.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Фарҳанг

Аз донишҷӯӣ то ба профессорӣ

Сен 29, 2018
Хонданд: 172
Аз донишҷӯӣ  то ба профессорӣ

Устоди гиромиқадри мо Иброҳим Кенҷаевич Усмонов ба синни мубораки 70 расиданд. Дар бораи устод тӯли ин солҳо таърифу тавсифи зиёде кардаанд, ки ба ҳамаи он меарзанд. Ман он суханҳоро такрор намекунам ва чанд хотираи худро оид ба он кас ба қалам медиҳам, ки шахсияти комил будани эшонро нишон медиҳад.

Шиносоии ман бо устод Иброҳим Кенҷаевич Усмонов ҳангоми донишҷӯӣ сурат гирифт. Соли 1987 мо 25 нафар довталабон шомили шӯъбаи навташкили журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин шудем. Асоси гурӯҳи моро ҷавонони 17- сола ташкил мекарданд. Вале ману Саъдулло Ҳайдаров аз онҳо 9 - 10 сол калон будем. Ман баъди хатми факултаи иқтисодии донишгоҳ ва адои хизмати аскарӣ, Саъдулло бошад, баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент ва 8 соли собиқаи муаллимӣ дар деҳаашон барои омӯхтани журналистика ба факултаи филологияи донишгоҳ омада будем. Ниёзбек Қаландарову Рустам Назиров ҳам аз дигарон 5-6-солӣ калон буданд ва баъди хизмати аскариву собиқаи корӣ бо мо ҳамсабақ шуданд. Ҳамчунин Зайниддин Орифов ва Абдураҳмон Раҳмонов низ то дохил шудан ба донишгоҳ собиқаи кориву маҳсули эҷоди журналистӣ доштанд.  Ҳамин буд, ки ману Саъдулло худро байни ҳамкурсон чандон «пир» намедонистем ва бо ҳама дӯсту тифоқ будем. Ба мо аз журналистика аслан 3 нафар – шодравон Асадулло Саъдуллоев, Абдусаттор Нуралиев ва Иброҳим Усмонов дарс мегуфтанд.  

Вохӯрии мо бо устод Иброҳим Кенҷаевич нахуст дар рӯзҳои аввали курси якум ба вуқӯъ пайваст. Он кас ба синфи мо даромада, дар мавзӯи сару либоси донишҷӯён суҳбат карданд. Он замон пӯшидани шими ҷинс мӯд буд ва як шим 150-200 рубл қимат дошт. Маблағи мазкур баробари маоши якмоҳаи хабарнигори рӯзнома буд. Ман, ки одатан пӯшидани либоси озодро дӯст медорам, бо шими ҷинс ба дарс меомадам. Устод Усмонов пеши ҳамкурсон маро эрод гирифтанд, ки дигар бо шими ҷинс ба дарс наоям ва гарданбанд бастанро ҳам фаромӯш накунам. Журналист бояд либоси расмӣ пӯшад, таъкид карданд он кас. 

Он замон ҳанӯз донишҷӯёнро ба шиму костюм пӯшидану гарданбанд бастан маҷбур намекарданд. Боди бозсозӣ мевазид ва рӯҳияи демократии мардум боло мерафт.  Ман гуфтам, он чизеро мепӯшам, ки мақбул аст. Воқеан ҳам, он кас ба ақидаи шахсӣ эҳтиром мегузоштанд. Ҳамин тавр, дигар устод ба ман чизе нагуфтанд. 

Бояд ёдовар шуд, ки худи устод ҳамеша шиму костюм пӯшида, галстук мебанданд. Боре зимистони қаҳратуни замони муосир дар донишгоҳ, ки синфхонаҳо сард буданд ва ҳама, чӣ донишҷӯ ва чӣ муаллимон палто мепӯшиданд, устод таги шиму костюм ва куртаи сафеду гарданбанд дарс мегуфтанд. Он кас, ки мудири кафедра буданд, дар танаффус ба мо, чанд нафар муаллимон, ки палто пӯшида бошем ҳам, аз хунукӣ меларзидем, бо лабханд гуфтанд:

- Хунук аст, магар? Ман ку аз гармӣ палтоямро кашида, дар кабинет мондаам.

Баъд устод сирри гармшавиашонро гуфтанд: «он кас аз зери курта як жемпери ғафси пашмӣ пӯшида будаанд».

Устод ҳеҷ одати қасдгирии донишҷӯро надоштанд. Баъди баҳси шими ҷинс муносибати он кас ба ман бад нашуд. Баръакс, маро эҳтирому дастгирӣ мекарданд. Боре ман аз имтиҳони таърихи журналистикаи тоҷик ба як савол ҷавоби хуб надодам. Устод баҳои 4 монданӣ шуданд. Ман гуфтам, ки устод беҳтараш баҳои 2 монед, ман онро аз нав месупорам. Воқеан ҳам, ин дафъа ҷиддитар ба имтиҳон тайёр шудам ва баҳои аъло гирифтам. 

Ман ҳангоми дар курси сеюм таҳсил карданам, аз моҳи декабри соли 1989 як басти пурра ба ҳайси мухбири рӯзномаи навтаъсиси «Паёми Душанбе» ба кор даромадам. Бо кумаки устод И. Усмонов шӯрои олимони факултет маро аз ширкат дар дарсҳо озод кард. Ман акнун ҳуқуқ доштам, ки ҳар вақти дилхоҳ ва ҳатто пешакӣ санҷишу имтиҳонҳоро супорам. Он вақт донишҷӯён баҳоталабӣ намекарданд ва ман китобҳои назариявиро мутолиа карда, ба санҷишу имтиҳонҳо омода мешудам.

Баъди хатми курси дуюм, соли 1989 бо ибтикори Иброҳим Кенҷаевич аксари хамсабақони мо барои таҷрибаомӯзӣ ба рӯзномаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристода шуданд. Ҳадаф аз ин таҷрибаомӯзӣ дар баробари азхуд кардани малакаи касбӣ, боз шинос шудан бо ҳаёти тоҷикон ва баланд бардоштани рӯҳияи миллии онҳо буд. Аксар ба шаҳрҳои бузург  Тошканду Самарқанд ва Бухоро рафтанӣ буданд. Устод ману Рустам Назировро, ки собиқаи корӣ дар газетаи «Меҳнати коммунистӣ»-и Файзобод дошт, ба ноҳияи Бойсун тавсия карда, гуфтанд: 

- Шумо, ки соҳибкасб шудаед, бояд ба Бойсун равед ва ба гуногунранг шудани саҳифаи тоҷикӣ мусоидат намоед. Ҳоло ин саҳифа якрангу хонданӣ нест.  Фаромӯш накунед, ки аҳолии маркази ноҳия аксар тоҷик бошанд ҳам, вале ягон мактаби тоҷикӣ надоранд.  

Гуфтаи устод воқеият дошт. Вақте ба редаксияи газетаи «Ғалаба»-и Бойсун омадем, воқеан ҳам, масъули саҳифаи тоҷикӣ барои хонданӣ шудани он чандон талош надошт ва аксаран бо як мавод ё ҳикоя онро пур мекард. Бо омадани мо саҳифа ранги дигар гирифт ва маводи гуногунранг дар он ба чоп расиданд. Кӯшиши моро дида, масъули саҳифа ҳам ба ҷунбиш даромад ва маводи хонданӣ менавиштагӣ шуд. Рустам ҳамчунин бегоҳиҳо барномаи тоҷикиро дар радиои маҳаллии ноҳия ба роҳ монд. Натиҷаи ҳамин кӯшишҳо буд, ки баъдан ҳамон сол дар мактабҳои маркази ноҳияи Бойсун синфҳои тоҷикӣ кушода шуданд. 

Воқеан ҳам, устод И. К. Усмонов ҳисси баланди миллӣ доранд ва барои шинохти тоҷикон сайъу кӯшиши зиёде кардаанд.  Маҳз бо ибтикори он кас дар факултаи журналистика тадриси фанни тоҷикшиносӣ роҳандозӣ шудааст.

Устод баъди ҳафтае моро хабаргирӣ ба Бойсун омаданд ва дар деҳаи Бибиширин, дар хонаи директори мактаб, дӯсташон Халил Холов, ки мо ҳам он ҷо иқомат доштем, меҳмон шуданд. Мизбон ба хотири дӯсти дерин гӯсфанд куштанду танӯркабоб пухтанд. Устод моро низ дар катори меҳмонони обрӯманди ноҳия сари дастархон даъват карданд. Мо ҳам бо онҳо базм ороста, коняк нӯшидему кабоб хӯрдем. 

 Пеш аз хатми курси 4-ум, моҳи апрели соли 1991 мо барои бурдани таҳқиқоти сотсиологӣ серӯза ба ноҳияи Панҷ сафар кардем. Аз донишҷӯёни синфҳои болоӣ шунида будем, ки устод танҳо дар дарс сахтгиранд, вале фориғ аз он бо донишҷӯ муносибати баробар доранд. Ин гуфтаҳоро мо воқеан ҳам, ҳангоми меҳмонӣ ба хонаи ҳамсабақамон Холбегим Давлатова дар ноҳияи Панҷ эҳсос кардем. Устод бо мо якҷоя сари дастурхон менишастанд. Ҳамчунин бегоҳ, баъди бозгашт аз таҳқиқоти саҳроӣ бо Ҷамшед Қодирову Комил Алиев, Маҳмуд Шоев ва шодравон Рустамбек Миров нардбозӣ мекарданд.

Мо ба гурӯҳҳои 2-3-нафарӣ ҷудо шуда, барои таҳқиқоти сотсиологӣ мавод ҷамъ мекардем. Ману Саъдулло Ҳайдаров аз деҳае ба маркази ноҳия баргаштем ва хостем, ки дар қаҳвахонае хӯроки нисфирӯзӣ бихӯрем. Ин ҷо тасодуфан устод Усмоновро вохӯрдем, ки аз редаксияи рӯзномаи ноҳиявӣ баромада буданд. Он касро ба хӯрокхӯрӣ даъват кардем. 

- Майлаш, бо шарте бо шумо ба хӯрокхӯрӣ меравам, ки агар пулашро ман ҳисобӣ кунам, - исрор карданд Иброҳим Кенҷаевич. 

Мо ночор розӣ шуда, вориди қаҳвахона гардидем. Ҳарчанд барои ман, ки дар рӯзнома кор мекардам ва моҳе 250-300 рубл маошу ҳаққи қалам мегирифтам, зиёфат додани устод ҳеҷ мушкилӣ надошт. Воқеан, он вақт нархи ғизо дар ошхонаву қаҳвахона ва ҳатто тарабхонаҳо гарон набуд. Ба як рубл метавонистӣ, ки дар ошхона бемалол серӣ хӯрок бихурӣ.

 Ман пеш аз сафар дар дохили сумкаи суратгирии давраи шӯравӣ, ки хеле бузургҳаҷм аст, ба ғайр аз фотоаппарат боз 2 шиша коняки «Душанбе»-ро бо 2 баста шоколад ҷой карда будам ва доим онро бо худ мегардондам, то фурсати муносиб бо дӯстон нӯши ҷон бикунем. Вақти хӯрокхӯрӣ як шишаи онро аз сумка бароварда, «барои рафъи чангҳои деҳот», гуфтам. Устод монеъ нашуданд. 

Ман таҳти роҳбарии устод чанд сол кор ҳам кардаам. Охири моҳи октябри соли 1991 аз рӯзномаи «Тоҷикистон» ба шӯъбаи иқтисоди Радиои Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир ба кор омадам. Баъди як моҳ ҳайати роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон иваз шуд ва И. К. Усмонов муовини раиси кумита таъин гардиданд. Он кас маро ба кабинети худ даъват карда гуфтанд, ки ба мо одамони соҳибкасб ва содиқ лозиманд. Бинобар ин мехоҳам туро сармуҳаррири ягон редаксияи асосии радио таъин кунем. Он кас ба ман редаксияи ахбор ва сиёсиро пешниҳод карданд. Ман гуфтам, ки талаби ягон вазифа надорам. Ба ҳар ҳол он кас маро муовини сармуҳаррири сарредаксияи иқтисоди радио таъин карданд. 

Бо даъват ва исрори устоди шодравон А. Саъдуллоев соли 1997-ум ман унвонҷӯи кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ шудам ва баъди дифои рисолаи номзадӣ дар соли 2003-юм ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба кор омадам. Соли 2004-ум бо таъсиси кафедраи журналистикаи байналхалқӣ ба он ҷо гузаштам. Аввалан мудири кафедраамон устод А. Саъдуллоев буданд. Баъди он кас устод И. К. Усмонов мудири мо шуданд. 

Таҳти роҳбарии он кас кор кардан осону гуворо буд. Ҳаргиз сари муаллимон дод намезаданд ва баҳудаву беҳуда кор талаб намекарданд. Зеро медонистанд, ки муаллимон вазифаи худро медонанд ва онро аз сидқи дил иҷро мекунанд. 

И. К. Усмонов роҳбари илмии ман набошанд ҳам, ҳеҷ гоҳ маслиҳату дастгириро дареғ намедоштанд. Вақти дифои рисолаи номзадиву докторӣ низ маро дастгирӣ карданд.

Соли 2000-ум китоби нахустинам «Ҳақиқат ва дурӯғ»-ро омодаи чоп кардам. Вақте ки навиштани сарсуханро аз устод хоҳиш кардам, не нагуфтанд. Он кас дастхатро хонда, ба котибаашон матнро дикта карданд. Баъди як соат сарсухан омода шуд. 

Бояд гуфт, ки ман садоқат ба илм ва журналистика, кор кардан бо донишҷӯён ва муносибати самимиро бо онҳо аз устодон А. Саъдуллоев ва И. К. Усмонов омӯхтаам. 

 

Ҷовид Муқим, 

доктори улуми филология, профессор

Хонданд 172
Маро марги ту шоир кард, модар!

14 сентябр-рӯзи вафоти модарам

Меҳроби муҳббатам! Машъали меҳри синаафрӯзам! Гулдузии хуршеди ҳама рӯзам! Чаро ғуруби бемаҳал кардию дар торикиҳои зиндагӣ танҳову сарсонам намудӣ? Чаро ғунчаҳои орзӯи боғи диламро пажмурда карда, доғи фироқатро меросам гузоштӣ? Зиндагӣ бе ту бароям ниҳоят сахту сангин аст модар! Он фасли тирамоҳ, он рӯзи видоъу хазонрези умри ту ҳаргиз аз хотирам зудуда намешавад.  

Тирамоҳи хазонрез буд. Дарахтон ғарқи андӯҳу шохаҳо сарду урён. Баргҳои заъфарон таронаи ҳазини "оҳ"-ро замзама мекарданд. Ғарқи хаёлҳои мағшуш дар боғчаи хонаам қадам мезадам. Аз хиш-хиши дардолуди баргҳои хазону хушк ҳасрати умри кӯтоҳи туро эҳсос кардаму борони сиришк рӯямро тар кард. Ту рӯйи долони хона дар бистари беморӣ мехобиди. Ду барги рӯят пажмурда буду пайкарат афсурда. Фарзандон, хешону ҳамдеҳагон сари болинат ашк мерехтанд. Баробари «очамой...» гуфтани апаам ҳуш аз сарам рафт. Марги бераҳми савори аспи сиёҳ ба гулбоғи умри ҷавонат шабохун зад. Лолаҳои умеду орзӯятро решакан карду дунёи равшанро дар нигоҳам тира сохт. Аз он рӯзи шум чаҳоряк аср сипарӣ шудааст, вале чуғзи ҳасрату алами марги ту то ҳанӯз дар вайронаи дилам нолаи ҳазин мекашад.

Модар, ту такягоҳу сарпаноҳ ва умед дар ноумедиву шодиям буди. Миёни фарзандонат маро, ки маъюб ба дунё омадам, бештар меҳрубонию ғамхорӣ мекардӣ. Ҳар гаҳе ки мегуфтам: «оча, инҷоям дард мекунад», якбора «оҳ» гуфта ранги рӯят мепарид ва мегуфти: «ту касал нашав, ки ҷони ман дард мекунад».

Лаҳзаҳои хотирмони ҳаётамро бо ту пеши назар меораму ду лаҳзаи айёми бачагӣ хотирамро мағшуш мекунад. Лаҳзаи якум ин аст, ки як рӯзи тобистон дар дашти болои зодгоҳам, деҳи Миёнадара каҳ дарав мекардам. Қиёми рӯз буд. Ин ҳангом дидам, ки дар як дастат досу дар дасти дигарат чою нон гирякунон ба сӯям меойи. Расидан замон ба оғӯшам кашидиву гиря карди. Саратро силакунон гуфтам, ки «гиря накун, оча». Гуфти, ки  падарам нисбати ман бераҳм аст. Баъдан, маро сари дастархон шинондию худ гирякунон ба дарави каҳ машғул шудӣ. Дарав мекардиву мегиристӣ ва падарамро сарзаниш мекардӣ. Кӯшишу зории ман туро аз дарави боз дошта надошт. «Очаҷон, бас аст, биё ба хона равем» гуфта зорӣ мекардам, вале, ту мегуфти, ки «не бачам, то ҳамин каҳдарава тамом накунам, хона намерам, дигар тоқати дидани каҳдравии туро надорам». 

Лаҳзаи дувум. Тирмоҳ буд. Зиёд аз кӯҳ ҳезум мекашонидам. Дилат ба ман месӯхту, ба аппаҳоям амр мекардӣ, ки «то зимистон нашавад, аз ҳезӯми бачам истифода набаред. Аз ҳезумои овардагии бовотун (падарамон) алови нон кунед». То шурӯи фасли зимистон ҳезуми овардаи падарам тамом мешуду ноилоҷ рӯ ба ҳезумҳои кашонидаи ман меоварӣ. Ҳезумро бурда ба оташдон мегузоштиву гиряву нола мекардӣ. Медонистам, ки бо сухтани дарзаҳои ҳезуми ман ҷону дилат месӯхт. 

Модарҷон! Ин шаби тори танҳоиро бо хаёлу ёди ту паси сар мекунам. Хоб аз манзили чашмонам фирорӣ шуда, кабутари нигоҳам аз лонаи чашмони хастаам гоҳ ба замину гоҳ ба само парвоз мекунад. Бо сукути  шаб ва моҳу ситораҳои дурахшон рӯ ба рӯ мешавам. Ин ҳангом ғайриихтиёр симои нуронии ту ба ёдам меояд. Дафтарамро чун ҷойнамози карбосии ту пешам мекушояму намози қудсиамро ба номат иқтидо мекунам. Дар намоз ояти сабзи шеърамро бо номи «Марги модар», ки аз осмони дилам чун илҳоми бузурги раббонӣ нозил мешавад, қироат мекунам... 

 

Дар ин шоми сукути фасли поиз,

Асири ашку оҳ аст пайкари ман.

Тамоми ҳастӣ мегиряд, хаёлам,

Чу ман имшаб ба марги Модари ман.

 

Бубинам ахтарону моҳи гардун

Даруни абри мотам дар азоянд.

Ба оҳанги ҳазини ашки борон

Ба сӯям арзи ҳамдардӣ намоянд.

 

Дарахтон ҳам ба боғи хонаи ман,

Сияҳпӯшанду оҳи сард бар лаб.

Биборад ашки зарди ҳасрати барг

Зи чашми шохаҳо дар домани шаб.

 

Ҳама ин сӯгу ҳамдардӣ, ки доранд

Сипеҳру ахтару моҳу дарахтон,

Барои ҳурмати шаъни ту бошад,

Дар ин шоми видоат, модари ҷон!

 

Ва ман имшаб ба номи«Марги Модар»,

Ба хуни дил суруде кардам эҷод.

Ки бо оёти ашъорам, Худованд,

Аё модар, кунад рӯҳи туро шод!

Модар, имшаб баъди ин қадар хаёлу бехобӣ ва азобу мӯйшикофӣ дар тавлиди шеъри “Марги Модар” ранҷу машаққати туро дарк кардам ва фаҳмидам, ки ту офаридгори ҳаётӣ! Худованд дунёро ба хотири ту офаридааст ва онро барои зиндагии осудаи фарзандонат болои дастонат нигоҳ доштаӣ. Ҳашт боғи сабзу хуррами биҳиштро, ки маъвои абадии фарзандони накӯкорат аст, зери қудуми муборакат гузоштааст. Заминро дар қудуми шарифат пойандоз ва осмонро соябони сарат кардааст. Хуршедро болои сарат маъво додааст, ки рӯзгоратро нуру зиё бахшад. Гаҳворае, ки дар он тифлатро ба воя расонидӣ, суруди «алла»-ро хонди аввалин дабистони зиндагии ман аст. Аз ҳамин даргоҳ оғоз шуд зиндагии ман.

Субҳи деҳа медамад. Бисёр хастаам. Ранҷу азияти шаби танҳоӣ мадор аз пайкарам дур кардааст. Базӯр худро ба по медораму роҳ сӯйи мазорат пеш мегирам. Ин лаҳза хуршеди меҳрубон дар оғӯши абрҳои баҳорӣ нопадид аст. Абрҳо болои сарам чун ҳамдарду ғамшарик то мазори ту ашкрезӣ мекунанд. Ва ман сари турбати гулпӯши ту қарор мегирам!

 

Бар мазорат Модари ҷон, рӯзи борон омадам,

Бо дили лабрези дарду чашми гирён омадам.

Чун маризи мубталои дарду доғи бекасӣ,

Баҳри таскини дилу умеди дармон омадам.

 

Дар сари қабрат шукуфон гашта лоламашъалон,

Чун дилам дар шоми ҳиҷронат зи ашки осмон.

Водии дилгири хомӯшон дигаргун кардаанд

Лоламашъалҳои худрӯи ҳазини арғувон.

 

Модари ҷон, қисмати ҳар одаме бошад чунин,

Зиндагониву талошу оқибат зери замин.

Ин мазоре, ки ту ҳоло хуфтаӣ дар он, яқин,

Манзили фардои фарзанди ту ҳам бошад ҳамин…

Модар, ту беҳамтоӣ!

 Забону қалам қудрати васф кардани бузургиатро надоранд. То вақти бо ту будан рӯзгори беғашу беғам доштам. Фақат баъди маргат донистам, ки зиндагӣ сарои пур аз тазод будааст. Дар муқобили хурсандию умед ва бурду барор ғаму навмедӣ ва бохту нокомӣ будааст. Бераҳмии тақдир оқибат ҷонамро фигору ниҳоли қоматамро хам кард. Гумон мекардам, ки ғуссаи бемодарӣ дигар имкону иҷозаи зистанам нахоҳад дод, вале, «банда сарсахт аст» гуфтани бибиам рост будааст. Намурдам. Ғаматро хӯрдаву мурда-мурда зиндагӣ кардам. Марги ту, ғаму дарди ту оқибат маро шоир кард. Рӯҳат шод бод Модар!!!

Валиҷон Баёнӣ, 

шоир ва рӯзноманигор.

Хонданд 273
70 солагӣ ба мо муборак бошад, устоди азиз!

Хар сол санаи 10 сентябр ба устод занг мезанам ва мешунавам: «Нисо, зодрузи ман ба шумо муборак бод!». Ин на муболиға асту на киноя. Лутфи бемуҳоботи устод, ки воқеан зодрӯзашон ба ид табдил ёфтааст. 

Дар як суҳбат бо устод Иброҳим Усмонов шогирде  гуфт, ки “Шумо медонед, ки  фалонӣ одамгарӣ надорад, нисбати шумо беҳурматӣ мекунад, вале  ҳангоми  навиштани кори илмӣ ва унвонгирӣ Шумо ба ӯ кӯмак кардед, тақриз навиштеду маслиҳат додед”.  Устод дар посух гуфтанд, ки «он кас одамгарӣ надорад, вале илм дорад, манфиаташ ба шогирдон бештар мерасад».

Бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки барои  устод  манфиати умум дар ҷойи аввал аст на манфиати шахсӣ. Илм ва дилбастагӣ ба илму маърифат дар ҷойи аввал меистад. Шояд нафаре ба мисли устод Иброҳим Усмонов чунин фидокору сермаҳсул набошад дар илми журналистика. Ба андешаи ман, устод шогирд ва яке аз пайравони воқеии мактаби журналистии Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Бобоҷон Ғафуров ва Воҳид Асрорӣ ҳастанд. Соҳибмактаби илми журналистика буда, барои пойдории он саҳми арзанда гузоштаанд. Асари серҷилдаи «Журналистика» далели ин гуфтаҳост.

Устод тоҷикона ифтихор ва тоҷикона андеша доранд. Устод маҳал надоранд, як ватан доранд. Аз тоҷик будан ифтихор кардану ифтихори миллӣ доштанро талқин мекунанд. 

Яке аз аввалинҳое буданд, ки соли 1987 мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикиро пешниҳод кардаанд, ки имрӯз аз он ёд намеорем. Дар бораи таърихи тоҷикон, забони тоҷикӣ мегӯянду менависанд. Ин гоҳо ба бегонапарастон сахт мерасад. Дар суҳбате гуфтанд, ки “ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”. Шояд ин ҳарфҳо ба аксарият писанд наояд. Боз ҳам ба андешаи ман Устод батақвотар аз нафаронест, ки дар зоҳир худро батақво нишон додан мехоҳанд.  Дар тамоми гӯшаву канори кишвар шогирдони худро доранд. Ҳисси маҳалгароӣ барои он кас бегона аст. Барои он ки Устод шахсият ҳастанд ва шахсият сохтан мехоҳанд. Як аспирант гуфт, се сол шогирди муаллими дигар будам. Корамро ба сомон расонида наметавонистам. Вале як суҳбат бо устод Иброҳим Усмонов равиши кори ман ва дарки мавзӯъро бароям мушаххас кард ва бо се соли гузашта баробар шуд. Устод сахтгиру серталабанд ва онро бо маҳорати аҷиб анҷом медиҳанд. Боре дар рӯи маводи пешниҳодкардаам навишта буданд, ки «аз худ рафтаед, наход ҳамин кори рӯбардоршударо пешниҳод кунед». Ман аз ин навиштаҳо сурху сафед шудаму азоби виҷдон кашидам. Гуфтам, ки беҳтар мебуд як шаппотие ба рӯям мезаданд. Вале  ин сахтгирӣ маънии ғамхориро дошт. Инро дарзамон пайхас кардам.

Ҳар боре дилозурдаву хаста аз бори рӯзгор гардам, ба назди Устод меравам. Аз онҷо бо авзои комилан дигар ва рӯҳи болида бармегардам. Ҳунари талқин карда тавонистан, сухани лозимаро ёфта гуфтан, роҳнамоӣ кардан аз истеъдодҳои нотакрори устод Иброҳим Усмонов аст. Як нафар шогирд гуфт, ки агар Устод ширро сиёҳ гӯянд бовар мекунам, зеро чунон қотеона ва боварибахш мегӯянд, ки бовар накарда намешавад.  Ин маҳорат ба осонӣ намеояд, пайваста омӯхтану бедордил буданро металабад. 

Суханҳои наву беҳтарини устодро дар дафтари хотира то ҳанӯз ҳам сабт мекунам. Замони донишҷӯ буданам гуфта буданд, ки “аз хизматгори касе будан, хизматгори давлат будан беҳтар аст”. Расонаҳои давлатиро барои кор рафтан интихоб кунед. Баъди гузашти солҳо дарк намудам, ки Устод воқеан дурбин ҳастанд.

Устод зиндаҳоро мепарастанд ва ба хотири зиндаҳо аз рафтагон зикри хайр ва аёдат доранд. Зиёрати қабри шодравон Воҳид Асрорӣ ва дигар бузургонро аз устод Иброҳим Усмонов омӯхтам. Ҳамасола дар арафаи иди Ғалаба аз мазори Сари Осиё гузар карда, ояте  дар ҳақи хуфтагон мехонанд. Қадршиносӣ, поси хотир нигоҳ доштан, хайрхоҳ будан, бахшида тавонистан, беғараз буданро аз устод бояд омӯхт. Пурэҳсос будану якраву якрӯ буданро аз устод омӯхтам. Устод боре гуфтанд, ки “мо муаллимон боифтихор ҳамаи шогирдонеро, ки сабақ додаем, шогирд мегӯем. Лекин муҳим он аст, ки шогирд эътироф кунад, ки устодаш кист”. Ман аз он тоифае ҳастам, ки Шуморо ба устодӣ қабул кардаам.

70 солагӣ ба мо муборак бошад, устоди азиз!

Нисо Абдукамолова

Хонданд 342

Коммунисти демократ

Сен 15, 2018
Хонданд: 291
Коммунисти демократ

Баландӣ чист, бузургӣ чист? Саволе, ки ҳар кас метавонад аз нигоҳи худ посух гӯяд, аммо гуфтан мумкин аст, ки дар касби рӯзноманигорӣ ба ғайр аз қуллаҳои баланди диёр баландиҳои бисёре ҳастанд, ки гоҳо мо онҳоро нодида мегирем ва зиёда аз ин на ба ҳама имкони расидан ба ин гуна қуллаҳои бо кӯҳсорони мо баробар муяассар мегардад. Касе ин баландиҳоро мебинад, ки аз оламу одам бохабар бошад, неку бадро аз ҳам ҷудо кунад.

Аҷиб он аст, ки дар рӯзгори мо гоҳо ҳампоягону ҳампешагон дар баҳри ҳасад фурӯ рафта, ба ҳам сангандозиву бадгӯйӣ мекунанд, аммо хушбахтона ин устоди бузурги мо аз ҳамаи ин мартабаҳо болотару волотаранд, касеро надидаем, ки рӯйирост ё пинҳонӣ ба устод ҳасадхурӣ намояд. Ҳама медонанд, устод Иброҳим Усмонов аз ҳамаи ин дардҳо покизаанд, на ба касе ҳасад мебаранд ва на касе пайдо мешавад, ки дар ҳаққи он кас олимона, оқилона кинаҷӯйӣ кунад, зеро ҳадди фарҳангу дониши устод болотар аз  ин одатҳост, ба таърифашон  ҳам, ба бадгӯйиашон ҳам қудрати мо намерасад... Донишманд донишманд аст.  Ба гуфтае раванди болоӣ ба «фитратҳои дунёӣ»-и халқи арҷманди мо вобаста аст, ки пас аз гузаштани садсолаҳову ҳазорсолаҳо «Калила ва Димнаҳ»-ҳо, «Шоҳнома»-ҳо, «Қобуснома»-ҳо, «Сиёсатнома»-ҳо, «Футуватнома»-ҳо то ба имрӯз истифода мегарданд ва танҳо тавассути онон номи қабоилҳои ҳукмрон ёдоварӣ мегардад. Муайянкунандаи сиёсати ин давлатмардони қаблӣ низ ба асарҳо ва навиштаҳои нависандагон, муаррихон, адабиётшиносон, рӯзноманигорон ба гуфтаи ҳамкашони дохиливу хориҷии устод ва худи устод «рӯзноманигории қабл аз рӯзноманигорӣ» вобаста аст. Бубинед дар байни шоҳони гузашта шоирон ва нависандагон, сафарноманависон кам набуданд, аммо пас аз онҳо ҳеҷ касе аз рӯйи навиштаҳои онҳо давраи ононро баҳо ва баҳогузорӣ наменамояд. Сабаби инро мо пеш аз ҳама дар масали халқии тоҷикон дормеёбем, ки ин аст: «Ҳеҷ кас дӯғи худро турш намегӯяд».  Ва миннаатдории худро халқ рӯҳан ва амалан ба муаллифони ин офаридаҳо баён менамояд, ки аз худ чунин асари безаволе гузоштаанд, ки таввассути онон  бо  гузашта ошно гашта, имрӯзаи миллатро сохтан мумкин аст. Офаридаҳои устоди моро ба ҳамин поя гузоштан мумкин аст, ҳарчанд имрӯз мо аксаран аз он офаридаҳо чашмпӯшӣ менамоем ва худро нодида мегирем, аммо таърих хусусияти аслиаш он аст, ки бо гузашти солҳо ҳама чизро ҷо ба ҷо менамояд. Ин нуктаро дар таъриху таърихшиносӣ «иқболи баланд» мегӯянд, ки воқеан халқи арҷманди тоҷик, миллати тоҷик дорои он аст ва инро устод хеле хуб дарк менамояд ва ба шогирдон ва пайравонаш низ ҳамеша ҳамин чизро тавсия медиҳад.

Ҳамин иқболи баланд буда, ки мо замоне дар зери роҳбарии устод донишҷӯ будем ва он кас декани факултаи филология гаштанд ва ин коммунист рӯҳи озодидӯстиву озодипарастиро дар факултаи филологияи тоҷики он замон давлатӣ, ҳоло миллӣ роҳандозӣ намуд ва муваффақ низ гашт. Ҳамин коммунист тавонист, ки дар замони  «гулгулшукуфӣ»-и замони шӯроҳо андешаҳои демократии воқеиро дар факултаи филологияи тоҷик роҳандозӣ намояд. Бояд гуфт, ки он замон мо аз нигоҳи фунуни «Таърихи партияи коммунистӣ»,  «Фалсафаи марксистӣ-ленинӣ», «Атеизми илмӣ», «Коммунизми илмӣ» ба ҷаҳон менигаристем ва ҷаҳонро ба ду сохтор, сохтори коммунистӣ ва капиталистӣ, ки имрӯз мо сармоядориаш мегӯем, ҷудо менамудем ва сохтори навине, ки пас аз капитализми ваҳшӣ дар сарзаминҳои дигар бо номи демократия ба вуҷуд омада буд, бохабар бошем ҳам, онро давоми сохтори давлатҳои капиталистии истисморгар медонистем, чунки устодони фунуни ҷомеашиносӣ онро ба мо «беруннадидаҳо» чунин муаррифӣ менамуданд ва ин амал дар расонаҳои хабарии собиқ шӯравӣ ҳам маъмул буда, аз он касе қадаме берун гузошта наметавонист. 

Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дар расонаҳои хабарии ин кишвар низ ҳамеша аз паи баҳо додан ба сохторҳои коммунистӣ ва капиталистӣ буданд ва мо низ ҳеҷ ҷоеву ҳеҷ чизеро ба ҷуз аз китобҳои боло нахонда сохторе, ки зиндагӣ менамудем, аз сохторҳои дигари ҷаҳонӣ боло медонестем. Устод ҳангоми сӯҳбатҳо зиёда вақт аз мо мепурсид: «Фалон ҳикоя, повест ва ё романи нависандаи олмонӣ, инглис, лаҳистонӣ ва ғайраро хондӣ», ба тасвири сохтори ҷамъиятии он диққат бидеҳ ва хулосаи худро барор. Устод тавассути китобҳои бадеӣ андешаи моро тағйир медод. Ӯ аввалин муаллиме буд, ки моро маҷбур менамуд дар бораи достони «Шоҳ Лир»-и Шекспир андеша намоем, ки чаро духтарони шоҳ Лир ӯро овораву саргардон намуданд ва ӯ чаро танҳову бекас дунёи фониро падруд гуфт? Ва мо ҳамаи инро дар аввал афсона медонистем, аммо пас аз андешаи умқ сохторро, муборизаҳои давраҳои гузариши аз як ҷамъият ба ҷамъияти дигарро дар он навиштаи Шекспир дармеёфтем. Ин буд, ки устоди коммунисти мо сохтори демократиро аввалтар аз ҳама дар факултае, ки худ сарварӣ менамуд, роҳандозӣ намуд. Он замон донишҷӯ ҳатто ҳуқуқ надошт, ки сар боло намуда ба устодони коммунист ва комунистмаобони графо-коммунист, ки дар факулта хеле зиёд буданду аз ибораи «ҳоло ист, дар имтиҳон ва ину он чорабинӣ (аз ҷӯмла ғунучини дастаҷаъмонаи ҳосили пахта ва ғайра) ман ба ту нишон медиҳам», мегуфтанд, ҷавоб доданро ба мо ӯ ёд дод, аммо бо донистани қонунҳои ҳизби коммунист ва қонуни асосии давлати шӯроҳо худро дифоъ намудан дар ин раванд дар ҷойи аввал истоданро дар ин гуна ҳолатҳоро низ вай ба мо омӯхт. Ҳуддифоъкуниро мо бевосита аз устод ёд гирифтем. Қабл аз устод декани факулта будан, ҳатто донишҷӯ дар кӯча агар чунин устодонро медид, аз тарс ва қасосгирии он устоди графо-коммунист роҳи худро тағйир медод, ки он устод ӯро набинад. Устод ҳангоми декан будани худ ҳамин раванди номатлуб «тарси инсон аз инсон»-ро то ҳадде гум кунонда тавонист ва акнун дар факулта донишҷӯҳое пайдо гашта буданд, ки андешаи худро озод баён менамуданд, аммо на чун ғайбат балки рӯ ба рӯ бо оне, ки шахсият ва андешаи  ононро таҳқир менамуд ин ҳолат ба вуҷуд оварда мешуд. Дар ҳамин давра «ғайбат» ва «миш-миш»-и донишҷӯ аз устод ва устод аз донишҷӯ кам гашт ва гуфтан мумкин аст, ки фазои факултаи филология тавассути як журналисти роҳбар тағйир ёфт ва ин тағйирёбӣ дид, андешаронии ҳам устодон ва ҳам донишҷӯёнро нисбат ба якдигар дигар намуд. Дигар донишҷӯ аз устодони коммунистмаоб ва диспечер (имрӯз танзимгар) апаи Мисригул,  котибаи декан Таня намеҳаросид. Бо онон озод сухан мегуфт. Албатта ин рафтору кирдори декани коммунисти демократ на ба хамаи устодон писанд набуд. Махсусан устодони фанҳои ҷамъиятӣ қариб дар ҳама ҷо ғайбати устодро менамуданд, аммо имрӯз он замонро ба хотир оварда мо гуфта метавонем, ки пояи аввалини демократияро устод Иброҳими Усмон дар факултаи филология монд. Шояд то он замон дар кулли мактабҳои олии Тоҷикистон чунин раванд набуд. Мумкин, ки буд, аммо дар факултаҳои дигари Донишгоҳи давлатии (имрӯз миллӣ) Тоҷикистон дар собиқ ба номи В. И. Ленин воқеан набуд. Пас поягузори демократия дар ин даргоҳ устод буданд. Дигар донишҷӯи каму беш аз ҳуқуқи худ бохабар худро дифоъ менамуд, чун медонист, ки дар пасаш устоди мо коммунисти демократ Иброҳим Усмон аст ва ӯ мӯйро аз хамир ҷудо карда метавонад  ва тарафайнро ба мусолиҳа оварда метавонист, равғане, ки оташи даргирифтаро рӯшантар менамуд, намегузошт, ки ба болои оташ аз сари нав  чош бидиҳанд ва алангаи онро зиёд намоянд. Ҳамин равандро ҳангоми сулҳи тоҷикон низ устод ба кор бурдаанд, ки инро аз назари он кас ҳангоми сӯҳбат, мусоҳибаҳо ва навиштаҳои устод дарёфтан мумкин аст.

Ин як амали аслии журналист мебошад, мусоҳибро гӯш кардан ва ҳангоми сӯҳбат бо саволҳои майдаву калон пурра намудани мавзӯи таҳқиқ ва ё ба гуфтае мавзӯи интихобнамуда мебошад, ки мо ҳангоми донишҷӯ буданамон аз устод ёд гирифтем ва имрӯз ҳам дар ҳамин радиф кор ва фаъолият дорем.      

Ҳошо, ки дар сарзамине, ки мову шумо ба дунё омадаем, касе, ки кӯҳсорони баланди моро мебинад, шефтаи онон мегардад, аммо «кӯҳҳо»-и баланди имрӯзаи маърифату ирфонро мо худ нодида мегирем, шояд хуни мо инсонҳоро парвардигор ва ё табиат чунин сиришта. Ғарами пахтаву алаф, хасу хошокро, баландии қуллаҳои кӯҳсоронро мебинем, аммо баландии инсони баландпарвозро, ки ҳамроҳи мо буду бош дорад, ҳис наменамоем. Дар ин росто агар ба тамаддуни имрӯза баҳо диҳем аз ғарамҳо, баландиҳои будаву нобудае, ки мо мегӯему менависем баландиҳое вуҷуд дорад, ки он ба инсони комил марбут аст ва чунин одамон дар ҷомеаи кунунии мо дар тамоми сохторҳои ҷомеаи мо воқеан вуҷуд доранд, ки рӯзноманигор бояд ба баландии назар ва диди ин гуна одамон баҳо дода тавонад, ки устод яке аз чунин чеҳраҳои камшумори ҷомеаи кунунии мост. Дар ин  ҳолат дигар баландиҳои табиӣ, ҷузъе аз табиат боқӣ мемонад ва қадри инсони рӯҳшинос ва ҷомеашинос, созанда, офаранда аз кулли қуллаҳои осмонбуси на танҳо Тоҷикистон, балки ҷаҳон баландтар мегардад. Устод ҳамин баландиҳои инсонро дарёфта, мо шогирдонашро ба ҳамин рӯҳия тарбия намудааст. Барои устод баландии кӯҳҳо, ғарамҳои зиёди анвои растанӣ ва ашёҳои дигари табиӣ дар пеши баландии қудрати инсон поёнтар аст ва ӯ ба қудрати инсон бовар дорад ва онро ба гуфтаи устод Рӯдакӣ «ба чашми хирад» мебинад. Мо медонем файласуфон аксар вақт «хирад ва дониш»-ро як донистаанд. Аммо ҳангоми баррасии рӯзгор ва фаъолияти устод мо ин ду вожаро дигар хел дарёфтем ва бар замми донишманд будан соҳиби хиради воло будани он кас дар ҷои аввал аст. Ин ҳар ду сифатро на ҳар кас доро мебошад ва агар касоне доранд, яки онро доранд ва ононе, ки ҳардуро доранд, чун устоди мо дар тамоми ҷомеаҳои инсонӣ ангуштшумор буданд ва ангуштшумор мемонанд.

Маданияти баланди устодро солҳост дар муҳокимаҳои гуногуни маводу матлаб, рисолаҳои илмиву таҳлили офаридаҳо мебинем. Устод ҳеҷ гоҳе чун баъзе аз уламои навини соҳа, навиштаи нафарареро сиёҳу сафед наменамоянд, бо ифтихор хат намезананд, бо валвалаву ҳамҳама сухан намегӯянд, балки бо сухани нек, агар кор ба талаботи илмӣ ҷавобгӯ набудан ва ё навишта хонандаро қонеъ накунонданашро дарк кунанд, бо мулоиматӣ ва хеле самимона чунин мегӯянд: «Шумо худатон ин чизро хеле хуб аз мо медонед…» ва аслан ҳамин гуфта барои воқеан одами аҳли фаҳм кофӣ аст, ки андеша намояд, устод чӣ гуфтанианд. 

 Ҳангоми навиштани ин сипосномаи то ба ҳол дар пеши устод шогирдона, гуфта метавонем, ки дар сарзамине, ки мо буду бош дорем, баландиҳо дар ҳар сари қадам ба назар мерасад, аммо баландие баланд аз рӯҳи инсони комил, ки устод дар ҳама ҳолатҳои зиндагии пур аз шебу фарози худ дорои он будааст,  нест! Устоди азиз ҳамеша баланд ва сарбаланд бошед ва дар охир ин мисраъҳои шодравон шоири шаҳири воқеан миллии тоҷик, устод Лоиқ ба хотирамон мерасад, ки аз ин зиёдтар нисбат ба шумо дар адабиёти имрӯзаи тоҷик чизеро дарнаёфтам. Ва танҳо гуфта метавонем, ки «баландие баланд аз рӯҳи ту нест». Табъатон шод ва рӯҳатон болида бод. Ҳамеша бо мо бошед:

Зи кулли қуллаҳои сар ба афлок

Сари мо сад ҳазорон бор болост.

Бале, дар сарзамини мо

Баландиҳои бисёр аст, аммо

Баландие баланд аз рӯҳи мо нест!..

Қутбиддин Мухторӣ

Дӯстмуроди Бобо

Хонданд 291

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Баҳонаи зистан

    Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад. Соли 2018…
  • МАСЛИҲАТ

    Аз дидаву шунида Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»! Мо аз…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.