.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Фарҳанг

иттифОҚ

Нояб 04, 2017
Хонданд: 463

- Меҳвар, ҳой Меҳвар!!

- Лаббай, Беҳвар!
- Биё ба чойхона равем!
Меҳвар аз дар баромада, бо Беҳвар саломи гарму ҷӯшон карду ҳарду рӯ ба чойхонаи “Чақ-Чақ” оварданд. Меҳвар дар роҳ газетаи “Фараж”-ро аз “папка”-аш бароварда, ба Беҳвар рӯ оварда, гуфт:
- Дӯстам, ҳамин рӯзномаро як-ду моҳ пеш ба ман оварданд, як мавзуи аҷоиб дорад.
- Чӣ будааст он мавзуи аҷоиб?,- гуфт Беҳвар.
- Дар бораи хориҷ кардани бархе шоирону нависандагон аз узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,- гуфт Меҳвар.
Беҳвар баланд хандиду гуфт:
- Э, худи ҳамин иттифоқро барҳам додан даркор. Ҳамон иттифоқу ҳамон шоирон ба кӣ даркор? Ягон корашон маълум нест. На як шеъри соз менависанду на як насри хонданӣ доранд.
- Беҳвар, ту чӣ гуфта истодаӣ? О, агар зиёиён набошанд, медонӣ чӣ мешавад?
- Чӣ мешавад?
- Ҳама бесаводу гӯлу гаранг мешаванд.
- Ҳаҳаҳа, худе ки ҳозир ҳама босавод бошанд...
Ҳарду ба чойхона даромаданду чун одати дерина чойи кабуди талх фармуданд.
- Беҳвар, хуб, баъд чӣ шудааст? Киҳоро хориҷ кардаанд? Чанд нафарро барои чӣ хориҷ кардаанд?
- Меҳвар, ҳеҷ фаҳмида намешавад инҳоро! Бархе мегӯянд, ки шеърҳояшон ҷавобгӯй ба таъби раис, эҳ, мебахшӣ, ба низомнома набудааст. Аммо бархе мегӯянд, ки аз рӯи ғаразҳои шахсиашон ин корро кардаанд.
- Беҳвар, гӯш кун, мо чанд нафар шоиру нависанда дорем? Мегӯянд 400 нафар ҳастанду аз байнашон 39 нафарро хориҷ намудаанд.
- Эҳ, ҳамин 39 нафарам гап шуд-мӣ? О, ҳадди ақал 200 нафарашро хориҷ мекарданд, баъд мегуфтем, ки ана адолат!,- гуфт Беҳвар.
- Дӯстам Беҳвар, рост мегӯию аммо дар байни инқадар шоирону нависандагон 39 нафарро хориҷ кардаву бо эшон тую ман кардан шарт набуд-да! О, хайр, ҳамонҳо барои ҳаммин миллат ягон зиёновар нестанд-ку! Як шоир ҳаст ку, бо тахаллуси Нобакор, шеърҳои зӯр менависад. Як шеъраш ҳаст ку:
Гул дар рӯи косагул,
Косагул дар рӯи гул.
Дар рӯи гул косагул,
Рӯи гул дар косагул.
Ана ҳамин хел шеърҳо ба дарди мардум мехӯрад. Медонӣ, мардум ташнаи ин гуна “шеър”-ҳои пур - пури мазмун ҳастанд.
Ногоҳ пешхизмат омадаву ба ин ду нафар, ки ғарқи суҳбат буданд, гуфт:
- Ако, шумоҳоба чизе биёрам?
Меҳвар саросемавор сарашро бардошта, ба тарафи пешхизмат нигоҳ намуда, гуфт:
- Шумо коргари нав ҳастед?
- Ҳа ако, ман коргари нав.
- Хуб, манба шашлик биёред,- гуфт Беҳвар.
- Барои ман ҳам шашлику аммо 100 грам аз сафедаш.
Беҳвар:
- Нӯши ҷонат шавад, дӯстам, дигар чӣ кор ҳам мекарӣ...
Меҳвар:
- Дӯстам, агар ман дар ҳамин иттифоқ раис бошам, кори аввалинам ҳамин аст, ки он аъзошудагонро аз узвият хориҷ намекардам.
- Чӣ кор мегардӣ?,- пурсид Беҳвар?
- Ҳамин худи иттифоқро мебастам, тамом, вассалом!
Ногоҳ Булбулхон омада, бо садои баланд фарёд зад:
- Падар, биёед, ки модарамро гови ҳамсояи шоирамон бо шохаш зад.
Меҳвар саросемавор аз ҷой бархосту гуфт:
- Рафтем рафтем, агар гови шоир зада бошад, аниқ ки соҳибашро аз узвият хориҷ кардаанд!!!

РЕВАХШ

Хонданд 463

ЧАРОҒИ РАВШАНИ МАҲФИЛҲО

Нояб 04, 2017
Хонданд: 586

Дар сарнавишти неруҳои қавии ақлонӣ новобаста аз забону нажод ва замону макони зисту алоқамандӣ ба сиёсати давр умумиятҳои вижае мушоҳида мешавад, ки муҳимтарини он дарк ва фаҳми набзи ҷомеа ва дар иртибот ба он хидмат ҷиҳати ба бедорӣ ва зиндагии шоиста даъват намудани инсоният аст. Ин фазилати манша аз хирадмандӣ гирифтаро дар мисоли фарзонагони давраҳои мухталифи адабу фарҳанг ва илму санъати Ғарбу Шарқ ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Фармудаҳои ибратомӯзи ба некиву накӯӣ даъваткунандаеро, ки Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар асри Х раҳандозӣ кардааст замони дигар аз Алегери Дантеи итолиёвӣ, Шекспири англис, Волфганг Гутеи олмонӣ ва даҳҳо нобиғагони кишварҳои дигар ба гуфта омадаву дар асл инсониятро ба шинохти мақоми ҷамъиятиаш даъват кардаанд.

Замони дигар шева ва ҷасорати хидмат кардан ба халқро, ки аллома Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абдуқодир Муҳиддинов, Бобоҷон Ғафуров ва фарзонагони ҳамнаслу ҳамзамони онҳо сарнавишти хеш донистанд, насли дигари зиёиёни тоҷик дар паноҳи андеша ва амали онҳо идома доданд. Ин насл нерӯ ва малакаи зеҳнии хешро барои бунёд ва ташаккули мактабу маорифи миллӣ, илму адаб ва фарҳанги миллӣ нигарониданд, ки дар байни онҳо профессор Воҳид Асрорӣ бо паҳнои назар, густурдагии фаъолияти пажуҳишгарӣ ва сабки хоси омӯзгориашон ҷалби таваҷҷуҳ менамоянд.

Перомуни роҳи ҳаёт ва зиндагиномаи Воҳид Асрорӣ ҳамкорону шогирдонашон зиёд навиштаанд ва агар хати сабзи он навиштаҳо пайгирӣ шавад, зикри тинати пок, устуворӣ дар қавлу амал, садоқат ва меҳри сӯзон ба адабу фарҳанги миллӣ, дасти мадад ва ёрмандӣ ба шогирдон, дар иртиботи байниҳамӣ ба пажуҳиш кашидани қонуният-мандиҳои адабиёт, эътиқод ба дӯстӣ ва рафоқати халқҳо, риояи адолат дар фаъолияти ВАО, меҳнати пайваста барои сайқали маҳорат, ҷадал ҷиҳати амалисозии ниёзҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ғурури хоси тоҷикӣ метавонад ҳосили умумии он навиштаҳо бошад.
Ба гуфта омадааст, ки Воҳид Асрорӣ ҳамсоли воқеаи хотирмони таърих – Инқилоби Октбяр буда, дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба дунё омадаанд. Ба эътибори гуфта ва навиштаҳои эшон волидон ва гузаштагонаш аҳли савод буда, дар саводомӯзии насли замони худ саҳм гузоштаанд. Саводи аввалияи Воҳид Асрорӣ низ нахуст дар мактабҳои динӣ ва замонавии маҳалли худ баромада, минбаъд бо таҳсил дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Сталинободу Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд сайқал ёфтааст.
Фаъолияти омӯзгории Воҳид Асрорӣ аз ҳамин давра (солҳои 1933-1934) оғоз гардид ва ин касби пуршараф пешаи асосии устод то охири умр қарор гирифт.
Дар фаъолияти меҳнатии Воҳид Асрорӣ омӯзгорӣ ва пажуҳишгарӣ тавъам ҷараён гирифта, ба гунаи созгории назария ва амалия ҳамдигарро такмил додаанд. Агар натиҷаи заҳмати содиқонаи омӯзгориашон тарбияи шогирдон бошад, натиҷаи заҳмати пайвастаи пажуҳишгариашон таълифи асару мақолаҳои арзишманде аст, ки танҳо номзикри онҳо метавонад ҳаҷми китоби алоҳида дошта бошад.
Китобҳои «Эҷодиёти Юсуф Вафо» (1957), «Ҳаҷв дар адабиёти тоҷик» (1967), «Адабиёт ва фолклор» (1957), «Халқ ва адабиёт» (1968), «Фолклор ва эҷодиёти нависанда» (1968), «Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик» (Бо ҳаммуаллифии Р.Амонов, 1980), «Фолклор, халқият, нависанда» (1982) ва «Жанрҳои хурди фолклори тоҷик» (дар 3 қисм, 1983-1990) дар адабиётшиносӣ ва фолклоршиносии тоҷик бо услуби вижаи таҳқиқ ва натиҷагириҳои тозаи илмӣ бартарӣ дошта, барои ин ду самти умдаи илм аз асарҳои бунёдӣ маҳсуб меёбанд. Монографияи «Адабиёт ва фолклор», ки аз нашри он 50 сол сипарӣ шудааст, дар шинохти шахсият ва қимати илмиву адабии осори Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, ба вижа иртибот ва муносибати устодонаи онҳо ба фолклор пажуҳиши арзишманд маҳсуб ёфта, ба нашри такрории он ин замон эҳтиёҷи ҷиддӣ эҳсос мешавад.
Устод Воҳид Асрорӣ бо хидматҳои мондагори эҷодкорони донишманду далер Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода дар гуфтору навиштори худ арҷ мегузоштанд ва худро хушбахт меҳисобиданд, ки аз файзи суҳбати онҳо баҳра бардоштанд. Аз иштирокашон дар суҳбатҳои устод Садриддин Айнӣ ёдовар шуда ҳамзамон аз донишманди бузурги таърих ва сиёсатмадори донову далер будани Бобоҷон Ғафуров сухан мегуфтанд. Аз суҳбати бо шарофатии устодашон Шарифҷон Ҳусейнзода бо А.Лоҳутӣ дар шаҳри Тошканд доштаашон хотирнишон шуда худро лоҳутипараст мегуфтанду аз номи Лоҳутӣ мехонданд.
…Нусрат зи иттиҳоду зи илм асту инқилоб,
Бо коргар бигӯй, ки тарки дуо кунад.
Замоне, ки тозаандешони хасакии солҳои 90-уми асри гузашта монанди солҳои 20-ум боз ба муқобили адабиёт, илм ва шахсиятҳои маъруфи он носазогӯйӣ карда лаб ба сухан кушоданд, ки «Турсунзода ва ҳамсолонаш аз мактаби гузаштаи мо баҳраи комил нагирифтаанд ва аз ин рӯ камоли суханашон ба он поя нарасидааст» Воҳид Асрорӣ бо қатъияти хоси худ иброз доштанд, ки «Адиберо нашинохтан ва написандидан, ки онро тамоми олам шинохта аст, ҳиндуҳо ба номаш ифтихор доранд, дар адабиёти муосири тоҷик беҳтар аз вай достонсаро шояд набошад, адиберо, ки аз адабиёти классикии тоҷик ғизои бузурге бардоштааст, ба мояи андешаи нокомили худ фаровардан гуноҳ не, ҷиноят аст. Фаромӯш накунед, ки баҳо додан ба Мирзо Турсунзода, баҳо додан на танҳо ба тамаддуни тоҷик, балки ба тамаддуни асри ХХ-и ҷаҳонӣ ҳам ҳаст».
Вақте дар ҷараёни суҳбат номи Сотим Улуғзода зикр мешуд чеҳраи устод Воҳид Асрорӣ ранги дигар мегирифт ва бо меҳр мегуфтанд, ки «Ман домулло Улуғзодаро бисёр иззат мекунам ва шиносоии мо аз охирҳои солҳои сиюму чилум, аниқтараш пеш аз ҷанг, оғоз ёфтааст. Бо он кас дар чандин маъракаву вохӯриҳо якҷоя ширкат доштем. Он кас аз соҳаҳои гуногуни илму фарҳанги аврупоӣ бохабар буда, мутолиаи зиёд ба забони русӣ доштанд ва аввалҳо ба майдони адабиёт чун олим ворид гаштанд. Аз навиштаву гуфторашон ҳис карда мешуд, ки таърихро хеле хуб медонанд, аз сарчашмаҳои нодир бохабаранд. Улуғзода барои миллат, халқ, барои такомули забону ғановати адабиёти тоҷик хизмати арзанда кардаанд.
Барои ҳамон ҳодиса шуда (Ҳиҷрати фарзанд. Муаллифон) чунин шахсро ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридан аз рӯи инсоф нест, қадру манзалати эшонро шинохтан даркор буду ҳаст».
Профессор Воҳид Асрорӣ дар пажуҳиши масъалаҳои мубрами илмӣ ғолибан ба ҳақиқат такя мекарданд, дар мавриди зарурӣ бо олимони дохиливу берунӣ ба баҳс медаромаданд ва метавонистанд мавқеи илмиашонро ҷасурона дифоъ намоянд. Ҳампеша ва ҳаммуаллифашон дар навиштани китоби «Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик» Раҷаб Амонов, ҳамин фазилати Воҳид Асрориро ба таври зайл ёдовар шудаанд: «Ман аз он қонеъ ва хурсанд ҳастам, ки дар давоми панҷоҳ сол дӯстии мо халал надид, мо аз кардаҳои ҳамдигар тавонистем баҳра гирем, корҳои муҳимро ҳамроҳ анҷом додем. Ба муқобили каҷравиҳо ва сохтакориҳо дар илми фолклоршиносӣ аз як гиребон сар бароварда мубориза бурдем, коре кардем, ки дар ватани азизи мо илми фолклоршиносӣ босуръат тараққӣ кард ва дастовардҳои он дар миқёси байналхалқӣ пазируфта шуд.
Аввалин китоби дарсии бо номи «Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик» барои мактабҳои олӣ таълиф намудаи мо то имрӯз ба муаллимон ва донишҷӯён хизмат мекунад. Ин китоб дар Афғонистон ба хати форсӣ чоп шуда, дастраси аҳли илм ва донишҷӯёни ин мамлакат гардид. Ман бовар дорам, ки қисми калони осори илмӣ ва адабии ин шахси пуркор минбаъд ҳам ба илму фарҳанги тоҷик манфиат хоҳад овард.
Ман ҳеҷ дар хотир надорам, ки ҳамкасби муътабарам Воҳид Асрорӣ боре ба фароғат дода шуда бошад. Пай дар пай эҷод кардан ва ба мардум пешниҳод намудани асарҳои нав ба нав барои ӯ мафҳуми зиндагии асилро дошт. Ҳаёт ва фаъолияти бобаракати Воҳид Асрорӣ намунаи ибрат буд ва ҳаминг тавр хоҳад монд».
Вижагии назарраси таълифоти Воҳид Асрорӣ дар он зоҳир мешавад, ки ҳамаи ҷанбаҳои илми филологияро дар алоқамандӣ мавриди пажуҳиш қарор додаанд. Мақолаҳои устод «Намунаҳои рубоиҳои халқии замони советии водии Зарафшон», «Дар атрофи фолклори замони советӣ», «Ашъори Муҳиддин Аминзода», «Ҳаҷв дар адабиёти советии тоҷик», «Халқ ва адабиёт» бо ҳамин услуб таълиф шудаанд. Ҷустор ва пажуҳиши пайваста оид ба масъалаҳои фолклоршиносӣ дар фаъолияти илмии устод аксаран бо таълифи мақола ё ироаи гузориш оғоз ёфта, бо навиштани асарҳои монографӣ ҷамъбаст гардидааст. Воҳид Асрорӣ бо риояи ҳамин шеваи таҳқиқ чун яке аз аввалинҳо ба муайян сохтани таъсири босамари фолклор ба адабиёти хаттӣ камар бастанд ва натиҷаи пажуҳиши тадриҷии худро соли 1968 чун рисолаи докторӣ дифоъ намуданд. Андешаҳои илмии оид ба ин масъала баён ёфта аз он башорат медиҳанд, ки рисолаи доктории Воҳид Асрорӣ ҷанбаи қавии назариявӣ ва амалии илмӣ дошта, дар адабиётшиносӣ сухани тоза аст. Воҳид Асрорӣ дар шумули донишмандоне қарор доштанд, ки натиҷаи пажуҳиши илмиашон дар сатҳи умумииттифоқ эътироф гардидааст. Донишманди номӣ Г.Ломидзе баъди ошноӣ ба рисолаи доктории Воҳид Асрорӣ бо қаноатмандӣ навишта буд, ки «На заседании экспертной комиссии ВАК я докладывал о Вашем деле по поводу присуждения Вам ученой степени доктора филологических наук. Я ознакомился внимательно с Вашем авторефератом, трудом довольно объемистым (в нем 160 печатных страниц).
Автореферат произвел на меня очень благоприятное впечатление своей фундаментальностью, содержащихся в нём наблюдений и оценок по очень сложным проблемам фольклора и литературы. По моему предложению экспертная комиссия ВАК единогласно присудила Вам ученную степень доктора филологических наук.
Поздравляю Вас с этим радостным событием Вашей жизни, желаю успехов, счатья и здоровья.
С уважением Г.Ламидзе, 18.04.1969 г.»
Донишманди дигари сатҳи ҷаҳонӣ А.Н.Болдирев баъди мутолиаи тақризи ба китоби Тоҳирҷонов навиштаи Воҳид Асрорӣ ва Демидчик 12-уми ноябри соли 1970 навиштааст, ки «…хочу выразит мои хорошие удовольствия, которые я получил об рецензии на книгу Тагиржанова опубликованной вами и Демидчиком в журнале «Памир», №3. Вот действительно объективная рецензия, на высоком профессиональном уровне, настоящая наука!»
Дар фаъолияти илмиву амалӣ ва эҷодии профессор Воҳид Асрорӣ шурӯъ аз солҳои 1968 масъалаи журналистика ҷойгоҳи вижа пайдо кард.
Чаро таъкид ба ин давра аст? Зеро аслан аз солҳои сиюм, яъне аз наврасиашон Воҳид Асрорӣ ба журналистика шавқ доштанд. Баъди Ҷанги бузурги Ватанӣ ба таври фаъол бо воситаҳои ахбор ҳамкорӣ карданд ва ҳамчунин роҳбари рӯзномаи наврасон – «Пионери Тоҷикистон» буданд. Вале дар он замон фаъолияти асосии Воҳид Асрорӣ ба тадқиқи адабиёт ва фолклор равона гардида буд. Дар нимаи дувуми солҳои 60-ум низ муаллим чун мудири кафедра ба тадқиқи фолклор ва адабиёт машғул гардиданд, вале такмил намудани фаъолияти шуъбаи журналистика, мусоидат ба кадрҳои соҳаи журналистика барои профессор Воҳид Асрорӣ мавқеи муҳим касб кард.
Ин тағйирот ба ду чиз иртибот дошт: аввалан, кафедраи фолклор ва методикаи таълими забон ва адабиёт, ки акнун ташкил шуда буду устод Воҳид Асрорӣ ба он роҳбарӣ мекарданд, мутассадии шуъбаи журналистика гардид ва дуввум профессор Воҳид Асрорӣ декани факултаи филологияи тоҷик таъйин шуданд ва ба сифати декан барои рушди ин соҳаи барои Тоҷикистон нави маориф таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Фаъолияти профессор Воҳид Асрориро дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи журналистика ба ду гуруҳ ҷудо намудан ба мақсад мувофиқ аст: аввалан, ҳамчун масъули шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷик дар ҳамаи давраи фаъолияташон дар нимаи дуввуми солҳои 60-ум то охири ҳаёташон ва, дувум, масъалаи тайёр намудани самти илмии шуъбаи журналистика.
Қисмати аввал бисёр муҳим буд, ба он маънӣ, ки агарчи соли 1966 эълон шуд, ки шуъбаи журналистика ташкил ёфт ва гурӯҳи аввали донишҷӯён ба шуъбаи журналистика дохил шуданд, вале он замон ҳама гуна тағйиротро бояд ҳатман Маскав тасдиқ менамуд. Барои тасдиқи Маскав Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба таври расмӣ муроҷиат мекард, аммо дар роҳбарияти онвақтаи Тоҷикистон, аввалан, ашхосе, ки журналистро аз филолог фарқ карда тавонад, камтар ба назар мерасид, сониян пешниҳоди Маскавро интизор нашуда, бо ташабусси худ ба он ҷо муроҷиат мекардаҳо дар сохтори роҳбарии ҳизбӣ ва вазоратҳо набуданд. Касе ба Маскав нома барои ташкили шуъба нафиристод. Аз сабаби ба амал наомадани ин муқаррарот донишҷӯёне, ки соли 1967-ум қабул шуданд, ҳамчун филолог шинохта шуданд ва баъдан дар гирифтани дипломҳояшон низ мушкилоти зиёд ба миён омад. Мушкилии дигар масъалаи кадр буд. Дар шуъбаи навтаъсиси журналистика танҳо як муаллим буд – Хӯҷабек Зулфиқоров, дастпарвари факултети журналистикаи УДМ ба номи Ломоносов ва барои он кас ҳам соати дарсӣ нокифоя буд. Устод Воҳид Асрорӣ баъди он, ки системаи таълими журналистикаро ба вуҷӯд оварданд, худ ба сифати ташаббускор дар эҷоду дарси худ намуна мешуданд.
Аз ҳамин давра муаллим Воҳид Асрорӣ барои ташаккули шуъбаи журналистика талош мекарданд, вале ин ба осонӣ муяссар намегардид. Муддати дурударозе дар Тоҷикистон фақат ихтисоси журналистика вуҷуд дошт. Ҳар сол дар таркиби факултаи филология 15-20 нафар ҷавонҳо аз гуруҳҳои гуногун тариқи конкурс барои таҳсил дар риштаи журналистика интихоб мешуданд. Ин албатта, норозигии профессорон, мутахассисони ихтисоси дигарро ба вуҷуд меовард. Махсусан, Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев ва Соҳиб Табаров мегуфтанд, ки довталабони беҳтаринро шумо журналистон ҷудо намуда мегиред ва боқимондаҳо ба ихтисосҳои дигар тақсим карда мешаванд. Дар ин ҳолатҳо танҳо қотеъияти профессор Воҳид Асрорӣ буд, ки интихобшудагон дар журналистика таҳсил карда тавонанд ва, аз тарафи дигар, раёсати донишгоҳ интихобро манъ накунад.
Аз ҷониби дигар ва асосӣ, ихтисоси мавриди назар имконияти таълими пурраи журналистиро надошт. Профессор Асрорӣ барои ҳалли ин аз ду чиз истифода мекарданд: ҳамон 480 соат дарси ихтисосро, ки дар ихтиёри шуъба ё ихтисос буд, ба дарсҳои амалӣ тақсим карда 50 фоиз зиёд мекарданд ва ҳамаи предметҳои асосии факултаи журналистикаро аз жанру назария то таъриху проблемаҳо дар он ҷой медоданд, таҷрибаомӯзиро ҳамчун заминаи асосии маҳорати касбӣ истифода менамуданд.
Чун сухан дар бораи баҳсҳо рафт, мехостем, як мисоли дигарро доир ба баҳс дар соҳаи журналистика иброз намоем. Дар он замон ба ақидаи «Шарт аст, ки журналист тайёр намоем, оё аз филолог журналист намебарояд?» Воҳид Асрорӣ як тезиси дурусти илмӣ доштанд, ки онро ҳамеша таъкид менамуданд. Мегуфтанд, ки журналисти касбӣ агар дар ҳастиаш ҳунари нависандагӣ бошад метавонад аз физик, математик, химик ва ғайра ҳам пайдо шавад, чунки онҳо низ менависанд, эҷод менамоянд, вале журналистика ин як соҳаи бузург аст, чаро ки вай ғайр аз навиштан фикр намуданаш лозим аст ва ба навиштани дигарҳо кӯмак расонида, дастгоҳро ба кор дароварданаш зарур аст. Барои ҳамин худи касбро омӯхтан лозим аст. Мегуфтанд, ки филолог низ касбро омӯхта метавонад, вале мо аслан барои он ба донишҷӯёни филолог маблағ сарф менамоем, ки онҳо дар мактаби миёна забон ва адабиёти тоҷикро дарс диҳанд ва муҳити адабиётро фаҳмонида ба талабагон савод диҳанд. Аммо журналистонро на барои он тайёр мекунем, ки рафта дар мактаби миёна ба муаллимӣ машғул гарданд, балки барои он тайёр менамоем, ки дар истеҳсолот фаъолият намоянд, яъне худашон нависанд. Фарқи донишҷӯйи филолог дар он аст, ки ӯ китобхониро тавонад кофӣ, вале барои журналист танҳо китобро хонда тавонистан кам аст. Журналист бояд дар заминаи чизи хондааш фикри нав гуфта тавонад. Барои фикри навро гуфта тавонистан вай шахсияти болотар аз филолог ва муаллим буданаш зарур аст. Яъне журналист сиёсатро дуруст дониста, ба имрӯз пайваст намудан ва ҳамчунин, дар эҷодиёташ чизеро дастгирӣ кардан ва чизи дигарро дастгирӣ накарданро донистанаш зарур аст. Инро дар раванди фанҳои зиёди журналистика омӯзонидан лозим аст. Муаллим Воҳид Асрорӣ мефаҳмониданд, ки Садриддин Айниро донишҷӯёни соҳаи филолог барои эҷодиёташ ва мероси бадеияш меомӯзанд, вале донишҷӯёни соҳаи журналистика бошанд, арзиши иҷтимоии Айниро бештар меомӯзанд, яъне С.Айнӣ нисбати замони худ чӣ аксуламал нишон дод ва ғайра. Таҳлили адабиёти ин адиби бузург барои филолог зарур бошад, барои журналист нишон додани он, ки асарҳои ин адиб барои ҷамъият чӣ дода тавонист, муҳим мебошад. Яъне журналист аз эҷодиёти нависанда санъати нависандагиро меомӯзад. Мо бисёр шоҳид будем, ки Воҳид Асрорӣ дар баҳсҳо ба ҳамкорони дигарашон, ки мегуфтанд «аз филолог ҳам журналист баромаданаш мумкин аст», ба ҳамин шева сухан мегуфтанд. Далели ин аз ҷумла мақолаи устод «Тақозои ҳаёт» аст, ки 15-уми январи соли 1982 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» нашр шуда буд. Дар он масъалаҳои вазъи ВАО ва фаъолияти журналистон, таъмини ВАО бо мутахассисони касбӣ ба ин шева баён мешавад:
«Аз рӯйи кор ва машғулияти илмиам дам ба дам бо архив кордор мешавам, саҳифаҳои газетаву журналҳои солҳои бистум ва сиюмро варақ мезанам ва мебинам, ки имрӯз газета, журналҳо аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа, маҳорати журналистӣ, ороиши техникӣ, услубу тарзи баён чи қадар пеш рафтаанд. Ҳаёти мадании республика, аз он ҷумла, як шохаи бузурги он матбуоту нашриёт ва радиою телевизион пайваста бо ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ инкишоф ёфта, имрӯз бо он хонанда, тамошобини оинаи нилгун ва шунавандаи радио ҳар рӯзу ҳар соат мулоқот доранд, ки онҳо вақтро як солу ду солу се сол ақиб гузошта, бо иҷрои ӯҳдадорию планҳои худ хеле пеш рафтаанд. Инҳо одамони наванд, инҳо одамони замони сотсиализми мутараққианд. Дар бораи онҳо навиштан лозим: очерк, лавҳа, мақола… Ин корро бештар журналистон мекунанд. Чунки онҳо маълумоти олии махсуси журналистӣ доранд, кори газетаю журнал ва радиою телевизионро хуб медонанд.
Ман ба саҳифаи рӯзномаҳое, ки дар республикаамон нашр мешаванд, бо мақсади он ки муаллифони шинос ҳастанд ё не, низ назар меафканем. Мехоҳам фаҳмам, ки фаъолияти журналистии собиқ шогирдони мо, чӣ навъ аст. Номҳои онҳоро ҳамеша дар ҳамаи газетаҳо, журналҳо мебинам ва ба воситаи радиою телевизион мешунавам. Аз байни садҳо фақат чанд нафарро номбар мекунам: Мансур Сайфиддинов, Мирзо Шукуров, Мӯсо Мавлавиев, Маҳмудҷон Шаҳобиддинов, Мақсудҷон Ҳусейнов, Олим Салимов, Азиз Сангинов, Назокат Олимова… рӯйхат хеле калон аст.
Ба бисёр касон, махсусан, ба журналистон маълум аст: журналист таърихи ҳамарӯзаро менависад. Мо таърихи гузаштаро ҳам аз архив ба қалами журналист пайдо мекунем. Хабар, ҳисобот, мухбирнома, мақола, лавҳа, репортаж, очерк – инҳо ҳам таҳлили воқеаҳои ҳаёт, муборизаи нав ва кӯҳна, номи нав дар меҳнати қаҳрамонона, кашфиёти илму техника, тавлиди шаҳр, завод ва ҳоказо мебошад.
Бинобар ин, ба мо журналистони ҳаматарафа маълумотнок, мувофиқ ба талаботи замон лозиманд. Ин гуна кадрҳоро мактаби олӣ, факултет ё шуъбаи махсус тайёр карда мерасонад.
Бо чунин масъалагузорӣ ва пайгирии тадриҷии Воҳид Асрорӣ соли 1987 имконияти таъсиси шӯъбаи журналистика ба вуҷуд омад ва дар ин сол бо ташаббуси профессор Воҳид Асрорӣ раванди қабул ба шӯъбаи журналистика тариқи конкурси ихтисосӣ раҳандозӣ гардид. Нуктаи дигар низ бояд зикр шавад, ки дар таъсиси факултет ё табдил ёфтани шӯъбаи журналистика ба факултет низ саҳми профессор Воҳид Асрорӣ назаррас мебошад. Соли 1992 дар натиҷаи гуногунандешии декани факултети филология ва роҳбари Донишгоҳ заминаи таъсиси факултети журналистика ба вуҷуд омад ва бо шарофати дипломатияи баланди Воҳид Асрорӣ аз моҳи сентябри соли 1992 факултети мустақили журналистика ба фаъолият оғоз намуд.
Таъсис ёфтани ин факултет амалӣ гардидани орзуи деринаи Воҳид Асрорӣ буд, бинобар ин дар ташаккули минбаъдаи он низ эшон бо дили гарму нерӯи тоза хидмат карданд.
Афзун бар ин бояд зикр шавад, ки пешаи асосӣ ва доимии устод Воҳид Асрорӣ омӯзгорӣ буд ва то охири умр омӯзишу парваришро дар ҳамбастагӣ пеш бурданд. Дар омӯзгорӣ равиши хоси худро доштанд, равише, ки ба зудӣ аҳли дарсхонаро ба худ ҷалб менамуд ва шогирдон ба зудӣ ба устод унс мегирифтанд. Эътиқод пайдо мешуду меҳр мебастанд.
Мусаллам аст, ки ҳамаи шогирдон аз назари фаҳмишу қобилият ва дарки маънӣ дар як сатҳ қарор надоранд. Устод Воҳид Асрорӣ чун педагоги таҷрибаандӯхта инро хуб медонистанд. Дарсу суҳбаташонро аз ҳамин дидгоҳ ба роҳ мемонданд, натиҷа он мешуд, ки ҳатто саркаштарин донишҷӯ ба эшон меҳр мебаст, орзуи ҳамсуҳбатӣ мекард ва маслиҳати муфид гирифта роҳи худро дигар менамуд. Воҳид Асрорӣ салобати хоси омӯзгорӣ доштанд вале монанди ағлабе худро чун «ҳазратону хоҷагон» ҷилва намедоданд. Низом Қосим дуруст ба мушоҳида гирифта, ки:
Басо устодҳо чун ҳазратону хоҷагон буданд,
Ба шогирдон валекин ҷура буду ёр Асрорӣ.
Устод Воҳид Асрорӣ дар симои ҳар шогирд истеъдодро медиданд, бинобар ин, барои кашф ва парвариши истеъдод ҳамеша моил буданду аз устодони ҳамкорашон низ инро тақозо мекарданд. Мегуфтанд, ки истеъдодро «куштан» осон аст ва ин амали носавоб аст хусусан ба замоне, ки шогирди боистеъдод дар авҷи шукуфтан ва ташаккул аст. Аз заҳматталаб будани тарбияи истеъдодҳо сухан мегуфтанду Ҳаким Саноиро ба ёд меоварданд.
Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб,
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.
Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯйи табъ,
Олиме гардад наку ё шоире ширинсухан.
Хидмати пайваста дар пажуҳиши илмӣ, омода намудани шогирдон ба фаъолияти босамари меҳнатӣ, таълифи китобҳои дарсӣ барои толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва иштироки пайваста дар ҷараёни зиндаи адабиву пиёдасозии ниёзҳои давлати соҳибистиқлол, шахсияти Воҳид Асрориро такомул дода, меҳри устодро дар замири шогирдони ҳузуриву ғайриҳузуриашон чун чароғи равшани маҳфилҳо нигоҳ медорад.

Иброҳим Усмонов,
Муртазо Зайниддинов

Хонданд 586

Донишманди пуркор

Окт 28, 2017
Хонданд: 512

Дар зиндагӣ одамоне, ки донишманду ошиқи кори худ бошанд, кам ҳастанд. Ҳамин одамони донову ошиқони пуркор ҷомеаро пеш мебаранд. Дигарон аз онҳо ибрат мегиранд ё ҳатто ба онон тақлид менамоянд. Агар ин кордонҳои ҷоннисор дар ҳама соҳаи сиёсату фарҳангу иқтисодиёт зиёд бошанд, он гоҳ кишвар низ зуд рушд мекунад ва рӯзгори мардум бештар обод мешавад. Ба ин васила барои ба натиҷаи дилхоҳ расидан, бояд ҷавононро тарбият кард, то теъдоди донишмандон бештар шаванду миллат ва кишвар ободтар гардад. 

Хушбахтона, дар ҳар соҳае касоне ҳастанд, ки бо кори неки худ барои дигарон намунаи ибрат мебошанд. Онҳоро на фақат дӯстону шогирдони содиқ, балки ҳар касе, ки мешиносаду мефаҳмад, қадр менамояд. Яке аз чунин касоне, ки дар илми арабшиносӣ, аз ҷумла таълифи фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ ва ҳам тоҷикӣ-арабӣ кори мондагоре кардааст, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайидраҳмон Сулаймонӣ аст.
Устод Сулаймонӣ арабшинос аст. Тамоми умри худро ба омӯзиш ва пажӯҳиши забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги мардуми араб бахшидааст. Ӯ бо заҳмат асарҳои зиёдеро таълиф, тарҷума, таҳия намудааст, ки ба ин восита номаш дар таърих сабт гаштааст. Корҳои илмиву фарҳангии ӯ ба осонӣ ба даст наомадаанд, балки дар натиҷаи талошу омӯзиш, ғайрату кӯшиш, ҷустуҷӯву хониш ва гирифтани дониш амалӣ шудаанд. Барои он ки як одам касбашро дуруст интихоб намояд, роҳи пурпечутобро тай менамояд ва барои натиҷаи дилхоҳ ба даст овардан аз омӯзгорон сабақ мегирад, аз таҷрибаи бузургсолон истифода менамояд, ҳамеша машғули мутолиа мешавад. Фақат дар ҳамин сурат кас метавонад корҳои шоистаеро ба анҷом расонад.
Роҳи устод С. Сулаймонӣ аз доманаи қуллаҳои баланди кӯҳҳои Тоҷикобод оғоз гардидааст. Устод соли 1947 дар ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омад. Дар ҳамон ҷо мактаби миёнаро хатм кард ва соли 1964 ба шӯъбаи арабии факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил гардида, соли 1969 онро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонд. Дар раванди таҳсил ошиқи забону фарҳанги мардуми араб шуд. Пас аз хатми шӯъбаи арабӣ як лаҳза ҳам аз омӯзиш ва пажӯҳиш дар канор набуд. Ҳамин талошҳои эшон буд, ки аз соли 1969 то 1970 ӯро ба сафи Артиши Шӯравӣ ба ҳайси тарҷумон-афсари ҳарбӣ даъват намуданд. Баъд аз соли 1970 то соли 1971 ба Ҷумҳурии Арабии Яман ба сифати тарҷумони ҳарбӣ фиристоданд, ки ҳам аз арабӣ ба русӣ ва ҳам аз русӣ ба арабӣ тарҷумонӣ мекард. Тарҷумонӣ барои боз ҳам дақиқтар ва дарки бештари нозукиҳои забон таҷрибаи хубе буд. Баъди баргаштан аз хизмати аскарӣ як сол (1971-1972) ҳамчун муаллими забони арабӣ дар мактаби миёнаи рақами 53-и шаҳри Душанбе кор кард. Ҳангоми дарс додан аз забони арабӣ донишашро такмил медод ва орзуҳои ширинеро дар дил мепарварид, ки луғати арабӣ-тоҷикӣ таҳия намояд, осори бузургони миллати тоҷикро, ки ба забони арабӣ навиштаанд, тарҷума кунад, ба пажӯҳиши забон ва адабиёти араб машғул гардад.
Ҳамин кӯшишу ғайрати ӯро ба инобат гирифта, ӯро соли 1972 ҳамчун лаборант ба кафедраи филологияи араби Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кор мегиранд. Диданд, ки ҷавони пурталош аст, соли 1974 ба аспирантура пешниҳод менамоянд. Акнун ҳамчун омӯзгор дар кафедра кор мекард ва ба пажӯҳиш машғул мешуд. Он солҳо, аз сабаби набудани шӯрои дифоъ оид ба ихтисоси забони арабӣ, дар Тоҷикистон дифоъ кардани арабшиносон мушкил буд. Дар ин муддат борҳо ба Маскав сафар кард, аз китобхонаҳо ва донишмандони арабшинос оид ба масъалаҳои гуногуни забон ва фарҳанги мардумони араб пурсуҷӯ кард. Дар натиҷа пас аз кӯшишу ғайратҳои зиёд соли 1979 дар мавзӯи «Асосҳои лингвистии топонимика дар асари «Мӯъҷаму-л-булдон»-и Ёқути Ҳамавӣ» (асри XIII) дар шаҳри Маскав, дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рисолаи номзадии худро дифоъ кард. Пас аз дифои рисолаи номзадӣ то соли 1980 ҳамчун муаллими калон ва дотсенти кафедраи филологияи араби Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кор кард.
Инак, як кадри пухтаву донишманд омода шуд. Акнун роҳи ӯ боз буд. Ҳар муасисае, ки ба забони арабӣ ниёз дошт, кӯшиш менамуд, ки ӯро ба кор гирад. Ӯ низ ошиқона кори худро идома медод. Маҳз дониш ва кӯшиши вайро ба инобат гирифта, соли 1980 эшонро ба Ҷумҳурии Ироқ ҳамчун тарҷумон-референти Мушовир оид ба равобити иқтисодии сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Ироқ ба кор фирстоданд. То соли 1983 С. Сулаймонӣ дар он кишвар на танҳо кори расмӣ кард, балки адабёти зиёди илмӣ ва бадеиро омӯхт ва бо худ овард.
Пас аз бозгашт устод С. Сулаймонӣ боз ба кафедраи филологияи араби факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кор омада, ҳамчун дотсент аз соли 1983 то соли 1985 кор кард. Кору заҳмати устодро ба инобат гирифта, соли 1985 ӯро Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун корманди калони шӯъбаи тарҷума ва таҳияи осори фалсафии мутафаккирони тоҷику форс ба Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ даъват намуд. Чунки ба чунин инсони пуркору донишманд барои тарҷумаи осори донишмандони тоҷик, ки ба забони арабӣ таълифоти зиёд доранд, ниёз буд. То онҳо ба тоҷикӣ баргардон шаванд. Заҳмати зиёд, андешаҳои илмӣ, корҳои фаровон боиси он гардид, ки устод С. Сулаймонӣ аз соли 1992 то соли 2005 дар вазифаи мудири Шӯъбаи тарҷума ва таҳияи осори фалсафии мутафаккирони тоҷику форс фаъолият намояд.
Баробари корҳои тарҷумонӣ, таҳқиқ, навиштани мақолаҳои зиёди илмӣ ва оммавӣ профессор С. Сулаймонӣ кӯшиш кард, ки дар мавзӯи «Таҳаввули истилоҳи фалсафӣ дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар пояи мероси фалсафии Ибни Сино» рисолаи докторӣ навишта, онро соли 1997 дифоъ намояд.
Устод ҳамеша ба таҳқиқ, таълим ва тарбияи шогирдон машғул буданд. Аз ин рӯ, соли 2005 аз тариқи озмун мудири кафедраи филологияи араби факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб шуда, то соли 2012 дар ин вазифа фаъолият намуданд.
Умр равон аст, вале корҳо зиёд, андешаҳо бояд навишта шаванд. Ба ин ҷиҳат устод аз соли 2012 чун профессори кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор карда, тамоми нерӯи худро барои таълифи асарҳои илмӣ, таҳияи фарҳангҳо, тарҷумаи осори мутафаккирон равон намуд.
Профессор С. Сулаймониро дар Тоҷикистон ҳамчун пажӯҳишгари пуркору ҷоннисори илм мешиносанд. Устод дар соҳаи забоншиносии араб ва тоҷик, бахусус луғатгнигорӣ, баррасии осори адабӣ ва таърихнигорӣ, таҳқики тамаддуни мардуми исломӣ ва арабӣ осори зиёде таълиф намудаанд. Ҳар кадоме аз ин навиштаҳо як ҷиҳати муҳими барои хонанда ва пажӯҳанда ноаёнро маълум месозад.
Устодро аз овони ҷавонӣ омӯзиши осори ҷуғрофияшиносони араб ҷалб менамояд. Ин буд, ки таҳқиқи ин масъала ҳамчун рисолаи номзадӣ дифоъ гардид ва устод мақолаҳои зиёд оид ба истилоҳот ва номҳои ҷуғрофӣ ва моҳияти он таълиф намуд. Профессор С. Сулаймонӣ чунон заҳмат мекашад, ки таваҷҷӯҳи эшонро нозукиҳои забони арабӣ ва осори фалсафии он ба худ ҷалб намуд. Аз ин рӯ, кӯшиш намуд, ки ин масъаларо ба таври муқоисавӣ ва дар иртиботи забони модарии худ - тоҷикӣ мавриди таҳқиқ қарор диҳад.
Аз сабаби он ки устод бо тарҷумаи осори арабии яке аз нобиғаҳои миллати мо Абуалӣ Ибни Сино, аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ машғул буданд, истилоҳоти илмии фалсафии он таваҷҷӯҳи эшонро ба худ ҷалб намуд. Маҳз ҳамин заҳматҳо боис гардид, ки С. Сулаймонӣ роҷеъ ба «Таҳаввули истилоҳи фалсафӣ дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар пояи мероси фалсафии Ибни Сино» рисолаи илмӣ таълиф намоянд. Ин масъаларо соли 1997 ба ҳайси рисолаи докторӣ дифоъ намуда, то ба имрӯз эшон оид ба он мақолаҳои зиёд таълиф намудаанд. Ҳамчунин дар конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ маърӯзаҳо карда, аҳли илмро бо моҳияти масъала шинос сохтаанд.
Устод муаллифи китобҳои зиёди илмӣ мебошанд. Аз ҷумла асарҳои илмӣ ва таълимии эшон «Дастури мукотиботи бозаргонӣ» (1999), «Очерки мухтасари сарф (морфология)-и забони арабӣ» (2006), «Китоби хониш» (2006) ва «Матнҳои баргузида барои қироат» (2013) дар омӯзиш ва пажӯҳиши забон ва адаби арабӣ ҳамеша мавриди истифодаи донишҷӯён, аспирантҳо ва муҳаққиқони арабшинос мебошанд.
Яке аз корҳои дар воқеъ мондагори профессор С. Сулаймонӣ таълиф ва нашри нахустин фарҳанги забони арабӣ-тоҷикӣ аст. Таҳияи ин фарҳанг заҳмати зиёдро тақозо менамояд. Нашри аввали он зери унвони «Фарҳанги шимоли арабӣ - тоҷикӣ» соли 2005 чоп шуда, беш аз 70 000 калимаро дар бар мегирифт. Барои он ки ин луғатнома мавриди истифодаи бештар қарор бигирад, соли 2008 фарҳанги мазкур ба таври мухтасар таҳти унвони «Фарҳанги васити арабӣ - тоҷикӣ» нашр гардид, ки он дорои 30 000 калима мебошад.
Профессори донишманд ҳар лаҳзаи умри худро истифода мебарад, кор мекунад, то барои ояндагон судманд бошад. Ҳамин заҳматҳо буд, ки нашри дуввуми «Фарҳанги шомили арабӣ - тоҷикӣ» соли 2010 чоп шуд, ки он беш аз аз 100 000 калимаро дар бар мегирад. Ин фарҳанг диққати арабшиносон, донишҷӯён ва ҳатто он касонеро, ки ба омӯхтани забони арабӣ, пажӯҳиши осори арабӣ ва матнҳои динӣ машғул ҳастанд, ҷалб намуд. Таълифи ин луғатнома кори донишпажӯҳони зиёдро осон гардонид.
Аз сӯҳбатҳо бо устод маълум шуд, ки ҳоло эшон ба таълиф ва таҳияи «Фарҳанги шомили алифбоии арабӣ - тоҷикӣ - русӣ» машғул ҳастанд. Ба гуфти устоди пуркору заҳматкаш, ин фарҳанг беш аз 120 000 калимаро дар бар мегирад. Агар ин китоб нашр шавад, кори ҳазорон арабшиносонро осон месозад ва яке аз корҳои беназир мебошад. Ин ошиқи пуркор ҳамзамон боз ба таҳияи луғатномаи дигар машғул ҳастанд, ки он «Фарҳанги муосири тоҷикӣ - арабӣ» ном дошта, иборат аз 40 000 калима аст.
Профессор С. Сулаймонӣ ҳар лаҳзаи умри худро бобаркат истифода менамоянд. Яке аз самтҳои фаъолияти эшон тарҷумаи осори фалсафии мутафаккирони тоҷику форс мебошад. Устод матнҳои зиёдеро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ ва ба русӣ, ҳамчунин баръакс аз форсӣ ба забони русӣ тарҷума кардааст. Барои амалӣ намудани ин кор дар сатҳи баланд донистани забон, доштани дониши густурда, сабру таҳаммул ва заҳмати зиёд лозим аст. Ҳамин хислатҳо буд, ки устод С. Сулаймонӣ осори зиёдеро тарҷума карданд. Бахусус тарҷумаҳои осори зиёди Ибни Сино ба қалами он кас мансуб аст, ки аз ҷумла инҳо: «Ҳикмати машриқия», «Ал-Қиёс», «Ҳидоя», «Ибора», «Ал-Муғолата», «Китоб-ул-ҳайвон» аз «Китобу-ш-шифо», маҷмӯи «Осори ирфонӣ ва динии Ибни Сино», аз ҷумла рисолаҳои «Ҳудуд», «Андар ахлоқ», «Тафсири Ибни Сино ба бархе аз сураҳо ва оятҳои Қуръон», «Андар ишқ», «Саломон ва Абсол», «Ҳай ибни Яқзон», «Рисолаи тайр», «Илми ладунӣ», «Андар салот», «Фирдавс дар моҳияти инсон», «Андар ҳузн», «Аршия дар сифоти Аллоҳтаоло» ва ғайра. Имрӯз хонандагони зиёди тоҷик ба забони худ ин асарҳоро мутолиа менамоянд.
Осори зерини Ибни Сино бо заҳмати эшон ба забони русӣ тарҷума шудааст: «Восточная философия», «Руководство по философии», «Книга спасения», «Родники мудрости», «Об истолковании» из «Книги исцеления», «Силлогизм» из «Книги исцеления», «О софистических опровержениях», «Книга о животных» из «Книги исцеления», трактаты: «Об определениях», «Комментарии к некоторым сурам Корана», «Об этике», «О любви», «Живой сын Бодрствующего», «Саламан и Абсал», «О птицах», «Касыда о душе». Ин тарҷумаҳо дар солҳои гуногун чоп шудаанд.
Ҳамчунин, профессор С. Сулаймонӣ осори фалсафии Умари Хайёмро ба забонҳои тоҷикӣ-форсӣ ва арабӣ соли 2003 ба нашр расонд, ки аз он дӯстдорони осори Хайём истифода мебаранд. Агар ба фаъолияти тарҷумонии ин донишманди фарзона назар андозем, мебинем, ки корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Ба қалами эшон тарҷумаи рисолаи «Аршия»-и Садриддини Шерозӣ бо номи «Небесная мудрость» ба забони русӣ тарҷума гардида, соли 2004 дар Алмаато чоп шуд. Тарҷумаи асарҳои «Житие Имама Хусейна» (Сайидҷаъфар Шахиди), «Подобный весенним цветам. Новый взгляд на жизнь и личность великого пророка ислама», «Бог в исламской философии» (Мухаммад Таки Месбах-и Йезди) низ марбути қалами эшон аст.
Профессор С. Сулаймонӣ ҳамеша кор мекунад, қадри умри хешро медонад. Ин умри худододро барои анҷом додани корҳои илмию тарҷумонӣ сарф менамояд, то аз он дигарон баҳра баранд. Ӯ на фақат мутарҷим аст, балки дар таҳияи осори фалсафии адибони тоҷику форс низ ҳисса гузоштааст. Аз ҷумла чанд асари Носири Хусравро ба чоп омода намудааст. Аз ҷумла: «Зоду-л-мусофирин» ва «Рисолаи ҳикматӣ». Ҳоло осори таҳиянамуда, тарҷумашуда ва мақолаҳои навиштаю чопнашудаи ӯ зиёд аст.
Профессор С. Сулаймонӣ узви Шӯрои дифои рисолаҳои доктории ДМТ аст. Ҳар боре, ки унвонҷӯе дар соҳаи забоншиносӣ дифоъ менамояд, ӯ дар аксари маврид бо саволҳои муҳими илмӣ, андешаҳои муфиду пухта назари худро мегӯяд, то барои беҳбудии кор кумаке расонида бошад.
Ҳамеша дар ғайби устод мегӯям, ки ӯ кори чандин касро ба танҳоӣ анҷом медиҳад. Боре ба худаш гуфтам: «Устод, бо самимият ва воқеъбинона мегӯям, Шумо кори як пажӯҳишгоҳро ба танҳоӣ ба сомон мерасонед». Профессор С. Сулаймонӣ ҳалимона ва хоксорона табассум карду посух дод: «Муболиға накунед, ҳоло корҳо зиёд аст, кор бояд кард…». Бале, одами ошиқи пешаи худ фақат кор мекунад, то ба мардум ва пешрафти ҷомеа муфид бошад. Агар ҳар кас дар ҷомеа садоқатмандона вазифаи худро иҷро намояд, дар як фурсати наздик кишвар ва миллат даҳчанд пешрафат менамояд.
Дӯсти арҷманду меҳрубони мо профессор С. Сулаймонӣ ба синни мубораки 70 расида, боз ҳам бо ҷидду ҷаҳди дучанд, бо садоқат ва муҳаббат аз пайи корҳои мондагоре ҳастанд, ки арзиши он беназир аст. Ҳанӯз нияти нек ва барномаҳои зиёди илмӣ доранд, ки он барои таълим, тарбия ва пайванди фарҳанги тоҷикон дар робита бо кишварҳои арабӣ муфид аст. Барои амалӣ намудани корҳои нав ба нави олимона ба устоди гиромӣ аз яздон тандурустӣ ва нерӯи дучанд таманно дорем.

Равшан РАҲМОНӢ, профессори ДМТ

Хонданд 512

НУҚРАИ САНЪАТИ ТОҶИК

Окт 28, 2017
Хонданд: 848

Ҳунарманди маъруф ва номвар Нуқра Раҳматова дар поягузорӣ ва пешрафти санъати тоҷик саҳми босазои хешро гузоштааст. Дар воқеъ ӯ Нуқраи санъати тоҷик будаву ҳаст. Нуқрае, ки дар ӯ истеъдоди фитрии сарояндагӣ, ҳунари бағоят воло ва ҳусни расо ҳанӯз дар айёми наврасиаш нуҳуфта буд. Замоне, ки Нуқра ба рӯи саҳнаи тоҷик омад, он замон санъату ҳунар дар ҳоли рушду нумуъ буд. Нуқра Раҳматова ва чанде аз ҳамоваронаш санъати мусиқиро ба авҷи камолот бароварданд ва хидмати эшон аз ҷумла, Нуқра хеле назаррас аст, дар баланд бардоштани ҳамагуна санъати ҳунарварӣ. Худи ӯ дар ҷое изҳор медорад, ки акнун дигарон ба саҳна омаданду бояд оянд. Насли мо хидмати худро адо кард ва ин аср насли худро дорад, ки саҳна аз онҳо аст. Бале, ҳақ ба ҷониби Нуқра Раҳматова аст, ки ҳар замон насли худро дорад ва дар пешрафти ҳамагуна соҳаҳо бояд саҳмгузор бошанд, вале нуктае, ки бояд сари он истод шуд, он аст, ки насли асри пешин, яъне, насли Нуқра ва ҳамовардонаш заминаи пешрафти санъату ҳунари тоҷикро хеле дар садри баланд гузоштанд, ки имрӯз имкон медиҳад ба ҳунармандони навқадам мадади амиқӣ хешро бигзорад. 

Албатта, агар дар ҳунар заминаи омӯзиш ва таҷриба надошта бошӣ, наметавон дар ҷодаи ҳунари асил муваффақ гардид. Нуқра дар айёми хурдсолиаш, узви маҳфили ҳунармандони ҷавон буд. Ва дар 14-солагӣ дар ҳайати ансамбли «Помир» ба Маскав рафт, соле баъд ӯро чун солисти ансамбл ба кор қабул карданд. Солҳои 1962-67 дар шуъбаи вокалии Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе таҳсил кард ва ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқуловро устоди аввалини хеш меҳисобад. Баъд аз хатми омӯзиишгоҳи мусиқӣ ба ҳайати ансамбли мақомхонони Кумитаи давлатии телевизион ва радио ба кор омад. Ва баъд дигар роҳи эҷоду ҳунармандӣ ба Нуқра бозгардид ва пайваста аз паи эҷоду навоварӣ дар ҳунар гардид. Нуқра дар ҷое ёде аз он рӯзгор карда мегӯяд, ки ҳама соҳиби мухлисону ҳаводорони хеш будем. Касбият дар мадди аввал буд, хеле кам мо ба воситабозиҳо рӯ ба рӯ меомадем.
Нуқра Раҳматова дар оғоз ба касе тақлид накардааст, ҳарчанд худи ӯ мегӯяд, ки дар оғози фаъолиятам мехостам мисли Муслима Боқиева ҳунарманд шавам. Албатта, ҳар ҳунарманд дар оғози фаъолият мехоҳад ба кадом як ҳунарманди писандидааш монанд ва маъруф бошад ва ин орзуву омолаш ӯро таҳрик медиҳанд, ки ба фатҳи қуллаҳои баланди эҷодӣ даст ёбад. Вале имрӯз мо худ шоҳид гаштем, ки Нуқра дар ҳунар мактаби хоси хешро доро аст ва дар ин мактаб бисёр ҳунармандони ҷавон таълим гирифта, роҳи эҷодии хешро ёфтаанд. Нуқра мусиқии суннатии миллиро хеле баҳои арзишманд медиҳад ва ба навҷавонон ҳам ташфиқ мекунад, ки авввал мусиқии суннатии хешро биомӯзед, ки то дар ҷодаи санъат муваффақ бигардед. Имрӯз Нуқра аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки миллат хидмати ӯро қадр карда ва нисбати ӯ эҳтироми баландро қоим аст. Нуқра худ нисбати мардум ва санъати хеш ғамхорона рафтор мекунад ва ин аз назари мардум пинҳон намондааст ва дар навбати худ мухлисони савту наво Нуқраро чун нуқраи санъати тоҷик эътироф карда, нисбати ҳунару шахсияташ эҳтиром мегузоранд.

Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ

Хонданд 848

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.