.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Фарҳанг

Пешинаи торихӣ ва устураи Наврӯз

Март 19, 2018
Диданд: 313

Пеш аз пардохтан ба гузаштаи Наврӯз то кунун бояд ин ҷашнро аз нигоҳи хилқат ва офариниш баррасӣ кард, чиро ки агар бихоҳем аз устураи растохез ва рӯишу офариниш сухане басазо ба миён оварем, ин аст, ки дар устурабоварӣ бояд бар ин ақида буд, ки меҳвари аслӣ ва намодини устураҳо ривояти офариниш аст. Шинохти ҷаҳон дар асотир бисёр аҳаммият дорад. Муҳимтарин суоле, ки дар бораи иллати пайдоиши ҳастӣ пурсида мешавад, ин аст, ки коинот чӣ гуна ба вуҷуд омадааст? Чӣ гуна ба таквину такомул расидааст? Ва афсонаҳо, ҳикоёт ва устураҳо ҳамвора ҳосили ахбор ва ривоёти ибтидоитарин чизҳо ҳастанд ва мусалламан, сарлавҳаи кори ҳамаи ин ривоёт бояд офариниш бошад. Чиро ки бо ин асл аст, ки ҳадаф ва мақсуд шакл мегирад. Дарвоқеъ, ин асотир ҳамон торихи муқаддасро бозгӯ мекунанд – ҳодисаи нахустине, ки дар оғози замон рух дод. Ин моҷаро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар бахши асотирӣ бо офариниши инсон оғоз мешавад ва дар адабиёти милали дигар, бавижа дар сурудаҳои «Ригведо», устураҳои ҳиндӣ, нахустин офариниш инчунин муаррифӣ мешавад: “Он ҳангом на нестӣ буду на ҳастӣ, на ҳавое, на осмоне, ки аз он бартар аст. Он ҳангом на марг буду на зиндагии ҷовиде. Дар оғоз торикӣ дар торикӣ нуҳуфта буд. Ҳама ҷо об буд ва…”

Дар устураи ҳиндӣ омада, ки аз адам ё нестӣ, ки худи ҳастӣ буд, тухми мурғе падид омад, як сол бар ҷой монд ва сипас дунима гашт, ниме заррин, ки осмон гашт ва ниме дигар замин. Ва дар устураҳои юнонӣ низ кайҳон аз тухми мурғи аввалия падид омад. Ва дар асотири Эрон ин бовар вуҷуд дорад, ки Худо “нахуст осмонро офарид, рӯшан, ошкоро, бисёр дур, ва хоядеса (ба шакли тухми мурғ) ва аз хумоҳан (санги сахти тираи моил ба сурхӣ), ки гавҳари алмос аст. Сари ӯ ба рӯшании бекарон пайваст.” Аз тарафе метавон гуфт, ки Наврӯз, ки беиртибот бо ҷашни Окиту, яъне Соли Нави сумериёну бобилиён нест, навъе ҷашни офариниш аст ва дар Авасто низ аз офариниши ҷаҳон ва Каюмарс ва Машйе Машёне, ки аз нутфаи Каюмарс ба вуҷуд омаданд, сухан рафтааст. Ва дар Авастои давраи сосонӣ, ки акнун қисмате аз он мафқуд аст, Каюмарс ва нахустин ҷуфти башар чанд бор зикр шуда буданд. Пас дар ҳақиқат маросими Наврӯз таҷдид шудан ва такрорро бар мо малмӯс мекунад ва аз ҳамон ҳодисаи нахустин (офариниш) сухан мегӯяд. Ин ойин ҷанбаи минӯӣ ва қудсӣ ва динӣ дорад, сониян, ҳадаф навшудагӣ, такрори офариниш ва барандозии замони гузашта ва чирагӣ бар нерӯҳои шар(р) будааст. Инсон бо иҷрои маросими наврӯзӣ ба замони асотирӣ ва азалӣ даст меёфт ва бо лаҳзаи офариниш ягона мешуд. Дар асотири эронӣ Рапитвин сарвари гармои нимрӯз ва моҳҳои тобистон аст ва аз хешкориҳои ӯст, ки ҳар гоҳ деви зимистон ба ҷаҳон юриш меоварад, ӯ дар зери замин ҷой мегирад ва обҳои зеризаминиро гарм нигаҳ медорад, то гиёҳон ва дарахтон намиранд. Ӯ дар оғози ҳар баҳор бозмегардад ва дарахтонро шукуфо мекунад, пас ҷомаи сабзи шукуфаҳои зебо маҳсули пирӯзии Рапитвин дар сармост, ки дарвоқеъ намоди зиндагии муҷаддад ва такрор аст. Бояд гуфт, ки Наврӯз ва ҷашни Наврӯз тағйир ва такомули табиат ва ҷаҳон ва одамиён аст ва инсон бояд ба навгароӣ ва навандешӣ ва навшудагии зоҳирӣ ва ботинӣ ва таквину такомуле руҳӣ ва маънавӣ бирасад ва аз будан ба шудан тағйир ёбад ва бидонад, ки гузашта чароғи роҳи ҳол ва оянда аст ва инсони устураманди имрӯзӣ аз он ҷо, ки устураи бозгашти ҷовидонаро мешиносад, ба ин ҳақиқат воқиф аст, ки ҷаҳон мудом дар ҳоли нав шудан ва зоиши кайҳонӣ аст ва инсон метавонад, ба қавли Саъдӣ, ба олитарин мақом ва манзилат даст ёбад:
Расад одамӣ ба ҷое ки ба ҷуз Худо набинад,
Бинигар, ки то чи ҳадд аст макони одамият.
Аз пеш аз зуҳури Зартушт то кунун ҳеҷ рӯзе ва ҳеҷ ҷашне ба андозаи Наврӯз дар миёни ақвоми ориёӣ ва эрониён ва форсизабонони ҷаҳон ривоҷу равнақ ва аҳаммият надошта ва надорад ва дар тӯли таърих Наврӯз ва ҷашнҳои наврӯзӣ ҳамвора дар миёни ақвоми ориёӣ сорӣ ва ҷорӣ будааст. Дар мавриди пайдоиши Наврӯз назарияҳо ва орои гуногуне баён шудааст ва ба таври куллӣ торихчаи он ба ду бахши умдаи пеш аз ислом ва давраи исломӣ тақсим мешавад. Дар адабиёти динии зартуштӣ сухане аз Наврӯз ва Меҳргон ва идҳои бузурги миллӣ нест ва эҳтимол дорад ин идҳои миллӣ ё идҳои бумӣ ба пеш аз асри ориёиён марбут будааст ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар Авасто номи Ҷам ба сурати Йима омада ва ҳиндувони бостон ҳам худое ба ҳамин ном доранд, ин тақорун нишон медиҳад, ки даврони Ҷам ё Йимаро дар замоне ки ҳанӯз ориёиҳо ба ду шохаи ҳиндӣ ва эронӣ тақсим нашуда буданд, бояд қарор дод ва дар он замон ориёиҳо ҳанӯз ба сарзамини Ҳинду фалоти Эрон муҳоҷират накарда буданд. Ба ҳар ҳол «Шоҳнома» Наврӯзро ба даврони подшоҳии Ҷамшед нисбат медиҳад, вале дар Авасто ва ё дар китоби «Ригведо», ки китоби куҳани динии ҳиндувон аст, агарчи Ҷам ва ё Йима ҳузуре ошкор дорад, аммо аз корҳое, ки баъдҳо муаррихони эронӣ дар давраи сосонӣ ба ӯ нисбат медиҳанд, хабаре нест ва бад-ин гуна агар ҳам воқеъан Ҷамшеде вуҷуд дошта ва Наврӯзро бунён ниҳода, далоили қонеъкунандае барои исбот ё радди он дар даст нест. Бо ин ҳол аз ин баҳс наметавон дар радду нафйи қидмати (қадимии) Наврӯз натиҷагирӣ кард ва ба эҳтимоли қавӣ ин ҷашнест, ки қавми эронӣ ва ориёӣ ҳатто пеш аз ба қудрат расидани Ҳахоманишиён баргузор мекарданд ва метавон пешинаи онро то ҳазораи чаҳорум ва сеюми пеш аз мелод ва ҳатто пештар боло бурд. Ҷашни Наврӯз, ки иртиботи мустақиме бо обу ҳавову замин ва шароити муносиб барои кишту кори кишоварзӣ ва чорводорӣ дошт, дар Байнаннаҳрайн, аз ҷумла Бобил, Сумер, Ошур ва ҳамчунин дар Африқо, дар Миср, баргузор мешуд. Аз ҷумла ҷашнҳои фаслӣ ва наврӯзии Бобил ва Сумер метавон ба ҷашнҳои Окиту, Загмук, Сакно ишора кард, ки дар ин ҷашнҳо аз худои худоён Бъел Мардук ном бурда мешуд ва ӯро ба хотири офариниши замину осмон шукр мекарданд.
Ба ҳар ҳол, дар иртибот ба ҷашни Наврӯз дар Эрони бостон метавон гуфт, ки Наврӯз ва Фарвардин реша дар офариниш ва таҷдиди навгароии замин барои кишту кор ва кошту дошту бардошт дорад, ки идомаи ҳаёти башар низ ба ҳамин амр вобаста аст. Ва ин амр ҳатто аз замони пайдоиши Зартушт низ фаротар меравад. Дар мавриди ҷашни Наврӯз дар Эрони бостон муаррихони юнонӣ, аз ҷумла Ҳерудут ва Гзенефун ва дигар муаррихон ва муҳаққиқони шарқӣ ва ғарбӣ нивиштаанд, аз ҷумла Ортур Кристенсен ва Хайём ва Абӯрайҳони Берунӣ ва… ба ойини Наврӯз ва қидмати он пардохтаанд ва матолиби арзандае нивиштаанд. Дар китоби «Бундаҳишн», ки аз китобҳои динии паҳлавии сосонӣ аст, аз Наврӯз ва маросими эрониён дар ин рӯз ёд шудааст. Аз ҷумла Зартушт се бор бо Ҳвувӣ, ҳамсари худ, духтари Фарошӯстар, бародари Ҷомосб, вазири Гуштосб наздик шуд ва ҳар бор нутфае аз вай ба замин уфтод ва ин се нутфа таҳти муроқибати эзад Оноҳито, фариштаи об, дар дарёчаи Киёнсе, ки бо дарёчаи Ҳомун татбиқ дода мешавад, ниҳода шуд. Дар он ҷо дар гузашта куҳе будааст ба номи Куҳи Худо, ки ҷойгоҳи гуруҳе аз порсиён будааст. Ҳар сол дар Наврӯз ва Меҳргон мардум духтарони худро барои обтанӣ ба канори дарёчаи мазбур мефиристодаанд, зеро Зартушт ба онҳо гуфтааст, ки аз яке аз духтарони эшон Ҳушидар, Ҳушидармоҳ ва Сӯшиёнс, ки дар ҳақиқат самбулҳои навини хилқат ҳастанд, зода мешаванд. Ҳамчунин, дар бораи пайдоиши Наврӯз аз гузашта то имрӯз нависандагон ва муаррихон дар сабаби бузург шумурдан ва илали мондагории он дар хотираҳо нукотеро зикр кардаанд, аз ҷумла:
1. Каюмарс, ки нахустин подшоҳ (дар «Шоҳнома») ва ё нахустин инсон (дар ойини зартуштӣ) аст, дар Наврӯз ба дунё омад.
2. Ҳушангшоҳи пешдодӣ дар ҳамин рӯзи фархунда мутаваллид шуд.
3. Таҳмурас дар ин рӯзи фаррух девони табаҳкор ва мардумозорро ба банд кашид ва асир кард.
4. Фаридуншоҳ дар ин рӯз кишвари паҳновари Эронро миёни се фарзанди худ, яъне Эраҷ, Салм ва Тӯр тақсим кард.
5. Соми Наримон, қаҳрамони миллии эрониён, дар ин рӯз дар пайи саркӯбии мардумозорон бархост ва бунёни табаҳкориро вожгун намуд ва осоиши мардуми кишварро пойдор сохт.
6. Кайхусрав, фарзанди Сиёвуш, дар ин рӯз аз модар зода шудааст.
7. Кайхусрав дар ин рӯзи фархунда афсари подшоҳиро ба Луҳросб бахшид.
8. Зартушт дар ҳамин рӯз мутаваллид шуд.
9. Зартушт дар ҳамин рӯз аз сӯи Аҳуромаздо ба пайғамбарӣ баргузида шуд.
10. Шоҳ Гуштосб ва бону Катоюн ва Ҷомосб дар ин рӯз ойини Маздаясноро пазируфта ва аз Зартушт пайравӣ карданд.
Ва аммо дар ривоёти исломӣ Наврӯз бад-ин гуна муаррифӣ шудааст:
1. Бино ба ақидаи фирқаи Имомия – шиъаи дувоздаҳимомӣ, рӯзи ҷулуси ҳазрати Алӣ (ъ) бар маснади хилофат ва низ воқеаи бузурги таърихӣ ва мазҳабии Ғадири хум ва интихоби ҳазрати Алӣ (ъ) аз тарафи ҳазрати Муҳаммад (с).
2. Бино ба фармудаи имом Ҷаъфари Содиқ (ъ) Наврӯз рӯзест, ки Худованд аз бандагонаш паймон гирифт, ки ӯро парастанд ва мушрик нашаванд ва имон ба пайғамбарони ӯ ва имомҳо биёваранд.
3. Рӯзест, ки замин халқ шуд ва офтоб тобид ва ҳаво вазидан гирифт.
4. Рӯзест, ки киштии Нуҳ бар нуқтае аз замин ба номи Ҷавдӣ нишаст.
5. Рӯзест, ки Ҷабраил бар паёмбар нозил шуд.
6. Рӯзест, ки ҳазрати Иброҳим (ъ) бутҳоро шикаст.
7. Рӯзи хилқати Одам ва Ҳавво ва…
Нуктаи қобили зикр ин аст, ки баъд аз ҳамлаи аъроб ва барчида шудани одобу русум ва дини зартуштӣ ва ҷойгузин шудани дини ислом, мардуми Эрон, бавижа донишмандон ва андешамандон, саъй карданд, ки ойинҳо, маросими миллӣ ва таърихии гузаштагони худро ба наҳве зинда нигаҳ доранд ва зимни пазириши дини ислом нисбат ба мавориси фарҳангӣ ва миллии худ бетафовут набошанд. Аз ин рӯ, барои ин аъроб монеъе дар баргузории маросим ва ойинҳои онҳо ба вуҷуд наоварданд, саъй карданд, ки ин ойинҳо ва маросимро ба навъе бо андешаҳои исломӣ пайванд диҳанд ва зиракона ва огоҳона ба ин амри муҳим пардохтанд. Аз ҷумла ин ки иддае аз донишмандон ва фузалои эронӣ ба истиноди кутуб ва аҳодис ва гоҳшуморӣ гуфтанд, ки рӯзе, ки ҳазрати Алӣ (ъ) ба ҷонишинии паёмбар баргузида шуд, мусодиф бо Наврӯз буд. Ва Ҳотифи Исфаҳонӣ қасидае дар васфи Наврӯз ва ҷулуси ҳазрати Алӣ (ъ) сурудааст:
Ҳумоюн рӯзи Наврӯз аст имрӯзу ба фирӯзӣ,
Бар авранги хилофат кард шоҳи «Ло фато» маъво.
Ва ё Қоонӣ:
Расид ба гӯши дил ин муждаам зи ҳотифи ғайб.
Ки гашт Шери худованд шаҳриёр имрӯз.

Наврӯз дар аҳди хулафо

Дарборҳои хулафои нахустини аҳди ислом ба Наврӯз эътиное надоштанд ва ҳатто ҳадоёи ин ҷашнро ба унвони хироҷи солиёна мепазируфтанд, вале хулафои уммавӣ барои афзудани даромади худ ҳадоёи Наврӯзро аз нав маъмул доштанд ва амирони эшон барои ҷалби манофеъи худ мардумро ба эҳдои туҳфаҳо даъват мекарданд. Андаке баъд ин расм низ аз тарафи хулафои мазбур ба унвони гарон омадани эҳдои туҳфаҳо бар мардум мансух гардид. Вале дар тамоми ин муддат эрониён маросими ҷашни Наврӯзро барпо медоштанд. Дар натиҷаи зуҳури Абӯмуслими Хуросонӣ ва рӯи кор омадани хилофати аббосӣ ва нуфузи хонадони Баромака (Бармакиён) ва дигар вузарои эронӣ ва ташкили силсилаи Тоҳириён ҷашнҳои Эрон аз нав равнақ ёфтанд.
Ба ҳар ҳол, Наврӯз бо таваҷҷуҳ ба оро ва андешаҳои пайдоиши он аз пеш аз Зартушт дар Эрон ва навоҳии зери султаи он ривоҷу равнақ дошта ва пуршукуҳтарин ва боаҳаммияттарин ҷашни эрониён ва форсизабонон аст ва дар адвори гузашта, дар даврони бостон, бавижа дар давраи Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён ба унвони як ҷашни миллӣ ва мазҳабӣ мавриди таваҷҷуҳ будааст ва реша дар боварҳо ва эътиқодоти деринаи ориёиён дорад. Ва баъд аз ислом давлатҳои Тоҳириён ва Сомониён ба эҳёи ин ҷашн ва дигар одобу русуми эронии бостон пардохтанд ва дар давраи Дайламиён ва Ғазнавиён низ ин ид ба таври бошукуҳ баргузор мешуд ва ҳатто дар замони тасаллути муғул ҳам эрониён ё тоҷикон ин ҷашнро паноҳгоҳ ва дастовези худ сохтанд ва ба унвони шиоре барои намоён сохтани руҳи маҷду азамат ва дифоъ дар муқобили чирагарони ғосиб ва изҳори истиқлол қарор доданд. Шуарое чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хоҷӯи Кирмонӣ, Салмони Соваҷӣ ва… дар васфи Наврӯз ашъори нағзу пурмағзе суруданд ва ва наврӯзсароӣ то асри ҳозир идома дорад. Ин ҷашн дарвоқеъ санади пурифтихори ҳувияти маънавӣ ва минавии нажоди ориёӣ аст, ки ҳамвора дар тӯли торих сарбаланду сарафроз аз мавориси фарҳангӣ ва илмию адабӣ ва мазҳабии худ дифоъ кардааст ва бисёре аз суннатҳо ва улуму ҳунарҳои худро ба ақсо-нуқоти ҷаҳон содир намудааст.
Ин буд мухтасаре аз пешинаи Наврӯз. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ойину маросимҳои Наврӯз ва чидани дастархони ҳафтшину ҳафтсин бояд пурсид, ки решаҳои чидани ин ду дастархон аз куҷо пайдо шудааст?
«Ҳафтшин» - дар авоили даврони исломӣ дастархоне, ки дар Наврӯз эрониён ё ориёиён мегустарданд, шомили хӯрданиҳо ва чизҳое буд, ки бо ҳарфи «Ш» шуруъ мешуд, аз ҷумла шир, шакар, шаҳд, ширинӣ, шалғам, шамшод, шароб, шамъ ва ё ҳар чизе, ки бо ҳарфи «Ш» шуруъ мешуд. Вале бархе гуфтаанд, аз он ҷо ки шароб ҳаром шумурда шуда, ин ҳафтшин ба ҳафтсин тағйир ёфта ва ба ҷойи неъматҳо ва хӯрданиҳое, ки дар дастархон мечиданд, аз чизҳое истифода карданд, ки бо ҳарфи «С» шуруъ мешуд ва ин амр то кунун ҳам идома дорад: сирка, суманак, себ, сабза, синҷид, сикка, сумоқ, самбӯса, ё сир (чеснок). Ба ҳар ҳол, ҳафт чизро барои чидани дастархони наврӯзӣ бо ҳарфи «Ш» ва ё «С» интихоб мекарданд ва илова бар онҳо ойина, тухми мурғ, моҳӣ дар об ва китобҳои Ҳофиз, Қуръон ва шамъро дар дастархони Наврӯз мегузоштанд ва мегузоранд, ки ҳар як рамзе дорад. Аз ҷумла тухми мурғ нишонаи зоиш ва тавлид ва ин ки тибқи андешаҳои ҳиндии Рикведоӣ, ҷаҳон аз тухми мурғ ба вуҷуд омадааст ва ё ойина нишонаи покӣ ва рӯшноӣ ва диле, ки бояд ҳамчун ойина шаффоф, бегарду ғубор ва бе зангор бошад. Чунонки Мавлавӣ мегӯяд:
Гар қасди шумо дидани он хонаи ҷон аст,
Аввал рухи ойина зи сайқал бизудоед.
Ҳофиз мегӯяд:
Чашми олуданазар аз рухи ҷонон дур аст,
Бар рухи ӯ назар аз ойинаи пок андоз.
Ва моҳӣ дар об низ нишонаи идомаи ҳаёт ва зиндагӣ аст. Шамъ низ нишонаи рӯшноӣ ва гармии оташ аст, ки баргирифта аз ойини митроизм ва Зардушт аст. Қуръон, ки каломи Худост ва Ҳофиз, ки «Лисон-ул-ғайб» аст ва бо девони ӯ фол мегиранд.
Аммо ин ки адади ҳафт (7) чи дар ҳафтшин ва ё ҳафтсин аз куҷо омадааст, бояд гуфт, усулан дар адабиёти форсӣ ва китобҳои назму наср адади ҳафт муқаддас аст ва бисёре аз таркибҳову мавзуъҳои мухталиф бо адади ҳафт шуруъ мешаванд: ҳафт дарё, ҳафт иқлим, ҳафт осмон, ҳафт хони Рустам, ҳафт шаҳри ишқ, ҳафт водии сайру сулуки ирфонӣ, аждаҳои ҳафтсар, ҳафт рӯз, ҳафт ганҷ, ҳафт амшоспанд, ҳафт кишвар. Чунонки Ҳофиз мегӯяд:
Шерозу оби Рукниву он боди хушнасим,
Айбаш макун, ки холи рухи ҳафт кишвар аст.
Дар мавриди адади ҳафт дар ҳафтшини наврӯзӣ метавон гуфт, ки вожаи «Шанбе», ки дар бисёре аз забонҳои дунё ворид шуда, ба ақидаи гуруҳе аз муҳаққиқони забоншиносӣ аз вожаи «Шаббат»-и ибрӣ ба маънои «истироҳат» аст, ки шаббат баъдҳо дар забони арабӣ ба «Сабат» ба кор бурда шуд, дар ҳақиқат ҳафтумин рӯзи хилқат аст, ки бо ғуруби ҷумъа оғоз мешавад ва бо ғуруби шанбе анҷом мепазирад. Ва рӯзи шанбе ба маънии истироҳат дар ҳақиқат рӯзи шукргузорӣ аз Худованд барои офариниш ва хилқат аст, зеро дар Авесто, Таврот ва Қуръон омадааст, ки Худованд дунёро дар шаш рӯз ё шаш марҳила офаридааст ва такомули хилқат дар шаш рӯз будааст ва рӯзи ҳафтум, ки ҳамон «Шаббат» ва ё шанбе дар талаффузи имрӯзӣ бошад, рӯзи истироҳат ва ҷашн мебошад. Чунонки имрӯза низ дар кишварҳои урупоӣ ва омрикоӣ рӯзи шанбе истироҳат ва таътил мебошад.
Бино бар ин, ба назар мерасад, дастархони ҳафтшин ва ҳарфи «Ш» аз тақаддуси рӯзи шанбе ё «Шаббат» гирифта шудааст ва натиҷаи ҳамин эътиқод мебошад.
«Ҳафтсин» - аммо дар бораи ҳафтсин метавон гуфт ҳарфи «С», ки дар дастархони наврӯзӣ аст, баргирифта аз андеша ва фалсафаи дини Зардушт аст, ки асоси ҷаҳонро бар ду асл медонад:
1. Сипантомину (хиради муқаддас - хиради неку, ки аз сифоти аслии Аҳуромаздо аст).
2. Ангромину (хиради номуқаддас ва бади шайтонӣ, ки сифати аслии Аҳриман мебошад).
Дар андешаи зардуштӣ мо ба вожае ба номи «Амшоспандон» бархӯрд мекунем, ки дар раъс ва болои он Аҳуромаздо аст ва шаш фаришта ё эзад бо номҳои эзади Ардибиҳишт (рамзи ростӣ), Хурдод (рамзи камол), Амурдод (рамзи ҷовидонӣ ва бемаргӣ), Баҳман (рамзи маниши нек), Шаҳривар (рамзи қудрат), Исфанд (рамзи адаб, фурутанӣ ва покӣ), ки ин шаш фаришта ё эзад ёварон ва баргузидагон ё эзадони таҳти фармони Аҳуромаздо ҳастанд ва бо шумориши Аҳуромаздо ба ҳафт мерасанд. Аз ин руст, ки дастархони наврӯзӣ бо ҳафтсин ороста мешавад ва ҳарфи «С» баргирифта аз Сипантомину аст, ки ҳарфи «С» аз Сипанто гирифта шудааст. Амшоспандон ба маънои ҷовидонони муқаддас ҳастанд. Амеша (бе марг - ҳамеша), спента ё сипанд ба маънои муқаддас мебошанд. Пас, ин ҳафтсин низ, ки аз калимаи «сипанто», яъне муқаддас аст, худ низ ҷанбаи тақаддус дорад.
Нуктаҳои боло ва пешинаи торихии Наврӯз гуфта шуд, то битавонем пуле миёни гузашта ва ҳол ва баҳрамандӣ аз фалсафаи ҷашни Наврӯз ва дигар ҷашнҳои бостонӣ барои зиндагии нави худ барқарор кунем ва аз гузашта, таҷрубиёт ва фалсафаи он чароғе роҳнамо ва роҳгушо барои ҳол ва ояндаи худ бисозем ва ба фалсафаи Наврӯз, аҳаммияти ин фалсафа ва дарки дурусти рамзҳои ин ҷашн бипардозем. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳаводис ва рӯйдодҳои устураӣ, торихӣ ва боварҳои ақидатӣ, баргузории ҷашнҳои куҳан, ба таври куллӣ боварҳои фарҳангӣ бояд ҳамчун чароғи роҳнамои ҳолу оянда бошад. Ва мо битавонем ба фалсафаи дирӯз ва имрӯзи ин ҷашнҳо аз назари ақлӣ, илмӣ ва фалсафӣ бардошти хирадгароёна ва муфид ба ҳоли имрӯз дошта бошем. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки усулан Наврӯз ба маънои рӯзи нав, навгароӣ ва тағйири диёлектикии ҷаҳон, тафаккур ва пешрафти инсон мебошад, ки бояд инсон дар сайри зиндагии худ ба такомули ақлию илмию отифию инсонӣ бирасад, рӯзи Наврӯз ё ҷашни Наврӯз ин паёмро ба мо медиҳад, ки мо бояд ба навгароӣ ва мудернисм бирасем. Ва бо ин ки як сол аз умри мо гузаштааст ва як сол бузургтар шудаем, оё аз назари руҳу равон, фикру андеша, эҳсосу отифа, меҳру муҳаббат ва таваҷҷуҳ ба адолату муҳаббат ва инсондӯстӣ оё бузург шудаем ва тағйир ё фоидае доштаем ё не? Бояд биёмӯзем ҳамчунон ки табиат нав ва зебо мешавад, мо низ аз назари фаҳм, дарк, шуур, адолат, каромат, меҳру муҳаббат, ишқу инсоният нав бишавем ва ҷанбаҳои манфӣ ва шайтониро аз худ дур кунем, ҷанбаҳои аҳуроиро дар худ тақвият намоем.
Пас, метавон гуфт, ки Наврӯз ҳамчун муаллиме роҳнамо, роҳкушо ва ҳикматомӯз аст ва мо набояд танҳо ба қолаби зоҳирӣ ва ҷашни зоҳирии Наврӯз таваҷҷуҳ кунем, балки бояд паёми навгароии Наврӯзро дар даруни ҷону қалбу фикри худ ҷой диҳем ва аз сурати зебо ба сирати зебо бирасем. Дар ҳамин робита зиндаёд Манучеҳри Оташӣ мегӯяд:
Ояд баҳору пираҳани беша нав шавад,
Навтар бароварад гул, агар реша нав шавад.
Зебост рӯйи кокули сабзат кулоҳи нав,
Зеботар он ки дар сарат андеша нав шавад.
Моро ғами куҳан ба майи куҳна биспуред,
Бар ҳоли мо чи суд, агар шиша нав шавад.
Шабдиз роми Хусраву Ширин ба коми ӯ,
Бар фарқи мо чӣ фарқ, агар теша нав шавад.
Ҷон медиҳему нози туро боз мехарем,
Савдо ҳамон кунем, агар пеша нав шавад.

Муҳаммадризо Тоҷдинӣ, шоир,
нависанда ва пажӯҳишгари эронӣ,
узви Анҷумани тоҷикон ва
форсизабонони ҷаҳон-Пайванд

Хонданд 313

Маҳорати ҳикоянависӣ

Янв 27, 2018
Диданд: 589

Ҳикоя аслан як воқеаро инъикос мекунад. Аввалу охири ҳикояро чун асарҳои дигари бадеӣ, риштае ногусастанӣ бо ҳам пайванд месозад. Бо чунин назар ба ҳикояҳои нависандагони соҳибистеъдод Юнус Юсуфӣ - «Бозгашт ба зодгоҳ ва мушоҳидаи роҳ», Равшани Махсумзод - «Зан ва ҷанг», Мансур Суруш - «Тақлид», Тоҳири Муҳаммадризо - «Парвоз» ва Сайёфи Мизроб - «Носталжие» наздик мешавем.

«Бозгашт ба зодгоҳ ва мушоҳидаи роҳ»-и Юнус Юсуфӣ беҳтарин ҳикоя аст. Дар ин навишта нафаси сарди ҷомеа, яъне автобуси фартут, аз байн рафтани муносибати нарм дар байни мардум, бештар ба хориҷа рӯ овардани одамон, афзудани сафи гадоён эҳсос мегардад. Аввал ва охири ҳикояро қаҳрамони асосӣ - Таҳмурас бо ҳам пайванд месозад. Ҳикоя бо чунин ҷумлаҳо оғоз меёбад: «Соат дар дурдасти шаҳр аз офтоб хеле қафо монда буд. Офтоб кайҳо аз фарози осмон гузашта, рӯ ба нишеб мерафт, аммо соат нав ба чошгоҳ ишора мекард. Соат пиндор орзудаву бемадор буд, лек ба ночор, барои он ки аз буданаш дарак диҳад, ба тамом фаромӯш нашавад, маҳв нагардад, роҳ меравад».
Юнус Юсуфӣ чун дар дигар асарҳояш дар ин ҳикоя низ рамзро истифода бурдааст. Соат дар ин ҷо чун рамзи ҷомеа омадааст. Ҷомеае, ки базӯр нафас мегирад. Ҳаракат ва қадамзаниаш суст аст. Агар Юнус Юсуфӣ ин сужаро, ки ҳикоя бо он оғоз меёбад, ҳамчун риштае ногустанӣ истифода мебурд, бояд дар байн-байни он ҳаракати бемадори соат истифода мешуд. Аммо… Аммо дар истгоҳҳои шаҳр, ба ҷуз пештоқи пешини осорхона, дигар соат нест. Ӯ дониста ин корро анҷом намедиҳад ва хуб ҳам мекунад. Аммо ҳаракати бемадори соат, ки ифодагари замон буд, фаромӯш мешавад. Агар Юнус Юсуфӣ дар ибтидои ҳикоя як ҷумларо, аз қабили «Нахустин дидори Таҳмурас дар зодгоҳаш ба соате афтид, ки…» илова мекард, хуб мешуд. Ҳикоя, ки ҷолиб буд, боз ҷолибтар мегашт.
Ҳикояи Равшани Махсумзод - «Зан ва ҷанг» бо чунин сатрҳо оғоз меёбад: «Беморхонаи ҳарбӣ иборат аз даҳ-понздаҳ хоначаи махсус барои табобат таҷҳизонидашуда дар биёбони нопайдоканори Шиндон ягона ҷои обод буд… Сарбозоне, ки дар беморхона табобат мегирифтанд, тадриҷан ин мавқеъро ба як ҷойи ободу зебо табдил дода буданд. Роҳравҳо симонпӯш ва қад-қади он ҳар гуна гулу дарахтҳо шинонида, ҷо-ҷо дар тахтаҳои андаруни гӯшасинҷи оҳанин насбкардашуда ҳар гуна шиор ва пораматнҳоро аз низомномаи ҳарбӣ навишта буданд…».
Ҳикоя аслан фарогири мавзуи ҷанги аскарони Шӯравӣ дар Афғонистон аст. Нависанда пирӯзӣ ва шикасти ҷанговарони Шӯравиро дар Афғонистон дар як ҳикоя, андаке бошад ҳам, ғунҷоиш додааст. Воқеа ва гуфтугӯи қаҳрамонҳо дар беморхонаи ҳарбӣ сурат мегирад. Ҳамин беморхона аввал ва анҷоми ҳикояро чун риштае бо ҳам пайванд месозад. Аммо номи ҳикоя - «Зан ва ҷанг» чандон мувофиқат намекунад. Агар ҳикоя «Дар беморхонаи ҳарбӣ» ном мегирифт, дар чунин ҳолат андешаҳои нависанда тобиши сиёсӣ мегирифт. Яъне, ҳамаи қитъаи Афғонистон ба ҷанговарони Шӯравӣ дастрас набуд. Он ҷоеро, ки иҳота намуда буданд, чун беморхонаи ҳарбӣ, аз дасти ҷанговарон ободу зебо гашта буд.
Мансур Суруш дар «Тақлид» ном ҳикояаш мехоҳад ба ашёи атроф хислати одамӣ бидиҳад. Ба ин ҷумлаҳо таваҷҷуҳ кунед: «Аз рӯзе, ки Худованд ин ҷаҳони пуршиддатро офарид, офтоб комилан бовар дошт, ки дар миёни ҷирмҳои осмонӣ тобонтару зеботар аз вай касе нест. Вай субҳгоҳон тулуъ карда, ба гардиши одатии худ мепардохт ва ба замини мо саховатмандона равшанию гармӣ ато намуда, бо нишот медурахшиду шуъла мепошид».
Ҳангоми қироати ҳикоя дар назари хонанда шахсони танҳо ва худхоҳ пайдо мегарданд. Дар ҳикояи «Тақлид» низ се нафар - офтоб, одам ва ситора чун марди худхоҳ инъикос ёфтаанд. Хотираи одамон, ки кӯтоҳ аст, гармии офтобро фаромӯш мекунанд. Аз чеҳраи ӯ айберо ҷӯё мешаванд. Дар охир дар сардиву торикӣ меафтанд.
Ҳикоя агар «Тақлид» нею «Пушаймонӣ» ном мегирифт, баъди аз нав дурахшидани офтоб ва аз сардиву торикӣ раҳо шудани одамон як ҷумлаи ҷамбастӣ илова мегашт, дигар ҷои гап ҳам набуд. Чунки аввалу охири ҳикояро офтоб чун риштае бо ҳам пайванд месохт.
Тақлид дар ҳикоя хусусияти хоси ситора аст. Агар ситора нақши асосиро мебозид, бояд ҷумлаи аввал бо он сар мешуд. Яъне: «Як ситораи шуҳратпараст, ки дар баландии само милт-милт метобид, тасмим гирифт, ки … таваҷҷуҳи ҳамаро ба шахси худ ҷалб соад». Баъди ин ситора барои адаби одамонро додан, саргузашти офтобро ба хотир меовард.
Бо вуҷуди ин, ҳикоя ҳикояи хуби тамсилӣ аст.
«Шарфаи поро шунид. Гӯш ба қимор шуд. Ҳа, аниқ, соҳибаш. Чун ҳамеша бошитоб (?), ланҷу хоболуд қадам гузошта, паиҳам хамёза кашидаву ба ларзаи баланд коҳилиро аз тан рафъ намуда, ба оғил наздик омад. Қулфи анбории аз барфу борон зангзадаро ба даст палмосид. Калидро ба қулф андохта ва шарраққос тоб доду дарро кушод». Бо чунин ҷумлаҳо оғоз меёбад «Парвоз» ном ҳикояи Тоҳири Муҳаммадризо. Забони офаридаҳои Тоҳири Муҳаммадризо сода ва дилкаш аст. Ӯ қобилияти хуби офаридани хислатро дорад. Дар ҳикояи «Парвоз» гов ҳамчун ҷонвари заҳматкаш, орзупарвар ва соҳиби гов марди хасис, худхоҳ ва ҷоҳил тасвир ёфтааст. Ба назари камина, нависанда ду мавзуъ, яъне муносибати гов бо соҳибаш ва гуфтугӯи мурғи марҷон бо говро бо ҳам омезиш додааст. Дар ҳикоя агар хислати гов ва соҳибашро инкишоф медод, дар охир рақобатро ба авҷи аъло мерасонд, ҳикояи хуб мешуд.
Паридан аслан хусусияти мурғи марҷон аст. Агар мақсад парвози мурғи марҷон мешуд, ҷумлаи аввалини ҳикоя бо он оғоз меёфт. Баъдан, саргини гови гурусна чандон ғизое надорад. Барои болу пар пайдо намудани мурғи марҷон саргини гове лозим аст, ки хӯрокаш аз ҷаву кунҷора бошад.
«Носталжи» ном ҳикояи Сайёфи Мизроб бо чунин ҷумлаҳо оғоз меёбад: «Хусрав оҳиста сигорро аз лаб гирифта, як сӯ партофт, дуди ғализи онро пуф карда, сулфид. Сипас якто-якто қадам зада, лаби ҷӯйи лойолуд, ки гиёҳҳои гирду канораш хушкида буд, поин фаромад. Духтар аз хирман по бинҳод, куртаи сурху сафеди деҳқонон ба чашм мерасид. Пахтачинӣ дар авҷ буд». Аз ҷумлаи аввал пойдост, ки нависанда равоншинос аст. Аз қадами аввал бӯи носталжи ба димоғи кас мерасад ва он оҳиста-оҳиста инкишоф меёбад. Қаҳрамони асосӣ - Хусрав аввалу охири ҳикояро чун риштае бо ҳам пайванд месозад. Нависанда дар образи Хусрав азоби пахтачинӣ, ҷӯборҳои заҳролуд, ҷоҳилии омӯзгор ва ишқи кӯдаконаро нишон додааст.
Сар то пои ҳикоя чунон ихчам аст, ки ягон чизи зиёдатӣ надорад.
Боз дар ҳикоя ғурури инсонӣ дар ҷои аввал меистад. Он хоҳ-нохоҳ ба хонанда таъсири худашро хоҳад расонд.
Ҳикояҳои чанд нафаре, ки мавриди таҳлил қарор гирифтанд, имрӯз бори наср бар дӯши онҳост. Дар баробари тарбия намудани ҷавонон кӯшиш кунанд, ки асарашон хурдтарин нуқсе надошта бошад ва ба забонҳои ҷаҳон тарҷума шавад. Бо ин роҳ хислату хӯ ва расму русуми миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Он гоҳ вазифаи худро дар назди ҷомеа иҷро хоҳанд кард.

Ҳамроҳи АВЛИЁПУР

Хонданд 589

Фарҳанг яке аз соҳаҳои муҳим барои муаррифӣ намудани миллатҳост. Агар ба кормандони соҳаи фарҳанги кишвари дӯст ва бародари Озарбойҷон аҳсану офарин гӯем ҳам, кам аст, чунки дар ЮНЕСКО барои миллӣ кунонидани навъе аз хӯрок бо номи «долма» ва асбоби мусиқии «камонча» саъю талош намуда, муҷаввиз гирифтанд ва соҳибмулки ин хӯроку асбоб будани худро дар сатҳи байналмилалӣ исбот намуданд.

Чаро ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ кардем? Чун, дар ин шабу рӯз мо бояд аз алломаҳои илму фарҳанг сар карда, то дастовардҳои онҳо дар ҳама соҳа, ҳатто ашёеро фаромӯш накарда, ба ЮНЕСКО пешниҳод намоем. Мо то кай мегузорем, ки Абӯалӣ Сино, Ал-Бухорӣ, Ал-Хоразмӣ, Берунӣ, тақвими Хайём, қонунҳои ҷозибаи умумиҷаҳонии Хайём, ки Нютон аз худ намуда буд, моли бегонагон муаррифӣ гарданд? То ба кай бетафовутӣ зоҳир менамоем? Агар кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ мероси фарҳангиамонро, аз қабили шӯрбо, қурутоб, мастоба, шакароб ва ғайра, ки ҳанӯз бегонагон аз худ накардаанд, соҳибӣ намояд, ин маъноеро дорад, ки кадом як фард ё кишваре рафту ягон хӯроки миллии моро моли худ арзёбӣ кунад, мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ ин шахс ё давлат посухгӯ хоҳад буд. Ба таври мисол, агар барои бренди машҳури тоҷикон - «Чойхона» мо муҷаввизи ЮНЕСКО-ро гирем, чи дар Аврупо, чи дар Амрико ва чи Осиё маълум мегардад, ки бунёдгузори чойхона миллати тоҷик мебошад.
Ҳоло ки дер нашудааст, мо бояд бо далелҳои шайъӣ исбот намоем, ки фалону фалон дастовардҳои илмиву ҳунарии машҳур, ки дар осорхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд, моли ҳалоли тоҷиконанд. Масалан, хазинаи Амударё, ки намунаи барҷастаи санъати ҳунарии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Агар ба таърих назар афканем, расму оин, одобу ахлоқ, шаҳрдорию шаҳрсозӣ, китобдорию китобдӯстдорӣ шуғлу рафтори ҳамешагии ниёгони пурифтихори мо тоҷикон мебошад. Агар дар ҷаҳон асарҳои пурарзиштарин ва беназиртаринро номбар намоем, дар қатори онҳо ҳатман китоби «Шифо»-и Сино, «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, «Осор-ул-боқия»-и Ал Берунӣ, «Таърихи Табарӣ»-и Муҳаммади Табарӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Румӣ ва ғайраҳо ҷой мегиранд. Тақвиме, ки тавассути он рӯзу моҳу солро дақиқ мешуморем, тақвими Хайём аст. Ҳатто мардуми Аврупою Ҷопон бо он ҳама дастовардҳои илмиву технологиашон тақвими Хайёмро нотакрору дақиқатарин тақвим дониставу арҷ мегузоранд. Солшуморие, ки ҳоло дар Амрико, Аврупо, Осиё, Африқо, умуман қариб дар тамоми ҷаҳон истифода шуда истодааст, ҳамон тақвими Хайём аст.
Барномаҳои таълимии Ғарб ва Шӯравӣ аксаран тамаддуни Юнони Қадимро пешоҳанг меҳисобиданд, ҳол он ки, ҳама дастовардҳою кашфиётҳое, ки юнониён ба он менозанд, ғаниматҳои илмию фарҳангии мардуми тоҷику эронӣ аст, ки Искандари Мақдунӣ ҳангоми кишваркушоӣ ва шикасти аввалин империяи бузурги ҷаҳонӣ - Ҳахоманишинҳо талаю тороҷ намуда, бахши азими онро ба Юнон интиқол додааст. Ва имрӯз ноогоҳони ҷаҳон васфу ситоиши Юнони Қадим менамоянд.
Асари пурарзиши Гомер, ки «Одиссея» мебошад, ҳамвазнии «Шоҳнома»-и Фирдавсиро надорад ва қисмати зиёди муҳаққиқони ҷаҳон инро аллакай эътироф намудаанд. Ҳатто шоири бузурги Олмон - Гёте аз 120 шоир, олим ва нобиғагони форсу тоҷик ном бурда, аз ҷумла қайд кардааст, ки «ман бо ҳама шуҳрату маҳоратам хоки пойи ин шахсиятҳои нотакрор намешавам». Албатта, ин ҳама баҳогузориҳо аз ҷониби олмониҳо боиси ифтихори мост. Чунин заминаҳо буданд, ки Ҷумҳурии Федеративии Олмон забони форсиро дар баробари забони англисӣ ва фаронсавӣ дар барномаҳои таълимии макотиби миёнаву олии кишвараш ворид намуд.
Месазад, ки дар барномаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи Тоҷикистон як фанни нав - «Ифтихори ватандорӣ» бо дарназардошти мероси фарҳангӣ ва илмии ниёгонамон ҷорӣ гардад. Дар ҳоле, ки наврасон ва ҷавонон ба интернет таваҷҷуҳи зиёд доранд, хеле хуб мешавад, ки коршиносони соҳаи фанноварии илмҳои дақиқ ва технологияи муосир роҳҳои муфиди ба шабакаи Интернет ворид кардани маълумот оид ба дастовардҳои миллати тоҷик ва фаъолияти нобиғаҳоямонро ҷустуҷӯ намоянд.

Алишер ИДИЗОДА, рӯзноманигор

АЗ «ФАРАЖ»:
Ҳамкор, дӯст, бародари гиромии мо, рӯзноманигор Алишер Идизода зодрӯз доранд. Эшонро ба ин муносибат муборакбод гуфта, саломатии тан, рӯзгори бегазанд, табъи хуш, дар корҳои эҷодиашон бурдборӣ таманно дорем.

Хонданд 562

Чаро он дар кишвар рушд намекунад?

Ман дар ин андешаам ва ҳам бар он мутмаинам, ки ҳеҷ сарвари давлат мисли Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумуи фарҳанг, хосса мусиқии касбӣ бо дастгирӣ ва ғамхории зиёд диққати махсус зоҳир намекунад. Дастовардҳои беназири соҳа дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба ташаббусҳои бевоситаи ӯ иртибот дорад. Таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ - Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, таъмири ду театри академӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода, бунёди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ аз ин ҷумла аст. Инчунин, бунёди Театри миллӣ идома дорад.
Бояд махсус зикр кард, ки пурра гардонидани ҳайати оркестри симфонии театр, сифатан беҳтар намудани оркестри созҳои миллӣ ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳо барои фаъолияти пурсамари мутахассисону ҳунарпешагон махсусан дар рӯзгори баъдиҷангӣ ҳаргиз осон набуд. Ва ҳам дар ҳоле, ки бархе мавҷудияту фаъолияти Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айниро нозарур мешумурданд.
Дар Туркманистон низ саргарми ин гуна андешаҳо фаъолияти Театри опера ва балеташонро дар оғози замони истиқлоли кишварашон қатъ карданд. Чун бар хатои худ баъд воқиф шуданд, хостанд онро эҳё бикунанд, вале то ба ҳол, бо он ки ҳамаи шароиту имкониятҳоро фароҳам меоваранд ва ҳам мутахассисонро аз хориҷи кишвар ҷалб месозанд, муваффақ намегарданд. Сарвари давлати мо рушди мусиқии касбиро дар кишвар на танҳо хостор буданд, балки барои он тамоми шароитҳоро фароҳам меоварданд ва масъулонро вазифадор месохтанд.
Боиси ифтихори ҳар кадоми мо бояд бошад, ки дар назди Президенти мамлакат оркестри мукаммали симфонӣ иборат аз 120 нафар бо ташаббуси бевоситаи ӯ таъсис ёфт. Чанд сол пештар бошад, ягона арғунуни кишвар бо маблағи калон ва ҷалби мутахассисони варзидаи хориҷӣ таъмир гардид. Ҳамчунин, дар хориҷи кишвар бо дастуру раҳнамоиву дастгирии Пешвои миллат садҳо нафар мутахассисони соҳаи фарҳанг тарбия ёфта, ба камол расиданд. Ҳеҷ мумкин нест ба хотир наоварем, ки тахминан 12 сол пеш имкони нестшавии балети тоҷик ба вуҷуд омада буд. Дар тарбияи насли нав барои соҳа боз Президенти мамлакат саҳми асосиро гирифт ва дар шаҳри Перми Русия онҳо ба таҳсилу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуданд. Хушбахтона, имрӯз дастовардҳои соҳаро дигар наметавон бо ангушт шумурд. Аммо масъулон то ба кай бояд интизори ташаббусҳои Сарвари давлат биншинанд? Чаро ин гуна иқдомҳои шоистаро Вазорати фарҳанг, ки вазифаи асосии он аст, ба миён намегузораду баҳри амалӣ гардиданашон сари вақт тадбирҳои заруриро намеандешанд? Ин гумону пиндор бар ман ғолиб меоянд, ки вазорат ҳатто панҷоҳ дарсади амру супоришу дастурҳои Пешвои миллатро махсусан дар соҳаи мусиқии касбӣ иҷро мекард, ба яқин, он бештару беҳтар рушту густариш меёфт.
Тибқи иттилооти Вазорати фарҳанг, ҳолиё 3274 ё худ 37,6 дарсади кормандон бо маълумоти миёна фаъолият мекунанд. Ба ҷуз ин, 600 бинои муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ таъмирталабанд ва 105-тои он дар ҳолати садамавианд. Албатта, таъсири бади ин ба рушду нумуи соҳа сол ба сол меафзояд ва ҳалли ин мушкилот танҳо бо нерӯву маблағҳои зиёдтар бояд даст бидиҳад. Бо дарку шинохти ин ҳолату вазъи ногувор, махсусан ба хотири рушди мусиқии касбӣ ҳамчун мутахассис зарур мешуморам, ки хомӯш набошам ва ибрози андеша намоям. Президенти мамлакат барҳақ иброз дошт, ки фарҳанг ҳастии миллат аст. Ин таъкид ба он хотир мебошад, ки мо барои ҳастии миллатамон тамоми донишу нерӯямонро сарф бинамоем.
Оё аз худ боре пурсидаем, ки дар ин самт чӣ кори некро бо шинохти рисолати шаҳрвандӣ, инсонӣ ва касбӣ ба фарҷом расонидаем? Афсӯс, посухҳои мусбатро ками дар кам меёбему мешунавем. Ҷойи таассуфи бештар он аст, ки агар дар ин хусус барои рафъи мушкилот, пешрафти соҳа садо баланд бикунӣ, на танҳо онро хуш намепазиранд, балки ба ғараз дармеёбанд. Инчунин, барои минбаъд хомӯш шудани кас аз тамоми воситаҳо истифода мекунанд. Чаро мумкин нест, ки масъулони Вазорати фарҳанг пешниҳодҳои муфидро бипазиранд, аз танқидҳо хулосаҳои зарурӣ бибароранд ва сари ҳалли мушкилоти мавҷуда дуруст биандешанд? Ҳол он ки, ногузир баъдҳо баъзе аз ин пешниҳодҳоро бо тақозои давр қабул мекунанд. Ин ҳақиқати бебаҳсро ҳамаи масъулон медонанд, ки пасиниён ба фаъолияти мо баҳои сазоворро медиҳанду дар назди таърих барои ҳар амали носавоб ҷавобгар мешавем. Ба яқин, ки навад дарсади мушкилоти асосӣ дар соҳаи мусиқии касбӣ ба кадрҳо ё мутахассисон иртибот мегирад. Махсусан бояд ду оркестри симфонӣ - оркестри симфонии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва оркестри симфонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони асил, ҳунарпешаҳое, ки сатҳи касбиашон баланд аст, созҳои ҷавобгӯи талаботи ин оркестрҳо пурра ва муккамал бошанд. Дар ин хусус, яъне ҳалли ин мушкилот ваъдаҳои зиёд медиҳанд, аммо дар иҷрояшон камтар эҳсоси масъулият доранд. Мушоҳида мешавад ва ҳам аз рӯи маълумоти оморӣ маълум мегардад, ки чанд соли охир миқдори ками мутахассисон муассисаҳои соҳавиро хатм мекунанд ва ба кор ҷалб мешаванду ҷавобгӯи талабот дар оркестрҳои симфонӣ фаъолият намуда метавонанд.
Борҳо гуфтаему мегӯем, ки ягона Консерваторияи миллии мо бояд ба мусиқии касбии ҷаҳонӣ низ бештар диққати асосиро равона бисозад ва дар ин самт мутахассисону ҳунарпешаҳоро тарбия намояд. Ҳамасола, агар барои мисол бигӯем, 50 нафар ба ин муассиса барои таҳсил қабул бигардад, ҳатман бояд даҳ нафари он дар соҳаи мусиқии касбии ҷаҳонӣ бошад ва дуруст тарбия биёбаду ҷавобгӯи талаботи ҷаҳонӣ ҳунар биёмӯзаду сайқали маҳорат бикунад. Барои пайдо намудани ин даҳ нафари дорандагони истеъдод масъулонро зарур аст, ки онҳоро ҷустуҷӯ намоянд ва барои таҳсил дар ин ришта ҷалб бисозанд. Бегумон, бархе аз муҳассилини коллеҷҳои мусиқиву санъат, ки истеъдод доранд, баъди хатми ин муассисаҳо намехоҳанд таҳсилро идома бидиҳанд. Чаро? Чунки мусиқии касбӣ як соҳаи бисёр душвор аст ва барои пеш бурдани зиндагии шоиста низ номувофиқ. Аз ин рӯ, онҳо рӯ ба дигар соҳаҳо меоранд.
То ҷое, ки ман огоҳам, дар Вазорати фарҳанг умуман ягон нақшаи чорабинӣ, як консепсияи махсус барои тайёр кардани ҳунармандону мутахассисони мусиқии касбии ҷаҳонӣ вуҷуд надорад. Зимни суҳбатҳо бархе аз масъулони он иброз медоранд, ки ду ё се нафарро барои таҳсил ба хориҷи кишвар мефиристанд. Шахсияти ин нафарҳо номуайянанд. Маълум нест, ки онҳо оё инро мехоҳанд ё не. Ба ҷуз ин бояд муайян кард, ки истеъдод доранд ва ё аз рӯи ҳавову ҳавас ба ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба мусиқии касбӣ ин нафаронро, дар баробари ин ҳама, зарур аст, ки дилбастагӣ бояд дошта бошанд. Бе муҳаббату дилбастагӣ ва худфидоӣ наметавон ба мақсуд расид. Мусиқии касбӣ мушкилтарин соҳаи санъат маҳсуб мешавад. На ҳар кас ба он меҳр мебандаду фаро мегирадаш. Масъулони соҳаи вазорат набояд интизор бишаванд, ки баъди ин дастуру супоришҳои ҷиддиву махсус соҳибистедодон худ меоянду хоҳиш менамоянд, то онҳоро барои таҳсил ба хориҷи кишвар бифиристанд. Бояд аз ин ҳақиқат чашм напӯшему эътироф бикунем, ки аксар мутахассисон, ҳунарпешагони соҳа ҷавобгӯи талаботи давр ва соҳа нестанд. Сатҳи ҳунарнамоӣ, навозишро бояд хеле баланд бурд.
Маврид ба таъкид аст, ки ному сифати оркестрҳо симфонӣ аст. Вобаста ба ин, навад дарсади барномаҳои ҳунарии онҳо бояд симфония бошад, аммо чунин нест. Симфонияро худфаъолон навиштаву иҷро карда наметавонанд. Бо истифода аз эҷоди композиторони машҳури ҷаҳонӣ, хоса Ғарб барномасозӣ бояд намуд. Ба оркестр ҷавонони бисёр болаёқатро бояд ҷалб сохт. Аз шароиту имкониятҳое, ки Сарвари давлат дар ин бахш фароҳам овардааст, дилсӯзона ва пурсамар бояд истифода бурд. Аз имрӯз зарур аст, ки ғами фардоро хӯрд, ки чун ба фардо бирасем, дер мешавад ва ҷуброни ғафлату бепарвоӣ ба осонӣ даст намедиҳад. Масалан, барои дарёфту интихоби 4-5 навозандаи созҳои нафасии мисин 40-50 нафар дар ин ришта бояд дар донишгоҳҳои олии кишвар таҳсил бикунанд. На ҳамаи ин 40-50 нафар ҷавобгӯи талаботи оркестри симфонӣ навохта метавонанд. Аксар баъди хатм танҳо ин имконро пайдо мекунанд, ки дар муассисаҳои таълимии соҳа омӯзгор бишаванд. Дар оркестри симфонӣ навозандагоне, ки бисёр заруранд, намерасанд, ба монанди фагот, трамбон, валторна, кларнет ва карнет, туба, алт, виолончел, рожоки англисиву габой. Арфа, ки сози мусиқии шоҳона ё худ шоҳи сози мусиқӣ дар оркестр маҳсуб мешавад. Аз рӯзи таъсиси оркестри симфонӣ сози мазкур ва навозандаи он бояд ҳатман бошад. Ҷойи таассуф аст, ки алҳол ин соз ва навозандаи он дар сатҳи баланди касбӣ вуҷуд надорад. Вазорати фарҳанг бошад, дар ин хусус чораандешӣ намекунад. Дар ин ҳол наметавон умед баст, ки навозандаи онро меёбем ва ё онро аз кишваре барои фаъолият ҷалб месозанд.
Албатта, ҳар қадаре, ки мо барои созҳои зарурӣ ё худ асосии оркестри симфонӣ мутахассисонро тайёр ҳам бикунем, аммо бе даъвати мутахассисони хориҷӣ ба мақсуд ноил гардида наметавонем.
То ба имрӯз як барномаи махсуси оркестри симфонӣ таҳия нагардидааст, то ҳайати эҷодӣ аз рӯи он фаъолияташро дурусту самарабахш пеш бибарад. Табиист, ки аз асарҳои композиторони тоҷик дар ин барнома бояд ворид карда шавад. Аммо бе асарҳои композиторони Ғарб ин барнома мукаммал маҳсуб намешавад. Бо ворид сохтани ин асарҳо сатҳи иҷроиш ё худ навозиши ҳайати навозандагон боло меравад. Яъне ин гуна асарҳо барои сайқали маҳорати ҳайати навозандагон мусоидат мекунанд. Дар ин сурат оркестр ҷавобгӯи талаботи асосии касбӣ ва давр мегардад. Оркестри навтаъсис бояд ҳатман бо иҷрои барномаи мукаммал дар сатҳи баланд муаррифӣ (презентатсия) бишавад. Ин дар ҳолест, ки Вазорати фарҳанг масъул гардида буд, ки ҳайати онро пурра бисозад ва оркестр бо нахустнамоиш муаррифӣ гардад. Аз муддати таъсиси он агарчи якуним сол гузашта бошад ҳам, ягон хабари муждадиҳандаро дар ин хусус намехонему намешунавем. Дархосту хоҳиши ин ҷониб он аст, ки оркестри мазкур дар бисёр чорабиниҳои давлатӣ, ҳукуматӣ бо барномаи рангин баромад кунад. Ғайр аз ин, оркестр барномаи махсуси ҳунарии худро бояд дошта бошад ва тибқи нақшаи муайян ҳар моҳ он як консерт пешкаш бисозад. Барномаҳо набояд такрор бошанд. Ба ин хотир, оркестрро зарур аст, ки пайваста машқ бикунад ва тайёрии ҷиддӣ бигирад. Бо оркестр ақаллан ду-се сол роҳбар, мутахассис (Маэстро), ҳунарпешаи сатҳи ҷаҳонидошта бояд кор бикунад. Вазорати фарҳанг дар ин хусус вазифдор карда шуда буд, аммо онро ба инобат нагирифт.
Умуман, дар ҷумҳурӣ мусиқии миллӣ, махсусан фолклорӣ ривоҷу равнақ ёфта истодааст, аммо ба сатҳи худфаъолӣ. Мусиқии фолклорӣ ҳам бояд дар сатҳи баланди касбӣ иҷро карда шавад. Пештар пешниҳод намуда будем, ки дар кишвар як гуруҳи ҳунарии вертуозӣ таъсис биёбад. Бо ҳисоби 5 нафар - найнавоз, рубобнавоз, доиранавоз, ғижжакнавоз ва қонуннавоз дар назди гуруҳи ҳунарии «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ин гуна гуруҳро таъсис доданд. Мутаассифона, барои онҳо ягон композитор асаре эҷод намекунад. Онҳо худашон бо ҳамон андозаи фаҳмиши мусиқии касбиашон асар эҷод менамоянд. Ин, албатта, барои беҳбудии фаъолият, рушду нумуи мусиқии касбӣ, махсусан вертуозӣ ҷавобгӯ буда наметавонад.
Мусаллам аст, ки дар кишварҳои мутамаддину пешрафта ҳунарпешагон, гуруҳҳои ҳунарӣ аз эҷоди мелодистон, мусиқии миллӣ истифода мебаранд, аммо дар баробари ин ҳатман дар барномаҳои ҳунариашон асарҳои композиторони маъруфи ҷаҳониро ҷой медиҳанд. Асарҳои мазкур ба талаботи иҷроиши сатҳи касбӣ ҷавобгӯянд. Масалан, консерти барои скрипка ва оркестри симфонӣ навиштаи композитори машҳури ҷаҳонӣ Арам Хачатурян, ки дорои техникаи иҷроиши вертуозӣ мебошад. Дар ин ҳол, яъне иҷроиши он зарурат ба вуҷуд меояд, ки бисёр ва пайваста, бо эҳсоси масъулияти бузург аз ҷиҳати техникӣ низ машқу тамрин намоянд. Чунин асарҳо барои навозандагони мо ҳам зарур аст, ки маҳорати худро сайқал бидиҳанд ва сатҳи навохтанашонро боло бибаранд. Пас аз он имкон фароҳам меояд, ки навозандагон асарҳои мусиқии миллиро дар сатҳи баланди касбӣ ба осонӣ ва ҷавобгӯи талабот иҷро бикунанд. Шунаванда ҳам дар ин сурат онро хуш мепазирад ва сатҳи завқ, фаҳмишаш боло меравад.
Дар Вазорати фарҳанг худи мутахассисон ба ин масъала бояд ошноӣ дошта бошанду барои ҳалли он тадбирҳои заруриро биандешанд. Мутаассифона, ягон корманди ин ниҳод мутахассиси соҳаи мусиқии касбӣ нест. Пас чӣ гуна мушкилоти мавҷуда ҳалли худро ёфта метавонад? Бе ин гуна мутахассис чӣ тавр метавон барномаҳои таълими ҳунариро ба хотири рушди мусиқии касбӣ дар кишвар баррасиву тарҳрезӣ намуд? Хоҳ - нохоҳ ба ин ҳол мусиқии касбӣ рушду нумуъ ва густариш намеёбад.
Яке аз мушкилот ё худ проблемаи соҳа кам будани композиторон аст. Оре, мо Иттифоқи композиторон дорем, аммо ба он шахсе сарварӣ мекунад, ки умуман ба соҳаи композиторӣ иртибот надорад, ягон асаре барои сози мусиқӣ, ё сарояндаву гуруҳи ҳунарӣ, оркестр эҷод накардааст. Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 6 композитор дорем. Аз онҳо ҳамагӣ 4 нафарашон фаъолияти эҷодӣ доранду халос. Ин ҳам бошад, Қудратулло Яҳёев, Амирбек Мусоев, Абдураҳмон Тошматов ва Қудратулло Ҳикматов ҳастанд. Зиёда аз 100 нафаре, ки аъзои ин иттифоқ маҳсуб мешаванд, композитор нестанд, балки мелодистанд. Онҳо мусиқии якранг, яковоза эҷод кардаанд ва ҳам барои худашон. Ин овозхонҳо мелодия эҷод карда ва онро навиштаву нависонда чоп намуда, узви иттифоқ шудаанд. Пештар як сохтори хеле ҳам муносиб барои ин гуруҳи оҳангсозон мавҷуд буд ва фаъолияти чашмрас ҳам дошт - Хонаи эҷодиёти халқ. Акнун фурсате фаро расидааст, ки Иттифоқи композиторонро Хонаи эҷодиёти халқ номгузорӣ бикунем. Барои 4 композитор мавҷудияту фаъолияти иттифоқи махсус зарур нест. Аз чӣ сабаб бошад, ки ҳамеша дар кохҳову дигар ҷойҳои фароғатӣ ягон ҳайати касбӣ баромад намекунанд. Фикр мекунам, ки як гуруҳи кам ҳам бошад, ба шунидани мусиқии касбӣ мароқ доранд. Ба ҷуз ин, дар чунин ҷойҳо завқи мардумро бояд ба мусиқии касбӣ бедор намоему биафзоем.
Ҷойи таассуф аст, ки ба ин масъала на танҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намекунанд, балки гуруҳҳои ҳунарии касбиро барҳам дода истодаанд. Як хори хеле хуби камеравӣ дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев фаъолият дошт. Маълум нест, ки бо кадом сабаб Вазорати фарҳанг онро аз миён бурд. Оркестри симфонии ҷаз дар назди гуруҳи ҳунарии «Базморо»-ро низ барҳам дод. Барои таъсиси ҳайату гуруҳи ҳунарии нав аз миён бурдани ҳайату гуруҳи мавҷуда чӣ маънӣ дорад? Фикр мекунам, ба ин пурсиш танҳо Вазорати фарҳанг посух дода метавонад. Дуруст аст, ки фаъолияти Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ чашмрас аст, вале бо ин як театр наметавонем мусиқии касбии ҷаҳониро дар кишвар рушду нумуъ бубахшем. Озмунҳои мусиқии касбӣ умуман баргузор карда намешаванд. Баъзе аз озмунҳо, ҳатто озмунҳои байналмилалиеро, ки пештар мавҷуд буданд, Вазорати фарҳанг дигар доир нанамуд. Барои мисол метавон озмуни байналмилалии ба номи Малика Собироваро дар соҳаи балет ном бурд. Бо чӣ мушкилиҳо ин озмунро масъулони вақт созмон дода буданд. Ҳоло он дигар вуҷуд надорад. Борҳо пешниҳод карда будем, ки озмуни сарояндагони касбиро ба номи шодравон Аҳмад Бобоқулов таъсис бидиҳанд, аммо ҳеҷ натиҷа надод. Озмуни навозандагони созҳои мусиқӣ нест. Аз ин рӯ, пешравӣ дар соҳаи навозандагӣ дида намешавад ва барои сайқали маҳорати касбӣ камтар саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Тавре гуфтем, вертуозҳо пайдо намешаванд. Тавре мебинем, ба мактабҳои мусиқӣ вазорат таъсири мусбат надорад. Пештар ба ин мактабҳо ниҳоди мазкур дастурҳо пешниҳод менамуд. Мутахассисонро барои назорат ва ҳидояти дуруст мефиристод. Ҳолиё ин мактабҳо ба ихтиёри шуъбаҳои маорифу фарҳанги ноҳияҳо вогузошта шудааст. Барои ҷашнҳои миллӣ гузаронидани озмуни хорсароёни худфаъоли ҷумҳурӣ, борҳо пешниҳод шуда буд. Гӯё, ба посухи мутасаддиёни Вазорати фарҳанг, ҳамсароӣ (хор) барои миллати мо бегона бошад. Бори дигар ёдовар мешавем ва таъкид мекунем, тамоми имкону шароит аз ҷониби Сарвари давлат барои пешрафти мусиқии касбӣ фароҳам оварда шудааст, аммо масъулони вазорат дар ин ҷода кам эҳсоси масъулият мекунанд.
Пешрафти ҷаҳони муосир, аз ҷумла дар соҳаи мусиқии касбӣ, мо - миллати куҳанбунёду мутамаддинро водор менамояд, ки бештару беҳтар аз пештар рушду нумуъ бикунем. Он гуна, ки ҷаҳон аз адабиёти ғании классикии мо дурусту пурманфиат истифода мебарад, мо низ бояд ҳамин тавр аз мусиқии касбии классикии ҷаҳонӣ истифода бикунем ва миллатро дар сатҳи баланд муаррифӣ бинмоем.
Боварии комил дорам, ки мо - тоҷикон аз уҳдаи иҷрои ин рисолати бузурги касбӣ ва ҳунарӣ ба хубӣ баромада метавонем. Фақат масъулон бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва шаҳрвандӣ ба ин масъала бо дилсӯзиву ғамхорӣ бояд таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Холаҳмад МАҶИДОВ,
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон

Хонданд 629

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.