чун тарғиботчии беҳтарини ҳизб дар вилояти Суғд эътироф гардидааст. Соҳиби унвони Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ ҳам ҳаст.

 

Анҷом

Мегӯянд, чормағз аз ҷонсахттарин дарахтон аст, дар куҳистон донааш аз минқори паррандае афтад, сабз мешаваду сар ба фалак мекашад. Шаст сол барои ин дарахт ҳанӯз айёми навҷавонӣ аст.

Ба Бурсибой умри чормағзро орзу мекунем. Ва ин байтро, ки шоири шӯридадил, раҳматии Сармад барояш бахшидааст, ба ҷои хулоса меорем:

Эй бародар, Бурсӣ, ту марди тамом,

Ҳамчу умри бурс умрат бардавом.

 

Т. СОЛЕҲЗОДА,

Ш. ОБЛОҚУЛЗОДА

Тағйироти охир Шанбе, 12 Январ 2019 11:34
Хонданд 119
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Баҳонаи зистан

    Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад. Соли 2018…
  • МАСЛИҲАТ

    Аз дидаву шунида Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»! Мо аз…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.