.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Фарҳанг

Муҳаммадюсуф Имомзода:ДМТ – гаҳвораи кадрҳои миллӣ

Соли 1948 дар ҳаёти  илмиву мадании Тоҷикистон рӯйдоди бузурге ба амал омад – Университети давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт. Солҳои аввали таъсис он Университети давлатии Тоҷикистон ном дошт, дорои 3 факултет буд ва дар он 250 нафар донишҷӯ таҳсил мекард. Соли равон аз таъсис ёфтани он 70 сол сипарӣ гардид ва имрӯз донишгоҳ  дорои 19 факултет ва 117 кафедра мебошад. Дар донишгоҳ зиёда аз бист ҳазор донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибона таҳсил доранд. Ҳудуди ҳазор нафар устодони дорои дараҷаҳои гуногуни илмӣ ба онҳо дарс мегӯянд. Ин нуктаҳоро  Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА дар матлабе ба муносибати таҷлил намудани 70-солагии ин боргоҳи илму маърифат баён дошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  24 октябри соли 2008 дар суханронии худ ба муносибати 60-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чунин баён доштанд: «Ин боргоҳи илму маърифат ҳамчун яке аз марказҳои бузурги таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ дар рушди илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоли мо нақши хосса ва бузург дорад. Зеро ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки дар он хатмкардагони донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд.

… Аз ҷумла ман низ хатмкардаи ҳамин боргоҳи маърифат ҳастам ва аз ин ифтихор дорам».

Ба сифати муқаддимаи гуфтор қарор додани ин суханони Пешвои муаззами миллат ҳадафи хос дар пай дорад. Чун Роҳбари давлат ифтихор аз он доранд, ки хамткардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.  Пас, имрӯз ҳар як хатмкардаи ин донишгоҳ ба маротиб бояд аз он ифтихор намояд, ки замоне ин даргоҳро дар радифи Роҳбари давлат ва дигар бузургфарзандони миллат хатм намудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 70-сола шуд. Ҳам дар гузаштаву ҳам имрӯз дар садри муассисаи илмиву таълимии олии мамлакат буд ва хоҳад монд. На танҳо хатмкардагони ин даргоҳ, балки бояд ҳар як хурду бузурги мамлакат ифтихор дошта бошад, ки ин даргоҳи муқаддаси маънавӣ имрӯзҳо ҷашни ҳафтодсолагии худро таҷлил менамояд. Имрӯз дар кишварамон хонадоне нест, ки ягон пайванду алоқамандие ба Донишгоҳи миллӣ надошта бошад. Махсусан, мақоми миллӣ пайдо кардани он дар замони истиқлол ба ин ҳукми мо гувоҳ аст. Ҳафт даҳсоларо паси сар кардани донишгоҳ маънии онро дорад, ки ин таълимгоҳи муҳташами илму маърифат дар тарбияи чандин насл нақш гузоштааст.

Дар ҳақиқат соли 1948 дар ҳаёти  илмию фарҳангии ҷумҳурии мо рӯйдоди бузург ба амал омад. Заминаи он аз 21 марти соли 1947 оғоз мешавад, ки бо қарори Вазирони ИҶШС оид ба таъсис додани Университети давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС И.Сталин ва Раиси умури идораи он П.Чадаев ба имзо расида буд.

Мавриди зикр аст, ки дар таъсиси ин донишгоҳ нақшу талоши роҳбари вақти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров чашмрас мебошад. Маҳз бо ташаббуси ин фарзанди фарзона ва қаҳрамони миллат аз ҷониби КМ ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ба вазири вақти мактабҳои олии ИҶШС С.Кафтанов муроҷиат карда шуд, ки дар Тоҷикистон барои ташкили донишгоҳ иҷозат диҳанду мусоидат намоянд. Чун донишу кордонӣ ва сухану мавқеи Б.Ғафуров дар миқёси Иттиҳод маълум буд, ин пешниҳод зуд пазируфта шуд.

Аввалин ректори донишгоҳ бо пешниҳоди С.В.Кафтанов олими шинохтаи тоҷик Зариф Раҷабов интихоб гардид. Моҳи августи соли 1948 донишгоҳ 250 нафар донишҷӯёни аввалинро ба оғӯши худ фаро гирифт. Соли аввали таъсис донишгоҳ ҳамагӣ се факултет дошт, ки аз рӯи барномаҳову нақшаҳои таълимии аз Москва пешниҳодшуда фаъолияташонро ба роҳ мегузоштанд. Зариф Раҷабов ба ин даргоҳ беҳтарин устодону олимонро ҷалб мекард.  Михаил Степанович Андреев ва Александр Александрович Семёнов аз ҷумлаи бузургтарин олимону нахустустодоне буданд, ки дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ манзалату нуфуз доштанд. Ҳамин тавр, дар аввалин соли таъсис донишгоҳ бо се факултаву сенздаҳ кафедра ба таълиму таҳқиқ оғоз кардааст. Аз оғоз дар ин даргоҳ ҷиддияту масъулият дар пояи баланд қарор дошт. Номзадии ҳар як мудири кафедраро дар Вазорати маълумоти олии ИҶШС, дар Москва тасдиқ мекарданд. Олимону мутахассисони арзанда ба тадрис интихоб мегардиданд.

Дар ташкили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон марказҳои бузурги илмиву таълимии Иттиҳоди Шӯравӣ, ба монанди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Қазон, Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ва амсоли он нақш доштанд. Дар ин самт кумаку мусоидатҳои нахустин донишкадаи олии Тоҷикистон – Институти омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко истисно буда наметавонад. Донишгоҳи навтаъсис дар кӯтоҳтарин фурсат неруи худро қавӣ менамуд. Дар ҷалби устодону олимони варзидаи марказҳои бузург ва кадрҳои маҳаллӣ роҳбарияти донишгоҳ кӯшишҳои зиёд мекард. Ин буд, ки профессорони шинохта А.А.Семёнов, М.С.Андреев, В.А.Ратсиборский, С.Ф.Машковтсев чун роҳнамои олимону мутахассисони маҳаллӣ бо садоқатмандӣ дар тарбияи кадрҳо ҳисса мегузоштанд.

Ш.Ҳусейнзода, Б.Ниёзмуҳаммадов, Ҳ.Каримов, Ф.М.Меринг, М.Ш.Шупикова, К.А.Богомолова, Ф.С.Павлюк, К.Н.Гаврилкин, С.Д.Арзуманов, Т.Каримов ва дигарон аз нахустин олимону устодони маҳаллӣ ба шумор мерафтанд. Заминаи илмиву таълимӣ бо низоми хос қавӣ мегардид. Чунончи дар давоми солҳои ректории З.Раҷабов (1948-1954) дар шӯроҳои дифои донишгоҳ 30 нафар унвонҷӯ, ки бештаринашон аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ буданд, рисолаҳои худро дифоъ карданд. Соли 1951 аввалин конфронси илмии донишҷӯён баргузор гардида буд, ки шоҳроҳи илму таҳқиқи донишгоҳро асос мегузошт.

Донишгоҳ соли аввали таъсис бо душворӣ дар бинои донишкадаи омӯзгорӣ фаъолият мекард. Соли 1949 бинои собиқ кумитаи ҳизбии вилояти Сталинобод ба ихтиёри донишгоҳ дода шуд, ки то ҳол ҳамчун симои донишгоҳ бо номи бинои марказӣ барои ҳамагон маълум аст.

Инкишофу камол ёфтани ин даргоҳи имрӯз бузургу муқаддаси миллат осон набуд. Ҳамаи дарсҳо дар ин бино дар се баст аз соати ҳашт то бистусеи шаб идома меёфт. Бо гузашти вақт барои донишҷӯёну аспирантону устодони донишгоҳ хобгоҳҳо бунёд мегардиданд. Теъдоди донишҷӯёну устодону муҳаққиқон сол то сол меафзуд. Агар соли нахустини таъсис донишгоҳ ҳамагӣ 250 нафар донишҷӯ дошта бошад, соли таҳсили 1970-1971 ин теъдод то ба 12 ҳазору 467 нафар расидааст, ки дар замони пурҷӯшу хурӯши шӯравӣ яке аз солҳои сердонишҷӯтарин будани ин донишгоҳро нишон медиҳад. Давоми фақат даҳ соли аввали фаъолияти шӯроҳои ҳимоя (1951-1960) як ҳазору сиву ду нафар рисолаҳои худро дифоъ карда буданд. Донишгоҳ дар таҳқиқу пажӯҳишҳо мустақил мегашт ва шӯрои илмии донишгоҳ аввалин маротиба соли 1952 унвони профессориро ба С.Юсуфова додааст.

Маълум аст, ки дар давраҳои гуногун роҳбарони донишгоҳ бо донишу маҳорату кордонии худ дар пешрафту шукуфоии донишгоҳи бузурги кишварамон ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Аввалин ректори донишгоҳ Зариф Раҷабов (27.02.1948- 20.01.1954) бо ҳамроҳии ноибони худ- олимони шинохта С.Табаров ва Н.К.Гаврилкин дар пойдевори ташаккули донишгоҳ саҳми сазовор гузоштаанд. Баъдан дар солҳои гуногун ректорҳои дигари донишгоҳ Ибодулло Назриқулов, Солеҳ Раҷабов, Пӯлод Бобоҷонов, Талбак Назаров, Исмоил Давлатов, Фозил Тоҳиров, Ҳабиб Сафаров, Ҳайдар Сафиев, Саидмуҳаммад Одинаев, Нуриддин Саид ва Ҳаёт Одинаев роҳбарии ин муассисаи бузургро ба дӯш доштанд. Хидмати ҳар кадоми онҳо дар пешрафти донишгоҳ бузург мебошад ва корнамоиву нақши онҳо кайҳо боз бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои таърихии донишгоҳ  сабт ёфтаанд.

Истиқлолияти кишвар ба донишгоҳи азизамон низ истиқлолу болу пар бахшидааст. Маҳз дар замони истиқлол ин маркази бузурги илмиву таълимӣ ба Донишгоҳи миллӣ табдил ёфт. Насими истиқлоли кишвар дар иқтидору нуфузи донишгоҳ таъсири ҷиддӣ мегузошт.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997, №669 ин даргоҳи муқаддас Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва аз 28 октябри соли 2008, №556 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд. Теъдоди факултету кафедраҳо афзоиш меёфт. То соли 1990 донишгоҳ ҳамагӣ 13 факултет дошт. Имрӯз донишгоҳ  дорои 19 факултет ва 117 кафедра мебошад. Фақат дар солҳои 1990-1995 теъдоди шӯроҳои ҳимоя аз 5 то 11 адад афзудааст. Дар донишгоҳ феълан ҳудуди зиёда аз 24 ҳазор нафар донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибона таҳсил доранд. Ҳудуди ҳазор нафар устодони дорои дараҷаҳои гуногуни илмӣ ба донишҷӯён дарс мегузаранд. Имрӯз дар донишгоҳ 13 академик, 14 узви вобаста, 152 профессор ва 525 дотсент фаъолият доранд, ки ин иқтидори бузурги донишгоҳро бозгӯ менамояд.

ДМТ бо равияи таълимиву таҳқиқии худ дар аввалин даҳсолаи истиқлолият марҳилаи ташаккул ва суръатафзоиро паси сар кардааст. Илму таҳқиқ дар сохтори донишгоҳи мазкур мавқеи густурдаеро соҳиб мебошад. Соли 2016 ҳангоми вохӯрии Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар таҳияи Консепсияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2050 таъкид гардид, ки дар иҷрои ин консепсия нақши ДМТ хеле бузург буда метавонад. Зеро иқтидори илмиву зеҳнии донишгоҳ дар қиёс бо дигар марказҳои таълимиву таҳқиқӣ хеле калон аст. ДМТ он ошёне буд ва ҳаст, ки хатмкардаҳои он дар тамоми ҷабҳаҳо фаъол мебошанд ва дар фатҳи қуллаҳои бузург муваффақ гардидаанд. Дар амал татбиқ гардидани коркардҳои илмии донишгоҳ баъд аз солҳои 2000 суръати хос пайдо кардааст.

Феълан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо зиёда аз 240 муассисаи таълимию илмии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, бо кишварҳои Афғонистон, Покистон, Лаос, Ветнам, Чин, Австралия, Германия, ИМА, Россия, Беларус ва дигар кишварҳои Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико робитаҳои судманди донишгоҳ барқарор аст. Чандин роҳбарони давлатҳои дуру наздик дар замони истиқлолият меҳмонони фахрии донишгоҳи миллӣ шудаанд. Мулоқоту суҳбатҳо бо намояндагони баландпояи корпусҳои дипломатӣ, сафирон ва намояндагони созмону ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ дар донишгоҳ падидаи маъмулӣ мебошад. Табодули устодону аспирантон бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар рӯз то рӯз тавсеа меёбад. Имрӯз ҷавонони зиёда аз понздаҳ кишвари ҷаҳон дар Донишгоҳи миллӣ таҳсил доранд. Аз соли 2009 инҷониб маркази омӯзиши забонҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ амал менамояд.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони истиқлолият мактабҳову равияҳои хоси илмӣ ташаккулу такмил ёфтаанд. Имрӯз мактабҳои илмӣ дар соҳаи химия, биология, геология, физикаву математика, педагогика, фалсафа, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ ва таърих, филология, шарқшиносӣ ва журналистика амал менамоянд, ки, аллакай, ба шоҳроҳи бузурги таълимиву илмӣ табдил ёфтаанд. Шогирдони ин мактабҳо на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ тавонистаанд соҳиби мавқеи шоиста шаванд. Имрӯз ҳар фарди ба донишгоҳ алоқаманд ба дурнамоми неки рушди таҳсилот ва илму таҳқиқ дар ин даргоҳ эътимод дорад ва дар ин роҳ саҳм низ мегузорад. Имрӯз дар назди ДМТ Институти илмию тадқиқотӣ, маркази биотехнологӣ, парки технологӣ, литсеи равияи табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ, нашрияи донишгоҳӣ, маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума, матбааи донишгоҳ ва амсоли он амал менамоянд, ки маҷмӯан иқтидору неруи донишгоҳи муқтадири ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.

Мояи шарафмандии мост, ки аз аввалин рӯзҳои фаъолияти роҳбарияшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи беандоза доранд. Чандин маротиба меҳмони донишгоҳи азизамон гаштаанд ва суҳбату мулоқоти самимонаро бо донишҷӯёну устодони ин даргоҳ анҷом додаанд. Маҳз бо кумаку мусоидати Пешвои миллат донишгоҳ дар замони истиқлолият соҳиби чандин хобгоҳҳои замонавӣ ва биноҳои нави таълимӣ гардидааст. Ба самти тарбияи кадрҳо ва рушду инкишофи илм дар ин даргоҳ таваҷҷуҳи доимӣ доранд. Боз ҳам ифтихори ҳар яки мост, ки аксари кадрҳои роҳбарикунандаву баландпояи ҷумҳурӣ хатмкардагони ДМТ мебошанд. Донишгоҳ имрӯз маркази тавонманди идеологӣ ба ҳисоб меравад. Дар рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеа нақши амиқро соҳиб аст. Дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ки насли ояндасози ватанамон мебошанд, нақши густурда дорад.

Албатта, дар чанд саҳифа наметавон тамоми паҳлуҳои фаъолияти имрӯзу гузаштаи донишгоҳро фаро гирифт. Он чи дар боло зикр карда шуд, танҳо нигоҳи умумиву мухтасари шинохти ин донишгоҳ аст ва дастоварду комёбиҳои он давоми ҳафтод сол беназиру беҳудуд мебошанд.  Таърихномаву хислатномаи ин донишгоҳи бузург даҳҳо ҷилд китоб аст. Бо ин ҳама бори дигар 70-солагии  Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанон табрик мегӯем ва орзуманди он ҳастем, ки ин даргоҳ бо камоли ояндаи худ садсолаҳо барои миллату давлатамон хидматҳои шоиста анҷом диҳад.

Хонданд 41
АЗ ДУБАЙТӢ ПАРҲЕЗ МЕШУД. ЧАРО?

ДУБАЙТӢ – СУХАНЕ, КИ ШУЪАРО АЗ ГУФТАНИ ОН МЕПАРҲЕЗИДАНД

 

Баҳор омад ба саҳрову дару дашт, 

Ҷавонӣ ҳам баҳоре буду бигзашт. 

Сари қабри ҷавонон лола рӯя, 

Даме, ки маҳвашон оян ба гулгашт. 

Боботоҳири ҲАМАДОНӢ

 

1. ДУБАЙТӢ – порсие дар чаҳорчӯби аруз

Дубайтиро аҳли эҷоду таҳқиқ шеъре хондаанд, ки мураккаб аз ду байт, аммо на ба вазни рубоъӣ. Ҳам дубайтӣ ва ҳам рубоъӣ аз ду байт сохта шудаанд, ки шояд фарқ кардани инҳо аз ҳам душвор намояд. Аммо ташхиси ин ду басо сода аст: дубайтӣ ва рубоъӣ дар вазн тафовут доранд; дубайтӣ бо ҳиҷои кӯтоҳ ва рубоъӣ бо ҳиҷои дароз оғоз мешавад.Дубайтӣ, яъне шеъри чаҳормисраъӣ ва ёздаҳҳиҷоӣ, дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф (ё мақсур) ва рехташуда бар вазни мафоъилин мафоъилин мафоъил (ё фаъулун) аст (ба забони арузӣ ингуна: V– – – | v – – – | v– – ). Аммо ин вазн фақат хосси дубайтӣ набудааст; шоъирони гузашта дар қолиби он маснавӣ, ғазал ва қитъа низ сурудаанд. Вожаи ДУБАЙТӢ бори нахуст дар «Луғати фурс» омадааст ва намунаҳои нахустини он дар эҷодиёти Маҳмуди Варроқ (асри 10) дида мешавад. Зоҳиран дубайтиро бештар бо созу овоз мехондаанд. Вазни дубайтӣ, чунонки Маликушуъарои Баҳор мегӯяд, яке аз вазнҳои ашъори қадими даврони Сосониён аст (дар он давра ин навъи шеърро таронак меномидаанд), ки пас аз интишори тамаддуни исломӣ ислоҳоте дар он шуда ва ба қолиби аруз даромадааст. Манзумаи паҳлавии«Дарахти Асурик», ки вазни дувоздаҳҳиҷоӣ дорад, аз ҷумлаи ин ашъор аст, ки ба онҳо чома ё чакома мегуфтанд. Ба ин навъ шеърҳо паҳлавӣ, фаҳлавӣ, фаҳлавиёт ҳам гуфта мешавад. Мисолҳо нишон медиҳанд, ки ин вазну ин ҳиҷову оҳанг дар достонҳои ҳамосию ишқӣ корбурд доштааст. Ба таъкиди Комёри Ваҳидиён (пажуҳишгари эронӣ) вазни дубайтӣ хосси назми форсӣ буда, дар арузи араб ҳазаҷ фақат дар мураббаъ омадааст ва усулан баҳри ҳазаҷ ҷузви баҳрҳои камистеъмол дар шеъри арабҳост. «Шоҳнома»-и Масъуди Марвазӣ, «Вису Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ ва «Хусраву Ширин»-и Низомӣ, ки ҳамагӣ аз достонҳои давраи пеш аз исломанд, бар ин вазн суруда шудаанд.

Дар бораи замони ба вуҷуд омадани ин қолиб иттилоъе дурусту дақиқ ба даст нарасидааст. Ҳаминро медонем, ки аз гузаштаҳои дур бисёр мавриди таваҷҷуҳи мардум будааст ва беҳтарин намунаҳои он аз чашмаи табъи мардум ҷӯш задаанд, ҳамчун ин намуна: 

Бари домони духтар лолаборон, 

Дилам аз дасти духтар облаборон. 

Равед бар модари духтар бигӯед 

Ки духтар оқибат санги фалахмон!

 

2. СОХТУ РЕХТИ ДУБАЙТӢ: 

Дубайтӣ ҷудо аз ҳавзаҳои шеъру адаби расмӣ, аз қаъри шавқу завқи мардуми одии кӯчаву бозор зода шуда, ба яке аз намунаҳои деринаву хосси шеъри форсӣ табдил ёфтааст. Ин навъи шеър аз ду байт ташкил мешавад, ки дар он қофияи мисраъҳои аввал, дувум ва чаҳорум илзомӣ аст. Овардани қофия дар мисраъи севум ҳатмӣ нест. Ба назари бархе аз адабиётшиносон таркиботи «байти паҳлавӣ», «гулбонги паҳлавӣ», «паҳлавонӣ самоъ» ва ғайра шояд марбут ба оҳанги хоссе буда, ки дар қолиби инҳо дубайтиҳо рехта мешудаанд. Дубайтӣ илова бар доштани вазне содаву равон, аз назари корбурди санъатҳои бадеию баёнӣ дорои сохторе сода аст; дар он ташбеҳоту истиораҳои душвору мушкилфаҳм вуҷуд надорад; содагию баёни мардумигуна ё худ рустоиманишӣ вижагии боризи ин навъи шеър аст. Ҳамчунин дар гуфтани дубайтӣ на ҳамеша аз мизонҳои фанни қофия пайравӣ мекунанд ва гоҳе калимоте чун «ёр» ва «мол» низ қофия шудаанд. Суханони омиёна ва лаҳни гуфтугӯйӣ низ дар ин шеърҳо корбурди зиёд дорад, ки метавон бо пажуҳишҳое дар ин замина, лаҳҷаҳои гуногуну таърихи гӯйишҳои форсиро низ баррасӣ кард.Дар дубайтӣ мисраъҳои аввалу дуюму чаҳорум ҳамқофияанд. Қофиябандии дубайтӣ асосан ааба буда, гоҳе ҳам бо аааа ва абвб низ эҷод мешавад, мисли ин сухани Иқболи Лоҳурӣ: 

Сикандар бо Хизир хуш нуктае гуфт: 

Шарики сӯзу сози баҳру бар шав. 

Ту ин ҷанг аз канори арса бинӣ, 

Бимир андар набарду зиндатар шав!

Шоъир дар ин навъи шеърӣ суханеро баён мекунад ва монанди рубоъӣ ғолибан се мисраъи аввали он нақши муқаддимаву фазосозиро иҷро мекунанд ва мисраъи муҳимтарин чаҳорум аст, ки дар он ҳукму асли матлаб ё нуқтаи авҷу поёнсухани шоъир ифода меёбад. Ҳар мисраъ дар дубайтӣ вазифаи муайян дорад: дар аксари дубайтиҳо мисраъи аввали он муқаддима ё худ оғози мақсади аслист. Мисраъи дуюм диққати касро ба ин мақсад ҷалб менамояд. Мисраъи сеюм ҳадафи дар байт ифодашударо баробари таъкид, ҳамчунин бо далелу бурҳон тасдиқ ва ё рад мекунад. Ва дар мисраъи чаҳорум мақсаду мазмуни аслии дубайтӣ ҷамъбаст мешавад. Ба таври мисол аз Муҳаммадалии Аҷамӣ: 

Ба боло меравӣ, аз мо саломе, 

Тамошо меравӣ, аз мо саломе. 

Ҳама ҳасте фарзанди Бухоро 

Бухоро меравӣ, аз мо саломе!

Бахши муҳимме аз адабиёти мардумиву фарҳанги омиёнаи мо дар қолиби дубайтӣ ба вуҷуд омадааст. Дар дубайтӣ бештар мазмунҳои баланди ишқӣ, фалсафӣ, ирфонӣ, панду ахлоқӣ ва ғайра ифода меёбад. Ҳарчанд маъруфтарин дубайтисароён ё аз мардумони рустоӣ ва одӣ будаанд ё шоъирони суфӣ, вале гӯянда ё халлоқи бисёр дубайтиҳои шоҳкор маълум нест. Ин гуна дубайтиҳо даҳон ба даҳон, аз асрҳо ба асрҳо ва аз карон то каронаҳо паҳн гаштаанд. Ба ҳамин хотир сарояндагони онҳо гумном мондаанд. Аз миёни дубайтисароён Боботоҳири Ҳамадонӣ маъруфияти бештар дорад, ки ҳатто ба чанде аз бузургони адаби порсӣ таъсир гузоштааст. Боботоҳир гӯяд: 

Магар шеру палангӣ, ай дил, ай дил, 

Ба му дойим ба ҷангӣ, ай дил, ай дил! 

Агар дастам расад хунат биреҷам 

Бувинам, то чи рангӣ, ай дил, ай дил!

Иқболи Лоҳурӣ дар посух ба ӯ: 

Ба кӯяш раҳсипорӣ, ай дил, ай дил, 

Маро танҳо гузорӣ, ай дил, ай дил. 

Дамодам орзуҳо офаринӣ 

Магар коре надорӣ, ай дил, ай дил?! 

Ва Абулқосими Лоҳутӣ: 

Илоҳӣ пора гардӣ, ай дил, ай дил, 

Чу ман бечора гардӣ, ай дил, ай дил, 

Бурун уфтӣ зина рӯйи олам 

Чу ман овора гардӣ, ай дил, ай дил!

 

3. ЧИРО БИСЁРЕ АЗ ШОЪИРОНИ БУЗУРГ ДУБАЙТИРО НАМЕПИСАНДИДАНД? 

Бар хилофи донишмандони адаб, суфиён бо шефтагӣ дубайтӣ месурудаанд (ба мисли Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаъиди Абулхайр, Фаридуддини Аттор, Мавлонои Балх...). Чаро ки мухотабони онон мардумон буданд, на дарборҳо. Муҳтавои дубайтӣ низ содагиро металабид, зеро барои иҳсосоти поку беолоишу оташин ва ишқҳои бериё ба кор мерафт ва ба таносуб калимоти шикаставу гуфтугӯйиро дар худ ҷой медод; бар хилофи рубоъӣ, ки барои баёни ашъори ҳикамиву фалсафию ирфонӣ ба кор мерафт. Мисоле аз шикастагӯйиҳои Фоизи Даштистонӣ: 

Насиме аз буни он кокул ойу, 

Маро хуштар зи бӯйи сунбул ойу, 

Чу шав гирум хиёлашро дар оғӯш 

Саҳар аз бистарам бӯйи гул ойу! 

Дар дубайтӣ камтар орояи бадеъӣ мебинем; ҳатто дар бисёре аз ин дубайтиҳо айби қофия ҳам ҳаст. Далели он, чунонки гуфта омад, содагии баёни дубайтӣ будааст, ки шоъирони суфӣ маҳз барои чунин сабки оммаписанд қалам ба даст мегирифтанд, то аз сурудаҳошон оммаи мардум бархӯрдор шаванд. Намунае аз Мавлоно: 

Сабук бинвоз ай мутриб рубобе, 

Бигардон зудтар соқӣ шаробе. 

Чӣ оташ зад ниҳон дилбар ба дилҳо? 

Ки маҷлис шуд пур аз бӯйи кабобе! 

Суфиён ин арҷмандиро ҳам доштанд, ки маддоҳу чоплус набуданд, ҳич гоҳ амирону вазиронро мухотаб қарор надода ва мадҳ накардаанд; аз ин рӯ агар дубайтӣ сурудаанд, орифона сурудаанд ва намунаҳошон аз лиҳози ҳунари шеъриву латофати баён барҷаставу бикру зебост. Шояд чунин шевогуфтории адибони ориф баъдан ба дигар шоъирони мо асар гузошт, ки дар сурудани дубайтӣ табъ озмуданду онон низ хуб гуфтанд. Аз суханварони ғайри суфӣ танҳо ҳаким Шоҳносири Хусрав масъалаҳои илмиву диниро дар қолиби дубайтӣ овардааст, ки ӯ ҳам, дар зимн, мар ин қиматӣ лафзи дариро ба пойи хӯкон намерехт! 

Бо ин ҳол, бисёре аз адибони классикӣ ба гуфтани дубайтӣ майл надоштаанд ва сурудани онро муносиби шаъни хеш намедонистанд. Аз дубайтӣ парҳезидани онҳо ба он хотир буд, ки зоҳиран адибон забони оммаро аз ҷинси забони фосид мешумурданд. Онҳо бар он будаанд, ки дубайтӣ забони оммаи мардум аст ва дар он гуфтори омиёнаву дур аз қолиби китоб ба кор мерафтааст. Аммо забони шоъир бояд мутафовит аз забони оммаи мардум бошад. Шоъиронанд (доноёни адабу ҳикмат), ки дар гуфтори баланду сабку сиёқи дилписанд бо лутфи сухани ноб на танҳо намуна, балки устоду омӯзгори умум мегарданд. Дар ҳар ҷомиъа қаламкаши илму адаб муҳандису меъмори кохи муъаззаму муқаддаси забон аст, ки бурҷу бораву сақфу фарши ин кохро бо гавҳари сухани ноб, бо дурри фасоҳату балоғату салосат ҳамеорояд. Ба таъбири дигар, аҳли қалам абри раҳмати файёзеанд, ки бар сари ҷамъият борони поку софи калому ҳикмати болиғ меборанд. Аз ин рӯ боястӣ, ки шоъир дар силки назм бо мантиқи муҳкам, бо риъояти устувори дастуру сарфу наҳви забон, ки дур аз ҳар шеваю гӯйиши омиёна бошад, сухан варзад, на ин ки ҳамчу дубайтисароён омиёна бинависад. Зеро аз ин нигоҳу аз ин усули кор сурудани дубайтӣ ба маънои зери по гузоштани услуби калом буд. Ба ин ваҷҳ адибони барҷастаи мо на танҳо чаҳорчӯби забони меъёрро бо ҷиддияту қотеъият риъоят мекарданд, балки гоҳе ҳам фахру ноз намоиш медоданд, ки дар сухан воқиъан қиёмат кардаанд. Хоқонии Шервонӣ, маслан худро дар шоъирӣ муфлиҳ (шоъири сухани шигифту аҷибоваранда ё худ сахт фасеҳ дар шоъирӣ) мехонад ва ин гуна ифтихор мекунад: 

Шоъири муфлиҳ манам, хони маъонӣ марост, 

Резахӯри хони ман Унсурию Рӯдакист! 

Чандеи дигар аз бузургони адаби мо – Абулқосими Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Анварӣ, Мавлонову Саъдӣ, Ҳофиз ва Бедили Деҳлавӣ гоҳе ҳамин гуна барҳаққ аз нубуғи бемисоли хеш дар арсаи сухани дуррбор ифтихор кардаанд. Аммо бо омадани инқилоби болшевикӣ, бо ҷорӣ шудани дабираи бегонаи сириллик, бо дахолати сиёсат ба адабийёт ва меъёру маҳак қарор додани, ба истилоҳ, методи реалисми сотсиалистӣ (халқияту партиявият(??)-и адабийёт), мутаассифона, ҳамин меъёри собити нигориши адабӣ дар муҳити порсигӯёни Варорӯд то муддате воруна шуд ва бо шиъори фиребандаву хасмонаи «содда нависед»(??) лаҳҷаву гуфтори шевагии кӯчаву хона вориди дафтари илму адаб гашта, ба сабки китоб зарба зад; ба ҷойи он ки аҳли гузару бозору маҳалҳо пайраву посдори забони китоб шаванд, баръакс, китобро ба оммиёнагуфторию бемантиқонанавишторӣ абгору алил карданд. Аҷаб ҷабре фиръавнонаву кофирона! Басо ҷаҳолату ҳамоқат ва ҳатто таҳқир бувад, ки фарди хондаву огоҳ бояд ба таври иҷбор (ғуломона) тавқи бемаърифатиро дар сатҳи нохондаву дур аз китобҳо ба гардан ниҳаду мувофиқи бинишу дониши надоштаи онҳо қалам кашад! Ин албатта, мавзуъи баҳси дигар хоҳад буд, ки сухани мо аз дубайтист...

 

4. ВИЖАГИҲОИ ДУБАЙТӢ 

Дарунмояи дубайтӣ ошиқона ва орифона аст. Аз лиҳози муҳтавою мазмун дубайтӣ дарбаргирандаи мазмунҳои лирикист: ишқ, ирфон, ёди дӯст, гиря, сӯзи ҷудоӣ, дармондагӣ, доғи дил ва амсоли ин; аммо дар қолиби бисёре аз рубоъиҳо фалсафаву чуну чиро ва гоҳе ҳам шакки фалсафӣ дида мешавад. Дубайтиҳои омиёнаи мардуми манотиқи мухталиф (аз Варорӯд то Афғонистону Эрон) дорои вижагиҳои муштаракеанд. Ин таронаҳо аз ҳайси лафзу маъно сода буда, аз ташбеҳоти адабию санъатҳои лафзӣ орианд. Вожаҳои арабӣ дар онҳо ба нудрат дида мешавад ва луғоти рустоӣ, ки реша дар лаҳҷаҳои қадим дорад, дар онҳо фаровон аст. Аз дубайтисароёни маъруф дар таърихи адаби форсӣ метавон аз шоъироне мисли Бундори Розӣ (вафот 1010 м.), Бобо Тоҳир (асри 11), Шамси Мағрибӣ ва дар садаи ахир Фойизи Даштистониро ном бурд. Ин мисоли маъруф аз Боботоҳир: 

Шаби торику сангистону ман маст, 

Қадаҳ аз дасти ман уфтоду нашкаст! 

Нигаҳдорандааш некӯ нигаҳ дошт 

В-агарна сад қадаҳ н-уфтода бишкаст! 

Имрӯз аз лиҳози маънову мазмун дубайтӣ низ монанди қолибҳои дигари шеърӣ бисёр густариш ёфтааст. Иҳтимолан аввалин касе, ки дар асри ҷадид аз қолиби дубайтӣ барои баёни масоили иҷтимоиву сиёсӣ истифода кард, Иқболи Лоҳурӣ буд. Танҳо дар китоби «Паёми Машриқ»-и ӯ беш аз 260 дубайтӣ омада, ки аксари онҳо дорои мазмунҳои иҷтимоиянд. Аз ҷумла:

Ҷаҳон мушти гилу дил ҳосили ӯст,

Ҳамин як қатраи хун мушкили ӯст.

Нигоҳи мо дубин уфтод в-ар на,

Ҷаҳони ҳар касе андар дили ӯст!

Дубайтӣ дар назми имрӯзаи порсӣ, аз ҷумла дар адаби тоҷикони Варорӯд мавқеи муҳим дорад ва баробари рушди шакли маъмулии он, ҳамчунин шакли нави дубайтӣ мушоҳада мешавад, ки онро дубайтии пайваста номидаанд ва нахустин намунаи онро Абулқосими Лоҳутӣ сурудааст. 

Ба ҷон ҷо карда осори дуторат, 

Ба ҳайрат мондам аз кори дуторат.

Биҷунбад дил, чу бар тораш занӣ чанг

Магар баста ба дил тори рубобат?

Адибони тоҷик Мирзо Турсузода, Муҳаммадҷони Раҳимӣ, Аминҷон Шукуҳӣ, Лоиқ, Гулрухсор ва чандеи дигар силсилаи хуби дубайтиҳо навиштаанд. Мисоле аз устод Лоиқ:

Лаби дарё ҳузури ҷисму ҷон аст, 

Лаби дарё биҳишти ҷовидон аст. 

Хӯрад мавҷе сари мавҷи дигарро, 

Вале дарё равон асту равон асту равон аст!

Обид ШАКУРЗОДА

Хонданд 25

Салом муаллим!

Окт 06, 2018
Хонданд: 121
Салом муаллим!

Ҳар боре, ки ӯро мебинам, дилам равшан ва хотираҳоям варақгардон мешаванд. Ӯро мебинаму бо меҳр мегӯям:

-Салом, муаллим…

Дар ин ибораҳо меҳр, эътиқод ва садоқати ман ифода ёфтааст. 

Аввалин вохӯрии ман бо муаллим ҳеҷ аз ёдам намеравад. Ман дар ҳама кор ва дар ҳама ҷо дер мемондам. Ҳамон сол курси мо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда буд. Вақте ба гурӯҳи журналистон шомил шудан хостам, ба ман гуфтанд, ки аллакай аз 25 нафар зиёд донишҷӯ номнавис шудааст, ба шумо ҷой нест. Ман ба назди роҳбари ин гурӯҳ, омӯзгори соҳибдил ва олим Воҳид Асрорӣ даромадам. Ин замон ӯ бо муаллим Иброҳим Усмонов сӯҳбат доштанд. Мақсадамро фаҳмонидам. Воҳид Асрорӣ дар аввал «ҷой надорем» гуфт. Аммо чун дид, ки ман аз наздашон намераваму ба умед нигаронам, гуфт:

-Иброҳимҷон, ҳамин ҷавон ба ман бо якравиаш писанд аст.

Ҳамин  як ҷумла  тақдири маро ба рӯзноманигорӣ пайваст. Ин воқеа соли 1977 рух дода буд. 

Муаллим…

Бо садоқат ва бо меҳр ин калимаро ба забон  мегирифтам…

Охир чунин шахсони оқилу доно ва ба касбу кори худ дилсӯз сазовори номи муаллим мегарданд. Муаллиме, ки умри худро дар роҳи илм сарф карда, ба дилу дидаи  донишҷӯён нуру зиё бахшидааст. На ҳар муаллим миёни донишҷӯён маъруфият пайдо мекунад. Вале чӣ гӯем, ки барои мо донишҷӯёни солҳои 70-80-ум Иброҳим Усмонов ҳамчун  омӯзгори  ҷавону донишманд  ва  соҳибмақом обрӯ  пайдо  карда буданд. Мо аз ӯ зиёд омӯхтем. Дарки мафҳумҳои эҷод, илм, вақт ва маърифатро Усмонов ба мо омӯзонида буданд. Оҳанги гуфтору рафтори ӯ савт ва низоми хосеро доро буд. Ба шарофати муаллим дарк кардем, ки худогоҳиву худшиносӣ чист. Муаллим доимо бо чеҳраи  гарм ва нигоҳи  ҷиддӣ ба мо  мегуфт, ки «дониш андар дил чароғи  равшан аст». Аз ин лиҳоз, ҳар дарси ӯро, вазифаҳои супоридаашро бо ҷону дил мехондем ва иҷро мекардем. Дарси муаллим зинда ва шавқовар мегузашт. Бо туфайли ӯ мо тавонистем, ки жанрҳои рӯзноманигориро аз худ  намуда, дар  ҳар жанр  мавод  навиштанро ёд гирем. Ӯ  моро  водор  мекард, ки  пеш аз ҳама,  худро  шиносем,  меҳану  миллати  хешро дӯст дорем ва инсони ҳақиқӣ бошем. Боре дар вақти дарс очерки дӯсти худ Ато Ҳамдамро таҳлил  намуда, баробари муваффақиятҳояш чанд камбудиашро низ хеле  ҷолиб баён карданд.

- Инсон  будан  шараф аст.  Қаҳрамони  очерк огаҳ мешавад, ки модараш бемор  шудааст. Аввал мехоҳад, зуд ба назди  модараш  равад, вале аз азмаш мегардаду мегӯяд, ки корамро, ба охир расонам, баъд меравам. Инҷо бояд инсон ба тамоми ҳастияш инсон бимонад. Барои ӯ пайвандонаш азиз бошанд ва модарашро болотар аз дигар муқаддасот донад. Қаҳрамони очерк дар ин ҷо ба одами сунъӣ ва сохта табдил ёфтааст, - гуфт норозиёна муаллим. 

Як сухани муаллим метавонист моро ба андеша  водор кунад.  Ёд дорам, ки пас аз ин суханони муаллим, чанд нафар ба ёди наздикони хеш афтоданду барои занг задану огаҳӣ пайдо кардан аз ҳолашон рафтанд. Муаллим дар дарсҳояшон аз ҳамон ҷумлае оғоз мекарданд, ки дар дарси қаблӣ нотамом монда буд. Ин бузургии ӯро нишон медиҳад. Намедонем, аз чӣ  бошад, мо ҳама мехостем ба муаллим  шабоҳат дошта  бошем.  Ӯ барои  мо - донишҷӯён идеал буд. Бурро ва  орӣ  аз ёвагӯӣ дарс гуфтан, хоси муаллим буд.  Мо зуд-зуд очерку  мақолаҳои  муаллимро  мехондем. Ҳар як  нигоштаи ӯро интизор мешудем. Меҳр ба ёру диёр ва  худогоҳию  худшиносӣ аз мавзӯъҳои аслии ӯ ба шумор мерафтанд. Ӯ камбудии ҷамъеаро бе ягон  тарсу  ҳарос гуфтан хос ӯ буду ҳаст. Моро дар роҳи  нотарсӣ ва ҷасурӣ  тарбия карда буданд. 

Дар як дарс ҳам аз вазъи ҷаҳон нақл мекарду ҳам мақолаҳои газетаю  намоишномаҳои оинаи ҷаҳоннаморо мавриди таҳлил қарор медод. Бо тарзи  саволу ҷавоб  ва баҳс  дарс  гуфтанро меписандиданд. Инсони равшанфикр ва навовар будани Иброҳим Усмоновро аз гуфтору рафтораш низ мушоҳида кардан мумкин буд. Аз устодони донишгоҳ ба Воҳид Асрорӣ эҳтироми хоса доштанд. Ин буд, ки мо ба касби рӯзноманигорӣ шавқи зиёд пайдо кардем. Махсусан, барои ман очерку мақолаҳо ва намоишномаҳое, ки аз рӯзгори ҳунармандон, раққосаҳо ва сарояндагон қисса мекарданд, писанд меомаданд. Ҳар яки мо роҳу равиши худро дар соҳаи эҷод пайдо мекардем. Аммо ҳангоми хатми донишгоҳ дархосту пешниҳоди ин шӯъбаро қабул накарданд. Дар дипломҳоямон ба ҷои ихтисоси журналист, омӯзгори забон ва адабиёт навишта буданд. Як рӯз Воҳид Асрорӣ  гуфт:

- Кори моро надида гирифтанд. Чаро онҳо  аз  журналистони мо  ҳарос  доранд. То кай онҳо об дар даҳон гирифта, аз тарс чизе намегӯянд? Чаро? 

- Аз тарсу журналисти ҳақиқӣ  намебарояд,- гуфтанд дар посух муаллим Усмонов. 

-Иброҳимҷон, Шумо ба ҷавонони боғайрат таваҷҷӯҳ кунеду онҳоро дастгирӣ намоед, боз маҳзунона гуфтанд Воҳид Асрорӣ.

Муаллим  Иброҳим  Усмонов доим таъқид мекарданд, ки «инсони ҳақиқӣ бояд  меҳанпараст ва ғурури миллӣ дошта бошад». Ҳамин рӯҳия моро ба арсаи журналистика овард. Мо ҳамсабақон ҳангоми вохӯриҳо пеш аз ҳама, аз муаллимамон Иброҳим Усмоновро ёд мекунем. Ӯ номи донишҷӯёнеро, ки дар курси рӯзноманигорӣ мехонданд, азёд медонист, аз он чи ки онҳо менавиштанд, огоҳӣ дошт. Боре  ҳангоми  сӯҳбат ба ман гуфт:

- Ба хотири  суруд  пуртаъсиртар шудан,  духтарчаро  гирёндан зарур набуд. Бояд  худи  суруд ба дил таъсир расонад. Санъат бераҳмиро талқин намекунад, балки ба сӯи зебоӣ мехонад.

Муаллим суруди «Нилуфари ман»-ро дар назар дошт. Ман эроди муаллимро қабул кардам, чун эрод аз рӯи адолат буд. Бояд гуфт, ки ман ба асарҳои офаридаи муаллим  бо меҳру бо ифтихор  рӯ  меовардам ва аз  ҳар яки онҳо як олам  маънӣ  мебардоштам. Аз «Материалҳо оид ба машғулиятҳои амали журналистика»  сар  карда, то «Рӯзномаро донистан мехоҳам», «Соли Набиев», «Рисолаи давлат», «Мулк бесиёсат пойдор намонад», «Асноди сулҳ», «Сулҳнома», «Тоҷикон» ва чанд китоби  дигар, ки дардхӯри  ҷомеа  ва  ҳамагон  аст, мехондаму ҳаловат мебарам. Махсусан, асари «Тоҷикон» барои худогоҳӣ ва ҳисси миллӣ пайдо кардани ҳар як тоҷик мусоидат мекунад. Муаллим дар барқарор кардани сулҳ дар кишвар низ нақши бориз доранд. Барои мисол метавон аз таъсиси барномаи «Хоки Ватан» зикр кард. Яке аз ташаббускорони ин барнома муаллим буд. Барномаи «Хоки Ватан» барои ба Ватан баргаштани фирориёни тоҷик нақши хеле муҳим бозид. Аммо бо вуҷуди ин ҳама муаллим асло худашонро таъриф намекарданд…

 …Ҳар гоҳ, ки бо ӯ вохӯрам, бо чеҳраи нуронию мӯйҳои печидаи сафедаш бо меҳр  менигараму  мегӯям.

- Салом  муаллим.

-Салом… Шодам, аз корҳоят…, -мегӯяд ӯ бо табассум.

Ӯ олим, донишманд ва нависанда аст. Вале барои  ман, ҳануз ҳам муаллим аст. Шодам,  ки  чунин  муаллим дорам. Ва ҳам аз он ифтихор мекунам, ки муаллим  маро  дар қатори шогирдони  худ мебинад…

Шаҳобиддини Ҳақназар

Хонданд 121
Усмонов-роҳнамои дирӯзу имрӯз

Иброҳим Усмонов нахуст ҳамчун инсони комил дар дилу дидаи наздикону атрофиён ҷо гирифтааст. Ӯ донишмандест, ки муваффақона аз аввалин қадамҳо дар роҳи илму эҷод пойдевори ин камолотро гузоштааст. 

Устодро аз оғози солҳои навадуми асри гузашта инҷониб мешиносам. Аксар вақт, аз нигоҳи мусбӣ дар бораи касе ҳамчун ихлоснома чизе менависанд, табиист, ки он бештар ба як таърифнома табдил меёбад. Аз ин ҷиҳат, кушиш мекунам, ки чанд ҷумлаи дар поён овардаам таъриф набошанд. Намехоҳам, ки тамаллуқе ба миён ояд ва ҳатто мубтадову хабари ҷумлаҳоро дар нисбати чанд сифати устод дар шакли танҳо боқӣ мегузорам. Устод ниёз ба таъриф надорад ва аз рӯи таҷрибаи шогирдиву ҳамкориам медонам, ки ӯ тавсифро дӯст ҳам намедорад. Дар зер дар бораи воқеият ва сифатҳои устод чанд нуқтаи умумиро қайд кардан мехоҳам.

Устод Иброҳим Усмонов донишманди тавоност. Дар ҳама шохаву пайроҳа устод кони маъниву маълумоту дониш аст. Дирӯзу имрӯз болотару ҷолибтар аз устод касе дарси журналистикаро гузашта натавонистааст. Журналистикаи ватаниву хориҷиро медонад ва аз нозукиҳои эҷоди публитсистиву адабӣ воқиф мебошад. Ҳам дар телевизион ва ҳам дар матбуот собиқаи корӣ дорад. Дар донишгоҳ то ба дараҷаи доктори илм расида, тамоми шоҳроҳу пайроҳаҳои журналистикаи тоҷикро барои дигарон маълуму суфта сохтааст. Баробари ӯ касе дар риштаи журналистикаву публитсистикаи тоҷик асару мақолаҳо иншо накардааст ва аз нигоҳи арзишу манзалат низ ҳар намунаи эҷодаш ҷойгоҳи худро соҳиб аст. Устодест, ки вақти дарсии ӯ ноайёну номаълум сипарӣ мешавад. Пурмазмунтарин лексияҳоро пешниҳоди шогирдон менамояд. Шогирд аз дарси ӯ хаставу гурезон нест ва аз дарси устод навиштану гуфтанро омӯхта метавонад. Устодест, ки нутқи равонаш хеле осон ба матни китоб табдил ёфта метавонад.

 Аз устод ман журналистикаро омӯхтам. Сабки публитсистии устодро пазируфтаву меписандам. Устод дар қуллаи баланди таълими журналистика ҷои худро ёфтааст. Устодон дар системаи таълими ин фан кам набуданду нестанд, аммо таҷрибаву усули тадриси устод барои ҳама устодон омӯзанда аст. Боҷуръатона мегӯям, ки ҳам амалия ва ҳам назарияи журналистикаро то ба ҳол ба сатҳи устод касе фатҳ карда натавонистаст. Ҳама ҷанбаҳои соҳаро беш аз ҳамаву пеш аз ҳама воқиф аст.

Устод беҳтарин тарбиятгар дар олами устодиву шогирдӣ мебошад. Азбаски шахсияти закиву донишманд аст, табиист, ки рафтору гуфтору пиндораш барои ҳамагон омӯзандаву ибратбахш мебошад. Шеваи ба аудиторияи донишҷӯӣ ворид шудану берун шуданаш худ дарси тарбия аст. Қоидаи саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳоро аз устод омӯхтан мумкин аст. Устод аҳли кибр намебошад ва ба ҳар як донишҷӯ дар доираи одоби хос муносибат менамояд. Медонам, ки устод медонад, ки аз ғайбату бадгӯи ҳеҷ суд нест. Даҳҳо луқма партоед ҳам, устод тамкину таҳаммули шоиста дорад. Бадгӯиву бадҷӯиву бадгумониро бад мебинад. Бокеву биме аз таҳдиду бадгӯии касе надорад. Хандаи оҳиставу пурмаънӣ ҷавобу вокуниши ҳамешагии устод ба ҳисоб меравад. Сифати ҳар нафарро дар ҳузуру ғоибаш тавре менамояд, ки муҷиби роҳи ҳалли мушкилҳову баҳсҳои тира мегардад. 

Иброҳим Усмонов ватандӯсти фаъолу садоқатманд аст. Ватандӯстии ӯ тавасссути алфози хушку холӣ сурат намегирад. Ман мегӯям, ки агар ватандӯстии Иброҳим Усмоновро фаҳмидан хоҳед, эҷоди ӯву таҳқиқи ӯро хонед. Ҳамагуна ҳаракату аъмоли муқобили миллату ватанро намеписандад. Тӯли қариб сӣ соле, ки устодро мешиносам, надидаам ва нашунидаам, ки дар доираи худшиносиву ватандӯстӣ ба шогирдеву пайрави худ берун аз меҳри ватан чизе гуфта бошад. Ободиву шукуфоии ватану миллатро васф менамояду дигаронро ба ин роҳ даъват менамояд. 

Яке аз аввалинҳоест, ки дар «замони нав» ҳимоятгари вожаи тоҷику халқи тоҷик гардидааст. Устод бо комменту луқмапартоӣ дар шабакаи иҷтимоӣ не, балки бо китобҳову асарҳояш аз тоҷику Тоҷикистон ҳимоят менамояд. Дар ин роҳ наққошест, ки асарҳои алоҳидаи ӯ солиёни тӯлонӣ қадимиву аҷдоддор будани тоҷиконро ба нотавонбинону мункирон собит менамояд. Иброҳим Усмонов намехоҳад, ки аҷнабиеву нохалафе ба рӯи хидматҳои бузурги Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров хати батлон кашад. 

Устод Иброҳи Усмонов адиби публитсистест, ки танҳо барои имрӯз наменависад. Таъриху адабиётро хеле нозукона ба ҳам омезиш медиҳад. Усули пешниҳоди устод дар роҳи дарки матлабу ҳадаф ҳамеша омӯзанда мебошад. Дар бораи ихтилофи нооромиҳо, ҷангу сулҳ ва дигар дастовардҳои тоҷикон тавре менависаду мегӯяд, ки кам касон аз ӯҳдаи он мебароянд. Чун яке аз муҳаққиқону таълимдиҳандагони публитсистика ҷанбаҳои илмиву фалсафиву адабии публитсистикаро огаҳ аст ва ин аст, ки навиштаҳояш аз чанд сарчашма об мехӯранд. Навиштаҳояш бо ин ҷиҳатҳо хусусияти мондагорӣ пайдо кардаанд. Устод Иброҳим Усмонов дар олами эҷод чеҳраофари нотакрор аст. Ҳар дафъае,  ки китоби «Мо чилсола шудем»-ро мехонам, аҳсан ба устод мегӯям, ки чунин сабку услуби хосу хотирмон дорад. Дар корхонаи эҷодии ӯ чеҳрасозӣ бо сабку услубе сурат мегирад, ки ин танҳо хоси ӯст. Сухани печидаву дуру дароз надорад. Ҳама чизро дар сурати худаш бо пешниҳоди мақбул муаррифӣ карда метавонад. Яке аз очеркнависонест, ки қаҳрамонаш дар ёду хотири хонанда то дер боз боқӣ мемонад.

Устод сиёсатшиносу коршиноси муваффақи сиёсӣ мебошад. Ҳама зинаҳоро дидааст. Садри яке аз факултаҳои номдори донишгоҳро ба ӯҳда дошт, ки аз он даргоҳ сиёсатмадорон ба арсаҳо равона мегаштанд. Вакили халқ дар Шӯрои Олӣ буд. Роҳбарии  Кумитаи радиову телевизионро ба ӯҳда дошт. Бо Роҳбари давлат кор кардааст. Дар КОМ яке аз иштирокчиёни доимӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамаи инҳо майдонҳое буданд, ки ба устод малакаву донишҳо бахшидаанд. Сиёсат ва идеологияи сиёсиро амиқан дарк менамояд. Сабақҳои таърихиро омили пешрафти имрӯзаи Тоҷикистон медонад.Мухолифату низоъҳои шаҳрвандиро, ки ҳамчун як раванди таҳмилӣ диёри моро ба майдони ҷангу хун табдил дода буд, маҳкум менамояд. Вассофи  сулҳу сафои диёри тоҷикон аст. Маҳз ӯ дақиқкоронаву воқеъбинонаву мушаххас баён кардааст, ки тасмими ёфтани роҳҳои сулҳу ваҳдати миллати тоҷик аз Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтааст. Ба амалҳои сулҳдӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд медиҳад. 

Устод зиёиест ба маънии томаш. Гуфтораш ҳам дар доираи хона ва ҳам дар минбару иҷтимоъ ҳатман рабти амиқ ба зиёӣ будани ӯ дорад. Либоспӯшӣ, сӯҳбат, муносибат, аксуламал ва амсоли он даҳҳо сифатҳое, ки доранд, мутафовуту ибратбахшанд. Дар куҷо чӣ гуфтану чӣ гуна муносибат намуданашро хеле хуб медонад. Ҳеҷ гоҳ ба муқобили маҷрое намеравад, ки дар он манфитаи халқу ҷомеа вуҷуд дошта бошад. Устод ҳеҷ гоҳ зархариди хоҷаҳо нашудааст ва имрӯз аз он мегӯяд, ки иддае мафтуни молу зар мешаванду муқобили миллат санг мезананд. Ҳеҷ гоҳ намехоҳад, ки ҳарисеву роҳгумкардае муқобили миллати кӯҳанбунёд сухан гӯяду мавҷудияти таърихии онро инкор намояд. Ҳамчун як зиёии фаъол дар масъалаи худшиносиҳои миллӣ ҳеҷ гоҳ дар канор нест. Ин садо аз қаъри маъниҳои даҳҳо китобу садҳо мақолаҳои устод бармеояд. 

Як ифтихору имконоти ман дар мавриди қаробат бо устод он аст, ки мо ҳамсоя мебошем. Ҳарчанд дар ҳавлӣ иқомати камтар дошта бошанд ҳам, гоҳ-гоҳ имкон мешавад, ки он касро дар маҳаллаи худамон бинам. Ин ҳамсоягӣ боис гашт, ки ман то ҳадде аз муҳити оилаи он кас огаҳ шавам. Нону намакашонро чашидаам ва гуфтору муҳаббату самимияти фазои хонаи он кас маро ба ваҷд меоварад. Ҳамсари ниҳоят меҳрубону бофаросат доранд. Гоҳе барои ягон коре ба ҳавлии устод равам, он касро чун модари мушфиқу дилогоҳ дармеёбам. Орому малеҳу дилсӯзона сӯҳбат намуда, орзуманди зиндагии шоистаи фарзандону наздикон мебошад. Ба мисоли фарзандони худ ба шогирдони устод муносибат менамояд ва меҳру шафқати ин модари меҳрубон фаромӯшношуданист. Бо ду нафар писарони устод – Фуруғу Фирдавс сӯҳбатҳои бештар кардаам. Тарбиятдидаву бомаданият мебошанд ва дар симои онҳо рафтору хулқи падарашонро дар ҷило мебинам. Ақлу заковату фаросати мақбул дар ин хонадон салтанат дорад. 

Устод хислати аҷибу пурасрор доранд. Агар як шохаи хурдакаки ниҳолеро буриданӣ шаванд, ҳатман чанд нафарро ба ҳашар даъват менамоянд. Маслиҳат мепурсанд ва ботавозӯъ бо он маслиҳатҳо дар оростану тартиби боғчаи хонаашон иқдом мекунад. Чанд ниҳолу бутаи гулҳоро худашон шинонда, ифтихормандона мегӯянд, ки инҳо маҳсули дастонашон мебошанд. «Ман»-и устодро танҳо дар ҳамин ҷабҳа дидаам.  

Одатан одамони оқилу доно зарофатгӯву латифтабъ мебошанд. Устод Усмонов аз ҷумлаи онҳост. Ҳар як ҷумлаи он кас дар таколуму баён саршори лутфу зарофатанд. Зарофати он кас ҳеҷ гоҳ пуртамасхуру сӯзон нест, балки саршори муҳаббатанд. Зарофатҳои устод ҳикматдору тарбиябахш мебошанд. Суханони пурлутфи устод андешазост. Ҳар як ҷумлаи устод барои мо пурқимату таъсирбахш аст.

 Устод Иброҳим Усмонов инсони комил ва донишманди тавоное мебошад, ки хираду донишашон роҳнамои шогирдону пайравонашон ба ҳисоб меравад. Дар ҷомеа хидматҳои сазоворро ба ҷо овардаанд. Бошад, ки ин хидматҳо давомдор бошанд ва садсолагии ин фарди донишманду бохирадро бо ҳам бинем.

Бахтиёри Қутбиддин, 

устоди ДМТ

Хонданд 90

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.