.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷаҳон

Шумо дар Ҷаҳон

ТАШХИС: “Боқимондаҳои Екатеринбургӣ” аз шоҳ нестанд

Июл 30, 2018 Хонданд: 208
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

«Совершенно секретно»: Дар аввали соли ҷорӣ ҳамаи ташхисҳо дар бораи “боқимондаҳои екатеринбургӣ” интишор ёфта буданд ва бар асоси онҳо комиссияи давлатӣ бо сарварии Борис Немтсов дар соли 1998 ба қарор омад,

ки 9 скелете, ки дар наздикии Екатеринбург пайдо шуд, чун боқимондаи ҷасади шоҳи пешин дубора ба хок супурда шавад. Аммо калисои православии рус ин боқимондаҳоро аз шоҳ намедонад. Он замон ҳам эътироз карда буд ва ҳоло ҳам ба ҳамин назар аст, ки устухонҳо мансуб ба шоҳи пешин нестанд. Зеро дар ҷараёни ташхису баррасиҳо хеле ихтилофи назарҳое буданд ва ин устухонҳо ба бисёр нишонаҳо мувофиқат намекарданд. Ва билохира, баъди бист соли ин баҳсҳо, моҳи феврали соли 2018 натиҷаи ташхисе, ки бар пояи он қарори ҳукумат эълон шуда буд, расонаӣ шуд.

 

Маълум шудааст, ки бисёре аз ин хулосаҳо тахминӣ ва эҳтимолианд ва албатта асос барои тайиди ин фикр намешаванд, ки ин устухонпораҳо ба шоҳи рус мансубанд. Дар ин бора соли 1998 роҳбари имрӯзаи Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бистрикин андешаҳои худро бо ироаи як маърӯза навишта буд. Ҳамчунин таҳлилгари мустақили ташхиси судӣ-тиббӣ Юрий Григорев низ дар ин бора изҳори назар карда буд. 

Бояд гуфт, ки Юрий Григорев муддати дурудароз аст, ки мавзуъи боқимондаҳои ҷасади шоҳ ва хонаводаи ӯро мавриди таҳлилу ташхису баррасӣ қарор медиҳад. Соли 2008 вай китобе ҳам интишор дод бо номи “Императори охирини Русия. Асрори марги ӯ”. Вай дар ҳамин китоб навишт, ки ҷойе, ки устухонҳо пайдо шуданд, ботлоқанд. Он вақт ҳамин даъво асос ба арзёбии шаҳодати шоҳидон ҳам шуда буд. Соли 2018 дар ташхиси худ, ки бо фармоиши Хазинаи русии фарҳангӣ-маърифатии ба номи Василии Бузурги муқаддас анҷом шудааст, ҳамин даъвои вай бар пояи асноди қаблан дастрас набуда комилан тасдиқ шуд. 

Ботлоқ ва хоку лойи ботлоқӣ дорои кислотаи гумус буда, ба аҷсоди зерихокшуда чун моддаи даббоғӣ таъсир мерасонанд ва ин ба рушди зуҳуроти нигоҳдоранда хизмат мекард, ки онро даббоғии торфӣ меноманд. Бояд қайд кард, ки дар лой метавонад вуҷуд надошта бошад, зеро пайдоиши он ба замони дур ниёз дорад ва якбора ба вуҷуд ҳам омада наметавонад. 

Ҳангоми даббоғии торфӣ бофтаҳои мулоими организм ҳарчанд тағйир меёбанд, вале дар шакле боқӣ мемонанд, ки мақтулро метавон шинохт. Ҳодисаҳои зиёди пайдо шудани ин гуна ҷасадҳо дар мурдобҳои Дания, Британияи Кабир, Ирландия ва кишварҳои дигар маълуманд. 

Муҳим он аст, ки дар ҷараёни рушди даббоғии торфӣ кислотаҳои гомусӣ молекулаҳои ДНК-ро вайрон мекунанд ва онҳоро барои таҳқиқотҳои молекулярӣ-генетикӣ нолозим мегардонанд ва худи ин гуна ташхисҳо нокомилу нодаркоранд. 

Мавҷудияти даббоғии торфӣ дар ташхисҳои аввал ҳам дида мешуд. Аммо таҳлилгароне, ки ин корро анҷом доданд, инро комил рад мекунанд. Гузашта аз ин таҳқиқоти молекулӣ-генетикӣ тасдиқ карда буд, ки боқимондаҳои дар зери пул пайдошуда ба хонаводаи шоҳ мансубанд. Аммо натиҷаҳои мусбати таҳқиқоти молекулӣ-генетикӣ (ТМГ) хилофи маълумотҳои илмианд. 

Соли 2007 дар Поросенков Логу ҷойи гулханеро пайдо карданд, ки аз он наздик ба 150 грамм устухонҳои сӯхта берун оварда шуд. Ва филҳол эълон карданд, ки ин боқимондаҳои ҷасади шоҳ Алексей ва Маликаи бузург Мария аст. МТГ низ филҳол инро тайид кард: оре ин боқимондаи ҷасадҳои хонадони шоҳ аст! 

Аммо таҳқиоти баъдӣ нишон дод, ки агар боқимондаи ҷасадҳо дар ҳарорати 150 дараҷа муддати ҳамагӣ беш аз ду соат мемонданд, ДНК-и онҳо ба ҳадде хароб мешуд, ки ташхиси он номумкин мегардид. Аз ин рӯ, натиҷаи ташхиси МТГ дар ин замина низ чандон мавриди эътимод ва илмӣ нест. 

Юрий Григорев нишон додааст, ки ду изи зарба ба сари Николай на дар он ҷоест, ки бояд мебуд. Маълум аст, ки ҳангоми сӯиқасд ба ҷони Николай Александрович дар шаҳри Осуи Ҷопон ду зарби шамшер ба тарафи рости сари Валиаҳд зада буданд ва масофаи ин ду ҷароҳат 6 см буд. Ин дар протоколе сабт шудааст, ки духтурон ҳангоми бастани ҷароҳати валиаҳд навишта буданд. Дастнависи ин протокол маҳфуз аст ва чанде пештар дар сомонаи Бойгонии давлатии Русия низ гузошта шуда буд. 

Ҳамаи ин бори дигар нишон медиҳад, ки “боқимондаҳои Екатеринбург” мансуб ба шоҳ ва хонаводи вай нестанд. Имрӯз муфаттиш Владимир Соловёв, ки тӯли ин 22 соли ахир сари ин парванда кор мекард ва Александр Бистрикин, ки соли 2015 дар натиҷаи сарвари Кумитаи тафтишот таъин шуданаш аз идомаи тафтишу таҳқиқ дур шуд, ҳамоно талқин мекунанд, ки ин ҷасадҳо аз хонадони шоҳи пешини Русия мебошанд. Ба назар мерасад Соловёв ҳамоно аз исботи иддиоҳои пучу бебунёде, ки бо супориши касеву созмоне мехоҳад онро ҷомаи амал пӯшонад, хаста намешавад. Ва ҳамоно бовар дорад, ки даъвояшро мепазиранд.

Хонданд 208
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.