.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Фарҳанг

Тараннумгари Ваҳдат

Авг 18, 2017
Хонданд: 1077

Миллати фарҳангофарини тоҷик дар масири таърихи инсоният ҳазорҳо фарзандони фарзонаеро чун Афзалшоҳи Шодӣ бар камол расонидааст, ки бо дарки аслияти миллии хеш ва бақои ояндаи фарҳанги боғановати худ маҷрои маънавиёти касбии худро чун оби чашма ба соҳил ва аз соҳил ба дарёву аз дарё ба баҳри беканоре расонидаанд, ки оқибат оби ширини ин баҳри маънавӣ ғизодиҳандаи тафаккури инсоният шуд.

Ҳоҷӣ Афзалшоҳ ҳанӯз аз айёми тифлӣ ба мусиқӣ пайванди маҳкам гирифта, ин илҳоми Худододаро бо садоқату шавқу шури беандоза дар вуҷудаш парварид. Дар айни камолот ба назмҳои ватандӯстиву инсондӯстӣ таваҷҷуҳ намуда, дар ҳамовозии созҳои миллӣ аз ашъори баландмазмуни шоирони классик ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Шайх Аттори Нишопурӣ, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва аз ашъори шоирони муосир амсоли Лоиқ Шералӣ, Камол Насрулло, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафиева, Меҳринисо, Фарзона ва даҳҳо шоирони бузурги дигар сурудҳо эҷод намудаву маҳфилу маъракаи моро сурур бахшидааст.

Эҷодиёти ин хунёгари машҳур ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтааст. Ба қавле, сурудҳои баландмазмуну ватандӯстона ва ошиқонаи ин булбули боғи санъати тоҷик ғизобахши тафаккури инсонҳо гардидаву дармонбахши қалби ошиқон. Махсусан мавзӯҳои Ватан, миллат ва Ваҳдат дар эҷодиёти Афзалшоҳ мавқеи асосиро ишғол мекунад. Ваҳдату ҳамдилӣ, муҳаббат ба халқу Ватан, саховат ба бенавоён шиори ин ошиқи шеъру суруд аст.

Чун ба пасманзари давраи нооромиҳои кишвар нигарем дар он солҳои мудҳиш, ки бародар гиребонгири бародар буд, Афзалшоҳ дар радифи ҳамватанони ватандӯст дар меҳвари омилҳои ваҳдатофаринии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсаф шуда, тавассути шеърҳои баландмазмуну садои марғуладораш миллати ғамдидаро ба ҳамдиливу муттаҳидӣ даъват менамуд.

Ваҳдатсароӣ шиори Афзалшоҳ аст. Соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар Қасри арбоби ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаев дар ш. Хуҷанд баргузор гардида буд, аввалин кӯшишҳо баҳри сарҷамъии миллат буд. Дар ин иҷлосия шодравон Ашӯр Сафар шеъри тозаеро бо унвони “Ҷомаи сулҳ ба тан омадайи” эҷод намуд. Дере нагузашта ин шеъри баландмазмун тавассути захмаи тору садои марғуладори Афзалшоҳ ба самъи мардум расид. Ӯ дар он давраҳои ноором чун дигар фидокорони Ватан ба ҳар гӯшаву канори кишвар сафари ҳунарӣ менамуд ва мардумро тавассути сурудҳои ватандӯстонааш аз ноумедӣ ба сӯи умед ва Сулҳу Ваҳдати миллӣ ҳидоят менамуд. Соли 1997 сулҳу ваҳдати деринтизор расид. Аз ин шоирону адибони тоҷик илҳом гирифта, боз қаламро ба иншои Ваҳдат, Сулҳ ва Ҳамдилӣ равона сохтанд. Дар ин муддат шеъри:

Имоми ду тарафро мекунам табрик,

Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик.

Ин шеър бо қалами шоири ҳақиқатнигор Лоиқ Шералӣ иншо шуду ин шеърро Афзалшоҳ бо садои марғуладораш тараннум кард. Ҳамингуна чанд шеъри дигарро, ки Лоиқ Шералӣ дар бораи ваҳдату муттаҳидии миллат иншо менамуду дере нагузашта аз ҷониби Афзалшоҳ сароида мешуд.

Ҳамин тавр Афзалшоҳ Шодиев то имрӯз шеърҳои зиёдеро дар бораи ваҳдат аз ашъори Меҳринисо, Гулназар Келдӣ, Олимхон Исматӣ ва даҳҳо шоирони дагар тараннум кардаасту мекунад.

Яке аз омилҳои дигари ваҳдатсароии Афзалшоҳ дар суханпардозии ӯ ба назар мерасад. Яъне, Афзалшоҳ ба ҳар гӯшаву канори кишвар агар равад, худро зодаи ҳамон маҳал мегирад. Сарчашмаи решаҳои авлодии хешро нисбат ба ҳама маҳалҳои Тоҷикистони азиз медонад. Яъне ин маънои онро дорад, ки Афзалшоҳ падар, модар, хоҳару бародари тоҷикро бо меҳру самимияти хосса наздикони хеш мешуморад ва онҳоро ҳушдор месозад, ки дар ҳар куҷое, ки набошанд миллатдӯстдор бошанд ва чун занҷир ҳалқаи мустаҳкам ва дастгиру мададгори ҳамдигар бошанд. Чанд намунаеро аз рӯзгори ибратомӯзи як фарди фарҳангии тоҷик мисол овардем, бигзор сарояндагони ҷавон дар пайравии чунин сарояндагон ваҳдатсарой шеъру оҳанг эҷода карда, тараннумгари Сулҳ, Ваҳдат ва муттаҳидии миллати бошарафи тоҷик бошанд!

Ҳасан Нурматзода,

ходими калони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Хонданд 1077

 

Дар тамоми манотиқи Тоҷикистон санъати фалаксароӣ ба ҳар навъе маъмулу машҳур аст. Ҳарчанд дар зеҳни мардум нақш бастааст: “Фалаки бадахшонӣ”, “Фалаки зарафшонӣ” ва “Фалаки хатлонӣ”, аммо дар маҷмуъ ҳар кадом аз инҳо як маънӣ ва як таманниётро ифода менамоянд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Фалак ин навои ҳасрату оҳ, фироқ, ишқи хок хӯрда ва ишқи Ватан мебошад ва сарояндагони Фалак бештар бо як сӯзу гудоз, дарду ҳасрати мардумро месароянд. Ва ҳамчунин Фалак яке аз санъатҳои суннати мардуми тоҷик, ки таърихи хеле қадимаро доро мебошад ва дар замони мо фалаксароёни маъруф Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов ва дигарон санъати фалаксароиро дар кишвар ва берун аз он хеле бо маҳорати баланд муаррифӣ намуданду менамоянд.

Барои ташаккул ва равнақ додани санъати Фалак, ҳунарманди мардумӣ, дорандаи ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва ба ҳамин тартиб дорандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ Давлатманд Холов хидматҳои арзанда ва беназире намудааст ва барои арҷ гузоштан ва қадр кардани ҳунараш мехоҳем ҳамчун мухслис чанд нуктае бинвисем дар бораи фаъолият ва эҷодиёти мавсуф.
Давлатманд Холов аз ҷумлаи он ҳунармандонест, ки тарғибгар ва аламбардори санъати касбии куҳистони тоҷик маҳсуб меёбад. Устоди Фалак, Давлатманд дар тӯли фаъолияти эҷодӣ, услуби хосаи худро ташаккул ва рушд дода ва дар ин баробар шогирдони зиёде тарбият намудааст. Дар равияҳои санъати фалаксароӣ суннатҳои мактаби ҳунарии аҷдодии хешро идома медиҳад. Дар симои ӯ кишварони хориҷ низ ҳунарманди асили мардуми тоҷикро мешиносанд. Зеро ки санъати оҳангсозӣ ва сарояндагии ӯро эътироф кардаанд. Аз ин рӯ тез-тез даъват мекунанд, то дар ҷашнвораҳову маҳфилҳои онҳо ҳунарнамоӣ намояд. Дар тӯли фаъолияти эҷодии хеш, қариб ба 100 мамолики ҷаҳон беш аз 150 сафари ҳунарӣ намуда, сарбаландона санъати волои миллиро то ҳол муаррифӣ мекунад. Саҳми Д. Холов дар рушду нумӯи санъати мусиқии миллӣ бузург аст. Дар давраи шӯравӣ дар шароити хонаводагӣ, сипас шаҳриву вилоятӣ ва имрӯз-дар сатҳи ҷумҳуриявӣ тавонистааст санъати фалакро дар шакли ғазалхониву рубоихонӣ ҳифз намояд ва саҳми худро дар рушди он гузорад. Маълум аст, ки санъати Фалак ҳам сарояндагӣ ҳасту ҳам оҳангсозӣ. Давлатманд Холов аз ибтидо ин ду ҷабҳаро пайгирӣ намуда, дар асоси қавоиди фалакхонӣ асарҳои хеле пурмазмун офаридааст. Ин асарҳои ҳунарманд на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он, хусусан дар мамолики ҳамфарҳангу ҳамзабони мо Эрону Афғонистон хеле баланд пазируфта шудаанд.
Устод Давлатманд аз аҳли дарду ғамшиносон мебошад, ки кӯчактарин кулфати мардумро эҳсос менамояд ва онро аз дили дардошнояш мегузаронад. Ва ин эҳсосоташ дар оҳангу шеърҳои месурудааш ҳам хуб мушоҳида мешавад. Ин шахсияти фарҳангӣ дар оғози фаъолият то ба имрӯз кӯшидааст, ки андаке ҳам бошад дарди инсонҳоро бо сурудҳояш сабӯк намояд ва зиндагиро ба чашмонашон зеботару дӯстоштатар нишон диҳад. Устод Давлатманд бешумор оҳангҳои суннатии қадимаро дуввумбора эҳё ва зинда намуд, ки дар воқеъ ин хидматаш арзандаи таҳсину муборакбодист. Дар баробари ин, мактаби эҷодии хешро сохт ва шогирдони зиёде аз ҳар гӯшаву канори кишвар ҷамъ оварда, тарбият менамояд ва қисме аз шогирднаш аллакай ба сатҳи устодӣ расидаанд. Давлатманди Хол дар як мусоҳибаи ихтисосӣ гуфта буд, ки дар ҷустуҷӯи ҷавонони фалаксаро ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар кард ва бо хушнудӣ дарёфт, ки теъдоди ин гуна ҷавонон хело зиёд аст ва дар ҳар деҳаи куҳистон даҳҳо нафаронеро метавон пайдо кард, ки бо лаҳни ҷаззоби "Фалак" мехонанд. Устод Давлатманд изҳор медорад, ки маҳз ҳамин таваҷҷуҳ ӯро барои таъсиси мактаби фалаксароён таҳрик додааст. Бо заҳмату ҷонфидоиҳои ин марди ҳунар буд, ки санъати суннатии тоҷикон-фалакро кулли мардуми ҷаҳон шинохтанду эътироф кардаанд. Давлатманди Хол на фақат санъати "Фалак"-ро муаррифӣ кард, балки бархе аз ойину маросимҳои бостонии тоҷиконро низ рӯи саҳна овард. Ҳунарманд Давлатманд Холов аз соли 2004 бо таъсис ёфтани ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии он то имрӯз фаъолият менамояд ва ҳамчун устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолияти хешро пеш бурда истодааст. Метавон гуфт, ки устод Давлатманд ситораи дурахшонтарини санъати имрӯзаи миллати тоҷик аст. Ин гуфтор муболиға нест, зеро эшон масъулиятҳои зиёдеро бар дӯш дорад, ки ҳар кас наметованад ин бор бикашонад. Устод Давлатманди Хол аз мактаби устодони бузурги санъату адаб гузаштааст. Махсусан устод бо шоирону нависандагон алоқамандии зич дошту дорад, эшонро иззату эҳтиром мекунад, ҳатто дар ҷое мегӯяд, ки ба хотири дӯстӣ ва арҷгузорӣ нисбати “абарустод” Лоиқ номи фарзандашро Лоиқ гузоштааст. Акнун хонандаи ҳушманду закӣ худ қазоват бикун, ки дӯстиву эҳтироми ин ду шахсият нисбати ҳамдигар чи бас беолоишу соф будааст. Албатта, устод Давлатманд бо эшон ҳамкорӣ ҳам доштаанд ва шояд манзумае, ки дар зер меоварем шиори эшон бошад, чунки яке гуфтаасту дигаре сурудааст:
Мо баҳри дилшиносон, шеъру тарона ҳастем,
Баҳри навошиносон, чангу чағона ҳастем.
Инҷо афсӯс наметавон ҳама маълумоту муваффақиятҳои устод Давлатмандро гуфт, имкониятамон маҳдуд аст, аммо то ҳадди имкон барои мухлисони мавсуф ва хонандагони ҳафтаномаи “Самак” дар васфи сарояндаи дӯстдоштанӣ маълумоту суханҳое изҳор доштем.

Зоҳири САЙФУЛЛО

Хонданд 716

Дастаи мунтахаби Фаронса дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар варзишгоҳи Лужникии Маскави Федератсияи Русия бар дастаи мунтахаби Кровосӣ пирӯз омад ва дуюм бор барандаи ҷоми ҷаҳон шуд.

Хонданд 67

Барқарор шудани робитаҳои гусаста миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боис шудаст, ки 12 корхонаи Тоҷикистон бо истифода аз гази табиии кишвари ҳамсоя фаъолият кунанд.

Хонданд 59

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Шӯро

    Ҳафтаи сипаригашта ду ниҳод - Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон…
  • «Шамол»-и Худо

    Инак, моҳи аввали фасли дай фаро расид. Инак, мавсими «рустшавак»…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.