.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Чоршанбе, 08 Август 2018 - || ФАРАЖ

Қазияи журналисти тоҷик Хайрулло Мирсаидов ва 12 сол ҳукм гирифтанӣ ӯ ҷомеаи шаҳрвандӣ ва журналистиро амиқан нигарон намуд. Дар натиҷа, аксари созмонҳои байнулмилалӣ, корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон, созмонҳои журналистӣ ва иҷтимоӣ аз мақомоти тоҷик дархост намуданд, ки ин ҳукм бознигарӣ гардад.

Қазияи ҳуқуқии дигар дар чанд моҳи охир ин  даъвои фото-журналист ва собиқ аккоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Геннадий Ратушенко аст, ки ба мавзӯи поймол гардидани ҳуқуқҳои муаллифиаш аз тарафи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.

Ин қазияҳо саволеро рӯ ба рӯ месозанд, ки оё гуноҳи журналистон дар чӣ буд? Онҳо воқеан ҳам ба иштибоҳоте роҳ додаанд? Ва аслан бояд чӣ кор кунанд, ки ба ин гуна мушкил гирифтор нашаванд? 

Ин саволҳоро мо мавриди баррасии коршиносон ва ҳуқуқшиносон  гузоштем.

“ҲАҚОРАТ” ДАР ДОИРАИ ҚОНУН

Раҷаб Мирзо, коршиноси ВАО ва узви Раёсати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон зимни суҳбат бо мо аз машғулиятҳои худ мисол овард, ки барои журналистони ҷавон баргузор мекунанд:

-           Ман ба онҳо бо шӯхӣ мегӯям: “Барои журналист ҳатто ҳақорат кардан мумкин...фақат дар доираи қонун”.  Ин чунин маъно дорад, ки журналист ҳама чиро гуфта метавонад. Муҳим ин аст, ки ӯ чигуна онро иброз менамояд. Албатта ҳамон ҳикояти Анӯшервон ва хоби ӯро, ки дандонҳояш рехтаанд, ҳамагӣ медонем ва ҷоиз ба такрор нест. Аммо, агар ба масъала ҷиддӣ бархӯрд намоем, воқеан, барои бозпурсӣ,  даъвоҳои ҳуқуқиву мурофиаҳои судӣ ба журналистон ҳамеша хавф вуҷуд дорад. Хоса, дар кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки волоияти қонун чандон таъсиргузор нест, ё таъиноти қонунҳо “интихобӣ” сурат мегирад, ё амалигардонии қонунҳо “хислати мавсимӣ” доранд. “Интихобӣ” ба он маъно, ки мо мебинем дар бархе Воситаҳои ахбори оммаи кишвар бандҳои қонун дағалона вайрон мегарданд, аммо чун ин онҳо “худӣ” – анд, касе ба онҳо кор надорад. Баръакс, шоҳид шудаем, ки баъзе журналистон ва расонаҳои хабарии “бесоҳиб”  анқариб мушкилоти ҳуқуқӣ ва касбӣ ба миён наовардаанд, вале ба бархӯрдҳои аз доираи қонун ва мантиқ берун рӯ ба рӯ мегарданд. 

ТАЪҚИБИ РӮЗНОМАНИГОР БА ХОТИРИ ТАНҚИД МАНЪ АСТ

Абдураҳмон Шарипов, ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷаъмиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” бошад мегӯяд, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон таъқиби рӯзноманигор ба хотири танқид манъ аст. “Бар илова, озодии сухан кафолати Конститутсионист ва фаъолияти журналистиро низ қонунгузорӣ муқаррар намудааст.  Аммо озодии матбуот ва сухан ин маъноеро надорад, ки журналист носанҷидаву надониста матлаб таҳия намояду онро пахш кунад. Бештар аз ин, журналист дар марҳилаи омодасозии матолиб бояд аз ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ваколатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор  огоҳӣ дошта бошанд. Муайян кардан зарур аст, ки танқид ба суроғаи дуруст равона карда шудаст ва ё бе асос шахсе зери танқид гузошта шудаст? Агар ин саволи дар назари аввал сода сарфи назар гардад,  журналист ҳатман бо  мушкилии ҳуқуқи дучор мешавад.

Озодии сухан чӣ маъно дорад? Таърифи беҳтар аз ин вуҷуд надорад: “Озодии Шумо он ҷо тамом мешавад, ки озодии дигарон огоз мегардад!”.    

 Ин маънои онро дорад, ки ягон шахс, аз ҷумла журналист ҳақ  надорад, ки  ҳуқуқи дигаронро поймол кунанд. Дар ҳолати риоя нагардидани меъёрҳои муқарраргардида, журналист ба мушкилоти ҳуқуқӣ, даъвоҳои судӣ оид ба дағалона вайрон кардани ҳуқуқ ба ҳаёти шахсӣ, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба ҳимояи шаъну шараф ва обрӯи шахсӣ ва эътибори корӣ гирифтор  мегардад”.

РАВИШИ МУДЕРНИ “ҶАЗО” ДОДАНИ “ЖУРНАЛИСТИ НОДУРУСТ”

Дар ҳамин ҳол, коршинос Раҷаби Мирзо аз яке суханрониҳояш дар маъракаи вобаста ба озодии сухан  мисол меорад, ки бархӯрди ҳуқуқӣ бо журналистони тоҷик  ин давра ё шакли сеюм ва мудерни бархӯрд бо онҳост:

 -Яъне, агар қаблан журналистонро мекуштанд, ё латукӯб мекарданд, ҳоло бо онҳо “дар доираи қонун” сарукор гирифтанианд. Дар назари аввал, ин чизи бад нест, чун дар тамоми дунёи мутамаддин ҳамарӯза даҳҳо ва шояд садҳо мурофиаҳои судӣ бо журналистон мушоҳида гардад. Дар мо ҳам ин равандро ба ҳолатҳои ҳаммонанд ҳамроҳ кардан имкон медошт, агар бархӯрд бо журналистон дар доираи он ду меъёри қаблан зикркардаам сурат намегирифт. Яъне, ҳадаф танҳо нишон додани волоияти қонун бошад, на ин ки “ҷазо” додани “журналисти нодуруст”.              

Дар ин гуна ҳолат журналист бояд чӣ кор кунад? Ман ҳамеша мегӯям, ки на танҳо бояд қонунҳоро донист, балки риоя кард! Ҳамчунин стандартҳои журналистиро, ки ҷаҳон пазируфтааст (ва аз ҷумла бисёрии онҳо дар Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон зикр ёфтаанд), дар таҳияи матолиб риоя намудан ба манфиати кор мебуд. Дар он сурат, бигзор “шароити хос” ва “тақозои замона” шуморо ба чизе маҳкум намояд, аммо мардуми дохил ва хориҷи кишвар ба ин муҷозот бовар намекунад!  Ин беҳтарин ҳукм аст, ки онро “қазовати мардум” меноманд ва хоса дар дунёи феълӣ ҷойгоҳу таъсири бештар аз бархе ҳукмҳои додгоҳиро дорад, - афзуд Раҷаб Мирзо.

-           Бо ин ҳама, ман ҳамкасбонамонро низ комилан сафед карданӣ нестам. Чун дар баъзе ҳолатҳо мебинем, ки онҳо аз доираи қонун ва рисолати касбӣ берун мераванд. Дар бораи бо усули шантаж  истифода намудани рисолати журналистӣ, маҷбуран бор кардани обуна ё фурӯши нашрияҳо низ мо гоҳ –гоҳ мешунавем. Дуруст аст, ки дар ҳоли ҳозир бозорёбӣ барои ВАО кори осон нест, аммо ин маънои онро надорад, ки ҳамкасбони мову Шумо аз усулҳои ноҷо ва пастзанандаи обрӯи касбӣ истифода намоянд.  Набояд фаромӯш кард, ки корбурд аз ин василаҳо тибқи қонунгузорӣ ҳам муҷозот дорад, ҳам боис ба сархамии онҳое мегардад, ки аз рӯи касб нони ҳалол дарёфт мекунанд, - хулоса менамояд Раҷаб Мирзо, узви Раёсати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон.

ЖУРНАЛИСТ БОЯД БО АРҚОМ “МУСАЛЛАҲ” БОШАД, НА БА АНДЕШАПАРДОЗИҲОИ БЕАСОС!

Ҳуқуқшиноси тоҷик Абдураҳмон Шарипов ҳам тавсия медиҳад, ки барои гирифтор нашудан ба баҳсҳои ҳуқуқӣ журналистон бояд матолибашонро бо арқоми воқеъӣ ва дақиқ омода намоянд. Ҳамчунин ишора намудан ба манбаи иттиооти озод, саҳеҳ ва иттилооти омории расмӣ салоҳи кор аст. “Хоса матлабҳои интиқодӣ бояд бо арқоми итминонбахш “мусаллаҳ” бошанд, на ин ки дар асоси танҳо фикру мулоҳизаҳои шахсии журналист ё мусоҳиб таҳия гарданд.Дар вақти мусоҳиба бо тарафҳои манфиатдор он факту ракамҳо бояд муҳокима гарданд ва танҳо натиҷаи ин муҳокима дар матлаб ифода ёбад” мегӯяд Шарипов.

Ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки аксари даъвоҳо алайҳи кормандони ВАО  дар ҳолатҳои  аз ҷониби журналистон бе огоҳии мусоҳиб нашр намудани нуқтаи назар ё суҳбати ӯ, бе таҳрир ба чоп расонидани мусоҳибаҳо анҷом мегиранд. Ин бошад, барои онҳо маънии баҳси зиёд ва ҳамин тавр барабас сарф кардани вақти пурқимматро хоҳад  дошт.

Аҳлиддин Салимов

Шумо дар Ҷомеъа

Имрӯз 13 нафар рӯзноманигори Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки чанд рӯз пеш ба вилояти Суғд омада буданд, ба шаҳри Душанбе  меоянд.

Рӯзноманигорони ӯзбек дар доираи сафари худ ба  шаҳри Душанбе аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Мамнӯъгоҳи таърихӣ –кишваршиносии «Қаълаи Ҳисор», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноқил Талко», Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»,  Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Муассисаи давлатии  «Боғи фароғатии  «Хайём» боздид ба амал  меоранд.

9-уми август дар Академияи воситаҳои ахбори омма мулоқоти рӯзноманигорони ӯзбеку тоҷик баргузор мегардад.

Шумо дар Хабари рӯз

7-уми август дар шоҳроҳи «Ярославское» воқеъ дар шимолу шарқии Маскав, як муҳоҷири 35-солаи тоҷик, ки Шеравган Остонақулов ном бурда мешавад, дар як садамаи мудҳиш ҷон додааст.

Ба гуфтаи сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ин хадамот бо наздикон ва кормандони Бозрасии давлатии автомабилӣ дар тамос шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, муҳоҷири тоҷик сокини шаҳри Кӯлоб аст, ки барои кор ба мардикорбозор рафта будааст. Ба қавли манбаъ, маконе, ки Шеравган Останақулов дар он ҷо ба ҳалокат расидааст, ба яке аз маконҳои мардикорбозор наздик будааст.

Ҳамзамон, Иброҳим Аҳмадов мегӯяд, ки айни замон бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири тоҷик барои кор аз Тоҷикистон ба Русия омада, дар инҷо кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо бо сабабҳои гуногун, аз қабили фалокатҳои ногаҳонӣ дар ҷои кор, ҳамлаҳои гуруҳҳои қавмгаро ва ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо, садамаҳои нақлиётӣ ва ғайра ба ҳалокат мерасанд.

Шумо дар Хабари рӯз

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низоми таътилҳои тирамоҳиву баҳориро дубора барқарор кардааст. Дар соли хониши нав таътили якмоҳаи зимистона барҳам хӯрда, ҷои онро се таътили якҳафтаӣ гирифт. Ин ҳамон низомест, ки дар давраи шӯравӣ амал мекард.

Чанде пеш баъзе аз падару модарон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ назарпурсӣ гузаронида, ба унвони Вазорати маориф ва илм номае ирсол карда буданд, ки таътили дарозмуддати зимистонӣа барҳам дода шуд,а ба ҷойи он таътилоти маъмулии пештара ҷорӣ карда шавад. Гуфта мешавад, ки ин дархост омӯхта шуда, тибқи низомномаи нави ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҳамагонии Тоҷикистон таътили якмоҳаи зимистона барҳам дода шуда, ба ҷои он хонандагон баъди ҷамъбасти ҳар чоряки таҳсил, тирамоҳу зимистон ва баҳор якҳафтаӣ истироҳат хоҳанд кард.

Аз рӯи низомномаи нав, соли таҳсил 1-уми сентябр шурӯъ шуда, 7-уми июн ба анҷом мерасад ва баъди ин имтиҳонҳо оғоз меёбанд.

Қаблан соли хониш дар Тоҷикистон 1-уми сентябр сар шуда, 25-уми май занги охирин садо медод. Мақомоти маориф то 7-уми июн дароз шудани соли таҳсилро ба зиёд шудани соатҳои дарсии фанҳои дақиқ дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҳамагонии кишвар рабт медиҳанд. Ин кор ба хотири ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани барномаи таълимии мактабҳои кишвар амалӣ шудааст.

Шумо дар Хабари рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 3

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.