.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 03 Декабр 2018 - || ФАРАЖ

Имрӯз бо амри президент Эмомалӣ Раҳмон дар 23 шаҳру ноҳияи мамлакат сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ иваз карда шуданд.

Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Кушониён, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Панҷ, Восеъ ва Муминободи вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанд, шуъбаҳои №1 ва 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Конибодом ва Истаравшан, ноҳияҳои Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Деваштичи вилояти Суғд иваз карда шуданд.

Ҳамчунин, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат, шуъбаи №1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ноҳияи Шаҳринав, сардори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи милитсия”-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва сардори шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи раёсати вазорат дар нақлиёт таъин гардиданд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Дар Дублин қуръакашии даври квалификатсионии чемпионати футболи Аврупо-2020 баргузор шуд.

Дастаҳо ба 10 гурӯҳ ҷудо шуданд, ки натиҷаи ин қуръакашӣ чунин ба охир расид:

Гурӯҳи А

1. Англия

2. Чехия

3. Булғористон

4. Черногория

5. Косово

Гурӯҳи B

1. Португалия

2. Украина

3. Сербия

4. Литва

5. Люксембург

Гурӯҳи C

1. Нидерландия

2. Олмон

3. Ирландияи Шимолӣ

4. Эстония

5. Беларус

Гурӯҳи D

1. Швейсария

2. Дания

3. Ирландия

4. Гурҷистон

5. Гибралтар

Гурӯҳи E

1. Хорватия

2. Уэлс

3. Словакия

4. Маҷористон

5. Озарбойҷон

Гурӯҳи F

1. Испания

2. Шведсия

3. Норвегия

4. Руминия

5. Ҷазираҳои Фарер

6. Малта

Гурӯҳи G

1. Лаҳистон

2. Австрия

3. Исроил

4. Словения

5. Македония

6. Латвия

Гурӯҳи H

1. Фаронса

2. Исландия

3. Туркия

4. Албания

5. Молдавия

6. Андорра

Гурӯҳи I

1. Белгия

2. Русия

3. Шотландия

4. Кипр

5. Қазоқистон

6. Сан-Марино

Гурӯҳи J

1. Италия

2. Босния ва Ҳерзеговин

3. Финляндия

4. Юнон

5. Арманистон

6. Лихтенштейн

Соли 2020 чемпионати Аврупо бори аввал дар 12 шаҳр баргузор мешавад. Вохӯриҳоро шаҳрҳои Санкт-Петербург, Амстердам, Боку, Билбао, Бухарест, Будапешт, Копенгаген, Дублин, Глазго, Лондон, Мюнхен ва Рим қабул мекунанд. Нимфинал ва финали чемпионати Аврупо-2020 Лондон (Англия) баргузор мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз
Душанбе, 03 Декабр 2018 12:58

Дар нақб ду коргар фавтиданд

Дар нақби Орлови вилояти Қазоқистони Шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон ду нақбкан ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора ширкати нақбкани KAZ Minerals иттилоъ медиҳад. Ба иттилои ширкат, се коргар рӯзи 2 декабр дар ҳолати беҳушӣ пайдо шуданд.

Табибон замоне ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, ки ду тан аз коргарон вафот карда буданд. Коргари сеюм дар бемористон бистарӣ шуд. Вазъи ӯ муътадил арзёбӣ мешавад.

Ширкат сабабҳои беҳуш шудани коргаронашро шарҳ намедиҳад. Комисияи махсус сабабҳои беҳушшавии коргаронро меомӯзад.

Нақби Орлов, ки ба корхонаи "Востоксветмет" рабт дорад, дар ноҳияи Бородулихини вилояти Қазоқистон Шарқӣ ҷойгир аст. Аз нақби мазкур мис истехроҷ мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз
Душанбе, 03 Декабр 2018 10:02

Сомон тиллоӣ шуд

Паҳлавонони ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов дар Мусобиқаи анъанавии Ҷоми Осиё оид ба дзюдо, ки 1-2 декабр дар Ҳонконг баргузор  гардид, 2 медал ба даст оварданд.

Ҳарду варзишгари тоҷик дар вазни -73 кг гӯштӣ гирифтанд. Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Чин Эршаогету Аму, дар чорякфинал бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар нимфинал варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболдро мағлуб карда, дар финал бар варзишгари ҷопон Даичӣ Танака пирӯз шуд ва соҳиби медали тилло гардид.

Хайёмиддин дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Индонезия (Себтиан Янгсйаҳ), Ҳонг Конг (Чун Синг Чуӣ), Муғулистон (Хадбаатар Наранкҳуу) ғолиб омад, вале дар нимфинал аз варзишгари ҷопон Даичӣ Танака мағлуб гардид. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано дастболо шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 220 варзишгар (128 мард, 92 зан) аз 29 кишвари дунё иштирок карданд.

Шумо дар Слайд
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Шӯро

    Ҳафтаи сипаригашта ду ниҳод - Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон…
  • «Шамол»-и Худо

    Инак, моҳи аввали фасли дай фаро расид. Инак, мавсими «рустшавак»…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.