.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷаҳон

Шумо дар Ҷаҳон

Беназир Бҳутто - ормони зани мубориз

Март 10, 2018 Хонданд: 585
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Соли 1988 дар таърихи башар як саҳифаи нави дурахшон боз гардид. Аввалин бор дар ҷаҳони исломӣ зан сарвазир интихоб гардид. Ин зани далеру шуҷоъ, олиҳаи ҳусну маърифат, муборизи роҳи озодию истиқлол Беназир Бҳутто буд. 

Ҳангоме, ки Беназир Бҳутто сарвазири Давлати исломии Покистон таъин шуд, ин воқеаи ғайричашмдошт дар тамоми ҷаҳон буд, ки шахсияти (стеоротипи) зани шарқиро комилан дигар кард. Фикру ақидаи ашхоси гуногунро, ки вазифаи зани мусулмонро фақат дар чаҳорчӯбаи хона медиданд, ба куллӣ тағйир дод. Ин воқеа тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ваҷд овард.
Сарвазир интихоб шудани Бҳутто тасодуфӣ набуд. Ин зани оқилу доноро донишу маҳорат ва сиёсатмадори хуб буданаш ба ин мартаба расонд. Беназир Бҳутто маълумоти олиро дар донишгоҳҳои беҳтарини дунё - Гардварди ИМА ва Оксфорди Бритониё гирифтааст. Ӯ дар ин ду донишгоҳ сиёсат, фалсафа ва иқтисодиётро хеле хуб омӯхта буд, ки баъдан дар вақти дар сари ҳокимият буданаш аз дониши омӯхтааш босамар истифода бурд. Ӯ инчунин сиёсату сиёсатмадориро аз волидайнаш, ки ҳарду сиёсатмадорони пешқадами Покистон буданд, омӯхта буд. Падараш Зулфиқор Алӣ Бҳутто дар тӯли солҳои 1971-1973 президент буд ва сипас дар солҳои 1973-1977 вазифаи сарвазирии Покистонро ба дӯш дошт. Модараш зани курдтабори Покистон буд, ки бо шавҳараш дӯш ба дӯш истода, дар сиёсат ва гул-гулшукуфии Покистон саҳми беандозаю пурарзиши худро гузоштааст.
Беназир Бҳутто 21-уми июни соли 1953 дар шаҳри Қарочӣ ба дунё омадааст. Баъди соҳиби маълумот шудан ба Покистон баргашта, ба сиёсат машғул мешавад ва дар соли 1978 ба Ҳизби халқии Покистон аъзо мегардад ва аз соли 1979 роҳбарии ин ҳизбро ба уҳда мегирад. Моҳи ноябри соли 1988 Беназир Бҳутто сарвазири Ҷумҳурии исломии Покистон интихоб мешавад, ки дар ин вақт фарзанди нахустинаш фақат се моҳ дошт, вале ба ӯ муяссар гардид, ки аз уҳдаи ҳарду вазифаи пуршараф, яъне зан-модар ва зан-сарвар шарафмандона барояд. Ин далелу шаҳодати он аст, ки чунин занони шуҷову далер ва нозуку барнои шарқӣ ба модар буданашон нигоҳ накарда, вазифаи хеле пурмаҳсул ва мардонаро ба дӯш гирифта, аз уҳдаи он бо сарбаландӣ мебароянд.
Беназир Бҳутто ҳангоми дар вазифаи сарвазир будан барои кишвараш хизмати беандозае кардааст. Бҳутто барои беҳбудии аҳолӣ ва тараққиёти босуръати кишвараш системаи маориф ва тандурустиро ройгон кард, то ки тамоми сатҳи аҳолӣ аз он истифода бурда тавонанд. Ислоҳоти мубориза бар зидди бесаводие, ки Бҳутто дар Покистон ҷорӣ кард, натиҷаи мусбат дод. Аз се як ҳиссаи аҳолии Покистон соҳиби маълумот гашт. Барои озодӣ ва мустақилии занони Покистон мунтазам мубориза мебурд. Акнун ҳатто дар деҳаҳои дурдасти Покистон духтарон бе ягон монеа метавонистанд соҳиби маълумот гашта, якҷоя бо мардон дар истеҳсолот кор кунанд ва саҳми худро дар рушду нумуи кишварашон гузоранд. Як қатор барномаҳоро, ба монанди таъмини ҷойҳои дурдаст бо нерӯи барқ ва оби тозаи ошомиданӣ, бар зидди касалиҳои кӯдакон, бар зидди терроризмро пиёда намуд.
Беназир Бҳутто ду маротиба сарвазири Покистон буд ва ҳарду давраи дар ин вазифаи баланди пурмасъулият буданаш давраи нашъунамои кишвар ба ҳисоб мерафт. Дар вақти роҳбарии ӯ иқтисодиёти Покистон бо суръати баланд боло мерафт ва бисёр кишварҳои мутараққии ҷаҳон дар Покистон сармоя мегузоштанд, яъне ба ояндаи дурахшони ин кишвар боварӣ пайдо карданд. Бо ҳамсояаш Ҳиндустон ӯ тавонист муноқишаи доимиро то ҳадде коҳиш диҳад. Барои ҷасорату матонате, ки ин зани матину қавиирода нишон медод, ӯро ҳатто «Зани оҳанини Шарқ» мегуфтанд.
Ранҷу меҳнати ин зани мубориз на фақат дар Покистон, балки берун аз он ҳам қадрдонӣ шудааст. Беназир Бҳутто бо унвони доктории донишгоҳи Оксфорд сарфароз гардидааст ва инчунин соҳиби ордени Фаронса ва соҳиби бисёр дигар мукофотҳои давлатҳои гуногун гардидааст.
Зиндагиномаи Беназир Бҳутто то андозае ба ҳаёти зани дигари мубориз - Индира Гандӣ шабоҳат дорад. Ин ҳарду зани озодихоҳ ва сулҳҷӯ чанд маротиба сарвазири кишварашон буданд ва дар рушду нумуи кишварҳояшон саҳми онҳо беандоза аст. Мутаассифона, ҳарду ҳам аз тири адӯ ҷон бохтанд, ки боиси афсӯс ва нигаронӣ аст.
27-уми декабри соли 2007 дар шаҳри Равалпиндӣ ба ҷони Беназир Бҳутто сӯиқасд ташкил шуда, ӯ ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашт. Ин фоҷиаи мудҳиш зуд дар тамоми ҷаҳон паҳн шуда, аз тарафи тамоми ҷомеаи ҷаҳон сахт маҳкум шуд. Мардуми Покистон хотираи Беназир Бҳутторо бо эҳтироми хос пос дошта, мақбараи ӯ доимо бо гулу гулдастаҳо оро дода шудааст. Симои ин зани далеру шуҷоъ ҳамчун намунаи як зани мубориз ва модари меҳрубон дар дили халқ то абад боқӣ хоҳад монд.

Нигина ДУШАНБИЕВА,
корманди Институти омӯзиши масъалахои давлатхои Осиё ва Аврупо

Тағйироти охир Шанбе, 10 Март 2018 10:44
Хонданд 585
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.