.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Фарҳанг

Боргоҳи маърифат дар Конибодом

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом ба номи Мирзо Турсунзода

 

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом аз куҳантарин муассисаҳои миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта, дар тӯли фаъолияти дуру дарози худ дар пешрафти на танҳо соҳаи маориф, балки соҳаҳои гуногуни ҳаёти халқи тоҷик нақши арзандае гузоштааст. Ин макони маърифат олимони зиёд, шоирон, қаҳрамонони меҳнат, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ ва адибону санъаткорони машҳуреро тарбия намуда, ба воя расонидааст, ки на танҳо обрӯи омӯзишгоҳ, балки обрӯву нуфузи миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ низ баланд бардоштаанд. Шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ академикҳо Рауф Баротов, Иброҳим Обидов, профессорон Турдибону Бердиева, Камолиддинов Баҳриддин, Сунаттуло Бобохоҷаев, Абдуғаффор Ҷӯраев, Қаҳрамони меҳнат, муаллимаи номдор Ҳабиба Каримова ва шоиру нависандагоне ба мисли Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Зайниддин Дӯстматов, Музаффар Зулфиқоров хатмкардаи маҳз ҳамин макони маърифат буда, саҳми эшон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷумҳурии азизамон хеле калон аст. 

 

Таърихи 87 сола

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом нахустин маротиба 1 октябри соли 1931 ҳамчун техникуми омӯзгории шаҳри Конибодом дарҳои худро барои аввалин толибилмон боз намуда, ҳамагӣ 20 нафар муаллимони ояндаро ба таҳсил фаро гирифта буд. Мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-таълимии омӯзишгоҳ ва бо муаллимони таҷрибанок таъмин намудани он, ба фидокории директори авввалини он Аҳмадҷон Абдураҳмонов сахт марбут аст. Қадр карда шудани ӯ бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва унвони Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон натиҷаи меҳнати ҷонсупоронаи ӯ нисбати инкишофи мактабу маорифи кишвар аст. 

Дар давоми фаъолияти 87 солааш коллеҷро қариб 11 ҳазор мутахассисони ҷавон хатм намуда, баҳри рушду нумӯи кори мактабу маориф, илму фарҳанг ва дигар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҳисса гузоштанд ва имрӯзҳо низ ба халқу Ватани хеш сарбаландона хизмат карда истодаанд.

Коллеҷ дар бинои ҳозиразамон, иборат аз се бинои дуошёнаи ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ ҷойгир шудааст. Дар бинои таълимӣ 31 синфхонаи бо гӯшаву лавҳаҳо ва воситаҳои техникӣ ҷиҳозонидашуда, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, китобхона бо толори хониш, як синфхонаи лингофонӣ, осорхона, маҷлисгоҳ, толори варзишии замонавӣ ва 27 синфхонаҳои таълимӣ иборат мебошад. Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар коллеҷ аз соли оғози нави таҳсил якчанд синфхонаҳо бо айёниятҳои талаботи ба замони имрӯза ҷавобгӯ таҷҳизонида шуда, толор ва майдончаи варзишӣ бо сифати баланд ба истифода дода шудааст. Бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 21 марти соли 1978  ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом номи Мирзо Турсунзода гузошта шуд. Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ аз 2-юми ноябри соли 2012 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Коллеҷи омӯзгорӣ табдили ном кард

 

Факултаҳо ва ихтисосҳо

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи М.Турсунзодаи шаҳри Конибодом шуруъ аз 5 сентябри соли равон бо тасдиқи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори муассиса тағйирот ворид шуд ва тибқи он ду факултети омузгорӣ ва чор кафедра, кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ, кафедраи забонҳо, кафедраи педагогика ва психология ва кафедраи умумитахассусӣ дар назди муассисаи таълимӣ амал мекунад. Донишҷӯён аз руйи ихтисосхои зерин ба таҳсил фаро гирифта шудаанд:

1.Ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ

2.Ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик

3.Ихтисоси забон ва адабиёти рус

4.Ихтисоси забони англисӣ

5.Ихтисоси таърих

6.Ихтисоси математика

7.Ихтисоси таҳсилоти томактабӣ

8.Ихтисоси математика - информатика

Дар маҷмуъ дар коллеҷ 65 нафар устодон фаъолият доранд, ки 2 нафар номзадони илми педагогӣ, 12 нафарашон Аълочиёни маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар соли таҳсили 2018-2019 дар коллеҷ 879 нафар донишҷӯён таҳсил доранд, ки аз инҳо дар шуъбаи рӯзона 382 нафар ва шуъбаи ғоибона 497 нафар буда, 101 нафарашонро писарон ташкил медиҳад. Дар бахши шартномавӣ 398 нафар ва буҷавӣ 481 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.  

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом инчунин курси омӯзиши истифодаи технологияи муосир аз тарафи омӯзгорони коллеҷ ба роҳ монда шуда, дар муассиса 68 адад компютери фардӣ, се синфхонаи компютерӣ, 2 адад ноутбук, 7 адад проектор, 1 адад тахтаи электронӣ, 11 адад принтерҳо мавриди истифода қарор доранд.   

 

Таҷрибаомӯзӣ чун муҳимтарин бахши касбомӯзӣ

Бояд қайд намуд, ки таҷрибаомӯзӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти коллеҷ ба ҳисоб рафта, дар роҳи омӯхтани касби пуршарафи омӯзгорӣ ва соҳиби малака ва маҳорат гардидани донишҷӯён мавқеи муҳимро мебозад. Бо назардошти хеле муҳим будани дарсҳои амалӣ дар соли таҳсили 2017-2018 мувофиқи нақшаи таълимӣ намудҳои таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ ба роҳ монда шудааст. Коллеҷи омӯзгорӣ барои ба таҷрибаомӯзӣ ҳаматарафа фаро гирифтани донишҷӯён бо муассисаҳои таълимии дигар ҳамкории зич дошта, ҳамаи шароитро доир ба бомуваффақият ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ аз ҳарду тараф омода месозанд. Дар оғози соли хониши нав байни директори коллеҷ ва сардори Раёсати маорифи шаҳр шартномаи тарафайн баста шуда, дар асоси он муассисаҳои таълимии шаҳр вазифадор карда шуданд, ки барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯён ҳама шароитро муҳайё намоянд. Қайд кардан бамаврид аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва ҳамкории зич бо муассисаҳои таълимӣ дар МТМУ №54-и шаҳри Конибодом кафедраи умумитахассусӣ ташкил карда шуда, омӯзгорони кафедра ба таҷрибаомӯзон маслиҳатҳои методӣ медиҳанд. 

Маблағгузорӣ ба мушовирони таҷрибаомӯзӣ аз коллеҷ ва муаллимони муассисаҳои таълимӣ аз рӯи миқдори соати иҷро шуда, аз тарафи коллеҷ таъмин карда мешавад.

 

Дастовардҳо аз олимпиадаҳои фаннӣ ва варзиш

Муҳассилини коллеҷ мунтазам дар озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои арзанда гаштаанд. Соли таҳсили 2015-16 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик Боҳирова Муҳайё, аз фанни забони англисӣ Шарипова Шаҳноза дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда ҷойҳҳои аввалро соҳиб гаштанд. Соли 2018 аз фанҳои гуногун 5 нафар дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, дар  байни онҳо Бегова Гулшан аз фанни забони русӣ соҳиби ҷои аввал гардид. 

Ҳамзамон, дар соли таҳсили 2017-2018 донишҷӯи коллеҷ Бегова Гулшан аз фанни забони русӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои аввал гардид.

Дар коллеҷи мазкур аз фанни тарбияи ҷисмонӣ маҳфили “Волейболбозон” амал мекунад. Дастовардҳо аз тарафи аъзоёни ин маҳфил хеле зиёд мебошад. Аз ҷумла дар санаи 12.04.2018 то 20.04.2018 дар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ бахшида ба соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки байни коллеҷҳо ва литсейҳои шаҳр гузаронида шуд, дастаи волейболи коллеҷи мазкур ҷойи дуюмро гирифт.

Ҳоло дар таълимгоҳ омӯзгорони варзидаю донандаи касби хеш ва раҳнамою тарбиятгари асил, ба монанди Йӯлдошбой Юнусов,  Турсунбой Неъматов, Абдуфатто Абдурашидов, Раънохон Ҷӯраева, Паттихон Тоҷибоева, Раҳим Ниёзматов, Зебо Неъматова, Баҳрӣ Орифова, Абдуманнон Абдуллоев, Саодат Ҷабборова, Муҳаббат Миршоева, Мавлуда Абдуллоева, Маҳин Бӯтаева, Саврӣ Турсунова ва омӯзгорони ҷавони сохибихтисос ба монанди Ф.Мамадов, У.Ғаниева  Ш.Хидирова, Ҳ.Низомзода, Г.Обидова, Д.Шарофҷонзода ва бисёр дигарон кору фаъолият карда, рисолати хешро бо дарки масъулият иҷро мекунанд. 

 

Ҷои якум дар “Андалеб 2018”

Дар коллеҷ дастаи ҳаваскорони “Навои ҷавонӣ” амал мекунад. Боиси ифтихор аст, ки моҳи октябри соли равон дар “Андалеб 2018” дастаи мазкур иштирок карда, бо 130,5 хол байни коллеҷҳо сазовори ҷои якум  ва дар минтақаи шаҳрӣ сазовори ҷойи дуюм гашта, бо 5 номгӯи намоишномаи беҳтарин мувофиқи шартҳои озмун ба даври вилоятӣ роҳ ёфт.

Ҳамзамон тибқи дастури муовини раиси вилоят муҳтарама Назира Ғаффорӣ ансамбли рақсӣ бо сардории балетмейстери шуъбаи фарҳангии шаҳр Олимова С. дар назди коллеҷ ташкил карда шудааст, ки дар чорабиниҳои дохилию шаҳрӣ фаъолона иштирок мекунанд

Ҳангоми вохӯрӣ бо устодону донишҷӯён аз директори коллеҷ Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон пурсидам:

- Шиори аслии шумо чист ва чӣ гуфтаҳоеро сармашқи кори худ қарор додаед?

Гуфтанд: – Имрӯзҳо коллеҷи мо низ бо нақшаҳои нави дурнамо барои пешбурд ва инкишофи соҳаи маорифу фарҳанги кишвари азиз устуворона ба сӯи фардо - ба сӯи гулгулшукуфии Тоҷикистони маҳбуб қадам гузошта, суханҳои зерини хирадмандонаи Cарвари давлатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор додаем: «Омӯзгорони имрӯзаи тоҷик бояд зарурати пешбурди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии ватанамонро амалан дарк намоянд. Онҳо бояд бо тамоми масъулият эҳсос кунанд, ки ояндаи Тоҷикистони азизамон аз шакл ва усулҳои таълим, ба даст овардани дониши мукаммал, истифода аз дастовардҳои илми муосир ва муҳимтар аз ҳама, тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ вобаста мебошад».

Ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат шиори аҳли 65 нафараи устодони коллеҷ гашта, феълан баҳри баланд бардоштани савияи дониши шогирдон, қадру манзалати омӯзгор, илму маънавиёт пайваста талош меварзанд.

Омӯзиши мо нишон дод, ки дар коллеҷ барои тарбияи ифтихори миллии донишҷӯён таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Итминони комил дорем, ин боргоҳи маърифат минбаъд ҳам, вазифаи муқаддаси хешро дар тарбияи ҳамаҷонибаи насли ҷавону ояндасози кишвар сарбаландона ба иҷро расонида, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 90-солагии таъсисёбии коллеҷ, 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва 110-солагии ҷашни устод Мирзо Турсунзода тамоми имкониятҳои худро равона хоҳанд кард. Марҳамат ба даргоҳи бузургон!

 

“МТЖТ”

Хонданд 163

Таълимгоҳи бузургон

Нояб 26, 2018
Хонданд: 181
Таълимгоҳи бузургон

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

 

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакентро таълимгоҳи бузургон ном мебаранд. Албатта, ин беҳуда нест. Зеро коллеҷи мазкур аз куҳантарин муассисаҳои миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, нақши худро дар тарбияи басо кадрҳои пурнуфузе гузоштааст, ки онҳоро на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ мешиносанд. Метавон номи олимони фарзонаи миллати тоҷик академик Соҳиб Табаров, узви вобастаи АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Маъсумӣ, докторони илм Шарофиддин Рустамов, Расул Ҳодизода, Мақсуд Шукуров, Бозор Тилавов, Низом Баҳриддинов, Исроил Исмоилов, Абдунабӣ Сатторзода, Муҳаммадқул Солеҳов, Рақиб Абдулҳаев, номзадҳои илм Абдулғанӣ Эшонҷонов, Мардон Муҳаммадиев, Ҳасанбой Дӯстов, Қозӣ Махсумов, Субҳон Атобуллоев, Саъдулло Умриқулов, Абдурауф Раззоқовро бо ифтихор ба забон овард.

Шоирони забардасти тоҷик Лоиқ Шералӣ, Файзулло Ансорӣ, Убайд Раҷаб, Бобо Ҳоҷӣ, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, нависандагони машҳур Ӯрун Куҳзод, Сорбон, адибони соҳибистеъдод Давлатшоҳи Тоҳирӣ, Равшани Ҳамроҳ, Абдурауф Муродӣ, Ноҳид, Шаҳодат ва даҳҳо дигарон низ хатмкардагони ин даргоҳи маърифатанд.

Ин худ гувоҳ аз он аст, ки муассисаи таълимии мазкур дар тӯли фаъолияти пурмуҳтавои худ танҳо бо тайёр кардани омӯзгорон маҳдуд нашудааст ва дастпарваронаш дар соҳаҳои мухталиф ба дастовардҳои бузург ноил гардида, на танҳо шуҳрати омӯзишгоҳ, балки шуҳрати миллати тоҷикро низ баланд бурдаанд ва давлати Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд. 

 

Таърихи 88 солаи КОШП

Агар ба таърихи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент нигарем, соли равон аз таъсиси он 88 сол пур мешавад. Муасиссаи таълимии мазкур дар соли 1930 нахуст ҳамчун комбинати педагогӣ таъсис ёфтааст, ки масъулияти директори курси педагогӣ (техникуми педагогӣ, курси таёйрӣ ба Комвузҳо) - ро шахси маърифатпарвар Раҳимов А. ба дӯш дошт. 

Дар солҳои баъдӣ, яъне солҳои аввали фаъолияти омӯзишгоҳ Фаттоҳ Раҳматуллоев, Мӯсоқул Икромов, А.Раҳматзода, Разиюлло Абдуллозода, Алибой Ҷӯраев директорони омӯзишгоҳ будаанд. Аз асноди бойгонӣ бармеояд, ки бори аввал омӯзишгоҳро 18 нафар донишҷӯён хатм намудаанд. Минбаъд шумораи хонандагон дар солҳои 1930-1931 65 нафар, соли таҳсили 1931-1932  60 нафар, соли таҳсили 1932 - 1933 150 нафарро ташкил медод ва сол то сол меафзуд.

Муассисаи таълимии «Комбинати педагогӣ» кадрҳои педагогӣ ва муаллим тайёр мекард. Ва хатмкардагони он ба тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ барои фарогирии ҷавонон ба таълиму тарбия фиристода мешуданд. Аз дафтари таърихи коллеҷ бармеояд, ки ҳатто қисме аз фиристодагони муассиса барои ҳамеша дар ноҳияҳои гуногуни ҷануби Тоҷикистон маскун шудаанд ва шогирдони зиёдеро ба ҷодаи илму маърифат гусел намудаанл. 

Аввали солҳои 40-и асри гузашта Комбинати омӯзгорӣ ба Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ табдил ёфт ва он солҳо бинои таълимии муассиса дар маркази шаҳр ҷойгир щуда буд. Соли 1958 Омӯзимшгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба номи педагоги рус А.В.Луначарский гузошта шуд. Дар соли таҳсили 1973-1974 омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент ба бинои нави дуошёна ба кӯчаи Саъдии Шерозӣ кӯчонида шуд. Дар паҳлӯи биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ ду хобгоҳи барҳавои сеошёна низ бунёд карда шуд, ки алъон Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент дар ин макон фаъолият дорад. Ва яқинан метавон гуфт, ки макони баргузидаи сохтмони ин таълимгоҳ басо ҷолиб аст. Вақте ки вориди шаҳри бостонии Панҷакент мешавед, дар тарафи чапи майдони Фирдавсӣ силсилабиноҳои коллеҷ ва навиштаҷоти “КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ” ба чашм мерасад. Ҳамин ҷост даргоҳи маърифат! 

Соли 1992 таълимгоҳ номи шоири классики тоҷику форс Саъдии  Шерозиро гирифт ва аз соли 2001, бо қарори раиси шаҳри Панҷакент ба омӯзишгоҳ номи дастпарвари он, шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ  Шералӣ дода шуд. 2 ноябри соли 2012 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент табдил дода шуд.

Соли 2010 бахшида ба 80 – солагии муассисаи мазкур аз тарафи омӯзгорони омӯзишгоҳ Равшани Ҳамроҳ ва Норинисо Худоёрова китобе бо номи “Таълимгоҳи бузургон” таълиф гардид, ки аз таърихи пуршарафи таълимгоҳ ҳикоя мекунад. Заҳмату кӯшишҳои устодон дар омӯзонидани нозукиҳои илм ва касби омӯгорӣ дар китоб таҷассум ёфтааст. Саҳми директорон Низомов Отақул, Раззоқов Қутбиддин, Бобоҳоҷиева Раъно, Ҷанобилов Ҳакимҷон ва дигаронро муаллифон бемуболиға зикр намудаанд. 

 

Факултетҳо ва кафедраҳо

Ногуфта намонад, ки имрӯз дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент низоми таълим ба низоми мактабҳои олӣ наздик буда, дар он ду факултет: - факултети фанҳои гуманитарӣ, факултети риёзӣ – педагогӣ ва шаш кафедра: - забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои хориҷӣ, таърих ва ҷомеашиносӣ, методикаи таълим, педагогика ва психология, математика ва табиатшиносӣ амал менамояд.

Шумораи умумии муҳассилин дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона 898 нафар мебошад, ки онҳо дар гуруҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ таҳсил мекунанд. Ва, албатта, қисмати бештари онҳо дар гуруҳҳои буҷавӣ таҳсил менамоянд. Дар соли хониши 2018-2019 ба коллеҷ 250 нафар донишҷӯён аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла, аз ноҳияҳои Ишкошим, Қубодиён, Восеъ, Рӯдакӣ, Панҷ, Спитамен, Деваштич, Истаравшан, Шаҳристон, Зафаробод, Ашт, Айнӣ, Масчоҳи Куҳӣ, Бӯстон ва ғайра қабул шуданд. Ин ҳама бо шарофати ташкили имтиҳоноти қабул тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти кишвар ба вуқуъ пайвастааст.

Дар мавриди ҳудуди ҷуғрофии донишҷӯёни коллеҷ ҳаминро бояд қайд кард, ки солҳои пеш ба муассиса на танҳо донишҷӯёни ватанӣ, балки аз Русия, Украина, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дохил мешуданд ва ин хатмкардагон то имрӯз бо таълимгоҳ тамос доранд. Нуқтаи ҷолиби дигар ин аст, ки маҳз ба хотири сиёсати пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пас аз кушодашавии марзҳо собиқ хатмкардагони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент аз шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, хосатан аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро,Ургут, Тайлоқ, Қаршӣ, Китоб, Шаҳрисабз ва ғайра ба муассисаи мо ташриф меоваранд. Аз хотироти неки худ ба шогирдони мо ҳикоят мекунанд. Ва бо ифтихор мегӯянд, ки мо маҳз ба шарофати ҳамин муассиса дар зиндагӣ комёб шудем. Теъдоди хоҳишмандон – довталабон барои таҳсил аз ҷониби шаҳрвандони кишвари ҳамсоя дар коллеҷ низ зиёд ба назар мерасад. 

 

Беҳтарин шароити таҳсил дар КОШП

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент соли 2017 аз аттестатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашт ва соҳиби литсензия ва аккредитатсия гардид. Коллеҷ дорои се бинои дуошёнаи таълимӣ буда, донишҷӯён бо хобгоҳ таъминанд. Биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ соли 2017 ба пуррагӣ аз таъмир баромаданд. Гирду атрофи коллеҷ кабудизор карда шуда, тайи соли ҷорӣ зиёда аз 350 дона ниҳоли нав шинонида шуд. Майдончаи варзишии таълимгоҳ пурра азнавсозӣ шуд ва имрӯз муаллимону донишҷӯён дар майдони мини футболи замонавӣ ва майдончаи волейбол тамрин менамоянд. Даромадгоҳи маъмурӣ ва даромадгоҳи умумии таълимгоҳ тармим карда, бо ҳама технологияи назоратии ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. 

Коллеҷ соҳиби толорҳои хурду бузурги маҷлисӣ аст, ки соли ҷорӣ толори бузург аз таъмири пурра бароварда шуд. Солҳо системаи гармидиҳии коллеҷ кор намекард. Хушбахтона, бо ташаббуси директори кунунии коллеҷ – доктори илмҳои филологӣ Ҷовид Холов имсол он пурра аз нав сохта шуда, ба мавсими нави зимистонгузаронӣ ба кор омода гардид, ки дар самти хоҷагидорӣ дастоварди назаррасест. Таҷдиди назар шудани утоқҳои компютерӣ, китобхонаи электронӣ, насби тахтаҳои электрониву проекторҳо, пайвастшавӣ бо шабакаи интернет барои баланд шудани сифати таълим мусоидат намудаанд. Феълан муассиса дорои синфхонаи компютерӣ, маркази тестӣ, кабинетҳои муҷаҳҳази методӣ, толорҳои барҳавои замонавӣ мебошад.

Дар коллеҷ маҳфилҳои гуногуни варзишӣ аз қабили волейбол, футбол, тенниси рӯи мизӣ, шоҳмот пайваста амал менамояд. Барои занону духтарон бошад, маҳфили омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ ва дӯзандагӣ ташкил карда шудааст. Ҳунарҳои зебои донишҷӯдухтарон дар осорхонаи коллеҷ ҷой дода шудааст. Ин ҳамаро ҳунарманди чирадаст Абдураҳмонова М. сарварӣ менамояд. Инчунин дастаи ҳаваскорони таълимгоҳ таҳти роҳбарии устодон Сиддиқов Абдумалик ва Мирзоев Шуҳрат дар назди кормандону донишҷӯёни коллеҷ ҳунарнамоӣ намуда, хотири онҳоро шод мегардонанд ва ҳаваскорони санъат маҳорати хешро сайқал медиҳанд.

Бинои хобгоҳи донишҷӯёни КОШП сеошёна буда, дар он 160 нафар донишҷӯён зиндагӣ мекунанд ва барои зисту зиндагии онҳо шароити  мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Таълим дар коллеҷ асосан аз рӯйи низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ пайваста бо корҳои илмӣ машғуланд. Донишҷӯён дар давоми таҳсил аз фанҳои тахассусӣ кори курсӣ ва рисолаи хатм менависанд. Маводи таълимӣ ва илмӣ дар китобхона ҳам дар шакли китобҳо ва ҳам дар шакли электронӣ мавҷуд аст, ки муҳассилин ҳамарӯза дар қироатхонаи муассиса, ки дорои 60 ҷои нишаст мебошад, аз онҳо баҳра мебардоранд.  

Дар коллеҷ ҳар сол конфронси илмии апрелии омӯзгорон ва донишҷӯёни КОШП баргузор мегардад, ки дар он иштирокчиён маърӯзаҳои илмии худро пешниҳод менамоянд. Донишҷӯёни КОШП пайваста дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат меварзанд. Донишҷӯ Раҳматова Моҳрӯ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик соҳиби ҷои аввал гашт. Ду нафар донишҷӯёни коллеҷ гирандагони стипендияи раиси вилояти Суғд мебошанд. Мақолаҳои илмиву бадеии  устодону донишҷӯён пайваста дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ ба чоп мерасанд.

Айни замон дар КОШП ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих ва ҷомеашиносӣ, математика ва информатика, муаллими синфҳои ибтидоӣ, технология (муаллимони таълими меҳнат) омӯзонида мешаванд.

КОШП бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин буда, 66 нафар устод ба доншишҷӯён дарс мегӯянд, ки аз онҳо як нафар доктори илм, панҷ нафар номзади илм, панҷ нафар унвонҷӯи Академияи таҳсилот ва 16 нафарашон Аълочиёни маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Таҷрибаомӯзӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти коллеҷ маҳсуб меёбад. Донишҷӯёни гуруҳҳои таълимӣ дар ду давра дар мактабҳои шаҳр аз рӯйи ихтисос таҷриба меандӯзанд.

Донишҷӯён, хусусан нимятимон ва ятимони кулл аз тарафи маъмурият ва иттифоқи касабаи коллеҷ бо ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо аз рӯйи имкон кӯмаки моддӣ низ расонида мешавад.

Хатмкунандагони коллеҷ пас аз хатм бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои миёна ва дигар муассисаҳои таълимӣ ба кор фиристода мешаванд, ки аз рӯйи ихтсисосашон бо кор таъмин карда мешаванд. Имрӯз, хушбахтона, хатмкардагони мо пурра бо кор таъмин буда, дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ба таълиму тадрис машғуланд.

Аз чоп баромадани шумораҳои аввали нашрияи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент бо номи “Ҳамсадо”, ки дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудааст, дар ҳаёти фарҳангии коллеҷ воқеаи фараҳбахш ва фаромӯшношуданист. Он дар ҳар се моҳ як маротиба чоп шуда, аз ҳаёти коллеҷ, дастовард ва навигариҳои он, корҳои илмиву эҷодии устодону донишҷӯён мужда мерасонад.

Баргузории чорабиниҳову ҷашнвораҳои бузурге мисли идҳои Истиқлолияту Наврӯзу Меҳргон, Рӯзҳои Президент ва Конститутсия, Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлавӣ, Рӯзи Ҳофиз, Рӯзи забон дар коллеҷ ба ҳукми анъана даромадааст.

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакентро “таълимгоҳи бузургон” унвон кардан бесабаб нест. Имрӯз ҳам устодони ин даргоҳ анъанаҳои бузургони пешини худро идома дода, тамоми нерӯи худро баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён масраф менамоянд. Боварӣ ҳаст, ки дар оянда низ Коллеҷи мазкур бузургони дигареро чун ЛоиқШералӣ ва садҳо нобиғагони дигар ба воя меросонад ва дар рушду равнақи кишвари азизамон нақши шоиста мегузорад. 

 

Холиқи Муҳаммадназар,

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Хонданд 181
“Рақси зиндагӣ”- романи нависандаи тоҷик ба забони норвегӣ.

Аксаран таассурот ва бархурд бо рақси зан яксон аст: онро чун пирӯзии хостаҳои ҷомеаи мардсолорӣ мепазиранд. Бештар маҳкум мекунанд ва дар айни замон чун василаи тафреҳ ва рамзи тобеияти зан ба хостаҳои мард истифода мебаранд. Бадтар аз ин, рақсро чун бадахлоқии ҷинсӣ тафсир медиҳанд ва дар айни замон бо ҳамин мақсад ба кор мебаранд.

Худи зан аз рақсаш чӣ бардоште дорад ва иҷрои он дар зиндагии хусусиаш чӣ нақше мебозад? Ҷомеаи мардсолор инро намепурсад, чунки ҷавоби ягона дорад: рақси зан барои дилхушии мард аст. Он дар ҳеч сурат хостаҳо ва талабҳои занро ифода намекунад. Мақоли “дар зери доираи касе рақсидан” низ ба ҳамин маъност.

Аммо зан бо рақсидан чӣ хостаҳо ва талабҳое дорад, ҳеч гоҳ ошкор нахоҳад шуд, агар худи ӯ нагӯяд. Романи “Рақси зиндагӣ” ("Livets dans". Sirkel Vorlag, 2018) яке аз ин кӯшишҳост, ки Лутфия Бобоёрова ( Mina Boboerova ) онро ба забони норвегӣ нашр кардааст. Талошҳои нависандаро таҳсину табрик мегӯям, ки дар муддати кӯтоҳ забони бегонае омӯхт ва ба он асари бадеӣ эҷод кард. Бовар дорам, бо чунин майлу хоҳиши бузург кори эҷодиро идома медиҳад ва дар ошкор кардани ниҳоди зан ва нақши он дар ҷомеаи суннатӣ талош меварзад. Ба ҷуз ин, дар шиносоии фарҳанг ва ҷомеаи тоҷик дар берун аз Тоҷикистон ва ба забони дигар ҳамин гуна саҳмгузорӣ мекунад. Умедворам, роман ба зудӣ ба забони порсӣ низ нашр ва тақдими хонандагони тоҷик гардад.

Ба ҷуз мазмуни роман, ки мавриди таваҷҷуҳи ин матлаб аст, услуб ва санъатҳои бадеие, ки дар эҷоди асар истифода шудаанд, ҷолибанд. Нависанда санъатҳое чун баргашт, ташбеҳ ва тасвирро бештар истифода мекунад. Махсусан, баргашт ба ӯ имкон медиҳад, ки дар зимни таҷрибаи ҳаррӯза хотираеро ба ёд орад ва ҳамин гуна мавзӯъ ва бахши наверо дар роман кушояд. Ҳаёти ҳаррӯзаи ӯ дар кишвари бегонае мегузарад ва дар ҷангал, дар назди ҳавзи бузурге, ки мурғҳои обӣ дар он шино мекунанд, ҳангоме ки боди поизӣ мевазад ва баргҳои зарди дарахтон ба замин мерезанд, ёди ӯ ба гузаштаи хеле дур, 20 соли қабл парвоз мекунад. Дар ин руҷӯъ ӯ саргузашти зани ҷавонеро меорад, ки ба нахустин зарбаи бераҳмона бархурд карда буд. Нақли саргузашти қаҳрамони асар дар бораи ҷавонӣ, сахтиҳои зиндагӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, мушкилоти хонавода то лаҳзае давом мекунад, ки нул задани мурғобие ба пояш ва расидани парҳои қуи обиро ба зонуҳояш эҳсос кард. Ин боис шуд, ки ба як бор аз гузаштаи дур ба замони ҳол баргардад. Чунин нигориш дар саросари роман идома меёбад, ки хеле ҷолиб аст.

“Рақси зиндагӣ” бо саҳнаи рақси қаҳрамони асосӣ- Маҳин оғоз мешавад, ки ҳар саҳар, нисфирӯзӣ ва ё бегоҳ дар ҳавои мусиқие мерақсад. Ӯ “ҳангоми машғул будан ба кори хона гӯш ба садои мусиқӣ медиҳад. Гоҳе дар ҳавои мусиқӣ месарояд. Гоҳе мерақсад. Ҳангоми рақсидан чарх мезанад. Мерақсаду мечархад то охирин қуввату мадоре, ки дар тан дорад. Баъд аз он менишинад рӯйи курсӣ, ки наздики панҷараи бузург гузошта шудааст, баъд аз чунин як рақс саропои вуҷудаш аз арақ тар ва рухсораш арғувонӣ мешавад. Ба курсӣ такя дода, амиқ ва бошиддат нафас мекашад. Рӯ сӯи сақфи хона мекунад ва бо чашмони пӯшида, муддате хомӯшу беҳаракат менишинад. Дар ҳолати хомӯшӣ ашк аз чашмони пӯшидааш ҷорӣ мешавад ва рухсори баъди рақс арғувонгаштаашро мешӯяд.” Ин рақси зани чилсола аст, ки дар зери бори гарони таҷриба мерақсад. Ва рақс ифодагари он аст, ки ӯ ҳанӯз бояд мубориза барад. Дар ҳеч сурат, рақси ӯ ба хотири тафреҳу дилхушии марде нест, балки “рақси талош, рақси раҳоӣ аз ғаму андуҳ аст, рақсе, ки то охирин қувват анҷом дода мешавад ва зери обу арақ зан каме раҳо мешавад аз андуҳу ранҷ”.

Дар саросари асар, дар ҳар бахши он зан мерақсад ва бо он таҷрибаи хоси худро рӯйи саҳна меорад. Бо ин “саҳнаҳои рақс ва саҳнаҳои зиндагии ӯ бо ҳам муқоиса мешаванд ва барои ҳамин роман “Рақси зиндагӣ” ном гирифтааст.» - Худи нависанда дар муаррифии асараш мегӯяд.

Маҳин, ки бо рақсу гиря андӯҳашро таскин медиҳад, як замоне ҷавон буд ва дар мактаб бо духтарони ҳамсинфаш валс мерақсиданд. Он “рақси беғамию бепарвоӣ, муҳаббату ошноӣ, рақси ҷавонию зиндагӣ ва рақси хушбахтию шодмонӣ” буд.

Баъдан, кӯдакашро аз даст дод ва ба ҷои он лӯхтакеро Нӯшин ном карду бо он рақс мекард ва гӯё мехост фарзанди гумкардаашро бозгардонад. Ҳамрақси ӯ беҳису беҳаракат буд, намехандид, ҳарф намезад, чашмонаш беҳису холӣ буд. Ин рақс дер давом намекард, зуд хаста мешуд ва баъди он бо худояш даъво мекард, бачаашро бозпас мехост.

Ниҳоят, нависанда аз “рақси занҳо дар замини падарон” мегӯяд, ки барои шодмонии мардон анҷом медиҳанд. Занҳо, баръакси майли худ, барои дигарон мерақсанд. Он чӣ ҷомеаи мардсолор дар бораи рақс медонад ва аз занҳо талаб дорад, ҳамин аст, яъне “рақси занҳо дар замини падарон”. Ҳамин мардҳо ин рақсро аз занҳо талаб доранд ва боз ҳамин мардҳо онро маҳкум мекунад, гарчанде аз ин роман дарёфтем, ки хилофи майлу хоҳиши худи занҳо аст.

Бо ин ҳама рамзу розҳо ва тазодҳое, ки дар рақси зан нуҳуфтааст, нависанда таҷрибаҳои занонаро аз як ҷомеаи мардсолор тасвир мекунад. Таҷрибаҳое, ки ба сари як зан ва дар айни замон ба сари шаш зан меоянд. Дар роман аз мард хеле кам ёдоварӣ шудааст. Нақшҳои асосиро ҳамагӣ занҳо мебозанд. Дар ин саҳна мардҳо нақшҳои кӯтоҳ, гузаранда, ивазшаванда ва баъзан умедворкунанда доранд. Асосан дар нақши падар, дӯстдор ва шавҳар зуҳур кардаанд ва зан ҳам аз ин бештар онҳоро дидан намехоҳад. Мардҳоеро, ки аз мушкилӣ мегурезанд ва ғайб мезананд, зан фаромӯш мекунад, ки баъдтар дар Русияву саҳнаи ҷанги Сурия пайдо мешаванд. Дар ҷаҳони Маҳин аксаран занҳо ҳастанд, вале онҳо ҳам бештар раҳгузаранд. Ҳеч кадоме дар тақдири ӯ наметавонад ва ё намехоҳад саҳме ва ё таъсире гузорад. “Чӣ қадар бепарвоянд ин занҳо. Ҳоли ӯро намепурсанд, ки ин ду рӯз чӣ кор кард, чӣ қадар ҷон канд, чӣ гуна азоб кашид? Ду рӯз, ки ӯ ҷон меканд, онҳо куҷо буданд? Чаро кӯмакаш накарданд? Чаро тарсиданд, пешаш бошанд? Акнун, ки ба кӯмак ниёз надорад, атрофаш ҷамъ шудаанд.”

Занҳо дар вақти мушкилӣ аз тарс ғайб мезананд ва чун мушкилӣ бо “хости Худо” рафъ шуд, меоянд ва ҷашн мегиранд. Ҳатто аз ҷаноза ҳам фурсати суру нишот пайдо мекунанд. Барои ҳамин ҷанозаро ҳам чун тӯй меороянд. Онҳо мушкилиро чун “хости Худо” қабул кардаанд ва бо чунин шинохт худро оромиш медиҳанд. Ба мушкилӣ ва мусибат чун ба имконият менигаранд ва ҳамин гуна худро аз дами марг ва худкушӣ раҳо месозанд. Ба назар мерасад, ки зан дар чунин муҳити “рустоӣ” гирифтори чорчӯбаҳои сахти хонаводагӣ, мазҳабӣ ва нангу ном аст, дар оила нафари баъдӣ маҳсуб мешавад ва ҳеч ҳарфе барои гуфтан надорад. Аммо худи ӯ дар чунин вазъияташ камтар аз дигарон саҳм надорад. Ҳамин аст, ки як бахши роман “Хости Худо” ном дорад.

Бо ин ҳама, зан дар симои Маҳин қурбонӣ ва ё ақаллан итоаткор нест, ончуноне ки дигарон аз ӯ интизор доранд. Ӯ хоҳишҳо ва талабҳои худро дорад. Яке ҳатман ишқ аст, дигаре баъди мактаб дар донишгоҳ таҳсил кардан. Барояш шавҳар кардан бе ин хоҳишҳо ҷабре аст, ки зан аз ночорӣ ва дар зери фишор мепазирад. Аммо дар ҳамин ҷабр ҳам зан худ тасмим мегирад: ӯ хостгорҳои падарро рад мекунад ва хостгори худро мепазирад. Гарчанде ин мардро дӯст надошта буд, интихобаш кард, чун ваъдааш дод ба шаҳр барои хондан мебарад. “Мақсади ман ҳам таҳсил кардан аст.”- Ӯ шавҳар карданашро чунин тафсир медиҳад. Духтар дар издивоҷи иҷборӣ барои худ имконият меҷӯяд.

Ҳамин гуна, ҳар зане, ки рӯйи саҳнаи зиндагӣ меояд, бо мушкилоти худ ба танҳоӣ дастбагиребон мешавад ва агар лозим омад, ба танҳоӣ маргро мепазирад. Модар, қаҳрамони дигар, ягона зане аст, ки барои худ зиндагӣ намекунад. Худро барои Маҳин мебахшад ва чандин духтари дигарро аз худкушӣ наҷот медиҳад. Бар хилофи суннатҳои русто ва қаҳри шавҳар, ки аз ин суннатҳо об мехӯрд, ӯ бо духтари саркашаш буд ва инро бо хомӯшии худ ифода мекард.

Алорағми ин ҳама, занҳо мерақсанд. На ҳамеша ба майлу хоҳиши дигарон, балки бо хоҳиш ва ниёзҳои фардии худ: “Дидӣ, ки зиндагӣ он ҷашне набуд, ки интизорашро доштӣ, вале чун омадӣ, пас дилбарона бирақс ва ҷашне бисоз барои худат, ҷашне омехта аз суруру шодмонӣ бар алайҳи ғаму дард ва ҳасрату андуҳ...”

Файлсуф,

Ҳафиз Бобоёров

Хонданд 90

ХОТИРА

Нояб 17, 2018
Хонданд: 111
ХОТИРА

Баҳори соли 2014. Деҳаи Зиддӣ. Ман бояд нақши асосиро дар филми "Муаллим"-и коргардон Носир Саидов бозӣ мекардам. Устод Марат Орипов бояд падари қаҳрамони маро бозӣ мекарданд. Ман метарсидам. Метарсидам аз он, ки ҳозир хатое мекунаму Марат Орипов- офарандаи нақши Рӯдакиву Сино, яке аз бузуругтарин ҳунарманди тоҷик асабӣ мешаванд. Аммо он кас ҳамеша ором буданд. Ботамкин ҳарф мезаданд. "Бачаам" гуфта муроҷиат мекарданд. Новобаста аз он, ки замоне дар қуллаи шуҳрат буданд, аз худ нарафта буданд. Новобаста аз он, ки аз қуллаи шуҳрат афтида буданд, нашикаста буданд. Новобаста аз он, ки хотираашон ғам медод, аз ҳама узр мепурсиданд ва кӯшиш мекарданд суханҳояшонро пурра азхуд кунанд. Новобаста аз он, ки саломатиашон хуб набуд тоқат мекарданд. Бале, ҳамон вақт саломатиашон хуб набуд, аммо сардию гармиро тоқат мекарданд. Ман ана ҳамон вақт дарк кардам, ки ошиқи касб будан чӣ аст. Марат Орипов ошиқ буданд. Ошиқи синамо. Ҳар дафъае, ки аз рӯи филмнома, дар назди дурбини наворбардорӣ устодро ба пушт бардошта, теппаеро боло мешудам ва дар охир мефаҳмидем, ки қабул несту боз як бори дигар бояд наворбардорӣ шавад, устод аз ман узр мепурсиданд. Ман илтимос мекардам, ки устод узр напурсед. Ҳар вақте танҳо мемондем устод мегуфтанд: "Абдукарим, бачаам, бубахш, ки эркагӣ мекунам. Ҳам пир шудаему ҳам саломатӣ...". Мегуфтам "устод ин хел нагӯед. Шумо ҳоло ҷавонед. Ҳоло бисёр чизҳо дар пешанд." Марат Орипов маънодор табассум мекарданд. Ҳар гоҳе танҳо мемондем дастони устодро дошта ва ё устодро оғӯш гирифта, "ташаккур ба шумо устодҷон" мегуфтам. Дигар аз он тарс чизе намонда буд. Устод Марат Орипов бузург буданд. Ҳам ҳамчун Ҳунарманд, ҳам ҳамчун Инсон бузург буданд.

Агар ҷавониҳои Маликушшуаро Рӯдакӣ ба оғозу авҷи шуҳрати устод Марат Орипов монанд бошад, пас Муаллим ин анҷоми мантиқии зиндагии устод Марат Орипов буд. Бале, муаллим. Ҳамон муаллиме, ки охирин нақши ҳунарманди бузург- Марат Орипов аст. Ман инро вақте ҳис кардам, ки дар вақти наворбардорӣ беихтиёр чанд қатра ашк аз чашмонашон ҷорӣ шуданд. Ин ашки бозигар набуд, балки ашки як инсон буд. Инсоне, ки тақдираш ба тақдири қаҳрамони меофаридааш монанд аст.

Мехоҳам ташаккури бепоёни худамро ба акаи Носир (Носир Саидов) расонам, ки Марат Ориповро дубора ба синамо оварданд. Дубора дар дили як ҳунарманд умеду боварӣ пайдо кунониданд. Табассумро дубора дар лабони як инсон зинда сохтанд. Устод Марат Орипов ба ҳама "Бачаам" гуфта муроҷиат мекарданд. Лекин вақте сӯи акаи Носир назар мекарданд "Носирҷон, бачаам..." мегуфтанд, ин дигар хел садо медод. Бомеҳр ва падарона буд. Мисли он, ки падар фарзанди азизашро садо мекунад...

Руҳатон шоду хонаи охирататон обод бод, устоди азиз, Марат Орипов. "Бачаам"- гуфтанҳоятон дар гӯшам садо медиҳанд...

 

Абдукарим Машрабов

 Ҳунарманд. 

Хонданд 111

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Баҳонаи зистан

    Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад. Соли 2018…
  • МАСЛИҲАТ

    Аз дидаву шунида Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»! Мо аз…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.