.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Фарҳанг

Аз оғози пайдоиш то ба имрӯз инсоният ба бисёр кашфиёту ихтироот даст ёфтааст. Дар ин баробар ба нокомиҳову талхрӯзгорӣ ҳам рӯ ба рӯ гаштаву онро аз сар гузаронидааст. Зиндагии инсонҳо ду рукни асосиро ташкил медиҳад, ки онро моддӣ ва маънавӣ унвон медиҳанд. Он агарчи дар моддиёт дастовардҳои бузург овард, вале дақиқан то ҳол ба умқи кашфи маънавиёт нарасидааст.

Бузургворе дар ҷашни яксолагии фарзандаш ба ӯ мегӯяд: «Фарзандам! Як баҳору як тобистон, як тирамоҳу як зимистонро дидӣ! Аз ин пас, ҳама чизи ҷаҳон такрорист, ба ҷуз меҳрубонӣ…!». Бале, ҳақ ба ҷониби он бузургвор аст, ки борикбинона ҷамъи зиндагиномаи одамиятро дар ду ҷумла изҳор доштааст. Мақсад аз овардани андарз ин аст, ки дар гузашта аҷдодони мо - тоҷикон ҷашне доштанд, муҳаббат, меҳрубонӣ, садоқат, дӯстдорӣ, адлу дод, арҷ гузоштан ба Модар-Заминро бо як вожа ифода намуданд: «Меҳргон». Аз назари илми решашиносӣ ва пайдоши вожаи Меҳргон дар оғоз мехоҳем ба хонандагони арҷманд маълумоти мухтасаре пешкаш намоем.
Тибқи маълумоти луғатномаҳои сарчашмавӣ вожаи меҳргон аз ду ҷузъ иборат аст: «меҳр» - муҳаббат, самимият, дӯстӣ ва «гон» - асос бар нисбат, яъне ба чизе марбут будан. «Гон» одатан дар охири исми рӯз ва моҳи солшумории хуршедӣ (шамсӣ) меояд. Ба ин маъно, ки мардуми эронитабор агар ҳар гоҳ номи моҳ бо номи рӯзи солшумориашон (хуршедӣ, шамсӣ) мувофиқ ояд, он рӯзро пасванди «гон» гузошта, онро ҷашн мегирифтанд. Барои мисол, метавон аз рӯзҳое ёд намуд, ки охирашон пасванди «гон» доштанд, ки мардум онҳоро бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн мегирифтанд: обонгон, обрезгон, хурдодгон, фарвардгон, тиргон, меҳргон ва ғайра, ки мардум эътимод бар онҳо доштанд. Абӯрайҳони Берунӣ низ зикр кардааст, ки «… ҳар моҳе он рӯз, ки ҳамномаш бошад, ӯро ҷашн доранд». Дар иртибот ба вожаи меҳргон, бояд таъкид намуд, ки ниёгони мо моҳро аз сӣ рӯз иборат дониста, ба ҳар кадом рӯзи моҳ номе гузошта буданд, ки инҳо номҳои Эзад ва фариштагон буданд. Аз ин лиҳоз, сарчашмаҳо вожаи меҳрро номи яке аз эзидон низ мегӯянд, ки он ёрирасон ва меҳрубон бар одамон будааст. «Меҳр», ки шакли аввалаи он «Митра» - номи яке аз бузургтарин эзидони ҳиндуэронӣ аст ва чаҳорсад сол пеш аз мелод дар сангнавиштаҳо ҳаккокӣ шудааст. Вожаи «Меҳр» дар китоби «Авасто» зикр шудааст ва дар ситоишаш низ суруде омадааст. Чунончи, дар «Меҳряшт»-и «Авасто» омадааст, Аҳура Маздо Меҳрро мисли худ мешуморад: «Аҳурамаздо ба Спитмон Зартушт гуфт: Эй Спитмон! Бад-он ҳангом ки ман Меҳри фарохчарогоҳро ҳастӣ бахшидам, ӯро дар шоистагии ситоиш ва барозандагии ниёиш, баробар бо худ, ки Аҳура Маздоям биофаридам». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дар замони бисёрэзидии оини зардуштӣ Меҳр мақому мартабаи баландро доро будааст ва мардум, махсус деҳқонон ва кишоварзон ба он муҳаббату меҳри беандоза доштаанд ва эҳтимол дар натиҷаи эътимод ва баргузидагии эзади Меҳр аз ҷониби мардум ҷашни Меҳргон офарида шуда бошад.
Аксарияти мо ин ҷашни инсону табиатро аз хотир бурдаем, вале имрӯзҳо мавзӯи асосии ҳарфамон аз бемеҳрии ҳамдигар ва нигаронӣ бар табиат аст. Вале бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргонро дар мақоми Наврӯз ва дигар ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ҷойгузин карданд ва ҳам дар тамоми манотиқи кишвар чандсолаҳо аст, ки ҷашн гирифта мешавад. Албатта, ин иқдомест, ки боз барои шинохти устураву таърихи гузаштаву осору ганҷинаҳои ниёгон ва ниҳоят шинохти миллӣ қадамест бузургу устувор. Ва ҳамчунин, муждаи дигар ин аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Меҳргонро ба мероси ғайримоддии умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод карда истодаанд. Барои ҳар яки мо ин ташаббуси Ҳукумати кишвар боиси сарфарозист ва ҳам лоиқи ситоиш аст, зеро хидмати шоистаест, ки бешак обруву нуфузи миллат дар ақсои олам боз ҳам баланд хоҳад гардид. Ин хидматест, ки арзиши таърихӣ дорад ва бе гумон, мояи ифтихори ояндагон ҳам ҳаст.
Барои хонанда аз хусусиятҳо, асолат ва пайдоиши ҷашни Меҳргон маълумоти мухтасар дар ин мақола овардаем, ки хонандаи хушзавқу боидрокро мутолиаи мақола таҳрик бидиҳад ва аз пайи ҷустуҷӯи маълумоти бештар биравад.

Меҳргон чи гуна ҷашн аст?
Бояд тазаккур дод, ки Ҷашни Меҳргон ба гунаи Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадима ва бостонии мардумони эронитабор маҳсуб меёбад ва байни ин ду ҷашни бузург пайванди ногусастание вуҷуд дорад. Роҷеъ ба пайдоиш ва чигунагии ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумотҳои зиёд омадааст. Аллома ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия»-и хеш дар хусуси ҷашни Меҳргон овардааст, ки «Меҳрмоҳ, рӯзи аввали он ҳурмуздрӯз аст. Ва рӯзи шонздаҳум рӯзи меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дуюм бошад. Ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мардум аст. Ва тафсири он дӯстии ҷон аст. Ва гӯянд, ки «Меҳр» номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, ин аст, ки ин рӯзро «Меҳргон» гӯянд. Далел бар ин гуфтор он аст, ки аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки сурати Офтоб дар ӯ буд, ба сар мегузоштанд. Ва Офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд. Ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад». Аз ин маълумоти додаи Берунӣ метавон бетардид гуфт, ки дар воқеъ Меҳргон ҷашни сирф мардумӣ аст, чун чанд нуктаи Берунӣ воқеан қобили таваҷҷуҳ аст, ки мегӯяд: «Ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мардум аст», «ва тафсири он дӯстии ҷон аст», «ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад». Ҳамин се ҷумла худ бузургӣ ва шукуҳу шаҳомати дар гузашта доштаи Меҳргонро бозгӯ мекунанд.
Абӯрайҳони Берунӣ пайдоиши ҷашни Меҳргонро ба подшоҳи Пешдодиён Фаридун нисбат медиҳад ва тазаккур медиҳад, ки, «мегӯянд, сабаб ин ки ин рӯзро эрониён бузург доштаанд, он аст, ки чун мардум шуниданд Фаридун хурӯҷ кардааст. Пас аз он, ки Кова бар Заҳҳоки Биюросб хурӯҷ намуда буду ӯро мағлуб ва нест карда буд. Ва мардумро ба Фаридун хонд. Кова касест, ки подшоҳони Эрон ба раъияти ӯ некӣ меҷустанд (бар илова, пас аз шоҳ Ҷамшеди Пешдодӣ салтанат аз дасти ин дудмони муборак рафта буд ва дунё дар зери тасарруфи Заҳҳоки бедодгар ва хунхор қарор гирифта, мардум аз зулму бедодии шоҳи золим ба дод омада буданд. Коваи шуҷоъ, ки ҳабдаҳ писарашро аз даст дода буд, барои интиқом мардуми бахтбаргаштаро гирди худ ҷамъ овард ва бар зидди Заҳҳок шӯриш кард ва дар он айём аз дудмони Пешдодиён Фаридун низ бархост ва ҳамдаст бо Кова тахту салтанати Заҳҳокро сарнагун сохтанд. Ва пайдоши «Дирафши ковиён» низ дар ҳамон замон аст, ки Кова худ оҳангаре буд ва пӯсти пешбанди хешро ба нуки асое баста, мардумро зери он дирафш ҷамъ оварда буд (З. С.).
Дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш Абулқосим Фирдавсӣ низ оғози ҷашни Меҳргонро ба нахустрӯзи ба тахт нишастани шоҳ Фаридун нисбат медиҳад. Чунончи, Фирдавсӣ мефармояд:
Замона беандуҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.
Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба ойини кай ҷашни нав сохтанд.
Нишастанд фарзонагон шодком,
Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом,
Майи равшану чеҳраи шоҳи нав,
Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносониву хӯрдан ойини ӯст.
Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр!
Оид ба таҷлили ҷашни Меҳргон дар аҳди шоҳигарии Ҳахоманишиёну Сосониён ва дигар сулолаҳои баъдӣ дар бархе сарчашмаҳову тасвирҳо ва гуфторҳое ҷолиб зикр гардидааст. Фолклоршинос Дилшод Раҳимов дар асари худ «Фолклори тоҷик» аз сарчашмаҳои таърихӣ ёдовар шуда, меоварад, ки муаррихи юнонӣ Ктезиус гуфтааст: «Подшоҳони ҳахоманишӣ маст шуданро ҳеҷ гоҳ ба худ раво намедиданд, аммо танҳо дар рӯзи ҷашни Меҳргон онҳо иҷозаи нӯшидани майро доштанд. Онҳо ҷомаҳои гаронбаҳои арғувонӣ мепӯшиданд…».
Аз рӯи мадракҳои таърихӣ, ҷашни Меҳргон ва ойини меҳрпарастиро ҳахоманишиён дар рӯи ҷаҳон паҳн гардонидаанд ва аз файзу баракат ва инсонпарастиву табиатдӯстдории ин ҷашн аксари ҷаҳониён баҳравар шудаанд. Донишманди белгиягӣ Франс Валери Мари Кюмон (1868-1947) дар китоби «Ойини Митра» таҷлили соли нави масеҳиро марбут ба ҳамин ҷашни Меҳргони аҷдодони мо медонад: «Бидуни шак ҷашни Меҳргон, ки дар мамолики Руми қадим рӯзи зуҳури Хуршед тасаввур мешавад ва онро sol natalis invietil (яъне, рӯзи вилодати Хуршеди номағлуб) мегуфтаанд, ба 25 декабр кашида шуда ва баъд бо сабаби нуфузи дини Исо дар Аврупо рӯзи вилодати Масеҳ қарор додаанд».
Дар аҳди Сосониён низ ин ҷашн бо як шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид ва ҳатто бо номи ин ҷашн, чи тавре ки сарчашмаҳо иттилоъ медиҳанд, навоҳои «Меҳргонӣ», «Навои Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург» ва ғайра аз тарафи навозандагон ва хунёгарон тадвин шуда буданд. Низомии Ганҷавӣ дар ин хусус ишора карда, мегӯяд:
Чу нав кардӣ Навои меҳргонӣ,
Бибурдӣ ҳуши халқ аз меҳрубонӣ.
Берунӣ аз қавли Салмони Форс овардааст, ки «мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем, Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар».
Тибқи маълумоти Берунӣ, рӯзи таҷлили ҷашни Меҳргон ба рӯзи шонздаҳуми моҳи меҳр (баробар ба 7-8-уми октябр) рост меояд ва бисту якуми моҳи меҳрро «Меҳргони бузург» ё «Ромрӯз» мегуфтанд. Аҷдодони мо байни Наврӯз ва Меҳргон тафовут намегузоштанд ва ҳар дуро дар як мақом гузошта, бо шукуҳи хос таҷлил менамуданд. Чи тавре ки мо худ мушоҳида мекунем, ҳардуи ин ҷашн аз рӯи рукнҳо ва оину хусусиятҳо ба ҳамдигар алоқамандии зич доранд. Чунончи, дар ҷашни Наврӯз наврӯзи омма ва наврӯси хоса ҳаст ва дар ҷашни Меҳргон ҳам меҳргони омма ва меҳргони хоса таҷлил карда мешавад. Расму ойинҳои ба ҳамдигар монанд доштани ин ду ҷашн гувоҳи он аст, ки ҳарду дар як сарчашмаи фарҳангӣ, ки бе шак ба хираду дониши гузаштагони мо марбут аст, тавлид ёфтаву инкишоф ёфтаанд.
Ҷашни Меҳргон баъд аз густариши дини Ислом низ қайд карда мешуд, бахусус дар аҳди Сомониён бо ҳамон шаҳомати қаблӣ таҷлил мегардид. Нигоштаҳои устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шаҳодат бар он гуфтаҳои боло медиҳанд, ки ҷашни Меҳргон бо тамоми нафосату назокаташ ҷашн гирифта мешуд:
Малико, ҷашни Меҳргон омад!
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Ҳаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.
Мӯрд ба ҷои савсан омад боз,
Май ба ҷои арғувон омад.
Дар осори адибону донишварони қарнҳои IX-X роҷеъ ба пайдоиш ва баргузидагии ҷашни Меҳргон хеле зиёд асарҳо таълиф гардида ва ишораҳо шудааст. Аз нигоштаҳои шоирони он замон чанде ин ҷо меоварем, то хонандагон баҳравар гарданд:
Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад,
Бонгу овои дирои корвон омад.
Корвони Меҳргон аз хизрон омад,
Ё аз ақсои билоди Чинистон омад…
(Манучеҳрӣ)
Меҳргон ҷашни Фаридун мулки фаррух бод,
Бар ту, эй ҳамчу Фаридун мулк фарухфол.
(Фаррухӣ)
Меҳргон омад гирифта фолаш аз некӣ мисол,
Некрӯзу некҷашну неквақту некҳол.
(Унсурӣ)
Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бияфзо, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон.
(Саъди Салмон)
Аз гуфтаҳову нигоштаҳои адибон ва донишварон хулоса кардан мумкин аст, ки ҷашни Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои муқаддаси гузаштагони мо маҳсуб меёфтааст. Чи тавре сарчашмаҳо иттилоъ медиҳанд, ниёгони мо дар гузаштаи қадим солро ба ду давра тақсимбандӣ мекардаанд, ки онро дар тақвими Авестоӣ метавон мушоҳида кард. Якеро тобистон («ҳама=hama») мегуфтанд ва дигареро зимистон («зайама=zayama») меномидаанд. Аз гуфтаҳои муаррихон маълум мешавад, ки ҷашни Меҳргон баъди истилои арабҳо ҳам дар байни мардум мақоми баландро соҳиб будааст ва мардум таваҷҷуҳи хос доштаанд. Маъхазҳо иттилоъ медиҳанд, ки то замони ҳуҷуми муғулҳо ҷашни Меҳргон таҷлил карда мешуд, вале баъд аз он мардум натанҳо аз ҷашни муқаддаси Меҳргон, балки аз бисёр оину маросими гузаштаи худ маҳрум гардиданд.
Хулосаи мо оид ба ин ҷашни бостонӣ ин аст, ки дар воқеъ ҷашни Меҳргон мероси арзишманди ниёгон буда, барои мо ворисон мояи ифтихор аст. Дар нигоҳи илми нуҷум ҳам ин ҷашн асоси илмӣ дорад ва аз ин бармеояд, ки аҷдодони мо дар замонҳои хеле қадим аллакай ба бисёр кашфиётҳои ҳаётан муҳим даст ёфтаанд.
Бо шарофати истиқлолияти кишвар, имрӯз ба мо шароити мусоид даст додааст, ки барои омӯхтан ва тадвин намудани осори ниёгон бештар фарогир бошем. Дар замина пешниҳод менамоем, афроде, ки дар риштаи илмҳои бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, фолклоршиносӣ ва ғайра фаъолият мекунанд, зарур аст, имрӯз барои бештар пажуҳиш кардан ва омӯхтани осору мероси гузаштагон бикӯшанд, дар ин замина аз худ ташаббуси чашмрасе нишон бидиҳанд, то барои сараввал шинохти миллӣ ва оянданигарии миллӣ хидмате карда бошанд. Роҷеъ ба паҳлуҳои ҷашни Меҳргон ҳоло амиқан баррасии илмӣ накардаем ва мебояд ба мисли ҳавзаи наврӯзӣ, ҳавзаи ҷашни Меҳргонро низ ташкил намоему барои пажуҳиши ин ҷашн олимони соҳа ҷалб карда шаванд. Дастандаркорон ва вазорату ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки ҳарчи зудтар осори илмиву ахлоқӣ ва фалсафии гузаштагонамонро дастраси насли ҷавон гардонанд. Дар ин росто, мо метавонем ба шинохти ҷавҳари худу дурнамои ояндаи давлату миллати фарҳангофари хеш бирасем.

Зоҳири САЙФУЛЛО

Хонданд 506

Мехостам тавҷҷуҳи хонандаро ба масъалаҳои тарзи ҷашнгирии базмҳо ҷалб намоям. Аммо пеш аз ин фишурдаеро аз натоиҷи илмии Симпозиуми байналмилалии илмии «Ҷашни Меҳргон ва Сада дар оинаи тамддуни мардумони Осиёи Марказӣ», бахшида ба ҷашни Меҳргон (Тоҷикистон, Душанбе, толори Академияи илмҳо, 13-уми октябри соли2017) манзури хонанда менамоям. 

Аввалан дар Симпозиуми мазкур таъкид шуд, ки Меҳргон ва Сада дар радифи Наврӯз аз бостонитарин ҷашнҳои тақвимӣ дар тамаддуни башарӣ маҳсуб мешаванд. Ин се ҷашнро гоҳе дар тафсири ҷаҳонбинии устуравӣ радифи шаш ҷашни гуҳарбор медонанд, ки гӯё нишони шаш ҳангом ё рӯзи сол барпо мегардид ва ба шаш рӯзи офариниши олам мутобиқ дониста мешуд. Тибқи таҳқиқи Меҳрдод Баҳор, ҷашнҳои номбурда пеш аз оини зардуштӣ ва ҳатто пеш аз тамаддуни ориёӣ моли фарҳанги бумӣ будааст.
Дар таърихи дуру дарози мавҷудияти ин ҷашнҳо гоҳе яке, мисли Наврӯз дар мадди аввал гузошта мешуд, дигарӣ (ба мисли Сада, Меҳргон, ки дар давраи ислом, замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон) ҳукми фаромӯшӣ пайдо мекард. Масалан ислом нисбат ба ин оинҳои бостонӣ ғолибан фишор меовард, онҳоро нишони зиндиқӣ, маҷусӣ медонист. Идеологияи шӯравӣ, ки ғолибан худро атеистӣ муаррифӣ мекард, ин ҷашнҳоро ҳамчун ҷашнҳои динӣ дониста, онҳоро манъ мекард.
Аммо, дар маҷмуъ, мардуми эронитабор ҳамеша бидуни ҳама гуна монеаҳо онҳоро ба ҳар тариқе ошкоро ё пӯшида ҳифз мекард, ҷашн мегирифт. Чаро ки дар асл ин ҷашнҳо аз падидаҳои тақвимию астрономӣ буданд ва марҳилаҳои муҳими фаъолияти солонаи инсону табиат, замину деҳқонро дар худ ифода мекарданд. Сада ва Меҳргон - ҷашн ва фарҳанги кишоварзии мутамаддин ва падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Аз он сабаб, ки ҷашнҳои номбурда якҷоя бо ҷашни Наврӯз моҳияти ҷомеасозӣ ва ҷомеамандӣ, тавҳидию муҳитзистии созандагӣ, диду идеалҳои покроӣ, некбинӣ, садоқат ба замину меҳнат ва инсонро ифода мекарданд. Сабаби бақоияту идомати ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргону Сада маҳз дар ҳамин фалсафаи онон аст. Ин ҷашнҳо ба ҷуз ҳадафи баҳамоии мардуми заҳматкаш, ривоҷ додани усулҳои коркарди фарҳанги кишоварзӣ, зироат, чорводорӣ ва амсоли ин чизи дигаре надоранд. Дар асл моҳиятан ин ҷашнҳо бо ягон дину идеология пайванд нестанд. Дигар ин ки, адёну идеологияҳои дигар дар тӯли таърихи дароз кӯшиш доштанд, то ба хотири бақоияти хеш бо ин ҷашнҳо бигараванд. Аммо ҳукми воқеияти таърих ин шуд, ки ин дину идеологияҳо дар марзу бум ва замони хеш қарор ёфтанд, аммо ҷашнҳои мо ҳама марзҳоро бо покизагии худ, бо фалсафаи башардӯстонаи хеш убур карда, то ба замони мо расиданд.
Симпозиуми гузашта таъкид бар он кард, ки новобаста аз он, ки дар мавриди шинохти вижагии ҷашнҳои гуфташуда даствовардҳои илмӣ зиёд аст, аммо то ба ҳанӯз майдони таҳқиқи масоили гуногун ва мубрами ин ҷашнвораҳо дубора аз марҳилаи нави таърихӣ шуруъ шуда, нигоҳи тоза мехоҳад ва муҳаққиқини мо имрӯз ва минбаъд паҳлуҳои муҳиму гуманистии кашфношудаи ин марҳилаҳои меҳнатии солонаи кишоварзонро кашф хоҳанд кард, минбаъд ба тавсифи консептуалии таърихию илмӣ, астрономӣ, вожашинохтию мардумшиносӣ, фалсафӣ-фарҳангшиносии Меҳргон ва Сада камар мебанданд, то ин ки мо дар вақти хеле наздик тавонем минбаъд мисли Наврӯз ҷашнҳои Сада ва Меҳргонро ба ҳайси ҷашнҳои байналмилалӣ ба мардуми ҷаҳон пешниҳод намоем.
Ҳарчанд Тоҷикистони азизи кӯшиш бар сохтани модели олии аграрию индустриалӣ дорад ва ба ҳамин хусусияташ майлу ниёз ба чунин ҷашнҳо дорад, аммо ин он маъноро надорад, ки ҷашнвораҳои номбурдаро танҳо моли фақат як қавму як мардум муаррифӣ созем. Моро лозим бар он аст, ки фалсафа ва арзишҳои абадзиндаи умумиинсонии онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Ва дар ин ваҷҳ такя бар он намоем, ки дар ҳар қавму нажод, тамаддуни ҳар миллат пора ё суннати комиле вуҷуд дорад, ки ба ин санаҳои соли меҳнатӣ, зироат ва чорводорӣ шабоҳат доранд. Месазад, ки бо истифодаи ин далел ба суннатҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон тақвият бахшид, онро ба моли умумибашарӣ табдил дод.
Бояд дар назар дошт, ки ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз нигоҳи астрономиашон мантиқан ба ҳам пайваст мебошанд, ҳар кадом идомаи дигаранд, пайвандии детерминӣ доранд, ба истилоҳи дигар ҳар кадом ҳалқаи як занҷиранд. Аз ин хотир, пешниҳод мешавад, ки ин ҷашнҳо минбаъд дар консепсияи яклухтӣ, якпорчагӣ дида шавад. Нашояд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо намоем. Танҳо дар яклухтӣ ин ҷашнҳо, ин марҳилаҳои фаъолияти меҳнатии солона дар худ маънӣ пайдо мекунанд.
Мо ин ҷашнҳо (Сада, Наврӯз ва Меҳргон)-ро набояд танҳо ҳамчун моли фарҳанги гузашта муаррифӣ кунем. Ҳар як аз ин ҷашнвораҳо худ дар худ рамз ва ҳадафҳои ҷавҳарӣ доранд. Ҳар кадом аз ин бо кадом як марҳилаи муайяни фаъолияти меҳнатӣ вобаста мебошад. Худи идеяҳои калидии ин ҷашнҳо далолат бар онро доранд, ки Сада - тайёрӣ бар пешвози Наврӯз аст. Пас мебояд омодагӣ гирифт ба соли нави меҳнатӣ. Мебояд дар арафаи Наврӯз ҳашару корҳои тадорукӣ пешбинӣ кард, то ин ки ҷӯю системаҳои обёрӣ, асбобу технологияи коркарди замин ва ғайра ба соли нави меҳнатӣ омода бошанд. Меҳргон ҷашни ҷамъбасти кулли фаъолияти кишоварз аст. Аз ин ваҷҳ, мо бояд кӯшиш бар он дошта бошем, ки бо назардошти арзишҳои калидии ҳар ҷашни сегонек мазмуни нав, арзишҳои муосир ва актуалиро ҷой диҳем, бо ин ҷашнҳо навоварона рафтор намоем. Танҳо бо ин кор ва муросо бо дӯстони ҳаммарзу ҳамминтақа ба дастгирии аҳли башар мушарраф мешавем.
Маҳз ҳамин ташаббуси стратегии тамаддунсози миллатамонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои гуногуни бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ ва таъкид мекунанд.
Тибқи мушоҳидаҳое, ки тӯли чанд соли охир нисбати ҷашнгирии Наврӯз дар Тоҷикистони азиз доштем, ҷашнгириҳо дар ду намуд зуҳур намуд. Дар музофот бештар дар шакли карнавалнамо, дар пойтахт ё ҳар он ҷое, ки ҷашнгирии умумиҷумҳуриявӣ баргузор мегашт, дар шакли маъракаи театришуда барпо мешуд.
Тафовути карнавалнамо ва театришуда дар чӣ зоҳир мегардад? Шакли карнавалнамо - шакли бештар архаикиро мемонад, ба суннатҳои ҷашнгирии анъанавии авлодони гузашта шабоҳат дорад. Карнавал гуфта, базмеро гӯянд, ки бештар дар майдонҳо доир мегардад ва дар он ҳар нафар ҳам тамошобин аст ва ҳам иҷрогар. Ҳар нафари иштирокчии карнавал пеши худ ташаббусе ё имконияте дорад, ки дар баробари тамошои (дидани) ҳунари дигарон, худ низ имкон дорад, ки аз ҳунари табиатан дошта ва ё авлодан мерос гирифтаашро дар майдон нишон диҳад. Ҳамин хусусияти равонии карнавалро муҳаққиқи барҷастаи рус М. Бахтин таҳқиқу баррасӣ кардааст. Такрор мекунам: дар карнавал ҳар нафар ҳам тамошобин аст ва ҳам иҷрогар. Ин хусусияти ҷавҳарии ҷашнгирии карнавалӣ мебошад.
Маъракаҳои театришудаи расмӣ, ки ҳоли ҳозир аз тариқи шабакаҳои телевизиони ҷумҳуриявӣ ғолибан таблиғу тарғиб мегардад, чунин имконияти фаъол ва ташаббусгар шудани тамошобинро надоранд. Тамошобини чунин маъракаҳо, ки одатан дар майдонҳои варзишӣ доир мегарданд, бештар дар курсиҳо нишаста, бинандагӣ мекунад, на зиёд аз ин. Маъракаҳои ҷашнии театришуда худ сенария ё намоишномаи хосро доранд ва ҳамчун номераҳои консертӣ пешниҳод мегарданд. Дар ин маъракаҳо бештар ашхоси маъруф, ҳунармандони касбӣ баромад мекунанд.
Маъракаҳои мардумии каранавалӣ метавонанд дар давоми чанд шабонарӯз идома ёбанд. Маъракаи театришуда одатан дар як қисми рӯз таҳия ва баррасӣ мегардад.
Аммо ҳар ду намуди ҷашн - яъне намуди карнавалӣ ва театришуда фарҳанги шукуҳу шодӣ ва ханда, фарҳанги базмороиро доро мебошанд. Бахусус ҳамин сифати шукуҳу шодӣ ва хосатан ҳазлу шӯхиҳои илҳомбахш ва боназокат дар шакли карнавал бештар мушоҳида мешавад. Новобаста аз он, ки чӣ ид аст (Наврӯз ё кадом иди дигар), намоишҳои карнавалӣ аз анвои ҳунарҳое мураттаб мегарданд, ки дар он ҳазлу зарофат ва танз бартарият доранд. Масалан, ҳатто чунин як маъракаи варзишӣ, ба мисли гӯштин, аз рақобати мӯйсафедони шӯх оғоз мегардад.
Умуман, комилии фарҳанги инсон ва фарҳанги мардум дар ғунҷоиши серпаҳлуи он аст. Бахусус инсону миллатро аз рӯи ширингӯӣ, латофат, ҳисси нақд гуфтану худро нақд кардан эҳтирому иззат мекунанд. Мардуми тоҷик дар гузашта Афандиву Мушфиқӣ, шаклҳои аския ва ҳозирҷавобӣ ва боз чандин шаклу намудҳои санъати шӯхиву хандаро дошт. Устод Боқӣ Раҳимзодаро, ки ҳарчанд дар самти шеъри лирикиву пурмазмуни мутантан мумтоз буд, мардум бештар барои зарофатгӯияш дӯст медошт.
Ид ё базм бе шӯхиву ҳазл, бе ширингуфториву зарофатгӯӣ, бе ханда ҳусни худро гум мекунад.
Дар тадқиқоти пажуҳишии саҳроие, ки мо чанд сол қабл дар ноҳияҳои тобеи марказ ва Кӯлоб доштем, бартарияти ҳамин тамоилро мушоҳида кардем (ниг. 5. Рахимов С. (в соавторстве с Турсунзаде Ф. М.) “Театральность” как форма проявления традиционных обрядов и ритуалов этнокультуры (по материалам Гиссарской экспедиции). / Культура Гиссарской долины в контексте региональных цивилизаций. Сборник статей.- Душанбе: Дониш, 2015, 902 с.- С. 686 - 769).
Воқеан, устод Низом Нурҷонов низ дар тадқиқотҳои хеш маҳз ҳамин тамоили ҳазлу шӯх ва танзии ҷашнҳои мардумии моро дар асрҳояшон тасвир кардаанд. Дар чунин маъракаҳо бештар ба истилоҳ масхарабозон, аскиягӯён, лапарсароён, раққосони ҷуфти зану мард, ки дар мазмуни ҳазлу киноя баррасӣ мешаванд, тақлидгарон, ки ин ё он ҳайвонро ҳам бо овоз ва ё бо рафтор ё дар шакли ниқобу шакли зоҳирӣ тақлид мекарданд, дида мешавад.
Дар маъракаҳои ҷашнии расмии театришуда ҳамин тамоил дида намешавад. Номераҳо дар чунин маъракаҳо бештар пафоси тантанавӣ ва сиёсиро касб мекунанд. Албатта ин тарзи ҷашнгирӣ боиси дастгирист. Аммо чун мунаққид ҳастам, наметавонам аз сатҳу таҳияи режиссёрии ҷашнҳои театришудаи расмӣ эрод нагирам. Ин фикри шахсии ман аст. Хонандаи азиз метавонад бо ман розӣ набошад. Эродам ин аст, ки базмҳои театришудаи солҳои охир якнавохт шудаанд, ҳамасола аз якдигар фарқе надоранд. Моро ба ҳайси эксперт дар маъракаҳои тадорукии чунин ҷашнҳо даъват мекунанд, аз мо маслиҳат мепурсанд, аммо дар маҷмуъ, боз ҳамон кореро мекунанд, ки порсола буд. Дар ин намоишҳо нишонае аз пешниҳодҳои мо дида намешавад.
Ҳамкасби ҷавонам Зоҳир Сайфулло, ки сари ин мавзуъ кор мекунад, намунае аз сенарияи ҷашни Наврӯзро пешниҳод карда буд, ки дар он идеяи тавъам овардани ҷашни Наврӯз дар шакли карнавал пешниҳод шуда буд. Чунин ташаббусро чанде пештар устод Шамолов А. дар ҳамкорӣ бо муаллифони дигар дар китоби “Нарӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо» (Душанбе: Дониш, 2013) низ нишон дода буданд. Аммо коршиносон ва доиркунандагони ин ҷашнҳо нисбат ба ин пешниҳодҳо бетараф мондаанд.
Ба назарам барои ғанӣ ва рангоранг шудани маъракаҳои расмии театришуда хуб мебуд агар аз таҷрибаи маъракаҳои карнавалӣ истифода мешуд, бахусус аз фарҳанги сурур, фарҳанги ханда, шӯхиву танз. Мо бояд ба шаклан ва мазмунан комил гардондани ҷашнҳоямон таваҷҷуҳи хоса дошта бошем. Чаро ки чун яке аз барандагони ин ҷашнвораҳои муҳим ҳастему ба умумибашарӣ шудани онҳо пеши худ ташаббус гирифтаем, бояд ба ҷаҳониён зебоиву шукуҳ ва ҳусни инсондӯстиву рангорангӣ ёфтани чунин маъракаҳо саҳм гирем.
Чун мо дубора ҷашни Сада ва Меҳргонро дар радифи Наврӯзи хушпай баъди фосилаи дарози таърихӣ эҳё карда истодаем, месазад, ки базмороии ин ҷашнҳоро ҳусни ҳам карнавалӣ бидиҳем ва ҳам театришудаи мутантан.
Дар ин раванд дар баробари истифодаи ҳунарҳои анъанавӣ лозим аст, ки хусусияти вижагии ҳар ҷашн ба назар гирифта шавад. Манзурам ин аст, ки масалан, ҷашни Сада дар худ рамзу аъмоли хосе дорад, ки дар раванди ҷашнгирии он мебояд таъкид шавад. Яке аз рамзҳои асосии Сада оташ аст. Мардум дар рафти ин ҷашн гулхан мегиронанд, болои он меҷаҳанд, то ин ки покиза шаванд. Дар паҳлуи ин тибқи суннати тоҷикони Бадахшони куҳӣ, ки то ҳанӯз Садаро ҷашн мегиранд, ҳашар эълон мешавад. Зимнан, дар рафти ҷашни Сада ҷӯйборҳо ва системаҳои обёрӣ ва ҳам дастгоҳу асбобҳои ҷамъиятиву шахсии коркарди замин таъмир карда мешаванд, чорвои ҷуфт ва амсоли ин ҳама омода карда мешаванд ба фарорасии Наврӯз, ба маъракаи коркарди замин, ба маъракаи кишту кор. Меҳргон низ вижагиҳои худро дорад. Ҳамин вижагиҳо дар маросими ҷашнҳо мавқеъ ва моқоми асосии худро бояд дошта бошанд.
Ва ниҳоят, мо аз руҳи модерн бахшидан ба мазмуну мундариҷаи ин ҷашнҳо худдорӣ набояд кунем. Ман бо ақидае, ки дар ифтитоҳи Симпозиуми номбурда ироа шуд, комилан ҳамфикрам. Фақат ва танҳо моли қавмӣ муаррифӣ кардан ва ҳам дар шакли патриархалӣ нигоҳ доштани шаклу мундариҷаи онҳо бақо надорад. Барои ҷаҳонӣ шудани ҷашнҳои номбурда онҳо аз дидгоҳи фарҳанг ва арзишҳои имрӯза ва оянда бояд боздид шаванд. Албатта, боздиде, ки дар худ мазмун ва тамсили миллии он ҷой дошта бошад. Ҳамин синтези анъанавӣ ва навоварии эҷодкорона фарҳанги ҷашнҳоро ҳусни бақо мебахшад. Вагарна, мо ба рушди ин базмҳоямон зомин мешавем. Онҳоро ба моли музей табдил медиҳем.
Хулоса, эҳёи ҷашнҳои куҳан мо муҳақиққинро вазифадор мекунад, ки барои таваҷҷуҳ ба таърих, моҳият, мавқеъ ва зарурати кунуниву ояндаи ин ҷашнҳо камари ҳиммат бубандем.

Саъдулло РАҲИМОВ,
доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ

Хонданд 440

Баҳсҳо атрофи хати кириллӣ ва хати арабиасоси тоҷикӣ асосан солҳои 90-уми асри гузашта, баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуда, ҳар вақт авҷ мегиранд. Солҳои охир дар ҷомеаи Тоҷикистон гуруҳҳои манфиатхоҳе ба вуҷуд омадаанд, ки дониста ё надониста мехоҳанд моро ба қафо баргардонанд ва бо ин амали худ раванди ташаккули забони муосири тоҷикиро халалдор намоянд.
Имрӯзҳо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар фикри инкишоф додани иқтисод, техника ва технологияи навин буда, мехоҳанд бо ин роҳ зиндагии мардумро осону беҳтар созанд. Аммо як гуруҳе дар расонаҳои хабарӣ оид ба иваз намудани хати кирилӣ ба форсии арабиасос баҳс мекунанд, ки аламовару хандаовар мебошад.
Барои дуруст фаҳмидани мавзуъ ва баровардани хулосаи дуруст мо ба таърихи пайдоиши хати арабӣ ва хати кириллӣ рӯй меорем. Аз ин хотир, бори дигар ба онҳое, ки таърихи пайдоиши ин хатҳоро намедонанд, ёдрас мешавем, ки моро дуруст фаҳманд.
Хати арабӣ асри I-и ҳиҷрӣ ба вуҷуд омадааст. Ин хат дар давраҳои аввали густариши дини ислом аз нимҷазираи Арабистон ба дигар минтақаҳо паҳн гардида, ба сари халқҳои гуногун иҷборан бор мегардид. Аз ибтидои асри VIII дар ҳудуди Осиёи Марказӣ дар баробари забони арабӣ хати он низ паҳн гардид. Ин хат аз замони пайдоишаш норасоиҳо дошт ва ҳатто барои густариши дини ислом ҳам мусоидат намекард. Аз ин сабаб худи арабҳо ба ин хат тағйирот ворид карданд. Баъди ҷустуҷуҳои зиёд барои ифодаи овозҳои садонок аломатҳои зеру забар ихтироъ шуд. Ин дигаргунсозӣ асосан дар ибтидои асри I-и ҳиҷрӣ ба вуқуъ омад ва барои хондани матнҳо хеле кӯмак мекард.
Аксари намояндагони илму адаби Шарқ, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ ва Дақиқӣ норасоиҳои алифбои арабиро хуб медонистанд ва ҳамеша барои иваз намудани он талош меварзиданд.
Барои омӯзиши хати арабӣ ва аз худ намудани усулҳои қироат заҳмат ва вақти зиёд сарф мешуд ва ин мушкилӣ боиси саводнок нашудани бештари аҳолӣ мегардид. Алифбои арабӣ аз 28 ҳарф иборат буда, аз ин шумора 16-тоаш шакли мустақил доранд. Ҳарфҳои боқимонда аз якдигар танҳо аз рӯйи нуқта фарқ мекунанд. Агар як нуқта меафтид ё як нуқта илова мегардид, маъно дигар мешуд, ки ин боиси нофаҳмиҳо мегардид. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо изофа шудан ё афтидани нуқтаҳо сабаби он мегардид, ки инсонҳо танҳо тахмин мекарданд, на ин ки калимаҳоро мехонданд.
Дар тӯли таърих ин норасоиҳои хати арабӣ суръати донишомӯзиро суст намуда, боиси рушд накардани фарҳангу забони халқҳое гардид, ки онро истифода менамуданд. Барои ислоҳи норасоиҳои хати арабӣ шахсиятҳои машҳури Шарқ кӯшиш ба харҷ додаанд, ки яке аз онҳо Мирзо Малкумхон аст. Ба навиштаи Абдухолиқи Набавӣ: «Мирзо Малкумхон - донишманд ва сиёсатмадори эронӣ дар даҳаи ҳаштуму нуҳуми асри XIX пас аз санҷиши авзои олам масъалаи табдили алифборо ба миён мегузорад ва дар ин масъала асарҳои худ «Шайху вазир» ва «Мабдои тараққӣ»-ро таълиф карда, қатъан таъкид менамояд, ки «Агар мо алифбои арабиро тарк карда, алифбои лотиниро қабул накунем, тараққӣ кардан ва қатори миллатҳои мутамаддин даромадани мо мумкин нест». Ба муҳокимарониҳову далелҳои ин донишманди дигарандешу навҷӯ хеле аз иштирокдорони баҳси табдили хат истинод карданд. Лекин ӯ аз роҳи пешгирифтаи худ барнагашта, барои ислоҳи ин хат кӯшиш намуда, 24 норасоии ин хатро нишон додааст. Ин ҷо чанде аз онҳоро таъкид мекунем:
- дар хат инъикос нашудани садонокҳо;
- тафовути навишти калимаҳо бо ҳамсадоҳо, яъне дар хати арабӣ чор ҳамсадои “з” истифода мешавад;
- корбурди навъҳои гуногуни хат, ба мисли насх, настаълиқ, шикаста, кӯфӣ;
- мавҷудияти нуқтаҳо, ки дар ҳолати афтидани онҳо маъно тағйир меёбад: ҷасад-ҳасад;
- зимни навиштан калимаҳо ҷойи муайяни худро надоштанд, як калима дар болои калимаи дигар навишта мешуд. Дар хусуси ин камбудӣ Мирзо Малкумхон чунин навиштааст: «Ҳарфҳои мо ҷойи муайяни навишт надоранд. Дар хатҳои халқҳои дигар ҳарфҳо дар як сатр навишта мешаванд. Баъзе ҳарфҳо дар болои хат ва баъзе ҳарфҳо дар дохили сатр сабт мегарданд. Аммо дар анвои хати мо, махсусан, дар хатҳои шикаста, девонӣ ва сулс ҳарфҳо ҷойи муайян надоранд. Ҷойи ин ҳарфҳо аз хоҳишу завқи котиб, ки метавонад як ҳарфро дар дохили ҳарфи дигар нависад, вобаста аст»;
- баъзе ҳарфҳои алифбои арабӣ дар забонҳои дигар овозҳои мувофиқ надоранд;
- баъзе ҳарфҳо навишта мешаванд, аммо хонда намешаванд: хвостан (хостан), хвоҳар (хоҳар), хвеш (хеш);
- ҳарфҳои калон вуҷуд надоранд;
- фосила дар байни калимаҳо вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, омехтагии калимаҳо ва ё ҳиҷоҳои калимаҳои гуногун рух медиҳад;
- ҳарфи «вов» овозҳои гуногунро ифода мекунад;
- ҳарфи «йо» дар аввали калима ҳарфи «алиф»-ро талаб мекунад, ки тамоман лозим нест, аммо дар калимаҳои навъи “ришта”, “ситам” навишта намешавад;
- ҳарфи «йо» баъзан овози «о»-ро ифода мекунад: ҳатто, Исо, Мӯсо, Яҳё, Мустафо;
- дар навишт аввал ва охири калима фаҳмида намешавад;
- навиштан аз тарафи рост ба чап хеле номувофиқ аст.
Инчунин, номукаммалии хати арабӣ равшану возеҳ дар рушд накардани китобчопкунӣ ва маҳсулоти чопӣ дар кишварҳои истифодакунандаи он дида мешавад. Масалан, аввалин китоби чопӣ дар Россия соли 1564 ба табъ расидааст, аммо аввалин маҳсулоти чопӣ бо хати арабӣ (рӯзномаи туркӣ) танҳо соли 1830 дастраси омма гардидааст. Яъне китобчопкунии хати арабӣ аз кирилӣ ду аср қафо мондааст. Ин масъаларо М. Иброҳимӣ чунин шарҳ додааст: «Нуқсони дигари алифбои араб нарасидан ва хурд будани шаклҳои он аст, ки барои матбаа муносибат надорад ва вақти азизро талаф менамояд, бо воситаҳои табъии асрӣ созиш намекунад. Сандуқчаи ҳуруф, мошинҳои гуногуни ҳарфчинӣ, анвои мошинҳои табъ, мошинҳои хаттӣ - табъӣ бо алифбои араб мувофиқат намекунанд, дандонҳои заррабини ин алифбои рамзӣ ҳуруфчинони мазлумро ба дараҷае маранҷонад, ки тамоман ба танг омадаанд».
Бо вуҷуди он ки аз навиштаҳои боло қариб як аср гузаштааст ва техникаву технологияҳои чопӣ тағйир ёфтаанд, аммо ба сабаби он ки то ҳанӯз тағйироте дар хати арабӣ нашудааст, ин камбудӣ ба куллӣ рафъ нашудааст.
Аз манбаъҳои таърихӣ маълум аст, ки славянҳо бо мурури замон барои сабти садои махсуси забони худ ҳарфҳои нав ихтироъ намуданд. Ин ҳодиса бидуни назорати давлат ва шахсони алоҳида ба вуқуъ пайваст. Баъдтар дар асри IX, вақте славянҳо дини насрониро ба таври оммавӣ қабул карданд, ду навъи хати славянӣ ба вуҷуд омад.
Хати русии ҳозира аз хати славянии кириллӣ ибтидо гирифта, дар натиҷаи таҳаввулу такомули беш аз 1100-сола ба сурати имрӯзааш даромадааст. Аз 31 ҳарфи алифбои ҳозираи русӣ 3 ҳарф: п, ч, ш аз хати ибрӣ (яҳудӣ) гирифта шудаанд. Дигар ҳарфҳои иловагии хоси славянӣ дар асоси эҷодкорона тағйир додани шакли ҳарфҳои юнонӣ ва ба ҳам пайвастани кириллӣ ба вуҷуд омадаанд. Ҷараёни такомули хати русӣ то асри 18 ба тарзи номуташаккил ба амал меомад. Баъди сари кор омадани Пётри I ин ҷараён зери назорати давлат гирифта шуд. Ӯ солҳои 1707-1710 ислоҳоти хат гузаронд.
Ҳоло хати русӣ 33 ҳарф дорад, ки алифбои қариб аксари ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар асоси он сохта шудаанд. Фақат алифбои латишӣ, литвонӣ ва эстонӣ хати лотинӣ буда, гурҷиҳо ва арманиҳо хати қадимаи худро нигоҳ доштаанд.
Соли 1940 дар Тоҷикистон бо иловаи 6 ҳарфи хоси садоҳои тоҷикӣ (ӣ, ғ, қ, ӯ, ҳ, ҷ) дар асоси хати русӣ алифбои навро қабул карданд. Дар аввал ба алифбои тоҷикӣ ду ҳарфи хоси забони русӣ (щ ва ы) дохил нашуда буданд ва онҳо танҳо соли 1954 ба алифбои тоҷикӣ дохил гардиданд. Ҳарфҳои русӣ ҳам дар тоҷикӣ ва ҳам дар русӣ асосан як вазифаро иҷро мекунанд, яъне ҳар ҳарф садои якхелаи русӣ ва тоҷикиро сабт мекунад.
Оид ба нуқсонҳои хати арабӣ М. Иброҳимӣ дар мақолаи худ зери унвони «Масъалаи имлои нав» чунин навиштааст: «Муҳимтарин нуқсони алифбои араб ин аст, ки бо метуди таълим созиш надорад. Мукаммалтарин метудҳо барои тадриси ибтидоии метуд «усули савтӣ (звуковой метод) мебошад… Усули таълиме, ки дар мамлакатҳои исломӣ ривоҷ ёфтааст, усули ҳиҷоӣ мебошад. Мувофиқи ин усул калимаҳоро ҳеҷ гуна таҳлил накарда, ба кӯдакон тӯтивор ёд медиҳанд».
Вобаста ба баҳсҳои дар боло зикршуда доктори илмҳои таърих, профессор И. Усмонов китобчаеро чоп намуд, ки он «Баҳси алифбои тоҷикӣ» ном дорад. Муаллиф менависад: «Чаро бояд аз хати имрӯза даст кашида, ба хати ниёгон боз гардем? Дар шароите, ки ҳама ба пеш менигаранд ва пеш мераванд, чаро мо бояд ба ақиб гардем?».
Муаллиф дуруст мегӯяд. Воқеан, чӣ зарурат аст барои баргаштан ба қафо ва як наслро бесавод кардан, дар ҳоле ки иваз намудани хат ҳам масрафи иқтисодӣ дорад ва ҳам халои бесаводиро ба вуҷуд меорад?
Ба навиштаи профессор И. Усмонов, дар тағйири хат ҳадафҳои зерин сабаб мешаванд:
- мувофиқ наомадани ҳарфу овоз;
- мувофиқ наомадани ҳарф ба табиати забон;
- дастнорас шудани мероси таърихӣ;
- аҳдофи динӣ ва этникию миллӣ;
- ҳадафҳои сиёсӣ.
Бояд таъкид кард, ки ҷонибдорони дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани хати арабӣ аслан аҳдофи динӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ки мероси фарҳангӣ-динии мо бо ин хат эҷод шудааст, аммо фаромӯш кардаанд, ки асри нав роҳ ба сӯи пеш аст, на баргаштан ба қафо!
Оид ба ин баҳс профессор Ҳ. Маҷидов низ мақолаеро ба табъ расонд, ки дар он камбудиҳо ва норасаиҳои хати арабӣ баён гардидааст. Муаллиф менависад: «Чунин ақидае, ки дар натиҷаи гузаштан ба хати арабӣ мардуми тоҷикро бо форсизабонони бурунмарзӣ наздик менамояд, вайро бо гузаштагону ниёгонаш мепайвандад ва дар охир ба забонҳои форсии олам ҳамгун мегарданд, бунёд надорад. Ин хат фақат дар зоҳир матнҳои мухталифро ба тоҷикӣ ва форсиҳои Эрону Афғонистон якранг мегардонад. Дар ҳақиқати ҳол бошад, намояндагони ҳар яке аз минтақаҳо ва ҳар яке аз он забонҳо чунин навиштаҷотро бо тарзу усулҳои ба худ хос талаффузу маънидод мекунанд, ки бисёр вақт онҳо барои соҳибони гунаи дигари форсӣ, яъне забони дигар ягон ахбори мушаххасро бедор карда наметавонанд».
Воқеан, дар муддати як асри охир самти инкишофи фарҳангу забони се шохаи форсӣ мухталиф мебошад. Ҳар забон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва муносиботи фарҳангиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсии кишвар роҳҳои инкишофи худро дорад. Забони муосири тоҷикӣ сохтори грамматикии худро соҳиб аст, ки аз забонҳои форсӣ ва дарӣ тафовут дорад. Барои ҳамин зимни тақсимбандии забони форсӣ ва шохаҳои он инро бояд ба назар гирифт.
Аз сабаби он ки мақсади мо аз ин мақола нишон додани бартариҳои хати кириллӣ ба хати арабӣ аст, матлаби худро чунин хулоса менамоем:
- хусусияти хуби хати имрӯзаи тоҷикӣ, мисли хатҳои то арабии тоҷикӣ (паҳлавӣ, мехӣ, оромӣ) дар он аст, ки сода аст: ҳар овоз бо як ҳарф ифода мешавад;
- ҳамаи овоз дар тамоми ҷойи калима аввал, миёна, охир навишта мешавад ва ҳатто кас агар забонро надонад, вале ҳарфҳоро шиносад, онро дуруст хондаву талаффуз карда метавонад;
- ҳарфҳои тоҷикӣ ба мо имкон медиҳанд, ки вожаи одӣ, истилоҳ ва ному насаби ҳар забони дигарро аввалин бор мехонда бошем ҳам, дуруст хонем ва талаффуз кунем;
- хати имрӯзаи тоҷикӣ ҳамроҳшавии моро ба дастовардҳои технологии замон осонтар мегардонад;
- аз лиҳози сохтори морфологӣ забони тоҷикӣ ба гуруҳи забонҳои аналитикӣ дохил аст, аммо хати арабӣ бошад, махсуси забонҳои флективист, яъне марбути чунин забонҳое мебошад, ки решаи калимаҳояшон якзайл мешиканад;
- ба сабаби он ки хати муосири тоҷикӣ, чун хати арабӣ шахшудамонда нест ва агар зарурат пеш ояд, онро боз такмил дода, суфтатар кардану ба табиати забон мувофиқ намудан мумкин аст.
Онҳое, ки хати арабиасосро «хати миллӣ» меҳисобанд, бояд донанд, ки ин хат ҳам дар замонаш аз арабҳо бо зӯрӣ ба мо бор карда шудааст. Хати миллии мо бошад, хати авестоӣ буд, ки ҳамаи овозҳо, аз ҷумла садонокҳоро ифода мекард.
Аз ин сабаб, беҳтар аст, ки ба баҳсҳои беҳуда оид ба табдили алифбо хотима дода, барои инкишоф додани илму фарҳанг ва соҳаҳои дигари ҳаётан муҳим кӯшиш намоем. Дар акси ҳол, мардумро дубора бесавод мекунему кишварамонро садсолаҳо ба қафо мепартоем.

Фирдавс НИЁЗӢ

Хонданд 714

Китобу суннат

Окт 21, 2017
Хонданд: 529

Онҳоро бояд дуруст шарҳ диҳем

Манзур аз китоб Қуръони азимшаън мебошад ва суннат он чӣ аз гуфтори Паёмбар (с) ба мо расидааст. Муфассирон аз ибтидои асри нузули Қуръон то кунун коре карданд ва тарзе аз калимоти он истиноботи маъонӣ, тарҷума, шарҳ ва тафсир кардаанд, ки дар муқобили якдигар ихтилофи назар надоранд. Аммо баъзе ба ном «муфассирон»-е зуҳур кардаанд, ки эҳтиром ба тарзи тарҷума ва маонии Қуръон надоранд ва худро аз эҳтироми соҳиби Қуръон ва ҳадис мубарро медонанд.

Китобе ба дастам расид. Ба он назар кардам, ки «Бузургии сураи фотиҳа» ном доштаасту ҷамъоварӣ ва шарҳи Давлатхудои Амрихудо будааст. Ман ин рисоларо таҳқиқи дақиқ кардам. Ҳашву лағви соҳиби рисоларо ба хонандагон саҳифа ба саҳифа пешниҳод кардам.
Масалан, дар саҳифаи 4 «Аъузу билоҳи миннаншайтони раҷим» гуфта ва тарҷума мекунад: «Паноҳ мебарам ба сӯи Аллоҳ Таъоллоҳ аз бадии шайтон». Ин намуд тарҷумаи номувофиқро ҳеҷ инсони бо илму фарҳанг то ҳол нашунидааст, ки раҷим ба маънои бадӣ омада бошад. Поёнтар мегӯяд: «… моро аз бадии ӯ паноҳ нигоҳ дорад». Иқтибос тамом. Мо намедонем калимаҳои паноҳ ва нигоҳ чаро пайи ҳам омадаанд.
Дар поёни саҳифаи 6 нақли касеро мекунад. Иқтибос: «… ӯро газандае газид. Саҳобагон он мардро руқия карданд». Иқтибос тамом. Ин «шореҳ» даъво дорад, ки руқия табобат мебошад. Дар ҳеҷ луғату фарҳанг руқия табобат нест, балки маънои дурусти руқия афсун, дуъо ва таъвизро гӯянд. Чунончи, Низомии Ганҷавӣ мегӯяд:
Чун ба наздики он тилисм расид,
Рахна карду руқяе бидамид.
Иқтибос аз саҳифаи 7: ««Раҳмон» ва «Раҳим» сифоти хоси танҳо Аллоҳ таъолоанд ва ба ҳамин маъно омада, ки рӯзи Қиёмат бахшандаи гуноҳон аст бар муъминон на бар кофирон». Иқтибос тамом. Оғои «муфассир», ин тафсири Шумо фақат маънои раҳимии Ӯст. Пас, маънои раҳмонии Ӯ куҷо шуд?
Иқтибос аз саҳифаи 9: «… ва паёмбарону авлиё, ки охирини онҳо ҳазрати Муҳаммад аст». Иқтибос тамом. Ҳазрати Муҳаммад охирин авлиё набуд ва то рӯзи Қиёмат авлиёи Худо дар дунё ҳаст.
Дар саҳифаи 14 оғои «муфассир» оятҳои 105-122-и сураи Шуъарро, қиссаи Нуҳро хотиррасон мекунад ва Фиръавнро дар замони Нуҳ (а) қарор медиҳад. Ҳол он ки, дар ин оятҳо аз Фиръавн сухане намеравад.
Зеро ҳазрати Нуҳ (а) пеш аз туфон буд ва зиндагии Фиръавн баъд аз туфон.
«Муфассир» дар саҳифаи 18 мардумро ҳушдор медиҳад, бо ин мазмун: «Мо дар бораи Паёмбар (с) ва Қуръони карим бо пуррагӣ сухан гуфтан оҷизӣ мекашем, зеро аввалу охир надорад». Иқтибос тамом. Ӯ дар ин «ҳушдораш» ҷуръати бузурге карда, мункири ояи 17-и сураи Қамар шудааст, ки Худованд мегӯяд: «Ва мо Қуръонро барои ваъз ва андарз бар фаҳм осон кардем, оё касе ҳаст, ки аз он панд гирад» (Қамар 18).
Дар саҳифаи 20 мегӯяд: «… вақте, ки Омина модари ӯ (яъне Муҳаммад (с) ҳомиладор шуд…». Иқтибос тамом. Бояд мегуфт, ки ҳамлдор ё ҳомила шуд, на ҳомиладор, ки таркиби калимаи ҳомиладор ғалат аст.
Иқтибос аз саҳифаи 23: «Ҳазрати Хадича 3 сол қабл аз ҳиҷрати Паёмбар (с) ба Мадина вафот кард». Иқтибос тамом. Дар ҳамин саҳифа поёнтар мегӯяд: «Фарзандонаш ҳамаашон аз ҳазрати Хадича буданд…». Иқтибос тамом. Дуруст, ҳама фарзандонаш аз ҳазрати Хадича буданд. Баъдтар мегӯяд: «Тоҳиру Тайиб дар Мадина ба дунё омдаанд». Иқтибос тамом. Хадича дар Макка дар гӯристони Ҷаннатулмуъалло мадфун аст. Чӣ хел Тайибу Тоҳир дар Мадина ба дунё омадаанд, ин ҷо ҳам таззод аст.
Дар ин варақ номҳои азвоҷи мутаҳаротро баррасӣ мекунад. Иқтибос: «Баъди ӯ яъне Муҳаммад (с) Савда духтари Замьара». Иқтибос тамом. Ин ҷо Замьара не, балки Замъа мебошад. Баъд поёнтар номи дигар завҷаи мубораки Расул алайҳисаломро Сафия духтари Ҳай муаррифӣ мекунад, ки номашро нодуруст овардааст. Саҳеҳаш Сафия духтари Ҳуяй мебошад, на духтари Ҳай. Баъди ин Маймуна духтари Хорисро охирин завҷаи Расул эълон кардааст. Агар ин тавр бошад, Морияи Қутбия модари Иброҳим куҷо шуд, ки охирин завҷаи Расул (а) дар таърихи зиндагии Муҳаммад (с) исбот шудааст?!
Дар саҳифаи 24 қайд кардааст: «Муҳаммад (с) дар 40-солагӣ маъбус ба паёмбарӣ шуд». Иқтибос тамом. Ин ҷо калимаи маъбус не, балки мабъус бошад, дуруст аст.
Иқтибос аз саҳифаи 24: «Пас Ҷабраил (а) ӯро дар оғӯш гирифта, фишурд ва 3 бор гуфт бихон…». Иқтибос тамом. Муаллифи ин рисола даъво дорад, ки Ҷабраил (а) ӯро якбор ба худ фишурд ва 3 бор гуфт бихон, аммо кутуби таърих, аз он ҷумла китоби Нуруляқин, муаллифи муҳаққиқ Шайх Маҳмуд Бошол Фалақӣ мегӯяд: «Ҷабраил ӯро 3 бор оғӯш карда ва ҳар бор гуфт бихон…».
Иқтибос аз саҳифаи 25: «… чунки ту силлаи раҳматро ба хешовандонат ба ҷо меорӣ». Иқтибос тамом. Ин ҷо, бояд гуфт, «силлаи раҳмат» ҳеҷ маъное надорад. Дурусттараш силаи раҳм аст.
Иқтибос аз саҳифаи 27: «… Баъди ин ояти 1-и сураи Масад нозил шуд». Иқтибос тамом. Ин ҷо ояти 1-и сураи Масадро меорад, ки ин оят ҳамагӣ панҷ калима аст ва се хатои имлоӣ кардааст. Иқтибос: «Таббат ядоа абила ҳабв». Иқтибос тамом. Беэҳтиромӣ аз ҳама болотар дар ин ояти карима он аст, ки калимаи охирро аз ин оят партофтааст. Ҳамчун мусулмон ба ин боварам, ки назди Худованд барои нақсу таҳрифи ин ояи мунҳарафу мураҳам ҷавоб мегӯяд.
Иқтибос аз саҳифаи 27: «… ӯ аз ҷояш хеста натавонист…». Иқтибос тамом. Қазия аз ин аст, ки Паёмбари Худо хеста метавонист, аммо барои он аз ҷояш боло нашуд, то либосҳояш аз ин зиёд ба наҷосат олуда нашавад.
Иқтибос аз саҳифаи 30: «… Паёмбар (с) бо ҳамроҳии Абӯбакр (р) дар ғори Сарв 3 рӯз монданд». Иқтибос тамом. Ин ҷо боз дар калимаи Сарв иштибоҳ кардааст. Бояд ғори Сарв не, балки ғори Савр мегуфт.
Иқтибос аз саҳифаи 30: «… Аз Ибни Аббос ривоят аст, ки гуфт «чун Паёмбар аз Мака ҳиҷрат кард» Абӯбакр (р) гуфт - Инно лило ҳи ва инно илайҳи роҷиъун». Иқтибос тамом. Ояти мофавқро ояи истирҷоъ мегӯянд. Мушкил ин ҷост, ки Абӯбакр онро дар вақти ҳиҷрат аз Макка гуфт, ҳол он ки оя маданӣ мебошад, ин маҳол аст.
Иқтибос аз саҳифаи 35: «Соли панҷуми ҳиҷрӣ ҷанги қабилаи Мустаюқ…». Иқтибос тамом. Ин ҷанг ба номи қабилаи Мусталиқ машҳур аст, на Мустаюқ. Ҷанги қабилаи Мусталиқ соли 6-уми ҳиҷрат буд, на соли 5-уми ҳиҷрат, чӣ тавре, ки соҳиби ин рисола мегӯяд.
Дар саҳифаи 39 муаллифи ин «китоб» Амрихудоев Давлатхудо мехоҳад мафҳумеро дар мафкураи мардум ҷой диҳад: «... аммо ин замон баръакс баъзе мардум (мутаассифона, намедонем кадом мардумро дар назар дорад,- С. О.) дини Худоро манъ мекунанд. Ҳоло рӯзе омадааст, ки зери дини Худованди Мутаол ҷамъ шавем…». Иқтибос тамом.
Дар саҳифаи 40 оятеро, ки Худованд дар шаъни расулаш гуфтааст, меорад. Бисёр саҳлангорӣ нисбат ба ояти карима намуда, аз ин оят қисмеро партофтааст. Ояти карима ин аст: «Боз Худованд мефармояд: «Ба сабаби раҳмати Худост, ки ту ба онҳо чунин хушрафтору раҳмдил мебудӣ…». Иқтибос тамом. Ин ҷо давоми ояти каримаро - «ва агар тундхӯ ва сахтдил буда»-ро партофтааст. Баъд аз он давоми оятро овардааст. Ин ҳам аз беэҳтиётӣ ва ночиз шуморидани Қуръон аз тарафи «муаллиф» аст.
Иқтибос аз саҳифаи 47: «… Худованд дар ҳақаш мегӯяд «Ва фиристодем туро барои он, ки мехоҳам ба мардуми ҷаҳон раҳмате ато кунед ва ҳамоно ту дорои аҳлоқи азиме ҳастӣ…». Иқтибос тамом. Бояд гуфт, ба ин мазмун оят, ки «раҳмате ато кунед», дар Қуръон ёфт нашуд. Ва хитоби Худованд ба Паёмбараш ба ин ки «Ва фиристодем туро» дар 3 маврид дар Қуръон (сураи 33, ояти 45, сураи 35, ояти 24, сураи 48, ояти 8) омадааст, аммо ба мазмуни «раҳмате ато кунед» нест.
Иқтибос аз саҳифаи 47: «… ва туро гумгашта ёфт…». Иқтибос тамом. Бояд ин ҷо раҳгумгашта бошад, на гумгашта.
Иқтибос аз саҳифаи 48: «… ва бо беҳтарин тарз ба онҳо муҷодала кун». Иқтибос тамом. Муҷодала бемавқеъ аст. Бояд муомала бошад, на муҷодала.
Иқтибос аз саҳифаи 55: «… Дар онҳо таърифу тағйир ва зиёду нуқсоне рӯй додааст…». Ин ҷо таърифу ноҷо аст, бояд таҳрифу тағйир бошад.
Инчунин, дар саҳифаи 58 тарҷумаи ду оятро шуруъ мекунад ва дар саҳифаи 59 тамом мекунад. Рости гап, боз беэҳтиромӣ нисбати оёти раббонӣ намуда, қисме аз ояти аввалро бе ягон ишора аз матни тоҷикӣ партофтааст. Ояти карима ин аст. Пас агар ду тоифа ба якдигар ба ҷанг бархостанд, онҳоро сулҳ бидиҳед ва агар аз онҳо яке бар дигаре ситам кард, бо тоифаи ситамгор ҷанг кунед, то ба фармони Худо бозгардад.
Пас агар руҷуъ кард, сулҳ кунед миёни ишон ба ъадл ва инсоф. Зеро Худованд одилонро дӯст медорад. Муъминон бародарони якдигаранд. Бародарони худро сулҳ диҳед ва аз Худо битарсед, шояд раҳмат карда шавед: 8-10. Ин ҷо аз охири ояти 9-ум 12 калимаи Қуръони раббониро партофтааст ва ишора дар охири калони раббонӣ кардааст, ки ин оятҳои 8-10 аз сураи «Хиҷрат» мебошанд. Аввал ин ки, ояти 8-10 нест, балки 9-10 мебошад ва дигар туҳматаш ин аст, ки дар Қуръони шариф сурае ба номи «Хиҷрат» нест.
Дар саҳифаи 60 аз ҷумлае ёдовар мешавад, ки дар ҳаллу фаҳми он ман ба ҷое нарасидам. Иқтибос: «… ҳамагӣ дар роҳи Худо ба некӣ камар мебанданд ва душманиву антезаҷӯӣ аз ҷаҳон раҳд мебандад». Иқтибос тамом.
Иқтибос аз саҳифаи 61: «… Ҳаҷрашон пеши Худованд аст…». Ин ҷо бояд аҷрашон бошад, на ҳаҷрашон.
Дар поёни саҳифаи 62-юм 1 мисраъ дар мазаммати бенамозӣ аз Шайх Аттор меорад: «Рӯзи машҳар, ки ҷонгудоз бувад…». Ҳатто ба ҳар як хонандаи мактаби миёна маълум аст, ки калимаи дувуми мисраъ маҳшар аст, на машҳар.
Дар саҳифаи 63 чанд калимоти дуъоро ба 7 бор хондан тарҷиҳ медиҳад, ки онро бихонанд ва бигӯянд: «Аллоҳума аҷрни минаннор». Ин ҷо калимаи дувуми ин дуъоро нодуруст талаффуз карда ва мардумро мегӯяд лоақал 7 бор такрораш кунед. Дуруст хондани калимаи дувум «Аллоҳума аҷирни» мебошад на аҷрни.
Дар саҳифаи 64, дар охири рисолааш, ки ба ин дуъо ихтитомаш мебахшад, мегӯяд: «Раббано отино фид дунё ҳасано ва фил охирати ҳасанат қино азобан нор». Дурусташ ин аст: «Раббано отино фид дунё ҳасанаҳ ва фил охирати ҳасанатав ва қино азобаннор».
Илова бар ин, бояд гуфт, ки қариб дар 70 ҷои «китобаш» баъди ҳарфи Ӯ, ки ишора аст, барои Паёмбар (с) саловот фиристодааст, ки ин хилофи имло дар навишти саловот бар Расул аст.

Охунҷон САФИЕВ,
фориғуттаҳсили Донишгоҳи исломии Тоҷикистон

Хонданд 529

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.