.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷаҳон

Шумо дар Ҷаҳон

МАЛИКАИ АНГЛИС ЕЛИЗАВЕТАИ II

Авг 18, 2018 Диданд: 132
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Маликаи Англия Елизаветаи 2 аз соли 1952 ба тахт нишастааст ва тӯли ин 66 сол ба як шахсияти ивазнашаванда табдил шудааст. Худи расолати шоҳӣ ҳамин аст: танҳо марг шоҳонро аз тахт ҷудо мекунад ва ё беморие, ки дигар наметавонанд мамлакатро идора кунанд. Ва ҳолати дигар табаддулоти ҳарбӣ, дарборӣ ва ё инқилобҳои мардумиву гуруҳӣ. Ва таърих ин назир рӯйдодҳоро зиёд дар хотир дорад, ки шоҳони тӯлонисалтанат билохира бо дасти касоне аз пайвандон, наздикон, шогирдон ё гуруҳҳои манфиатҷӯ барканор ва бо ҳамин ба ҳукмронии худ поён додаанд. Аммо ҳукмронии Елизаветаи 2 дар Британияи Кабир низ тӯлонитарин дар таърихи шоҳони ин кишвар будааст.

Маликаи ояндаи Британия 21 апрели соли 1926 аз шоҳзода Алберт ва Елизаветта Боуз-Лайон ба дунё омад. Падараш писари шоҳ Георги V буд. Соли 1936 вақте шоҳ аз олам гузашт, тоҷи шоҳӣ насиби писари калонии ӯ Эдуарди VIII (амаки Елизавета) шуд, вале вай ҳамагӣ чанд моҳ шоҳ буд. Тибқи қонунҳои мамлакат вай мебоист бо бонуе баробар ба мансубияти худ ва аз хонаводаи аристократҳо издивоҷ мекард. Вале вай бо зани аз шавҳар ҷудошудаи доираи берун аз хонавода ва авлоди шоҳӣ иртибот гирифт. Он ки вай ду маротиба шавҳар кардаву ҷудо шуда буд, ҳукуматро ба хашм овард ва аз вай хоста шуд аз тахт даст кашад. Вай дар ҳақиқат тоҷи шоҳиро як сӯ гузошт ва ба ҷойи ӯ бародараш Георги VI нишаст.  

Ин рӯйдод Елизаветаи даҳсоларо ба валиаҳди калонтарин ва пурқудраттарин империяи олам табдил дод. Агар Георг соҳиби писар мебуд, ӯ метавонист валиаҳд бошад. Вале чунин нашуд. Ва Елизавета аз хурдсолӣ чун ҷавонтарин намояндаи сулолаи шоҳӣ, ки эҳтимол ҳам дорад оянда ҳокими ин кишвари бузург шавад, дар маркази диққат буд.  

Вориси тоҷу тахт

Елизаветаи 2 ҳамроҳи волидонаш дар Кенсингтон мезист. Ва яке аз шуғлҳои асосии вай дар наврасиву ҷавонӣ аспсавориву аспдавонӣ буд. Ва тӯли солҳои ҷавонӣ малика ба ҳамин шуғлаш содиқ монд. Дар баробари ин духтарро аз хурдӣ ба омӯзиши илм ҷалб карданд ва ӯ тавонист тамоми илмҳои барояш муҳимро аз худ кунад. Барои сулолаи шоҳ соҳиби маълумот будан ва донистани кулли илмҳои муҳим зарур ва ҳатмӣ буд. Елизавета бештар аз фанҳои дигар ба илмҳои гуманитарӣ, аз қабили диншиносӣ, ҳуқуқ, санъат майл кард. Вай ногаҳон ба омӯзиши забони франсавӣ таваҷҷуҳи бештар намуд ва ин аз ҷониби муаллимонаш истиқболи гарм ёфт.  

Баъди се соли валиаҳди Британия эълон шудани Елизавета Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз шуд. Британияи Кабир дар ин ҷанг аз Полша ҳимоят кард ва ҳамроҳ бо муттаҳиди аслии худ Франсия зидии Рейхи сеюм эълони ҷанг кард. Ҳарчанд дар ин амр тасмимҳои асосӣ аз ҷониби ҳукумат ва парламон гирифта мешуд, вале оилаи шоҳ рамзи якпорчагии миллат дар пасманзараи афзоиши таҳдидҳои миллигароёнаи Олмон буд. Ва Елизаветаи 2 аз овони кӯдакиву наврасӣ ба хатарҳо ва таассуроте рӯ ба рӯ шуд, ки барои олами тифлии ӯ бегона буданд. Ва ин мушкилотро вай мебоист якҷо бо ҳама ҳамсолонаш пушти сар мекард, бо онҳо мебуд. 

Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон 

Ба он нигоҳ накарда, ки Гитлер неруҳои хушкигарди худро ба ҷазираҳои Британия эъзом накард, вале ҳавопаймоҳои он пайваста шаҳрҳои ин мамлакатро бомбборон мекарданд. Бахусус солҳои аввали ҷанг, ки Олмон талафоти гарон надода буд, ин гуна ҳамлаҳои ҳавоӣ зиёд рух медоданд. Ин ҳамон солҳое буд, ки бахши азими Аврупоро Гитлер тасарруф карда буд. Падари Елизаветта ҳамеша аз ҳолати қувваҳои мусаллаҳ бохабар мешуд ва худи валиаҳд низ соли 1940 аввалин маротиба ба ҳамсолонаш муроҷиат кард ва онҳоро ба сабру истиқомат дар ин вазъи мушкил даъват намуд.

Ва маликаи ояндаи Британияи Кабир дар ҳамин гуна як фазои барои синну солаш ғуборолуд ба воя расид, ба истилоҳе қабл аз муҳлат ба камол расид. Соли 1943 вай бори аввал ба назди неруҳои мусаллаҳ рафт, бо сарбозон мулоқот намуд. Чанд моҳ пештар аз шикасти пурраи Олмони фашистӣ Елизавета ба сафи артиш шомил шуд ва механик-ронандаи мошини ёрирасони тиббӣ дар отряди занонаи муҳофизатӣ буд. Шоҳдухтар тӯли хизмат рутбаи ҳарбии лейтенантро соҳиб шуд ва ҳоло, ки вай шоҳи Британия аст, ҳамон рутбаи ҳарбияш ҳифз шудааст. Ин ба он маъност, ки Елизавета охирин ширкаткунандаи Ҷанги дуюми ҷаҳон дар олам аст, ки  ба нафақаи ҳарбӣ нарафтааст.  

Арӯсӣ бо Филипп  

Соли 1947 тӯйи арӯсии Елизавета бо  Филипп Маунтбеттен баргузор шуд. Филипп набераи шоҳи Юнон Георги I ва узви хонаводи шоҳ аз насли маликаи Британия Виктория буд. Онҳо ҳанӯз аз овони тифлӣ, аввали солҳои 30 бо ҳам шинос шуда буданд. Баъди издивоҷ Филипп рутбаи фахрии герсоги Эденбургро соҳиб гашт. Аз зиндагии якҷоя Филипп ва Елизавета соҳиби чор фарзанд шуданд: Чарлз, Анна, Эндрю ва Эдуард. Ҳамаи инҳо ҳоло соҳиби зану фарзанд ва наберагони худанд. Чарлз чун фарзанди бузурги хонадон аз соли 1952 валиаҳди Британия эълон шуд. 

Тоҷгузорӣ  

Малика Елизаветаи 2 дар як шароити ғайримаъмулӣ ба тахти шоҳӣ нишаст. Соли 1952 ҳамроҳ бо шавҳараш барои истироҳат ба Кения сафар карданд. Маҳз дар ҳамин як кишвари афсонавӣ Елизавета хабари марги падараш Георги V-ро, ки кишварро муддати ин шонздаҳ соли охир сарварӣ мекард, шунид. Хабари фавти ногаҳонии падар ва шоҳи қудратмандтарин кишвари олам ӯро шадидан такон дод. Чанд моҳ лозим шуд, ки маросими тоҷгузориро барпо кунанд, чун марги шоҳ ногаҳонӣ буд ва касе аз қабл ба ин маросим омодагӣ надида буд. Он замон ӯ ҳамагӣ 25 сол дошт ва сари тахти кишваре чун Британияи Кабир омадани духтари биступанҷсола таваҷҷуҳи кулли оламиёнро ба худ ҷалб кард. Ва бори аввал дар ин маросим камераҳое, ки сабт мекарданд ва барои оламиён рӯйдодро намоиш медоданд, истифода шуда буданд. 

Солҳои аввали ҳокимият  

Маликаи Британия Елизаветаи 2 дар ҷавонӣ хеле сафарҳо кардааст ва ҳамин одатро дар солҳои аввали ба тахт нишастанаш тарк нанамудааст. Ва дар аввалин рӯзҳои қабули тахту тоҷи Британия малика ба кишварҳое сафар кард, ки аз ҷумлаи мустамликаҳои кишвараш буданд. Аммо солҳои 50 ва 60 раванди истиқлолият бахшидан ба мустаъмараҳо оғоз гардид. Талошҳои инқилобӣ бештар дар қитъаи Африқо дида мешуд. Ғайр аз ин бори аввал шоҳи Британия аз Австралия ва Зелландияи Нав дидан ба амал овард. 

Ҳамзамон бо ин малика аз корҳои дохили кишвар ҳам ғофил набуд, пайваста бо аъзои ҳукумат, парламон мулоқот мекард, роҳҳои ҳалли ҳар мушкилро меҷуст. Дар буҳрони сиёсии соли 1957 сарвазир Энтони Иден ба истеъфо рафт ва дар як муҳлати кӯтоҳ ба малика лозим омад умури ҳокимиятро дар даст гирад. Дар қадамҳои аввал Елизаветта бо Уинстон Черчилли машҳур маслиҳату машварат мекард. Ва баъди маслиҳату машварат бо шахсиятҳои сиёсӣ ба қароре омад, ки номзадии Гаролд Макмилланро пешниҳод кунад ва номзадии ӯ пазируфта шуд. Вай 65-умин сарвазири Британияи Кабир шуд, ки солҳои 1957-1964 кишварро идора кард.  

Муносибат бо мустаъмараҳои пешин 

Ҳанӯз аз замони наврасӣ маълум буд, ки сарнавишти малика Елизаветаи 2 дигар комилан бастаи хидмат ба ватани маҳбуб ва миллати ӯст. Замоне, ки вай ба тахт расид, дар низоми давлатдории башарият таҳаввулотҳои зиёде рух доданд. Дар аксар мамолик низомҳои шоҳаншоҳӣ ҷойи худро ба низомҳои дигар, аз ҷумла парламониву демократӣ ва президентӣ доданд. Ва ё низоми шоҳиро бо дигар кардани шакл то ҷойе нигоҳ доштанд. Баъзе низомҳои шоҳӣ бар асари инқилобҳои дохилӣ комил аз байн рафтанд, шоҳон сар ба гурез ниҳоданд ва ё кушта шуданд. Аммо дар Британияи Кабир вазъ ба гунаи дигар буд. Дар аввали асри ХХ дар олам якчанд империяи ба ҳам монанде вуҷуд дошт. Аз ҷумла Олмон, Русия ва Австро-Венгрия. Дар ҳамаи ин се кишвар низомҳои шоҳӣ бар асари инқилобҳои хунин сарнагун шуданд. Аммо Британияи Кабир ҳамин низоми аҷдодиро ҳифз кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки баъди анҷоми Ҷанги дуввуми ҷаҳон яқин шуд, ки аз мафкураи импературӣ ва мустамликадорӣ бояд дасту дил шуст, чун давлатҳо бедор шуданд, истиқлол мехостанд, ҳақи худро мехостанд соҳиб шаванд. Ва қудратҳо мисли солҳои пешин дигар наметавонистанд дар мустаъмараҳои худ ҳукмфармоӣ кунанд. Ҳанӯз дар замоне, ки падари Елизаветаи 2 Герги VI зинда буд, Ҳинд истиқлолият ёфт, Британияро лозим омад худро аз калонтарин мустамликаи худ хориҷ созад. Дар ҳоле, ки Ҳинд марвориди тахту тоҷи Британия маҳсуб мешуд. Ва ҳоло ба маликаи ҷавон лозим меомад тадриҷан аз мустаъмараҳои дигар ҳам даст кашад ва силоҳи муҳим барои ин дипломатияи нав шуд. Дипломатияи британиёӣ ҳама корро анҷом дод, то равобити ҳасанаву дӯстонаи худро бо мустаъмараҳои собиқ аз нав барқарор кунад, барояшон истиқлолият диҳад, вале чун дӯстони аслии худ нигоҳ дорад, барояшон минбаре дод, ки бар асоси баробарӣ сухан ронанд, аз ҳуқуқҳои худ дар сатҳи байналмилалӣ дифоъ намоянд. Мушкилоти зиёде ин кишвар бо давлатҳои қитъаи Африқо дошт. Баъди хуруҷи Британия аз ин минтақа ҷангҳои хунине оғоз шуданд ва Лондонро лозим меомад барои хомӯш кардани оташи адовату кинаҳои дохилӣ талошҳо кунад. Елизавета бештари вақти худро сарфи равобити кишвараш бо Канада мекард. То соли 1982 ҳукумати Британияи Кабир дар қабули ҳар қарор дар дохили ин мамлакат таъсир дошт. Аммо баъди ислоҳоти сиёсӣ ин система дигар ба зуболадони таърих супурда шуд ва Канада дигар мустақилона тасмим мегирифт. Аммо малика Елизавета имрӯз ҳам аз маҳбубияти хосе дар Канада бархурдор аст. Соли 1976 вай ба ҳайси як шоҳ дар Монреал бозиҳои олимпиро ифтитоҳ карда буд.    

Баъдан яке паси ҳам хонаводаи шоҳаншоҳӣ ба фоҷеаҳо печид. Соли 1979 террористони артиши ҷудоихоҳи Ирландия амаки шоҳзода Филипп Луис Маунтбеттенро ба ҳалокат расонданд. Вай на танҳо наздиктарин хешовандони малика буд, балки яке кормандони давлатӣ ҳанӯз дар замони шоҳ Георги VI маҳсуб мешуд, аз ҷумла вай ноиби шоҳи Ҳинд ҳам буд. Маунтбеттен дар киштии худ буд, ки ирландиҳо бо бомби идорашаванда ӯро таркониданд. Ҳамроҳ бо вай якчанд нафар хешовандонаш ва як писарбачаи ирландие, ки дар киштӣ кор мекард, ҳалок шуданд. Худи ҳамон рӯз бунёдгароёни ирландӣ ба сарбозони британиёӣ ҳамла карданд ва 18 нафари онҳоро куштанд.  

Ду сол баъди ин рӯйдоди фоҷеабор ва ғамангез валиаҳди Британия, писари Елизавета Чарлз бо Диано Спенсер ҳамхона шуд. Шоҳзодахонуми Уэлский Диано миёни мардум ба шарофати фаъолиятҳои хайрхоҳонаи худ маъруфият пайдо кард. Онҳо соҳиби ду фарзанд шуданд бо номҳои Уилям ва Гарри. Писарбузурги онҳо баъди падараш дуввумин мудаии тахту тоҷи шоҳӣ буд. Вале муносибати занушавҳарии Чарлз ва Диано хуб набуд. Аввали солҳои 90 шоҳзода бо бонуи дигар мулоқот мекардагӣ шуд. Ин ҳолат барои Елизаветта ноҳинҷоркунанда буд ва инро зарбае ба обрӯи хонаводаи шоҳӣ медонист. Ва соли 1996 бо ташаббуси шахсии вай Чарлз ва Диано аз ҳам ҷудо шуданд. Ва ин боиси моҷарои бузурге ҳам шуд. Як сол пас, соли 1997 Британияро хабари марги шоҳзодабону Диано дар садамаи мошин такон дод. Баъди чанд соли дигар Чарлз бо дӯсти қадимии худ Камилла Паркер Боулз издивоҷ кард ва тӯйи хонадоршавии онҳо соли 2005 баргузор шуд. Замоне буд, ки фарзандон аз издивоҷи аввал калон ва мустақил шуда буданд.  

Бо вуҷуди фоҷеаҳои хонавоагӣ ва мушкилоти дигар малика Елизаветаи 2 тӯли ин даҳсолаҳо тавонист масъулияти шоҳиро дар Британияи Кабир маваффақона иҷро кунад. Тибқи анъанаи қадима шоҳи Британия ҳамзамон сарвари калисо низ буд ва бори ин масъулият дар замони ислоҳоти асри 16 бар дӯши шоҳ уфтода буд.  Дар замонҳои гузашта миёни католикҳо ва протестантҳо зиддиятҳои зиёде дар ҷараён буданд. Баъдан вазъият тақозо мекард, ки ин зиддиятҳо барҳам зада шаванд ва зарурати мулоқоти Попи Рум бо шоҳи Британия ба миён омад. Иоанн Павел-попи Рум соли 1982 ба Лондон омад. Ӯро шахсан худи маликаи Британия пешвоз гирифт. Расми мулоқоти ин ду нафар дар сар то сари олам паҳн шуд. Он замон ҷанги Фолкленд миёни Британия ва Аргентина оғоз шуд. Малика дар ин иртибот кадом як тасмиме нагирифт, дар ҳоле ки ин зиддият наметавонист ба вай дахл надошта бошад. Писари хурдии малика Эндрю он замон дар артиши Британия хизмат мекард ва узви ҳайати халабонҳои чархболи ҳарбӣ буд. Ҷанг барои ҷазира чор моҳ давом кард ва бо пирӯзии Британия ба анҷом расид. 

Елизавета ва Маргарет Тэтчер

Замоне, ки малика дар мавриди ҷанги ёдшуда тасмиме нагирифт ва дар стратегия ва тактика тағйироте ворид накард, ин масъулияти бузург бар души бонуи дигари сиёсати Британия-Маргарет Тэтчер уфтод. Тэтчер он замон, аниқтараш солҳои 1981-1990 сарвазири Британия аз ҳизби косерваторҳо буд. Аз он ки иродаи қавӣ ва шахси дар сиёсату иқтисод таъсиргузор буд, барояш лақаби «зани оҳанӣ» доданд. Ин ду бонуи ҳоким иртиботҳои хеле наздике бо ҳам доштанд ва малика дар ҳама тасмимҳо ва барномаҳо сарвазирро ҳимоя мекард. Тибқи анъана сарвари ҳукумат ҳафтае як маротиба бо ширкати малика вохӯрии корӣ доир мекард. Аммо бо вуҷуди иртиботҳои наздик ва мададҳои ҳамдигарӣ сари чанд вақт дар матубот оид ба зиддият байни малика Елизаветтаи 2 ва сарвазири Британия Маргарит Тэтчер интишор меёфт. Вале ҳарду ин гуна иттиҳомотро бепоя медонистанд. Аммо солҳои 80 ҷомеаи Британрия вазъи мушкилро пушти сар кард, ки ба чанд ислоҳоти иқтисодии Тэтчер иртибот дошт. Малика аз ин ҳам ҳимоя мекард ва бо ин васила гӯмагуҳо атрофи мавҷуд будани ихтилофотро барҳам мезад. Зеро медонист, ки бе ин ислоҳот амалан пешрафти кишвар номумкин аст.  

Ҷашни алмосии ҳукмронӣ 

Соли 2012 малика шастсолагии сари тахт омадани худро ҷашн гирифт. Хабар ва расмҳои ин чорабинии тантанавор дар сархати беҳтарин нашрияҳои олам қарор гирифт. Баъди малика Виктория Елизаветта дуюмин касе буд, ки барояш муяссар гашт дурудароз ҳокимият кунад. Нуқтаи олии ҷашнвора сафороии чандсад киштӣ дар Темзаи Лондон (дарё дар ҷануби Британияи Кабир) буд. Ва ин калонтарин чорабинии обӣ дар таърихи Британия дониста мешавад. 4 июн дар кохи Букингемск барномаи бузурги мусиқӣ доир шуд, ки дар он машҳуртарин сарояндагони британиёӣ ба мисли Пол Маккартни, Элтон Ҷон шахсан маликаро табрик карданд. Соле пеш аз ин ҳодисаи дигари хурсандибахш дар таърихи хонаводаи шоҳи Британия буд. Набераи калонии малика, валиаҳд Уилям издивоҷ кард. Ҳамсари ӯ  Кэтрин Миддлтон соли 2013 сеюмин абераро ба маликаи Британия туҳфа кард. 

Мақоми малика дар имрӯз  

Сарнавишти малика Елизаветаи 2 дар Британияи Кабир саршор аз рӯйдодҳост ва аз сол ба соли дигар бо вуҷуди солмандиву заъфи ҷисмонӣ вай талош мекунад таъсири мушоҳидашаванда дар ҳаёти мамлакаташ дошта бошад. Соле як маротиба дар парламон суханронӣ мекунад. Ҳамчунин пайваста бо сафирони кишварҳои хориҷии муқими Британия мулоқот анҷом медиҳад. Солҳои пеш сафарҳои зиёди хориҷӣ анҷом медод, вале бо гузашти умр сафаҳо кам шуд. Аммо бо вуҷуди ин соли 2011 малика ба Ирландия сафар кард ва инро як сафари таърихӣ меноманд. Британияи Кабир ва ҳамсояи ғарбии он садсолаҳо бо ҳам зиддият доштанд ва ин ихтилофҳо дар таърих борҳо муҷиби ҷангу хунрезиҳои шадид шудааст. Дар асри ХХ муборизаи истиқлолхоҳии ирландиҳо, аз ҷумла Ирландияи Шимолӣ шакли террористӣ ба худ гирифт. Ва Елизаветаи 2 шоҳиди ин ҳама бедодиҳо буду ҳаст. Вале тадриҷан Британия ин буҳронро пушти сар кард ва бо Дублин муносибатҳои дӯстона барқарор намуд. 

Дар тӯли солҳои ҳукмронӣ малика Елизавета шеваи хоси бархӯрд бо ихтилофҳои хориҷии кишварашро дошт ва пайваста мекӯшид худро ҳамеша аз ин гуна ихтилофот дур гирад, камтар ба сиёсат печад. Вай ҳатто аз бархӯрдҳо миёни аҳзоб худро дур мегирифт. Ва ҳамин боис мешуд, ки дар вазъи буҳронӣ дар парламон ва ҳукумат чун шоҳ қарори қатъӣ содир кунад ва ҳам ихтилоф ва ҳам буҳронҳо ба осонӣ роҳи ҳал пайдо намояд. Ин гуна ҳодисаҳо дар таърихи Британия солҳои 1957 ва 1963 рух дода буданд. Дар ҳарду ҳолат ҳам сарвазирон ба истеъфо рафтаву ҳизбҳо натавониста буданд ҷойнишини сазоворро муаррифӣ кунанд. Он вақт малика худ раиси парламонро интихоб кард. Ва ҳар бор ин гуна тасмимҳо боис мешуданд, ки вазъ дар  Даунинг-стрит ба эътидол ояд.  

Дар Британия Кабир аз хурд то бузург дар бораи гузашта ва имрӯзи Елизаветаи 2 медонанд ва ҳеч саҳфаи пӯшида дар ҳаёти шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ надорад. Ва муҳаббати хоси мардумро низ сазовор аст. Ӯро ҳоло ҳам дӯст медоранд ва касе намегӯяд, ки замони шоҳӣ кайҳо рафта. Британияи Кабир, ки як қудрати иқтисодиву ҳаарбии олам аст ва давлат аз ҷониби ҳукумат ва парламон идора мешавад, вале эҳтиёҷ ба шоҳ доштанашро инкор намекунад. Шоҳе чун Елизаветаи дурандеш метавонад дар ҳолатҳои буҳронӣ умури мамлакатро ба даст гирад, вале на ки салтанат кунад, балки бо риояи ҳама бахшҳои қонуни асосӣ баъди ҳалли буҳрон умури идориро дубора ба сарвазир супорад... 

 

Бо истифода аз мақолоти интернет ва бахусус навиштаи

Максим Новичков 

таҳияи Ф.Муҳаммад

Тағйироти охир Шанбе, 18 Август 2018 14:52
Хонданд 132
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.