.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷаҳон

Шумо дар Ҷаҳон

Сафари бебозгашти мусофир

Дек 28, 2018 Хонданд: 118
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Сафари бебозгашти мусофир

Субҳи хотирарез аст ин субҳ. Дафтари зангхӯрдаи бачагиву наврасӣ ва ҷавонӣ ба ёди дӯсте варақгардон мешавад. Аз лавҳи хотирам пораҳои аз ҳам гусастаи ёдҳо мегузаранд, мекӯшам чизҳоеро дарёбам, ки иртибот ба ин дӯст дошта…аммо паҳну парешонанд ин ёдҳо. Ман наметавонам онҳоро ба ҳам орам, мекӯшам ва ба мушкил менависам, ки чӣ буду чӣ гузашт…

 

Ёлаҳои сабзи Басманда, деҳаи кӯдакиам пеши назарам меояд. Деҳае, ки бо ҷумла ормонҳои кӯдакӣ бароям ба ҳукми танҳо хотира боқӣ монда. Аз он ки ман зуд-зуд намеравам, аз он ки он саҳнаҳои зинда дар хотири кӯдакии ман дигар худ нақши хотираанд. Ман он даштҳои кӯдакиро, ки рӯи сазбзазоронаш ғел мезадем, чуқракбозиву уловбозӣ мекардем, намебинам. Ва намебинам, ки дар он ёлаҳо гулҳои сӯзанӣ рӯянду бо ҷилои хос мо бачаҳои деҳотиро ба сӯи худ хонанд ва даста-даста ҷамъ оварем ва тоқии гулдӯзӣ гирдогирди сарамон бандем. Ва бегоҳӣ боз бо ҳамон шӯру шавқ ба хона баргардем ва то субҳ пазмон шавем он ёлаҳои сабзро.

Бале, инҳо нестанд дигар дар он даштҳое, ки бачагии мо дар он гузашт. Ба ҷойи ёлаҳои сабз ва гулҳои сӯзании фасли баҳор, хонаҳо қомат рост кардаанд. Ва аз ҳар хона акнун бачаҳо сар берун мекунанд ва мераванд боз дуртар аз он даштҳо, ба даштҳои кӯдакии худ, то камол ёбанд ва раванд фарзандони онҳо дуртар аз ин мавзеъ ва боз ҳам ба даштҳои кӯдакии худ…

 

БАЪДИ СОЛҲО….

Зиндагонӣ басо кӯтоҳ аст, вале шуҳрат метаовнад абадан бошад…

Ситсерон

Солҳо моро аз он фоҷеаи даҳшатбор ҷудо мекунад ва то бо имрӯз дар зери таъсири он қарор дорем. Боварам намеояд, ки оне ки мо ҳамагон дӯст медоштем ва ҳар рафту бозгашташро тӯли солҳои ошноӣ бесаброна интизор мешудем, дигар аз ин сафар барнамегардад. Ба гумонам ҳамаи ақрабои қурбониёни он парвози нофарҷом ва он суқути ваҳшатзо ҳамин андешаро доранд. Беҳтаринҳо буданд, ки рафтанд...

Вале чӣ бояд кард? Бояд акнун одат кунем, ки МУҲАММАДТАБУР ва ёронаш дигар барнамегарданд. Онҳо дар дили хок хуфтаанд ва танҳо ёдҳое аз он қурбониёни пурармон дар умқи синаҳои бозмондагонашон монда ва боз хотираҳои паҳну парешоне, ки гоҳу ногоҳ берун меоянд ва бӯи он солҳоро ба машом мерасонанд.  

Ин ҷониб ҳам на як бору ду бор қалам ба даст гирифтаам бо умеди он ки эҳсоси диламро рӯи коғаз бирезам. Бадеҳист, ки инсон дар ситоиши азизтарин шахсаш наметавонад ҳамаи он чизеро, ки гуфтанӣ аст, бинвисад. Эҳсос ба тавре боястӣ дар рӯи коғаз намеояд ва ҳамеша беҳтарин ҳарф бо муаллиф ва гӯянда мемонад.

Қисмат барои Муҳаммадтабур чунин буд, ки умреро дар мусофират сипарӣ кард ва оқибат дар мусофират ҷон ба ҳақ таслим намуд. Ба назари ман чунин мерасид, ки вай як умр дар ҷойе қарор надошт ва ҳамеша дар сафар буд. Аз замони донишомӯз будан то ба охирин рӯзи ҳаёташ кулбори сафар дар сари китф дошт ва он кулбор, сафаргуфтаҳое барои ёрон ногуфта лабрез якҷо бо худаш ба коми марг рафт. Бале, вай басо зиёд рафтуо дошт. Гоҳ дар Москав буду гоҳ дар Киев, гоҳ дар Питербургу гоҳи дигар дар Шарҷа. Вай мерафт ва бо варзишгарон дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат мекард, бо санъаткорон дар офариниши филмҳои басо ҷолиб саҳм мегирифт, бо тоҷирон тиҷорат мекард ва ҳамеша бо як ҷаҳон таассурот бармегашт. Вале на ҳамеша он таассуроташро аз рӯи ифтихор нақл мекард, балки танҳо ба пурсишҳои мо посухҳои кутоҳ, мӯъҷаз ва пурмазмун медод. Мағзи дидаву шинидаҳояшро нақл мекард ва аз шаф-шафи бисёр истиҳола менамуд. Вай ҳамеша одобро риоя мекард ва мекӯшид, ки дар нақлаш худситоиро роҳ надиҳад ва ҳасудонро ба дилхӯрӣ вонадорад. 

Издивоҷи нахустинаш ҳам дар сафар ва дар мусофират сурат гирифт. Онҳо дур аз ёру диёр паймони муҳаббат бастанд ва занаш ҳам баъди ақду никоҳ ному насаби ӯро баргузид ва исмаш шуд Шарипова Олга Викторевна. Аз онҳо писаре ба дунё омад, ки ҳосили муҳаббати ҷавониии эшон буд. Вале умри ӯ дароз набуда, бармаҳал аз олам даргузашт. Ва боз ҳам аз қазо замоне, ки фарзанди нахустинаш қадам ба арсаи олам гузошт, ӯ дар мусофират буд ва лаҳзае, ки гули орзую умеди ӯро зери хок мегузоштанд, ӯ дар Ленинград (Питербурги ҳозира) хизмати аскарӣ мекард. Ва аз қисмат буд ё чизи дигар, ки ӯ мисли дигар ҳамсолонаш маросими гусел ба хизмати аскариро пушти сар накард. Зеро он замон ӯ на дар Тоҷикистон, балки дар вилояти Каленини назди Москав иқомат дошт. Волидайн танҳо аз номааш фаҳмиданд, ки ҷигарбандашонро ба сарбозии Ватан хостаанд. 

 

РОҲҲО...РОҲҲОИ НОТАМОМ

Ӯ ҷодаи зиндагиро бо тарзу усули хоси худаш тай намуд ва як инсони таваккалӣ буд, ки ба ҳар кор иқдом мекард бо дасту дили гарм ва бо тававккал ба Худо даст мезад. Ва қариб ҳамеша ба он кор муваффақ мешуд. Замоне варзишгар буд ва комёбиҳо дошт. Баъдан бо амри тасодуфе ва бо тавсияи зиндаёд Мӯсои Исо ба ҷодаи санъат қадам гузошт ва дар як муддати кӯтоҳ нақшҳои хотирнишине дар чанд филми ҳунарӣ офарид, ки филми муштараки “Тоҷикфилм” ва синамогарони Италия “Шикасти афғон” (бо ширкати шинохтатарин ҳунарманди синамои Италия Микело Плачидо), филми таърихӣ аз рӯзгори муборизи роҳи адолату ҳақиқат ва исёни зидди манғит Восеъ аз ҷумлаи он буд. Бахусус ҳунар ва истеъдоди ӯ дар нақши Назир дар филм аз зиндагии Восеъ намудор гардид, ки чеҳраи ин ёри содиқи Восеъ басо хотирнишин ва ҷаззоб буд.

Ҷанги ҳамватанӣ миёни санъатро ҳам шикаст. Бисёре аз санъаткорон ногузир ба табдили ҷойи кор шуданд. Ононе, ки дар саҳнаи театрҳо ҳунарнамоӣ мекарданд, бо вуҷуди шароити сангини зист боқӣ монданд, вале аксари касоне, ки дар синамо шуғл доштанд, дунболи кори худ шуданд. Зеро “Тоҷикфилм” дигар маҷоли офаридани филм надошт. Муҳаммадтабур ҳам бо роҳи дигар рафт ва ин пайроҳа боз ҳам дар зиндагии ӯ нав буд. Вай муддате хизматчии артиши Русия мустақар дар Тоҷикистон буд ва баъдан ин корро бо фаъолияти тиҷоратӣ иваз намуд. Дар ҷодаи тиҷорат ҳам таваккалӣ ворид гардид ва дар кӯтоҳтарин муддат комёб шуд. Вале ин ҷода низ чун ҷодаҳои дигари рӯзгори Муҳаммадтабур тӯлонӣ ва идомадор наомад. Ин ҷода оқибат ӯро ба марг бурд. Ва он ҳам марги иҷборӣ, суқути тасодуфӣ ва фоҷеаи талхе, ки 85 нафар фарзандони хуби ин миллатро аз байн бурд…

 

МЕРАФТУ МЕГУФТ: ХУДО ҲОФИЗ

“Билохира мурдан ҳам чандон бад нест”.

 А.Эйнштейн

Мегӯянд инсон худ ба истиқболи марг меравад ва чун соати реҳлат қариб ояд шитоб мекунад то дар он мавзеъ, ки Малакулмавт қарор аст ҷони азиз аз ӯ ситонад, дар соату вақти муқаррарӣ ҳозир шавад. Таҳлили чанд рӯзи охири зиндагии МУҲАММАДТАБУР низ инро тасдиқ мекунад. Дар Шарора зани никоҳиаш Адолат ва фарзандаш Суннатулло мезистанд. Дар байни оилаи ҷавон муддати чанд соли охир ҷудоӣ афтода буд ва кам аз ҳоли якдигар хабар доштанд. Ду рӯз қабл аз ин ҳодиса Муҳаммадтабур ба Шарора меравад ва зану кӯдакашро ҳамроҳ бо ҷиянаш ба деҳаи Басмандаи ноҳияи Ғончӣ ба назди бародаронаш мефиристад ва тасмим мегирад, ки ба муҷарради аз сафар баргаштан зиндагии муштаракро аз сар хоҳанд гирифт. Адолат рафт ва ду рӯз баъд хабари марги шавҳарашро шунид. Гӯиё Муҳаммадтабур аёлашро ба ҷанозаи худ хабар карда бошад…

Сафари охирини ӯ низ таърихи ҷолиб дорад ва месазад сари иртиботи руҳонии инсон бо сарнавишт, андеша ронд. Вай он ҳафта ба ҳавопаймои Душанбе-Шарҷа билет намеёбад ва мехоҳад аз тариқи Хуҷанд парвоз кунад. Меравад ва бо машаққати зиёд билет ва иҷозаи сафар дарёфт мекунад. Ҳатто ба ҳавопаймо ҳам замоне мерасад, ки охирин мусофир аз зинаҳои он боло мешуд. Бо шитоб худро ба ҳавопаймо мезанад. Бародараш марҳум Муҳаммадшариф ва дӯстоне, ки ба гусели ӯ баромада буданд, исрор мекунанд, ки биё то парвози оянда интизор шав, шитоби зиёд чӣ лозим. Вале ӯ зарурати рафтани худро ҷиддан ба миён гузошта, худоҳофизӣ мекунад. Бале маҳз худоҳофизӣ. Марҳум ин ибораро басо дӯст медошт ва ҳамеша мегуфт: Худо ҳофиз!

 

ФАРЗАНДИ ПАДАР ВА МОДАРИ ФУРӮТАН

Марҳум аз хислатҳое бархӯрдор буд, ки месазад дар бораи онҳо соатҳо ҳарф зад. Дар ҳар мавқеъ ӯро медидем, ки бо вуҷуди  ҷуссаи рустамона фурутанӣ ва накухислатиро аз даст намедод. Гоҳе дасти пиразанеро мегирифт ва ба масали он ки корманди ГАИ бошад мошинҳоро аз ҳаракат бозмедошт ва пиразанро беосеб аз роҳи мошингард мегузаронд; ҳангоми ба ҳавопаймо савор шудан издиҳоми бенизомро ба низом медаровард, аввал пирону барҷомондагон, баъд занони тифли ширхорадор, сипас калонсолони дигар ва баъди ҳама ҷавонон. Низомеро, ки ходими фурудгоҳ бо мадади милиса наметавонист ҳоким кунад, ӯ мекард. Ва гоҳо ба ивази ин ҳолате ҳам мешуд, ки ҳама вориди ҳавопаймо мешуданду мо “омирони тартибот” бо Муҳаммадтабур дар беруни дар мемондем. Ҷой намерасид…Ба ӯ менигаристам ва мепурсидам: Чӣ шуд? Хиҷолат мекашид ва мегуфт: Насиби парвоз набудаст...

Ҳар омади ӯ ба диёри куҳистонаш барояш суруру шодӣ буду ҳар субҳи бозгашт ба шаҳр оҳанги ғамангези фироқ ба дунбол дошт. Марҳум ҳамеша бо аврупоидухтарон зистанро ба хӯяш мувофиқ медонист. Вале суханони модари азизашро, ки мехост дар зиндагӣ тӯи ҷигарбандашро бубинад, ба замин нагузошт. Оқибат аз ҳама бурид ва бо ӯзбекдухтаре издивоҷ намуд ва орзуи модар ҷомаи амал пӯшид. То ба ҳол тӯи ӯро хурду калони деҳа дар хотир доранд, зеро чунин маъракаи зеборо бисёриҳо орзуи тамошо кардан доштанд.

Падараш амаки Муҳаммадғафур аз муътабартарин шахсиятҳои деҳа ба шумор мерафт. Вай дар саргаҳи деҳа, дар он ҷойе, ки дарёчаи Оббурдон саховатмандона бо як шоха оби худ даштҳои лабташнаи деҳаи Басмандаро шодоб менамуд, осиёби бобоӣ дошт. Худораҳматӣ то дами марг харсавору пиёда болову поён мешуд ва намегузошт, ки оташи ҳунари аҷдодӣ сард шавад. Ин ягона осиёби обии деҳа буд, ки сокинонашро дар қаҳтитарин солҳо нон додааст. Амаки Муҳаммадғафур аз ҷумлаи афроде буд, ки чун қадам ба замин мениҳод гумон мекардӣ чунон эҳтиёткор аст, ки намехоҳад замин зери қадамаш озор ёбад. Вай тимсоли инсонҳои воқеан хокие буд, ки дар деҳот бо андешаҳои содда, вале дилкаш ва ҷолиби худ маъруфият доранд. Муҳаммадтабур низ фарзанди чунин шахси шариф буд. Вай фурӯтанӣ ва ҳақталошии муаддабро аз падар мерос дошт. Вале ба ин ҳақталошиҳо шӯру шавқи ҷавонӣ якҷо мешуд ва чун талошу орому ботамкин суде намедошт, шӯри ҷавонӣ адолатро барқарор менамуд. Марҳум бо он забоне, ки инсонҳо бо ӯ сухан мекарданд ва бо он шевае, ки кор мегирифтанд, бо эшон бархӯрд мекард. Аз ин мо роҳат доштем. Зеро ҳар мушкили дар байни ҳамдеҳагони мусофир ба миён омадаро ҳалли комил ва боадолат интизор буд.

 

МО ВА ИН СОЛҲО

Солҳо аз он рӯзи даҳшатбор гузаштанд. Вале ба гумонам ҳамагӣ дирӯз буд, ки деҳаи Басмада бо яке аз наҷибтарин инсон, зодаи обу хоки ин диёр Муҳаммадтабури Шариф падруд гуфт. Имрӯз ду фарзанди ӯ аз ду издивоҷ сарҷамъ омадаанд ва дар деҳа зиндагонӣ доранд. Ҳар ду шабеҳи комили падар: қомати боло ва нерӯи рустамӣ, шӯру шари бачагӣ, зиракию доноӣ… Дар пеши назари мардум гӯё ин Муҳаммадтабур аст, ки зиндагиро аз нав оғоз кардааст. Тифлон идомаи зиндагии рафтагони пурармонанд. Ҳарчанд дур нест, ки Меҳрону Суннатулло чун ду бародари ҳамхун пайроҳаи тай накардаи падарро тай мекунанд, вале касе наметавонад бигӯяд, ки онҳо метавониста бошанд ҷойи холимондаи қиблагоҳи худро пур хоҳанд кард. Ҷойи Муҳамадтабур дар ин куҳнаработ холӣ боқӣ мемонад ва сурату сирати накӯи ӯ дар дилу хотири ёрону наздикон ва азизону пайвандонаш то даме ки боқӣ ҳастанд, боқӣ мемонад.

Ва баъди марги марҳум хабар ёфтем, ки ҳамсари дигари ӯ Гулчеҳра, наттоқи радио тифли шашмоҳа дар батн аз ӯ дорад. Вақте духтар ба дунё овард, номашро Нишона гузошт. Бо гузашти солҳо Нишонаву модар ва писархонди вай Максим аз Душанбе рафтанд ва муқими Амрико шуданд.

Тӯли ҳаёти 36-солааш чор маротиба издивоҷ кард ва аз ин чор издивоҷ се фарзанд: ду писар ва як духтар ба ёдгор гузошт. Ва намедонам қисмати ин се тан, ки яке дар Хуҷанд буду дигаре дар Душанбе ва сеюмӣ дар Амрико чӣ хоҳад буд. Онҳо бо ҳам меоянд ба сӯроғи ҳамдигар ва роҳи падарро, ки омили ваҳдати ҳамдиёриён дар мусофиратҳо буд, идома медиҳад ва ё тамоми умр аз ҳам бегона мемонанд? Ба ин суол ҳоло посух додан мушкил аст...

 

БОБОҶОНИ ШАФЕЪ, рӯзноманигор

Тағйироти охир Ҷумъа, 28 Декабр 2018 15:08
Хонданд 118
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Баҳонаи зистан

    Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад. Соли 2018…
  • МАСЛИҲАТ

    Аз дидаву шунида Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»! Мо аз…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.