.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷаҳон

Шумо дар Ҷаҳон

Раҳо Содиқӣ: Аз Тоҷикистон лаззат бурдам

Авг 26, 2017 Диданд: 1144
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Чанде қабл ба Тоҷикистон се сайёҳи эронӣ ташриф оварда буданд ва баъди тамошои манзараҳои афсонавии кишвари мо хостанд таассуроташонро иброз намоянд. Сӯҳбати мо бо сайёҳони эронӣ - оғои Мустафо Парвизпур ва бону Раҳо Содиқӣ дар фазои озоду ошкору самимӣ гузашт.

- Бону Раҳо Содиқӣ ва ҷаноби Мустафо Парвизпур, ба Тоҷикистон хуш омадед! Қаблан худатонро барои хонандагони мо муаррифӣ мекардед.
Мустафо ПАРВИЗПУР: - Шаҳрванди Эрон ва сокини шаҳри Теҳрон ҳастам. Алҳол дар Амрико умр ба сар мебарам. Саломи худро ба ҳама дӯстон мерасонам. Чанде қабл бо дӯстонам ба Тоҷиистон сафар кардем. Мардуми Тоҷикистон бисёр меҳрубон ва меҳмондӯстанд. Ман хеле хушҳолам ва орзу мекунам, ки мардуми азизи Эрон ба Тоҷикистон сафар кунанду мардуми азизи Тоҷикистон ба Эрон ташриф оранд. Ман дар ин муддате, ки дар Тоҷикистон будам, бо чандин оилаҳои мардуми Тоҷикистон дӯст шудам. Ҳамаи онҳоро ба Эрон даъват кардем.
Ман худ бисёр кишварҳои бузурги дунёро дидаам. Наздики 90 кишварро сайр кардам. Барои пешрафти ҳар миллат бояд дар кишвар ваҳдати миллӣ ҳукмрон бошад. Боиси хушҳолист, ки дар Тоҷикистон амният хеле пешрафта аст.
Раҳо СОДИҚӢ: - Шаҳрванди Эрон ва сокини шаҳри Теҳронам. Салом ба мардуми тоҷик. Ман бисёр сафар мекунам. Меҳрубонии мардуми тоҷик хеле асаргузор будааст. Хеле шодам аз меҳмонавозии мардуми тоҷик. Мо ориёиҳо чунин ақида дорем, ки «меҳмон азизи Худост». Ман худ ин чизро бо қалбам дарк кардам. Ман дар хиёбонҳо, осорхонаву бозорҳо бо мардуми тоҷик ошно гардида, ҳамсӯҳбат шудам. Чунин хулоса баровардам, ки мардуми тоҷик беҳтарин мардуми рӯи заминанд. Хусусан ба ман либоси миллии занони тоҷик хеле писанд омад, ки чандто аз ин либосҳои миллиро барои худ харидам. Хеле лаззат бурдам аз ин либоси миллии тоҷикона. Барои дӯстони худ низ либоси миллии тоҷиконаро ҳамчун савғо харидам.
Вақте ки дар мусофират будам, барои фарзандон каме дилтанг будам. Ҳар рӯз вақте бо онҳо дар тамос мешудам, мегуфтам, ки «э кош, шуморо ҳам меовардам ба Тоҷикистон». Ман аз Тоҷикистон бо тамоми вуҷудам лаззат бурдам.
- Шумо бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф меоред, ё қабл аз ин ҳам ба кишвари мо сафар доштед?
Раҳо СОДИҚӢ: - Ҳар дафъа ман мехостам ба Тоҷикистон биёям, вале имсол бо мадади дӯстон муяссарам шуд. Ба орзуи чандинсолаи худ расидам. Бори аввал ман ба Тоҷикистон омадам. Воқеан, аз меҳмоннавозиҳо хеле хушҳол шудам. Ман хуб медонистам, ки Тоҷикистону Афғонистон як забони муштараки дарӣ доштанду як фарҳанг доранд. Ифтихори бузург дорам, ки дар се сарзамин мо зиндагӣ мекунему забони муштарики мо форсӣ аст. Гӯиши мо танҳо дар рафти сӯҳбат каме фарқ мекунад, аммо рисолатан аз як фарҳангу мо ҳама як мардум ҳастем.
- Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед?
Раҳо СОДИҚӢ: - Раисҷумҳури Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсони беназир ҳастанд. Дар шаҳри Душанбе будам, Искандаркӯл рафтам, Зарафшону Панҷакент, Мазори Шариф, мақбараи Рӯдакиро дидем. Дар як ҳафта тавонистем ин ҷойҳоро гардем. Ҳар шаб меҳмонхонаи мо иваз мешуд. Як пиразанеро дидам, ҳамроҳ як акс ҳам гирифтем. Мураттаб моро ба хӯрок даъват мекард. Шояд аз назари молӣ дасташон хеле заиф буд. Вале қалбҳои бузург доштанд. Ман ҳар лаҳза эҳсоси ризоятӣ пайдо мекардам. Бори дувум агар ба Тоҷикистон ташриф орам, ҳатман ҳамроҳам фарзандонамро меорам. Манзараҳои зебоеро, ки худ дидам, ба онҳо низ нишон медиҳам.
Президенти кишвари шумо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои осоиштагии мардуми худ хеле заҳмат мекашад. Ман ин чизро дар як ҳафта фаҳмидам. Амнияти Тоҷикистон хеле олист. Мардум бароҳат дар хиёбонҳои пойтахт қадам мезананд. Ин ҳамааш аз ғамхориву заҳматҳои президенти кишваратон мебошад. Вақте ки телвизионро тамошо мекардам, мушоҳида кардам, ки ҷаноби раисҷумҳуратон бо меҳрубонии зиёд бо мардум ду соат сӯҳбат мекард. Ҳатто дар як паёми навбатии худ чунин қайд намуд, ки «дар рӯзҳои иди Қурбон ба дидори ҳамдигар рафта, ба ниёзмандон меҳрубонона, ғамхорона ёрӣ расонед». Ман дар намозҳои худам ин марди бузург ва хонаводаи ӯро дуо кардам. Мардуми тоҷик бояд аз доштани чунин раҳбари ғамхору дилсӯз ифтихор намуда, қадрашро бидонанд.
Чун бо кишвари Тоҷикистон ва мардуми он бисёр унс гирифтам, ҳамсарам имрӯз бо табассум ба ман гуфт, ки «ту дигар тоҷикӣ шудӣ!».
- Дар Тоҷикистон ба шумо бештар чӣ хуш омад?
Раҳо СОДИҚӢ: - Тоҷикистон бисёр кишвари зебост. Дар хиёбонҳои шаҳр вақте ки бо ҳамроҳи ҳамсарам қадам мезадам, аз гулҳои рангоранги зебо лаззат мебурдам. Ба ман китобхонаи шаҳр писанд омад. Ба ҳамсарам гуфтам, ки хеле ҷолиб ин аксҳои шоиру нависандагон. Баъд аз Эрон Тоҷикистон дувум кишвар аст, ки ман худро роҳат ҳис мекунам. Ман зебоии кишвари Тоҷикистонро дӯст доштам.
- Вақтҳои охир мардум бештар сатр мепӯшиданд ва Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки мардум бояд либоси миллии худро ба бар созанд. Назари Шумо оид ба ин масъала чист?
Раҳо СОДИҚӢ: - Ман ин иқдоми неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоям. Бояд ҳар як инсон Худоро дар қалбаш ҷо кунад. Меҳру муҳаббаташро нисбати Худованд бояд бо қалбаш эҳсос кунад. Худоро ҳамеша дар бар ҳис кардан - ин аз бештар будани имони мо шаҳодат медиҳад.
- Кадом ғизоҳои Тоҷикистон ба Шумо писанд омад?
Раҳо СОДИҚӢ: - Ба ман ҳама таомҳои миллии Тоҷикистон писанд омаданд. Хусусан оши палав - таоми миллии Тоҷикистонро дӯст доштам. Бисёртар дар ин ҷо ош мехӯрдам. Инчунин, аз хӯрдани меваҳои бомаззаи Тоҷикистон лаззат мебурдам.
- Ҳамчун сайёҳ ба дигар сайёҳоне, ки нияти сафар ба Тоҷикистонро доранд, чӣ тавсия дода метавонед?
Раҳо СОДИҚӢ: - Ба Эрон равам, ба нафароне, ки ба Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ меоянд, тамошои тамоми Тоҷикистонро тавсия медиҳам. Воқеан, Тоҷикстон кишвари зебо аст. Ҳама дӯстони ман, ки ҳунарманданд, ташриф хоҳанд овард.
- Шумо ба шаҳри Истаравшан сафар доштед. Шаҳри Истаравшанро ҳамагон ҳамчун шаҳри бостониву таърихӣ мешиносанд. Назари Шумо чӣ гуна аст?
Раҳо СОДИҚӢ: - Албатта, хеле писанд омад. Ман ҳама ҷойҳои таърихии ин шаҳрро аз назар гузаронидам. Ҳоло эҳсосоти худамро ба забон овардаву бо вожа гуфта наметавонам. Зодгоҳҳои таърихиро зиёрат кардам. Дар санг мисраҳои шеъри адибони бузургро хондам. Ашъори Рӯдакӣ дар санг навишта шуда буд.
- Истифодаи неъматҳои мавҷуда аз ҷониби мардуми тоҷик дар назаратон чӣ гуна тофт?
Раҳо СОДИҚӢ: - Ман исрофкориро дӯст намедорам. Ҳангоме, ки дар тарабхона хӯрокҳои мо даст накарда мемонд, ман ҳамаи онҳоро гирифта ба зарфҳо ҷой додаву ба ниёзмандон медодам. Барои парвариши як дона биринҷ ё гандум деҳқон чиқадар заҳмат мекашад! Мо бояд меҳнати деҳқонро нодида нагирем. Дар хонаи худам барои парвариши як бодиринг чиқадар заҳмат кашидем бо ҳамроҳи ҳамсарам. Ба ҳамсарам гуфтам, ки «бубин чиқадар барои парвариши ин бодиринг заҳмат мекашем». Алафҳои бегонаашро мечинем. Барои кирм накардану нобуд нашуданаш хеле меҳнат кардем. Аз ҳамагон хоҳиш дорам, ки агар дар хонаҳои худ хӯроки шабмонда дошта бошед, дар як зарф гирифтаву гарм карда, ба ниёзмандон тақсим кунед. Аз кори нек савоб мегиреду ҳам исрофкорӣ намешавад.
- Вақте ки Шумо ба дигар кишварҳои ҷаҳон сафар мекунед, барои худ чӣ баҳра мегиред?
Раҳо СОДИҚӢ: - Ҳар вақте ба ягон кишвар меравам, пеш аз ҳама бо мардумаш ошно мешавам. Аз фарҳангу одобу рафтори намунавиашон баҳра мегирам. Аз сӯҳбати самимонаи онҳо лаззат мебарам. Аз урфу одатҳояшон, аз маърифату фарҳанг ва дарсхониашон пурсон мешавам. Донистани фарҳанг ва маданияти ҳар як кишвар барои ман муҳим аст. Аз издивоҷи ҳар як духтари ҷавон, чи гуна онҳо оила пайдо мекунанд ва чи хел фарзандони худро тарбия мекунанд, пурсон мешавам.
- Ба мардуми Тоҷикистон, ки ба Эрон сафар кардан мехоҳанд, кадом ҷойҳоро барои тамошо кардан тавсия медиҳед?
Раҳо СОДИҚӢ: - Аз Шероз тамошоро шурӯъ кунанд. Тахти Ҷамшед, Кошон, Хуррамобод, Табриз воқеан ҳам зебост. Иншоаллоҳ, вақте дӯстони ман - мардуми Тоҷикистон ба Эрон сафар кунанд, ман дасти онҳоро гирифтаву ба тамоми ҷойҳои Эрон ба сайругашт равон хоҳем шуд.
- Ташаккури зиёд барои сӯҳбати ошкору самимона!
Мустафо ПАРВИЗПУР, Раҳо СОДИҚӢ: - Мо миннатдориамонро ба шумо баён месозем ва умедворем, ки шумо ҳам ба Эрон ташриф меореду меҳмони азизи мо мешавед!

Сӯҳбати Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ 

Тағйироти охир Шанбе, 26 Август 2017 12:57
Хонданд 1144
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.