.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Ҷумъа, 24 Август 2018 - || ФАРАЖ

Дар шарқи Тоҷикистон сохтмони пул дар роҳи мошингарди Хоруғ-Роштқалъа-Мурғоб идома дорад. Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт лоиҳаи мазкур дар моҳи сентябри соли равон ба итмом мерасад.

Дар асоси лоиҳа дарозии пули нав 36 метрро ташкил медиҳад, ки иқтидори борбардории он 80 тоннаро дар бар мегирад. Арзиши лоиҳа 6,5 млн сомонӣ (690 ҳазор доллари ИМА)–ро ташкил медиҳад. 

Пули мошингарди куҳна асосан аз чӯб сохта шуда аст, ки солҳои зиёд мавриди истифода қарор дошт ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест, зеро он дигар қудрати бардоштнаи мошинҳои гаронвазни бордорро надорад.

Ба ҳамин далел, барои сохтани пули нав қарор қабул карда шуд. Пули нав бо меъёрҳои муосир сохта шуда, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт таъмин ва чандин маҳалро ба ҳам пайваст хоҳад кард.

Шумо дар Хабари рӯз

Аз ҳолати кунунии он кӣ манфиати бештар мебинад?

Ин манзара партовгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб аст. Ба ин макон партовҳои тамоми шаҳри сеюми калонтарини Тоҷикистонро интиқол медиҳанд. Мантиқан манзараи партовгоҳ ҳеҷ аҷобате надорад. Аммо моро ба пайгирии ин мазӯъ он чӣ водор намуд, ки партовгоҳи мазкур дар роҳи мошингузар ва бадтар аз ин дар маҳалли аҳолинишин воқеъ аст, ки хатари он ба сокинон рӯз то рӯз бештар мегардад.

 Партовгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, ки ҳанӯз соли 2004 бо қарори шаҳрдори вақт дар ҳудуди 4 га замин бунёд гардид, ҳоло майдони худро бамаротиб аз доираи муқарраргардида васеъ намуда, ҳатто шоҳроҳи иловагии самти шаҳри Кӯлоб –ноҳияи ба номи Шамсиддин Шоҳинро мушкилгузар кардааст. 

Акси интерактивии картографии бардоштаи мо низ нишон медиҳад, ки тӯли даҳ соли ахир ҳудуди партовгоҳ аз 4 га замини муқарраргардида то зиёда аз 20 га афзоиш ёфтааст. Пас барои қитъаи “ғасбшудаи” замини бештар аз ҷониби партовгоҳ кӣ ҷавобгар хоҳад буд? Ё ин қисмати замин аслан соҳиб надорад?

Бино бар гуфтаҳои сокинон кормандони хоҷагии комуналии шаҳр партовҳоро дар сари роҳ мерезанд, ки дар натиҷа ин макон ба куҳе аз ахлоту ифлосӣ ва манбаи бемориҳои сироятӣ мубаддал гаштааст. 

Сафар Ҷаборов - муовини тозатаъини мудири корхонаи хоҷагии комуналӣ зимни суҳбат бо мо ин иддаои сокинонро рад намуд, аммо баъдан иқрор шуд, ки кормандони идораи онҳо дар партофтани партовҳо дар роҳи мошингард даст доранд. Ӯ сабаби ин амали кормандонашро дар мушкили техникӣ арзёбӣ намуд ва ишора кард, ки техникаашон ҳангоми даромадан ба дохили партовгоҳ, аз кор мемонанду онҳо маҷбур мешаванд, то техникаи дигар кироя кунанд. 

Сокинон пайваста бонги хатар мезананд, ки партовгоҳ ба саломатии онҳо ва фарзандонашон таҳдид мекунад, аммо намедонанд додашонро ба кӣ гӯянд, чун муроҷиати бешуморашон посухе пайдо накардааст: 

Зимнан, сокинон ҳоло тасмим доранд, ки барои ҳалли мушкилашон ба Президенти Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин сокинони маҳалла аз хуруҷи бесобиқаи бемориҳои сироятӣ сахт дар ташвишанд. Дар ин ҷо аз ҳар оила ҳатман ягон нафар ба беморӣ мубтало гаштааст ва шумори беморон рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Сокинони маҳалла пайваста ба табиб муроҷиат мекунанд, аммо духтурон барояшон гуфтаанд, то замоне, ки дар назди партовгоҳ ба сар мебаранд, хатар ба саломатии онҳо танҳо меафзояд. 

Дар ҳамин ҳол сокинон аз фаъолияти шаҳрдори кунунӣ, ки ба гуфти онҳо муроҷиатҳои беохирашонро нодида гирифтааст изҳори норизогӣ мекунанд ва аз Раисиҷумҳур талаб доранд то ба доди онҳо расидагӣ кунад. 

Сагони бемору дайдуи ин партовгоҳ, ки шуморашон ба садҳо адад мерасад, мушкилоти дигари сокинони ин маҳаллаанд. Ин сагҳо, тавре ба назар мерасад, ҳар лаҳза омодаанд то ба роҳгузарони хурду бузурги ин мавзеъ ҳамла намоянд.

Подаи молу гови маҳаллаҳои ҳамсояро низ одатан аз ин ҷо мегузаронанд ва муддате дар ин мавзеъ таваққуф мекунанд, то ба қавле “сер шаванд”. Дар ҳамин ҳол, шуморе аз ин говҳо сокинони маҳаллаҳои наздикро бо шир таъмин мекунанд. Пас саволе пеши рӯ меояд, ки то кадом андоза шири ин говҳо барои одамон безарар аст?

Ҳамаи ин манзара паҳлӯи дигаре ҳам дорад: агар партовгоҳ сабаби бадбахтии як қисмати мардум гашта бошад, барои баъзеҳо он ягонаи манбаи даромад ба ҳисоб меравад.

Дилафрӯз Шарифова бо ҳамроҳиии шавҳару кӯдаконаш аз субҳи содиқ ба ҷамъоварии партов меравад. Бо вуҷуди хатарзо будани ин амал ва ин мавзеъ партовгоҳи мазкур ягона манбаи даромади Дилафрӯз ва аҳли оилааш боқӣ мемонад

Бо ин ки партовгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб муҷиби бадбахтии як гурӯҳ сокинон аст, манбаи ягонаи таъминоти рӯзгори гурӯҳи дигар гаштааст. Саволи асосӣ ҳоло метавонад дигар ҳам бошад: дар тамоми дунё коркарди партов боис барои тавсеа наёфтани партовгоҳҳо ва пайдоиши тиҷорат бо фарогирии фановариҳои ҷадид шуда, манбаи даромади ҳазорҳо нафар аст. Пас чаро дар Кӯлоб аз ин василаҳо истифода намекунанду баръакс барои саломатии садҳо нафар манбаи хатар эҷод менамоянд?.

Дар матолиби баъдӣ ба ин паҳлӯи масъала низ боз хоҳем гашт.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ,

Матлаб дар доираи машғулиятҳои Мактаби журналистии Кӯлоби ТҶ “Хома” таҳия гардид.

Шумо дар Минтақа

23-юми август дар  Қасри тобистонаи теннис маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон ва ҷавонон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз шуд.

Намояндаи  Дастгоҳи  иҷроияи президент Адҳам Маъмурзода ва муовини  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ризо Назарзода иштирокчиёнро ба муносибати 27-умин  солгарди  Истиқлолият таҳният гуфта, ба  варзишгарон барору комёбӣ  орзу карданд.

Варзишгарон аз кишварҳои Америка, Афғонистон, Покистон, Банғола, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон Украина ва Тоҷикистон дар ин мусобиқа ширкат мекувнанд.

Мусобиқаи теннис барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон аз  23 то  27-уми августи соли  равон дар Қасри тобистонаи теннис доир  мегардад. Ба ғолибони ҷои аввал ба духтарон ва писарон 10 000 сомонӣ, ҷои дуюм 8 000 сомонӣ ва ҷои сеюм 5 000 сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

Шумо дар Хабари рӯз

Маркази матбуоти ВКД аз садамаҳои марговари рӯзҳои охир хабар дод, ки дар натиҷа чанд кас ба ҳалокат расида, чандин каси дигар ҷароҳатҳои ҷимонӣ бардоштаанд.

22-юми август, тахминан соати 22:15, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Шабонов Маҳмадшариф Давлатович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Сабо ба самти маркази ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Латифов Абдувоҳид, соли таваллудаш 1940, нафақахӯр, сокини деҳаи Қаҳрамони ҳамин ноҳияро зер кардааст. Дар натиҷа пирамарди нафақахӯр ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

23-юми август, тахминан соати 11:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико” Усмонов Нурулло, соли таваллудаш 1949, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Саркори ҷамоати деҳоти Т.Туйчиев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Ҳайдаралиев Акбаралӣ Абдуманонович, соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Гарави шаҳри мазкур бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико” Усмонов Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ҳайдаралиев А.А. ва мусофиронаш Назаров Тошмурод Кунгирович, соли таваллудаш 1960, Мингбоева Меҳриниссо Тағоймуродовна, соли таваллудаш 1973 ва Мингбоева Озода Тағоймуродовна, соли таваллудаш 2001, сокинони деҳаи Гарав, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

23-юми август, тахминан соати 16:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” Каримов Раҳимҷон Каримович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тағояк аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда Каримов Р.К. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Шумо дар Хабари рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.