.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Шанбе, 25 Август 2018 - || ФАРАЖ
Шанбе, 25 Август 2018 16:09

Номаи падари камбағал

Ҳаёт аҷиб аст. Бисёр маврид моро фиреб медиҳанду дурӯғ мегӯянд. Мо, тоҷикон, гӯё ин ки ягон ҳодисае рӯй надодааст,  ба чунин тақаллубкориҳо оромона  таваққуф кардаву  хоҳони он мешавем, ки ҳамаи ин паси сар мешавад. Мабодо гапе нашавад…

Медонем, ки   моро фиреб медиҳанд, аз мо истифода мебаранд ва худи мо бе  қути лойамут мемонем. Ин ҷо ибораи дӯстдоштаи  қаҳрамони ҳикояи машҳури нависандаи рус А. П. Чехов, Беликов «Одам дар ғилоф», «Мабодо ҳодисае рӯй надиҳад» таъбири тоҷикона мегирад. Мо тангаҳои охирини худро нисор мекунем. Ба он хотир, ки шояд ягон ҳолати нобаҳангоме рӯй надиҳад. Метарсем… ё ин ки ғурури «тоҷикона» дорем. Гӯё ин , ки ҳамин хел буданаш даркор аст. Мабодо, ки…

Дар баъзе маршруткаҳои шаҳрӣ бояд як сомонию 40 дирамӣ роҳкиро диҳем.   Аммо 2 сомонӣ медиҳему бақия намепурсем. Чунин рафторамон маъмул гаштааст. ҳангоме, ки барои се- чор истгоҳ ронанда ду сомоӣ мепурсаду мусофирро дар ҳолати ногувор мемонад, тоҷики «гапдаро» сарпастӣ мекунад. Мабодо, ки…

«Экспресс»- е,  ки бояд мувофиқи қоида аз аввали  хатсайр то ба охираш, бе истгоҳ мусофиронро бурда расонад, сари ҳар 30 - 40 қадам,  барои касе ки даст афшонад, мошинро манъ кардаву боиси ба кору дарс дер мондани донишҷӯён ва дигар мизоҷон мегардад.  Ба ҷои 12 нафар, дар маршутҳои такси  14 – 20 нафарро савор мекунанд. 

Дар троллейбусу автобусҳо  ҳар як дақиқа  дар экран нархи роҳкиро навишта мешавад.  Тоҷики саховатманд 2 сомонӣ  роҳкиро карда, бақия намепурсад. Роҳкиро барои  троллейбус мувофиқи фармони ҳукумати  шаҳр 70 дирамиро ташкил медод. Мувофиrи қарорҳои баъдинаи ҳукумати шаҳри Душанбе нархи билетҳо қимат гаштанд. Ин гуна қиматгузорӣ барои нафаре, ки ҳамагӣ 700 сомон маош мегирад , воқеан вазнин аст.

Дар бисёр оилаҳо  озуқаи ниёзи аввал намерасад, вале тоҷики саховатпеша шиор мепартояд, ки «Бо 40- 50 дирам» бой шудан ғайриимкон асту «парвардигор моро барои чунин садақаву саховатҳо сипосгузорӣ хоҳад кард. Шукри худо, ки фарзандон дар Россия кор карда истодаанду моро фаромӯш нахоҳанд кард». 

Ин як тариқи «худоромкуни»- и тоҷикона аст. 

Барои хонандагони мактабу донишҷӯён, ки дар маршрутка 2 сомонӣ (ба ҷои як сомонӣ) роҳкиро медиҳанд, ин гарон аст. Донишҷӯи бечора аз машғулият қафо монда, мавриди маломати устодон қарор мегирад. Бинобар ҳамин, илоҷе надорад, ки ба троллейбус ё автобусҳои шаҳрии арзонтар ба донишгоҳ ё донишкада расад? Барои   мисол, сайрхати 7, ки мусофиронро ба ду ҷониби шаҳр, «комбинати равғанбарорӣ» ва маҳаллаи «Обшорон», - охири шаҳри Душанбе мерасонад, ғайриқаноатбахш кор мекунад. Тролейбуси рақами 9, ки дар ҳамин хатсайр ҳаракат мекунад, мувофиқи кадом як фармоне бояд, ки дар ҳамроҳӣ бо автобусҳо дар навбати якҷоя бошад, ки ин аз рӯи инсоф нест. Зеро, ки бисёр мусофирон тавассути троллейбус иҷозати бепул рафтанро доранд.  Имтиёздорон маҷбуранд, ки соатҳо чашминтизор монанд. 

Фарзандони мо – мактаббачаҳо аз мо барои «фонди мактаб» аз  20 то 60 сомонӣ, барои таъмир, барои тоза кардани атроф, барои ҳар як ид (ҳатто барои рӯзи ошиқон), барои рӯзи таваллуди  роҳбари синф пул мепурсанд. Мо илоҷе кардаву пул меёбем, ба он хотир, ки мабодо чизе нашавад. Моро ягон қуввае, ҳидоят намекунад, ки ба мактаб рафтаву аз роҳбарон пурсем, ки барои чӣ  ин тавр аст? 

Нафақахурони оддӣ дар Тоҷикистон 185 сомонӣ мегиранду ба хазиначӣ 5 сомонӣ медиҳанд. Барои чӣ? Дар ҷои фурӯши билетҳо, дар истгоҳи роҳи оҳан, дар мавриди дигар ҳуҷҷатҳои даркориро гирифтан, тоҷики саховатпешаи бечора  аз 5 то 50  сомониро «бахшиш» мекунад. Мабодо, ки ҳодисае рӯй надиҳад… 

Мансабдорон аз чунин имкониятҳо ба хубӣ истифода мебаранд. Яъне, аз ин ҷо бармеояд, ки  мо баъзе мансабдоронро худамон  порахур мекунем, ки оқибати нохуш дорад. Бинед. ки саховатпешагии тоҷикона  ба чӣ мерасонад. Ман, шахсан шоҳиди он будам, ки дар шаҳри Новосибирск, дар  мағозаи калоне, ба як харидор 5 танга,  ки таносуби тақрибан 5 дирами моро дорад, бақия дода натавонистанд. Ошубе бархест, ногуфтанӣ. Занак ба мудирияти мағоза ва ба маъмурияти шаҳрии савдо ариза бурд. Дар ниҳояти кор ба ӯ ҳам тангааш ва ҳам барои зарари маънавиаш маблағ пардохт намуданд.

Дар китоби мубораки «Қуръон» омадааст, ки боигариро эҳтиёт кунеду пулатонро ба ҳар сӯ напартоед, барои оянда ва ояндагонат чизе бимонед. Дурандеш бош. Боигарӣ, ки ёфтӣ, мувофиқи қонуни ислом ба сағираҳои бекас, бехонаҳо, муйсафедон ва ба масҷидҳо закот (хайр) деҳ. Маблағи зиёдатиатро барои сохтани купрукҳо, масҷидҳо, ки солҳо истифода мешаванд, ки садақаи якумра маҳсуб мешаванд, сарф кун  то туро як умр қабилаат ба ёд оварад. Боиси таассуф аст, ки бисёр  бойбобоҳои мо ин гуфтаҳои дини мубини исломро мавриди назар намегиранд. Афсус…

Баъзан аз худ мепурсем, ки: «Чаро дар бахшҳои телевизиони марказӣ ҳамарӯза дар бораи  эҳтиёт кардани қувваи барқ, истифода бурдани лампаҳои каммасраф, доруҳо ва масоили ин эълон пахш мекунанду ягон намоише ё барномае оиди чӣ тавр эҳтиёт кардани пул, дар бораи чӣ тавр истифода бурдани пул, мавриди надодани бақия чизе намоиш дода намешавад?». Барои чӣ чунин барномаҳое монанди «Ҳар як суматро эҳтиёт кун !»,  «Иқтисоди оилавӣ», «Ҳаққатро талаб куну зиёд мадеҳ», «Чӣ тариқ ҳаёти каммасрафро пеш бояд гирифт?» намоиш дода намешавад? Агар оинаи нилгун бештар ҳаёти аслиро нишон медод, хеле хуб мебуд. 

Ман, падарам. 

Сокини шаҳраму дар шаҳр зиндагӣ мекунам ва хизматчиам. Маошам 730 сомонӣ аст. Бояд, ки сарамро ба санг задаву ба ин моҳона зиндагиро пеш барам. Чӣ илоҷ? 

Писари калониам мегӯяд, ки «Падар, барои чӣ ман дар чунин як оилаи камбағал таваллуд шудаам?» .Ман ба ӯ чӣ ҷавоб дода метавонам? 

Дар рӯзи муҳофизатгарони Ватан ҳамон писарам  китоби «Падари бой, падари камбағал»- и Роберти Киосакиро додаву гуфт: «ҳамин китобро хону ба бойшавӣ майл кун!».  Дар ҷавоб ба ӯ гуфтам, ки ман амрикоӣ наяму муъҷизакор низ нестам. Чӣ имконияту тавоноие доштам, дар 59 соли ҳаётам  иҷро кардам. Бойигариро  тариқи ҳиллаву найранг ва фиреб меёбанд. Кам тоҷике ёфт мешавад, ки соҳибкори тоза бошад. Оиди соҳибкории тоза фақат орзу кардан мебояд.

Писарам аз пешам бо табъи нохуш рафт. Шояд ҳанӯз дарк намекунад, ки мо, тоҷикон, чӣ гуна азоби рӯҳонӣ дорем? Яке аз изолатҳои мо—ин худқурбонкунӣ, надонистани ҳараҷу мараҷи хона, беинсофона харҷ кардани  пул, исрофи бемаънӣ  аст.

Бо писарам хайрухӯш карда, худ ба худ гуфтам: «Фарзандам маро бубахш.  Шояд, ки рӯзе расаду ба як маҷрои муайян дохил гардаму яке аз падарҳои бой шавам!»

Убайдулло  РАҲИМОВ, 

рӯзноманигор

Шумо дар Ҷомеъа

Дар ҳоле, ки мақомот талоши баргардонидани даҳҳо шаҳрванди  Тоҷикистонро аз ҳизбу ҳаракатҳои манӯъ доранд, коршиносону таҳлилгарон мегӯянд, ки бояд аввал корҳоеро анҷом диҳанд, ки онҳо соҳиби ҷойи кор ва зиндагии хубе баъди бозгашт бошанд.

Тибқи гузоришҳои расмӣ, чандин нафар аз ҳизбу ҳаракатҳои манӯъе мисли "Гурӯҳи 24" ба Тоҷикистон баргашта, мақомот онҳоро ба хотири пушаймонӣ авф кардааст, ки ба гуфти худашон зиндагии ором ва бидуни мухолифат ба сиёсатро пеша кардаанд.

Аксари онҳое, ки баргаштаанд ба гуфти ниҳодҳои интизомӣ натиҷаи кори мақомот аст, ки натиҷаи хубе додааст.

Файзуллоҷон Сафарови 32-сола, собиқ фаъоли ҳизби мамнӯъи "Гурӯҳи 24", сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аст. Ӯ моҳи апрели соли ҷорӣ ба Тоҷикистон баргашта ва мавриди афв қарор гирифт. Ин ҷавон аз фаъолони ҳизби мамнӯъ буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, радиои интернетии Zello бо лақаби "мураббӣ" ва "омӯзгор" фаъолияти сиёсӣ дошта, бар зидди ҳукумати Конститутсионии Тоҷикистон назарҳояшро баён мекард:

Ӯ мегӯяд, "соли 2014 ба ин гурӯҳ пайвастем, ки барои барқарории адолат кор кунем. Барои бардоштани сатҳи дониш дар Тоҷикистон талош кардам, зеро мо як насли нав ҳастем ва аз ин хотир ба "Гурӯҳи 24" пайвастем. Аз минбаре, ки доштем, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, радио ва сомонаи гурӯҳ истифода бурда, назари худро гуфтем ва даъват кардем. Вақте дар Тоҷикистон моро як гурӯҳи тундгаро унвон карданд, ҳарос ва тарси мо бештар шуд. Аз ин рӯ хонаводаи мо низ зиндагии ороме надоштанд."

Файзуллоҷон Сафаров пештар дар идораи маориф ва илми ноҳияи Ёвон кор мекард. Ӯ барои такмили ихтисос ба Русия рафт ва аз онҷо ба "Гурӯҳи 24" пайваст. Азбаски ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнӯъ элон шуд, ӯ баъдан ба мушкил рӯ ба рӯ шуд.

Ҳоло Файзуллоҷон Сафаров бо ҳамсару ду кӯдак ва падару модараш дар ноҳияи Ёвон зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки баъди пушаймонӣ ва тарки "Гурӯҳи 24" мехоҳад,  барои огоҳии мардум, аз рӯйи ихтисосаш кор кунад: “Тасмим дорам дар донишгоҳе кор кунам, вале ҳоло расман ҷойи кор надорам ва танҳо бо намояндагони мақомоти интизомӣ барои баргардонидани дигар ҷавонҳо, аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мисли "Гурӯҳи 24" кор мекунам”.

Раҷабгул Заинова, модари Сафаров мегӯяд, ки рӯзҳое, ки акси писарашро дар сафи нафарони дар кофтукоб буда, медид пеши чашмонаш сиёҳ мешуд, вале ҳоло шукрона мекунад, ки писараш баргашта дар озодӣ қарор дорад.

Мақомот мегӯянд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ хонаводаҳои зиёде тавонистаанд фарзандони замоне дар ҷустуҷӯи пулис будаашонро дигарбора ба канор бигиранд.

Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки онҳое, ки бо хоҳиши худ аз ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва мамнӯъ бармегарданд, авф хоҳанд шуд:

"Дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, ки касе ихтиёрӣ бармегардад, озод карда мешаванд. Рӯзҳои охир бо чанд ҷавон суҳбат доштем, ки онҳо нав ба Тоҷикистон баргаштаанд. Як нафари онҳо аз "Гурӯҳи 24" гуфт, ки пушаймон шуда боз мехоҳад дигарҳоро ба Тоҷикистон баргардонад. Дар назар аст, ки се ё чаҳор нафари дигар аз "Гурӯҳи 24" бармегарданд, онҳо фарзандони мо ҳастанд, ки иштибоҳ карда, аз кори кардаашон сахт пушаймон шудаанд."

Аз Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон мегӯянд, ки дар шаш моҳи соли 2018 16 нафар ихтиёрӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ баргаштаанд, ки 3 нафари онҳо аъзоёни Гурӯҳи 24" будаанд. 

Инҳо сокинони ноҳияи Қубодиён, Ёвон ва шаҳри Бохтар мебошанд, ки ҳоло дар аксар ҷаласаҳо бар зидди терроризму экстремизм суҳбат мекунад ва аз хатои кардаашон ба ҷавонон нақл мекунанд.

Рустами Сафар, таҳлилгар аз вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои “Озодӣ” гуфтааст, вақте талоше барои баргардонии ҷавонони ифротӣ, хусусан онҳое, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ пайвастаанд сурат мегирад,  бояд шароити хуби корӣ барои онҳо фароҳам оварда шавад: "Дар дохили кишвар ҷойи кор бо музди хуб бошад дар ин сурат ҷалби дигари ҷавонон бештар мешавад, вале дар сурати баргардондан, ки шароити хубе дар кишвар пайдо накунанд, шеваи баргардонидан натиҷаи хубе намедиҳад."

Файзуллоҷон Сафаров мегӯяд, ки ӯ ҳоло тасмим дорад тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дигар ҷавононе, ки ба "Гурӯҳи 24" пайвастаанд ба Тоҷикистон баргардонад ва ба онҳо ваъда додааст, ки мақомот онҳоро баъди пушаймонӣ авф хоҳад кард. "Гурӯҳи 24" созмоне мебошад, ки дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯъ буда, мақомот аз он чун ҳаракати экстремистӣ ном мебаранд. 

Тайи ду моҳи охир ҳадди аққал 7 нафар аз хориҷ шудани худ аз ин гурӯҳ хабар додаанд, ки онҳо Файзуллоҷон Сафаров, Фирӯзшо Лоиқов, Меҳрубон Сатторов ва Оятулло Гиляев мебошанд.

Талоши мақомоти тоҷик барои баргардонидани ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мисли "Гурӯҳи 24"дар ҳолест, ки гуфта мешавад гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои манӯъ дар дохили кишвар коҳиш ёфтааст. Тибқи гузоришҳои расмӣ аз Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон 1170 сокини вилоят дар кофтукоби ҷиноӣ қарор доранд, ки зиёда аз 700 нафари онҳо дар ҷиноятҳое вобаста ба терроризму экстремизм даст доштаанд. 

Дар миёни онҳое, ки мақомот дар пайгард қарор додааст, ҳамсарони узви "Давлати исломӣ" ва фарзандони ноболиғи онҳо низ ҳастанд, ки солҳои ахир аз онҳо нишоне нест.

Ясриби Хатлонӣ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Шумо дар Минтақа

ЛАҲЗАИ АВВАЛ

Саломи дастакӣ

Новобаста аз оне, ки мо дар Донишгоҳ аллакай парончак шудаему муаллими фанни "Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ"-амон "худӣ" аст баробари танаффус тамом шудан бо ҳамкурсон, ҷониби аудитория равон шудем. Дар ин ҳолат чашмам ба роҳраве, ки берунро бо факулта пайваст мекард, афтид. Пирамарди солору ботамкин дар даст ҷувздони калони пур оҳиста-оҳиста ҷониби мо меомад.

-Ассалому алейкум! 

-Воалейкум бар салом! (бо табассум)

-Ба факултети журналистика хуш омадед! Кабинети декан ё аз ягон мудири кафедраро нишон диҳам?

-Раҳмат, писарам! Ман ин ҷо меҳмон нестам. Ана, ҳамон китобе, ки дар дастат ҳаст-ку, муаллифаш ман ҳастам.

 Ин замон ман шах шудам. Чанд сония дар ҳолати шок мондам, аммо хушбахтона, зуд ба худ омадам ва саволи навбатиамро додам:

-Абдусаттор Нуралиев?

-Худи худаш!

-Устод иҷозат диҳед ҷувздонатонро то аудиторияи дарс доштаатон барам...

-Не, ташвиш накаш, раҳмат

-Ҳадди ақал иҷозат дихед бо Шумо дастакӣ салом кунам...

-Барои саломи дастакӣ иҷозат лозим нест, биё, як бор не, чанд боре, ки хоҳӣ, салом мекунем.

Аз ин вохӯрии кутоҳ 11 моҳ гузашт. Вакте ки бо шарҳи ҳол ва кору пайкори устод Абдусаттор Нуралиев шинос шудам, ду чизи муҳимро фаҳмидам: 

Якум, аз навиштаи устодон Кироншоҳ Шарифзода ва Мурод Муродӣ  бароям маълум шуд, ки он ҷувздони пуре, ки ман дар дасташон дида будам, пури китобу рӯзномаву маҷалла будааст. Дувум чизе, ки фаҳмидам, рӯзи 22-юми август зодруз доштаанд. 

 

ЛАҲЗАИ ДУВУМ

Аз "Афсона" то "Ситора"

Фурсате, ки кайҳо боз интизораш будам фаро расид. Ин ҳамон фурсатест, ки барои ёфтанаш, хело даводав карда будам. Мо ҳамроҳи устод Абдусаттор Нуралиев вохӯриро дар тарабхонаи "Афсона" таин кардем. Ман бисёр кӯшиш кардам, ки аз вақти таиншуда дар макони суҳбат, барвақтар худамро ҳозир кунам, аммо бо ин масирҳои мусофирбари мо чӣ қадаре, ки кӯшиш кунӣ ҳам, бефоида аст.

Аз мошин берун шудам. Ба чанд тараф нигаристам. Устод дар истгоҳ  пушт тарафи "Афсона" карда нишаста буданд. Ростӣ, каме хиҷолат кашидам, зеро ман яке аз сутунҳои журналистикаи тоҷик, пирамарди 77 сола, устоди устоди устодам профессор Абдусаттор Нуралиевро даъват карда будам.

-Устод, дер кардам?- оҳиста савол додам

-Не, дар вақташ омадӣ.

Мо ҳамроҳи устод ба тарабхона наздик шудан замон, ноумед шудем, чунки дарҳояш баста буданд.

Мо оҳиста-оҳиста (бо пайи пойи пирамарди 77-сола) ба чойхонаи "Ситора" рафтем. Даромадем. Чойи кабуд фармудем. Инак, пиёлаҳои чойҳоямон  дар наздамон ба мо нигоҳ доранд. Аз ҳавли гармӣ бӯйи хуш доштани чойҳо ба машом расид. Як қулт нушидаму суҳбатро оғоз кардем.

 

ЛАҲЗАИ САВУМ

Хоксор + раҳмдил = элита 

-Устод, аз саломатиатон бигӯед, хуб ҳастед? 

-Акнун, саломатии моро бепурсиш ҳам шиносномаамонро назар карда, баҳо додан мумкин аст. Пир шудӣ, хоҳ нохоҳ узве аз узвҳоят дард мекунад, асаб монда мешавад, каму беш мушкилиҳо пайдо мешаванд, вале ман шукр мекунам, ки Шумо даъват кардан пас, худамро худам овардам. 

-Дар сафҳаи 76-солагиатон чиҳоро хондан мумкин аст?

-Шукр, ки 76-солагӣ бисёр соли бобарор ва хотирмон буд. Ман тавонистам дубора ҳамкориямро бо Донишгоҳи миллии Тоҷиистон оғоз кунам. Дар ДСРТ мактаби илмии худамро таъсис додам, яъне мувофиқи талабот бояд дар ҷое, ки докторантура бошад, ҳатман, ки бояд мактаби илмӣ бошад. Ва боз чанд китоби таълимӣ чоп кунам...

-Худо хоҳад дар саҳифаи холии 77-солагӣ чиҳо навиштаниед?

-Аслан нависандаи саҳифаи дар назар доштаатон Офаридгор аст, аммо ба ҳар ҳол ман мехоҳам, ки соле пас ба Шумо бигӯям, ки дар 77-солагиям китоби "Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ"-ро бо шарҳу иловаҳои нав барои донишҷӯёни ДМТ ба нашр расонидам, чандин маводҳои таълимии дигарро барои шогирдон ва алоқамандони журналистика омода намудам... Ва муҳим аз ҳама бароям соли наку буданаш аст.

-Риштаи меҳр миёни Шумо ва ҳамсинфони қазокатон то ҳол пойбарҷост?

-Албатта, мо то ҳол дар алоқоаем. Дар байни мо ту тоҷик ту қазок гуфтанӣ гап набуд. 

-Яке аз қоидахои маъмулии замони пеш он буд, ки бояд ҳар нафар пас аз хатми мактаби миёна ду сол дар истеҳсолот кор кунад ва Шумо ба ҳайси мухбири рӯзномаи ноҳиявии "Мақташӣ" ("Пахтакор) фаъолият кардед. Чӣ тавр назарияро надониста, ба амалияи журналистика пайвастед?

-Дар бобати назарияро надонистанам, дуруст гуфтед. Аммо барои худамро сафед кардан бояд бигӯям, ки ман аз чӣ тавр навиштани хабар, репортаж, мақола... бохабар будам, зеро доимо дар дасти ман рӯзнома буд.

-Дар хизмати харбӣ ҳам  яке аз мухбирони фаъоли рӯзномаи "Суворовский натиск" будед. Мехостам дар бораи ҳаёти онҷо доштаатон қисса кунед...

-Шумо кариб, ки ҳама чизро медонистаед. Ман пас аз ду соли кор дар истеҳсолот, ба сафи Армияи Шӯравӣ даъват шудам. Хизматам дар  Хабаровск, Биробидҷонн, сарҳади СССР-у Чин гузашт. Ман ҳамчун командири шӯъба, котиби комсомоли рота ва мухбири рӯзнома адои хизмат кардам.

-Устод, барои як ҷавони тоҷик мушкил набуд ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи Давлатии Қазоқистон дохил шудан?

-Не, махсус барои ман умуман мушкилие надошт.

-Кадом имтиҳони кабулатонро дар хотир доред?

-Иншосупориамро. Мавзӯи озодро интихоб кардам, ки "Дӯстии халқҳои қазоқу тоҷик» буд.

-Ҳоло ҳам иртибот ҳаст бо устодону ҳамкурсон?

-Албатта, мо то имрӯз дар иртибот ҳастем. Бисёр мақолаҳое, ки барои маҷаллаҳои хориҷӣ менависам, аввал ҳамкурсонамро нишон медиҳам. Ва ногуфта намонад, ки  дар 80-солагии факултетамон ман даъватӣ будам ва ботантана, бо ҷамъи дӯстони онҷо доштаам, ҷашн гирифтем. Ва як чизи муҳим аз хотирам намеравад, ки бахшида ба 80-солагии факултетамон китобе нашр карданд, ки дар рӯйхати нафарони «бузургон» - и факултет маро ҳам шомил кардаанд.

 

ЛАҲЗАИ ЧАҲОРУМ

Роҳи беохир

-Устод, Шуморо пеш ва ҳам пас аз хатми донишгоҳ ба Академияи илмҳои Қазоқистон даъват карда буданд. Чӣ сабаб шуд, ки ба ДМТ омадед?

-Пас аз хатми донишгоҳ, декани факултаамон Таумон Амондасов ба ман гуфтанд, ки ту чӣ дар Академия ва чӣ дар дигар ҷо кор карда метавонӣ, аммо ман мехоҳам ту ба Ватанат баргардӣ ва хизмате дар онҷо бикунӣ. Ҳамин тавр, ман аз рӯйи тақсимот ба шуъбаи журналистикаи ДМТ ба ҳайси омӯзгор ба кор омадам. 

-Лаҳзаҳои аввали кориатон дар ДМТ чӣ гуна буданд?

-Вақте ман ба ба ДМТ омадам, шодравон муаллим Зулфиқоров танҳо мутахассиси соҳа буданд. Фикр мекунам то андозае кори шуъбаро тақсим кардем ва кор осонтар шуд.

-То ҷое медонем то соли 1973 кори Шумо хуб буд...

-Бале, аммо рафта-рафта мушкил шуд, зеро муаллим Зулфиқоров ба кори дигар гузаштанд, Иброҳим Усмоновро ба Маскав аспирантура равон кардем ва ман худам танҳо мондам. Ногуфта намонад, ки дар ДМТ аллакай соли 1971 шуъбаи журналистикаро баста буданд ва мо бо кӯшишҳои зиёди устоди равоншод Воҳид Асрорӣ шуъбаи журналистикаро соли 1987 дубора барқарор кардем.

-Дар вақти набудани шуъба чӣ гуна журналист тайёр мекардед?

-Аз ҳисоби донишҷӯёни факултаи филология гуруҳе таъсис дода будем. Яъне як ихтисос доштем. Илова бар ин Русия ба ҷуз як ҷо барои аспирант боз 10 ҷойи дигар барои донишҷуёни мо муқаррар карда буд. Мо хам равон мекардем, масалан, Акбари Саттор, Шариф Ҳамдампур ва дигарон дар Русия тамом кардаанд.

-Аз чӣ гуна таъсис додани шуъбаи журналистика дар ДСРТ мегуфтед…

-Аввалан, маро соли 2000 ба ҳайси раиси комиссияи хатм даъват карда буданд. То соли 2002 ин кор давом кард. Баъдан дар фикри таъсиси шуъба шудем ва дар муддати кутоҳ шуъба таъсис ёфт. Ҳозир дар ДСРТ се кафедраи журналистӣ дорем ва дар фикри таъсиси факултет ҳастем.

-Устод, тибқи қарордод бояд 50% донишҷӯён тоҷик ва 50% рус бошанд. Оё ҳозир ҳамин тавр ҳаст?

-Мутаассифона, ҳозир қариб 80% донишҷӯйи тоҷик ва 20% донишҷӯйи рус дорем.

 

ЛАҲЗАИ ПАНҶУМ

Фарқи 50-сола

-Аз фаъолияти педагогии 50-солаатон гуфтему шунидем. Бамаврид аст, ки доири донишҷӯйи имрӯзу 50 сол қабл ҳарф занед...

-Бисёр хуб мешавад. Дар ин бахш ҳам ҳар саволе, ки дар зеҳнатон бошад, пурсидан гиред.

-Гуруҳе ё дарсе, ки бо шунидани калимаҳои донишгоҳ, донишҷӯ, кор, дарс... аввалин шуда ба хотиратон меояд кадом аст?

-Ман соли 1968 ба ДМТ омада будам ва бори аввал ба курси саввум, ки онҷо Иброҳим Усмонов ҳам таҳсил мекард, даромада, дарс додам. Фикр мекунам хотирмонтарин дарс ва хотирмонтарин гуруҳ буд ва ҳаст бароям. Бисёр гуруҳи фаъол буданд ва фаъолияшон буд, ки аз 24 нафар 18 нафарашон донишгоҳоо бо дипломи аъло хатм карданд.

-Устод, бо кадом педагоге, ки ҳамсуҳбат мешавам аз  донишҷӯйи имрӯз норозигӣ мекунанд. Назари Шумо?

-Новобаста аз тараққиёти илму техника, бояд толибилм ҳамеша дар талош ва такопӯй бошад. Бисёриҳо шикояти беҳавсалагӣ, камхонӣ, кам будани кӯшишкунандаҳо ва ғайраҳоро мегӯянд. Аммо ман ба он фикр ҳастам, ки ҳоло замона дигар шудааст, илова бар ин системаи таълим иваз шудааст ва боз чанд сабаби дигар ҳаст, ки донишҷӯйи имрӯзро мавзӯи баҳс ва нигаронӣ кардааст.

 Ба донишҷӯйи имрӯз каме вақт лозим аст то ки худашро омода кунад ба ҳама паҳлӯҳои таҳсилу ҳаёти навин.

-Як хусусияти фарққунандаеро вобаста ба донишҷӯйи имрӯз аз дирӯз бигӯед, ки Шумо бо дидани он ҳайрон мешуда бошед...

-Миёни донишҷӯйи дирӯзу имрӯз зиёдан хусусиятҳои фарққунандае, ки маро ҳайрон мекунанд. Аммо чун якто гуфтед якто мегӯям. Мо корҳои хаттӣ, рефератҳо, корҳои курсӣ, корҳои дипломӣ ва умуман ҳама машғулиятҳои иловагиро дар натиҷаи хонишҳои пай дар пайи китобҳои тавсияшуда ба таври дастӣ навишта, ҳимоя мекардем. Вале ҳоло қариб, ки як адабиёт истифода мешавад, яъне интернет. Ҳама электронӣ шудаасту дигар хуш, завқ, шавқ ва масъулият ба таври бояду шояд дида намешавад. Ногуфта намонад, ки ин вазъ танҳо мушкили мо нест, балки дар тамоми дунё аст.

-Устод, барои ман то ҳол муаммо мондааст ба тариқи тест имтиҳон гирифтан аз фанни эчодӣ... 

-Шуморо хуб фаҳмидам. Дуруст, бисёр душвор аст ин кор, аммо системаи таълим ҳамин гуна аст. Ман дар ДСРТ дарсҳоро мисли системаи пешин 90 дакикагӣ ва имтиҳонҳои эчодиро шифоҳӣ мегирам ва ин ҳақро ба мо Русия додааст. Фикр мекунам дар 90 дақиқа донишҷӯ чизи лозимаашро гирифта метавонад. 

-Дар мавриди бе имтиҳои эчодӣ ва маҳорат шомил шудан ба факултаву шуъбаҳои журналистӣ чӣ мегӯед?

-Аслан бояд аз довталабони факултету бахшҳои журналистӣ мисли пештара дар баробари имтиҳоноти дохилшавӣ талаби маводи иштишор шуда ва суҳбати рӯ ба рӯ ҷорӣ шавад, аммо ҳоло бо чанд сабабе, ки дар боло гуфтем, мумкин аст, ки ҷойҳои холӣ зиёд монад.

-Шумо, ки ҳам дар ДСРТ ва ҳам дар ДМТ дарс гуфтаеду мегӯед, лутфан тафовути донишҷӯёни ин ду донишгоҳро мегуфтед...

-Фарки калон нест, зеро таҳкурсии мактабӣ як аст. Барои донишҷӯйи ДСРТ нисбатан маводҳои таълимӣ зиёдтар дастрас ҳастанд, чунки тавре ҳамагон медонанд мо зиёдтар аз журналистикаи Русия истифода мекунем.

-Фикри Шумо дар мавриди пас аз курси сеюм дилхунук шудани донишҷуён ба дарсу донишгоҳ чӣ гуна аст?

-Ин ҳолат ба ман ҳам ошност, аммо рости то ҳол сабабашро нафаҳмидаам…

 

ЛАҲЗАИ ШАШУМ

Журналист ва диплом

-Устод, то назди истгоҳ тахминан 300 метр роҳ аст…

-Туро фаҳмидам, марҳамат саволҳоятро деҳ.

-Агар мумкин бошад доири ихтисоси интихобкардаам ва дарсмедодаи Шумо-журналист як ду чиз пурсам…

-Марҳамат.

-Бо вуҷуди он ки журналистон барои худ не, барои дигарон зиндагӣ мекунанд, боз аксари мардум онҳоро дӯст намедоранд, Шумо сабабашро дар чӣ мебинед?

-Натанҳо дар мо, балки дар тамоми дунё журналистонро аксарият чашми дидан надоранд ва бояд мову Шумо инро қабул кунем. Сабабашро ман дар ҳақиқатгӯйӣ ва фош кардани камбудиҳо мебинам.

-Аз нигоҳи Шумо журналистӣ аз куҷо оғоз мешавад?

-Аз таҳсил, ҷаҳонбинӣ, маърифат, масъалагузорӣ кардан, ғами мардумро хӯрдан, барои дигарон зистан... Бояд гуфт, ки журналистӣ касбест, ки танаффус ва истироҳат надорад.

-Диплом ва журналист чӣ умумият доранд?

-Диплом ба журналист не, балки ба идораи кор мекардааш лозим аст. Умумияташон он аст, ки ба воситаи он компютер ва кабинете медиҳандаш, вагарна барои журналисти воқеӣ он умре лозим намешавад.

Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Шумо дар Мусоҳиба

17 августи соли равон, Суди ноҳияи Шоҳмансур аризаи шикоятии адвокати машҳур, Солеҳҷон Ҷураевро аз болои ду ниҳоди шинохтаи кишвар, - Вазорати адлия ва Вазорати молия, мавриди баррасӣ қарор дод. 

Ахиран соли равон, суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе изҳороти адвокати машҳури тоҷик Солеҳҷон Ҷураев, аъзои Раёсати адвокатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро аз болои Вазорати Адлия ва Вазорати молияи кишвар перомуни қатъи фурӯши амволи «Тоҷпромбонк» мавриди баррасӣ қарор дод. Ҷаласаи шиносоии судӣ рӯзи 17 август баргузор гардид. 

Гуфта мешавад, ки саҳмгузорони «Тоҷпромбонк» тӯли якунимсол боз инҷониб наметавонанд, ки маблағҳои дар ин бонк гузоштаи худро баргардонанд. Монеаи асосӣ дар ин роҳ мавқеи вазорати молия ҳисобида мешавад. Тасмим гирифта шуда буд, ки моликияти бонкро ба фурӯш гузошта, қарзи мизоҷонро бармегардонанд. Аммо Вазорати молия бо як қарори худ ин амалкардро рад кард ва ҳамин тавр, мизоҷон то кунун натавонистанд, ки маблағҳои худро баргардонанд. 

Қазияи ба бӯҳрон гирифтор шудани «Тоҷпромбонк» соле қабл расонаӣ шуда буд. Ҳукумат ваъда дода буд, ки  барои нигоҳ доштани бонки мазкур ба миқдори 450 миллион сомонӣ маблағ ҷудо хоҳад кард. «Тоҷпромбонк» дар навбати худ, ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи амволи худро дар ихтиёри Вазорати молия ба гарав гузошт. Аммо маблағи мазкур ба ҳисоби «Тоҷпромбонк» нагузашт.

 Охири моҳи феврали соли гузашта, Бонки миллӣ қарореро дар барои барҳам додани фаъолияти бонки мазкур қабул кард. Ҳуҷҷатҳои ба гаравгузоштаи бонкро бошад, вазорати молия то кунун баргардонидааст. 

Қабл аз ин, Вазорати молия бо ирсоли як номаи вижаи худ аз Вазорати адлия дархост карда буд, ки ба фурӯши моликияти «Тоҷпромбонк»  дар ҳама идораҳои нотариалии давлатӣ манъ карда шавад. Роҳбарияти Вазорати молия иддаои худро бар он асоснок карда буд, ки гӯё бонки мазкур ба миқдори 117 миллион сомонӣ аз Вазорати молия карздор аст. Шумораи объектҳое, ки фурӯшашон манъ карда шудааст ба 113 объект расида, нархи онҳо 572 миллион ҳисоб шудааст. 

Дар асоси ин, саҳмгузороне, ки моликияти бонкро дар натиҷаи музояда соҳиб шудаанд, наметавонанд тавассути идораи нотариалии давлатӣ амволро ба номи худ ба қайд гиранд. Вазорати адлия дар асоси мактуби Вазорати молия ба зерсохторҳои худ дар саросари кишвар амр дод, то аз нав бақайдгирии ҳамагуна моликияти «Тоҷпромбонк» худдорӣ намоянд.

Яке аз саҳмгузорон, Солеҳҷон Ҷураев талаб дорад то суд қарори мазкурро дар бораи манъи фуруши моликияти «Тоҷпромбонк» ғайриконститутсионӣ ҳисобад. Ба андешаи Ҷураев, ниҳодҳои мазкур бо ин амалкарди худ ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба моликият поймол мекунанд. Бинобар ин, ӯ талаб кардааст то роҳбарияти ниҳодҳои мазкур бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд ва ҳамагуна ҳуҷҷатҳои зарурӣ вобаста ба ин қазия ба Прокурори генералии ҶТ барои баррасӣ  ирсол карда шавад.

Бояд гуфт, ки дар вохӯрии қаблӣ бо намояндагони суди ноҳияи Шоҳмансур намояндаи Вазорати молия иштирок накард. Намояндаи Вазорати адлия Давлат Раҷабзода гуфт, ки Вазорати адлия дар чаҳорчуби қонун амал кардааст. Ба гуфтаи ӯ 13 августи соли равон роҳбарияти Вазорати адлия фармони Пурокуроратураи генералиро қабул кард. Дар асоси ин қарори Прокуратураи генералӣ аз 15 август бо фармони вазири вазорати адлия монеаҳо барои ба фурӯш гузоштани  моликияти «Тоҷпромбонк» бардошта шуд. 

Аммо дар ҳамин ҳол, Солеҳҷон Ҷураев аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки роҳбарияти ниҳодҳои мазкур то кунун қонуншикании худро идома медиҳанд, вале касе дар ин бора ҳарфе намегӯяд. Ба қавли номбурда 4 майи соли равон ба муроҷиати ӯ муовини вазири Вазорати адлия Ҳаким Мирсайдзод такроран тасдиқ кард, ки ба фурӯш гузоштани моликияти «Тоҷпромбонк» қатъият манъ карда шудааст. 

-Агар ин амалкарди вазорат қонунӣ бошад, пас чаро имрӯз роҳбарият қарори муовини худро бекор кард? Аз ин рӯ, талаб дорам, ки ин қазия бояд ҳалли худро ёбад ва суд бояд қарори одилона барорад. Назди қонун бояд онҳое ҷавоб диҳанд, ки ҳуқуқҳои конститусионии шаҳрвандонро вайрон кардаанд, -мегӯяд Солеҳҷон Ҷураев.

Дар номаи дархостии худ адвокат Солеҳҷон Ҷураев талаб кардааст то дар ҷаласаи навбатии суд, ки дар назар аст 29 август баргузор гардад, муовини аввали вазири Вазорати адлия Абдуманнон Холиқзода ва муовини вазири Вазорати адлия Хаким Мирсайдзод бояд иштирок варзанд. 

Ҷураев фармони Прокурори генералӣ дар бораи лағв кардани фурӯши моликияти «Тоҷпромбонк»-ро оғози баҳси судӣ меҳисобад. 

Ӯ гуфтааст, ки «ман тӯли ду сол аз болои ин чиновникҳо ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кардам, аммо ҳамаи ин бенатиҷа монд. Роҳбарияти ин ниҳод ба ин диққати ҷиддӣ надод. Акнун, вақте 2 август ба суд муроҷиат кардам, Прокуратураи генералӣ бо як фармони худ манъи фурӯши моликияти «Тоҷпромбонк»-ро бекор кард, - мегӯяд Ҷураев.

Суди ноҳияи Шоҳмансур дархости Солеҳҷон Ҷураевро қабул кардааст. Ҳамчунин дар назар аст, ки суд барои иштироки роҳбарияти Вазорати адлия ва Вазорати молия дар ҷаласаи навбатӣ, ки дар назар аст рӯзи 29 август баргузор гардад, мусоидат кунад. 

Гуфта мешавад, ки қазияи мазкур соле қабл, дар паи як номаи Солеҳҷон Ҷураев ба унвони Президент оғоз гардида буд. Дар номаи худ ба унвони роҳбарияти кишвар Солеҳҷон Ҷураев навишта буд, ки Ҷамшед Зиёев собиқ роҳбари «Тоҷпромбонк» маблағи зиёдеро барои сохтмони бесифати як қатор соҳибкорон аз ҳисоби бонки мазкур ҷудо кардааст. 

Бояд гуфт, ки соли 2013 Ҷураев маблағи 45 ҳазор доллари амрикоӣ ба бонк гузошта буд. Аммо дар қатори дигар мизоҷон ӯ натавонист, ки маблағи худро баргардонад. 

- Тӯли ду соли охир 79 маротиба ба роҳбарияти бонк муроҷиат кардам, аммо натавонистам, ки маблағҳои худро пас гардонам. Ҳамроҳи ман садҳо фиребхӯрдагони дигар низ дар остонаи дари «Тоҷпромбонк» ҳиссаи худро талаб доштанд»,- гуфта буд соле қабл Солеҳҷон Ҷураев.

Ҷураев таваҷҷӯҳи судро ба он ҷалб кард, ки вазорати молия бо мақсади тиҷорат ба ҳисоби «Тоҷпромбонк» 100 миллион сомонӣ бо фойидаи 18 % барои як сол гузошта будааст. Номбурда талаб дорад, ки ба суд шартномаи Вазорати молия ва «Тоҷпромбонк» дар бораи қонунӣ будани ин доду гирифт пешниҳод шавад. 

Гуфта мешавад, ки Ҷамше Зиёев, собиқ роҳбари «Тоҷпромбонк» рӯзи 24 апрели соли равон ба ҳабс ва 16 май ба боздоштгоҳи муваққатӣ ирсол дода шуд. Ба навиштаи Солеҳҷон Ҷураев, собиқ роҳбари «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев, маблағхои аз ҳисоби саҳмдорон ба даст овардаро ба манфиати худ, аниқтараш, барои рушди тиҷорати шахсии худ истифода бурдааст.

 Тибқи иттилои расида, айни ҳол Ҷамшед Зиёев қисми зиёди саҳмҳои худро дар як заводи истеҳсолкунандаи нушокиҳои сард аз даст додааст. Манбаъ мегӯяд, ки ҳоло аз Зиёев талаб доранд, ки ҳамаи моликияти ба даст овардаашро ба давлат супорад. Танҳо дар ин сурат метавонанд ӯро аз маҳбас озод кунанд. Тахмин меравад, ки ӯ ба ин шарт розӣ хоҳад шуд ва ба қазияи Зиёев нафарони дигари ба ин тиҷорат дастдошта, ҷалб хоҳанд шуд. 

Аммо ҷиҳати дигари масъала ин аст, ки то куҷо нафароне, ки дар ин сохтакорӣ ва ба бӯҳрон гирифтор шудани «Тоҷпромбонк» даст доранд, ҳамроҳи Ҷамшед Зиёев ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин дар ҳолест, ки Ҷамшед Зиёев номи аксарияти шарикони худро ошкор кардааст. 

Ба ҳар сурат вақт нишон хоҳад дод, ки тақдири Зиёев бо чӣ хоҳад анҷомид: Озодӣ ё ҳабси дарозмуддат? 

Д. Салимов, МТЖТ

Шумо дар Иқтисод
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 4

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.