.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Фарҳанг

КФҶ - солхӯрдатарин коллеҷи фарҳангӣ

Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов муассисаи таълимии давлатӣ  буда, бо қарори Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон аз 2.04.1945, ҳамчун Омузишгоҳи маданӣ - равшаннамоӣ таъсис ёфтааст. Омузишгоҳи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6.08.2001, № 365 ба    Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов (минбаъд дар матн коллеҷ) табдили ном намудааст.

Коллеҷ аз рӯи ихтисосҳои “Таълими мусиқӣ”, “Рӯзноманигорӣ”,  “Мененҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ”, “Китобшиносӣ ва китобхонашиносӣ”, “Эҷодиёти бадеии халқ - фолклор” донишҷӯйёнро ба таълим фаро гирифтааст. Ихтисосҳои мазкур асосан дар заминаи хатми таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) ва аз рӯи заминаҳои хатми таҳсилоти умумии асосӣ  ва миёнаи умумӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар коллеҷ  373 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 278 нафар дар шӯъбаи ғоибона ба таълим фаро гирифта шудаанд. Коллеҷ дорои чор бинои таълимии якошёна мебошад, ки ба ғайр аз синфхонаҳои таълимӣ, дар онҳо ҳуҷраҳои кории роҳбарият, хонаи омӯзгорон, кабинети методӣ, китобхона, бунгоҳи тиббӣ ва муҳосибот ҷойгир аст. Коллеҷ дорои майдончаи варзишӣ ва толори варзишист. Инчунин 17 синфхонаи таълимӣ, 16 синфхонаи тахассусӣ, ки ҳамаи онҳо бо ҷойи нишаст ва асбобу анҷомҳои таълимӣ таъмин буда, барои таълим ба талабот ҷавобгӯй мебошанд. 

Дар Коллеҷ 72 нафар омӯзгор ба тадриси толибилмон машғул буда, миёни онҳо як нафар профессор, 2 нафар унвонҷӯ ва ду нафар аъзои иттифоқи журналистон фаъолият менамоянд. Коллеҷ пурра бо кадрҳо таъмин мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар таълимгоҳ ин иштироки донишҷӯён ва хонандагони литсей ба дарсҳо мебошад, ки аз тарафи маъмурият, роҳбарони синфҳо ва комиссияи назорати дохилии таълимгоҳ доимо назорати қатъӣ бурда мешавад. Хусусан бо қарори ҳайати  мушовараи Вазорати  Маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октиябри соли 2006 №32 оиди “Либоси тавсиявии донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ” ва инчунин истифода набурдани телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) аз тарафи донишҷӯён ва хонандагон дар ҳолатҳои дарсӣ зери назорати қатъӣ гирифта шудааст. Нисбати он донишҷӯёне, ки ба дарсҳо бесабаб иштирок намекунанд ва инчунин риояи қарори мазкурро вайрон менамоянд, чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бо мақсади дуруст ташкил намудани назорати дохилӣ дар коллеҷ комиссияи назоратӣ ташкил карда шудааст. Комиссияи назоратӣ  дар асоси нақшаи солонаи таълимгоҳ фаъолияти худро ба роҳ монда, бештар ба иштироки дарсҳо, санҷидани рафти иҷрои барномаҳои таълимӣ, сифати таҳсилот, санҷидани ҳолати журналҳо, корҳои амалӣ, иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  ва ғайраро ба ӯҳда гирифтаанд.

Имсол литсейи назди коллеҷро 43 нафар хонандагон бо равияи    гуманитарӣ-ҷамъиятӣ баъди супоридани  аттестатсияи давлатии хатмкунӣ хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ гардиданд  ва қариб аксарияти  хатмкунандагони сифи 11 барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳои худро ба дигар донишгоҳҳо ва донишкадаҳо супориданд. 

Мувофиқи нақшаи пешбинишудаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва таълимгоҳ дар давоми соли хониш комиссияи тақсимотӣ дар шӯъбаи рӯзонаи коллеҷ амал намуд ва мувофиқи хулосаи комиссияи тақсимотӣ маълум гардид, ки аз 63 нафар хатмкунандагони шуъбаи рӯзона шумораи зиёдашон баъди хатми таълимгоҳ ҳуҷҷатҳояшонро барои идомаи таҳсил ба 

Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (3 нафар), Донишгоҳи санъат ва фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (38 нафар) ва боқимонда хатмкунандагон ба дигар донишгоҳҳо ва донишкадаҳо ҳуҷҷатҳояшонро супоридаанд.

Шумораи умумии довталабоне, ки имсол муҳассили Коллеҷ шуданд, 185 нафарро ташкил медиҳанд: аз онҳо 75 нафарашон тариқи буҷавӣ ва 110 нафарашон тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд. Аз онҳо 83  нафарашро занон ва 102 нафарро мардҳо ташкил медиҳанд.

Фаъолияти коллеҷ мувофиқи талаботу нишондодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси реҷаи солонаи корҳои таълим ва тарбия ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, дар назди Коллеҷ литсей низ амал мекунад, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ва хонандагони он як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, барои хонандагони литсейи назди коллеҷ, ки аз рӯи барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  бо равияи умумӣ таълим мегиранд, даври ҷамбастии санҷишҳо соли хониши 2017 – 2018 назаррас натиҷагирӣ карда шуд. 

Аз тарафи маъмурияти коллеҷ дар нимаи дуюми соли хониши 2017 - 2018 бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, тибқи нақшаи мазкур то имрӯз чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ баргузор мешаванд. Ҳамзамон барои корҳои ободонию таъмири биноҳои таълимӣ, тоза намудани гирду атроф ва гулгашту роҳравҳои муассисаи таълимӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, аз ҳисоби шахсони масъул навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда, ба масъалаҳои амнияти кормандону толибилмон, бехатарӣ аз сӯхтор аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Дар баробари ин, зикр гардид, ки маъмурияти Коллеҷ ба қадри кадрҳои соҳибфазилаташ мерасад. Чунончӣ, санаи 29-уми декабри соли 2017 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати 94 - солагии зодрӯзи шодравон Буйдоов Партов Ҷалилович аз ҷониби устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П.Буйдоқов чорабинии хотирмони фарҳангиву маърифатӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинии маъмурияти муассисаи таълимӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг иштирок намуданд. Дар оғози маҳфили ёдбуд директори таълимгоҳ Оқилов Идрис суханрони карда, кору фаъолияти  ибратомӯзи шодравон П. Буйдоқов, ки зиёда аз 35 сол дар ин боргоҳи илму фарҳанг ба ҳайси сарвар фаъолият кардааст, ёдовар шуда, саҳми ӯро дар омодасозии кадрҳои ин соҳаи ҳаётан муҳим дар давраи шӯравӣ арзишманд баҳогузорӣ намуд.

Ҳайати устодон аз он ифтихор намуданд, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ ба соҳаҳои маориф ва фарҳанг ишора намуда, ба ин соҳаҳо афзалияти хоса доданд ва аз моҳи сентябри соли 2018 маоши кормандони соҳахои мазкур 15% баланд бардошта шуд. Дар навбати худ коллективи ин муассисаи таълимӣ худро муваззаф намудаанд, ки ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои Президенти кишварамон нисбати соҳаи фарҳанг фаъолияташонро боз ҳам хубтар намуда, дар тайёр кардани мутахасисони соҳаи фарҳанг, ки ҳастии миллату давлат аз рушди фарҳанг вобастагӣ дорад, саҳми арзандаи хешро мегузоранд.  

Коллеҷ ва литсейи назди он дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ фаъоланд. Масалан, 5- уми марти соли 2018 дар саҳни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Буйдоқов бахшида ба Рӯзи модар ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмун таҳти унвони «Бонуи ҳунар» доир гардид. Дар озмун маъмурияти муассисаи таълимӣ, намояндагони кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар даъватшудагон иштирок намуданд. Иштирокчиёни озмун, ки асосан аз ҳисоби донишҷӯён ва хонандагони литсейи назди коллеҷи фарҳанг иборат буд, шартҳои озмунро бо маҳорати баланд иҷро карда аз тарафи ҳакамон баҳои сазовор гирифтанд. Тавре раиси занони муассисаи таълимӣ, ҳамзамон масъули озмун Шаҳло Шарифова зимни сӯҳбат бо мо иброз дошт, ҳадафи ташкил ва гузаронидани озмун дар ниҳоди донишҷӯён бедор намудани ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва зебоипарастӣ мебошад.  

Ҷашни Наврӯз низ дар Коллеҷи фарҳанг воқеан бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Ҳамин тариқ, чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи шашмақом, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ба хотираи гиромидошти хотираи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Лоиқ Шералӣ, “Рӯзи дониш”, 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гарму хотирмон гузаштанд.

Ҳамчунин, санаи 1-уми майи соли 2018 вохӯрии муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати шаҳри Барнаули Федератсияи Россия Полекова Елен, муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Раҷабмад Амиров бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов доир грдид. Дар оғоз Елена Полекова ба сухан баромда доир ба ихтисосҳои донишкада ва шароитҳои он ба ҳозирин маълумот дода, аз донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг хоҳиш кард, ки ба омӯзиши илму ҳунар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд ва барои идомаи таҳсил Донишкадаи давлатии санъати шаҳри Барнаули Федератсияи Россияро интихоб намоянд. Директори Коллеҷи фарҳанг Оқилов Идрис дар навбати худ дар бораи дирӯз ва имрӯзи муассисаи таълимӣ маълумот пешниҳод кард. Дар охири ҷамъомад аз тарфи донишҷӯён ва хонандагони литсейи назди Коллеҷи фарҳанг барномаи консертӣ пешкаши меҳмонону ҳозирин гардид.

21-уми сентябри соли 2018 дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ба ифтихори гиромидошти 1160 солагии хотираи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абу Абдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили адабӣ – мусиқӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ” баргузор гардид. Барномаи маҳфили доир гардида иборат аз шеъру суруд, рақсу саҳначаҳои тарбиявӣ буда, донишҷӯёни баромадкарда бо маҳорату истеъдоди баланд ҳар як номераи чорабиниро иҷро карданд. Аҳли толор аз барномаи рангини пешкашгардида ғизои маънавӣ гирифтанд.

Зимни суҳбат директори Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявӣ Идрис Оқилов аз он изҳори сипос кард, ки ободию пешрафти Коллеҷи фарҳанг дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон боз ҳам афзун гардид ва имрӯз муассисаи таълимӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба яке аз муассисаҳои таълимии пешрафта табдил ёфта, минбаъд ҳам дар омода намудани кадрҳои соҳаи фарҳанг саҳмгузорӣ менамояд.

“Самак”

Хонданд 35

САБАҚИ «ДИДОР»

Нояб 03, 2018
Хонданд: 80
САБАҚИ «ДИДОР»

Андешаҳо пас аз Синамобазми 8-уми «Дидор»

Аз 16 то 20 -уми октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Кинофестивали байналмилалии 8-уми «Дидор» баргузор гардид.

Тӯли ин рӯзҳо беш аз 60 филми гуногунҳаҷм ва гуногунжанр дар бахшҳои «Озмуни филмҳои тоҷикӣ», «Озмуни байналмилалӣ» ва «Озмуни байналмилалии филмҳои кӯтоҳ» дар сабқат иштирок карданд. Ҳамчунин, дар бахши «Ҳамсояҳо» филмҳо аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон намоиш дода шуданд.

Шоҳҷоизаи Синамобазми 8-уми байналмилаии «Дидор»-ро филми ҳунарии коргардони озар Илгар Наҷаф - «Боғи анор» соҳиб гардида, дар бахши «Озмуни байналмилалии филмҳои кӯтоҳ» филми «Киноман»-и коргардони қирғиз Аскар Нуракан уулу беҳтарин дониста шуд. 

Дар сабқати филмҳои тоҷикӣ филми Алексей Румянтсев - «Сандуқчаи зулбиё» соҳиби Ҷоизаи беҳтарин филми тасвирӣ гардид. Ҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳи тоҷикӣ ба филми коргардон  Файзуллои Файз - «Таксӣ» дода шуд. Дар «Озмуни филмҳои пурраметражи тоҷикӣ» бошад, филми «Хаёлӣ»-и коргардони ҷавон Парвиз Раҷабзода соҳиби ҷоиза гардид. Филми кӯтоҳи коргардони дигари ҷавони тоҷик Соҳибёри Толибиён - «Талош» бо Ҷоизаи ифтихорӣ бахшида ба бузургдошти Тоҳир Собиров қадрдонӣ шуд. 

Ба қавли директори кинофестивал, раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафари Ҳақдод,  дар синамобазми имсола ҳудуди  80 дар сади филмҳои интихобшуда ба филмсозони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тааллуқ доштанд.

Аз ҷумла, дар бахши филмҳои тоҷикӣ   филмҳои кӯтоҳҳаҷми коргардонҳои ҷавон Бобоҷон Меҳтоҷиён - «Хонаи меҳр», Фирӯз Асоев - «Гули бишкаста», Муҳаммадюнус Холов - «Дардошно»,  Одинаи Маҳмад - «Дунё», Самандар Набизода - «Лайка»,    Фирдавс  Нину - «Бархӯрд», Файзулло Файзов - «Таксӣ» Беҳрӯз Давлатбеков - «Марги диданӣ» ва филми пурраметражи коргардон Зафар Муҳаббатов - «Саҳв» намоиш  дода шуданд. 

Аксари ин филмҳо аввалин қадами ҷавонон дар синамо буда, аз камбудиҳо холӣ набуданд. Вале ба назар мерасид, ки ҳар яке диди худро дар филмофарӣ дорад.  

Қобили зикр аст, ки дар озмун филми пурраметражи коргардон Зафар Муҳаббатов - «Саҳв» намоиш  дода шуд, ки пурра ба лаҳҷаи як минтақа сабт шудааст. Филмофарон аз ин чӣ ҳадаф доштанд, намедонем. Вале ба назари мо  ин то андозае беэътиноӣ нисбати забони адабии тоҷикӣ буд. Ман ин ҷо дар бораи камбудиҳои филм, ки хеле зиёданд, ҳарф намезанам ва бо овардани назари коршиносон ва зиёиён дар мавриди забони филм иктифо мекунам. 

Ҳасани Қарибӣ, узви ҳайати доварони филмҳои тоҷикӣ: Истифодаи гӯйиши маҳаллӣ дар баъзе саҳнаҳо ҷоиз аст. Вале меъёри забони адабӣ бояд дар филмофарӣ риоя шавад. Филме, ки дар марказ бардошта мешавад, ҳатман бояд ба забони адабӣ бошад, то бинандагон аз ҳамаи минтақаҳо онро битавонанд хуб бифаҳманд. 

Суҳроби Зиё, хабарнигори бахши форсии Телевизиони Би-Би-Си: Ба забони адабии тоҷикӣ бояд арҷу эҳтиром гузошта шавад. Ворид кардани лаҳҷа ё гӯиш дар муколамаи қаҳрамонҳо шояд ҷоиз бошад. Вале кулли филмро ба лаҳҷаи мардуми як минтақа сохтан ба назари ман дуруст нест. 

Абдулмӯъмин Шарифов: Агар филм хуб бошад, кас ба гӯйиши он мутаваҷҷеҳ намешавад.  

Саъдулло Раҳимов, киношинос, доктори улуми фалсафа: Агар драматургияи филм тақозо кунад, мумкин аз шева истифода шавад.  Фақат бояд муаллиф нишон диҳад, ки ин шева аз забони адабӣ чӣ фарқ дорад. Мумкин ин тарзи кор хато бошад.  Мутаассифона, ин филм дар ёдам нест. Ман дар бораи нафароне, ки дар музофот филм меофаранд ва аслан тафаккури музофотӣ доранд, ҳеҷ чиз намегӯям. Онҳо ҳоло хеле бояд сабзанд, рушд кунанд, ҳирфаиятро омӯзанд.  

Дар рӯзи охири Синамобазми байналмилалии 8-уми «Дидор» мизи мудаввар дар мавзӯи «Синамои  ҷавонон:  устура  ё  ҳақиқат?» бо иштироки мутахассисони соҳаи кино баргузор гардид. 

Саъдулло Раҳимов, киношинос, гардонандаи мизи гирд сараввал дар бораи филмофарии ҷавонон, проблемаҳои синамо дар ин самт чанд сухан гуфт. 

Сипас, Ҳасани Қарибӣ, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, узви доварони филмҳои тоҷикӣ гуфт, ки ҷавонон метавонанд ва бояд филм офаранд. Онҳо метавонанд, чӣ мавзӯи ҷавононро баррасӣ бикунанд ва чӣ мавзӯи калонсолонро. Ба ин касе монеъ намешавад. Вале аз он ки ман филмҳои тоҷикиро тамошо кардам, филмофарони ҷавон ҳанӯз бояд зиёд омӯзанд. 

Филмноманавис ва адиби машҳури тоҷик Абдурофеъ Рабизода аз филмофарии ҷавонон дастгирӣ карда, камбудиҳои баъзе филмҳои коргардонҳои ҷавонро гуфт. Ба назари ӯ, бо каме тағйироти ҷузъӣ дар филмнома ва коргардонӣ филмҳои хеле хуб бардоштан мумкин буд. 

Ба қавли Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, актёри театр ва кино Абдулмуъмин Шарифов,  синамои ҷавонон ба вуҷуд омадааст. Вале барои рушди он дастгирии ҳамаҷониба лозим аст.

Муаллифи ин сатрҳо низ ба он назар  аст, ки бояд коргардонҳои ҷавон рӯи саҳна биёянд. Албатта, филмҳои аввалини онҳо бе камбудӣ нестанд. Вале агар онҳо имрӯз филмофарӣ накунанд, пас фардо кӣ ҷои когардонҳои миёнсолу куҳансолро мегирад? Барои ба дараҷаи ҳирфаӣ расидан бояд онҳо ҳарчӣ бештар омӯзанд ва малакаашонро сайқал бидиҳанд. Ҳоло се чиз - таҷрибаву малака ва ҷаҳонбинии васеъ ба онҳо намерасад. 

Дар мизи гирд ҳамчунин қайд шуд, ки камбуди молиявӣ пеши рушди синамои тоҷикро мегирад. Аз ҷумла, қайд шуд, ки барои офаридани филми «Таксӣ»-и коргардони ҷавон Файзулло Файзов, ки 27 дақиқа аст, ҳамагӣ 5 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд ва актёрон қариб, ки ройгон нақш офаридаанд.  

Дар охири нишаст изҳори умед карда шуд, ки филмофарии ҷавонон минбаъд боз ҳам рушд хоҳад кард.  

Ҷовид  Муқим

Хонданд 80
КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ – БОРГОҲИ ТАРБИЯИ ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН

АЗ ТАЪРИХИ КОЛЛЕҶ

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 1 июни соли 1999 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №262 дар базаи Омӯзишгоҳи педагогии ба номи Н. К. Крупская таъсис дода шуда, 3 марти соли 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №144 ба номи фарзанди Қаҳрамони Тоҷикистон – Хосият Махсумова гузошта шудааст. 

Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе соли 1959 дар заминаи шуъбаи томактабии Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом ҳамчун омӯзишгоҳи педагогии томактабӣ ташкил ёфта буд. Соли аввали ташкилёӣб (1959) дар омӯзишгоҳ ҳамагӣ 23 нафар омӯзгор кор мекарданд, ки аз онҳо 9 нафарашон асосӣ буданд.

Аввалин директори Омӯзишгоҳи педагогии томактабии шаҳри Душанберо Муаллимаи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Назарова Умрӣ Назаровна бар уҳда доштанд. Мавсуф тайи панҷ сол, то соли 1964 дар ин вазифа ифои хизмат намудаанд. Аз соли 1964 то соли 1981 роҳбарии ин боргоҳи маърифатро Махсумова Хосият Нусратуллоевна бар дӯш доштанд. Дар давраи директории Хосият Махсумова бо фармони Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1975 Омӯзишгоҳи томактабӣ ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Н. Крупская табдил дода шуд.

Солҳои 1981 – 1986 Ҳакимова Мастура Ҳомидхоҷаева сарвари омӯзишгоҳ буд, ки баъдан барои хизматҳои шоёнаш бо унвонҳои “Аълочии маорифи халқ” ва “Муаллимаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” шарафёб гардид. Баъдан, солҳои 1986 – 1998 Нуриддинова Маҳбуба Сироҷиддиновна ва аз соли 1998 то моҳи майи соли 2007 Қосимова Мастура Нозимовна сарвари ин даргоҳи омодасозандаи омӯзгорони ҷавон буданд. Маҳз дар давраи роҳбарии онҳо дигаргуниҳо дар таълиму тарбия ба миён омада, дар ҳамаи сохторҳои таълимгоҳ пешравиҳои назаррас ба мушоҳида расиданд. Дар ин давра сифати таълим ва тарбия беҳ гардида, муассиса аз Омӯзишгоҳ (соли 1999) ба Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Қандил Ҷӯраев (ҳоло Садриддин Айнӣ) табдили ном намуд. 

Азбаски коллеҷ зинаи аввалини сохтори мактаби олӣ маҳсуб мешавад, зарурияти таъсисёбии кафедраҳои тахассусӣ ба миён омад. Мувофиқи фармони вазири маорифи ҶТ соли 2000 дар Коллеҷи омӯзгорӣ 4 кафедра: филология, таърих, риёзӣ, таълими ибтидоӣ ва томактабӣ таъсис дода шуд.

Аз 10 майи соли 2007 то 25 августи соли 2015 сарварии Коллеҷи омӯзгориро номзади илмҳои таърих Қурбонова Ширин Исмоиловна бар уҳда доштанд. Дар ин марҳила бинои асосии таълимгоҳ пурра таъмир гардида, утоқҳои кории омӯзгорон ва таълимии донишҷӯён бо мизу курсиҳои нав таъмин шуд.

Санаи 25 августи соли 2015 бо фармони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои филология Исматуллозода Ширин директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таъйин гардиданд,ки мавсуф то ин замон дар рушди босуботи муассиса нақши бориз доранд. Маҳз дар давраи роҳбарии Исматуллозода Ширин коллеҷ ба як қатор дастовардҳо ноил шуда, дар ҷумҳурӣ яке аз беҳтаринҳо эътироф гардид. 

Имрӯз бошад, Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тамоми фаъолияти худро баҳри татбиқи амалии  дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудааст. 

Дар  Коллеҷ то  имрӯз 3  факулта ва  6  кафедра  фаъолият  доранд. Дар  Коллеҷ  ҳоло 3701 нафар донишҷӯ машғули омӯзиш ҳастанд, ки аз ин миён 2006 нафар ба таҳсили  рӯзона, 1196 нафар ба таҳсили ғоибона ва 499 нафар ба гурӯҳҳои мақсаднок  фаро гирифта   шудаанд.

Ҳамзамон дар  Коллеҷ аз  13  ихтисоси омӯзгорӣ: - Забон  ва  адабиёти тоҷик; -таърих; - таҳсилоти  томактабӣ (баъди  хатми  синфи 11 ва 9); - таҳсилоти  ибтидоӣ (баъди  хатми синфи 11 ва 9); -нақшакашӣ ва  технологияи  меҳнат; -санъати тасвирӣ; - забони  англисӣ; - забон  ва адабиёти рус; - забони олмонӣ; - математика; -математика – информатика мутахассисон  омода   мегарданд. Имсол  бо гирифтани  замимаи  нав боз ду  ихтисоси  дигар: биология ва география илова  гашт. 

 

НИШОНДОДҲОИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

Феълан таълим дар Коллеҷи омӯзгорӣ пурра ба тариқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шуда, дарсҳо мувофиқ ба талаботи замон, инчунин бо истифодаи технологияҳои муосир гузаронида мешаванд.          

Ҳоло бо мақсади дуруст ба роҳ мондани қабули имтиҳонҳо ва назорати он, вайрон накардани қоидаҳои имтиҳонсупорӣ комиссияи аппелятсионӣ дар назди факултетҳо, гурӯҳҳои корӣ (комиссия) аз ҳисоби омӯзгорони кафедраҳо таъсис дода шудаанд, аз  натиҷаи он  ҳар рӯзи душанбе дар ҷаласаи назди директор ва муовин оид ба таълим  маълумот  пешниҳод  менамоянд. 

Қабули имтиҳонҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи сессияи имтиҳонӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, тариқи компютерӣ дар синфхонаҳои компютерии факултетҳо, ки бо технология ва воситаҳои техникӣ муҷаҳҳаз мебошанд, ташкил ва баргузор мегарданд. Ҷиҳати муташаккилона ва бонизом гузаронидани сессияи имтиҳонӣ, аз ҷумла, маркази тестӣ ва қисми таълим тадбирҳои мушаххас андешида, як  ҳафта қабл аз оғози имтиҳонот омодагӣ мегиранд. Дар баробари ин омӯзгорони фанҳои таълимӣ ба сифати назоратчӣ дар рафти қабули имтиҳон ва тафтиши ҷавобҳои донишҷӯён иштирок менамоянд. 

Соли  дуюм аст,  ки  донишҷӯёни ғоибхон низ ба тариқи кредитӣ  дар  назди  монитор  имтиҳон  месупоранд. То саршавии қабули рейтингҳо  саволномаҳои тестӣ ба маркази бақайдгирии тестӣ, ба  барномаи санҷишӣ  ворид  карда мешаванд. Ниҳоят дар соли таҳсили ҷорӣ дар Коллеҷи омӯзгорӣ низоми нави “Таҳсилоти фосилавӣ”,  ки тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон  имконпазир  мегардонад, амалӣ гардонида  шуд (дар шакли пилотӣ, танҳо дар курси якум). Таҳсилоти фосилавӣ, ки  зинаи нави рушди таҳсили ғоибона ва ҳам рӯзонаи таҳсил  аст, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин гардонида мешавад. Фаъолияти омӯзгорон ва донишҷӯён тавассути барномаҳои машваратӣ (бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар реҷаи оnline ва ғайра) гузаронида мешавад. Системаи таҳсилоти фосилавии Коллеҷи омӯзгорӣ дар шабакаи глобалии Интернет фаъолияташро оғоз намуда, барои донишҷӯён имконияти саривақт ва бемамоният дастрас намудани маълумотҳои заруриро фароҳам меорад, кори системаро шаффоф гардонида, тамоми маълумотҳо марказонида мешаванд.   Аз аввали  соли  таълимӣ  6  нафар  омӯзгорон  аз  таълими курси махсуси таълими фосилавӣ, ки дар  Донишкадаи  тиҷоратии  Тоҷикистон  баргузор  гашт,  гузашта,  соҳиби  сертификатҳо  гаштанд. 

Барои фаъолияти таҳсилоти фосилавӣ дар Коллеҷи омӯзгорӣ  таҷҳизотҳои лозима аз қабили mikrotik,  сервер ва барномаи махсуси таҳсилоти фосилавӣ Moodle харидорӣ  карда шуда, дар моҳи декабри соли 2017 насб гардонида шуд. Сомонаи таҳсилоти фосилавӣ низ тартиб дода шуда, он аз рӯи суроғаи  fosilavi.koshd.tj  тариқи дилхоҳ барномаҳои ҷустуҷӯи ахборот тариқи интернет кушодан мумкин аст.  Бо мақсади омӯзонидани ин низом  барои омӯзгорон ва донишҷӯёни  курсҳои якуми шуъбаи ғоибона семинарҳо ташкил карда шуда, роҳҳои пайвастшавӣ ва истифодаи самараноки барномаи Moodle   фаҳмонида шуд. 

Аз ин  хулоса  баровардан  мумкин  аст, ки   бо  гузариш  ба    таҳсилоти  кредитӣ сатҳи  донишазхудкунии донишҷӯён  баландтар  шудааст ва  ин  равандро дар  се  соли   охир(тобистони 2016, 2017, 2018)  чунин  нишон  додан  мумкин аст:

  

 Дар баробари ин дар  шаш  моҳи аввали  соли 2018 тибқи нақша сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷӯён дар  факултетҳо аз ҷониби гурӯҳи назорати сифати таҳсилот санҷида шуда, дар ҷаласаҳои  Шӯрои олимон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд. Дар  сессияи  дуюми  соли таҳсили  2017- 2018 бошад,   Коллеҷ ба тариқи холгузории ҳарҳафтаина  гузашт. Холи баландтарин  12,5- ро  нишон  медиҳад. Ин  ҳолат   салоҳияти  омӯзгорро   зиёд  намуда,  ҳисси  масъулият ва худидоракунии  донишҷӯйро баланд  менамояд.  

Дар баробари ин  роҳбарияти  Коллеҷ   барои  гузариш  аз   курсҳои такмили  ихтисос барои  омӯзгорон  ҳар  сол  шароит  муҳайё сохта,  омӯзгоронро  ба он  сафарбар  менамояд. Ба ғайр аз  ин зиёда аз  50  нафар  омӯзгорони  Коллеҷ  ба  курсҳои такмилии “Босалоҳият”,  “Ҳамроҳ бихонем” ва  семинарҳои   омӯзиши низоми  идоракунии раванди  таҳсилоти фосилавӣ, таҳсилоти  кредитӣ аз  аввали  соли  таҳсили  2017-2018 фаро  гирифта  шуданд. Ин  омӯзгорон  баъди  ба  итмомрасии   семинару  курсҳо  соҳиби  сертификат ва  шаҳодатномаҳо  гардиданд. 

 

ЗАМИНАҲОИ МОДДӢ – ТЕХНИКӢ ВА ТАЪЛИМӢ

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва пешаздипломӣ дар асоси нақшаи таълимии аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 06.08.2014 тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.  Аз  моҳи  январи  соли  2018  дар  асоси  “ Шартномаи дуҷониба”-и  Коллеҷ  бо  шуъбаи  маорифи  ноҳияи  Шоҳмансур  шумораи  мактабҳои  базавӣ  доир  ба  гузаронидани  таҷрибаомӯзӣ  зиёд  гардонида шуданд. Ҳоло  таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур №15,36,  41,31, 23, 79,  100,  кӯдакистони  № 24  гузаронида  мешаванд. Дар  баробари  ин  барои  гузаронидани  таҷрибаомӯзии  ихтисоси  забони  олмонӣ  бо  мактаби  №28 ноҳияи  Фирдавсӣ ва   МТМУ  62-и  ноҳияи И. Сомонӣ низ   “Шартномаи  дуҷониба”   ба  тасвиб  расонида шуд. Мувофиқи нақшаи таълимии мазкур миқдори соатҳо 6 кредит барои таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва 6 кредит барои таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ ҷудо карда шудааст ва ин соатҳо ба мушовирони таҷрибаомӯзӣ тақсим карда шуданд. Рафти таҷрибаомӯзӣ дар асоси Низомномаи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Шӯрои олимони  Коллеҷ соли 2017 тасдиқ шудааст, ба роҳ гузошта шудааст.

Фаъолияти кафедраҳои  методикаи  таълим, ки дар  муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи умумии  №15, 41, 36, 100 ташкил карда шуд, беҳтар  шуда  истодааст. Бо  ташаббуси кафедраҳои  зикршуда аввали  моҳи  март  дар  Коллеҷ  “Рӯзи  дарҳои  кушод” ташкил  карда шуд. Назорати раванди таҷрибаомӯзӣ, сифати дарсҳо ва корҳои беруназдарсии  таҷрибаомӯзон  аз ҷониби мушовирон - роҳбарони таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда шудааст.  

Ҳамзамон  курсҳои  сеюм  дар  нимаи  дуюми  моҳи апрел то 1 июни соли  2018  ба  таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ  сафарбар  гаштанд. Ҳар як донишҷӯ таҳти роҳбарии мушовирон вобаста ба мавзӯи дарсӣ ва чорабиниҳои беруназдарсӣ мавод, айёниятҳои таълимӣ омода кардааст. Пеш аз сафарбар намудани донишҷӯён таҳти роҳбарии омӯзгорони фанҳои  методикаи таълим лексияи соатҳои дарсӣ, талаботҳо  оид ба таҳлили дарс ва чорабиниҳои беруназдарсӣ омода менамоянд. 

 

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КОЛЛЕҶ

Омӯзгорон ва устодони Коллеҷ дар баробари аҳамияти ҷиддӣ додан ба раванди таълиму тарбия, фаъолияти илмиашонро дуруст ба роҳ монда, аз рӯйи корҳои илмии инфиродиашон пайваста омӯзиш ва таҳқиқот мебаранд. Дар қатори даҳҳо асарҳои методиву илмии солҳои гузашта, имсол низ аллакай чандин китоби омӯзгорони ин даргоҳи маърифат аллакай аз чоп баромадаву бархеи дигарашон дар дасти чоп қарор доранд, ки асарҳои зерин намунаи ин гуфтаҳост: Юсупова Ҳ. Раҷабова Ф. – Комплекси таълимӣ- методӣ аз фаннӣ “Психологияи умумӣ”, Идрисов Д. Зоиров Ш.- Консепсияи  табиатшиносии муосир, Сулаймонов Б. Мантиқ,  Назари М., Боқиев Ҳ.- Таърихи адабиёти Амрико ва ғайра.

Инчунин маҷмӯи лексияҳо аз фанни педагогика бо саволномаи тестӣ аз тарафи омӯзгорони кафедраи педагогика ва психология мураттаб гардида, ба табъ расид. Илова бар ин матни лексияҳои фаннии омӯзгорон бо иқдоми Раёсати Коллеҷ бо мақсади таъмин намудани донишҷӯён бо маводи таълимӣ мутассил чоп карда мешаванд. Дар Коллеҷ китобхонаи электронӣ ташкил карда шудааст, ки дар он ба ғайр аз адабиёти илмиву бадеӣ матни лексияҳои тадрисӣ пурра ворид карда шуда, аз он омӯзгорону донишҷӯён ба таври густурда баҳрабардорӣ менамоянд.  

Дар Коллеҷ бо мақсади огоҳии комил пайдо намудан аз таъриху фарҳанги миллати худ озмуни “Сермутолиатарин донишҷӯ” дар заминаи омӯзишу баҳрабардорӣ аз осори гаронмояи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди маърифатӣ баргузор гардид дар ин озмун се нафар донишҷӯй ғолибият ба даст оварданд. Донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филология ва таърих Сангов Одина ҷои аввалро соҳиб гардид. Дар таърихи 19.03.2018 конференсияи илмӣ бахшида ба гирмомидошти ҷашни байналмиллалиии Наврӯз таҳти унвони “Наврӯз ҷашни ҳамагонитарини мардуми ориёинажод” баргузор ёфт, ки баромадкунандагон дар мавзӯъҳои зерин маърӯза ироа намуданд. Аз ҷумла, Исматуллозода Ш. - доктори илми филолгӣ, дар мавзӯи “Наврӯз - қадимтарин ҷашни ниёгон”, Ғуломшоев С. – номзади илми таърих, мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ дар мавзӯи “ Наврӯз ва оғози кишоварзӣ дар Бадахшон”, Ҷӯраев Ҳ. – номзади илми педагогӣ, муовини директор оид ба таълим, дар мавзӯи “Наврӯз ва эҳёи суннатҳои он дар замони истиқлолият”, Олимова Ф.- мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, дар мавзӯи “Наврӯз ва дигар ҷашнҳои аҷамиён”... 

Дар баробари ин, устодони Коллеҷ бо матбуоти даврӣ робитаи ҳамешагӣ дошта, мақолаҳои илмиву адабии хешро манзури хонандагони нашрияҳо мегардонанд. Коллеҷ нашрияи ихтисосии худро дорад. Рӯзномаи “Шамъи  рӯзгор”   дар  мувофиқа  ба   мудири  шуъбаи илм  ва  роҳбари муассиса  ҳар  моҳ бо теъдоди 3000 нусха аз чоп баромада, дар баробари инъикоси воқеаю ҳодисаҳои ҷаҳонӣ, ҷумҳурӣ ва ҳаёти  рӯзмарраи   Коллеҷ, маводҳои кормандони муассисаро ҳам ба табъ мерасонад. Чунончӣ, мақолаҳои пурмуҳтавои Исматуллозода Ш. “Наврӯз - қадимтарин ҷашни ниёгон”, “Корнамоии беназири Президенти мардумӣ”, Тӯраева З. “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон”, Қосимова М. “Хониш рукни муҳими омӯзиши забони хориҷӣ”, “Омӯзгори забондон”, Ҷӯраев Ҳ “Наврӯз – мардумитарин ҷашни дунё”, “Дар шинохти забони тоҷикӣ” маҳз тавассути рӯзномаи “Шамъи рӯзгор” манзури хонандагон гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти маҳфилҳои фаннии “Дӯстдорони сухан” , “Донандагони забони англисӣ”, “Таърихнигорони ҷавон”, “Дастони моҳир”, “Математикони ҷавон” ва “Русское слово” босамар роҳандозӣ гардида, бо ҷавонони эҷодкору фаъол ҳамеша мутасаддиён ҳамкории судмандро пайгирӣ менамоянд. 

Устодони Коллеҷи омӯзгорӣ дар баргузории конфаронсҳои илмиву амалӣ анъанаи ташаббуси наҷибро идома медиҳанд. Аз ҷумла, санащои 21 апрели соли 2018 бахшида ба 140 - солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кормандони факултети табиӣ - риёзӣ ва педагогика – психология таҳти унвони “Саҳми устод Айнӣ дар рушду таҳаввулоти адабиёти муосири тоҷик”, 8-уми майи соли 2018 бахшида ба 73-солагии Ғалаба ба Германияи фашистӣ, 10 майи соли 2018 конференсияи илмӣ - амалии омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ бахшида ба 140-солагии устод Садриддин Айнӣ ва Соли 2018 –соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Актуальные проблемы преподавания иностранных языков” доир гардид. 

Дар муассиса  аз  аввали соли  2018  114 нафар устодон фаъолият  доранд, ки  аз ин шумора  26 нафар  омӯзгорони ҷавон ва устодони  таҷрибадор дар  соли  нави  таҳсил (2018-2019) ба  кор қабул шуда шуданд. Алҳол 131 нафар омӯзгор  дар  Коллеҷ кору  фаъолият  менамоянд. Аз ин  ҷумла,  29 нафар номзади илм ва 3 нафар  доктори илм мебошанд, ки аз ин теъдод 12 нафар асосӣ ва  нафар 14  ҳамкор  ба шумор мераванд. Ҳамчунин, 14-нафар унвонҷӯёну аспирантон дар баробари ба таълиму тадрис машғул будан ба пажӯҳишу таҳқиқоти корҳои илмӣ- методӣ ва ба нашр расонидани дастуру маводҳои таълимӣ вобаста шудаанд. Умед ҳаст, ки соли равон омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Ҳазратқулова Н. ва омӯзгори кафедраи педагогика ва психология Акрамова Г. рисолаҳои номзадиашонро дифоъ хоҳанд намуд. Инчунин рисолаи доктории омӯзгори кафедраи педагогика ва психология Юлдошева Ҷ. ва омӯзгори кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ Тӯраева З. дар арафаи ҳимоя қарор дорад.

 

ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЗМУНҲОИ ФАННӢ

Дар таърихи 18.05.2018 донишҷӯёни Коллеҷ дар озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар ин озмун донишҷӯи курси сеюми факултети забонҳои хориҷӣ, ихтисоси забони англисӣ Каримова Гулҷаҳон аз фанни забони англисӣ ҷойи якум, донишҷӯи курси сеюми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Салимова Шабнам аз фанни забони тоҷикӣ ҷои сеюм ва донишҷӯи курси якуми факултети забонҳои хориҷӣ, ихтисоси забон ва адабиёти рус Кардиметов Рушан аз фанни забони русӣ ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд. Инчунин донишҷӯи курси сеюми ихтисоси математика – информатика Сафармуродов Урал барои ҷойи ифтихориро соҳиб гардидан аз фанни математика бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд. Дар ин озмун Коллеҷ дар миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷойи дуюмро сазовор гардид. Раёсати Коллеҷ ғолибони озмунро бо ифтихорнома ва бо маблағи муайян аз суратҳисоби махсуси муассиса ва инчунин омӯзгорони фанниро, ки дар омода намудани ғолибони озмун фаъолияти хуб нишон доданд, ҳавасманд ва қадрдонӣ намуд.

 

ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ

Тайи ду сол аст, ки дар Коллеҷ Парки технологӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ мондааст. Кормандони Парки технологӣ  иқдоми пешгирифтаи  худро   давом  дода, бо  ёрии донишҷӯёни  ихтисоси  технология (технологияи меҳнат, нақшакашӣ) ба сохтан  ва азнавсозии мизу курсиҳои донишҷӯй, мебелҳои  мулоим, тахтаҳои  синфӣ, ҷевонҳо  машғуланд.  Ба туфайли фаъолияти парки мазкур марказҳои  тестии  Коллеҷ дубора бо мизу курсиҳои  махсус барои компютерҳо таҳҷиҳозонида  шуданд.

Барои  дуруст  ба роҳ  гузоштани фаъолияти Парки  технологӣ  ба   миқдори  55  ҳазор  сомонӣ  таҷҳизот  харидорӣ  карда  шуд.  Тавассути ин парк дар   шаш моҳи аввали соли 2018 барои аудиторияҳо ва синфхонаҳои  компютерӣ зиёда аз 300 адад мизу курсиҳо омода ва мувофиқи дархости факултаҳо   тақсим  гардиданд. Ҳамзамон  курсҳои  кутоҳмуддати дӯзандагӣ, забони англисӣ, омӯзиши компютер  ташкил  карда шуда,  донишҷӯён ба таҳсили иловагӣ ҷалб  карда  шуданд. Айни замон Парк фаъолияташро вусъат бахшида, бо сохтани чорчӯбаҳо барои расмҳои  шоиру нависандагон, сохтани чордевораҳои тарғиботӣ (стенд-афиша) барои нақшу нигораҳо,  тасвирҳои гурӯҳҳои  таълимии  “санъати  тасвирӣ” ва  ҷои нишаст дар  роҳраву  таҳлезҳои   Раёсат  ба   намуди  эстетикии  коллеҷ   зебу ороиши   бошукӯҳе  зам  менамояд.

 

ДАР РАДИФИ ТАЪЛИМ – ТАРБИЯ

Корҳои тарбиявӣ дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси Консепсияи миллии тарбия ва тибқи талабот ва нақшаи кории қисми тарбия барои дар амал татбиқ намудани қарору қонунҳо: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Консепсияи миллии тарбия»,  Қарори Шӯрои олимони Коллеҷ доир ба «Тартибу қоидаҳои дохилии Коллеҷ» «Риояи қоидаҳои  бехатарӣ» ба роҳ монда шудааст. 

Дар асоси нақшаи кории қисми тарбия ва нақшаи куратории гурӯҳҳои академикӣ гузаронидани соатҳои тарбиявӣ аз тарафи кураторони гурӯҳ дар давоми ҳафта як маротиба дар асоси ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда шудаанд.  Бо мақсади васеъ шудани ҷаҳонбинии сиёсии донишҷӯён ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа соати сиёсӣ баргузор карда мешавад. Дар вақти баргузории соатҳои мазкур шахсони масъул (ҷонишинони директор, деканҳои факултетҳо бо мудирони кафедраҳо, омӯзгорон, донишҷӯён) оид ба мавзӯъҳои мубрами сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҳафта суханронӣ карда, бо донишҷӯён муколама доир менамоянд. 

Муҳтавои Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯён аз тарафи кормандон ва омӯзгорон пайваста фаҳмонида мешавад.

Тибқи нақша аз тарафи кафедраи таърих ва ҷомешиносӣ дар толори фарҳангии муассиса ҷамъомад дар мавзӯи «Давлат ва дин», ки дар он масъалаи зиракии сиёсиро аз даст надодан, ба ҳаракатҳои зиддидавлатӣ ва ифротгароён ҳамроҳ нашудан мавриди баррасӣ қарор гирифт. Маърӯзачиён оид ба шомил нагардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ҳаракату созмонҳои ихтилофангез сухан ронда, далелу рақамҳои мушаххас оварданд. Дар ин замина, дар маҷлисгоҳи Коллеҷ вохӯрӣ бо иштироки Сардори шӯъбаи амнияти н.Шоҳмансур, Раиси созмони ҷавонон, муовини раиси суди ноҳия, инчунин бо иштироки васеи омӯзгорон ва донишҷӯён доир ба рафторҳои ношоями ҷавонон, шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстримистии ифротгаро гузаронида шуд. 

Бахшида ба «Рӯзи  ҷавонон»  дар муассиса чорабиниҳои фарҳангӣ аз қабили бозиҳои варзишӣ, викторинаҳо ва дарси кушоди тарбиявӣ аз тарафи кафедраҳои факултетҳо гузаронида шуд. Аз тарафи кафедраи педагогика ва психология чорабинии фарҳангию фароғатии «Канӣ писарон» гузаронида шуд.

Илова бар ин, дар Коллеҷ чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешаванд, ки барои тарбияи донишҷӯён аз аҳамият холӣ нест.  Аз ҷумла, бахшида ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модарон, Рузи байналмилалии тандурустӣ, Иди байналмилалии Наврӯз,  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи нашъамандӣ, Рӯзи ҷавонон, Рӯзи оила, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Дониш, Ҷашни Истиқлолият Рӯзи забони давлатӣ ва ғайра аз тарафи устодон ва донишҷӯён маҳфилҳои дилнишин баргузор мегарданд.  Чун муште аз хирвор инҷо метавонам чанд чорабинии бо ибтикори кормандони Коллеҷ баргузоршударо зикр намоям. Аз тарафи кафедраи таърих бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ бо унвони «Ватан дорам, ҳама ганҷи ҷаҳон дорам» дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Ҳамчунин, 24-уми феврали соли 2018 бо ибтикори Коллеҷи омӯзгорӣ тибқи нақша- чорабинӣ дар факултети табиӣ –риёзӣ ва педагогика, психология  дар мавзӯи  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» гузаронида шуд, ки муовини директори Коллеҷи омӯзгорӣ Идрисов Д. дар мавзӯи «Обҳои Тоҷикистон, захира ва самаранок истифодабарии он дар соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли нерӯи барқ» дар шакли презентатсия  баромад намуд.

Ҷои ифтихор аст, ки донишҷудухтари курси 1-уми факултети табиӣ риёзӣ ва педагогика- психология ихтисоси математика ва информатика Шарифова Адиба дар вилояти Хатлон дар озмуни «Маликаи Наврӯз», ки бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» ширкат намуда, сазовори ҷойи якум гардид.

Умуман дар муассиса корҳои таълимиву тарбиявӣ дар сатҳи муайян қарор дошта, ҳайати устодон ва донишҷӯёни Коллеҷ баҳри минбаъд низ баланд бардо штани сатҳи таълиму тарбия пайваста талош меварзанд.

«САМАК»

Хонданд 87
«Бухорои Шариф» - нахустрӯзномаи тоҷикӣ

Нақши хонадони Мирзо Муҳиддин Мансурзода дар нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ

Дар ибтидои асри ХХ як зумра рӯшанфикрони тоҷик, ки дар таърих бо номи ҷадидон маъруфанд барои расидан ва таъмини адолати иҷтимоӣ аз роҳи ислоҳи мактабу маориф муборизаро оғоз намуданд. Аммо барои амалии ормонҳояшон нотавонбинони давр атрофи амир давр зада, бо истифода аз ин қудрати тавоно монеаҳои зиёд эҷод менамуданд. Ба ҳамаи ин монеъгузориҳо нигоҳ накарда, ҷадидон ба ғайр аз таъсиси мактабҳои усули ҷадидӣ инчунин таъсиси рӯзномаҳои маҳаллиро дар баробари рӯзномаҳои хориҷӣ зарур меҳисобиданд. Махсусан нашри рӯзномае ба забони тоҷикӣ, ки дар шароити онвақтаи Бухоро вуҷуд надошт аз ҳар ҷиҳат аҳамиятнок дониста мешуд.

Дар шароити онвақтаи Бухоро яке аз оилаҳои сарватманд хонадони Муҳиддин Мансурзода ба ҳисоб мерафт. Ин хонадон дар баробари сарватмандии худ ба илму фарҳанг таваҷҷуҳи махсус доштанд. Ҳамин буд, ки дар ин хонадон яке аз намоёнтарин чеҳраи адабию сиёсии тоҷик Абдуқодир Муҳиддинов парвариш ёфт. 

Қайд намудан зарур аст, ки дар арафаи инқилоби якуми рус (1905 – 1907) ва пас аз он матбуоти давлатҳои гуногун аз қабили «Ҳабл -ул- матин» (аз Калкутаи Ҳиндустон), «Чеҳранамо», «Парвариш» (аз Миср), «Вақт» (аз Оренбург), «Тарҷумон» (аз Боғчасарой), «Мулло Насриддин» (аз Боку), «Шӯро» (аз Уфа) ва ғайра ба Бухоро ворид шуда доираи хонандагони хешро пайдо менамуданд.

Ҷавонони бедордил аз мутолиаву мубоҳисаҳо аз олам гаштану одам диданҳо ба хуби дарк мекарданд, ки барои ба мардум фаҳмонидани зарурати ислоҳоти сохти иҷтимоӣ ва ҳамзамон равшан кардани «ақлҳои тира» рӯзномае бо забони модариашон даркор аст. Ин нукта дар мақолаи «Аз аҳволи Бухоро»-и А. Муҳиддинов, ки соли 1910 дар рӯзномаи «Вақт» ба нашр расида буд, бо назардошти аҳамияти сиёсию фарҳангии он таъкид гардидааст. Мавсуф аз набудани чунин минбарҳои маҳаллии баёни сухан дар Бухоро таассуф хӯрда мардумро бо вуҷуди он ба ҳимматбаландию ростгароӣ даъват менамояд. Дар ҷое ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ намуда, чунин иброз медорад, ки «модом, ки худи мо ҷароид (ҷарида, рӯзнома) ва осори мунташира надорем, аз он чӣ мавҷуд аст, истифода карданамон лозим меояд». Ҷои дигар барои як фикру муттаҳид шудан ва паҳн намудани афкори пешқадами худ ба мардум муроҷиат намуда таъкид менамояд, ки мо бояд «рисолаҳои хурд - хурд навишта, паҳн кунем, ба нашриёти хурде оғоз намоем, ки раҳнамои рост бошанд».

Аз чунин андешарониҳои А. Муҳиддинов бармеояд, ки ӯ ҳануз дар соли 1910 дар ҳавои бунёди як рӯзномаи маҳаллӣ ва бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ будааст. Ин орзуи на танҳо А. Муҳиддинов, балки падари ӯ М. Мансурзода низ ба шумор мерафт. Ҳамин буд, ки дар таъсис ва нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» дар таърихи 11 марти соли 1912 ин хонавода нақши асосӣ доштанд. 

Барои ба роҳ мондани нашри рӯзномаи мазкур дар қатори М. Мансурзода инчунин, шоир, олим ва сайёҳ Мирзо Сироҷи Бухороӣ саҳм дошт. Бо вуҷуди он, ки ҳукумати аморати Бухоро ва намояндаи ҳукумати Русия дар Бухоро дар ин ҷода ба эшон мамониятҳои зиёд эҷод сохтаю рухсат намедоданд, аммо онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ талошҳои зиёд ба харҷ доданд. М. Мансурзода ва М. Сироҷ ба воситаи мудири матбааи Когон Левии яҳудӣ ҳамчун миёнарав (баъди ваъда кардани фоидаи калони молӣ ба ӯ) барои мусоидат намудан элчихонаи (консулгарӣ) Русияро дар ҷараён гузоштанд. Худи М. Мансурзода, ки аз як тараф ба хотири корҳои тиҷоратиаш бо элчихона равобит дошт, дар ин масъала дар ҳузури намояндагони рус аз таъсиси рӯзнома ба хотири рушди муносибатҳои иқтисодии Бухорою Русия ҷонибдорӣ намуд. «Элчихона – менависад С. Айнӣ – ба шарти дар дасти худаш будани ҳаққи цензорӣ (сензура) аз ҳукумати Бухоро барои нашри газета ба номи Левӣ ва Ҳайдархоҷа (Ҳайдархоҷа Мирбадалов, тарҷумони элчихонаи рус. Дар ин ҷо Ҳайдархоҷа чун мудири газета пазируфта шуд.) имтиёз ва иҷозат гирифта дод». Ҳамин тавр М. Мансур ва М. Сироҷ аз шаҳри Боку адиб Мирзо Ҷалол Юсуфзодаро даъват намуда, ӯро ба вазифаи муҳаррирӣ ва донишманди эронӣ Мирзо Ғаффорро котиби масъул таъин намуданд. Бо ҳамин минвол рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар чопхонаи Бухорои Нав (Когон), дар ибтидо ҳафтае 6 маротиба ва баъди чаҳор моҳ ҳафтае 3 бор аз чоп баромада ба дасти хонандагони хеш мерасид.   

Аз 14 июли соли 1912 дар идораи рӯзномаи «Бухорои Шариф» бо дастгирии М. Мансурзода ва дигар равшанфикрон нашри рӯзномаи ӯзбекии «Тӯрон» ба роҳ монда шуд. Нашри ҳардуи ин рӯзномаҳо то соли 1913 идома ёфта, бинобар сабаби маҳдудаи ҷаҳонбинӣ ва ҷоҳилию таассубгароии амир ва дарбориёнаш аз санаи 2 январи соли 1913 бо фармони амир Олимхон (1910 – 1920), қатъ карда шуд. Дар ин миён нашри рӯзномаҳо ба хусус «Бухорои Шариф» бинобар нарасидани маблағ чанд маротиба зери хатар қарор гирифта буд. Аммо М. Мансурзода бо ҳамроҳии фарзандонаш ва М. Сироҷ ба таври расмию ғайрирасмӣ ба он мададҳои зиёди молӣ намуданд. Аз моҳи сентябри соли 1912 бо иқдом ва ташаббуси М. Мансурзода як гуруҳ ҷавонони ҳимматбаланду равшанзамири Бухоро ширкатеро барои таъмини ҳамаҷонибаи рӯзномаҳои зикршуда ташкил карданд. Минбаъд масрафу табъу нашри рӯзномаҳо ба уҳдаи ин ширкат вогузор карда шуд. Агарчанде, ки рӯзномаҳои «Бухорои Шариф» ва «Тӯрон» умри кӯтоҳ диданд, аммо тавонистанд бо мақолаҳои пурмуҳтавои худ дар фаҳмишу тафаккури қисме аз ҷомеаи Бухоро навгониҳои зиёдеро ворид кунанд. 

Бо ин мешавад зикр намуд, ки оилаи М. Мансурзода дар ин ҷода нақши калидӣ доранд. Устод С. Айнӣ дар рӯйхати он нафароне, ки дар нашри ин рӯзномаҳо хизмат намудаанд номи М. Мансурзода ва писаронаш Абдулқодир ва Исомро аз ҳама аввал гузоштааст, ки маънои гуфтаҳои болоро тақвият мебахшад. Бо баста шудани рӯзномаҳои номбурда равшанфикрони бухороӣ ё ба истилоҳ ҷадидон, бо шумули М. Мансурзода ва фарзандонаш руҳшикаста нашуда, бо роҳи аз нав ташкил намудани мактабу нашрия ва ҷамъиятҳо корҳои бо ҳадафро пеш мебурданд. 

Давлатшоҳ Маҳмудов,

Дилшод Ҳайдаров

Хонданд 29

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.