.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Фарҳанг

Овози фораму ҷонбахши ӯ, суруди дилнишину диловези ӯро мешунавему масти ҳунари баланди ӯ, масти санъати волои ӯ мегардем. Ӯ суруд мехонаду моро ба олами софу беғубор, ба олами муҳаббатбор, ба олами зебоӣ мебарад. Сурудҳои ӯ ба мо дарди дунёи рангину дилнишин, дарди олами ишқу муҳаббат, дарди олами одамгариву худшиносиро мекушоянд. Ба олами зебои ҳунари ӯ ворид мешавему овои ниёгонро мешунавем, садои қалби ошиқонро эҳсос мекунем, садои чашмасорон, садои рӯди куҳистон ва навои обшоронро мешунавему дил мешукуфад, дил мехурушад, дил мегиряд. Ин гуфтаҳои саршор аз меҳру самимият ва ин матлаби навбатӣ рабт ба ҳунарманди мумтози мо-Муродбек Насриддинов дорад. 

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муродбек Насриддинов 3-юми октябри соли 1951 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Ҳанӯз тифл буд, ки меҳри санъати овозхонӣ дар дилаш шуъла мезад. Аз ҷониби дигар падараш, ки санъатдӯст буд ин ҳама ба илҳоми сарояндагии Муродбек шира афзуд. Бобои ин машшоқи санъат Муродбек ном дошт ва сароянда ё худ дуторнавози моҳир низ буд. Ана ин аст сарчашмаи дигари илҳоми Муродбек Насриддинов. Як сарчашмаи дигари табъи зариф ва латифи Муродбек ҳамон такбайтиву рубоиҳои хоси мардуми Мастоҳ аст. Зимнан, бояд қайд кард, ки дар водии Зарафшон махсусан дар Мастчоҳ, дуторнавозиву байту рубоисароӣ аз ҳолу ҳавои вижае бархӯрдор аст. Такбайтиҳо (фардҳо) бештар байти аввали рубоиро мемонанд ва мардум аз он дар базму мотам, сари хирманҳо, сари куҳҳо, сари чашмаҳо, роҳҳои печопечи гарданаҳо, дар танҳоӣ ва миёни маъракаҳо фаровон мегӯянду медонанду мехонанд ва Муродбек ҳам аз ин маҳфилҳои мардумӣ сабақ омӯхтаву ганҷи ҳунар андӯхтааст. Муродбек дар баробари сарояндагӣ фарди босавод будааст.
Соли 1968, баъди хатми мактаби миёна се сол муаллими синфҳои ибтидоӣ шуда кор кардааст. Ӯ мегуяд агар дар дили инсон меҳри санъат мавҷуд бошад, ӯ ҳатман ба дараҷаи ниҳоии ин касб мерасад, аммо роҳи санъат заҳмату меҳнати зиёдро талаб мекунад. Бинобар ин, ӯ ба касби сарояндагиаш эътимоди қавӣ, ки дошт дигар илмҳоро низ аз худ кардан мехост. Бо ин мақсад, соли 1971 дар шуъбаи рӯзонаи факултаи табиатшиносӣ бо ихтисоси географ-биолог таҳсил кард. Ин илмҳоро ҳам омӯхт. Ҳамзамон дар чорабиниву маҳфилҳои гуногун иштирок намуда, сурудхонӣ мекард. Соли 1974 дар фестивал-озмуни «Бӯстон», бахшида ба 50-солагии ҶШС Тоҷикистон штирок карда, соҳиби 10 хол гардид. Пас аз ин, дилаш ӯро нагузошт, ки дар дигар соҳа фаъолият кунад. Аз ин хотир, аз соли 1976 баъди хатми донишгоҳ бо роҳхат ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор омад. То соли 2014, яъне 38 сол дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор намуд. Дар ин боргоҳи ҳунар аз устодони санъат Зафар Нозимов ва Ҷӯрабек Муродов бисёр нозукиҳои мусиқии касбиро омӯхт ва бо мурури замон худ соҳиби сабки хос ва мактаби хеш гардид. Акнун ӯ устоди мумтози санъат аст. Чунки мусиқии касбии тоҷикро омӯхт, ташаккул дод ва пос дошт. Чуноне, ки худ мегӯяд: «Мусиқӣ пок аст, ин илҳоми Худовандист ва бояд мо онро пок нигоҳ дорем». Ана ҳамин садоқатмандӣ буд, ки ӯро ба ин сатҳи устодӣ расонид.
Аз оҳангҳои эҷодкардаи ӯ ба мисли: «Ин кист?», «Хумореву хуморе» (ғазали Мавлавӣ), «Мо донему дӯст» (ғ. Камол), «Эй шоҳиди қудсӣ», «Эй хусрави хубон» (шеъри Ҳофиз), «Мезанад борон ба шиша», «Санаме» (ш. Лоиқ), «Дилбараки шӯх» (ш. Ваҳобӣ) ва чанд тани дигар барномаи таронаҳои Муродбекро рангину дилнишин ва шуниданӣ сохтаанд.
Ин дилбохтаи санъат дар тӯли фаъолияти босамари хеш, зиёда аз сад тарона офаридааст, таронаҳои рангоранг ва гаронсанг. Ҳамкории эҷодиаш бо устод Лоиқ, Гулназар, Олимхон, ва ғ. сурат гирифтааст.
Тоҷикистон фарҳанги мусиқии бой дорад. Яке аз паҳлуҳои муҳими эҷодиёти Муродбек Насриддинов ҳам дар он аст, ки ӯ сурудҳои фолклорӣ яъне, намудҳои гуногуни рубоиҳои мардуми Мастчоҳро зинда гардонид, эҳё кард, ташаккул дод ва на танҳо дар Тоҷикистон, балки ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муродбек Насриддинов бо кулбори пур аз суруду таронаҳояш, ба бисёр давлатҳои дунё амсоли Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Яман, Ироқ, Голландия, Франсия, Япония ва ғ. сафари ҳунарӣ намуда, ганҷинаҳои фолклори тоҷикро муаррифӣ намудааст.
Муродбек Насриддинов барои хизматҳои шоистааш дар рушди мусиқии тоҷик соли 1988 ба унвони Ҳунарманди хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон ва соли 1998 бо унвони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.
Шиораш то вопасин нафас барои мардум суруди хуб таҳия кардану сурудан аст.

Ҳасан НУРМАТЗОДА, аспиранти Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИҶТ

Хонданд 1175

Ё чаро то ҳол бархе аз ғалатҳо ислоҳ намешаванд?

Мусаллам аст, ки баъд аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба забони тоҷикӣ зиёд гардид. Он ғалату иштибоҳе, ки содир мешуданд, тадриҷан ислоҳ мешаванд. Қаламкашон кӯшиш мекунанд, ки дар навиштаҷоти худ ба ғалат роҳ надиҳанд. Барои ислоҳи ин ғалатҳо аксари донишмандони дилсӯзи мо саҳм гузоштаанд. Аз ҷумла, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, профессорон Мукаррама Қосимова, Баҳриддин Камолиддинов ва ғ. бо асарҳои машҳурашон «Ҳар суханн ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад», «Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан» ва «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» ва ғайра дар пешбурди маданияти сухан нақши муҳим бозидаанд. Дар китобҳои мазкур баъзе аз ғалатҳо зикр ёфтаанд, вале мутаассифона боз чунин ғалатҳоро такрор мекунем. Нақши Воситаҳои ахбори омма, хусусан телевизион дар пешрафти маданияти сухани мардум назаррас аст. Тасмим гирифтем, ки баъзе аз ғалатҳое, ки аз ҷониби ВАО дар гуфтору навиштор мушоҳида мешавад, ишора кунем.
Ибораи «баромад кардан»-вожаи баромад дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои «берун шудан», «хориҷ шудан» омадааст. Масалан, «фалонӣ аз хонааш баромад» дар ин ҷо феъли «баромад» феъли замони гузаштаи шахси сеюми шумораи танҳоро ифода мекунад. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» шарҳи он зикр ёфтааст. Ин тавзеҳот ба ҳам хеле наздиканд. Дар забони адабии имрӯзаи мо ин калима маънои дигар пайдо намудааст. Ба маънии «сухан кардан», «ҳунарнамоӣ кардан», «қувваозмоӣ кардан». Масалан, «Фалонӣ дар телевизион хуб баромад кард», «ҳозир баромади гуруҳи «Зебо»-ро тамошо мекунем», «дар ин мусобиқа варзишгарони мо хуб баромад карданд» ва ғайра калимаи баромадро дар ин мавридҳо бисёр истифода мебаранд, ки ғалат аст. Дар ин маврид мардуми Эрону Афғонистон дар шакли «сухан кардан», «суханронӣ кардан», «ҳунарнамоӣ кардан», «қувваозмоӣ кардан» истифода мебаранд, ки зебо ва ба маврид аст. Хуб мешуд, ки чунин вожаву ибораҳоро мисли онҳо истифода мебурдем.
«Бурдборӣ»-ин вожа низ нодуруст истифода мешавад. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ин вожа чунин шарҳу тавзеҳ ёфтааст: сабру таҳаммул, тоқат, яъне дар ҳолатҳои душвор, вазнин, мушкил, барои дилбардорӣ кардан истифода мешавад. Вале, имрӯзҳо ин вожаро дар ҳолатҳои хурсандӣ, руҳбаландӣ дар тӯйи арӯсиву домодӣ ва ҳатто дар ВАО баъзе аз соҳибзабононамон нодуруст истифода мебаранд. Ба ҷойи ин вожа калимаҳои комёбӣ, хушбахтӣ ё пирӯзиро истифода кунем дурусттар аст.
«Ҳусни хат»-қариб ҳамаи мо мегуем, ки «фалонӣ ҳусни хати зебо дорад». Ҳусн маънои зебоиро дорад, агар хати фалонӣ зебо гуем беҳтар аст.
Ибораи «Раҳмати калон», дар мавриди ғалат будани ин ибора борҳо нигоштаанд, вале мутаассифона, то кунун ибораи мазкур нодуруст истифода бурда мешавад. Ибораи мазкур аз забони русӣ ҳамон «большой спасибо» аст. Вожаи «Раҳмат» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба ду маънӣомадааст: 1. Меҳрубонӣ, шавқат, ғамхорӣ, дилсӯзӣ, раҳмат кардан, меҳрубонӣ кардан. 2. Бахшоиш кардан, авф, омӯзиш аз тарафи Худо. Вожаи мазкур дар «Ғиёсу-ул-луғот» чунин омадааст: Раҳмат-раҳмон ба маънои бахшанда ба ҷуз аз зоти Ҳақтааллоҳ бар дигаре раво нест. Бояд зикр намуд, ки ҳатто вақти номгузорӣ халқи оммӣ ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Дар як маърака доир ба номгузорӣ баҳсу мунозираи зиёд шуд, нафаре бо ифтихор гуфт, ки падару модараш ба ӯ номи хуби мусалмонӣ гузоштаанд, яъне Химоруллоҳ. Ҳар нафаре, ки забони арабиро медонад, огоҳ аст, ки химор маркаб ва ё ин ки хар мешавад. Яъне Хари Худо. Надонистани забон моро ба чунин ғалат навиштану ғалат ном гузоштан мебарад. Дар охирон суҳбате, ки бо марҳум академик Муҳаммадҷон Шакурӣ доштам, гуфта буд, ки дар мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ қоидаро меомузанду халос. Хуб мешуд, ки ба омӯзиши забон машғул мешудем. Зеро, аксари олимону донишмандон, бе ғалат сухан кардаву навишта наметавонанд. Барои покиза нигоҳ доштани забони модариамон бояд ҳар як нафари мо саҳмгузор бошему онро посу гиромӣ дорем. Як эронӣ ва ё афғоне, ки дар Амрико ва ё Аврупо таваллуд шудаву ҳеҷ гоҳ ватани худро надида, чунон бо забони модариаш сухан мекунад, ки кас дар ҳайрат мемонад, вале дар мо бошад, олимону профессорону академикҳо дуруст сухан гуфта наметавонанд, беғалат навишта наметавонанд.

Азимҷон Бадалов

Хонданд 470

Муаллим будан ифтихор аст?!

Окт 14, 2017
Хонданд: 1689

Бо як омӯзгор дар роҳ будем. Аз пешамон ҷавонписари ҳамдеҳа баромад ва баъди аҳволпурсӣ аз рафиқам пурсон шуд, ки «ҳа, бародар, меган маълим шудӣ?... А бача, ягон кор наёфти чӣ? Панҷ соли хондагит куҷо шуд?». Рафиқам бо чунин ҷавоби сазовор посух гуфт: «Кор буд, аммо хостам ба мактаб омада, фарзанди туро ва ҳамингунаҳоро дуруст тарбият кунам». Бо гузашти вақт хулоса кардам, ҳамон ҷавон, ки устои мошин буд, сад дар сад рост гуфтааст.

Фикр мекунам, ки бархеҳо аз бекорӣ омӯзгор мешаванд. (Муаллими деҳаро дар назар дорам). Шояд не гӯед, аммо худ ба худ фикр кунед, ки бо доштани чаҳор - панҷ фарзанд ва маоши то 1000 сомонӣ имкони зистан ҳаст? Албатта не! Боз омӯзгоронеро медонам, ки чорсад ё панҷсад сомонӣ маош мегиранд. Акнун фикр кунед, ки дигар ягон манбаи даромад нест ва омӯзгор бояд бо дасту дили гарм фаъолият кунаду ифтихор. Ифтихор аз чӣ? Аз шими се андоза калонтар, ё аз куртаву галстуке, ки барориши солҳои панҷоҳум аст? Ё шояд аз пойафзоли панҷ маротиба дӯхташудаву боз сӯрох? Ё аз он, ки чил сол ба фарзанди мардум дарс гуфтаасту худ ба чизе нарасидааст? 

Омӯзгор танҳо аз як чиз метавонад ифтихор кунад, аз он, ки бузургон дар васфи омӯзгор бисёр орифонаву зебо шеъру сухан аз дил бурун овардаанд, ки ба ӯ низ дахл дорад. Бихонаду ифтихор кунад, аммо бо чашми пур аз ашк, зеро ин гуфтаҳо танҳо рӯи коғаз аст.
Оид ба омӯзгорони тасодуфӣ намехоҳам зиёд сухан гӯям, зеро ингунаҳо дар ҳама соҳаҳо зиёд шуда истодаанд. Албатта, тасодуфиҳо қадри касбро коста мекунанд, аммо илоҷи дигар нест. «Гӯшт бе устухон намешавад» мегӯянд.
Кафолат медиҳам, агар миёни наврасону ҷавонон пурсише бо ин суол гузаронед, ки «кӣ мехоҳад оянда омӯзгор шуда, ба деҳаи худ равад?», аз сад нафар шояд ду кас «ман» гӯяд. Зеро омӯзгореро дар хонаи шогирдаш бо тани пур аз хоку лой дидаанд, ки чун мардикор кор карда истодааст… Шогирде, ки замоне ба ӯ омӯзгор дарс гуфта, шояд, гӯшашро тоб дода буд, хӯҷаин асту собиқ муаллимашро фармон медиҳад…
Эҳҳҳҳ, бечора муаллим! Ту бояд садрнишин бошӣ, на ин ки подаи говонро ҳай карда, ба хотири 100 сомонӣ ба саҳро равӣ ва рӯз то бегоҳ аз паси говон «бош» гуфта, ба чаҳор тараф давӣ. Ту бояд ба шогирдон аз навгонии замона сухан гӯиву мисолҳои воқеӣ биёрӣ, аммо зиндагӣ туро маҷбур кардааст, ки ба молбозор равию миёни харидору фурӯшанда «далол» бошӣ. Дар бозор мебинамат, ки картошкаву пиёз ё меваҷот аз ҷое арзонтар, шояд, аз кадом шогирдат мехариву дар ҷои дигар зери офтоби гарми тобистон ё сардии зимистон мефурӯшӣ. Мебинамат дар роҳ, бо мошини шикаставу рехтаат мусофир мекашонӣ ва болои мошинат навиштаи «такси» гузошта шудааст. Аниқ, дар мошинат шогирдоне низ менишинанд, ки замоне онҳоро барои доштани ахлоқи нохуб ё кадом камбудие танбеҳ дода будӣ, аммо имрӯз ба пули онҳо муҳтоҷ шудаӣ. Маҷбур мешавӣ, ки аз фурӯшандаи бозор ё мағозаҳои деҳа қарз гирӣ, ки шояд кадоме аз онҳо собиқ ё ҳозира шогирдат бошад. Бисёр дарднок аст, вақте ба талабаи худ мегӯӣ: «Ҷӯра, пул надорам, фалон чизро деҳ ва ҷое навис, охири моҳ ҳисобӣ мекунам»…
Эҳҳҳҳҳ, омӯзгор! Даҳ-бист сол кор кардӣ ва интизор будӣ, ки соҳиби хонаву дар ва зиндагии шоиста мешавӣ, метавонӣ фарзандонатро дар донишгоҳҳои бонуфуз дохил кунӣ, аммо билохира натавонистӣ. Чаро? Медонам, вақте донишгоҳро хатм кардӣ, ғурури омӯзгор будан вуҷудатро фарогир буд ва омадӣ ба мактаб, аммо бо оиладор шудану бузургсол шудани фарзандон маҷбур гаштӣ ба ҳар кори дигар даст бизанӣ!
Муаллим! Дигар намехоҳам аз мушкилоти рӯзгорат ҳарф гӯям, зеро дили озурдаатро боз меозорам, дили ранҷуратро ранҷуртар мекунам. Ту бузургӣ! Сазовори он ҳастӣ, ки ба номат ҳайкал бигузоранд. Ҳарчанд медонам, ки аз гузоштани ҳайкал бароят суде нест. Ранҷур мабош, ки гузашти вақт қадри туро заиф кардаву ба инсони нодор табдилат додааст. Медонам, ончунон ба касбат муҳаббат дорӣ, ки дигар намехоҳӣ таркаш кунӣ. Пас, омӯзгор бош! Омӯзгоре, ки бо як тика нон дигаронро тадрис медиҳад. Бигузор донанд, ки:
Муаллимӣ ҳама ишқ асту сӯхтан,
Онро, ки ишқ нест, магӯ к-он муаллим аст.
Муаллим! Рӯзу ҳафтаву моҳу солат бобарору ҷайбат пур аз пул ва лабонат сертабассум бод!

Исфандиёр НОСИРОВ

Хонданд 1689

Қадами нахустин

Окт 09, 2017
Хонданд: 537

Садои форам, ширин, вале марғуладори Борбад ба гӯш мерасаду инсонро ба олами ишқу муҳаббат ва инсондӯстӣ ҳидоят менамояд, чунки эҷодиёти ин ҳофизи ҷавон пур аз маънист. Метавон ӯро Борбади сонӣ ном ниҳод, чунки садояш лоиқ ба ин гуфтаҳост.

Борбади Бадалиён 16-уми июни соли 1990 дар деҳаи зебоманзари Ревади ноҳияи Айнӣ дар оилаи омӯзгор чашм ба олами ҳастӣ кушод. Гарчанде дар авлоди ин ҷавон соҳибзавқ санъаткор набуд, аммо дар ибтидо аллаи махмалини модар, садои булбулон, навои чашмасорони куҳистон устодони нахустини ин ошиқи санъат ҳастанд. Баъд аз хатми мактаби миёна соли 2008 ба шуъбаи овозхони анъанавии Кансерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов дохил шуд. Дар қадамҳои нахустин ба ӯ корманди ансамбли «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон Рустами Одинабой нозукиҳои санъати овозхониро нишон медод.

Дар раванди таҳсил дар консерватория аз омӯзгорони ин боргоҳи таълиму тарбия Муътабар Муъминова, Насиба Амонбоева, Фурқат Саидов нозукиҳои санъати касбӣ, аз ҷумла якчанд шохаҳои «Шашмақом»-ро аз худ намуд. Баъд аз хатми консерватория ба ансамбли шашмақомхонони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба кор ҷалб карда шуд ва то ҳол дар ин ансамбл фаъолият дорад. То ҳол зиёда аз 20 суруд сабт намудааст, ки 15 сурудашро худаш бо кӯмаки Хосияти Зарафшонӣ ва бастакори ҷавон Қобил Шарипов эҷод кардааст.

Аз шоирон К. Хуҷандӣ («Офтоб»), Саъдӣ Шерозӣ («Ёрони ҳамдам»), Лоиқ («Ошиқ шудам») сурудҳо сароида, бо шоирони имрӯз - Озарахш, Озари Ориф, Махсум Олимӣ, Абдулло Қодирӣ, Саид Ризо, Бузургмеҳри Тоҷидин, Иброҳими Мирмуҳаммед ҳамкории қавӣ дорад.

Барномаи консертии «Базми ману ҷавонӣ» нахустин қадами санъаткор ба саҳнаи мустақил аст. Яъне ин нахустин имтиҳонест, ки аз ҷониби мухлисонаш пазироӣ ва баҳо дода мешавад. Барномаи консертӣ санаи 10-уми октябр дар толори консертии Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад. Албатта, дар ин консерт ӯро Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ки яке аз наздиктарин устодонаш мебошад, ҳамроҳӣ менамояд ва барои инкишофи минбаъда дасти дуо медиҳад.

Ҳасан Нурматзода

Хонданд 537

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.