.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 05 Ноябр 2018 - || ФАРАЖ

Хадамоти амнияти Қирғизистон эълом кард, як гурӯҳи террористӣ, ки дар ҳоли барномарезӣ барои анҷоми ҳамлаҳои интиҳорӣ буданд, шиносоӣ ва боздошт шудааст.

Бинобар эъломи Хадамоти амнияти давлатии Қирғизистон, панҷ шаҳрванди хориҷӣ ва чор шаҳрванди қирғиз ба иттиҳоми ҷазби нерӯ барои таълими фаъолиятҳои террористӣ ва барномарезӣ барои анҷоми ҳамлаҳои интиҳорӣ дар вилояти Чуй, дар шимоли Қирғизистон, боздошт шудаанд.

Як шаҳрванди қирқиз низ ба иттиҳоми талош ҷиҳати интиқоли 700 ҳазор рубл барои террористҳои вобаста ба гурӯҳи ДИИШ дар Русия боздошт шудааст.

Боздошти ин гурӯҳ нишондиҳандаи идомаи фаъолиятҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Қирғизистон гуфта мешавад. Дар воқеъ, ҷазби нерӯ ва омӯзиши низомии ҷавонони фиребхӯрдаи Қирғизистон барои фиристондан ба Сурия, Ироқ ва Афғонистон ҳамчунон идома дорад.

Шумо дар Хабари-рӯз

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Диловар Гуловро дар латукӯби корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД Дилшод Нарзуллозода бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор дониста, ба як соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар ин бора масъули бахши иртибот бо ҷомеаи ин суд ба «РО» хабар додааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, мурофиаи охирин рӯзи ҷумъаи 2-юми ноябр баргузор шудааст ва додрас Пайрав Наимзода ҳукми судро дар нисбати Диловар Гулов эълон кардааст.

Қаблан мақомот иттилоъ дода буданд, ки Диловар Гулов, писари вазири собиқи энергетикаи Тоҷикистон Гул Шералӣ, шоми 8-уми июл, пас аз латукӯби корманди милиса Дилшод Нарзуллозода, дар яке аз хиёбонҳои Душанбе боздошт шуд.

Манбаъ мегӯяд, маҳкумшуда зимни мурофиаҳои судӣ худро қисман гунаҳкор ҳисобида, гуфтааст, ки ҳодисаи латукӯб бо айби худи Дилшод Нарзуллозода сар задааст.

Ёдовар мешавем, ки пас аз муноқиша Нарзуллозода дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ карда шуда, бино ба гуфтаи табибон, устухони бинию гунаи ӯ шикастааст ва ҳамчунин, ҷабрдида аз қисмати сараш ҳам осеби ҷиддӣ бардоштааст.

Шумо дар Хабари-рӯз

Паҳлавони маъруфи тоҷик Саидҷалол Саидов дар Ҷоми ҷудои Осиё медали тилло ба даст овард ва варзишгари дигари кишвар Хайёмиддин Ҷабборов ба гардан медали нуқра овехт.

3-4 ноябр дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми ҷудои Осиё баргузор шуд. Паҳлавони шинохтаи кишвар Саидҷалол Саидов дар вазни -100 кг сазовори медали тилло шуд. Саидҷалол мусобиқаро аз даври нимфинал оғоз карда, бар варзишгари мизбон Алман Калиев ғалаба кард. Ӯ дар финал намояндаи дигари кишвари мизбон Жассулан Муҳаметхановро шикаст дод.

Паҳлавони дигари кишвар Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг медали нуқраро ба гардан овехт. Хайёмиддин дар даври чорякфинал бар варзишгари мизбон Еркебулан Аманкос ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар ин давр бар намояндаи дигари кишвари мизбон Нурлан Аразалин дастболо шуд, вале дар финал аз варзишгари Юнон Ҷорҷиос Азоидис шикаст хурд.

Аз ҷумҳурии мо Иброҳим Саидакбаров низ дар вазни -73кг иштирок кард, аммо дар рақобати аввал аз Бауржан Сагингалиулуи қазоқистонӣ мағлуб шуд.

Дар мусобиқа 76 варзишгар (56 мард, 20 зан) аз 7 кишвар иштирок карданд. Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо як медали тилло ва як нуқра баъд аз Қазоқистон ва Юнон ҷои сеюмро ишғол кард.

Шумо дар Хабари-рӯз

Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии нави намунаи соли 2018-ро бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот мебарорад, хабар медиҳад «Ховар» дар такя ба маълумоти Бонки миллӣ.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ, таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ ва такмил додани унсурҳои ҳимоявии он Бонки мазкур  пулҳои қоғазии навро ба муомилот мебарорад.

Пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонии намунаи соли 2018 дар қатори пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонӣ, намунаи солҳои 1999, 2010, 2017, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш мекунанд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит барои ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи соли 2018 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200, 500 сомонӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Шӯро

    Ҳафтаи сипаригашта ду ниҳод - Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон…
  • «Шамол»-и Худо

    Инак, моҳи аввали фасли дай фаро расид. Инак, мавсими «рустшавак»…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.