.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Фарҳанг

Маро марги ту шоир кард, модар!

Сен 15, 2018
Диданд: 63
Маро марги ту шоир кард, модар!

14 сентябр-рӯзи вафоти модарам

Меҳроби муҳббатам! Машъали меҳри синаафрӯзам! Гулдузии хуршеди ҳама рӯзам! Чаро ғуруби бемаҳал кардию дар торикиҳои зиндагӣ танҳову сарсонам намудӣ? Чаро ғунчаҳои орзӯи боғи диламро пажмурда карда, доғи фироқатро меросам гузоштӣ? Зиндагӣ бе ту бароям ниҳоят сахту сангин аст модар! Он фасли тирамоҳ, он рӯзи видоъу хазонрези умри ту ҳаргиз аз хотирам зудуда намешавад.  

Тирамоҳи хазонрез буд. Дарахтон ғарқи андӯҳу шохаҳо сарду урён. Баргҳои заъфарон таронаи ҳазини "оҳ"-ро замзама мекарданд. Ғарқи хаёлҳои мағшуш дар боғчаи хонаам қадам мезадам. Аз хиш-хиши дардолуди баргҳои хазону хушк ҳасрати умри кӯтоҳи туро эҳсос кардаму борони сиришк рӯямро тар кард. Ту рӯйи долони хона дар бистари беморӣ мехобиди. Ду барги рӯят пажмурда буду пайкарат афсурда. Фарзандон, хешону ҳамдеҳагон сари болинат ашк мерехтанд. Баробари «очамой...» гуфтани апаам ҳуш аз сарам рафт. Марги бераҳми савори аспи сиёҳ ба гулбоғи умри ҷавонат шабохун зад. Лолаҳои умеду орзӯятро решакан карду дунёи равшанро дар нигоҳам тира сохт. Аз он рӯзи шум чаҳоряк аср сипарӣ шудааст, вале чуғзи ҳасрату алами марги ту то ҳанӯз дар вайронаи дилам нолаи ҳазин мекашад.

Модар, ту такягоҳу сарпаноҳ ва умед дар ноумедиву шодиям буди. Миёни фарзандонат маро, ки маъюб ба дунё омадам, бештар меҳрубонию ғамхорӣ мекардӣ. Ҳар гаҳе ки мегуфтам: «оча, инҷоям дард мекунад», якбора «оҳ» гуфта ранги рӯят мепарид ва мегуфти: «ту касал нашав, ки ҷони ман дард мекунад».

Лаҳзаҳои хотирмони ҳаётамро бо ту пеши назар меораму ду лаҳзаи айёми бачагӣ хотирамро мағшуш мекунад. Лаҳзаи якум ин аст, ки як рӯзи тобистон дар дашти болои зодгоҳам, деҳи Миёнадара каҳ дарав мекардам. Қиёми рӯз буд. Ин ҳангом дидам, ки дар як дастат досу дар дасти дигарат чою нон гирякунон ба сӯям меойи. Расидан замон ба оғӯшам кашидиву гиря карди. Саратро силакунон гуфтам, ки «гиря накун, оча». Гуфти, ки  падарам нисбати ман бераҳм аст. Баъдан, маро сари дастархон шинондию худ гирякунон ба дарави каҳ машғул шудӣ. Дарав мекардиву мегиристӣ ва падарамро сарзаниш мекардӣ. Кӯшишу зории ман туро аз дарави боз дошта надошт. «Очаҷон, бас аст, биё ба хона равем» гуфта зорӣ мекардам, вале, ту мегуфти, ки «не бачам, то ҳамин каҳдарава тамом накунам, хона намерам, дигар тоқати дидани каҳдравии туро надорам». 

Лаҳзаи дувум. Тирмоҳ буд. Зиёд аз кӯҳ ҳезум мекашонидам. Дилат ба ман месӯхту, ба аппаҳоям амр мекардӣ, ки «то зимистон нашавад, аз ҳезӯми бачам истифода набаред. Аз ҳезумои овардагии бовотун (падарамон) алови нон кунед». То шурӯи фасли зимистон ҳезуми овардаи падарам тамом мешуду ноилоҷ рӯ ба ҳезумҳои кашонидаи ман меоварӣ. Ҳезумро бурда ба оташдон мегузоштиву гиряву нола мекардӣ. Медонистам, ки бо сухтани дарзаҳои ҳезуми ман ҷону дилат месӯхт. 

Модарҷон! Ин шаби тори танҳоиро бо хаёлу ёди ту паси сар мекунам. Хоб аз манзили чашмонам фирорӣ шуда, кабутари нигоҳам аз лонаи чашмони хастаам гоҳ ба замину гоҳ ба само парвоз мекунад. Бо сукути  шаб ва моҳу ситораҳои дурахшон рӯ ба рӯ мешавам. Ин ҳангом ғайриихтиёр симои нуронии ту ба ёдам меояд. Дафтарамро чун ҷойнамози карбосии ту пешам мекушояму намози қудсиамро ба номат иқтидо мекунам. Дар намоз ояти сабзи шеърамро бо номи «Марги модар», ки аз осмони дилам чун илҳоми бузурги раббонӣ нозил мешавад, қироат мекунам... 

 

Дар ин шоми сукути фасли поиз,

Асири ашку оҳ аст пайкари ман.

Тамоми ҳастӣ мегиряд, хаёлам,

Чу ман имшаб ба марги Модари ман.

 

Бубинам ахтарону моҳи гардун

Даруни абри мотам дар азоянд.

Ба оҳанги ҳазини ашки борон

Ба сӯям арзи ҳамдардӣ намоянд.

 

Дарахтон ҳам ба боғи хонаи ман,

Сияҳпӯшанду оҳи сард бар лаб.

Биборад ашки зарди ҳасрати барг

Зи чашми шохаҳо дар домани шаб.

 

Ҳама ин сӯгу ҳамдардӣ, ки доранд

Сипеҳру ахтару моҳу дарахтон,

Барои ҳурмати шаъни ту бошад,

Дар ин шоми видоат, модари ҷон!

 

Ва ман имшаб ба номи«Марги Модар»,

Ба хуни дил суруде кардам эҷод.

Ки бо оёти ашъорам, Худованд,

Аё модар, кунад рӯҳи туро шод!

Модар, имшаб баъди ин қадар хаёлу бехобӣ ва азобу мӯйшикофӣ дар тавлиди шеъри “Марги Модар” ранҷу машаққати туро дарк кардам ва фаҳмидам, ки ту офаридгори ҳаётӣ! Худованд дунёро ба хотири ту офаридааст ва онро барои зиндагии осудаи фарзандонат болои дастонат нигоҳ доштаӣ. Ҳашт боғи сабзу хуррами биҳиштро, ки маъвои абадии фарзандони накӯкорат аст, зери қудуми муборакат гузоштааст. Заминро дар қудуми шарифат пойандоз ва осмонро соябони сарат кардааст. Хуршедро болои сарат маъво додааст, ки рӯзгоратро нуру зиё бахшад. Гаҳворае, ки дар он тифлатро ба воя расонидӣ, суруди «алла»-ро хонди аввалин дабистони зиндагии ман аст. Аз ҳамин даргоҳ оғоз шуд зиндагии ман.

Субҳи деҳа медамад. Бисёр хастаам. Ранҷу азияти шаби танҳоӣ мадор аз пайкарам дур кардааст. Базӯр худро ба по медораму роҳ сӯйи мазорат пеш мегирам. Ин лаҳза хуршеди меҳрубон дар оғӯши абрҳои баҳорӣ нопадид аст. Абрҳо болои сарам чун ҳамдарду ғамшарик то мазори ту ашкрезӣ мекунанд. Ва ман сари турбати гулпӯши ту қарор мегирам!

 

Бар мазорат Модари ҷон, рӯзи борон омадам,

Бо дили лабрези дарду чашми гирён омадам.

Чун маризи мубталои дарду доғи бекасӣ,

Баҳри таскини дилу умеди дармон омадам.

 

Дар сари қабрат шукуфон гашта лоламашъалон,

Чун дилам дар шоми ҳиҷронат зи ашки осмон.

Водии дилгири хомӯшон дигаргун кардаанд

Лоламашъалҳои худрӯи ҳазини арғувон.

 

Модари ҷон, қисмати ҳар одаме бошад чунин,

Зиндагониву талошу оқибат зери замин.

Ин мазоре, ки ту ҳоло хуфтаӣ дар он, яқин,

Манзили фардои фарзанди ту ҳам бошад ҳамин…

Модар, ту беҳамтоӣ!

 Забону қалам қудрати васф кардани бузургиатро надоранд. То вақти бо ту будан рӯзгори беғашу беғам доштам. Фақат баъди маргат донистам, ки зиндагӣ сарои пур аз тазод будааст. Дар муқобили хурсандию умед ва бурду барор ғаму навмедӣ ва бохту нокомӣ будааст. Бераҳмии тақдир оқибат ҷонамро фигору ниҳоли қоматамро хам кард. Гумон мекардам, ки ғуссаи бемодарӣ дигар имкону иҷозаи зистанам нахоҳад дод, вале, «банда сарсахт аст» гуфтани бибиам рост будааст. Намурдам. Ғаматро хӯрдаву мурда-мурда зиндагӣ кардам. Марги ту, ғаму дарди ту оқибат маро шоир кард. Рӯҳат шод бод Модар!!!

Валиҷон Баёнӣ, 

шоир ва рӯзноманигор.

Хонданд 63
70 солагӣ ба мо муборак бошад, устоди азиз!

Хар сол санаи 10 сентябр ба устод занг мезанам ва мешунавам: «Нисо, зодрузи ман ба шумо муборак бод!». Ин на муболиға асту на киноя. Лутфи бемуҳоботи устод, ки воқеан зодрӯзашон ба ид табдил ёфтааст. 

Дар як суҳбат бо устод Иброҳим Усмонов шогирде  гуфт, ки “Шумо медонед, ки  фалонӣ одамгарӣ надорад, нисбати шумо беҳурматӣ мекунад, вале  ҳангоми  навиштани кори илмӣ ва унвонгирӣ Шумо ба ӯ кӯмак кардед, тақриз навиштеду маслиҳат додед”.  Устод дар посух гуфтанд, ки «он кас одамгарӣ надорад, вале илм дорад, манфиаташ ба шогирдон бештар мерасад».

Бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки барои  устод  манфиати умум дар ҷойи аввал аст на манфиати шахсӣ. Илм ва дилбастагӣ ба илму маърифат дар ҷойи аввал меистад. Шояд нафаре ба мисли устод Иброҳим Усмонов чунин фидокору сермаҳсул набошад дар илми журналистика. Ба андешаи ман, устод шогирд ва яке аз пайравони воқеии мактаби журналистии Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Бобоҷон Ғафуров ва Воҳид Асрорӣ ҳастанд. Соҳибмактаби илми журналистика буда, барои пойдории он саҳми арзанда гузоштаанд. Асари серҷилдаи «Журналистика» далели ин гуфтаҳост.

Устод тоҷикона ифтихор ва тоҷикона андеша доранд. Устод маҳал надоранд, як ватан доранд. Аз тоҷик будан ифтихор кардану ифтихори миллӣ доштанро талқин мекунанд. 

Яке аз аввалинҳое буданд, ки соли 1987 мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикиро пешниҳод кардаанд, ки имрӯз аз он ёд намеорем. Дар бораи таърихи тоҷикон, забони тоҷикӣ мегӯянду менависанд. Ин гоҳо ба бегонапарастон сахт мерасад. Дар суҳбате гуфтанд, ки “ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”. Шояд ин ҳарфҳо ба аксарият писанд наояд. Боз ҳам ба андешаи ман Устод батақвотар аз нафаронест, ки дар зоҳир худро батақво нишон додан мехоҳанд.  Дар тамоми гӯшаву канори кишвар шогирдони худро доранд. Ҳисси маҳалгароӣ барои он кас бегона аст. Барои он ки Устод шахсият ҳастанд ва шахсият сохтан мехоҳанд. Як аспирант гуфт, се сол шогирди муаллими дигар будам. Корамро ба сомон расонида наметавонистам. Вале як суҳбат бо устод Иброҳим Усмонов равиши кори ман ва дарки мавзӯъро бароям мушаххас кард ва бо се соли гузашта баробар шуд. Устод сахтгиру серталабанд ва онро бо маҳорати аҷиб анҷом медиҳанд. Боре дар рӯи маводи пешниҳодкардаам навишта буданд, ки «аз худ рафтаед, наход ҳамин кори рӯбардоршударо пешниҳод кунед». Ман аз ин навиштаҳо сурху сафед шудаму азоби виҷдон кашидам. Гуфтам, ки беҳтар мебуд як шаппотие ба рӯям мезаданд. Вале  ин сахтгирӣ маънии ғамхориро дошт. Инро дарзамон пайхас кардам.

Ҳар боре дилозурдаву хаста аз бори рӯзгор гардам, ба назди Устод меравам. Аз онҷо бо авзои комилан дигар ва рӯҳи болида бармегардам. Ҳунари талқин карда тавонистан, сухани лозимаро ёфта гуфтан, роҳнамоӣ кардан аз истеъдодҳои нотакрори устод Иброҳим Усмонов аст. Як нафар шогирд гуфт, ки агар Устод ширро сиёҳ гӯянд бовар мекунам, зеро чунон қотеона ва боварибахш мегӯянд, ки бовар накарда намешавад.  Ин маҳорат ба осонӣ намеояд, пайваста омӯхтану бедордил буданро металабад. 

Суханҳои наву беҳтарини устодро дар дафтари хотира то ҳанӯз ҳам сабт мекунам. Замони донишҷӯ буданам гуфта буданд, ки “аз хизматгори касе будан, хизматгори давлат будан беҳтар аст”. Расонаҳои давлатиро барои кор рафтан интихоб кунед. Баъди гузашти солҳо дарк намудам, ки Устод воқеан дурбин ҳастанд.

Устод зиндаҳоро мепарастанд ва ба хотири зиндаҳо аз рафтагон зикри хайр ва аёдат доранд. Зиёрати қабри шодравон Воҳид Асрорӣ ва дигар бузургонро аз устод Иброҳим Усмонов омӯхтам. Ҳамасола дар арафаи иди Ғалаба аз мазори Сари Осиё гузар карда, ояте  дар ҳақи хуфтагон мехонанд. Қадршиносӣ, поси хотир нигоҳ доштан, хайрхоҳ будан, бахшида тавонистан, беғараз буданро аз устод бояд омӯхт. Пурэҳсос будану якраву якрӯ буданро аз устод омӯхтам. Устод боре гуфтанд, ки “мо муаллимон боифтихор ҳамаи шогирдонеро, ки сабақ додаем, шогирд мегӯем. Лекин муҳим он аст, ки шогирд эътироф кунад, ки устодаш кист”. Ман аз он тоифае ҳастам, ки Шуморо ба устодӣ қабул кардаам.

70 солагӣ ба мо муборак бошад, устоди азиз!

Нисо Абдукамолова

Хонданд 53

Коммунисти демократ

Сен 15, 2018
Диданд: 50
Коммунисти демократ

Баландӣ чист, бузургӣ чист? Саволе, ки ҳар кас метавонад аз нигоҳи худ посух гӯяд, аммо гуфтан мумкин аст, ки дар касби рӯзноманигорӣ ба ғайр аз қуллаҳои баланди диёр баландиҳои бисёре ҳастанд, ки гоҳо мо онҳоро нодида мегирем ва зиёда аз ин на ба ҳама имкони расидан ба ин гуна қуллаҳои бо кӯҳсорони мо баробар муяассар мегардад. Касе ин баландиҳоро мебинад, ки аз оламу одам бохабар бошад, неку бадро аз ҳам ҷудо кунад.

Аҷиб он аст, ки дар рӯзгори мо гоҳо ҳампоягону ҳампешагон дар баҳри ҳасад фурӯ рафта, ба ҳам сангандозиву бадгӯйӣ мекунанд, аммо хушбахтона ин устоди бузурги мо аз ҳамаи ин мартабаҳо болотару волотаранд, касеро надидаем, ки рӯйирост ё пинҳонӣ ба устод ҳасадхурӣ намояд. Ҳама медонанд, устод Иброҳим Усмонов аз ҳамаи ин дардҳо покизаанд, на ба касе ҳасад мебаранд ва на касе пайдо мешавад, ки дар ҳаққи он кас олимона, оқилона кинаҷӯйӣ кунад, зеро ҳадди фарҳангу дониши устод болотар аз  ин одатҳост, ба таърифашон  ҳам, ба бадгӯйиашон ҳам қудрати мо намерасад... Донишманд донишманд аст.  Ба гуфтае раванди болоӣ ба «фитратҳои дунёӣ»-и халқи арҷманди мо вобаста аст, ки пас аз гузаштани садсолаҳову ҳазорсолаҳо «Калила ва Димнаҳ»-ҳо, «Шоҳнома»-ҳо, «Қобуснома»-ҳо, «Сиёсатнома»-ҳо, «Футуватнома»-ҳо то ба имрӯз истифода мегарданд ва танҳо тавассути онон номи қабоилҳои ҳукмрон ёдоварӣ мегардад. Муайянкунандаи сиёсати ин давлатмардони қаблӣ низ ба асарҳо ва навиштаҳои нависандагон, муаррихон, адабиётшиносон, рӯзноманигорон ба гуфтаи ҳамкашони дохиливу хориҷии устод ва худи устод «рӯзноманигории қабл аз рӯзноманигорӣ» вобаста аст. Бубинед дар байни шоҳони гузашта шоирон ва нависандагон, сафарноманависон кам набуданд, аммо пас аз онҳо ҳеҷ касе аз рӯйи навиштаҳои онҳо давраи ононро баҳо ва баҳогузорӣ наменамояд. Сабаби инро мо пеш аз ҳама дар масали халқии тоҷикон дормеёбем, ки ин аст: «Ҳеҷ кас дӯғи худро турш намегӯяд».  Ва миннаатдории худро халқ рӯҳан ва амалан ба муаллифони ин офаридаҳо баён менамояд, ки аз худ чунин асари безаволе гузоштаанд, ки таввассути онон  бо  гузашта ошно гашта, имрӯзаи миллатро сохтан мумкин аст. Офаридаҳои устоди моро ба ҳамин поя гузоштан мумкин аст, ҳарчанд имрӯз мо аксаран аз он офаридаҳо чашмпӯшӣ менамоем ва худро нодида мегирем, аммо таърих хусусияти аслиаш он аст, ки бо гузашти солҳо ҳама чизро ҷо ба ҷо менамояд. Ин нуктаро дар таъриху таърихшиносӣ «иқболи баланд» мегӯянд, ки воқеан халқи арҷманди тоҷик, миллати тоҷик дорои он аст ва инро устод хеле хуб дарк менамояд ва ба шогирдон ва пайравонаш низ ҳамеша ҳамин чизро тавсия медиҳад.

Ҳамин иқболи баланд буда, ки мо замоне дар зери роҳбарии устод донишҷӯ будем ва он кас декани факултаи филология гаштанд ва ин коммунист рӯҳи озодидӯстиву озодипарастиро дар факултаи филологияи тоҷики он замон давлатӣ, ҳоло миллӣ роҳандозӣ намуд ва муваффақ низ гашт. Ҳамин коммунист тавонист, ки дар замони  «гулгулшукуфӣ»-и замони шӯроҳо андешаҳои демократии воқеиро дар факултаи филологияи тоҷик роҳандозӣ намояд. Бояд гуфт, ки он замон мо аз нигоҳи фунуни «Таърихи партияи коммунистӣ»,  «Фалсафаи марксистӣ-ленинӣ», «Атеизми илмӣ», «Коммунизми илмӣ» ба ҷаҳон менигаристем ва ҷаҳонро ба ду сохтор, сохтори коммунистӣ ва капиталистӣ, ки имрӯз мо сармоядориаш мегӯем, ҷудо менамудем ва сохтори навине, ки пас аз капитализми ваҳшӣ дар сарзаминҳои дигар бо номи демократия ба вуҷуд омада буд, бохабар бошем ҳам, онро давоми сохтори давлатҳои капиталистии истисморгар медонистем, чунки устодони фунуни ҷомеашиносӣ онро ба мо «беруннадидаҳо» чунин муаррифӣ менамуданд ва ин амал дар расонаҳои хабарии собиқ шӯравӣ ҳам маъмул буда, аз он касе қадаме берун гузошта наметавонист. 

Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дар расонаҳои хабарии ин кишвар низ ҳамеша аз паи баҳо додан ба сохторҳои коммунистӣ ва капиталистӣ буданд ва мо низ ҳеҷ ҷоеву ҳеҷ чизеро ба ҷуз аз китобҳои боло нахонда сохторе, ки зиндагӣ менамудем, аз сохторҳои дигари ҷаҳонӣ боло медонестем. Устод ҳангоми сӯҳбатҳо зиёда вақт аз мо мепурсид: «Фалон ҳикоя, повест ва ё романи нависандаи олмонӣ, инглис, лаҳистонӣ ва ғайраро хондӣ», ба тасвири сохтори ҷамъиятии он диққат бидеҳ ва хулосаи худро барор. Устод тавассути китобҳои бадеӣ андешаи моро тағйир медод. Ӯ аввалин муаллиме буд, ки моро маҷбур менамуд дар бораи достони «Шоҳ Лир»-и Шекспир андеша намоем, ки чаро духтарони шоҳ Лир ӯро овораву саргардон намуданд ва ӯ чаро танҳову бекас дунёи фониро падруд гуфт? Ва мо ҳамаи инро дар аввал афсона медонистем, аммо пас аз андешаи умқ сохторро, муборизаҳои давраҳои гузариши аз як ҷамъият ба ҷамъияти дигарро дар он навиштаи Шекспир дармеёфтем. Ин буд, ки устоди коммунисти мо сохтори демократиро аввалтар аз ҳама дар факултае, ки худ сарварӣ менамуд, роҳандозӣ намуд. Он замон донишҷӯ ҳатто ҳуқуқ надошт, ки сар боло намуда ба устодони коммунист ва комунистмаобони графо-коммунист, ки дар факулта хеле зиёд буданду аз ибораи «ҳоло ист, дар имтиҳон ва ину он чорабинӣ (аз ҷӯмла ғунучини дастаҷаъмонаи ҳосили пахта ва ғайра) ман ба ту нишон медиҳам», мегуфтанд, ҷавоб доданро ба мо ӯ ёд дод, аммо бо донистани қонунҳои ҳизби коммунист ва қонуни асосии давлати шӯроҳо худро дифоъ намудан дар ин раванд дар ҷойи аввал истоданро дар ин гуна ҳолатҳоро низ вай ба мо омӯхт. Ҳуддифоъкуниро мо бевосита аз устод ёд гирифтем. Қабл аз устод декани факулта будан, ҳатто донишҷӯ дар кӯча агар чунин устодонро медид, аз тарс ва қасосгирии он устоди графо-коммунист роҳи худро тағйир медод, ки он устод ӯро набинад. Устод ҳангоми декан будани худ ҳамин раванди номатлуб «тарси инсон аз инсон»-ро то ҳадде гум кунонда тавонист ва акнун дар факулта донишҷӯҳое пайдо гашта буданд, ки андешаи худро озод баён менамуданд, аммо на чун ғайбат балки рӯ ба рӯ бо оне, ки шахсият ва андешаи  ононро таҳқир менамуд ин ҳолат ба вуҷуд оварда мешуд. Дар ҳамин давра «ғайбат» ва «миш-миш»-и донишҷӯ аз устод ва устод аз донишҷӯ кам гашт ва гуфтан мумкин аст, ки фазои факултаи филология тавассути як журналисти роҳбар тағйир ёфт ва ин тағйирёбӣ дид, андешаронии ҳам устодон ва ҳам донишҷӯёнро нисбат ба якдигар дигар намуд. Дигар донишҷӯ аз устодони коммунистмаоб ва диспечер (имрӯз танзимгар) апаи Мисригул,  котибаи декан Таня намеҳаросид. Бо онон озод сухан мегуфт. Албатта ин рафтору кирдори декани коммунисти демократ на ба хамаи устодон писанд набуд. Махсусан устодони фанҳои ҷамъиятӣ қариб дар ҳама ҷо ғайбати устодро менамуданд, аммо имрӯз он замонро ба хотир оварда мо гуфта метавонем, ки пояи аввалини демократияро устод Иброҳими Усмон дар факултаи филология монд. Шояд то он замон дар кулли мактабҳои олии Тоҷикистон чунин раванд набуд. Мумкин, ки буд, аммо дар факултаҳои дигари Донишгоҳи давлатии (имрӯз миллӣ) Тоҷикистон дар собиқ ба номи В. И. Ленин воқеан набуд. Пас поягузори демократия дар ин даргоҳ устод буданд. Дигар донишҷӯи каму беш аз ҳуқуқи худ бохабар худро дифоъ менамуд, чун медонист, ки дар пасаш устоди мо коммунисти демократ Иброҳим Усмон аст ва ӯ мӯйро аз хамир ҷудо карда метавонад  ва тарафайнро ба мусолиҳа оварда метавонист, равғане, ки оташи даргирифтаро рӯшантар менамуд, намегузошт, ки ба болои оташ аз сари нав  чош бидиҳанд ва алангаи онро зиёд намоянд. Ҳамин равандро ҳангоми сулҳи тоҷикон низ устод ба кор бурдаанд, ки инро аз назари он кас ҳангоми сӯҳбат, мусоҳибаҳо ва навиштаҳои устод дарёфтан мумкин аст.

Ин як амали аслии журналист мебошад, мусоҳибро гӯш кардан ва ҳангоми сӯҳбат бо саволҳои майдаву калон пурра намудани мавзӯи таҳқиқ ва ё ба гуфтае мавзӯи интихобнамуда мебошад, ки мо ҳангоми донишҷӯ буданамон аз устод ёд гирифтем ва имрӯз ҳам дар ҳамин радиф кор ва фаъолият дорем.      

Ҳошо, ки дар сарзамине, ки мову шумо ба дунё омадаем, касе, ки кӯҳсорони баланди моро мебинад, шефтаи онон мегардад, аммо «кӯҳҳо»-и баланди имрӯзаи маърифату ирфонро мо худ нодида мегирем, шояд хуни мо инсонҳоро парвардигор ва ё табиат чунин сиришта. Ғарами пахтаву алаф, хасу хошокро, баландии қуллаҳои кӯҳсоронро мебинем, аммо баландии инсони баландпарвозро, ки ҳамроҳи мо буду бош дорад, ҳис наменамоем. Дар ин росто агар ба тамаддуни имрӯза баҳо диҳем аз ғарамҳо, баландиҳои будаву нобудае, ки мо мегӯему менависем баландиҳое вуҷуд дорад, ки он ба инсони комил марбут аст ва чунин одамон дар ҷомеаи кунунии мо дар тамоми сохторҳои ҷомеаи мо воқеан вуҷуд доранд, ки рӯзноманигор бояд ба баландии назар ва диди ин гуна одамон баҳо дода тавонад, ки устод яке аз чунин чеҳраҳои камшумори ҷомеаи кунунии мост. Дар ин  ҳолат дигар баландиҳои табиӣ, ҷузъе аз табиат боқӣ мемонад ва қадри инсони рӯҳшинос ва ҷомеашинос, созанда, офаранда аз кулли қуллаҳои осмонбуси на танҳо Тоҷикистон, балки ҷаҳон баландтар мегардад. Устод ҳамин баландиҳои инсонро дарёфта, мо шогирдонашро ба ҳамин рӯҳия тарбия намудааст. Барои устод баландии кӯҳҳо, ғарамҳои зиёди анвои растанӣ ва ашёҳои дигари табиӣ дар пеши баландии қудрати инсон поёнтар аст ва ӯ ба қудрати инсон бовар дорад ва онро ба гуфтаи устод Рӯдакӣ «ба чашми хирад» мебинад. Мо медонем файласуфон аксар вақт «хирад ва дониш»-ро як донистаанд. Аммо ҳангоми баррасии рӯзгор ва фаъолияти устод мо ин ду вожаро дигар хел дарёфтем ва бар замми донишманд будан соҳиби хиради воло будани он кас дар ҷои аввал аст. Ин ҳар ду сифатро на ҳар кас доро мебошад ва агар касоне доранд, яки онро доранд ва ононе, ки ҳардуро доранд, чун устоди мо дар тамоми ҷомеаҳои инсонӣ ангуштшумор буданд ва ангуштшумор мемонанд.

Маданияти баланди устодро солҳост дар муҳокимаҳои гуногуни маводу матлаб, рисолаҳои илмиву таҳлили офаридаҳо мебинем. Устод ҳеҷ гоҳе чун баъзе аз уламои навини соҳа, навиштаи нафарареро сиёҳу сафед наменамоянд, бо ифтихор хат намезананд, бо валвалаву ҳамҳама сухан намегӯянд, балки бо сухани нек, агар кор ба талаботи илмӣ ҷавобгӯ набудан ва ё навишта хонандаро қонеъ накунонданашро дарк кунанд, бо мулоиматӣ ва хеле самимона чунин мегӯянд: «Шумо худатон ин чизро хеле хуб аз мо медонед…» ва аслан ҳамин гуфта барои воқеан одами аҳли фаҳм кофӣ аст, ки андеша намояд, устод чӣ гуфтанианд. 

 Ҳангоми навиштани ин сипосномаи то ба ҳол дар пеши устод шогирдона, гуфта метавонем, ки дар сарзамине, ки мо буду бош дорем, баландиҳо дар ҳар сари қадам ба назар мерасад, аммо баландие баланд аз рӯҳи инсони комил, ки устод дар ҳама ҳолатҳои зиндагии пур аз шебу фарози худ дорои он будааст,  нест! Устоди азиз ҳамеша баланд ва сарбаланд бошед ва дар охир ин мисраъҳои шодравон шоири шаҳири воқеан миллии тоҷик, устод Лоиқ ба хотирамон мерасад, ки аз ин зиёдтар нисбат ба шумо дар адабиёти имрӯзаи тоҷик чизеро дарнаёфтам. Ва танҳо гуфта метавонем, ки «баландие баланд аз рӯҳи ту нест». Табъатон шод ва рӯҳатон болида бод. Ҳамеша бо мо бошед:

Зи кулли қуллаҳои сар ба афлок

Сари мо сад ҳазорон бор болост.

Бале, дар сарзамини мо

Баландиҳои бисёр аст, аммо

Баландие баланд аз рӯҳи мо нест!..

Қутбиддин Мухторӣ

Дӯстмуроди Бобо

Хонданд 50
Сӯфизода: Ҷомеаи мо ба “Гулистон”-и Саъдӣ ниёз дорад!

Мусоҳибаи Умед Пудинаев бо Шодимуҳаммади Сӯфизода, Директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Ганди, доктори илми филология, адабиётшинос ва аз пажӯҳишгарони шинохтаи адабу фарҳанги порсии Тоҷикистон дар остонаи «Рӯзи китоб» дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 4-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад. 

- Устод, тибқи мушоҳидаҳои Шумо, кайфият ва аҳамияти китобхонӣ дар кишвари мо чи гуна аст?

- Қаблан дар ҷои кор, дар хона, дар роҳ, дар истгоҳ, дар дохили троллейбусу автобус одамоне ба чашм мехӯрданд, ки машғули мутолиаи китоб, рӯзнома ва ё маводи дигари чопӣ буданд. Чунин саҳнаҳое хеле хурсандиовар ва дилгармкунанда буд. Шигифто, ки чунин саҳнаҳо имрӯзҳо кам ба чашм мерасад. Дар ҷомеае, ки алоқа ба китобу китобхонӣ камтар аст, бемориҳои иҷтимоие мисли бетаҳаммулӣ, ифротгароӣ, хушунат ва дигар рафторҳои номатлуб хеле зиёд аст. Аврупоиён муътақид бар онанд, ки миллате, ки китоб намехонад ва китобро муътабар намедонад, аз пешрафту рушд дар канор хоҳад монд ва маҳкум ба такрори саҳифаҳои торики таърих аст. Кишварҳои мутараққӣ пешрафту тавсеаи хешро мадюни хониш, омӯзиш ва дониш медонанд. Теъдоди чопи китоб ва мизони китобхонӣ дар ин кишварҳо хеле болост. Китоб дӯст ва аниси ҳамешагии онон аст: дар дохили мошин, ҳангоми мусофират, ҳангоми истироҳат, яъне як лаҳза китоб аз онҳо дур нестанд. Аврупоиёну амрикоиҳо аз ҳар фурсате барои хондан ва маърифат андӯхтан ба таври босамар истифода мекунанд. Пажӯҳишҳои оморӣ нишон медиҳад, ки дар Англия шабонарӯзӣ якуним соат сарфи китобхонӣ мешавад, дар давлатҳое чун Туркия ва Малайзия мардум панҷоҳу панҷ дақиқа дар шабонарӯз машғули китобхонӣ ҳастанд. 

Худатон шоҳиди ҳамарӯзаи зиндагии мо ҳастед, қазоват кунед, ки мизони китобхонӣ дар кишвари мо чи гуна аст! Китобхонӣ бештар дар миёни донишҷӯён ва таҳсилкардагон роиҷ аст, қишрҳои дигари ҷомеа аслан ба истилоҳ китоббадбин ҳастанд. Мизони истифода аз китобҳои ройгони китобхонаҳо низ дар муқоиса бо солҳои гузашта паст аст, намоишгоҳҳои миллию байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишвар натавонистаанд ба вазъияти китобхонӣ дар кишвар беҳбуд бахшанд. Ҳарчанд давлат ба ин намоишгоҳҳо ҳусни ният дорад, вале онҳо ба ҷуз сару садои таблиғотӣ чандон муассир нестанд. Шояд таҷрибаҳои дигаре лозим бошад. Масалан, хеле хуб мешуд, агар шаҳрдории пойтахт дар яке аз биноҳое, ки дар хиёбони марказии шаҳр сохта мешаванд, маркази бузурге бо номи «Шаҳри китоб» таъсис бидиҳад ва дар ин замина барномаҳои васеъеро дар роҳи таблиғи китобу дониш ба роҳ монад.

- Ба назари Шумо,  вазъи китобдорӣ дар замони истиқлол дар чи сатҳ аст, бахусус дар Китобхонаи марказии АИ ҶТ? Чи бояд кард, ки вазъият беҳтар шавад?

- Хушбахтона, сарфи назар аз норасоиҳо дар таблиғу тарвиҷи китоб ва китобхонӣ ба ҳиммат ва роҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои муаззам, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 сол пеш бузургтарин китобхонаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе сохта шуд, ки бо таҳҷизоти наву пешрафта таъмин гардид ва ҳамаи шароитҳоро дорост. 

Дар замони шуравӣ Китобхонаи марказии Академияи илмҳо беш аз 120 корманд дошт. Аммо, имрӯз шумораи кормандони Китобхона панҷоҳ нафар аст, ки ин теъдод барои хадамоти китобхонаро мутобиқи тақозои замон ва талаботи хонандагон ба сатҳи лозима боло бурдан кофӣ нест. 

Китобхона таърихи ҳаштоду панҷсола дошта, дар хазинаи он беш аз якуним миллион китоб мавҷуд аст. Шумори зиёде аз онҳо китобҳои нодиру камёби илмӣ мебошанд. Бояд арз кунам, ки шароити нигаҳдории китоб хуб нест. Хазинаи Китобхона хеле хурд аст, рафҳои китобро ҳатто дар роҳравҳо гузоштаем. Китобҳои наверо, ки ҳамвора ворид мешаванд, бо мушкилиҳои зиёде дар хазина ҷой мекунем. Ба ғайр аз ин, бино бар сиёсати созандаи раҳбарияти олимақоми кишвар дар ростои таблиғи илму дониш ва китобхонӣ ҳамасола шумори хонандагон дар ҳоли афзоиш аст, аммо шароити Китобхона ва ҳифзи ганҷинаи он на он қадар хуб аст. 

Азбаски барои сохтани бинои нав дар замони буҳронҳои шадиди молиявии ҷаҳонию минтақавӣ имконот маҳдуд аст, роҳи бисёр муносиб он аст, ки бо дастури муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат бинои Китобхонаи Фирдавсии собиқ, ки аз ҳамон оғоз ҳамчун китобхона сохта шуда буд ва дорои имконоти лозима барои ҳифзу нигаҳдорӣ ва хидматрасонии китоб аст, ба ихтиёри китобхонаи Акдемияи илмҳо супурда шавад. Дар ин сурат, тамоми мушкилоти мо ҳал ва амонати бебаҳову беназири илмии миллат эмину солим ба насли оянда супурда хоҳад шуд.

- Дар бораи сабабҳои китоб нахондани мардум чи андеша доред?

- Солҳои охири фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ба рушду тавсеаи донишомӯзию китобхонӣ рост омад. Ҷавонон аз озодии фароҳамшуда барои такмили донишҳои хеш истифода мекарданд. Даст ёфтан ба тамоми маводи чопӣ, ки берун аз сарҳадҳои Иттиҳоди Шуравӣ тавлид мешуд ва мо орзӯи дасрасӣ ба онро ҳам наметавонистем бикунем, бозори чопу интишори китобро равнақ бахшид. Ҷавонон бештар китобҳои фалсафӣ ва иҷтимоию сиёсӣ мехонданд. Таноқузро бибинед, ки дар солҳои 70-уму 90-уми қарни бист, ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистон ҳудудан панҷ миллион буд (ду миллион аз ин теъдод ғайри тоҷикзабонон буданд!), китобҳои бадеӣ бо шуморагони ҳафт то чаҳордаҳ ҳазор нашр мешуд. Масалан, ду очерки адабию таърихии устод Садриддини Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ» дар як ҷилд сад ҳазор нусха ва маҷмӯаи ашъори устод Лоиқ «Дасти дуои модар» панҷоҳ ҳазор нусха интишор ёфт. Аммо, имрӯз шумори шаҳрвандони Тоҷикистон ба нуҳ милион расидааст ва шигифтовар аст, ки ҳадди аксари теъдоди нашри китоб аз як ҳазор бештар нест.

 Ба сабаби ба доми даҳшатзои ҷанги шаҳрвандӣ уфтодани тоҷикон ҳаёти фарҳангию илмии кишвар бакуллӣ рӯ ба таназзул овард. Мардум танҳо барои як луқма нон кор мекарданд. Мафҳумҳои китобу китобхонӣ ва маърифатомӯзӣ фаромӯш гардид. 

- Бубинед, кишвари Бразилия тасмим гирифтааст, ки ҳар чи бештар мардумро ба китобу китобхона ҷалб созад. Барои мисол, дар он кишвар урфе ҳаст, ки муҳлати ҳабси зиндониён дар ивази хондани як китоб чаҳор рӯз кам карда мешавад. Шунидам, ки дар зиндонҳои Русия ҳам китобхонҳо аз имтиёзоте бархурдоранд. Дар мо чӣ? Агар дар кишвари мо ҳам чунин расме роиҷ шавад, оё ба манфиати кор нахоҳад буд?

- Дар кишварҳои демократӣ мафҳуми «зиндон» вуҷуд надорад, чунин ниҳодҳоро «муассисаҳои ислоҳотӣ» меноманд. Вазифаи асосии муассисаҳои ислоҳотӣ тарбияи одамонест, ки бо сабабҳои гуногун қонунро нақз кардаанд. Мӯҳлати дар муассисаи ислоҳотӣ будан фурсатест, ки одамон иштибоҳоти хешро фаҳмида, барои бозгашт ба зиндагии росту дуруст тасмим мегиранд. Дар дарки иштибоҳот ва ислоҳу тасмимгириҳои онҳо муҳити фарҳангӣ, аз ҷумла китобхонаи муассисаи ислоҳотӣ ва масъулони фарҳангии он нақши бузурге мебозанд. Агар ин гуна тадбирҳое, ки дар Бразилия ба роҳ мондаанд, дар кишвари мо низ анҷом шавад, ба фоидаи миллат хоҳад буд.

- Мо иттилоъ ёфтем, ки дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кадом соҳибкоре нахустин китобхонаи сарироҳӣ таъсис ёфтааст. Ин хеле хуб аст, агарчи кори ҷиддию бузурге нест. Қоидаи ин китобхонаи хурдак чунин будааст, ки хонанда китобро дар сари роҳ ё дар истгоҳ хонда ва боз дар ҷояш мегузорад, то дигарон ҳам онро бихонанд. Ин соҳибкор гуфтааст, ки дар сурати зарурат чунин китобхонаҳои сарироҳиро дар дигар ҷойҳо низ таъсис медиҳад.

 Устод, ин кор на он қадар харҷи зиёд дорад. Пас чаро соҳибкорони шаҳри Душанбе ҳам чунин иқдоме намекунанд?

- Ин кори савоб бояд дар саросари кишвар роҳандозӣ шавад. Ёд дорам, ки соли 2016 дар Бадахшон созмони ҷамъиятие бо номи «Умедвор» барои дастрасии бештари сокинони деҳаҳои дурдаст ба китоб китобхонаи сайёре таъсис дода буд, ки хидмати беғаразу арзандае дар ташвиқи мардум, алалхусус насли ҷавон, ба донишомӯзию маърифатандӯзӣ буд. Масъулони ин созмон ният доштанд, ки минбаъд ин кори хайрро идома дода, шумори китобхонаҳои сайёрро бештар намоянд. Аммо тайи ду соли охир хабаре аз онҳо нашунидам. Умедворам, ки дар амали хайрашон муваффақ шуда бошанд. Барои анҷоми ин кори хайр бояд ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ даст ба дасти ҳам бидиҳанд ва дар эҳёи фарҳанги китобхонӣ бо ҳам ҳамкорӣ кунанд. 

- Устод, мо нависандагони зиёде дорем, профессору академик, шоиронамон низ зиёданд. Ва албатта ҷои шукргузорӣ ҳам ҳаст, вале боиси нигаронист, ки чаро дар замони муосир «Гулистон»-нависи дигаре надорем?

 Фикри Шумо дар ин бора чист? Оё вақти он нарасидааст, ки нависандагони мо дар бораи офаридани «Гулистон»-ҳои наве андеша намоянд? 

- Осори бузургони адаб мояи ифтихори мост ва ҳамеша хонданист. Қариб ҳазор сол аст, ки мо аз панду андарзҳо ва каломи ширину шоиронаи бузургони адабиётамон лаззат ва баҳра мебарем. Аммо, ба назари ман, Шумо суоли хеле дуруст ва огоҳонаеро дар бораи Саъдии Шерозӣ матраҳ кардед.  Чаро адибони дигар неву маҳз роҷеъ ба Саъдӣ суол кардед? Дар ин пурсиш ман ниёзмандии шадиди ҷомеаи моро ба Саъдӣ, аз як тараф ҳамчун намоди насиҳатгарӣ ва содиркунандаи дастурҳои ахлоқӣ, аз тарафи дигар, чун адибе амалгаро ва воқеънигор мебинам. Худи Саъдӣ низ дар «Бустон» ва «Гулистон»-аш аз мақоми як устоди ахлоқ бо хонанда суҳбат мекунад. «Гулистон» асаре беназир дар адабиёти мост. Ҳеҷ асаре ҳампаҳлӯи он нашуда ва наметавонад бишавад. Аз ин рӯ, дар ин давраи ҳассос, ки бо тағйироти ҳайратангези технологӣ рӯбарӯ ҳастему фановарӣ лаҳза ба лаҳза дар ҳоли пешрафт аст, ба гумонам, бештар ба бузургоне чун Абӯрайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино ва албатта Саъдии Шерозӣ бештар ниёз дорем.

- Вақте ки имрӯз ба китобхонаҳои электронӣ рӯ меорем, шигифтзада мешавем. Зеро касе фикр намекард, ки замоне истифода аз китоб дар чунин шакле сурат мегирад. 

Ба фикри Шумо, истифода аз китоб ё китобхонаҳо баъди даҳсолаҳо чигуна хоҳад шуд?

- Бояд гӯям ки он ҳисси оромиш, ки ҳангоми хондани китоби коғазӣ ба кас қаблан даст медод, китоби электронӣ наметавонад ба вуҷуд оварад. Шахсан ман аз хондани китобҳои коғазӣ хотироти хубе дорам. Дар бораи бартарии китобҳои коғазӣ нисбат ба китобҳои электронӣ ва баръакс пажӯҳишҳое анҷом шудааст. Таҳқиқи ин масъала дар яке аз донишгоҳҳои аврупоӣ нишон дода, ки истифода аз китобҳои электронӣ сатҳи омӯзишро пойин мебаранд. Дар ин пажӯҳиш як гурӯҳи 25-нафарӣ китобе иборат аз бисту ҳашт саҳифаро ба воситаи сахтафзори электроникии Амазон Киндл, ки барои хондани китобу асноди электронӣ ба кор меравад, мутолиа карданд. Як гурӯҳи биступанҷнафарии дигар ҳамон китобро дар нусхаи коғазиаш хонданд. Сипас, аз онҳо хоста шуд, то муҳтаво ва мундариҷаи китобро батартиб ривоят кунанд. Ин пажӯҳиш нишон дод, ки натиҷаи хонандагони китобҳои коғазӣ беҳтар аст. Чунин пажуҳишҳо зиёд анҷом шудааст ва натоиҷаш бештар ба фоидаи китобҳои коғазист.

 Аммо насли ҷавон, ки дар даврони ривоҷи густардаи технологияи муосири диҷитолӣ зода ва парварда шудааст, назараш ба китоби электроник дигаргуна аст. Имконоти истифодаи самаранок аз китобҳои электронӣ бештар шудааст. Аз назари зистмуҳитӣ китоби электронӣ афзалияти бештар дорад, зеро чунон ки медонед, коғаз аз дарахт истеҳсол мешавад ва технологияи тавлиди коғаз барои муҳити зист зиёновар аст. Интишори китобҳои электронӣ ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба ҳазинаҳои болои коғазу чоп аз китобҳои коғазӣ арзонтар аст. Бартарии дигари китоби электронӣ ин аст, ки он ҳаҷм ва вазни физикӣ надорад. Чандин миллион нусха китоб метавонад дар хотираи телефони ҳамроҳ ё компютерамон ҳифз шавад ва ҳамеша ҳамроҳи мо бошад. Истифода аз китоби электронӣ бо таваҷҷуҳ ба имконоти барномаҳои китобхон (Book Reader) кори хонанда ва алалхусус пажӯҳандаро, ки ҳамвора аз нарасидани вақт ранҷ мебарад, осон мекунад. Аммо китоби электронӣ ҳам аз камбудиҳо орӣ нест. Пайваставу тӯлонӣ нигоҳ кардан ба сафҳаи роёна нуқсону бемориҳоеро мисли хастагию осеби чашм, афсурдагии зеҳнӣ, бедорхобӣ, заъфи асаб ва ихтилолоти дигар ба ҳамроҳ дорад, аммо дар хондани китоби коғазӣ бо ин мушкилот камтар рӯбарӯ мешавад. Хулоса, китоби коғазӣ ва китоби электронӣ ҳар кадом фазилатҳо ва костиҳои хешро доранд ва наметавон якеро беҳтар аз дигаре донист.

- Барои баланд бардоштани сатҳи ишқу алоқаи навҷавонону донишомӯзон ба китобу китобхонӣ чи корҳоеро бояд анҷом дод?

- Пеш аз ҳама ду корро бояд анҷом дод: нахуст он, ки таҳқиқоти ҷомеъу жарфи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шавад; дувум ин, ки баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони китобдорию донишшиносӣ барномаи вежаи тавсеаи фарҳанги китобхониро дар ҷомеа бояд таҳия кард ва барои иҷрои он ҳамаи шароитро муҳайё сохт. Дар мактабҳои миёна бояд ҳафтае як соат барои китохонӣ ҷудо карда шавад, то бачагон аз хурдӣ  бо фарҳанги китобхонӣ ошно шаванд. 

Мутолиаи китоб аз сӯи  падару модар дар хона дар тарғиби китобу китобхонӣ дар миёни фарзандон таъсирбахштарин омил аст. Баррасии китобҳои мутолиашуда дар ҳалқаи оила, мактаб ва донишкадаву донишгоҳҳо дар бедор кардани шавқу иштиёқ ба китобхонию донишандӯзӣ бисёр самаровар аст. 

- Ташаккур барои суҳбат!

Хонданд 184
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.