.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Фарҳанг

Қурбони он касам, ки ҷони одам аст

Янв 06, 2018
Диданд: 604

Зиндагии мардумони дилсафеди озода ва озодандеш «марг»-и наҳси каҷдилон дар рӯи олам аст. Чун инсони соддадил гоҳо дар доми фиреб меафтад, аммо тез худро дар оламе, ки зиндагӣ менамояд, дармеёбад. Вай сарлашкаре надораду доштан низ намехоҳад, чун дар зиндагӣ сардафтар дорад ва ин сардафтар андеша ва қалами ӯст. Ҳамин сардафтар, андешаву сухан доштан аст, ки аҳли ин ҷода аз миллион сари дигар, ки ба кореву амале қодир нест, боло ҳастанд. 

Устод Қироншоҳи Шарифзода ҳар гоҳе бо шумо вомехӯранд, ба забони тоҷикӣ «дуруд бар шумо, бобо» мегӯянд. Ба устод «дуруд» мегӯем. Танҳо инсонҳои донандаи таъриху тамаддуни ин миллати куҳанбунёд аз чунин усули саломдиҳӣ истифода менамоянд, ки яке аз онҳо устод Қироншоҳ аст. Дарёдилест, ҳарчанд мо дар зиндагӣ дарёдилони бисёр дидаем, аммо дарёдилии вай фарқ дорад ва аз он самимият ҷӯш мезанад, ки ин самимият на дар ҳамаи мо вуҷуд дорад ва ин самимияти вай низ меросист, ки аз «аналҳақ»-и Мансур сарчашма мегирад, ки ба он на ҳама дорост. Ин «аналҳақ» танҳо аналҳақи худи ӯ нест, балки он ба миллат ҳамбаста аст. Дар ҷустуҷӯи «аналҳақ» аст, дар домани дарёи андеша аст ва ин дарё дили поку беғубори ӯст.
Медонад, ки боарзиштарин фулуз зар аст, онро аз замин то осмон ситоиш намудаанд, аммо ҳамагон хомӯширо тилло мегӯянд, аммо онро ситоиш наменамоянд ва он хомӯшӣ чаро қимат нашуд ва ё нагашт, варо гоҳо ба андеша меоварад ва ӯ хомӯширо пеша менамояд. Тез дарк менамояд, ки дар ин маҷлиссаро хомӯш будан беҳтар аст, хомӯширо тилло медонад. Дар ин гуна лаҳзаҳо ёди тифлӣ менамояд, на ёди тифлон, ки онон бо вуҷуди бузург будан ҳанӯз тифлона андеша доранд ва тифлона андеша мекунанд, табассуми дардноке менамояд ва ин табассум дардҳои ӯро гӯё мепӯшонад. Ва тафаххуре дар кору амали худ надорад ва он чӣ, ки сомон додааст, ҳанӯз ба назараш то зонуяш нарасидааст, ки ин моро ба андеша меорад, ки нафаре бо ин доштанҳо, ки дигарон надоранд, чаро чунин ба кори худу амали худ баҳо медиҳад. Ва мо ин хомӯширо мебинем ва аксари ононе, ки Қироншоҳро мешиносанд, аз тинат, ҳасту нести вай бохабар ҳастанд, ба хулоса меоянд, ки дар зери ин «хомӯшӣ», ки аз нигоҳҳои пурроз ва пурнукот иборат аст, «қуллаҳои дар зери баҳр ниҳоне» нуҳуфтааст, ки на ҳама онро мебинад ва дарк менамояд. Чун мо ҳамагон имрӯз «донишманд» ҳастем ва ду - се чизакеро аз ин ва ё он ҷояке хондаем ва гумон менамоем, ки аз мо бузургтар дар кулли ҷаҳон нест ва нахоҳад буд. Аммо пас аз чанде буду набуди мо маълум мегардад, ба оби дар ҳован кӯфташуда монанд мегардем, ки ба дарди касе намехӯрад ва як кореву амали нодаркор аст. Ва ин аст, ки устод Қироншоҳ ҳеҷ гоҳе «аз куҳе, ки то зону аст, нафахридааст» ва умедворем, минбаъд ҳам аз ин куҳи то зону нафахрад.
Ва ӯ медонад, ки бо гузашти соле ҷавонӣ инсониятро, ҳатто олами вуҳуш ва набототро ба пирӣ гусел менамояд. Аҷиб ин аст, ки ҳамаи мо бисту чанд сол боз бо гиру мони зиндагӣ овора буда, ҳамагон аз барнову пир бе ҷавонӣ, ҷавониро ҳар сол гусел менамоем, фахр аз он менамоем, ки соле рафт, соле паси сар шуд. Аммо ӯ ба ҳар соли рафта ғамгин мегардад, ки коре нокарда монд, амале иҷро нагашт, чун даъвогар нест, ҳатто аз ҷониби худаш даъвогарӣ наменамояд, аммо аз ин умри рафта, аз он коре, ки иҷро накардааст ва ё дигарон, аз ӯ пешомадагону рафтагон ва имрӯзбудагон иҷро накардаанд, дарун-дарун даъво менамояд ва гоҳо ин даъвоҳои дарунӣ дар навиштаҳои ӯ рӯ мезананд ва хонандаи заккӣ дар зерсатрҳои навиштаҳои устод Қироншо онро дармеёбаду дар мавриди навиштаҳои ӯ андеша менамояд. Осори гаронмояаш - «Асосҳои ҳамкории иҷтимоӣ», «Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ», «Мушкилоти озодии сухан», «Озодӣ ва масъулияти сухан», «Бухорои шариф: Назаре пас аз 100 сол», «Газтеа (Рӯзнома - аз таърих, вазифаҳои иҷтимоӣ, таснифот ва сохтори редаксияи он)» андешаву суханҳои мондагоре ҳаст, ки донишманду олими соҳаи журналистика будани устод Шарифзода Қироншоҳро ба ҳамагон бозгӯ менамояд.
Мо шогирдони вай ба ӯ менигарем ва ҳасрати мӯи сиёҳи ӯро мекунем. Дар сапедии мӯи ӯ хирадро мебинем ва хирад ҳамин тур бе омӯзиш ба даст намеояд ва омӯзиш бе хондани қомусҳои иншогашта ва зиндагӣ пешкаш менамуда ба каф наояд ва ба мағз ҷой нагирад. Мӯи сапеди вай авроқи сапед наяст, балки авроқи рангомез аст, ки пур аз гуфтаҳову ногуфтаҳост.
Чун мавҷи дарё дар забон дорад ва шӯри дарё дар дил, дар лабаш дард дорад, аммо ин ба гардишҳои зиндагӣ бастагӣ дорад, ки ӯ тайи ин солҳо ва солҳои пеш, тамоми умри сипаригашта варо ҳамроҳӣ менамуд ва ин розҳои ногуфтаи ӯст, ки ба дарду розҳои соҳили дарё монанд аст, ки онро на ҳама дорад, чун вай бо шиори «бите хӯрам, бизан мурам» умр нагузаронида ва ҳеҷ гоҳе гузарониданӣ нест. Бо чарху дуки аз модарбузург ба модар, аз хару хингили аз падарбузург ба падар монда қонеъ нест, ҳарчанд медонад, ки ин молҳои меросӣ аз они вай аст, ҳамзамон инро низ медонад, ки «чарху дук»-у «хару хингил»-и аз бобоёни дигарон ба онҳое ба мерос монда, ки аз миллати мо нестанд, чархи фалакҳоро гирифта ва мо то ба имрӯз аз «чарху дук»-и аз падарбузург ва модарбузургамон ба мерос монда сухан менамоем ва ифтихор аз он менамоем ва ҷадидие дар худамон намебинем ва аз пайи ҷадид сохтани «чарху дук»-и худ нестем.
Аз инқилобҳо гурез дорад, аммо инқилоби зеҳниро мепарастад, чун худ зеҳнгаро аст, чун дунёдида аст ва соҳибдилу зиндадил аст, аз дилмурдагони давру даҳр дурӣ меҷӯяд, аммо касб ӯро бо онон рӯ ба рӯ менамояд. Зиндагиро фароғати якчанд «мурда» мебинад, ба ҳоли зиндаҳо месӯзад, ки саргардони зиндагианд, хашми худро фурӯрехта менамояд, оташи қалбаш бетоб мегардад, гоҳо дунёро рафта мебинад, аммо худро дар навбати дунё дармеёбад. Бисёр санҷид, дид, дар тарозуи ақл баркашид, таҷриба намуд, ҳеҷ лаъле ба даст наовард ва ҳам ёр ёфт ва боз наёфт, шояд ёр наёфтан тақдири қаламкаши рӯзмарра аст, ки мо низ гирифтори ин «дард»-ем ва ин дард аз устоди мо Қироншоҳ ба мо ба мерос монда.
Зиндагӣ дар воқеъ пурдаҳшату пур аз тӯфон аст ва ӯ низ чун мову шумо аз киштии Ҷам ва баъд аз Ҷам аз киштии Нуҳ бурун омада ва он тӯфон то ҳанӯз ҳам идома дорад, дар қалбҳои мардуми озодидӯсту озодипарвар захмҳо эҷод менамояд. Мебинад нафаронеро, ки соҳиби арзу само ҳастанд, аммо соҳибдил наянд, шукр менамояд, ки чунин нест ва ба ҳоли соҳибҷаҳони беҷаҳон дилаш месӯзад, аммо чорае надорад, чун зиндагиро чунин сохтаанд ва шояд яздон дунёро бо ҳазрати Одаму Ҳаво чунин офарида, ки ин фалсафаи зиндагист, ки ҳанӯз ҳам чун тамаддунҳои гумшуда, боқимондагони воқеии инсоният дар ҷустуҷӯи он ҳастанд ва ӯ низ яке аз онҳост. Муҳимтар аз ҳама вай имрӯз ҳам навҷавони пирдил нест ва будан низ намехоҳад ва бо ҷоми бода аст ва бо мо Ҷоми Ҷам мебардорад ва бода мехӯрад, чун пири ҷавондил аст. Медонад, ки аз рӯди хушкида сад ифтихор намоӣ ҳам, суде нест, чун дар рӯди хушкида ташнагиро натавонӣ шикаст.
Устод Шарифзода Қироншоҳро бо рӯзи мелодашон табрик намуда, ба эшон тансиҳативу хушбахтӣ ва дар корҳои эҷодиашон муваффақиятҳои нав ба навро орзумандем!

Дӯстмуроди БОБО,
Хуршед АТОВУЛЛО,
Беҳрӯзи ШУКРУЛЛО

Хонданд 604

Табрикоту умедворӣ

Янв 06, 2018
Диданд: 360

Салому дуруди бепоён ба ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Самак». Кулли кормандони «Шарқи озод», аз хонанда то нависанда, аз ходим то надим, аз фаррош то наққош, аз хурд то бузургро ба муносибати соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, дар соли навин тансиҳатию хотири ҷамъ, некию некномӣ, сабру таҳаммул, ақлу хиради расо, қалами бурро, сулҳу салоҳ, чашмҳои тезбин, суханҳои дилнишин орзу дорам. 

Дар соли сипаригашта ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Самак» ба дили хонандагон роҳ ёфта, бо маводҳои дилчасп, хонданбоб, маслиҳатҳои муфид дастгири ниёзмандон гардида буданд. Ин аз паҳншавии онҳо дар нуқтаҳои гуногуни ватан ва пешниҳоди фикру мулоҳизаву дархостҳои хонандагон маълум буд, ки мудом дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳо дарҷ мегардиданд. Муваффақият ва пешравии масъулони ҳафтаномаҳо дар он аст, ки ҳамеша номаҳои баҳсталаб аз тарафи масъулон ҷавоб пайдо мекарданд.
Ҳафтаномаи «Фараж» дар соли сипаригашта тавонист бо ҳусну баён, савту калом ба дили хонандаи худ роҳ ёфта, дармонбахш гардад. Баъзан умеди охирини ҳоҷатмандон, фикру ақида ва хоҳишу талабҳои дурусташонро мувофиқи қонун ба гӯши мутасаддиён мерасонд. Байни ҷомеа «Фараж» чун дармонбахшу «Самак» зираку доно обрӯ пайдо карда, аз даст ба даст мегаштанд. Навиштаҷоти хонданбоб ва дилчаспе пайдо мешуд, ки баъзе муштариён онро мекофтанд. Боре шоҳиди он гардидам, ки аз вилояти Суғд шахсе суроғи шумораҳои ду-се моҳ пеш чопшуда омада буд. Вақте ин ё он корхона, муассиса, масъулон ба ҳафтаномаи «Фараж» ё «Самак» алоқаманд буданатонро огоҳ мегарданд, фикру ақида, дархосту пешниҳодҳои заруриро барои ободии ватан, сулҳу салоҳ, дӯстию бародарӣ, меҳру вафодорӣ, амнияти миллӣ хуш пазироӣ менамоянд ва баҳри рафъи камбудиҳо чораҳои судбахш меандешанд.
Дар соли сипаригашта борҳо мушоҳида намудам, ки аз нуқтаҳои гуногуни ватан ҳоҷатмандони зиёде ба ҳафтаномаи «Фараж» омада, дарди дили худро баён менамоянд ва дармонбахшии онро эҳсос мекунам, ки лоиқи таҳсин аст. Аз матолиби хонданбоб ва таърихиии дар саҳифаҳои «Самак» дарҷшуда низ хонанда огоҳ мегардад ва барои дастрас намудани ҳафтанома мадад меҷӯяд.
Дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳо хонанда ҳар ҳафта оид ба саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободии ватан, сарҷамъии миллат, сулҳу салоҳ дар сайёра, обрӯи Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар олам матолиби хонданибобро мутолиа мекунад.
Дар соли навин ҳафтаномаи «Фараж»-и номдор ва «Самак»-и айёрро байни матбуоти даврӣ дар ҷои намоён диданиам, боз ҳам хонданбоб ва дилчасп буданашонро хоҳонам. Байни ҳамсояҳо - «Фараж», «Самак», «Зангӯла», «Чашма»-ву «Офтобак» дӯстию тифоқӣ, якдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтиром, посдорӣ, қадри меҳнати ҳамдигариро дар соли нав боз ҳам хубтар диданиам. Ҷамъи кормандони матбуоти мактабиёнро низ табрику таҳният гуфта, ба кулли мактабиён ақли расо, хониши хубу аъло ва ба мардуми Тоҷикистон сидқу вафодориро орзу дорам.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛОВ

Хонданд 360

Зинати бебаҳси либоси миллӣ

Янв 06, 2018
Диданд: 352

Ҷомеа пеш меравад, садҳо чиз шакли дигар мегиранд, чизе нест мешавад, чизе пайдо мешавад. Ин қонунест табиӣ. Вале боз дар зиндагӣ чизҳое ҳастанд, ки новобаста бо гузаштани вақт ба қадри онҳо чун ба қиматҳои арзишманди миллӣ расем, онҳо зиндагии моро зеботар, пурмаънотар, ҷилодор ва хоса мекунанд. Онҳо на танҳо намояндаи кадом қавму миллат будан ва чи гуна завқ доштани моро то андозае муайян месозанд, балки боз чун сарвати гаронбаҳое мешаванд, ки бо ифтихор метавонем ба наслҳои дигар мерос гузорем ва бо ин васила умри анъанаҳои миллиро аз кӯтоҳ шудан боздорем.

Ҳоло на давраи қадим асту на асрҳои миёна. Аллакай қариб ду даҳсола мешавад, ки мо вориди ҳазорсолаи нав шудаем. Лекин бо вуҷуди ҳамаи ин мо ҳеҷ ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки ба гузашта даст афшонда, худро дар ҳолати аз гузашта мутлақо ҷудо нишон диҳем. Ин коре хоҳад шуд нобахшиданӣ. Таъкид мекунем, ки ҳатто аз хурдтарин ҷузъиёти мусбати анъанаҳои асрҳо суфташуда ва қобили қабулгашта ба хотири ягон чизи наве, ки хоси мардуми мо нест, даст кашидан, сангпартоиест ба сӯйи он обрӯю эътиборе, ки худамон дар давоми асрҳо ба даст овардаем.
Ҳоло ҳадафи мо ёдовар шудан аз либоси миллист, дақиқтараш аз либоси занонаи миллӣ. Албатта, либоси шинаму зебо инсонро зеботар, ҷаҳони зоҳирии ӯро рангинтар, дилкаш ва ҳатто мафтункунанда менамояд. Ин ҷо ҳеҷ зарурати баҳс кардан нест. Вале имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки баъзе занону духтарон аз тарзи маъмулии рӯймолбандӣ ба сар даст кашида, сатрбандиро афзалтар мешуморанд. Ба ибораи дигар, ин корро барои худ як навъ мӯд пиндошта, аз дигар занҳо ва духтарон фарқ доштанашонро ошкоро намоиш доданӣ мешаванд. Аввал бояд хотиррасон намоем, ки инсон, аз ҷумла занҳо қабл аз ҳама бояд олами ботинии худро ғаниву зебо созанд. Чун олами ботинӣ аз ҳар лиҳоз зебо шуд, пӯшида намемонад, ки нишонаи оқилӣ ин ҷо ҷой ёфтааст ва ин чиз худ талаб мекунад, ки бо кадом фаҳмиш ва ҳавсала олами зоҳирӣ низ ороста шавад. Мо ин ҷо дар он хусус баҳс карданӣ нестем, ки сатрбандӣ ҳусни занро афзун мекунад, ё коҳиш медиҳад. Ин ба завқи худи сатрпӯш ва касе, ки сӯи ӯ нигоҳ мекунад, вобаста аст. Ғайр аз ин, бояд ба инобат гирем, ки агар барои қавме сатр пӯшидан вобаста ба анъанаҳои миллии кайҳо қабулу маъмулӣ шуда бошад, бигзор онро идома диҳанд, вале барои мардуме, ки то имрӯз гузаштагонашон ҳеҷ гоҳ одати сатрпӯшӣ надоштанду имрӯз ҳам бо далеле даъвои пештар доштанро надоранд, пас бо кадом баҳона рӯ ба сатр меоранд?
Тарзи рӯймолбандии асрҳо миёни занони тоҷик ҷойдошта чӣ иллате дошта бошад, ки баъзе занону духтарон онро писанд намекунанд? Дар он шакле, ки аҷдодони мо то имрӯз ба сар рӯймол бастаанд, аз кадом паҳлуе, ки нигоҳ накунем, айбе надорад, баръакс, аҷаб хушнамову шинам аст. Новобаста аз он, ки сатр бастан зебо менамояд, ё не, ҳар як касе, ки аз занҳои мо эҳтиром ба одати либоспӯшии миллӣ дорад, набояд ба воситаи либоспӯшии дигар мардумон бе ягон сабаби ҷиддӣ, ё тақозои вақту вазъият тақлид кардан, фирефтаи рафторе шавад, ки фақат онро ба ҷуз худро намоиш додан дигар чизе гуфтан душвор шавад.
Мо дар мамлакате зиндагӣ мекунем, ки мутобиқи Конститутсияи он соҳиби ҳама ҳуқуқҳо ҳастем. Имконияти дар донишгоҳи дилхоҳ таҳсил намудан, касби дилхоҳро аз худ кардан, дар вазифаҳои гуногун кор кардан, озод изҳори хоҳиш кардан, зери ҳимояи давлат будан ва мисли инҳоро дорем. Яъне майдони амал ва ба орзуҳои худ расидан хеле ҳам фарох аст. Ин қадар бартариҳо ва сабукиҳоро соҳиб будан худ бахти баланд аст. Ниҳоят муҳим ин аст, ки пас аз талошу ҷадалҳои зиёду сангин оромие насибамон шудааст, ки садҳо ҳазор ва ҳатто миллионҳо ашхоси дигар мамлакатҳои пурфоҷиаву фардояш норавшан рӯзу шаб орзу мекунанд. Чаро аз ин оромии руҳбахш шукрона карда, андешаи онро накунем, ки нангбардори миллати бофарҳангамон бошем? Чаро талоши онро накунем, ки ба воситаи меҳнат, мубориза, хушбаёнӣ, хушмуомилагӣ, дурандешӣ ва дар бар доштани қабои зебои миллӣ эътибори фарҳанги худро даҳчанд созем? Дар айни ҳол ёдовар мешавем, ки ин маънои аз олами берун бехабар шуданро надорад. Чун тавонем ба қадри дастовардҳои миллии худ бирасем, он гоҳ баробари замон қадам мондан, ки касе ё чизе ба он имрӯз монеа нест, бароямон осонтару гуворотар менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи июли соли гузашта махсус ба мо занҳо муроҷиат карда, бисёр хуб ва дилсӯзона гуфта буданд, ки як бор ба тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла рӯймолбандии бибиҳову модарони худамон нигоҳ кунед, магар нуқсоне дорад? Чи айбе он ҷо ба назар мерасад, ки боиси ор бошад? Чӣ зарурати хориҷиёнро тақлид кардан аст? Мо аз сарватҳои фарҳангии худамон ор не, балки бояд фахр кунем. Президенти муҳтарам бо ҳамаи серкориашон боз вақт пайдо намуда, аз масъалаи чи гуна либос дар бар доштани занҳо сухан гуфтанд. Мо ин таъкидро чун ғамхорие нисбат ба қадрдониву нигаҳдории анъанаҳои миллӣ бояд пазироӣ намоем ва бо амалҳои худ баманфиат будани онро аз хотир набарорем.

Назира ВАҲОБОВА,
корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Авурпои
АИ ҶТ

Хонданд 352

Мактаби ду устоди бузурги санъат

Янв 06, 2018
Диданд: 412

Ё чӣ тавр садои Одина Ҳошим ва Нигина Рауфова Муҳаррамаи Шарифро мафтун кард

Ҳунари асил мисли гавҳари дурахшонест, ки ҷилояш наметавонад аз диди аҳли завқ ниҳон монад. Овозхони маҳбуб Муҳаррамаи Шариф дурахши ду ахтари тобони дунёи ҳунар - Одина Ҳошим ва Нигина Рауфоваро асоси ворид шуданаш ба ҷодаи санъат хонда, истеъдоди беназири онҳоро ҷавҳаре зодаи дарёи дилу табиати табии Худодод медонад.

Муҳаррамаи Шариф, ки аз оғози фаъолиятҳо ба сабки овозхонии халқӣ рӯ овардааст, мегӯяд: «Ман фикр мекунам, ки таронаҳои халқӣ бештару беҳтар дар дили мардум ҷой мегиранд. Дар сабки таронаҳои халқӣ сурудхонии ман бесабаб нест, чун ин сабк хеле дилнишин аст. Дар ин сабк таронаҳои фалакӣ низ ҳастанд. Аслан мо бо суруду таронаҳои фалаксарои маҳбуб устод Одина Ҳошим (руҳашон шод бод!) калон шудем. Мо бо садои Одина Ҳошим сарояндаҳои фалакиро дӯст доштем ва як қадар шогирдона ҳам бошад, ба қадри имкон аз уҳдаи сароидани фалак низ мебароям. Агарчи барои мухлисонам ягон суруде дар сабки фалак пешниҳод накардаам. Ният дорам, ки ҳамчун рамзи дӯстдории таронаҳои фалак ва эҳтироми санъати устод Одина Ҳошим як таронаи фалакӣ ҳатман ба самъи мухлисонам бирасонам».
Ба қавли ӯ, сурудҳои сарояндагони асиле амсоли Одина Ҳошим ҷаззобияти хос дошта, касро ба ваҷд меоранд. Муҳаррамаи Шариф, ки дар баробари сарояндаи ансамбли «Дарё» будан дар Консерваторияи миллӣ омӯзгори бахши фалак аст, мегӯяд, фалаксароиро дар симои ҳунарманди номвар Одина Ҳошим хеле меписандид ва шавқманд аст, ки албатта таронае дар сабки фалак омодаву пешниҳоди мухлисон созад. Муҳаррама Шарифова дар ин баробар ҳунари хоси устоди санъат Нигина Рауфоваро бо шаҳду шираи дилнишин маҳбуби ҷону равон унвон кард. Ӯ бо эҳтироми хос мегӯяд: «Ман шукронаи он мекунам, ки шогирди ҳунарманди нотакрор Нигина Рауфова ҳастам. Маҳз дӯстдории садои апаи Нигина маро ба ин ҷода овард. Ман тамоми сурудҳои апаи Нигинаро гӯш кардаву матнашонро дар дафтар рӯйбардор мекардам. Он замон нақшаи ҳама барномаҳои радио ва телевизион қаблан тарҳрезӣ мешуд ва маълум буд, ки кадом барнома соати чанд пахш мешавад. Барномаҳое буд, ки лаҳзаву соати пахшаш ман доиман назди радио ё телевизион қарор мегирифтам. Медонистам, ки ҳамин ҳоло апаи Нигина тариқи радио ё телевизион тарона мехонад, агар имрӯз нахонд, ҳатман фардо, фардо не, албатта пасфардо суруд хоҳад хонд. Ҳамеша пешам дафтар меистод ва агар аз садои радио ними сурудро навишта тавонам, ними дигарашро ҳангоми пахши суруд аз телевизион пурра мекардам. Тамоми таронаҳои Нигина Рауфоваро навишта кардаву баробари садояшон тариқи радио ё телевизион пахш гардидан бо ҳамоҳангӣ худ ба худ месароидам. Ин то замоне буд, ки ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо дохил шудам».
Муҳаррамаи Шариф мегӯяд, аз он ки падараш Шарифов Азиз ва бародаронаш Аъзаму Акбар думбра менавохтанд, бо як нигоҳ кардан навохтани думбраро ёд гирифту ин ҳунар баъдан ба ӯ кор дод.
- Ман аз шавқи зиёд бе ягон устод ва бе ягон муаллим навохтани сози акардеонро омӯхтам. Хубии он замон ҳамин буд, ки дар тамоми мактабҳои миёна созҳои мусиқӣ буданд ва дастаи ҳаваскорони санъат фаъолият дошт. Масалан, дар ноҳияи Файзобод дар чанд мактабе, ки буд, чунин кружокҳо фаъолият мекарданд. Дар ин маҳфилҳо ман ҳамеша фаъолу як нафари пешсафу пешбар будам. То оне, ки ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо омадам, қариб ҳама сурудҳои апаи Нигинаро аз бар карда будам. Вақте донишгоҳ омадам, ин ҷо аз устодам Ҳаким Маҳмуд тадрис мегирифтам. Шавқи бо устод - апаи Нигина вохӯрдан дар дили ман буд, вале мегуфтам, ки не, то ман омода нашавам, пеши апаи Нигина намеравам. Ман то курси чорум, чор сол интизор шудам, то бо апаи Нигина вохӯрам. Дар курси чорум моро ба ансамбли давлатии шашамақомхонҳои Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаомӯзӣ фиристоданд. Ман устодро дар ҳамон вақт вохӯрдам. Ҳамон замонҳо барои пазируфта шудан ба ансамбли навтаъсиси «Дарё» озмун эълон карданд. Ман маҳз бо тавсияи апаи Нигина ба ин озмун ҳуҷҷат супурда, шомили ин ансамбли бонуфуз гардидам. Зиёд чизҳоеро, ки дар дигар ҷой натавонистам биомӯзам, ин ҷо аз устод Саидқул Билол омӯхтам. Ҳамзамон дар тӯли чанд соле, ки дар ансамбли «Дарё» овозхон будам, дар Коллеҷи ба номи Аҳмад Бобоқулов муддати шаш сол дарс мегуфтам. Як сол мудири кафедраи овозхонии анъанавӣ шуда кор кардам. Баъдан маро ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон даъват карданд. Имрӯзҳо ҳам ба ҳайси овозхон ва ҳамчун омӯзгор фаъолият дорам. Тӯли чор-панҷ сол дар студияи маркази «Хунёгар»-и ансамбли «Дарё» дарси маҳорат меомӯзонидам ва ҳоло чандин нафар ҷавонҳое, ки ин ҷо кор мекунанд, ҳама шогирдони ман ҳастанд,- мегӯяд Муҳаррамаи Шариф.
Ӯ дар бораи нақши бузурги устоди ҳунар Нигина Рауфова дар ҳаёташ ёдрас шуда, мегӯяд, ки вақте озмуни ансамбли «Дарё» эълон шуд, ҳатто худро номнавис ҳам накарда буд. Муҳаррамаи Шариф лаҳзаву соатҳои хотирмони ҳаёташро бо устоди ҳунар ёдрас шуда мегӯяд:
- Маро пурсиданд, ки «Муҳаррама, ту дар озмун номнавис шудӣ?». Гуфтам, ки «не апа». Фармуданд, ки «тез рафта худро номнавис намо!». Ҳамагӣ як-ду рӯз то ҷамъбасти озмун монда буд, ки ман рафта номнавис шудам. Фардояш он кас ҳама мусиқачиёнро ҷамъ карда, хоҳиш карданд, ки мусиқӣ навозед, ин ҳунарманди ҷавон аз пайравони мост, суруд бихонад. Ҳамроҳашон машқ кардему аз озмун сарбаландона гузаштам. Ман аз апаи Нигина бисёр чизро ёд гирифтам. Аввалан фарҳанги муносибату одамгариро. Устод то синфи чор хонда буданд, ин пӯшида нест. Вале ман ҳатто бо ифтихор мегӯям, ки дар пояи устод апаи Нигина мумкин аст нафароне, ки коллеҷҳову донишгоҳу консерваторияро хатм кадаанд, ҳунарашон мисли апаи Нигина ба арши аъло нарасида бошад. Он кас садову маҳорати хос доштанд, дар тамоми жанрҳои мусиқӣ суруд хондаанд. Бо оркестри созҳои халқӣ суруд хондаанд, бо оркестри ансамбли эстрадии «Гулшан», бо ансамбли «Шашмақом» низ. Меҳру муҳаббати ман нисбати он кас ки беандоза буд, мо ҳамдигарро хеле нағз мефаҳмидем. Апаи Нигина барои ман ҳамчун модар азиз буданду ҳастанд.
Дар асл ҳам танҳо ҳунари асил метавонад мақоми воло касб намояду ҳунарварро миёни ҷомеа маҳбуб гардонад. Нигина Рауфова шамси мунири дунёи санъат будаву ҳаст, ки шуои меҳри садояш дар ниҳодҳо ҷовидона мемонад. Ин истеъдоди нотакрорро метавон нигини таҷалибахшандаи тоҷи ҳунар ном бурд, ки ҷилояш арзу тӯл надораду ҷаҳонорост. Ба андешаи Муҳарамаи Шариф, шояд ҳастанд ҳунармандоне, ки аз аввал роҳу равиши худро доранд, лекин аксари ҳунармандон овозхониро аз тақлид оғоз мекунанд. Вақте роҳу равиши худро ёфтанд, дар дили мардум ҷой мегиранду муваффақ мешаванд. Муҳаррамаи Шариф ихлосмандона мегӯяд: «Мактаби ман мактаби апаи Нигина аст. Ман ҳунари асили ҳунармандони дар санъат устоди касби хеш бударо доиман қадр мекунам. Устодоне чун Одина Ҳошим ва Нигина Рауфова бо сабку садои хос рӯйи саҳна омада, мавқеу мақом пайдо намуданд. Мо шогирон, ҳар як ҳунарманди ҷавон бояд арзиши баланди ҳунарии онҳоро арҷ гузорему пайрави пайкорашон бошем».

МЕҲРОФАРИН

Хонданд 412

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.