.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сешанбе, 04 Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Дар 7 моҳи соли равон кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон 122 қарори раисони шаҳру ноҳияҳоро, ки 55 нафари онро мансабдорон ташкил медоданд, бекор кард. 

Прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло зимни нишасти матбуотии худ аз вазъи хариду фурӯши замин дар ҳудуди вилоят, бекор кардани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо, ишғоли ғайриқонунии замин аз тарафи сокинон изҳори нигаронӣ намуд.

Прокурори вилоят иттилоъ дод, ки дар ин давра аз тарафи кормандони прокуратура 66 санҷиши прокурорӣ гузаронида шуда, 923 нафар ба ҷавобгарии гуногун кашида шуда, инчунин 246 ҷинояти вобаста ба замин ошкор карда гардида, 1414 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 54 ҳолат зиёд аст.

Манбаъ гуфт аз 246 парванда 55 ададаш нисбати шахсони мансабдор мебошад, ки 20 парвандаи он ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти каррупсионӣ дошта ва 35 парвандаи ҷиноятӣ танҳо коррупсионӣ аст.

Қайд шуд, ки дар ин давра нисбати 6 корманди беҳдошти замин, 8 корманди ҷамоат, 8 роҳбари хоҷагӣ ва 3 нафар роҳбарони дигар ташкилоту идораҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, онҳо ба ҷавобагрии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Инчунин, ӯ гуфт, ки соли 2017 дар вилоят зимни гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ 160 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шуда, 1 ҳазору 309 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ-ҷиноятӣ кашида шуда буданд.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон, Хоҷазода Амиралӣ гуфт, ки кормандони Кумитаи идораи замини вилоят дар 7 моҳи соли равон 4 ҳазору 128 қонуншиканӣ дар самти заминро ошкор намуда, қонушиканҳоро ба маблағи 101 ҳазору 800  сомонӣ ҷарима намуданд. Манбаъ афзуд, ки майдони ғайриқонунӣ ишғол намуда дар ин давра беш аз 2 ҳазору 76 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 1 ҳазору 250 гектарашро заминҳои корами обӣ ташкил медиҳанд.

Инчунин, ӯ гуфт, дар ин давра 504 маводи маъмурӣ барои баррасӣ ба Прокуратура фиристода шудааст ва 153 парвандаи дигар  ба судҳо барои маҷбуран баргардонидан 72 ҳазору 150 сомонӣ равон карда шудааст.

Хоҷазода Амиралӣ қайд намуд, ки кормандони Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон зимни гузаронидани санҷишҳои мушатарак 28 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо, ки барои додани замин баромада буданд, ошкор намуданд.

Маҳмудзода Насрулло гуфт минбаъд кӯшиш мекунанд, нафароне, ки бевосита дар саргаҳи вайронкунии қонунгузории замин ҳастанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд, зеро то агар хулосаи кормандони кумитаи идораҳои замин, кормандони меъморӣ ва шаҳрсозӣ набошад, қарори раиси ноҳия ба имзо намерасад.

Ҳоло ҳам ҳолатҳои тақсимоти ғайриқонунӣ, хариду фурӯш ва худсарона ишғол намудани замин аз байн нарафтааст.

Танҳо дар давоми 10 соли охир қариб 1 ҳазору 300 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионии вобаста ба замин содир шудааст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Шумо дар Хабари-рӯз
Сешанбе, 04 Сентябр 2018 14:49

Садамаи ҳавопаймои “Utair”

Шаби 2-уми сентябр ҳавопаймои “Boeing” 737-800-и ширкати ҳавопаймоии “Utair” ҳангоми парвоз аз шаҳри Маскав ба Сочи дар вақти нишастан ногаҳон лағжида, аз хатти парвоз берун мебарояд, ки дар натиҷа ҳавопаймо ба дарё афтида оташ мегирад.

Бино ба иттилои хабаргузории маҳаллии «Кубанских новостей», паём дар бораи оташ гирифтани ҳавопаймо ба навбатдори шуъбаи «01» соати 2:59-и шаб расидааст. Дар дохили ҳавопаймо 170 нафар, аз ҷумла 6 нафар ҳайати сарнишини ҳавопаймо, қарор доштанд. Дар пайи рухдоди ҳодиса 18 нафар осеб дидаанд, ки 3 нафари онҳо кӯдаканд. Ягон нафар аз мусофирон ва ҳайати сарнишин ба ҳалокат нарасидааст.

15 нафар дар 3 беморхонаи шаҳри Сочи ёрии аввали тиббиро гирифта, аз беморхона рухсат дода шудаанд. Гуфта мешавад, ки 2 кӯдак ва як мусофири солхӯрдаи ҳавопаймо ҳоло ҳам дар беморхона буда, 2 халабон ва 4 роҳбалад дар ҳолати қаноатбахш қарор доранд.

Ҳангоми ба амал омадани сӯхтори муҳаррики чапи ҳавопаймо корманди фурӯдгоҳи Сочи аз сактаи қалб ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи яке аз мусофирзани ҳавопаймо яке аз сабабҳои ба амалоии  ҳодисаи мазкур аз ҳад зиёд боридани борон ва шамоли сахт будааст, ки сархалабон ҳавопайморо ба замин фуруд оварда натавониста, як даври дигар болои фурӯдгоҳ чарх зада, баъд ҳавопайморо ба замин фуруд овардааст.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми сӯхтори муҳаррики ҳавопаймои “Boeing” 737-800 эҳтимол дошт, ки ҳавопаймо пурра оташ гирад, аммо бориши резаборон пеши роҳи оташ гирифтани ҳавопайморо гирифтааст.

Алҳол фурӯдгоҳи шаҳри Сочи ба ҳолати пешини кориаш баргашта, мисли пешин ҳамлу нақли мусофирон машғул будааст.

Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Utair” ва Хадамоти авиатсионии Русия тафтишот оғоз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии “Utair” яке аз ширкатҳои бузургтарини Русия буда, миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Русия низ мусофирон мекашад.

Шумо дар Хабари-рӯз
Сешанбе, 04 Сентябр 2018 12:12

Иди харбуза дар Душанбе

Имрӯз, 4 сентябр, дар  шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди харбуза доир гардид.

Иди харбуза ва намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор шуд.

«Ховар» хабар медиҳад, ки Иди харбузаро вазири кишоварзӣ Изатулло Сатторӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки тоҷикон харбузаро 5 ҳазор сол пеш парвариш мекарданд. Сипас намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи кишоварзӣ,   Донишгоҳи аграрӣ   аз намоишгоҳ дидан карданд.

Дар саҳни бозор кишоварзон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ – аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав ва Рӯдакӣ анвои гуногуни харбуза, ғизои аз он омодагардида ва меваю сабзавот ба намоишу фурӯш гузоштанд.

Шумо дар Хабари-рӯз

 

Чиниҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ба деҳқонӣ машғуланд, ҳадафи дуздҳои ноболиғ қарор гирифтаанд. Онҳо аз дасти ин ғоратгарон низдики 23 000 сомонӣ зарар дидаанд.

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод мактуби ширкати ТВЕА-и Чин дар он хусус ворид гардидааст, ки шаби 12-уми августи соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба заминҳои хоҷагии деҳқонии онҳо, воқеъ дар деҳаи Карсанги ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо 1000 метр ресмон, ки арзишаш 23000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як ҷавони 18-сола ва ду ноболиғи 15-солаи сокинони деҳаи Карсанг, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуданд.

 

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.