.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Шанбе, 25 Август 2018 - || ФАРАЖ
Шанбе, 25 Август 2018 13:40

Сафар

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Туркманистон сафар кард.

Шумо дар Нигоҳи хос
Шанбе, 25 Август 2018 13:05

симКАРта

Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз серистеъмолтарин вожаҳо буд.

Хадамоти алоқа эълон кард, ки оғоз аз якуми сентябр харидани симкартаи нав ва аз нав бақайдгирии рақами тилфонҳои мобилӣ, 250 сомонӣ хоҳад шуд. Ин тасмим дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯре барангехт ва ҳар нафаре фаҳмидаю нафаҳмида, борони хашму ғазаби худро рӯи саҳифаҳо кориданд. Нафаре аз Хадамоти алоқа ҳозир нашуд то муфассалу сода ин тасмимро шарҳ диҳад ва мардуми ба шӯр омадаро ором кунад. Бигӯяд, ки агар рақами фаъоли Шумо ба номи Шумо аст, аз як ширкат то ду симкарта метавонед дошта бошед,  ҷойи изтиробе нест, метавонед роҳат онро истифода кунед.

 Якбора аз даҳ- бист сомонӣ ба 250 сомонӣ баланд шудани нархи дилхоҳ хидматрасонӣ, табиист шаҳрвандонро дар ҳама гӯшаи дунё ба шӯр меорад. Гуфта шуд, ки ин тасмим ба хотири амният гирифта шудааст то рақами тилфони ҳама ба номи худаш бошаду пайдо карданаш осонтар шавад. Зеро то ба ин дам ба номи баъзе то бист-сӣ рақам сабт шудаву миқдори муштариёни ширкатҳои мобилӣ беш аз 4 (чор) миллион шуморида мешуд. Шояд баъди аз байн рафтани рақамҳои ғайрифаъол дар ин амал танзиме сурат гирад.

Ширкатҳои мобилӣ аввалин бор дар мавриди ин тасмими Хадамоти алоқа эътирозе накарданд, чунки ин нархгузорӣ ба манфиати онҳо ҳам ҳаст: Акнун ба ҷойи 10-15 сомонӣ онҳо метавонанд бо фурӯхтани як симкарта маблағи даҳ симкартаро ба даст оранд.

Вале сӯҳбати мо сари дигар масъала аст: 

Дар дилхоҳ кишвар нарху наво, рақобати носолимро Хадамоти махсус наззора мекунад. Мо ҳам хадамоте бо номи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дорем. Пас, чаро онҳо хомӯшанд? Баъзе таҳлилгарон набудани ин Хадамотро фойида ба буҷаи кишвар меҳисобанд. Масалан, журналист Азизи Нақибзод дар саҳифаи Фесбукиаш бо муроҷиат ба раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур менависад:

«Шумо замоне маъруф шудед, ки фармон баровардед: 'Аз хар як муштарии ширкатҳои мобилӣ симкортпулӣ СИТОНИДА шавад'. Ва чандин сол аст, миллионҳо тоҷик ҳар моҳ 80 дирам ба ҳисоби хадамоти Шумо маҷбур мепардозанд.

Холо ниҳоде, ки роҳбарӣ мекунед, тасмим гирифтааст, ки нархи як симкортро 250 сомонӣ кунад. Чӣ кунем, кисмати шӯри мо пардохтан ва аз Шумо ситонидан будааст. Аммо мехоҳам, ки ба Шумо як идея пешниҳод кунам. Идеяе, ки метавонад хазинаи давлатро ғанитар намояд. 

Чун сухани Шумо дар ҳукумат бештар аз миллион шахрванди оддӣ 'вазн' дорад, аз ҳукумат тақозо кунед, ки Хадамоти зидди инҳисориро барҳам диҳад. 

Як ҳафта пеш билети ҳавопаймо аз Душанбе то Маскав беш аз сад дар сад боло рафт, як моҳ пеш монополистон нархи сӯзишвориро то 40 дарсад боло бурданд, ҳоло ниҳоди Шумо як симкортро 250 сомонӣ муайян мекунад, вале садое аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ намебарояд. 

Пас ин хадамот ба чи дарде мехӯрад?

Барҳам додани ин ниҳод сабаби сарфаи зиёди буҷҷа мешавад. Шояд маблағи сарфашуда ба эҳтиёҷоти беҳудуди Хадамоти алоқа зарур шавад?».

Ман ҷонибдори ин идеяи Азизи Нақибзодам.

 Шумо чӣ хонандагони гиромӣ? 

Хуршед Атовулло

Шанбе, 25 Август 2018 11:10

Нафрати шахсӣ

Чӣ тавр Наҷибуллоҳ барномаи мулоқоти Варреников ва Аҳмадшоҳ Масъудро хароб кард?

...Ман ба чеҳраи андешаманди Юлий Воронсов нигоҳ карда, бидуни ихтиёр ба ёди як қиссаи хеле ҷолиб рафтам, ки ба ману ӯ рабт дошт. Ин қисса пас аз даври аввали хуруҷи неруҳои мо, яъне тирамоҳи соли 1988 иттифоқ афтода буд. Он замон таҳти фишорҳои Маскав (бахусус, КГБ ва вазорати корҳои хориҷӣ) қарор доштем, ки аз мо - ҳарбиён мехостанд неруҳои Аҳмадшоҳи Масъудро саркӯб ва шахсан худи ӯро нобуд кунем. Ҳамзамон ба ин далел, ки сарчашмаи ин фишор Наҷибуллоҳ буд ва ҳам мефаҳмидам, ки як хатои бузург хоҳад буд ва як иштибоҳи нобахшидании истротежик анҷом хоҳад гирифт, ба натиҷае расидам, ки бо Аҳмадшоҳ Масъуд шахсан вохӯрам. Дар ин робита ба кормандони Раёсати асосии иктишоф (ГРУ) дастур додам, ки ин мулоқотро фароҳам созанд...

...Ман ба назди худ як подполковник (сарҳанги дуввум) - ро даъват кардам, то шахсан маъмурияти роҳандозии мулоқотам бо Аҳмадшоҳро матраҳ кунам (маъмури иктишоф (разведкачӣ) «одами худӣ» - узви яке аз дастаҳои Аҳмадшоҳ дар ағбаи Соланг буд). Ӯ бидуни таоруфу сарусадо омад ва худро муаррифӣ кард. Афсари миёнақади тақрибан 30 – 35 солае буд. Дастфишорӣ кардем (дастонаш шахшӯл, хушк ва қавӣ буданд). Пешниҳод кардам, ки нишинад. Ба андомаш назар кардам. Ба мӯйҳои як замон сиёҳаш сапедӣ дамида буд. Рӯву дастонаш офтоб хӯрда буданд. Тарҳҳои сураташ нозук, гунаҳои васеъе дошт. Чашмонаш бузургу обӣ, мисли кӯлҳои Карелия (вилояте дар Шарқи Дури Русия) буданд. Зери юнифурмаш тани обутобёфтае маълум мешуд. Китфони қавӣ дошт. Ором, солор ва собит худро нигоҳ медошт.

- Менависед?

- На, ҳамаро ба хотир хоҳам гирифт, - гуфт подполковник.

Мустақим ба асли мавзуъ пардохтам:

- Ман бояд шахсан бо Аҳмадшоҳ Масъуд вохӯрам.

Подполковник ҳеҷ эҳсосе аз худ нишон надод ва дар чеҳрааш ҳам тағйире наомад, гӯё мо дар бораи кадом як мавзӯи рӯзмарраи маишӣ суҳбат мекардем. 

Пас аз тавваққуфи кӯтоҳе афзудам:

- Мулоқот ҳар чӣ зуд созмондеҳӣ шавад, ҳамон қадар беҳтар аст.

Подполковник бидуни ягон ишора ва чашм аз ман нагурезонда, гуфт:

– Масъуд ҳоло дар Панҷшер аст. Агар инро ба назар гирем, ки ӯ қариб ҳар рӯз макони будубошашро иваз мекунад, барои ҳалли ин масъала ҳадди аксар ду рӯз зарур аст.

- Ман розиям. Ба назари Шумо, Аҳмадшоҳ кадом шартҳоро пеши мо хоҳад гузошт?

- Шарти асосӣ ин мулоқот дар қаламрави ӯ ва бидуни муҳофизин аз ҷониби шумо барпо шавад. Амнияти Шуморо худ хоҳад гирифт.

- Оё ба донистани масоиле, ки ман матраҳ мекунам, алоқа нишон хоҳад дод?

- Дар оғоз, аз нигоҳи ман, бояд мавзӯи мулоқот бо ӯ ҳалли худро ёбад. Агар ризоияти ӯ ҳосил шуд, он гаҳ метавонед масоили мавриди баррасиро пешниҳод кунед. Ӯ хеле ҳассос аст, агар ҳарду мавзӯро якбора ба ӯ матраҳ кунем, метавонад ниёти шуморо нодуруст фаҳмад.

- Хуб. Дуруст аст.

- Иҷозаи амал медиҳед?

Подполковник пас аз дарёфти иҷоза барои иҷрои ин маъмурият, бе сару садо ҳамон гуна, ки омада буд, рафт.

Банди андешаҳо дар бораи рушди ҳаводиси оянда, ба ин натиҷа расидам, ки дар бораи мулоқоти эҳтимолӣ бо Аҳмадшоҳи Масъуд бояд сафирамон Юлий Воронсов ва раисҷумҳури Афғонистон Наҷибуллоҳро дар ҷараён гузорам. Гирифтани ҳамчунин иқдом пушти сари раҳбари кишвари дӯст хуб намебуд, бигзор ки ӯ то ба ҳадди ҷунун Масъудро бад медид. Ҳама чӣ бояд софдилона ва шаффоф бошад.

Ба ин манзур, ман ба ҳузури Юлий Михайлович Воронсов рафтам. Асли матлабро ба ӯ баён кардам, яъне инро ки мехоҳам бо Аҳмадшоҳи Масъуд сари роҳ надодан ба муҳосираи эҳтимолии шоҳроҳи Тирмиз – Кобул дар қисмати ҷанубии ағбаи Соланг аз сӯи дастаҳои ӯ ба тавофуқ расам. Бар ивази ин мо метавонистем ҳамаҷониба дар ҳалли масоили муҳим ба нафъи ӯ мусоидат кунем: қатъи пурраи ҳама гуна бамборон, аз ҷумла бамборони ҳавоии ҳудудҳое, ки таҳти назорати дастаҳои ӯ буданд; ироаи мадади башардӯстона ба аҳолии ин ҳудудҳо; ташкили худмухторӣ (дар ҳайати Афғонистон) – и қисмати шимолу ғарби кишвар, ки умдатан тоҷикон сукунат доранд; ҳифзи ҳаққи моликияти маодини лоҷувард ва тиҷорати бидуни монеаи он бо хориҷ аз Афғонистон барои ин худмухторӣ; ширкати намояндагони худмухторӣ дар ҳайати мақомоти марказии қонунгузор, қазоия ва иҷроия; созмондиҳии сохтмони макотиб, масоҷид ва шифохонаҳо дар қаламрави худмухторӣ; таҷдиди роҳҳои нақлиётӣ бо шаҳру деҳоти муҳим (бо шаҳри асосии худмухторӣ – хатти парвози тайёраҳо). Боз чанд масъалаи дигарро низ номбар кардам.

Юлий Михайлович «гарм шуд» ва қатъан изҳор кард, ки мехоҳад дар мулоқот ширкат кунад, яъне мо дукаса бояд ба ҳузури Аҳмадшоҳ Масъуд равем. Ман, табиист, ки кӯшидам ӯро аз нияташ баргардонам:

- Охир, ҳар чӣ метавонад иттифоқ афтад. Кор шояд ба гаравгонгирӣ ё қатл расад. Ҳилагарӣ, мутаассифона, яке аз хислатҳои саркардагон аст. Агар ман ба ин дом афтам, гап дигар аст ва комилан гапи дигар ин аст, ки агар ба он сафири фавқулодда ва мухтори Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон, ӯ ҳам муовини вазири корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ, меафтад. На, имкон надорад.

- Валентин Иванович, чизи дигар имкон надорад. Ин ҳам ин аст, ки сафири Шӯравӣ худро мисли нозир канор гирад, вақте масъалаи муҳимтарин, амалан истротежик дар эҷоди шароити мусоид барои Афғонистон матраҳ аст? Ман муваззафам, ки дар ин мулоқот ширкат кунам.

Ҳарчанд ман ӯро аз роҳ мегардондам, ӯ ҳамоно бештар бар ман мешӯрид. Ниҳоят, ман қадами ниҳоиро бардоштам:

- Юлий Михайлович, шумо дидед, ки онҳо инсонҳоро қатл мекунанду чӣ тавр аъзои бадани онҳоро қитъа – қитъа ҷудо месозанд ва пас аз ин қатл чӣ боқӣ мемонад? Охир, ин як даҳшат аст. Гузашта аз ин, ба ин кори мо Маскав чӣ мегӯяд? Ҳатман вокуниш манфӣ хоҳад буд. Он ҷо ба сароҳат хоҳанд гуфт, ки касе ба ӯ ин ихтиёрро надода буд, гунаҳкор худи ӯст.

- Ман ба Афғонистон на барои он омадам, ки аз хатарҳо пинҳон шавам, балки сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ дар амри барқарории ҳадди аксари эътидоли вазъ, хатми ҷанг ва эҷоди зиндагии сулҳомез дар ин кишварро пиёда кунам. Сулҳ ва зиндагии сулҳомези давлати ҳамсоя – омили муҳимтарин барои мардуми мо аст. Ин, ки кӣ дар бораи кирдори ман чӣ фикр мекунад, кори ӯст. Ман қарзи худро адо мекунам ва ба Маскав аз ҳар иқдоми худ хабар доданӣ ҳам нестам. Зимнан, оё шумо ба раҳбарияти худ хабар додаед, ки нияти рафтан ба мулоқоти Аҳмадшоҳро доред?

– На, хайр… Ҳамчунин зарурате нест. Ман дар гузашта ҳам аз ин қабил корҳо хабар намедодам. Онҳо иҷозат намедиҳанд, зеро барои ин бояд масъулият бар дӯш гирифт. Аммо барои ман хеле муҳим аст, ки дар амри сулҳ миёни Аҳмадшоҳ ва Наҷибуллоҳ пеш равам.

- Ана, дидед! Вақте мо ба ин ҳадаф дукаса мерасем, фурсатҳо бештар мешаванд.

- Мувофиқам.

Дар ин робита ман ба маъмури иктишоф дастурҳои иловагӣ додам – дар мулоқот сафири Иттиҳоди Шӯравӣ низ ҳузур хоҳад дошт. 

Мо ба назди Наҷибуллоҳ рафтем. Ман ба ӯ акнун иқдоми муштараки ману Юлий Михайловичро баён кардам, албатта, бидуни шарҳи бархе ҷузъиёти масоил. Дар оғоз Наҷибуллоҳ моро ба таври маъмулӣ самимона пазируфт, аммо ҳар қадар, ки шарҳи маро мешунид, ранг тағйир медод. Барои дилбардории ӯ Юлий Михайлович ба сохтани “гулу гулзор” – ҳои дурнамои оянда шуруъ намуд, ки дар ниҳоят Наҷибуллоҳро водор ба розӣ шудан сохт. Ҳарчанд ӯ наметавонист ризоият надиҳад, ба ин хотир, ки пешниҳод аз ҳамчунин сатҳе бар омада буд. Бар хилофи хулқу хӯи хоси худ ӯ муносибаташро ба ин мавзуъ баён намуд. Нигоҳашро ба дигар сӯ гурез дода, мегуфт, ки бале, масъала муҳим аст, он барои Афғонистон ва дар навбати аввал барои Кобул аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва ӯ (Наҷибуллоҳ) ҳамеша таваҷҷуҳи дӯстони шӯравиро ба ин мушкил ҷалб мекард ва дар ҳоле ки дар саркӯби дастаҳои Аҳмадшоҳ чизе ба даст наомад, мешавад ин гузинаро низ таҷриба намуд. Дар охир хулоса кард: «Агар коре аз дасти шумо ояд, чӣ гӯям, хуш хоҳем шуд”.

Вақте мо аз утоқи раисҷумҳур берун омадем ва бо мутар ба манзили худ рафтем, косаи сабри Юлий Михайлович лабрез шуд:

- Ӯ андешаро қабул накард, ҳарчанд ки розӣ шуд. Мулоқоти мо бо Аҳмадшоҳ кай баргузор мешавад?

– Фикр мекунам, ки ҳамин ҳафта. Он чӣ ба “қабул” рабт дорад, инро мо бояд интизор медоштем. Дар Афғонистон агар тасвири душман сохта шудааст, ин душман барои ҳамеша аст. Касе ва чизе инро тағйир нахоҳад дод.

- Мувофиқи матлаб хоҳад буд, ки мулоқот ҳар чӣ зуд баргузор шавад.

- Бале. Мо ҳама корро анҷом медиҳем, агар ба мо халал нарасонанд…

Юлий Михайлович ба ман як нигоҳи суолангезе афканд. Посух додам: «Инро набояд истисно донист».

Пас аз ду рӯз (тавре қарор карда будем) маъмури иктишоф хабар дод, ки Аҳмадшоҳ тарҳи мулоқотро хеле мусбӣ пазируфт ва хост феҳристи масъалаҳоеро, ки баррасӣ мешаванд, аз қабл барояш фиристем. Мову Юлий Михайлович инро анҷом додем. Бидуни шак, тақозои аввалини мо таъмини рафтуомади бозамонат, бемамониат ва амни ҳама гуна қаторҳо ва мутарҳои алоҳида тариқи ағбаи Соланг буд.

Вақте пешниҳодҳо сари ҳамаи масоил, ки бояд миёни мову Аҳмадшоҳ баррасӣ мешуданд, ниҳоӣ шуданд, Юлий Михайлович пешниҳод кард, ки онҳоро имзо кунем. Имзоҳо ба забонҳои русӣ ва англисӣ буданд. Илова бар ин, ӯ муҳри сафоратро низ нақш кард. Ин ҳама ба пешниҳодҳо шакли расмӣ дар сатҳи олиро медод. Ҳуҷҷатро ба маъмури иктишоф додам ва гуфтам, ба таври шифоҳӣ бигӯянд, ки мо омодаем ба ин мулоқот таҳти шартҳои Аҳмадшоҳ ҳозир шавем. Яъне самти ҳаракати мо, замон ва макони мулоқотро ӯ таъин мекард. Мо бо Юлий Михайлович бо як мутари «УАЗ» ва бидуни муҳофизон меоем, аммо тарҷумонеро бо худ хоҳем дошт. Ҳамин тавр, мо ба шумули ронанда чор нафар мешавем.

Пас аз ду рӯз маҳалли мулоқот маълум шуд (деҳаи харобшудае дар даромадгоҳи дараи Панҷшер). Вақти мулоқот субҳи рӯзи сеюм муқаррар шуд. Ин комилан барои мо мувофиқ буд. Ман ба ин натиҷа расидам, ки қаблан ба Ҷабал-уссироҷ мутари «УАЗ»-еро, ки саворӣ хоҳем кард, фиристам ва худи мо то он ҷо таҳти ҳифозат субҳи барвақти ҳамон рӯзи мулоқот равем. Амалан то Ҷабал-уссироҷ 40 дақиқа роҳ аст ва бо “УАЗ” то Панҷшер 25–30 дақиқаи дигар.

Ҳамон рӯзе, ки ба мо хабари макону замони мулоқотро доданд, ману Юлий Михайлович ба ҳузури Наҷибуллоҳ омадем ва ӯро огоҳ кардем. Зоҳиран ӯ ба ин ҳама ором ва ризоиятмандона бархӯрд кард. Мо ба равшанӣ андохтан ба бархе масоиле, ки бо Аҳмадшоҳи Масъуд бояд баррасӣ мекардем, шуруъ кардем. Наҷибуллоҳ онҳоро ҷонибдорӣ кард. Ҳатто заррае ҳам сари ин ё он мушкил ба баҳс напардохт, ки ин хоси ӯ набуд. Ҳамаро қабул кард ва муваффақият хост.

- Оё шумо таваҷҷуҳ кардед, ки Наҷибуллоҳ бо кадом оҳанг суҳбаташро анҷом дод? – гуфтам ман ба Воронсов.

- Зинда бошем, мебинем. Сари натиҷагириҳо саросема намешавем.

– Бо ин вуҷуд, ин ҳол ӯро муваззаф мекунад …

Юлий Михайлович табассум кард, аммо чизе нагуфт.

Мо барои омодагӣ ба сафар шуруъ кардем. Бале, дар масири Кобул то Ҷабал-уссироҷ зарур омад тадобире рӯи даст гирем, ки сафир дилпурона, амну осуда дар вақти таъйиншуда аз он ҷо убур кунад. Ҳарчанд амалан дар ин ҷо дастаҳои «хашмгин» - и зиёде, ки бо роҳзанӣ дар масир машғул буданд, фаъолият доштанд. “Сайёдон” - и якка ё ҷуфт низ буданд, ки ягон сайди худро интизорӣ мекашиданд.

Кор зоҳиран дуруст пеш мерафт. Нимаи дуввуми рӯзи пеш аз мулоқот маъмурони иктишоф хабар доданд, ки Аҳмадшоҳ Масъуд омодагии худ барои ширкат дар мулоқоти рӯзи дигарро таъйид кардааст. Аммо бегоҳ қабл аз ғуруби офтоб нохост ба ман хабар омад, ки макони мулоқоти оянда ва тамоми минтақаи атрофи онро тайёраҳои неруҳои ҳавоии Афғонистон бамборон кардаанд. Қурбониён зиёд буданд. Мулоқот лағв шуд.

Ҳисси қаблие, ки то ин дам маро таъқиб мекард, ин ки метавонанд ба мо халал расонанд, таъйид шуд. Ба Воронсов занг задам. Хашмгин буд. Ба назди Наҷибулло рафтем (ҳарчанд ки дер буд). Ӯ нақши як озурда аз ин хабари ғамангезро бозӣ кард ва дар назди мо ба фармондеҳи неруҳои ҳавоӣ генерал Қодир занг зада, ҳар чӣ ба даҳонаш омад, гуфт. Гоҳ пашту суҳбат мекард, гоҳ ба русӣ (Қодир русиро медонист), аз ҷумла ин суханонро гуфт: «Дар назди ман рафиқони Шӯравӣ сафир Воронсов ва генерал Варенников нишастаанд. Ман аз он чӣ, ки неруҳои ҳавоии шумо карданд, шарм мекунам. Ин шармандагист. Субҳи дигар ба ман хабар диҳед, ки ин ҷурми кист».

Мову Юлий Михайлович дар як мутар ба сафорат рафтем, то вазъро баррасӣ карда, қарор қабул кунем. Дарро баста, Воронсов зери лаб гуфт:

- Инро бояд интизор медоштем. Ӯ мухолифи ин мулоқот аст. Ва маҳз ӯ фармони бамборонро додааст.

- Ман ҳам ба ҳамин фикрам. Фикр мекунам, Наҷибуллоҳ муҷримонро пайдо нахоҳад кард, аммо мо набояд таслим шавем.

- Дуруст. Бояд дубора аз Аҳмадшоҳ талаби мулоқот кунем.

- Ман ба ӯ номае навишта, узр мепурсам ва пешниҳод мекунам, ки макони нави мулоқотро таъин кунад.

Воронсов розӣ шуд. Ман ба созмондеҳии ҷадид шуруъ кардам. Подполковник маъмури иктишоф бо посухи шифоҳии Аҳмадшоҳ танҳо чор рӯз пас омад. Гуфт, Аҳмадшоҳ сахт хашмгин аст ва ҳатто гуфтааст, ки агар таҳқиқ анҷом медиҳед, ӯ метавонад ному насаби он халабонҳои неруҳои ҳавоии Афғонистонро, ки бамборон карданд, дар ихтиёри мо гузорад (ӯ тариқи шабакаи ҷосусии худ дар ситоди неруҳои ҳавоӣ аз ҳама гап огоҳ буд). Бо ин вуҷуд, мо мулоқоти дуввумро созмон додем. Аммо он ҳам аз рӯи ҳамин сенорию пеш рафт. Ин дафъа ба ҷои тайёраҳо тӯпҳои дурзан ва реактивӣ кор карданд. Боз ҳама ҳама чиз қатъ шуд. Боз узру маъзарат хостем. Пас аз ду ҳафта бо як азоби алим боз ҳам рӯи мулоқот, ин дафъа бори сеюм, тавофуқ кардем. Ин мулоқот низ қатъ карда шуд.

Мову Юлий Михайлович ба ин натиҷа расидем, ки аз ин тарҳ даст кашем ва ҳатто ин масъаларо бо Наҷибуллоҳ матраҳ накунем.

Ҳама чӣ рӯшан буд. Ӯ рӯ ба рӯ бо мо мегуфт, ки аз ин тарҳ истиқбол мекунад, ҳамзамон дастур медод, ки аз ин мулоқот ҷилавгирӣ карда шавад. Сабаб ҳам рӯшан буд – нафрати шахсӣ бо Аҳмадшоҳ...

Валентин Варенников,

китоби “Рӯзгори бе такрор”, ҷилди панҷум

Эзоҳ:

Валентин Варенников (1923 - 2009), генерали артиш, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 1984-1989 сардори Гуруҳи оперативии Вазорати дифои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон, фармондеҳи неруҳои хушкигард ва муовини вазири дифои Иттиҳоди Шӯравӣ (1989 -1991). 

Юлий Воронсов (1929-2007), дипломати рус. Сафири Шӯравӣ дар Фаронса (1983-1986), Афғонистон (1988-1989) ва намояндаи Русия дар Созмони милали муттаҳид ва Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид (1990-1994), сафири Русия дар Амрико (1994-1998).

Шумо дар Ҷаҳон

Хуҷанди куҳану ҳамешаҷавон, ки дар радифи шаҳрҳои Бухорою Самарқанд аз даврони муқаддам то ба имрӯз аз марказҳои машҳури илму фарҳангу тиҷорати Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, бо иқлими хуш, сокинони ҳунарманду меҳмоннавозаш таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд.Ба шаҳри Хуҷанд, ки бо сифатҳои «тирози ҷаҳон», «арӯси дунё» ном баровардааст, набераи Каюмарси Одам-Ҳушанг асос гузоштааст, ки сарчашмаҳои таърихӣ бар он гувоҳанд. Дар замони шоҳи каёнӣ- Кайқубод ва дар аҳди Дороб Хуҷанд боз ҳам ободу зебо гардидааст. Хуҷанд бо фарзандони бузургаш-мунаҷҷиму риёзидони забардаст, пешвои донишмандон Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (асри Х), шоиру адибони номвар Собиту Садриддини Хуҷандӣ (асри ХI), Шайх Маслиҳатдин Бадеъуддини Нурӣ (асри ХII), Маҳастии Хуҷандӣ (асри ХII), Зиёуддини Хуҷандӣ (асри ХIII), Хоҷа Камоли Хуҷандӣ (асри ХIV) аллома Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Раҳим Ҷалил, Зариф Раҷабов, Солеҳ Раҷабов, шоираи номдори тоҷик Фарзона ва даҳҳои дигар устодони илму адабаш ифтихор дорад.

Аз шаҳри Хуҷанд Шоҳроҳи Бузурги Абрешим убур мекард, ки боиси иртиботи доимӣ бо тамаддуну тиҷорати ҷаҳонӣ ва рушду нумӯи маънавию иқтисодии шаҳр мегардид.

Ба таърихи Хуҷандшаҳр агар назар афканем, он ба қаъри асрҳо мерасад ва бо саҳифаҳои пуршарафу нотакрораш боиси ифтихор ва ибрати мо гардидааст. Дар авроқи рангини таърихи шаҳр сарнавишт, рӯзгор ва роҳи бузурги тайкарда, анъана ва русуми хоса, бо зарҳал нигошта шудааст.

Имрӯз шаҳри Хуҷанд аз лиҳози мақому нуфуз, иқтидори иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон дар ҷойи дуюм пас аз пойтахти мамлакат қарор дорад. Нуфузи сокинони шаҳр сол то сол афзуда, то 1- январи соли 2018 180,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Имрӯз Хуҷандшаҳр ба сӯи уфуқҳои тозаи рушду нумуъ қадам мезанад. Бунёди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Маҷмааи бошукуҳи истироҳатию фарҳангӣ ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, бо қомат афрохтани пайкараи муҳташами бунёдгузори давлати миллии тоҷикон-Амир Исмоили Сомонӣ, ба истифода додани Варзишгоҳи бошукуҳ барои 25 ҳазор нафар, майдони кушоди теннис, ҳавзи шиноварӣ, Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», тармиму таҷдиди Кохи Рӯдакӣ ва даҳҳо иншооти дигари иҷтимоию фарҳангӣ самараи истиқлол, мояи ифтихори сокинони Хуҷанд, мардуми вилояти Суғд ва Тоҷикистони азиз мебошад.

Баргузории «Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон худ шаҳодати он аст, ки кишвари маҳбуби мо-Тоҷикистон, вилояти овозадори мо-Суғд, шаҳри ҳамешасабзу ободи мо-Хуҷанд, рӯз ба рӯз, соат ба соат рушд меёбад, бо дастовардҳои беназираш дар ҷаҳони мутамаддин муаррифӣ мегардад ва бо фарзандони вафодору фарзонааш ифтихор дорад.

Ифтихор аз ватану ватандорӣ, хидмат баҳри рушди ватан, мароми ҳамешагии сокинони Хуҷандшаҳр ва Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Аз 31-уми марти соли 2017 марди фарҳангиву бунёдкор Маъруф Муҳаммадзода, ки мақсаду маромаш бунёдкориву созандагист раиси шаҳри Хуҷанд-маркази маъмурии вилояти Суғд мебошад. Ободиҳои ахири шаҳри овозадори Хуҷанд дар раванди ободкориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз таҳти роҳбарии ин марди фидоиву кордон сурат мегирад. 

Хуҷанди бостон

Дар бораи Хуҷанди ибтидои асрҳои миёна ва давраи Сомониён бештар сарчашмаҳои хаттии форсиву арабизабон маълумот медиҳанд. Назар ба маълумотҳо, нимаи дуюми асри VII номи шаҳр бори аввал дар шакли «Хуҷанд(а)» вомехӯрад (ал-Белазурӣ). Дар шакли «Гюйчжанти» номи шаҳрро сарчашмаҳои чинӣ дар хроникаи Таншу (боби 221) ҳам хотиррасон менамоянд. Ҷуғрофиядонҳову сайёҳони арабизабон Ибн-ал-Асир, ад-Димишқӣ, Ёқути Ҳамавӣ, Ибни Ҳавкал, ал-Муқаддасӣ, Ибн-ал-Фақеҳ, Истахрӣ бештар дар бораи Хуҷанди асрҳои VIII-ХII, яъне давраи ба ин шаҳр ҳуҷум намудани арабҳо ва то замони арафаи ҳуҷуми муғулҳо ба Хуҷанд маълумот додаанд. Ба ахбори Ибн-ал-Асир биноан (асри ХII-ибтидои ХIII), Хуҷанд ба қатори он шаҳрҳои Осиёи Миёна дохил мешуд, ки зидди ҳуҷуми арабҳо муборизаи яроқнок бурдааст. 

Хуҷанд дар асри миёна

Хуҷанд ҳам ибтидои асрҳои миёна, хусусан асрҳои IХ-Х сеқисма буду аз куҳандиз (куҳанқалъа бо арки маликнишин), шаҳристон ё мадина (худи шаҳр) ва работ (мавзеъҳои наздишаҳрӣ) иборат буд. Умуман, ба қавли ал-Истахрӣ, масоҳати Хуҷанди асри Х шаш-ҳафт километр буда, дарозиаш аз бараш бартарӣ доштааст. Шаҳристон, ки девораш асрҳои VI-VII сохта шудааст, (А.Мирбобоев), аз маҳаллаҳои истиқоматии шаҳриён бо масҷиди ҷомеъ ва муассисоти дигар, куҳандиз бошад, аз қароргоҳи расмии ҳоким, лашкаргоҳ, маҳбас ва ғайра, работ-ҳудуди наздишаҳрӣ-бо қисмҳои ҳунармандиву тиҷоратӣ иборат буданд. Асрҳои ХI-ХII шаҳристону работи Хуҷанд ба ҳам омезиш ёфтаанд. Дар шаҳристон чанд муассисоте ҷойгир буданд, ки якеи онҳо майдони Намозгоҳ-Мусалло (ҷои намозхонии умумиву калон)-и Хуҷанд буд.

Қисми дигари Хуҷанд минтақаи майдони Панҷшанбеи шаҳр буд (онро дертар қисми ба деҳаи Қалъаи нав ва Мазор дохилшаванда ҳам меҳисобиданд). Он майдон чун маркази ҳунармандиву тиҷоратии Хуҷанд берун аз работи асримиёнагии Хуҷанд, тахминан асрҳои ХIV-ХVI шакл ёфтааст. Вале ҳафриёти археологии солҳои 70-уми асри ХХ дар ин майдон гузаронида (ҷои собиқи «саройи унҷигиҳо»-чойхонаи «Шарқ»-тарабхонаи собиқи «Панҷшанбе»-Осорхонаи собиқи вилоятии таърихӣ-кишваршиносӣ-Маркази савдои «Ҳоҷӣ Абдулазиз») ва бозёфти ду тангаи мисин (якеаш мансуб ба асри ХII дар жарфии 3 м.) гувоҳи он аст, ки ин минтақа ҳам аз қисмҳои қадимаи шаҳр аст. Асри ХII дар ин ҷо мақбараи мулкдору шоир ва арбоби барҷастаи дин, пешвои маслиҳатгару ҳокими Хуҷанд Бадеуддини Нурӣ (тахаллусашон «шайх Муслиҳиддин») бунёд мегардад ва сонитар дар атрофи он маҷмааи ҳамноми таърихӣ-меъмории шайх Муслиҳиддин шакл меёбад (асрҳои ХIV-ХIХ).

Ибни Ҳавкал менависад, ки Хуҷанд «байни вилоятҳо аз ҷиҳати ҳусну назокат ягонаест»; ал-Муқаддасӣ махсус қайд мекунад: «Хуҷанд-шаҳри пурҳаловатест дар ин сӯ, аз он дида шаҳри дилкаштаре нест, аз байнаш наҳре ҷорист ва дар шафаташ куҳест, ки онро оқилону шоирон мадҳу сано мегӯянд. Ва дар Шарқу Ғарб зеботар шаҳре аз он нест. Вай мафтункунандаву дилрабост, касонро моту мабҳут месозад, бо форсӣ онро «дил бибурда» гӯянд».

Дар таърихи Хуҷанд сокинони шаҳр борҳо барои озоди хеш бо истилогарон даст ба гиребон шуда дар мудофиаи шаҳр қаҳрамонӣ нишон додаанд. Дар асри XIII дар вақти истилои муғулҳо қаҳрамонии худро Темурмалики паҳлавон нишон дода буд, ки ҳоло халқи ин шаҳр бо ӯ ифтихор доранд.

Роҳи Абрешим

Шаҳри Хуҷанд чун маркази савдо, ҳунармандӣ дар гузашта машҳур буд. Роҳи корвонгузари тиҷоратии асримиёнагӣ-«Роҳи бузурги абрешим» ба Осиёи Миёна, аз Ҳиндустон, Эрон, Шарқи Наздик, Чин ва ҳавзаи баҳри Миёназамин аз ин ҷо мегузашт.

Хуҷанд дар садаи 19 ва 20

24 маи соли 1866 ба шаҳр аскарони подшоҳӣ даромаданд ва он ба ҳайати Русия дохил шуд. Ин воқеа аҳамияти прогрессивӣ низ дошт. Минбаъд ба Хуҷанд инқилобиён ва равшанфикрони рус омаданд, ки онҳо дар инкишофи шуури синфӣ ва худогоҳии маҳаллӣ таъсир гузоштанд.

4 июли 1916 мардуми Хуҷанд ба муқобили сиёсати мустамликадории Русияи подшоҳӣ ва феодалҳои маҳаллӣ шӯриш бардоштанд, ки он дар тамоми Осиёи Миёна паҳн гашт. Дар ҷараёни муборизаҳои синфӣ инқилобчиёни машҳур ба майдон омаданд. 24 ноябри 1917 Ҳокимияти Советӣ дар Хуҷанд ғалаба кард. Дертар шаҳр аввал ба ҳайати РСС Ӯзбекистон ва аз 2 октябри 1929 ба Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Соли 1936 шаҳр Ленинобод ном гирифт.

Хуҷанд ва ИҶШС

Дар солҳои Ҳокимияти шӯравӣ Хуҷанд ба яке аз марказҳои калони иқтисодӣ ва мадании Тоҷикистон табдил ёфт. Соҳаҳои асосии саноат: бофандагӣ, коркарди металл, бинокорӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ. Соли 1982 дар шаҳр зиёда аз 25 корхонаи саноатӣ мавҷуд буд. Комбинати шоҳибофии шаҳр яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии ИҶШС буда, 80% шоҳии Тоҷикистон (зиёда аз 45 навъ ва 500 номгӯи матоъ)-ро истеҳсол мекард. Соли 1981 комбинати консерви шаҳр 53 млн қуттии консерв мебаровард, ки ин миқдор бо тамоми консерви корхонаҳои Русия (1913) баробар буд. Дар шаҳр комбинатҳои шир, равған, масолеҳи бинокорӣ, заводҳои тухми кирмак, шиша, «Торгмаш» (зарфҳои қаҳвапазӣ, термостатҳо ва ғайра), истеҳсоли зарфҳои сирдор, «Газаппарат*, таъмири автомобил, истеҳсоли маснуоти оҳану бетонӣ, нон, матбаа, фабрикаҳои мебелсозй, пойафзолдӯзӣ ва ғайра фаъолият менамуданд. Маҳсулоти саноати шаҳр ба Булғория, Куба, Руминия, Венгрия, Муғулистон, Афғонистон, Алҷазоир, Ҳабашистон, Ҳиндустон, Гвинея, Сомали ва ғ. фиристода мешуд. 

Хуҷанд дар замони истиқлол

Дар солҳои Истиқлоияти Тоҷикистон дар натиҷаи гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ ҳоло бештар корхонаҳои хусусӣ ва иттиҳодияҳои саҳҳомӣ ташкилу фаъолият намуда истодаанд. Аз соли 2010 Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" (МОИ "Суғд") бо сармояи ватаниву хориҷӣ ба фаъолият шуруъ намудааст ва имрӯз аввалин маҳсулоти корхонаҳои он ба муомилот баромадаанд. Махсусан, дар Хуҷанд соҳаи сохтмон дар замони истиқлолият рушд намудааст. Дар шаҳр чунин иншоотҳои нав ба монанди бинои нави Донишгоғи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, комплекси варзишӣ бо ҳавзи шиноварӣ, меҳмонхонаи баландошёнаи "Эҳсон" мактабу кӯдакистонҳо, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, хизмати маишӣ, бозору мағозаҳо ва муассисаҳои давлатӣ қомат рост намуданд. Боғу хиёбонҳои нав ба вуҷуд омаданд. Масалан, 21 марти соли 2015 боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, ки оромгоҳи воқеияш дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, дар маскани собиқ боғи фароғатии шаҳрӣ ифтитоҳ ёфтааст. 

Маҳаллаҳои машҳури Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд чунин маҳалаҳо мавҷуд мебошанд:

Маҳаллаи «Хуҷанд», «Тути калон», «Чорчароғ», «Раззоқ», «Масҷиди Савр»,  «Қори Раҳмат Қурбонов», «Содир Ҳофиз», «Шарқ», «Сарибаланд», «Ҷаббор Расулов», «1 Май»,  «Сирдарё»,  «Сайҳун», «Чашмаи Арзана», «Бофанда», «Ваҳдат», «Темурмалик», «Тиллакон», «Мевагул», «Суғдиёна», «Навбаҳор» ва ғ.  

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” соли 2009 ҳамчун қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқарраргардида таъсис ёфта, дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси иқтисодӣ муҳайё карда шудааст. Намуди МОИ “Суғд” саноатӣ-инноватсионӣ буда, бо ҳадафҳои умумииқтисодӣ, рушди тиҷорати хориҷӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ -техникӣ ба муҳлати 25 сол ташкил шудааст. Дар ҳудуди МОИ “Суғд” ташкил намудани инфрасохтори муосири муҳандисию нақлиётӣ, телекоммуникатсионӣ ва истеҳсолии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани ихтироот ва фановарии ватанӣ, ташкили шабакаи истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ тоза низ дар назар аст.Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст. Дар ин қитаъаи замин таҳлили геологию геодезӣ ва лоиҳакашӣ анҷом дода шудааст. Масоҳати умумии МОИ “Суғд” 320 гектарро ташкил медиҳад.

Нақлиёт

Дар масофаи 12 км дуртар аз Хуҷанд Фурудгодҳи байналмиллалии Хуҷанд (LBD) амал мекунад. Фурудгоҳи мазкур ба бештар аз 600 ҳазор нафар мусофирон дар як сол хизмат мекунад. Аз фурудгоҳи Хуҷанд хатсайрҳои мустақими доимӣ ба давлатҳои ИДМ, Ҳиндустон, Чин ва АМА амал мекунанд.

Дар шаҳри Хуҷанд истгоҳи роҳи оҳани калонтарин мавҷуд мебошад, ки вилояти Суғдро бо қисми ҷанубии Тоҷикистон, инчунин бо дигар минтақаҳои давлатҳои хориҷи дуру наздик пайваст мекунад. Дарозии умумии роҳҳои оҳан дар ҷумҳурӣ 943 км-ро ташкил медиҳад, ки 678 км онро роҳҳои асосӣ ташкил медиҳанд. Ҳиссаи калони ҳамлу нақли молу маҳсулоти байнидавлатӣ ба роҳи оҳан рост меояд.

Аз қаламрави вилоят роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ бо дарозии 354 км мегузарад, ки қисми шимоли кишварро бо ҷануби он пайваст мекунад. Шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ба худ якчанд нақбҳоро, ки дарозии умумиашон зиёда аз 10 км.-ро ташкил медиҳад дар бар мегирад. Шоҳроҳи мазкур соли 2012 аз нав таъмир карда шуда ба истифодабарӣ дода шуда буд.

Фарҳанг ва маориф

Дар шаҳри Хуҷанд 6 театр ва марказҳои фарҳангӣ, 5 толори консертӣ, 11 китобхонаҳои оммавӣ, 10 китобхонаҳои хусусӣ, 3 осорхона, 10 адад ёдгориҳои таърихӣ, 48 мактабҳои маълумоти умумӣ, 31 боғчаи кӯдакон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи Давлатии Ҳуқуқ, Бизнес, ва Сиёсати Тоҷикистон,

Донишкадаи куҳию металургии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ , 7 стадион, 210 иншоотҳои варзишӣ ва 4 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад. 

Ёдгориҳои шаҳр

Мақбараи шайх Муслиҳиддин (а.XIV) ва боқимондаи Қалъаи Хуҷанд (а.VII-VIII) аз ёдгориҳои таърихй ва меъморй мебошанд. Дар бинои тарҳрезишудаи Қалъаи Хуҷанд ҳоло, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бунёд гардидааст. Дар ҳаминҷо, назди соҳили Сирдарё нимпайкараҳои адибону аломаҳои ин диёр гузошта шудааст. Дар соҳили рости дарёи Сир дар давраи шӯравӣ ҳайкали В.И.Ленин қомат афрохта буд (ҳоло, ба ҷойи он муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст). Дар маркази шаҳр, инчунин ҳайкали ёдгории ҷанговароне, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанй шаҳид шудаанд ва нимпайкараҳои инқилобчиёну ходимони намоёни давлативу фарҳангии хуҷандӣ гузошта шудааст.

Маркази илму фарҳанг

Хуҷанд бо намояндагони илму адаби форсу тоҷик ба монанди Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (а. X)-мунаҷҷим ва риёзидон, Маҳастии Хуҷандӣ (а. XII)-адиба, Камоли Хуҷандӣ (а.XIV)-шоир, Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф (1825-1887)-шоир, Тошхӯҷаи Асирӣ (1864-1916)-шоир, маорифпарвар, Абдуллои Файёз (1847-1934)-шоир, Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов (1842-1925) - ҷуғрофияшинос ва сайёҳ ифтихор дорад. Марказҳои фарҳангии Хуҷанд-Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ (Хуҷанд) (таъсис, соли 1917), Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ (Таъсис, соли 1932), Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар ш. Хуҷанд, 4 мактабҳои таҳсилоти олӣ ва диг. муассисаҳои илму фарҳанг ва маориф мебошанд. Чунин шахсиятҳои номдор ба монанди Фарзона, Розия Озод, Мавҷуда Ҳакимова, Норинисо-адибаҳо, Муҳаммад Осимӣ-(1920-1996) файласуф, академик, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Юсуф Носиров-(1932-2007) биолог, академики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Маъруфхоҷа Баҳодуров-(1920-1997) сароянда, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон, Мунзифа Ғаффорова-(1924-2013)файласуф, доктори илм, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Зикриё Бобохоҷаев, табиб, клинитсист, доктори илм, профессор, Ҷӯрабек Набиев-(соли 1941), сароянда, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон ва диг. зодагони ш.Хуҷанд, дар Тоҷикистон соҳиби шуҳрат шудаанд.

Бозори Панҷшанбе

Бозори «Панҷшанбе» дар маркази Хуҷанд воқеъ аст. Майдони васеи назди бозор бо фаввора оро дода шудааст. Рӯ ба рӯи бозор Мақбараи шайх Муслиҳиддин (а. XIV) бино ёфтааст. Калонтарин бозоре, ки дар шакли пӯшида дар Осиёи Миёна дар даврони шӯравӣ сохта шудааст, бозори овозадори «Панҷшанбе» мебошад. Бозори «Панҷшанбе» солҳои 50-уми асри XX сохта шудааст ва аз ҳамон вақт манбаи хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, хӯрокворӣ ва лавозимоти саноативу хоҷагидорӣ мебошад ва барои сокинону меҳмонони Хуҷанд хизмат мерасонад.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Ифтитоҳи иншоотҳои замонавӣ дар шаҳри Хуҷанд дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва фароҳамсозии имконоти васеи истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони шаҳр мебошад. 

Гуфтан ба маврид аст, ки дар рӯзҳои таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ аз тарафи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи хонаҳои истиқоматӣ, боғча ва чойхона дар маҳаллаи Суғдиён баҳри истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Дар самти ободонӣ ҳамчун ҳадафҳои бунёдкорӣ ба роҳсозӣ ва таъмиру таҷдиди онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Тибқи нақшаи тасдиқшуда соли ҷорӣ 32,5 км таъмири роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 12,5 км таъмири роҳҳо ва кӯчаю хиёбонҳо ва 20,0 км роҳҳои автомобилгарди байни биноҳои истиқоматии микроноҳияҳо ва дохилии маҳаллаҳо ба нақша гирифта шуда, то имрӯз зиёда аз 23 км роҳҳо асфалтпӯш карда шуда, корҳо дар ин самт тақвият меёбанд. Боиси тазаккур аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва бевосита дастгирии раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода кӯчаи 30 солагии Ғалаба, кӯчаи Сирдарё аз Наврӯзгоҳ то гардиши Ором, байни микроноҳияҳои 12-13 бо сифати баланд мумфарш карда шуданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни Сада, 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, соли 2018–“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ҷашни дар пешистодаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ташкил ва гузаронидани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар самти иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ ва равнақи созандагию бунёдкорӣ то имрӯз як қатор чораҳо амалӣ гардиданд.

Оғози бунёди роҳи танобӣ дар Хуҷанд

Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони роҳи танобии шаҳри Хуҷанд аз мавзеъи Боғи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ санги асос гузошта шуд. Роҳбари вилоят афзуд, ки дар доираи эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Хуҷанд роҳи танобӣ бо дарозии 1050 метр аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад. Роҳи танобӣ дорои 47 кобина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 7 кобинаи хизматрасони олӣ буда, дар як вақт барои 160 нафар хизматрасонӣ менамояд.

Гуфтан ба маврид аст, ки баландии роҳи танобӣ дар сатҳи дарё 35 метрро ташкил дода, баъди истифода додани он 16 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ «Абдурашид» буда, масолеҳи сохтмонӣ пурра ватанӣ мебошад. Интизор меравад, ки роҳи танобӣ охири соли равон мавриди истифодабарӣ қарор мегирад.

Оғози расмии фаъолияти автобусҳо дар шаҳри Хуҷанд

Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди пояи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ҳодисаи муҳими фараҳбахш ва аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта- маросими оғози расмии фаъолияти автобусҳо дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ қайд кард, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳаҷми 28, 8 миллион доллари амрикоӣ ба маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Русия ворид карда шуд ва ин имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти мусофиркаш беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати ҳамроҳонаш аз ҷумла муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Гулистон Матлуба Сатториён, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Нозирӣ, собиқадорони меҳнат, фаъолон ба автобусҳо нишаста ба самти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров равон шуданд.

Саид САИДОВ

Шумо дар Слайд
саҳ 3 аз 4

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.