.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Фарҳанг

Шумо дар Фарҳанг

Умари Хайёми Нишопурӣ

Дек 01, 2018 Хонданд: 63
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Умари Хайёми Нишопурӣ

Эй чархи фалак, на нон шиносӣ, на намак,

Пайваста маро бараҳна дорӣ чу «Самак».

Аз чархаи зан ду шахс пӯшида шавад,

Пас, чархаи зан беҳ зи ту, эй чархи фалак.

Умари Хайём яке аз машҳуртарин риёзидон, ситорашинос ва шоире мебошад, ки дар Хуросон, дар қисмати шимолу шарқии Эрон соли 1048 зода шуда, соли 1131 ҳамон ҷо олами ҳастиро падрӯд гуфтааст. Хайём муаллифи зиёда аз 68 асарҳои илмӣ мебошад, ки бештари корҳои илмӣ ва тадқикотии ӯ ба забони арабӣ, яъне вобаста ба тақозои замона ба забони арабӣ таълиф шудаанд. Вале ашъори баландмазмуни ӯ, ки бо номи рубоиёт дар тамоми олам машҳуранд ва чанде аз таҳқиқоти фалсафиаш бо забони ноби модариаш, ки форсии-паҳлавӣ аст, таълиф шудаанд, чунон чи:

Эй баски набошему ҷаҳон хоҳад буд,

З-ин пеш набудему набуд ҳеҷ халал.

Не ном зи мову не нишон хоҳад буд,

З-ин пас чу набошему ҳамон хоҳад буд. 

Умари Хайём ҳамчун риёзидон, мутафаккир ва файласуф, ба омӯзиши масъалаҳои физикӣ, илмҳои табиатшиносӣ ва шеър майлу рағбати беандоза дошт. Ӯ на суфӣ ва на тарафдори бунёдгароӣ буд. Вале ҳамчун шоири романтик дар олами ғарб бисёр машҳур гардидааст. Ӯ, дар китобаш «Ал-Ҷабр»-алгебра овардааст, ки: «Бештари одамон, ки ба файласуфон тақлид менамоянд, ҳақиқатро ба хато омехта месозанд. Онҳо ҳеҷ корро ба сомон намерасонанд, аммо илмро фиреб медиҳанд. Агар онҳо инсонеро, ки барои фарқ кардани ҳақ аз ботил ҷаҳд мекунад, бубинанд, ӯро масхара мекунанд». Дар нозукии ин баён Хайёми Ҳаким қитъае мегӯяд:

Нисбати рӯят агар бо Моҳу Парвин кадаанд,

Сурати нодида, ташбеҳе ба тахмин кардаанд.

Дар бисёр рубоиёте, ки ба Хайём нисбат медиҳанд, амсоли таъкиб ба риндиву майхорагӣ, ин дар шаъни як донишманди баландпоя рост намеояд ва дар асолати бархе аз онҳо шакку шубҳа боқӣ мемонад. Гуфтн ба маврид аст, ки ҳар панҷ риёзидони машҳури олам ба монанди Умари Хайём, Насриддини Тӯсӣ, Паскалу Исҳоқ Нютону Леонардо-да-Винчи табъи шеъргӯӣ доштанд. Кам мегуфтанд ва гоҳе аз рӯи завқи баланди маъорифпарварӣ шеър мегуфтанд, вале ҳеҷ якеро набояд ҳамчун шоир шиносем. Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Нишопурӣ маъруф ба Умари Хайём аз чеҳраҳои тобноки улуми риёзӣ, нуҷум ва ҳикмати ҷаҳон дар қуруни Вусто ба шумор меравад. Барномаи бузургдошти Хайём  тавассути ЮНЕСКО дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун як ҷашни пуршукуҳ, моҳи сентябри соли 1999 дар Париж сурат гирифт. Рубоиётҳои ӯ ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ низ ба забони ноби  форсии тоҷикӣ таълиф шудаанд. Чуноне, ки худи Фирдавси мегӯяд:

Навиштам сухан чанд бар Паҳлавӣ,

Абар дафтару коғази Хусравӣ.

Ниҳодам ба ганҷур то рӯзгор,

Барояд, бихонад магар Шаҳриёр. 

Вожаи «паҳлавон», маънои «Паҳлавиён»-ро ифода менамояд. Аз соли 634-и мелодӣ дар кулли сарзамини Эрон ҳеҷ як навзодро Умар ном наниҳодаанд, аз кинаи халифаи чорум Умари Хаттоб. Дар Ғарб Хайёмро ҳамчун Ҳакими Тӯсӣ ном мебаранд, ки Тӯсу Нишопур сарзамини Хуросони бостонианд. Ҳаким Хайём дар рисолаи «Наврӯзнома» дар мавзӯи шароб гуфтааст, ки: «Мардумонро манфиати бисёр аст дар май, лекин зиёни ӯ аз сӯдаш бештар аст». Манзур аз вожаи «май» дар рубоиёти Хайём, таваҷҷуҳ ба гузашти айём, ночизии ҳаёти одамӣ, хушу хурсанд гузаронидани вақт ва ғарқа нашудан ба хурофот мебошад.  Рубоиёти Умари Хайём китоби рӯимизии президенти Федератсияи Русия В.В.Путин гардидааст. Бо ташаббуси В.В.Путин дар Волгоград ҳайкали муҳташами Умари Хайёмро гузоштаанд, ки ин боиси ифтихори мардуми форсу тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Моро месазад дар даврони Истиқлолияти ҷумҳуриамон соли 2019-умро дар созмони ЮНЕСКО соли бузургдошти Умари Хайём эълон кунем ва ин дурдонаи беназири ниёгонамонро ба ҷаҳониён бори дигар муаррифӣ намоем. Дар охир ба ин матлабамон бо гулчине аз намунаи рубоиёти Умари Хайём ҳусни анҷом мебахшем:

Якчанд ба кӯдакӣ ба устод шудем,

Якчанд ба устодии худ шод шудем.

Поёни сухан шунав, ки моро чӣ расид,

Аз хок даромадему бар бод шудем.

           

***

Гар чи ғаму ранҷи ман дарозӣ дорад,

Айшу тараби ту сарфарозӣ дорад.

Бар ҳарду макун такя, ки даврони фалак,

Дар парда ҳазор гуна бозӣ дорад. 

 

***

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

Аз нав фалаке дигар чунон сохтаме, 

К-озода ба коми дил расиди осон.

 

***

Гар даст ба лавҳаи қазо доштаме,

Бар майлу муроди хеш бингоштаме.

Ғамро зи ҷаҳон яксара бардоштаме,

В-аз шодӣ сар ба чарх афроштаме.

 

***

Гар кори фалак ба адл санҷида будӣ,

Аҳволи фалак ҷумла писандида будӣ.

В-ар адл будӣ ба корҳо дар гардун,

Кай хотири аҳли фазл ранҷида будӣ?

 

***

Дар доираи вуҷуд, дер омадаем,

В-аз пояи мардумӣ ба зер омадаем.

Чун умр на бар муроди мо хоҳад рафт,

Эй кош сар омадӣ, ки сер омадаем.

 

***

Сер омадам эй Худо, аз ҳастии хеш,

Аз тангдиливу аз тиҳидастии хеш.

Аз нест чу ҳаст мекунӣ, берун ор,

З-ин нестиам, ба ҳурмати ҳастии хеш?

 

***

Дар роҳи ниёз, ҳар дилеро дарёб, 

Дар кӯи ҳузур, муқобилеро дарёб, 

Сад Каъбаи обу гил, ба як дил нарасад,

Каъба чи равӣ, бирав дилеро дарёб.

 

***

Гар рӯи замин ба ҷумла обод кунӣ,

Чандон набувад, ки хотире шод кунӣ.

Гар банд кунӣ ба лутф озодеро, 

Беҳтар, ки ҳазор банда озод кунӣ.

 

***

Мағрур машав ба мол, чун бехабарон,

Зеро, ки бувад мол, чу абри гузарон.

Абри гузарон, агар чи гавҳар борад,

Хотир наниҳад марди хирадманд бар он.

 

***

Чун умр ба сар расад, чи ширину чи талх,

Паймона чу пур шавад, чи Бағдоду чи Балх.

Хуш бош, ки баъд аз ману ту моҳ басе,

Аз салҳ ба ғурра ояд, аз ғурра ба салҳ.

 

***

Дарёб, ки аз руҳ ҷудо хоҳӣ рафт,

Дар пардаи асрори само хоҳӣ рафт.

Хуш бош надонӣ, зи куҷо омадаӣ,

Ҳуш дор надонӣ ба куҷо хоҳӣ рафт.

 

***

Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд,

Дар ҷамъи камол шамъи асҳоб шуданд.

Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун,

Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.

 

***

Дар доирае, ки омаду рафтани мост,

Ӯро на бидоят, на ниҳоят пайдост.

Кас меназанад даме дар ин маънӣ рост,

К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост.

 

***

Хоҳӣ, ки писандидаи айём шавӣ,

Мақбулу қабули хосаву ом шавӣ, 

Андар пайи муъмину яҳуду тарсо,

Бадгӯй набош, то накуном шавӣ.

 

***

Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,

Кам монд зи асрор, ки маълум нашуд.

Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу рӯз,

Маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.

 

Раҳмат Шералиев

Тағйироти охир Шанбе, 01 Декабр 2018 17:49
Хонданд 63
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.