.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Август 2018 - || ФАРАЖ

Паҳлавони маъруфи кишвар Набимуҳаммад Хоркашев дар Бозиҳои Осиё-2018 дар даври 32-ниҳоӣ дар гуштии намуди кураш шикаст хӯрд.

Имрӯз, 28-уми август, мусобиқаи гуштии кураш дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ шурӯъ шуданд. Намояндаи Тоҷикистон Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни +90 кг бо варзишгари Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷаъфар Паҳлавонӣ ба майдон баромад ва мутаассифона бо натиҷаи 0:10 мағлуб гардид. Набимуҳаммад, ки 31 сол ва 120 кг вазн дорад, дар муқобили ҳарифи 24-солаи худ, ки 90 кг вазн дошт, майдондорӣ кардан натавонист.

Шумо дар Хабари-рӯз

Масъалаҳои таъмини шуғли ҷавонон, маъюбон ва занон дар кишварҳои ИДМ дар ҷаласаҳои гурӯххои кории мутахассисон оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат, ки 30-юми августи соли ҷорӣ дар Минск баргузор мегардад, баррасӣ карда мешавад.  

Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд, дар вохӯри намояндагони давлатҳо ду лоиҳаи ҳуҷҷатро баррасӣ мекунанд. Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнати аҳолӣ ва принсипҳои умумии ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар таъмини имкониятҳои шуғли аҳолӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ: ҷавонон, маъюбон, занон мебошанд.

Рушди харду ҳуҷҷатҳо бо Қарори Шӯрои иқтисодии ИДМ 17-уми марти соли 2017 дар бораи Консепсияи ташаккули бозори меҳнат ва танзими муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин амалҳои афзалиятноки ташаккули бозори меҳнати умумӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ барои солҳои 2017-2020 пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад қарори мазкур дар Арманистон, Беларус, Қазокистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Созишнома бораи ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат барои кӯмаки кишварҳои ИДМ дар таҳия ва такмил додани самаранокии барномаҳо ва хизматҳо аз тарафи марказҳои хизматрасонии давлатӣ ва шуғл, ки ба коҳиши бекорӣ равона карда шудааст, зарур аст. 

Илова бар ин, ҳуҷҷати мазкур имкон медиҳад, ки талаботҳои шуғли аҳолӣ дар бозори меҳнат иҷро гардад. Инчунин ҳуҷҷати мазкур метавонад барои баланд бардоштани сатҳи бозори меҳнатии умумӣ, кам гардидани шуғли ғайрирасмӣ ва коҳиш ёфтани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намояд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Дирӯз дар роҳҳои кишвар чанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки мутаассифона талафоти ҷонӣ доштанд. Дар ду садама ду хурдсол аз беэҳтиётӣ зери чархи нақлиёт монда, ҷон додаанду дар садамаи дигар ронанда ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 27-уми августи соли 2018, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи трактори тамғаи “МТЗ-82”, Идрисов Насимҷон Муллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Тоҷикобод ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Шарқиён ба самти деҳаи Сари-пул, дар ҳудуди деҳаи Нушори-поён қоидаҳои ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, хурдсол, Назаршоев Аҳадулло Наврӯзшоевич, соли таваллудаш 2013, сокини деҳаи Нушори-поёнро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Санаи 27-уми августи соли 2018, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГБАСНГ-ДАМАС”, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Равшанов Муҳриддин Шеруғлӣ, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Гиждувони вилояти Бухоро, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди деҳаи Зарбдори ш.Турсунзода аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Донаева Фотима Рустамбековна, соли таваллудаш 2008, сокини деҳаи Зарбдорро пахш намудааст. Дар натиҷа, духтарчаи ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

27-уми августи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 01:05 ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», аломати қайди давлатияш 8797СЕ01 Умарзода Ҳикматулло Неъматулло, соли таваллудаш 1997, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори яке аз манзилҳои истиқоматии кӯчаи Лермонтов бархурдааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Шумо дар Хабари-рӯз

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабарҳои ба хоки Афғонистон ҳамла кардани ҷониби Тоҷикистонро рад карда, иттилоъ медиҳад, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд, аммо амалиёт барои пайдо кардани гуруҳи ҷиноятие, ки шаҳрвандони кишвари моро ҳадафи тир қарор доданд, дар марз идома дорад.

Чуноне дирӯз хабар дода будем, 26 август, соати 15:00, аз минтақаи таҳти назорати отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар ноҳияи Фархор як гурӯҳи 10-12-нафараи номаълуми афғон ғайриқонунӣ сарҳадро убур карда, аз 50 то 100 метр вориди хоки Тоҷикистон шудаанд.

Ба иттилои сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев, шахсони мусаллаҳ ба автомашинаи давлатии тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 975 ХВ 03 РТ, ки дар он се нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат доштанд, бо яроқҳои АК-74, қутраш 5,45 ва 7,62,  РПГ 7В  оташ кушодаанд.

«Дар натиҷаи ҳамла ду корманди хоҷагии ҷангал Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов, ки дар асоси иҷозатномаи махсус барои ҷамъоварии хӯроки чорво машғул буданд, мутаассифона, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофир Сафархон Раҳмонов ба тарафи қамишзор фирор кардааст», - гуфтааст ин манбаъ ба «Ховар».

Дар ҳамин ҳол дар баъзе аз воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар хабарҳое нашр гардиданд, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон бо истифода аз чархболу ҳавопаймо баъзе минтақаҳои Афғонистонро ҳадафи мушакборон қарор додааст.

Ин матлабро сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев рад намуда, зикр кардааст, ки «дар ин ҳодиса аз ҷониби Тоҷикистон ягон чархбол ё ҳавопаймо истифода нашудааст. Дар айни ҳол дар минтақаи сарҳадии «Ҳамадонӣ» амалиёт барои ошкор ва нобуд сохтани гурӯҳи мусаллаҳи  афғон идома дорад».

Шумо дар Слайд
саҳ 9 аз 47

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • МАНСАБ ВА ШАХСИЯТ

    Имрӯз тасодуфан бо мансабдоре вохӯрдам. Дурусттараш, ӯ ба ҳуҷрае, ки…
  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.