.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷаҳон

Шумо дар Ҷаҳон

Далелҳои аҷиб оид ба Чин

Дек 16, 2017 Диданд: 834
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ҷумҳурии Мардумии Чинро имрӯз бо кишвари мо риштаҳои мустаҳками иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангиву маданӣ мепайвандад. Чин аз шумори аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва дар маблағгузории иқтисодиёти кишвари мо пешгом аст. Имрӯз «муъҷизаи иқтисодӣ»-и Чин дунёро ба ҳайрат овардааст. Мо оид ба ин ҳамсояи бузурги Тоҷикистон, кишвари дорои тамаддуни қадимаи воло баъзе далелҳое ин ҷо меорем, ки хеле ҷолиб ҳастанд. Хонед, ин аҷиб аст:

- Номи муосири инглисишудаи Хитой-«China», бо боварӣ метавон гуфт, ки аз сулолаи имперотурии Тсин (Цинь, Qin, ҳамчун «чин» талаффуз мешавад) гирифта шудааст. Маҳз замони ҳукумати ин сулола ҳудуди мамлакат ягона гардид. «Баҳамоваранда»-и он император Ши Хуан-ди (260-210 то милод) буда, замони халалнопазири императорӣ то соли 1912 давом кард.
- Чинро аксар вақт яке аз тамаддунҳои куҳантарини дунё меноманд. Баъзе аз бозёфтҳои таърихиеро, ки дар субҳи тамаддуни чинӣ бунёд ёфта буданд, олимон ба 6000 сол пеш аз милод нисбат медиҳанд.
- Забони чинӣ яке аз забонҳои қадимтаринест, ки то ин замон истифода мешавад.
- Чин чорумин кишвари бузургтарини дунё аз рӯи ҳудуди ишғолнамудааш мебошад (баъд аз Русия, Канада, ИМА). Масоҳати мамлакат 3179275 км.кв. аст (ин рақам аз нишондоди масоҳати ИМА қадре камтар аст). Тӯли сарҳадҳояш бо дигар давлатҳои ҳамҷавор аз 189 000 км. зиёд буда, наздики соҳилҳои Чин зиёда аз 5000 ҷазира ҷойгир шудааст.
- Аз рӯи зичии аҳолӣ Чин дар олам яке аз кишварҳои пешгом аст. Ҳар панҷумин сокини сайёра хитоист. Аз рӯи барӯихатгирии соли 2009 аҳолии кишвар 1 миллиарду 338 миллиону 612 ҳазору 968 нафарро ташкил медод, ки ин аз аҳолии Амрико 4 маротиба зиёд аст.
- Чин дар олам ҳамчун «шоҳигарии гулҳо» маъруф аст. Намудҳои зиёди меваҷоту гулҳое, ки сараввал ин ҷо парваришу ихтироъ кардаанд, имрӯз дар тамоми ҷаҳон коркард карда мешаванд.
- Коғази ташноб тақрибан солҳои 1300 дар Чин ихтироъ карда шудааст. Ҳаққи истифодаи онро танҳо аъзои оилаи император доштанд.
- Ғайр аз коғаз, хитоиҳо ҳамчунин қутбнамо (компас), борут ва дастгоҳи чопкуниро ихтироъ кардаанд.
- «Морҳои паррон» («паррандаҳои коғазӣ», «арфаи Эол»)-и чинӣ тақрибан 3000 сол пеш ихтироъ карда шудаанд. Сараввал онҳоро бо мақсадҳои ҳарбӣ истифода мебурданд. Морҳоро барои тарсонидани адӯи душман ба фазо сар медоданд. Марко Поло (1254-1324) дар хотироташ менигорад, ки бо ёрии чунин морҳои паррон баҳрнавардон сафари баҳриро пешбинӣ мекарданд.
- Ҷанги чирчиракҳо-яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи мардумии чинист. Бисёри кӯдакон онҳоро ҳамчун ҳайвоноти хонагӣ нигоҳ медоранд.
- Нигоҳ накарда ба ҳудуди ишғолнамудаи бузург, Чин дар як минтақаи соатӣ ҷойгир шудааст.
- Бисёри таърихнигорон бар он назаранд, ки Чин ватани бозии футбол мебошад-ҳанӯз солҳои 1000-и қабл аз милод хитоиҳо бо тӯб бозӣ мекарданд.
- Пинг-понг яке аз бозиҳои дӯстдоштатарин дар Чин аст. Аммо ғояи ихтирои бозии тенниси рӯи миз на ба хитоиҳо, балки ба англисҳо тааллуқ дорад.
- Шуғли аз ҳама паҳншудатарини сокинони Чин ҷамъоварии маркаҳо мебошад.
- Пандаҳо (хирсҳо)-и бузургҷусса дар ҳудуди Чин анқариб 2-3 миллион сол зиндагӣ доранд. Нахустин императорони хитоӣ пандаҳоро барои «дур сохтани қувваи бадӣ» ва фалокатҳои табиӣ нигаҳ медоштанд. Ҳамчунин ин хирсҳои алобуло чун рамзи матонат ва қудрат ҳисобида мешуданд. Имрӯз онҳо рамзи асосии Чин ҳастанд.
- Баръакси кишварҳои аврупоӣ, дар Чин ранги мотамӣ на сиёҳ, балки сафед аст.
- Новобаста аз оне, ки ихтироъкори парашют расман Леонардо да Винчи (1452-1519) эътироф шудааст, далелҳои таърихие мавҷуданд, ки дар Чин ҳанӯз қарни 4-уми милодӣ бо истифодаи «морҳои паррон» одамон ба фазо парвоз мекарданд. Истифодаи бехатари парашют танҳо охири қарни 17 имконпазир шудааст.
- Таърихнигорон ба он назаранд, ки бо зиёд шудани аҳолии Чин сокинони кишвар сари фикри омода сохтани ғизои бехатаре уфтоданд, ки дар он қисми ғолиби моддаҳои манфиатовар ҳифз карда шудаанд. Ҳамин тавр «анъанаи» ҳунари таббохии чинӣ рӯйи кор омад, ки тибқи он ғизо ба қисмҳои хурд ҷудо карда мешавад, то ин ки зудтар омода бигардад. Чунин қисмҳои хурди-хурди ғизо ҳангоми тановул истифодаи кордҳоро бекор намуда, ба ихтирои чӯбчаҳои хӯрокхӯрии чинӣ сабабгор шуд. Акнун фаҳмидед, барои чӣ хитоиҳо бо чӯбча хӯрок мехӯранд?
- Соли 130 милодӣ ситорашинос ва адиби чинӣ Чжан Хэн аввалин асбоби зилзиласанҷиро ихтироъ намуд. Асбоб мавзеи пайдошавии ин офати табииро муайян менамуд.
- Чин ватани яхмос аст. Ба Аврупо дастури омода намудани он як вақт бо тарзи тайёр намудани лапша (хӯриши хамирӣ) тавассути сайёҳи машҳури венетсиягӣ Марко Поло ворид гардидааст. Аввалин яхмосҳо аз омехтаи шир ва барф омода карда мешуданд.
- Хидматчии давлатии хитоӣ бо исми Су Сонг аввалин ихтирокори соати механикӣ дар дунёст. Муддати аз соли 1088 то 1092 сол ӯ дастгоҳе ихтироъ кард, ки вақтро дақиқ муайян сохта, ҳамчунин аниқ давраҳои кайҳониро ҳисоб менамуд, ки ин сохтани толеъномаҳоро ба сифати аъло баровард
- 27 сентябри соли 2008 аввалин кайҳоннаварди чинӣ ба фазои кушоди коинот баромад. Номи ӯ Чжай Чжиганг аст.
- Хитоиҳо аввалин маротиба омочи оҳаниро ихтироъ намудаанд. Дар Аврупо истифодаи омочи оҳанин танҳо аз қарни 17 оғоз гардид.
- Пойтахти Чин дар замонҳои мухталиф номҳои дигар дошт. Пеш шаҳри асосии кишвар ба оламиён ҳамчун Янтсзин, Дайду ва Бэйпин маъруф буд. Имрӯз он Пекин ном дорад, ки маънояш «Пойтахти Шимолӣ»-ст. Пекин дуввумин шаҳри бузургтарини Чин баъд аз Шанхай аст.
- Нохунҳои дароз дар Чин нишонаи ашрофият ва мақоми баланд доштанро ифода менамуданд. Мардон ва занони воломақом нохунҳояшонро бо тиллову нуқра ороиш медоданд.
- Дар қарни чоруми пеш аз милод барои гарм намудани манзилҳои хеш хитоиҳо истифода бурдани гази табииро оғоз намуданд. Газро бо воситаи буридани чоҳҳо ба даст меоварданд ва дар ин ҷода сокинони Чин аз аврупоиҳо 2300 сол қабл корҳоро оғоз намуданд.
- Қарни 2 милодӣ хитоиҳо дарёфтанд, ки хун ба воситаи рагҳо ба тамоми бадан ҷорӣ шуда, ҳаракати он аз ҳисоби таппиши дил сурат мегирад. Дар Аврупо чунин донишҳои биологӣ танҳо оғози қарни 17 маълум гардид, ки ҳангоме олим Уилям Гарвей (1578-1657) аввалин корҳои илмиашро маърази хонандагон намуд.
- Сокинони Чин системаи ҳисоби даҳиро ҳанӯз дар қарни 14-и пеш аз милод, яъне 2300 сол пеш аз аврупоиён истифода мебурданд. Хитоиҳо аввалин миллатанд, ки ҳангоми ҳисоб рақами сифрро истифода намудаанд.
- Дар Чин аввалин маротиба арбалет (силоҳи тирпаррон)-ро ихтироъ ва мавриди истифода қарор додаанд. Ҳамчунин ин ҷо аввалин маротиба силоҳҳои кимиёвию газӣ ихтироъ ва истифода шудааст. Силоҳи газӣ 2000 сол қабл аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар Чин истифода шудааст.
- Сарбанд (плотина)-и бузургтарини олам дар Чин аст.
- Тибқи ривояти қадимии чинӣ, чой соли 2737 пеш аз милод аз ҷониби император Шэн-Нун кашф гардидааст. Ин ҳодиса тасодуфан сурат гирифтааст-ҳангоме, ки баргҳои хушбӯй ба пиёлаи шоҳӣ бо оби ҷӯш аз хунукназарии хидматгор афтиданд.
- Чиноиҳо ихтироъкорони бисёр намудҳои муҳорибаҳои тан ба тан ҳастанд. Бисёр усулҳои ин муҳорибаҳо дар хоҷагиҳои қадимии деҳқонӣ ва ҳангоми шикор кардан рӯйи кор омадаанд.
- Иди муҳимтарин дар Чин Соли нави хитоӣ, ё ба истилоҳи дигар, Соли нави қамарист. Хитоиҳо ақида доранд, ки дар ин рӯз ҳар як сокини сайёра боз як сол калон мешавад, аз ин сабаб ин рӯз зодрӯзи ҳар як сокини олам аст.
- 92 дарсади аҳолии Чин дар ҳаёти рӯзмарра забони хитоиро истифода мебаранд. 7 оилаи забони хитоӣ мавҷуд аст: чинӣ, кантонӣ, ву, хакка, гане, сян, мин.
- Ранги бахт ва идона дар Чин ранги сурх аст. Дар мамлакат ин ранг дар матоъҳо, ороиши хона, ҷашни арӯсӣ, мавлуд ва идҳои миллӣ васеъ истифода мешавад.
- Нилуфар дар Чин рамзи тозагиву бокирагист. Ин гул аз ҷониби даосҳо ва буддистҳо муқаддас маҳсуб мегардад. Умуман, дар ин кишвар рамзи гулҳо васеъ истифода мешавад.
- Хитоиҳо истеҳсоли шоҳиро аз соли 3000 то милод оғоз намудаанд. Римиҳои қадим Чинро «Кишвари Роҳ» («Serica») меномиданд. Сири шоҳии аслии хитоӣ ҳанӯз ҳам аз ҷониби истеҳсолкунандагонаш махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Касеро агар сари қочоқи пилла ё кирмак медоштанд, ба қатл ҳукм мекарданд.
- Тибқи ривоёти чинӣ, ихтироъкори шоҳӣ Си Лин Суи- ҳамсари император Ши Хуан-Ди маҳсуб мегардад. Фикри бунёди шоҳибофӣ ҳангоми чойхӯрӣ тавлид шуд, вақте кирмаки пилла ба ҷоми шаҳбону афтид ва дар моеъи дохилбудаи он риштаҳои борик пайдо шуданд.
- Варақи куҳнатарини коғазӣ, ки аз хоки Чин ёфт гардид, қарнҳои 2 ва ё 1-и пеш аз милод тайёр шудааст. Ин варақ ончунон сахти босифат буда, ки онро метавонистанд ҳамчун матои либосворӣ ва ё ҷавшани борик истифода баранд.
- Хитоиҳо нахустин маротиба рикобро ихтироъ намуданд. Ин ҳодиса қарни 3-и милодӣ ба вуқуъ пайваст.
Барномаи «як фарзанд барои як оила» дар Чин боиси куштани духтарҳои навзод гардид, ки нотавозунии ҷинсиро ба бор овард. Имрӯз духтарон аз писарон дар кишвар 32 млн. нафар кам ҳастанд. Оянда даҳҳо миллион мардҳо барои худ ҳамсар ёфта наметавонанд. Баъзе олимон ба ин назаранд, ки ин қазия (муҷаррадии чиниҳо) ба бехатарии ҷаҳон таҳдид карда метавонад.
- Маводҳои дарёфтгардидаи олимон шаҳодат медиҳанд, ки ҳудуди Чин 300000-500000 сол пеш макони зисти аввалин намуди одами рост роҳ мегашта аст. Маълум аст, ки ин одами «пекинӣ» аз оташ истифода карда метавонистааст.
- Нимаи аввали қарни 20 Шанхай ягона шаҳр ва бандаре буд, ки яҳудиёнеро, ки аз Холокост (маҳви яҳудиён) фирор карда буданд, бе иҷозатномаи воридотӣ (виза, раводид) қабул кардааст.
- Илми математикаи Чин ғайримустақим аз математикаи юнонӣ рушд кардааст, ки боиси нигаронии олимон мебошад.
- Чароғакҳои чинӣ соли 250 то милод ихтироъ шудаанд. Барои хитоиҳо ин чароғҳо рамзи умри дароз ва муваффақиятро ифода мекунанд. Барои оилаҳои сарватманд онгуна чароғҳои ҳаҷман бузургро месохтанд, ки барои бардоштани онҳо қувваи якчанд нафар зарур буд.
- Ҳангоми ҳукмронии сулолаи Тан ашхоси соҳибмаълумот вазифадор буданд, ки амали салом ва худоҳофизӣ намуданро бо истифода аз шеър иҷро намоянд.
- Соли 1974 ҳангоми кандани чоҳ гуруҳи деҳқонони чинӣ дар музофоти Шэнси боқимондаҳои зарфҳои сирдори хеле қадима ва оромгоҳи император Тсин (259-210 соли пеш аз милод)-ро дарёфт намуданд. Ғайр аз боқимондаҳои ҷасади император дар оромгоҳ «артиш»-и иборат аз 1000 ҳайкалҳои сарбозон, ангуштаринҳо ва фойтунҳову дигар ашё дарёфт гардиданд.
- Гранд-канали Чин шабакаи обёрии куҳантарин ва дарозтарин дар дунёст. Дарозии он 1795 километрро ташкил дода, дар соҳилҳои он 34 кӯшк бунёд ёфтааст ва зиёда аз 60 пул соҳилҳояшро мепайвандад.
- Дар Чин кӯршабпарак рамзи анъанавии муваффақият аст, ки тасвири он дар матоъҳову зарфҳои сирдор истифода мешаванд.
- Императори охирини сулолаи Тсин (Пу) велосипедрониро дӯст медошт ва пайваста дар кӯчаҳои «Шаҳри Мамнуъ» велосипед меронд. Соли 1981 дар Чин велосипед мавриди истифодаи омма қарор гирифт. Ин ғоя ба ду сайёҳи амрикоӣ-Аллен ва Захтлебен таалуқ дошт. Барои хитоиҳои муосир велосипед воситаи асосии нақлиётист. Кишвар дар самти истеҳсоли велосипед дар дунё пешгом аст.
- Соли 25 то милод дар Чин пулҳои овезон ихтироъ карда шуданд. Барои муқоиса: дар Ғарб истифодаи чунин пулҳо баъд аз 1800 сол оғоз гардид.
- Дар Чин чунин мешуморанд, ки санъати хаттотӣ (каллиграфия) қувваи ботинии хаттотро мекушояд ва ҳини машғул будан ба хаттотӣ раванди хештаншиносиву ботинияти воло сурат мегирад.
- Лаққамоҳӣ дар Чин рамзи қувва ва якравӣ мебошад. Ҳаҷми моҳӣ ва мӯйлабҳояш ӯро ба аждаҳо-тӯмори бахти хитоиҳо монанд мекунад. Моҳӣ дар фарҳанги чиниҳо нақши бориз дорад ва ҳатто калимаҳои «фаровонӣ» ва «моҳӣ» як хел талаффуз мешаванд- «yu».
- Дар баъзе манотиқи Чин бофтани кокулҳо рамзияти хоси худро дошт. Духтарҳои ҷавон ҳамеша ду кокул, шавҳардорон як кокул доштанд. Мумкин барои ҳамин ҳам ин анъанаи чинӣ боиси он ақидае дар Ғарб (ва мо низ) гардид, ки танҳо ба духтарони хурдсол кокул мебофанд.
- Дар Чини қадим чунин мешумориданд, ки оина манзилро аз ҷину париҳо ҳифз мекунад, руҳи ноаёни инсонро падид сохта, маросимҳои махсус бо истифода аз оина сиру асрори ояндаро метавонанд бозкушоянд. Аксар маврид оинаро дар шифти оромгоҳҳо насб мекарданд.
- Дарёҳои дарозтарини Чин Янтзи-5623 км. ва Хуанхэ-4672 км. мебошанд.
- Бисёрзанӣ дар Чин аз аввали ташаккули тамаддунаш мавҷуд будааст. Дар навбати аввал, ҳарамҳо моли табақаи сарватманд буданд, ки барои ин амал дороӣ доштанд. Ҳарамҳои императорони чинӣ садҳо канизи зебо барои дилхушӣ доштанд.
- Инқилоби бузурги фарҳангӣ (1966-1976) боиси марги миллионҳо чинӣ, гуруснагӣ ва нобуд шудани ҳазорҳо гектар заминҳои кишт гардид.
- Дар кишварҳои мухталифи олам аждаҳо рамзи бадист, аммо дар Чин он миёни се мавҷудоти бузурги дунё-паланг, самандар ва сангпушт мақоми ифтихорӣ дорад.
- Куҳи аз ҳама баланди дунё (8847 м) ба ифтихори олими англис Ҷорҷ Эверест номгузорӣ шудааст, аммо чиниҳо ин кӯҳро Ҷомолунгма, яъне «Худо-Модари Замин» меноманд.
- Парчами миллии Чин сентябри соли 1949, дар рӯзи Ҷумҳурии Мардумӣ тасдиқ шудааст. Ранги сурхи он рамзи инқилоб, ситорачаҳои сурх- мардуми Чин ва ситораи калон рамзи коммунизм аст. Ҷойгиршавии ситораҳо тасодуфӣ нест-он баробарии миллати чиниро таҳти роҳбарии Ҳизби коммунистӣ ифода мекунад.
- Тақвими қамарии чинӣ куҳантарин тақвим дар дунёст. Он аз аломатҳои бурҷи дувоздаҳгона иборат буда, соли 2006 то милод сохта шудааст.
- Ҳамасола шумораи тифлоне, ки бо нуқсонҳо тавлид мешаванд, дар Чин меафзояд. Экологҳо ва зимомдорон айбро дар ифлосшавии минтақаҳои алоҳидаи кишвар мебинанд. Чин барои «муъҷизаи иқтисодӣ»-аш баҳои баланд пардохт мекунад.
- Исбот шудааст, ки чиниҳо замбурӯғро зиёда аз 3000 сол пеш ҳамчун хӯриш истифода мебурданд. Соли 1996 дар кишвар 600 ҳазор тонна замбурӯғ ҷамъоварӣ шуд, ки қисми зиёдаш содирот гардид. Дар Чин 60 дарсади номгӯи замбурӯғи ҷаҳон парвариш мешавад.
- Соли 2007 дар Чин истеҳсоли хӯрок барои сагҳо ва хокаи дандоншӯӣ манъ карда шуд, чун дар онҳо моддаҳои заҳрнок дарёфт гардиданд. Зимни тафтишот маълум гардид, ки яке аз зимомдорон аз корхонаҳои дорусозӣ пора гирифтааст, то ин ки маводи дорувориашон ба фурӯш бираванд. Ба гунаҳкор ҷазои ҳукми қатлро раво диданд.
- Машҳуртарин ҳунармандони чинӣ ва чинӣ-амрикоӣ инҳо ҳастанд: Ҷеки Чан (Ҳонконг), Чоу Юн Фат (Ҳонконг), Брюс Ли (Сан-Франсиско), Ҷет Ли (Пекин), Чжан Тсии (Пекин), ва Люси Лю (Ню-Йорк).
- Бозиҳои олимпии Пекин-2008 гаронтарин дар таърихи гузаронидани ин мусобиқот эътироф шуданд. Барои гузаронидани ин бозиҳо 40 миллиард доллар масраф гардид. Барои муқоиса-дар бозиҳои олимпии Афина-2004 «ҳамагӣ» 15 миллиард доллар харҷ шудааст.

Таҳияи Азамат ДӮСТОВ

Тағйироти охир Шанбе, 16 Декабр 2017 13:22
Хонданд 834
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.