.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷаҳон

Шумо дар Ҷаҳон

Баррасии аъмоли Лаврентий Берия: масъалаи картошка, на қатли бегуноҳон

Дек 08, 2018 Хонданд: 66
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Баррасии аъмоли Лаврентий Берия: масъалаи картошка, на қатли бегуноҳон

2–7 июли соли 1953 дар шаҳри Маскав Пленуми КМ КПСС доир шуд ва дар он танҳо як масъала мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт: “Дар бораи амалҳои зиддиҳизбӣ ва зиддидавлатии Берия”. Лаврентий Павлович, ки аз ҷониби “дӯстони ҳизбии вай” боздошт шуда буд, ҳанӯз 26-уми июни соли 1953 моҷароҷӯй, ҷосуси Британия, душмани сотсиализм” номида шуда буд. Аниқтараш инҳо ҷурмҳое буданд, ки бояд муҳокима мешуд ва шояд Берия худ оқибати корашро хуб ҳам медонист чӣ мешавад. Ва инак, дар Пленуме, ки махсус барои баррасии ин масъала даъват шуда буд, мебоист ҳизб барои тафтиши ҷинояти Лаврентий Берия роҳ мекушод ва ҳадаф ин буд, ки мақомоти додгустарӣ тибқи ҳамин тарҳу ҳамин иттиҳомот парвандаи ӯро тафтиш ва анҷом диҳанд.  

Тибқи сенарияи маъмуливу анъанавӣ ҳамагон бо ғазабу қаҳри тӯфонӣ ба душмани нави халқ, ки тоза кашф шуд, борони ғазаби худро фурӯ рехтанд. Аксари онҳо даҳсолаҳо паҳлуи ҳам кор мекарданд ва ҳамдигарро хеле хуб мешинохтанд. Касоне низ буданд, ки барои обрӯи ҳизбиву давлатӣ, сари мансабу вазифа расидан пеши Берия қарздор ҳам буданд. Аксари онҳо бо тавсияҳои вай соҳиби кору вазифа дар мақомоти олӣ шуда буданд. Ва ҳамагӣ чанд рӯз пештарак ҳамагон аз вай ситоиш мекарданд ва ӯро пиру дастгири худ медонистанд. Аммо ҳоло вазъ якбора дигар шуд, дӯстони қаблӣ ба душманони ошкоро табдил ёфтанд. 

Ин ҷаласа ва ин сенарияро Никита Хрушёв дирижёрӣ мекард, ҳарчанд мақоми аввали роҳбарӣ он вақт Георгий Маленков буд. Ва маҳз Хрушёв буд, ки аввалсухан аз ӯ буд ва ӯ буд, ки ҳама гуноҳҳои Берияро баршумурд ва маҷрои Пленумро муайян кард. Ва табиист, ки баъди суханронии Хрушёв қарсакзании пурмавҷу бардавом буд. Ва ин суол ҳам ба зудӣ матраҳ шуд: чӣ тавр ин гуна як шахсияти машкук ва душман ба боварии рафиқ Сталин даромада тавонист ва даҳсолаҳо бо вай ҳамкорӣ кард?  

Ин мавзуъе буд, ки касе намехост дар баррасии он ширкат надоштаву ибрози андеша накунад. Он вақт Никита Хрушёв дар посух ба суол гуфт: оре, мо низ гунаҳгорем, ин ҳамаро медонистем, вале тарсидем. “Мо Берияро солҳои зиёд мешиносему ӯро медонем. Шахсан ман ӯро бист сол аст, ки мешиносам ва дар Пленумҳои КМ вомехӯрдем, оид ба кору вазифа ҳам дидорҳову суҳбатҳо доштем... Ва ҳангоме, ки рафиқ Сталин зинда буд, мо дида будем, ки Лаврентий Берия як моҷарохоҳу моҷароҷӯи гузарост. Шахси маккору ҳиллагар, шуҳратталаб аст. Вай бо дастони нопокаш сахт ба рафиқ Сталин часпид, вай метавонист, ки андешаҳои худро ба рафиқ Сталин гузаронад”. 

Барои сабук кардани бори гуноҳи худ Хрушёв ҳатто гуфт, ки чӣ гуна дар остонаи марги Сталин ҳамсафони наздики вай мехостанд сӯиқасд ташкил кунанд. Вале баъд ислоҳ кард: “Ба ман метавонанд бигӯянд: ҳарчанд шумо байни худ мегуфтед, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Берия вазири корҳои дохилӣ таъин шуд. Ман, рафиқон, инро ҳоло ба шумо мегӯям. Вақте рафиқ Сталин вафот кард, ҳама ба ин назар будем, ки мо бояд беш аз ҳар вақти дигар дар иттиҳоду ҳамбастагӣ бошем ва муттаҳид шавем. Дар ин шароит ман чунин меҳисобидам, ки ҳангоми баррасии ҳайати ҳукумат бархеста дар бораи Берия изҳори назар кардан оқилона нест. Ин гуна баромаду суханронӣ метавонист дигаргуна шарҳ дода шавад ва дигаргуна фаҳмида шавад. Замоне, ки пеши мо ҳоло ҷасади нахушкидаи рафиқ Сталин мехобид,  мумкин набуд ин масъала бардошта шавад. Берия он замон аз вазъ моҳирона метавонист истифода барад...” 

Хрушёв ғайриихтиёр дар ин бора ҳам гуфт, ки он замон роҳбарияти ҳизб руҳияи ягона надоштанд. “Ҳамрайъӣ дар Пленуми КМ оид ба Берияро бояд ба даст меовардем. Баъзеҳо мегуфтанд, ин чӣ хел мешавад, ки Маленков бисёр вақт бо Берия дастобадаст мегардад. Мегаштанд ва ман ҳам мегаштам. Боре Вячеслав Михайлович Молотов ҳам гуфта буд: “Шумо мехоҳед ва ҳамеша ину онро баррасӣ мекунед”.  Ман фикр мекунам, ки аз вақт ба вақт ин гардишҳо фоида меовард ва зарур ҳам буд”. 

Баъди ин Никита Сергеевич тавсеҳи хурдакаке дар бораи хиёнату паймоншиканӣ дар сиёсат дод: “Рафиқон, бо ин гуна шахси паймоншикан бояд ҳамин гуна рафтор карда мешуд. Агар мо ба вай каме пештарак дар ин бора мегуфтем, ман бовар дорам ин нобакор сару ҳисоби ҳамаи моро меёфт. Вай ин корро метавонад. Вай ба ҳама чиз қодир аст, вай ба ҳар ҳамоқату қабоҳат ва разолат қодир аст. Мо бо як узви қатории ҳизб сарукор надоштем, ки бо вай мешуд тибқи муқаррароти ҳизбӣ ҳамсуҳбат мешудем, балки бо касе иғвогар сарукор доштем. Аз ин рӯ набояд худро ва қасди худро ифшо месохтем”.  

Консепсияи Вячеслав Молотов дигаргуна буд: “Муддати чанд сол мо аъзои Президуми КМ паҳлӯ ба паҳлӯ бо Берия будем, бо вай аз наздик ошноӣ доштем ва кор мекардем. Аммо танҳо ҳоло барои мо маълум шуд, ки то куҷо вай барои мо бегона будааст ва то куҷо вай инсони ифлосу ахлоқан нопок будааст. Ҳоло маълум шуд, ки вай зарарҳои зиёде ба ҳизби мо расонд, ба давлати Шӯравӣ зарар расонд ва ӯ як ҷинояткори ошкор ва моҷароҷӯйи хатарнок будааст... Берия вориди ситоди ҳарбии мо шуд ва муддати дурудароз он ҷо пинҳон нишаст”.  

Яъне, даҳсолаҳо паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам будед, кор мекардед, шодмон будед ва аз коратон розӣ, вале ҳоло фаҳмидед, ки вай душман будааст? 

«Ин чӣ гуна шуд, ки чунин як душман ба ҳизби мо дохил шуд ва то ҳайати роҳбарикунандаи он расид?”- идома дод Молотов ва ҳамин ҷо аз Сталин интиқод кард: “...Ин натиҷаи камтаваҷҷуҳӣ, аз даст рафтани ҳушёриву зиракии ҳизб ва бахусус рафиқ Сталин буд. Берия баъзе ҷиҳатҳои сусти рафиқ Сталинро истифода кард, кӣ ин гуна ҷиҳати суст надорад? Ва аз ин сӯистифода намуд ва солҳо чунин буд. «Рафиқ Сталин шахсияти бузург буд, вале ҳамин гуна сустие дошт, ки зудбовар буд”,-илова намуд Молотов. 

«Берия – ин дурӯя, душмани қаттоли ҳизби мо ва то ҳадде зираку чаққон буд, ки ман шахсан, ки ӯро солҳо мешинохтам, пай набурдам, ботини хасмонаи ӯро надидам ва нашинохтам,-гуфт аз минбар Мирҷаъфар Боғиров, яке аз наздикони Берия, ки муддати 20 сол Озарбойҷонро идора кардаву чун “Берияи озарӣ” ном бароварда буд. – Ман наметавонам инро дигаргуна ифода намоям: ин зудбоварию содадилӣ, заъфи иродаи ҳизбӣ, аз даст додани ҳушёрии коммунистӣ буд. Бовар кардан ба ин мунофиқ ва разил буд.  

Пушаймонӣ ва тавба Боғировро натавонист наҷот бахшад. Сияҳкунии Берия низ. Соли 1956 ӯ низ паронда шуд. 

 Анастас Микояни маккор дар бораи сустиҳои Сталин нақл кард: “Баъзеҳо мегӯянд, ки чаро шумо ин нобакорро сари вақт нафаҳмидед ва ошкор накардед. Ман инро чунин шарҳ медиҳам: боварие, ки дар назди рафиқ Сталин дошт, мансабу мартабаи баландаш дар ҳизб мушкил буд, ки баъд аз сари рафиқ Сталин ӯро ба зудӣ шиносем ва ошкор кунем”. Як ҳолати ҷудоӣ ҳам миёни аъзои Президиуми КМ низ буд, ки монеъи табодули афкор мешуд”,-илова кард Микоян. Иқрори мароқангез! 

Аммо кадом даъвову иддиои мушаххасе ба Берия дар ин Пленум эълон шуд? Чун стенегораммаи Пленумро мехонем, мебинем, ки чизи мушаххасе аслан набудааст. Масалан Хрушёв ҳамеша такрор мекард, ки нокомиҳо дар соҳаи кишоварзӣ аз ҳиллаҳои Берия аст, ҳарчанд Берия аслан ба ин робита надошт ва кишоварзиро на вай сарпарастӣ мекард.  

«…Берия тухми шубҳа мекорид, ҳалли масоиле, ки ба соҳаи кишоварзӣ иртибот дошт, ба дарозо мекашонд, то ки сабабгори муфлисии колхозҳо шавад. Дар натиҷа соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии деҳот ба ҳоли харобӣ расид: шир, гӯшт кам шуд. Ин чӣ коммунизм аст, ки нон ва равған надорад? Картошка низ кам аст... Ин одам як иғвоандозе беш набуд ва ҳатто иғвогари хеле бузург...”,-гуфт Хрушёв. 

Каганович ба ин илова кард: “Масалан ман дар Урал будам. Он ҷо корхонаҳои хубе фаъоланд. Вале наметавонанд коргар қабул кунанд. Чаро? Зеро қисме аз онҳо хона надоранд ва баъзеҳо ҳоло ҳам дар заминканҳо зиндагӣ мекунанд. Ё бигирем сайди шӯрмоҳиро. Ин навъи моҳӣ дар мо хеле зиёд аст, вале сайди он ба ҳадде кам аст, ки ҳатто камтар аз замони шоҳ...”- иброз дошт Микоян. 

Аммо рафиқон аз Кремл хуб медонистанд, ки иддиои ҷиддитаре наметавонанд дошта бошанд, зеро ҳар эроду интиқоде мекунанд, дар вақту замоне ба худи онҳо низ метавонанд изҳор кунанд. Бахусус рехтани хуни бегуноҳон ва ҷиноятҳои вазнинтар аз инро. Аз ин рӯ хуб мешавад масъалаи картошка дар миён гузошта шавад ва масъалаи шӯрмоҳӣ... 

 

Матни Владимир ВОРОНОВ, 

“Совершенно секретно”  

21 ноябри соли 2018

Тағйироти охир Шанбе, 08 Декабр 2018 11:02
Хонданд 66
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Баҳонаи зистан

    Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад. Соли 2018…
  • МАСЛИҲАТ

    Аз дидаву шунида Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»! Мо аз…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.