.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷаҳон

Шумо дар Ҷаҳон

Консепсияи «сиёсати бузург» ва тарҳи Аврупои ягонаи Нитше

Фев 03, 2018 Диданд: 515
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Иттиҳоди Аврупо баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон дар заминаи ормонҳои мутафаккирони Аврупо ба вуҷуд омад ва ба ҷангҳои пайвастаи аврупоиён то андозае хотима бахшид. Ин Иттиҳод зодаи ормонҳои мутафаккирони қарнҳои ахири Аврупо мебошад ва он дар фалсафаи иҷтимоии Фридрих Нитше матраҳ гардидааст.

Дар баҳсҳои марбут ба Аврупои ягона аксаран лоиҳаи «ба сӯи ҷаҳони абадӣ» -и Кантро аввалин мешуморанд, ки дар он зарурати ташкили институти давлатҳои муттаҳид пешниҳод гардидааст. Ба ақидаи Кант конфедератсияи озоди кишварҳо, ки ба аҳолӣ қонунан «ҳуқуқи шаҳрвандии ҷаҳонӣ» медиҳад, василаи самараноктари пешгирӣ ва аз байн бурдани ихтилофоти мусаллаҳона мебошад: «Бинобар он ки кам ё беш байни халқҳои аҳолии Замин муоширати ногусастанӣ дар ҳама ҷо густариш ёфтаасту агар ҳуқуқ дар як ҷои Замин нақз гардад, дар ҳама ҷои дигар эҳсос мегардад, идеяи ҳуқуқи шаҳрвандии умумиҷаҳонӣ на тасаввуроти хаёливу пучи қонун, балки иловаи зарурӣ ба кодекси нонавиштаи ҳуқуқи давлатӣ ва байналхалқӣ ва аз ин рӯ ба сӯи «ҷаҳони абадӣ» мебошад».
Мутафаккирони дигари аврупоӣ низ рӯи ин масъала андешидаанд, аммо аз идеализми романтикӣ ба сиёсати воқеии манфиатҳои миллӣ гузаштанро бе таъсири идеяҳои Фридрих Нитше тасаввур кардан номумкин аст. Ӯдар самтгирии тафаккури аврупоӣ ба сӯи масъалаи худмуайнкунии миллӣ нақши хос дорад.
Фридрих Нитше (FriedrichNietzsche, 1844-1900) азҷумлаи он файласуфонест, ки идеяҳояшон дар тафаккур ва таърихи аврупоиён асари зиёд гузоштаанд. Дар охири асри Х1Х ва авали асри ХХ таваҷҷуҳ ба он хеле зиёд буд. Бо вуҷуди он, ки Нитше дар муносибат бо ҷанбаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ, ахлоқӣ ва илмии мафкураи ҷомеаи Аврупо шахсияти пуртазод аст, дар таърихи фалсафаи муосир таъсиргузортарин файласуфи муосир ба шумор меравад. Масъалаҳои озодии фардии инсон, иродаи қудрат дар даҳҳо соли охир аз омилҳои марказии таҳаввулоти ҷомеаи аврупоӣ ба ҳисоб мераванд. Масъулияти инсон дар ҷомеаи технократӣ, дар ҷомеае, ки «Худо дар дилҳои инсонҳо мурдааст», бо озодии ӯ тавъам аст ва ҳамин озодиҳое, ки дар қаламрави илм, иҷтимоъ, фарҳанг, сиёсат ва ғайра дар Аврупо арзишҳои навро ба вуҷуд овардаанд, аз фалсафаи Нитше маншаъ мегиранд.
Маҳз Фридрих Нитше, хеле пештар аз дигарон, дар охири садаи Х1Х самти ояндаи таърихи Аврупоро дақиқ дарёфт: гузаштан аз низоми сиёсии миллӣ ба ҷаҳонӣ ва табдили анқариби Аврупо ба организми ягона. Дар баробари эътирофи қудрати руҳи қавмии давлати миллӣ Нитше ташаккули фарҳанги ягонаи аврупоиро ҷонибдорӣ кард: Аврупоро лозим аст муттаҳид гардад, то ин ки қудратмандтар ва тавонотар гардад. Барои ин ба ҷои давлатҳои миллӣ бояд лоиҳаи муқтадири аврупоӣ рӯи кор ояд.
Ҳануз соли 1886, яъне сад сол қабл аз оғози иқдомоти амалии ташаккули фазои ягонаи аврупоӣ, Нитше навишта буд: «нишонаҳои қатъӣ, ки шаҳодат медиҳанд Аврупо ба сӯи муттаҳидӣ ҳаракат мекунад». Андешаҳои Нитше дар бораи ояндаи Аврупо, ки дар контексти раванди ҳамгироии давлатҳои аврупоӣ баррасӣ мешаванд, имрӯз на танҳо аҳаммияти академӣ, балкӣ аҳаммияти амалӣ низ дорад. Нитше, ин «қосиди фалокатҳои асри ХХ» (Карен Свасян), бемории асосии ҳамасрони аврупоии худро «фалаҷи ирода» меномад. «Танҳо дар давлати миёнаи паҳновар, он ҷо ки резиши Аврупо ба Осиё оғоз меёбад - Россия…, нерӯи ирода дер боз пас андохтаву анбошта мешавад, - навиштааст Нитше дар «Фаросӯи неку бад», - он ҷо ирода, намедонам иродаи инкор ё тасдиқ», соати озод шудани худро хунсардона интизор аст. «Боло рафтани қудрати Россия»-ро пешгӯӣ карда, Нитше мехост, ки Аврупо низ ба ҳамин андоза муқтадир бошад, «иродаи ягона ба даст орад, иродаи деринтизору даҳшатноки худро, то барои худ ҳадафи ҳазорсола таҳия кунад, бошад, ки ин мазҳакаи деранҷоми давлатҳои хурд-хурд ва бисёриродагии сулолавӣ ва демократӣ хотима ёбад. Замони сиёсати реза гузаштааст, садсолаи оянда (асри ХХ) давраи муборизаҳо барои ҳукумат кардан ба курраи заминро хоҳад овард». Магар раванди ҷаҳонишавӣ, вазъи имрӯзаи ҷаҳон, ҳамгироии давлатҳои аврупоӣ дар шакли иттиҳоди низомманд дар қолаби давлати густурда воқеияти консепсияи «сиёсати бузург»-и Фридрих Нитшеро бозгӯ намекунад? Кӯшиши таҳияи идеяи нав барои Аврупо як навъ посухи Нитше буд ба нигилизм, ки аз секулярикунонии фарҳанги аврупоӣ бармеояд. Лоиҳаи нитшеии муттаҳидшавии Аврупо лоиҳаи худтанқидкунии фарҳанги классики аврупоӣ мебошад. Он усулан ҳеҷ гуна эҷоди идеяҳои мушаххаси нав дар муқобили арзишҳои куҳна нест. Вазифаи фалсафа, ба ақидаи ӯ, ташхиси замони худ, кӯшиши идроки замон дар заминаи таърихи кулли инсоният мебошад. Дар пешгуфтори «Казус Вагнер» Нитше менависад: «файласуф аз худ пеш аз ҳама чиро талаб мекунад? Бар худ дар замони худ пирӯз шавад, безамон гардад. Барои чӣ бояд мубориза кунад? Барои он ки фарзанди замони худ бошад».
Аврупоикунонии «аврупоиёни хуб» ангезае барои таҷрибаи амиқи озодии ҷомеаи башар аст ва бидуни талош барои пешбурди дақиқи ҳуввияти фарҳангӣ, мазҳабӣ, табақотӣ ва миллии пасазнигилистӣ мебошад. «Мо, фарзандони оянда, дар замони ҳозир чӣ ҳузуре метавонем дошта бошем! Мо ба тамоми идеяҳое, ки бо он ҳар кас метавонад роҳат бошад, бемайлем… мо ҳеҷ чиро «ҳифз» намекунем, мо ба гузашта намеандешем, мо «либерал» нестем, мо барои прогресс кор намекунем, мо ниёз ба бастани гӯшҳо аз ҳаёҳуи бозори оянда надорем, он чӣ онҳо васф мекунанд: «ҳуқуқи баробар», «ҷомеаи озод», «аз ин пас на хоҷа, на барда» моро аз ҷо нахоҳад бурд, мо танҳо салоҳ намедонем, ки дар замин ҳукумати адолат ва ҳамдилӣ ҳоким бошад (зеро он дар ҳар шароит ҳукумати миёнагӣ ва чинигарӣ хоҳад буд)… мо дар инҳо танҳо
ниқоб ва ифодаи сустӣ, хастагӣ, пирӣ ва коҳиши қудратро мебинем». Идеяи «аврупоии хуб»-и Нитше, ба унвони як вокуниш ба «марги Худо» ва нигилизм буда, бар таҷрибаи озодии ҳақиқии халлоқ дар тарбияи фард асос ёфтааст.
Нитше бо нигоҳе ба гузаштаи миллатгароии мудерн аз корбурди мафҳумҳои «свилизатсия», «гуманизатсия», «прогресс», ки одатан барои тавзеҳи вежагиҳои урупоӣ истифода мешуданд, дурӣ меҷӯяд. Ӯ раванди демократикунонии Урупоро ба унвони як ҳаракат аз маҳаллӣ ба ҷаҳонӣ, ба унвони «ҳаммонандшавии урупоиён», зудудани вежагиҳо ва тафовутҳои маҳаллӣ тавсиф мекунад. Раванди якнавохтии таърихи Урупо мунҷар ба якнавохтии бештар мешавад, «навъи фаромиллӣ ва кӯчии инсон» ва ҷаҳонишавии одобу русумро эҷод мекунад. - Бигузоред он чиро ба унвони як вежагии мушаххаси урупоиён ҷустуҷӯ мекунанд, «тамаддун» ё «башарият» ё «пешрафт» ном бибаранд, - мегӯяд ӯ. Пушти тамоми қолабаҳои ахлоқӣ ва сиёсӣ, ки ин формулаҳо ишора мекунанду раванди ҳаммонандшавии урупоиён, озодшавии онҳо аз шароите, ки дар он нажодҳои онон падид меоянд ва новобастагии рӯзафзуни онҳо аз ҳар гуна муҳити муайяне, ки тӯли садсолаҳо дар тану руҳи инсон нақш мебандад, ба амал меояд, пайдоиши тадриҷии навъи фаромиллӣ ва кӯчии инсон сурат мегирад. Аломати вежаи он, ба таъбири физиологӣ, maximum ҳунар ва қувваи мутобиқшавӣ мебошад. Ин раванди табдилшудан ба як урупоӣ… метавонад бо сабабҳое кундтар шавад, масалан бо фишори тӯфони ҳануз тӯфандаи «ҳисси миллӣ» ва ҳамчунин анархизм, ки дар пеши чашми мо зуҳур мекунад.
Воқеияти нимаи дуввуми асри Х1Х- густариши тиҷорат, саноат, сайёҳӣ, барқарории иртиботот, бархӯрд ва ҳамкории ногузири халқҳо ва фарҳангҳои мухталиф ва ҳамчунин захираҳои бузурги иқтисодӣ ба мақсади муттаҳид шудани Урупо барои Нитше шоҳиди дар ниҳоят суст шудан ва аз саҳнаи таърих хориҷ шудани миллатҳо ва ба ҷои он омадани «нажоди ягона ва омехтаи одами урупоӣ» буд. Нитше дар «Дониши Шод» ва «Фаросӯи неку бад» муқобили «сиёсати майдаи абадӣ гардондани партикуляризм дар Урупо», муқобили «хориши миллии дил ва заҳролуд шудани хун, ки имрӯз халқҳоро дар Урупо аз ҳам дур ва ҷудо кардааст» мебарояд.
Нитше маънии Урупои навро дар зарурати ташкили иттиҳоди байналмилалӣ медид, ки тавонад аз кӯтоҳбинии миллӣ раҳо шавад, вале дар баробари ин аз ҳуввияти миллӣ, ки меъёрҳои универсалиро мушаххас менамояд, ҷудо набошад.
Ҳар чанд тарҳи Урупои Нитше аз лоиҳаи равшанфикрӣ, ки раванди ташаккули Иттиҳоди Урупои имрӯза бар он асос ёфтааст, фарқ дорад, сарфи назар аз он ки Нитше худ то андозае рушди ояндаи инсониятро берун аз доираи дин ва арзишҳои ахлоқии масеҳӣ медид ва идеяи баробарии инсонҳоро рад мекард, таъсири он аз тарафи муҳаққиқони зиёд дар пайдоиши амалии муттаҳидии Урупои нав собит гардидааст.
Георг Зиммел дар асари машҳури худ «Урупо ва Амрико дар таърихи умумиҷаҳонӣ», Нитшеро бо Бисмарк, Дарвин, Вагнер, Толстой ва Бергсон муқоиса карда, ӯро чунин тавсиф мекунад: характери миллӣ, вежагиҳои сифати миллиро то ҳадди охир таҳқиқ карда, созандаи Урупои нав гардид.
Хулоса, масъалаҳои Аврупо то Нитше низ матраҳ гардида бошанд ҳам, иттиҳоди кишварҳои Аврупо ба унвони як василае барои расидан ба ҳадафи ҳамгироии инсоният, чун марҳилаи гузариш барои расидан ба иттиҳоди глобалӣ баррасӣ мешуданд. Дар охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ тарҳи Нитше ба афзоиши ҷунбишҳои миллӣ дар Аврупо мусоидат кард ва дар охири асри ХХ консепсияи сиёсати бузурги ӯ ба ҳуввияти миллии умумиаврупоӣ муассир воқеъ шуд.
Равандаи ҷаҳонишавӣ, ҳамгироии давлатҳои аврупоӣ дар шакли иттиҳоди низомманд дар қолаби давлати густурда воқеияти консепсияи «сиёсати бузург»-и Фридрих Нитшеро таъйид мекунад.

Кайхусрави Субҳонзод, ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо 

Тағйироти охир Шанбе, 03 Феврал 2018 13:27
Хонданд 515
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.