.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Панҷшанбе, 06 Декабр 2018 - || ФАРАЖ

Сарояндаи маъруфи тоҷик Шабнами Сурайё, дар нишасти чоруми минтақавии сатҳи баланд мавсум ба "Муҳоҷират ва сил: Назорати фаромарзии сил ва ёрӣ дар самти мубориза бо сил дар минтақави Осиёи Марказӣ", ки дар шаҳри Остона баргузор шуд, иштирок кард.

Рӯзҳои 5 ва 6-уми декабр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нишасти чоруми минтақавии сатҳи баланд мавсум ба "Муҳоҷират ва сил: Назорати фаромарзии сил ва ёрӣ дар самти мубориза бо сил дар минтақави Осиёи Марказӣ" баргузор шуд, ки дар он сарояндаи маъруфи Тоҷикистон ҳамчун сафири ҳусни ният ширкат кард.

Ӯ гуфт: "Мавзӯъи сил бароям бегона нест. Дар зиндагӣ ман бо афроди гирифтори сил вохӯрдаам. Ин мавзӯъ маро ҳамеша нигарон мекард ва вақте ба ман пешниҳод карданд, то сафири ҳусни ният гардам, бо ҷону дил розӣ шудам . Мехоҳам дар ин бора бештар донам ва ва ба одамон ёрӣ расонам".

Шумо дар Слайд

Имрӯз бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони масъули дастгоҳи парлумони касбии мамлакат, дар мақоми олии қонунбарори кишвар семинари машваратӣ оид ба мавзӯи  «Дипломатия ва одоби ташрифоти расмӣ»  баргузор гардид.

Дар назди иштирокчиёни семинарии мазкур мудири шуъбаи робитаҳои баӣнипарламентӣ ва протоколӣ дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Хушмуҳаммад  Нуриддинзода баромад карда, аз ҷумла иброз дошт, ки сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик  яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати давлат ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Маҳз бо шарофати дипломатияи тоҷик, чандин ташаббусҳои кишвари мо, бахусус дар ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика, мубориза алайҳи тероризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон аз ҷониби соири кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, тадриҷан амалӣ мешаванд.

Дар анҷоми мулоқот Хушмуҳаммад  Нуриддинзода ба саволҳои сершумори ҳозирин посух гуфт.

Шумо дар Хабари-рӯз
Панҷшанбе, 06 Декабр 2018 10:17

Даъвати Иҷлосияи 17-ум дар Душанбе

25-уми декабри соли 2018, соати 9:00, дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад. Дар ин бора Қарори дахлдори раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Дар Иҷлосияи ҳабдаҳум баррасии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва як қатор қонунҳои дигари қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Шумо дар Хабари-рӯз

Дирӯз дар мулоқоти прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва ҳамтои қазоқи ӯ Ғайрат Ҳоҷамжаров дар шаҳри Остона эълом шудааст, ки дар зиндонҳои Қазоқистон 75 тоҷикистонӣ ва дар ҳабсхонаҳои Тоҷикистон 8 қазоқистонӣ маҳбусанд.

Дар ин дидор ду тараф бар зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ ва дуҷониба дар заминаи мубориза бо авомили ноамнӣ, ҷиноятҳои фароминтақаӣ, ифротгароӣ ва терроризм таъкид кардаанд. Дар ин нишаст ҳамчунин эълом шудааст, ки 8 қазоқистонӣ дар Тоҷикистон зиндониянд.

Имсол, ҳамчунин, 5 зиндонии қазоқистонӣ аз Тоҷикистон ба кишвари худ истирдод шудаанд.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Шӯро

    Ҳафтаи сипаригашта ду ниҳод - Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон…
  • «Шамол»-и Худо

    Инак, моҳи аввали фасли дай фаро расид. Инак, мавсими «рустшавак»…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.