.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷаҳон

Шумо дар Ҷаҳон

Бирма (Мянмар): Қатли чорсад мусалмон

Сен 09, 2017 Хонданд: 1826
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

 

ва хомӯшии ҷомеаи байналмилалӣ

Баъди тасвири фоҷеавии Олони курдиву Фархундаи афғонӣ ёд надорам, ки ҷомеаи тоҷик ба рӯйдоди дигари ҷаҳонӣ, аниқтараш ба фоҷеаи мудҳиши қавмеву миллате ба ин ҳад, ки ба Мянмар мутаваҷҷеҳ шуд, мутаваҷҷеҳ шуда бошад. Расмҳои пурдаҳшате, ки аз ин фоҷеа ин шабу рӯз дар фазои маҷозии Интернет мечарханд, дили сангро об мекунанд. Аммо дили ҷомеаи башарӣ, бахусус ҳомиёни ҳуқуқи башар ва кишварҳои муддаии демократия ва озодии инсонро об накард. Ҷомеаи башарӣ, дар назар дорам қудратҳои ҷаҳонӣ ва исломиро, то ба ҳадде боястӣ вокуниш нишон надод. Фоҷеаи мусалмонони Мянмар, наслкушии бутпарастони ин кишвар ҳамоно баҳои ҳуқуқӣ нагирифтааст.
Дар баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин рӯйдод ёд шуд, ки вақте “Шарли эбдо” - маҷаллаи исломситези фаронсавӣ террор шуд, на танҳо аврупоиён, балки шарқиён ҳам хун гиристанд, мотам доштанд, маҳкум карданд, тадбир андешиданд. Ҳамла ба “Шарли эбдо” ҳамла ба ҳар хонадони марду зани аврупоӣ қаламдод шуд. Ҳол он ки, дар он террори ҳамоно пурасрор ҳамагӣ чанд нафар кушта шуда буданд. Касе касеро сар набурид, тавҳин накард, сари мурдаи вай бавл накард. Ду террорист онҳоро парронданд ва рафтанду боздошт шуданд. Аммо дар Мянмар ҳазорон нафарро сар буриданд, тифлаконро ба дор кашиданд, қатл карданд, сӯзониданд. Ин даҳшат пинаки аксари ҳомиёни ҳуқуқи башарро вайрон накард.
Қишри озоду зиёиёни бохабар ва мазҳабиён дар Тоҷикистон ба ин наслкушӣ шадидан вокуниш нишон доданд. Ман сар аз ин ҳафта кам дидам, ки касе акси худро бо акси фоҷеи Мянмар оро надода бошад. Шоирони хубамон шеър гуфтанд ва ҳамвора ин мисраи Шоираи Раҳимҷон, шоираи хушнависи тоҷик вирди забонҳост: “Ман меравам Мянмар, роҳи маро набандед...”. Ва пинҳон намедорам, ин мисраъро шояд то кунун ҳазор бор ба забон овардам.
Ва ҳатто Манижаи Давлат, ин сарояндаи пурҳунар ва дӯстдоштанӣ аз ин ҳол дар ғам печид ва дар саҳифаи худ дар «Фейсбук» навишт, ки "имрӯз ман ҳам бо вайрониҳои Бирма баробари кулли мусалмонони дунё мотам дорам. Ба ободиҳо фикр мекунам, ба ободиҳои дунё... Ҳар қадар саъю фикрашро кунем, бозам пур аз вайронист, мисли нотамомию нимкорагияш ободиҳо обод намемонанд. Ҳамеша ҳар ҷое агар обод шавад, паҳлуяш як ҷои дигар вайрон мегардад. Ҳамин хел дунё бо вайрониҳо обод аст, бо вайрониҳои тамомнашуданӣ...
Имрӯз ман ҳам бо вайрониҳои Бирма баробари кулли мусалмонони дунё мотам дорам... Магар ҳамаи одамони курраи заминро Як Холиқ наофаридааст? Аз куҷост ин ваҳшоният?!”.

Инҳо чӣ мехоҳанд?
Фоҷеаи Мянмар ба тозагӣ шуруъ нашудааст, балки ҳудудан даҳ сол пеш аз ин дар шакли ҷунбишҳои ифротӣ оғоз шуд ва дар аввал масоиле аз қабили таҳрими мусалмонон ва пешниҳодҳои берун рондани онҳо аз шаҳрҳоро дар миён мегузошт. Ин гуна созмонҳо дар Мянмар зиёданд, вале муҳимтарину ифротитарини онҳо “Ҷунбиши 969” аст, ки ба он роҳиби будпараст Ошин Вироту сарварӣ мекунад.
Ошин Вироту 45 сол дорад ва дар зиндагиномааш омада, ки 9 сол ба ҷурми ширкат дар амалиётҳои террористӣ дар зиндон нишаста буд. Вай худро ҳоло “Бен Лодани Бирма” унвон кардааст ва мегӯянд поягузори аслии хушунат алайҳи мусалмонони Роҳинҷа ҳамин Ошин аст.
Ин роҳиб ҳатто ҳоло ба Далай-Лама, сарвари буддоиёни олам итоат намекунад ва якҷо бо низомиёни хунтаи Мянмар ба оташи ин низоъи мазҳабӣ равған мерезад. Ошин хеле шахсияти иртиҷоӣ ва ифротист. Вай мусалмононро “сагҳои ваҳшӣ” меномад ва ҳатто мегӯяд, ки «агар мо дар баробари онҳо кӯтоҳ оем, ба зудӣ кишварамонро исломӣ мекунанд».

Fortify Rights: Роҳинҷагиҳоро зинда ба зинда месӯзонанд
Созмони ҳифзи ҳуқуқи Fortify Rights, мансуб ба кишвари Бангкок ахиран хабар дод, ки неруҳои амниятии Мянмар дар рустое бо номи Чут-Пиин занону мардон ва тифлони мусалмонро сар заданд, иддаеро зинда ба зинда сӯзониданд. Дар ин амал террористони гуруҳи буддоии 969 даст доранд. Ҳамин гуна ҳолатро дар шаҳри Мейттиляр низ мушоҳида кардаанд.
Тибқи иттилое, ки ахиран Раёсати СММ дар умури паноҳандагон расонаӣ кард, танҳо дар иёлоти Ракҳайн беш аз 400 мусалмон кушта шуда ва 58 ҳазору 600 нафари онҳо ба Бангладеш паноҳанда шудаанд. Ҳукумати Мянмар рӯзи шанбеи гузашта расман эълон кард, ки беш аз 2600 хонаҳои мусалмонон дар иёлоти Ракҳайн ба оташ кашида шудааст. Ҳукумати Мянмар ҳамзамон мегӯяд ин кори дасти “Артиши наҷоти Аракан” (ARSA) аст.
Ҳукумати Мянмар аз интиқоли 11 ҳазору 700 “сокини бумӣ” ба минтақаи амн хабар дод ва зери ин мафҳум бошандагони ғайримусалмон фаҳмида мешаванд. Давлати Мянмар мусалмононро муҳоҷирони бангладешӣ меномад ва аз додани ҳақи шаҳрвандӣ ба онҳо аз қадим мухолифат дошт. Бо интиқоли буддоиҳои муқим ба ҷойи амн дасти террористонро бозтар кард ва акнун ҳар касе рост ояд, мекушанд, чун медонанд, ки мусалмон аст.
Созмони Global New Light of Myanmar, ки мутааллиқ ба давлат аст, мегӯяд дар маҷмуъ дар рустоҳои Котандук, Мейнлут, Кийканпин ва Маунттау 2625 хонаи мусалмонон оташ зада шудааст.
Human Rights Watch иттилои давлатро дар мавриди хонасӯзиву қатлу куштори гуруҳҳои террористӣ нодида гирифт ва неруҳои амниятии Мянмарро масъули ин кушторҳо донист. Фил Робертсон - ҷонишини раиси ин созмон дар Осиё мегӯяд, расмҳои аз кайҳон бардошташуда шаҳодат аз он медиҳанд, ки деҳаҳои мусалмонон пурра оташ зада шудаву сокинонашон ё фирор кардаанд ва ё ба дасти низомиёни Мянмар кушта шудаанд.

Мянмар дар куҷост?
Шояд барои бисёриҳо маълум набошад, ки Мянмар дар кадом гӯшаи олам аст. Ин мамлакатро аксаран ҳоло ҳам бо номи қадимиаш - Бирма мешиносанд. Он дар Осиёи ҷанубу шарқӣ ҷойгир аст. Аз ғарб бо Бангландеш, аз ҷануб бо Таиланд ва аз Шарқ бо Чин ва Лаос ҳаммарз аст. Ҳудудан 60 миллион аҳолӣ дорад, аксари онҳо бутпарастонанд ва мусалмонон ақаллияти мазҳабӣ ҳисобида шуда, ҳамаи 4 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор ҳудудан 800 ҳазорашон аз қабилаи роҳинҷа мебошанд. Роҳинҷа худро аз насли араб медонанд, ки дар асрҳои миёна соҳилҳои уқёнуси Ҳиндро забт карда буданд. Ва дар забонашон низ калимаҳои форсиву арабиву португалӣ доранд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки артиши Ҷопон Бирмаи Британиёро ишғол кард, роҳинҷа ҷонибдори инглисҳо боқӣ монд, аммо буддоиҳо ҷопониҳоро тарафдорӣ карданд, чун артиши Ҷопон ба ивази он барояшон истиқлолият ваъда карда буд. Буддоиҳои ҷонибдори Ҷопон ба “Артиши миллии Бирма” шомил шуданд ва онро падари ҳамин Аун Сан Су Чжи - генерал Аун Сан сарварӣ мекард.
Дар бораи ин зиддият ахбори дақиқу мувассақ камтар аст, чун ҳар ҷониб мекӯшад вазъро ба гунае таҳлил кунад, ки ба манфиаташ бошад. Аммо он ки муддати даҳсолаҳо ин хушунат идома дорад, ҷойи баҳс нест. Охири солҳои 40-уми асри гузашта Британияи Кабир мустаъамараи худ Бирмаро раҳо кард ва ин кишвар эълони истиқлолият намуд. Тибқи муоҳадаи британиёиҳо ва ҳукуматҳои маҳаллии минтақа қарор буд ҳамаи ақаллиятҳои милливу мазҳабӣ соҳиби замин ва истиқлолият мешаванд, аз ҷумла сокинони Аракан ва Рокҳайн низ. Ва чун ҳафт иёлот соҳиби истиқлолияти ваъдагӣ нашуданд, давлати Мянмарро қабул накарданд. Роҳинҷиҳо, ки ба теъдод беш аз якуним миллион нафаранд, Рокҳайнро ватани бумии худ медонанд, вале давлати Мянмар, чуноне ишора рафт, онҳоро муҳоҷирони ғайриқонунии бангландешӣ медонад. Тобистони соли 2016 вазъ миёни роҳинҷиҳо ва ҳукумати Мянмар тезутунд шуд. Моҳи августи имсол “Артиши наҷотбахши Аракан роҳинҷа” дар як ҳамла ба 30 иншооти ҳарбӣ ва пулис 15 нафарро куштанд. Ва эълон карданд, ки ин посухи онҳо ба таъқиби роҳинҷиҳо аз ҷониби неруҳои ҳукуматист. Ва ҳукумат ҳам вокуниш нишон дод ва натиҷаи он ҳамин аст, ки гуфтем: қатлу куштори бегунаҳон, сарбурии атфолу занону духтарон, ба оташ кашидани хонаҳо, зинда сӯзонидани мусалмонон ва ғайра.

Эътирозҳо
Эътирозоти мусалмонон дар робита ба рӯйдодҳои Мянмар тавре боястӣ сартосарӣ нашудааст. Ҳоло ҳам тазоҳуроту раҳпаймоиҳо парокандаанд. Дар гӯшаву канори олам, дар баъзе кишварҳои Аврупо, Русия, иддае аз мамолики исломӣ гуруҳҳо ва дастаҳо назди сафорати Мянмар гирд меоянд, эътироз мекунанд ва пароканда мешаванд. Дар ягон кишвари олам ҳам пулис, мақомоти давлатӣ садди роҳи ин гуна эътирозҳо нашудаанд. Ягона сарваре, ки шадидан садои эътироз баланд кард, Рамазон Қодиров буд. Вай ҳатто Вазорати умури хориҷаи Русияро ба боди интиқод кашид, ки то ҳол ин наслкуширо маҳкум накардааст. “Агар Русия ин шайтонҳоро пуштибонӣ кунад, ман зидди мавқеи Русия хоҳам буд. Ман дидгоҳи худ, биниши худро дорам”,- гуфт ӯ.
Аз кишварҳо танҳо Туркия ва Эрон изҳороти муштарак ва шадидуллаҳн паҳн карданд ва хостори дахолати бедиранги ҷомеаи ҷаҳонӣ, фишори байналмилалӣ ба Мянмар шуданд. Раҷаб Тайип Эрдуғон, президенти Туркия гуфт: “Он ҷо табъиди нажодист ва ҳар касе ба ин чашм мепӯшад, иштирокчии он аст”.
Дар ҳамин ҳол, Малола Юсуфзай, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аз Покистон аз наслкушӣ дар Мянмар дар ғазаб шуд ва аз барандаи дигари ҷоизаи сулҳи Нобел Аун Сан Су Ҷӣ талаб кард, ки ин фоҷеаи башариро расман маҳкум кунад.
Садои аъроб дар ин фоҷеа шунида нашуд. На Толибону на “Ал-қоида” ва на “Давлати исломӣ” (ДОИШ) садо баланд накарданд. Бори дигар исбот шуд, ки иддаои ин созмонҳои дар асл террористӣ дар мавриди ислом ва пуштибонии мустаъзафини исломӣ ҳарфи хоме беш нест. Ин созмонҳо дунболи ҳимоя аз Ислом набуда, пайи қудрату салтанат мегарданд ва касоне, ки ба хотири дифоъ аз муслимин бо ин гуруҳҳо мепайванданд, ҳамон гумороҳону раҳгумзадагонанд.

Мушкили паноҳандагони роҳинҷа
Аммо мушкили мусалмонони Мянмар он аст, ки то ҳол на Ҳинд, на Бангландеш ва на Малайзия ҳозир нашудаанд паноҳандагонро ҷову макон диҳанд. Ҳинд Конвенсия оид ба паноҳандагони СММ-ро имзо накардааст ва мегӯяд 40 ҳазор роҳинҷаро аз хокаш берун мекунад. Бангладеш пешниҳод кардааст, ки овораҳоро дар ҷазираи Тенгар Чар ҷобаҷо кунанд. Ин ҷазираест, ки ягон кишвар онро назорат намекунад ва гоҳу ногоҳ ба он роҳзанҳои баҳрӣ ҳамла мекунанд. Аммо ҷомеаи байналмилалӣ аз ин пешниҳод пуштибонӣ намекунад. Зеро он як ҷазираи нообод аст ва гузашта аз ин, фасли баҳор ниме аз он зери об мемонад.
Нуктаи дигар ва хеле ҳам муҳим: Роҳинҷа пуштибонии байналмилалӣ надорад. Британияи Кабир ахиран хостори ҷаласаи вижаи Шӯрои амнияти СММ шуд, вале Чин зидди ин ибтикор баромад. Сафири ИМА дар СММ Никки Ҳейли аз Мянмар интиқод кард. Аммо мушовири давлатии Мянмар Аун Сан Чу Чжи, ки пештар ба хотири муборизаҳояш барои арзишҳои демократӣ ҷоизаи Нобелро гирифта буд ва амалан кишварро идора мекунад, зидди баррасии масаъала дар СММ аст. Ҳатто дар суханрониҳояш ҳамеша ин масъаларо ёдрас ҳам намекунад, гӯё мушкили мусалмонон дар Мянмар вуҷуд надорад.

Ду ҳушдори журналистӣ
Тавре ишора шуд, фоҷеаи Мянмар бозтоби густарда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дошт. Аз миёни даҳҳо навиштаи ҳамқаламон ин ду ҳушдорро аз ду Исфандиёр лозим донистем ёдрас кунем. Исфандиёр Халилов навишт: «Имрӯз ки аз ҳуқуқи башар дар Мянмар дифоъ намекунем, фардо агар ин мардум мусаллаҳ шуданду ба ҳимояти ҷону моли хеш бархостанд, ҳама иддао мекунем, ки исломгароёни террорист ба ҷони мардум дарафтоданд. Ҷанбаи инсонии инсонҳо заифтар мешавад ва ғаразҳову кудуратҳову мавзеъгириҳои сиёсӣ пардаи чашми гуманизми башарият шудааст. Ин парда дорад чашмони инсонҳоро кӯр мекунад».
Ва Исфандиёри Одина дар мавриди истифодаи расмҳо ҳушдор дод: «Бисёре аз ин аксҳои ваҳшатноке, ки дар фазои маҷозӣ ҳамрасонӣ мешаванд, ба ҳаводиси Мянмар ва сарнивишти мусалмонон кӯчактарин рабте надоранд. Ҳатто бархе аз ин аксҳо дарвоқеъ ба хушунатҳои Буку Ҳаром алайҳи масеҳиён дар Ниҷерия муртабит ҳастанд, ки аз онҳо сӯйистифода сурат мегирад. Ҳадафи тақаллубкорон фақат таҳрики эҳсосот аст. Пас бояд барои ончӣ ҳамрасонӣ мекунем, масъул бошем ва аз нашри дурӯғ ва акозиб бипарҳезем! Мардум ба иттилоърасонии дурусту саҳеҳ дар ин маврид сахт ниёз доранд”.

Ба ҷойи хулоса
Ба ин мақола нуқта мегузорам. Фоҷеа дар Мянмар идома дорад. Ҳар рӯз ва ҳатто ҳар соат гузориши тоза мерасад. Аммо гузоришҳо низ зидду нақизанд. Аз миёни хабарҳои фаровон наметавон ҷудо кард, ки кадоме аз он ба воқеият наздиктар аст. Ҳатто таҳлилгарон назари воҳид надоранд ва дидгоҳашон зиёдтар мазҳабист, аз нигоҳи мазҳабу дин арзёбӣ мекунанд. Шояд сабаб он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба асли масъала то ҳол сарфаҳм нарафата ва таҳлили фарогири ҳаводис аз ҷониби ягон ниҳоди муътабари байналмилалӣ ва ё хабаргзории бетараф интишор нашудааст. Ҳар чизе мурур кардем, ҳамин мазмунро дошт, ки мухтасаран овардем. Аз овардани баъзе шарҳҳое, ки ҳадди печидагии авзоъро дучанд мекунанд, низ худдорӣ кардем.

Б. ШАФЕЪ

Хонданд 1826
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.