.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Шанбе, 17 Ноябр 2018 - || ФАРАЖ

Чанд моҳ қабл дар нашрияи «Фараж» (№11 (580) аз 14 марти соли 2018) дар бораи роҳҳои вайрону садамавии ноҳия Ёвон матлаб дарҷ шуда буд. Дар матлаби мавриди зикр ҳамчунин дар бораи роҳҳои ифлоси канории маркази ноҳия ишора шуда буд. Бо гузашти моҳҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ҷиҳати бартараф кардани проблемаи зикршуда ягон чора андешида нашуд. 

Хушбахтона, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон корҳои ободонӣ рангу ҷилои нав гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи сентябри соли равон бо иштироки Сарвари давлат дар ноҳияи Ёвон навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон оғоз гардид.  

Навсозии роҳҳои мошингард дар ҳудуди шаҳраки Ёвон мувофиқи меъёрҳои  муосир амалӣ гардида, тибқи лоиҳа 16 километрро дар бар мегирад ва он бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонанҷом дода шавад. 

Дар асоси тарҳи навсозии 16 километр роҳи ҳудуди шаҳраки Ёвон паҳноии қисмати ҳаракати нақлиёт то 18 метрро дар бар гирифта, он мутобиқ ба меъёри муосири шаҳрсозӣ амалӣ мешавад.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳҳо ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Ёвон солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта сохта шудаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки таъмири куллӣ ва мумфаршсозии сифатноки роҳҳо аз ҷониби мутахассисони ширкатҳои ватании роҳсозӣ, аз ҷумла,  “Ғаюр-1” иҷро шуда, дар ҷараёни он техникаҳои пуриқтидори роҳсозӣ ҷалб мегарданд. 

Аснои сафар ба ин ноҳия ба хабарнигори «Фараж» даст дод, ки аз ҷараёни корҳои навсозии роҳҳои ноҳияи Ёвон аз наздик шиносоӣ пайдо кунад. 

Қисмати роҳи ба ширкати «Ғаюр- 1» вобаста кардашуда  5 км-ро дар бар гирифта, аллакай аз ҷониби роҳсозони ширкат зиёда аз 1,5 км роҳ пурра мумфарш карда шудааст. Ҳамарӯза дар қитъаҳои вобастакардашудаи ширкат 15-20 роҳсоз бо ҷӯшу хурӯш ба корҳои сохтмонии роҳ машғул мебошанд. То имрӯз аз ҷониби ширкати «Ғаюр-1» барои корҳои роҳсозӣ зиёда аз 1 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Маоши миёнаи роҳсозон 1500 сомониро ташкил дода,  онҳо бо се вақт  хӯроки гарм ва сару либоси корӣ таъмин шудаанд. 

Бибиҷон АШӮРОВА

Шумо дар Хабари-рӯз

- Рӯзе дар ҷамъомади машваратии духтурон бояд бемореро ташхиси аниқ мегузоштанд. Марди белорусии 35 соласе сол зиёдтар аз дард азият мекашидааст. Ҳамеша ҳарораташ аз меъёр баланд, ҳолаташ ноҷӯр, аз дарди шушу гурда ва камхунӣ шикваҳо дошт. Аз рӯи санҷишҳои лабораторӣ тамоми ташхисҳоро гузарондаанд, валеҳанӯз ҳам табибон ба як хулосаи умумӣ наомадаанд. Ҳатто дар клиникаҳои шаҳрҳои Брест,  Гомел ва Гродний хобида бошадҳам, дар ягон тоаш ба дардаш ташхиси дуруст монда натавонистаанд ва ҳарорати баданаш низ ҳеҷ паст намешудааст. Вақте дар ҷамъомади калони духтурон дар бораи касал ҳамин маълумотҳоро пешкаш намуданд, профессор Шейбак аз ман пурсид, ки«фикри хатмкунандаи нави Донишгоҳи тиббӣ нисбати ҳамин бемор чист?»Холати зикршуда маро ба фикр кардан маҷбур сохт ва ба худ гуфтам, ки бемории он мард дигар ба ягон касалии рӯи дунё дуруст намеояд, магар ба вируси норасоии масъунияти бадан. Дар он давраҳо нисбати бемории ВНМО \ВИЧ СПИД\ баъзе духтурон тасаввурот доштанду аксарияташон ғофил буданд. Ман дар ҷое хонда будам, ки ин беморӣ бо аломатҳои ҳарорати дарозмуддат, харобшавӣ, арақкунӣ, умуман ҳамаи аъзои бадани инсон оҳиста - оҳиста ба дарде мубтало шудан мегирад ва сиҳат намешавӣ. Сипас, ман ба хулосае омадам, ки ин гуна беморӣ ҳамонест, ки боре надидааму дар борааш хондаам. Ва сарамро бардошта, таваккалан гуфтам, ки«аз афташ ин бемории ВИЧ СПИД аст». Бо шунидани посухи ман ҳамаи нафарони дар толорбуда хандиданд. Профессор Шейбак ҳам як каме ханда карду хомӯш шуда, ба фикр фурӯ рафт. Каме пас гуфт, таъҷилан озмоишгарро даъват кунед ва ӯ барои иммунитети ҳамон беморро санҷидан фармоиш дод. Саҳар, вақте ки дар ҳамон толори калон ҳама ҷамъ шуданд, профессор аз минбарба зал назар карда, бо нигоҳ касеро меҷуст. Чун маро дар қатори аввал дид, гуфт:

- Писарҷон,ба паҳлуи ман биё! 

Ҳол он ки то ин вақт умуман чунин муносибати дуруст надошт. Вай бо вуҷуди мутахассис ва олими хубе будан, хеле ҷиддӣ ба назар мерасид, вале ин навбат,  чеҳрааш кушода метофт. Ба тарафи росташ ишора кард, ки писарҷон, дар паҳлуи ман нишин. То ба он вақт ман дар минбар ба ҷуз худаш касеро паҳлуяш нишаста надида будам. Дар ҳамон ҳолат то ҳол баёдам ҳаст, ки бо забони русӣ ба толоррӯ оварда гуфт, ки: «Учитесь из синовья Авиценны!» Ва илова кард, ки бори нахуст Шокиров дар Клиникаи бисёрсоҳаи ҷумҳуриявии мо ташхиси дурусти ВИЧ СПИД –ро аниқ муайян кард. Хулосаи ташхисҳо ба диагнози додаи ӯ дуруст баромаданд. Ана, аз ҳамон рӯз сар карда, мо бо профессор дӯст шудем. Яъне ӯ куҷое, ки мерафт, манро мебурд, дар куҷое, ки менишаст маро дар паҳлуяш ҷой медод, - чунин оғоз кард ба суҳбат Абдукарим Шокиров, табиби шинохта, дастпарвари  Донишгоҳи тиббии осиёии шаҳри Тошканд. 

Абдукарим Шокиров зодаи ҷамоати деҳоти Зиракӣ, ноҳияи Кӯлоб  ва хатмкардаи МТМУ №15 мебошад. Аз 50 нафар донишҷӯи аз Тоҷикистон дохилшуда, дар давоми 6 соли таҳсил 29 нафарашон бо сабабҳои гуногун тарки таҳсил карданд. Дар охир 21 нафар ҷавонони тоҷик Донишгоҳи тиббии Осиёиро хатм карда тавонистанду халос. 

- Донишгоҳро соли 1988 хатм кардем. Мувофиқи тақсимот, барои мо дар тамоми қаламрави ҷумҳуриҳои шӯравӣ роҳхат мавҷуд буд. Ман он вақт метавонистам ба Тоҷикистони худамон, ба Кӯлоб биёям. Лекин барои боз бештар мутахассис шудану омӯхтан ва васеъ кардани касбам шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусияро интихоб кардам.

Дар шаҳри Минск аз Тоҷикистон танҳо будам. Дар он ҷо ҳар як муассиса аз поликлиника сар карда, то шӯъбаҳои беморхона ҳама шароитро доро буданд. Беморхонаи бисёрсоҳа ва ҷумҳуриявӣ ҳам буд. Вақте мо ба интернатура гузаштем, 49 нафар аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Белорусия ҳама маҳаллӣ буданд ва танҳо ман ғайри белорус будам, ҳамчунин 49 нафар ҳама духтар буданд, танҳо ман писар будам. Дар ин давра бароям як сир кушода шуд, ки дар ин кишвар бештар занҳоба тиб таваҷҷӯҳ доштаанд. Ман бо пешаи духтури кӯдакон хатм карда будам ва табиби кӯдакон низ бештар занон буданд. Муовини сартабиб, ки як зан буд, маро наздаш даъват карда, гуфт:

- Писарҷон, табиби кӯдакон дар мо пешаи мардона нест, биё, пешаи туро бо гузаштани курс тағйир медиҳем. 

Бо тавсияи ӯ ҳамон сол интернатураро гузашта, ба ҳайси анистизеолог-  реаниматолог ба кор шуруъ намудам, - нақлашро давом медиҳад.А. Шокиров.

А.Шокиров иброз медорад, ки профессори белорус Шейбак ҳамеша бо ман саволу ҷавоб мекард. Ҳамаи интернҳо аз машғулиятҳо мегурехтанд, ман танҳо  мемондам. Ба ин сабаб ман маҷбур мешудам, ки аз китобхона берун набароям. То соати 14 кор ва баъди ин фақат вақтамро дар китобхона мегузаронидам. Оиди касбу ихтисосам адабиётҳо мехондам ва ба худ мегуфтам, ки бигузор кадом вақте ки бошад, ман рӯ ба рӯи ӯ барояму ӯ маро савол диҳад ва ман ба суолҳои ӯ ҷавоб бидиҳам. Фақат ман аз суолҳои ӯ намегурехтам, баръакс ман қасдан азрӯ ба рӯи ӯ мебаромадам, то чизе пурсаду бо сари баланд ҷавоб диҳам. Ин ҳолат ба ман илҳом мебахшид, завқамро ба мутолиа меафзуд. Маро ҳамчун ассистент дар ҳамон кафедраи ДДТ шаҳри Минск ҳамчун ассистент ба кор қабул карда буд. Баъдан чун дид, ки ман каме босалиқа шудам, ҳамчун муаллими кафедра дар ДДТМ ба кор гирифт. Ман дар ДДТМ ҳамчун муаллим дарс медодам ва ҳамзамон дар беморхонаи бисёрсоҳа кор мекардам.   

- Аввали солҳои 1990, вақте давлати Шӯравиро нооромиҳову пошхӯриҳо фаро гирифтанд, аз ҳамин сабаб бо иҷозати профессор Шейбак соли 1992 ба Тоҷикистон омадам ва ҳамин ҷо зан гирифтам. Ҳамсарам Ҷамила Миралиева табиби бемориҳои пӯст, солҳост дар маркази бемориҳои пӯсти вилоятӣ кор мекунад. Соҳиби 4 нафар фарзанд ҳастем: 2 духтар, ду писар.

Ман баъди муддате дар ватан кор кардан бо сабаби мушкилоти рӯзгузаронӣ хостам боз баргашта ба Белорусия равам, вале натавонистам падару модар танҳо гузорам. Профессори белорусӣ бо як рафиқаш се маротиба (солҳои 1999, 2000, 2001)ба аёдати ман омад. Ба Сари Хосор рафтем, мазорҳоро гаштем, шикор кардем. Баъдан алоқа канда шуд. Алҳол бо писари он профессор, ки Олег ном дошта, низ профессор аст ва дар Белгия ҳамчун духтури анистизолог, реаниматолог кор ва зиндагӣ мекунад гоҳ-гоҳ дар тамос ҳастем. Баъзе чизҳоро аз ман мепурсад. Устоди касби худ профессор Шейбакро меҳисобам, - қисса мекунад Абдукарим. 

Абдукарим Шокиров ба Ватан омада, аввал дар Дармонгоҳи деҳаи Ҷерқалъа ба ҳайси табиб корро сар кард. Баъдан дар БМН Ҷерқалъа дар шӯъбаи кӯдакона ба кор гузашта, табиби кӯдакона шуда фаъолият намуд. Сипас ӯро ба беморхонаи вилоятии кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб ба ҳайси духтури анистизолог - реаниматолог ба кор қабул намуданд. Баъдан дар ҳамин беморхона дар вазифаҳои мудири шӯъбаи наҷот, ординатори клиникӣ, мудири шӯъбаи кӯдакона кор кард. Вақте соли 1997 БВС дар шаҳри Кӯлоб ташкил мешавад, бо фармони Раёсати тандурустии вилоят Шокировро ҳамроҳи Абдураҳимов Бобохон ба шӯъбаи наҷоти он ҷо мегузаронанд. То охири соли гузашта ҳамон ҷо кор кард ва аз моҳи январи соли 2018 сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб аст.

-Дар масъалаи мутахассисони ҷавон гуфтаниям, ки дар муддати 14 соли кориям ба беморхонаи мо ягон духтури сироятшинос ва ё анистизолог реаниматолог нафиристодаанд. Ҳарчанд ҳар сол мо ҷойҳои кории холиро пешниҳод мекунем. Дар умум дар беморхонаи мо 10 табиб намерасад, ки инҳо табибони ташхисгар, сироятшинос, анистизолог, эҳёгар мебошанд, - гуфт Абдукарим Шокиров дар фароварди суҳбат.           

С.Халилиён, «Фараж» аз шаҳри Кӯлоб

Шумо дар Тандурустӣ

Ҳафтаи гузашта вазъи саломатиям каме нохуб шуду маҷбур шудам ба табибони «Ёрии таъҷилӣ» муроҷиат намоям. Қаблан сару садоҳо дар хусуси ба макони ҳодиса ва ё хонаи бемор дер омадани табибонро шунида будам. Табибон ҳам дар навбати худ сабаби дер расиданашонро тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе унвон мекарданд.  Бинобар ин, чун ин ҳолат бо худи ман рух дод, хостам мутмаин шавам, ки то кадом андоза ин овозаҳо ҳақиқат доранд. Пас аз муроҷиат ба масъули «03» ба соат нигаристам: 08:42 дақиқа.

Соати 08:58 дақиқа занги телефонам садо дод ва аз он тараф аз омадани мошини «Ёрии таъҷилӣ» хабар шуд. Табибон дар назди бинои истиқоматиям қарор доштанд ва хоҳиш намуданд, то нафаре эшонро ба хона роҳнамоӣ кунад. Воқеан, фаврӣ. Дар муддати чанд дақиқае аз як кунҷи шаҳр ба дигараш расидан боварнокарданист. Фаврияти табибони «Ёрии таъҷилӣ» агар аз як тараф ба касбияти эшон вобаста бошад, аз ҷониби дигар, аз беҳтар гаштани вазъи роҳҳои шаҳри Душанбе ва кам гардидани ҳолати тамбашавӣ дар онҳо шаҳодат медиҳад.

Баъдан фаҳмидам, ки табиби «Ёрии таъҷилӣ» аз Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Муродова Фирӯза ва ҳамшираи шафқат Надирова Моҳира ба кӯмаки банда шитофтаанд. Фирӯза Муродова ҳамчун як табиби ҳозиқи реаниматолог ва анистезолог дар «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» фаъолият дорад ва ҳамзамон ҳамчун донандаи хуби забони англисӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ихтисоси педиатрия ба донишҷӯёни хориҷӣ дарс мегӯяд.

Бояд гуфт, Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» аз ҷои истиқоматам, маҳаллаи Испечак-2-и ноҳияи Сино дар масофаи хеле дур, тақрибан16-17 км воқеъ аст ва дар муддати 17-18 дақиқа расидани мошини «Ёрии таъҷилӣ»-и ин дармонгоҳ аз масъулияти баланди табибон ва касбияти ронанда шаҳодат медиҳад.

Пас аз муоина ва гузаронидани дору барои барқарор намудани саломатиям табибон зарур донистанд, то дар бемористон бистарӣ шавам.

Ҳамин тавр, тӯли панҷ рӯз дар бемористони сироятии шаҳри Душанбе воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, зери табобати табиби ҳозиқ, мудири шуъбаи рақами 1-и бемориҳои рӯдаю меъда Шарипов Мирзораҳим Ҷалолович, ки собиқаи 24-сола дар соҳаи сироятшиносӣ дорад ва донандаи хуби касби хеш аст, фаро гирифта шудам.

Дар урфият, ҳамчунин мегӯянд, «Сухани нек ва муомилаи хуби табиб ними табобат аст», ки ҳақ асту рост. Рафтору муомилаи меҳрубононаи ҳамшираҳои шафқати ин шуъба Хайригул Ғуломалиева, Гавҳар Маҳмадалиева бо собиқаи даҳ ва ҳаждаҳсолаи корӣ ва бародари шафқат Қурбон Ҳалимов, ки пайваста ба беморон «акаҷон», «апаҷон», «холаҷон» ва «додарҷон»- гӯён муроҷиат мекунанд, касро дар ҳайрат мемонад.

Шояд хонандаи ин сутур бо истеҳзо мегӯяд, ки рӯзноманигор буданамро донистаанд, аз ин рӯ, маблағ барои табобатро талаб накардаанд. Не! Маҳз дар ин бемористон ва махсусан дар ин шуъба навиштаҷоти «Хизматрасонии тиббӣ дар шуъба ройгон аст!»-ро, ки дар долон бо ҳуруфи калон дидан мумкин аст. Ҳамчунин, дар варақаи дигар рақамҳои мобилии сардухтури беморхона Ҳабибов Хуршед Ҳасанович ва муовинаш Каримова Мунира Бобохоновна насб шудааст, ки аз беморон хоҳиш карда мешавад, дар сурати тамаъҷӯии кормандони тиб онҳоро дар ҷараён гузоранд. Бовар кунед, чунинашро дигар дар ягон макон дидан номумкин аст. Дар мавриди тозагии ин шуъба бошад, ҷои гап ҳам нест. Гулҳои зебои ҳархела, ки дар гулдонҳои калон шинонида шудаанд, натанҳо роҳрави шуъбаро зеб медиҳанд, балки руҳу равони беморонро оромиш мебахшанд.

Хулоса, аз ҷониби роҳбарияти муассисаи давлатии бемориҳои клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бо сарварии сартабиби беморхона Ҳабибов Хуршед Ҳасанович барои табобат ва истироҳати беморон тамоми чораҳо андешида шудааст, то эшон сари вақт ва дар муддати кутоҳ шифо ёбанд.

Бо истифода аз фурсат банда ба табибони мазкур барои заҳматҳо ва талошҳояшон барои солимии шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори сипос менамоям.

Воқеан, тавре ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон зимни вохӯрӣ бо намояндагони соҳаи тандурустӣ иброз менамоянд :«Табибон зиёбахши дилу дидаи миллатанд». Худо кунад, ки дар ояндаи наздик ин шиори тамоми табибони кишвар ва дар ҳақиқат «Солимии миллат-солимии давлат» гардад.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, «ФАРАЖ»

Шумо дар Тандурустӣ
Шанбе, 17 Ноябр 2018 12:26

дурӯгПАРоКАНӣ

Шарифи Ҳамдампур, муассиси Медиагурӯҳи «Оила» 7 ноябр дар «Фейсбук» баҳсеро оид ба хабарҳои дурӯғин (фейкҳо) роҳандозӣ кард. 

Ба қавли ӯ, дар як ҳамоиши муассиси расонаҳо дар шаҳри Остона масъалаи фейкҳо баррасӣ шудааст. Дар ин нишаст як қисми журналистони Ғарб ва Русия онро дастгирӣ кардаанд ва муборизаро алайҳи дурӯғпароканӣ зарур нашуморидаанд. Шарифи Ҳамдампур мегӯяд, ки «Ҳар вирус антивирус дорад. Антивируси фейк дар дасти бунёдгузорони шабакаҳо ва болотар аз онҳост». Ӯ аз муштариён хостааст, ки андешаашонро дар ин мавзӯъ баён доранд. Аксари корбарони «Фейсбук», ки дар баҳс ширкат доштанд,  мавҷудияти фейкро дар расонаҳо тасдиқ намудаанд ва баъзеҳо аз будани онҳо ҷонибдорӣ ҳам кардаанд. 

Воқеан ҳам, имрӯз дурӯғпароканӣ яке аз проблемаҳои на танҳо расонаҳои чопиву электронӣ, балки шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ҳаст ва зидди он на танҳо ноширон, балки давлатҳо ҳам мехоҳанд мубориза баранд. Вале на ҳамеша ин муяссар мешавад. Албатта, ин сабабҳои зиёд дорад ва дар алоҳидагӣ наметавон ба барҳам задани дурӯғпароканӣ муваффақ шуд. Зеро он намудҳои гуногун дорад ва бо шеваҳои гуногун амалӣ гардида, на ҳамеша дурӯғ буданаш зуд ошкор мешавад.  

Имрӯз фейкро набояд танҳо чун хабари дурӯғ фаҳмид. Ба назари инҷониб, вай мафҳуми фасеъ буда, ҳар маводи расонаӣ, ки дар он дидаву дониста маълумоти дурӯғ, шарҳи нодуруст, тавсифи ноҷо, рекламаи пӯшида ё тарғиботи пӯшида барои манфиатоварии паҳнкунанда нашр мешавад, фейк аст. Аз ин нигоҳ, имрӯз қариб расонае нест, ки бо дурӯғпароканӣ машғул набошад ва аудиторияашро гӯл назанад. 

Бояд гуфт, ки аввалан, ба дурӯғпароканӣ давлатҳои алоҳида зидди рақибони сиёсиву иқтисодии худ машғуланд, ки онро ҷанги иттилоотӣ мегӯянд. Ин кор тавассути расонаҳои худӣ, бегона ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифта, шеваҳои гуногун дорад.  Намунаи беҳтарини ин амал ИМА аст, ки дастгоҳҳои тарғиботии он ба мисли Радиои «Аврупои Озод» («Озодӣ»), Радиои «Осиёи озод», Радиои «Сава», Телевизиони «Ал-Ҳурра», Радио ва телевизиони «Мартӣ», Радиои «Фардо», Радио ва телевизиони «Садои Америка» ва платформаҳои интернетии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза садҳо соат тарғиботи густурдаи ҳадафнок мебаранд. Албатта, ин расонаҳо сад дар сад фейк пахш намекунанд, вале дар маводи онҳо нагуфтани воқеият, инъикоси яктарафа ё шарҳи нодуруст, ки зидди одобу принсипҳои журналистӣ аст, зиёд ба чашм мерасад. 

Дуввум, ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида низ ба дурӯғпароканӣ машғул мешаванд, ки онҳо низ манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ доранд.

Сеюм, шахсони алоҳида, аз ҷумла журналистон низ барои манфиатҷӯӣ ба ин амал даст мезананд.  

Бояд гуфт, ки аз ин амал аксаран, муштариёни расонаҳо зарар мебинанд ва онҳо ба дурӯғ бовар карда, тафаккур ва ҳатто рафторашон дигар мешавад. 

Чӣ хеле, ки зикр кардем, имрӯз аксари расонаҳои ба мардум дастрас ба дурӯғпароканӣ машғуланд ва бисёр вақт фейк буданашонро муштарии оддӣ дарк накарда, ба он бовар мекунад.  Ҳол он ки дар замони глобализатсияи иттилоот набояд кӯр-кӯрона ба ҳар чиз бовар кард.  Дар ин ҳол имрӯз ягона роҳи ҳалли масъала – ин  омӯзонидани саводи расонаӣ ба аҳолӣ аст. Яъне аҳолиро бояд омӯхт, ки расонаҳо паёмро ба кадом ҳадаф нашр мекунанд ва он чӣ паёмаде метавонад пеш орад. Оё тафсире, ки пешниҳод мешавад, дуруст аст? Оё дигар расонаҳо ҳам ин хабарро чунин ташреҳ кардаанд? Байни муҳтавои мавод ва ношир ягон иртиботи ҳадафнок ҳаст ва ғайра? 

Саводи расонаӣ дар кишварҳои ғарбӣ беш аз 50 сол боз роҳандозӣ мешавад. Ҳанӯз солҳои 60-уми садаи гузашта ЮНЕСКО дар тамоми ҷаҳон консепсияи саводи расонаиро дастгирӣ ва роҳандозӣ мекард. Ин амал дар асоси маводи  ВАО, кино, реклама сурат гирифта, барои рушди шахсият, ташаккули тафаккури интиқодӣ, фарҳанги муошират бо расонаҳо, дарку таҳлил карда тавонистани маводи нашршуда ва ғайра  сурат мегирифт.  Воқеан, саводи расонаӣ як ҷузъи педагогика буда, таълими он аз боғча то донишгоҳ вобаста ба синну сол ва сатҳи дониши мухотабон тадрис мешавад. 

Бояд гуфт, ки дар сурати саводи расонаӣ доштани мухотабон онҳоро наметавон бо хабарҳои дурӯғин фиреб кард.

Ҷовид Муқим

Шумо дар Нигоҳи хос
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 4

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.