.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷаҳон

Ингушистон: хати сурхи нифоқ

Имзои муоҳада миёни Чеченистон ва Ингушистон дар мавриди аломатгузории сарҳад вазъ дар Қафқози Шимолиро бесубот кард. Ҳукуматдорони ду ҷумҳурӣ дар оғоз ба он ҳавасманд буданд, ки хеле осону сода ва бидуни муноқишаҳои ҳарбиву дахолатҳои дигар мушкилоти марзии худро ҳал кунанд. Аммо дар Ингушистон ин муоҳада вақти баррасӣ дар парламон буҳрони сиёсиро ба вуҷуд овард, ки муҷиби муноқишаи ҳарбӣ ҳам шуд. Мухолифон мегуфтанд, ки сарвари ҷумҳурӣ Юнусбек Евкуров замини мутааллиқ ба ингушҳоро “фурӯхт”.

 

ТИР БА ҲАВО 

Рӯзи панҷшанбе, 4 октябри соли равон тамоми рӯз аз пойтахти Ингушистон, ки эътирози мардумӣ оид ба тасвиби муоҳадаи марзии ин кишвар бо Чеченистон идома дошт, хабарҳои изтиробангез мерасиданд. Дар аввал сарвари ҷумҳурӣ тасвиби ин созишномаро дар парлумон тасдиқ кард. Аммо фурсате баъд вакилоне, ки ба назди гирдиҳамомадагон баромаданд, изҳор доштанд, ки аз 24 вакил 15 вакил зидди ин муоҳада овоз доданд. То нисфирӯзӣ Евкуров мардонавор талош кард бо эътирозгарон муколама кунад, ба сараш шиша ҳам ҳаво доданду чизҳои дигар низ. Лозим омад аз онҳо худро дур гирад. Неруҳои амниятӣ аз ноилоҷӣ ва ба хотири ҷилавгирӣ аз харҷумарҷ ба болои сари гирдиҳамомадагон ба ҳаво тирандозӣ карданд. 

Муоҳада миёни Ингушистон ва Чеченистон табодули қаламрав дорад. Тибқи ин ҳуҷҷат Ингушистон заминеро дар ноҳияи Надтеречний мегирад, ки масоҳати он ҳудудан ду ҳазор гектар аст. Қисмати куҳии ноҳияи Сунҷенск, ки мутааллиқ ба Ингушистон аст, моли Чеченистон мешавад. Муоҳада, ҳамчунин харитаи он аз ҷониби роҳбарони ҷумҳурӣ интишор дода шудаву дар дастрасии умум қарор дода шуда буд.  

Буҳрони сиёсӣ танҳо Ингушистонро фаро гирифт ва дар Чеченистон ин тасмим чандон вокунише ҳам надошт. ВАО то ин муддат танҳо аз норозигии сокинони ноҳияи Надтеречний иттило дода буданд, ки намехостанд ба Чеченистон пайванданд.  

 

Чаро чеченҳо ва ингушҳо дар ин қазия вокунишҳои гуногун доштанд?

«Охири ҳафтаи гузашта ман бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Ингушистон, ки зидди имзои муоҳадаи марзӣ садо баланд карда буданд, суҳбат доштам. Баъдан барои он ки ба моҳияти ин ҳама моҷаро пурратар сарфаҳм равам, аз онҳо хостам, ки бароям имкон диҳанд дар мулоқот бо ҷомеаи Ҷумҳурии Ингушистон ширкат кунам. Аз натиҷаи суҳбатҳо ва ширкат дар мулоқотҳо ман ба хулоса расидам, ки яке аз сабабҳои асосии эътироз дар ҷумҳурӣ дар он аст, ки муоҳада пинҳонӣ имзо шудааст ва шаҳрвандон ҳоло мехоҳанд роҳбаронашон ба ин суол посух гӯянд, ки дар асл ин ҷо чӣ мегузарад. Ин комилан қобили қабул нест”,- менавсад Екатерина Сокирянская – директори лоиҳаи барномаи Аврупо ва Осиёи Гуруҳи байналмилалии буҳроншиносӣ дар саҳифаи худ дар Фейсбук. Екатерина Сокирянская мутахассиси обрӯманд оид ба фарҳанги Нохҳо мебошад. (Шарҳи кутоҳ: Мардумони нох ё нохҳо-гуруҳи қавмеанд, ки дар гузаштаи таърихӣ ва ҳатто имрӯз ба забони нох сухан мегӯянд ва фарҳанги ҳамсон доранд.  Имрӯз ин мардумон дар бахши Шарқии Қафқози шимолӣ зиндагӣ мекунанд, вале чунин ба назар мерасад, ки дар гузашта Қафқози Ҷанубӣ низ нохнишин будааст. Имрӯза танҳо шохаи зинда аз забонҳои нох забонҳои войнох мебошанд, ки гӯишваронаш чеченҳо ва ингушҳо мебошанд).  

Шуруъ аз аввали моҳи сентябр хабарҳои изтиробангез аз Ингушистон мерасиданд, ин замоне буд, ки сохтмончиёни чечен корҳои сохтмонии роҳро дар ноҳияҳои барояшон бегона оғоз карда буданд. Ин кор бо ширкати муҳофизони мусаллаҳи чечен мегузашт.  

Ин ду кишвари ҳамсоя аз нигоҳи сохтори давлатдорӣ ва сиёсати ҳокимон аз ҳам фарқ мекунанд. Дар Грозний тасаввури эътироз ба пружаҳо ва вазифаҳое, ки аз ҷониби президент Рамазон Қодиров роҳандозӣ мешаванд, ғайриимкон аст. Аммо дар Ингушистон як низоми нисбатан демократӣ ҳоким аст ва мухолифони Евкуров дар аввалин фурсати эълони муоҳада ва баррасии он дар парламон даст ба эътироз заданд. 

Дар Ингушистон ҷомеаи шаҳрвандӣ нерӯманд аст ва сарвари ин кишвар Юнусбек Евкуров тасаллути чандоне надорад. 4 октябр Додгоҳи Қонуни Асосӣ аз тазоҳуркунандагон пуштибонӣ кард ва хостори таҷдиди назар дар ин муоҳада шуд. Ин додгоҳ дар баёнияи худ изҳор дошт, ки ин гуна муоҳадаҳоро парлумон ҳақи баррасиву тасвиб надорад, масоиле аз қабили табодули қаламрав бояд дар ҳамапурсӣ роҳи ҳал пайдо кунад.   

 

МУҚАДАДСТ БУДАНИ ЗАМИН ДАР ФАРҲАНГИ ИНГУШИСТОН

Ин муоҳада аслан табодули қитъаотеро пешбинӣ мекунад, ки дар он одамон зиндагӣ намекунанд ва бахшҳои одамзӣ аз ягон ҷониб ба ҷониби дигар дода намешаванд. Аммо пинҳониву ноогоҳона қабул шудани чунин қарор муҷиби эътирози шадид шуд. Ва буҳронеро дар Ингушистон ба вуҷуд овард, ки оқибати он метавонад барои сарвари ин кишвар ва тарафдоронаш нохуб бошад.  

Ин ноҳияи куҳӣ – маконест, ки нохҳои куҳан мезистанд ва ҳам барои чеченҳо ва ҳам барои ингушҳо аҳамияти фарҳангӣ дорад. Нохҳо сарнавишти талх доранд, соли 1944 онҳо ҷабран ба Қазоқистон бадарға карда шудаанд. Аммо вақте ба онҳо иҷозаи бозгашт ба ватанашонро доданд, вале дар маконҳои бобоӣ зистанро манъ карданд.  

«Ин марзест, ки дар ҳар гузина қаламрави будубоши нохҳо миёни ду кишвар аст. Он худи мо чеченҳо ва ингушҳоро аз ҳам ҷудо мекунад. Аз ин рӯ мо дар маҷмуъ зидди онем. Бо назардошти вазъи имрӯза ду ҷонибро даъват кардем, ки аз тағйири қаламрав худдорӣ кунанд”,- мегӯяд Зуроб Сечоев, намояндаи сиёсии нохҳо. 

Дар солҳои 1990 қаламрави чеченҳо ва ингушҳо аз ҳам танҳо ба хотири он ҷудо шуд, ки ингушҳо хостанд дар ҳайати Русия боқӣ монанд. Ин замоне буд, ки Чеченистон иддаои ҷудоӣ мекард ва мустақилият мехост. Бори аввал марзбандиҳои нав миёни сарварони вақти Ингушистон ва Чеченистон Руслан Аушев ва Ҷавҳар Дудаев баррасӣ шуда буд. Соли 1993 онҳо дар ин замина як муоҳада ҳам имзо карда буданд. Аммо баъдҳо, ки Русия истиқлолияти Чеченистонро зери по кард ва он дубора ба ҳайати Маскав дохил карда шуд, ин созишномаро Аҳмад Қодиров ва Мурат Зязиков такроран имзо карданд.  

Аммо дар умум ингушҳо назар ба чеченҳо ва ҳатто нисбат ба ҳамаи дигар мардумони Қафқоз ба қаламрави худ бастагии бештар доранд ва заминро мероси таърихӣ меноманд. “Ингушҳо метарсанд, ки заминашнро кашида мегиранд, солҳои 90-и асри гузашта боре ин ҳодиса рух дода буд ва дар зиддият бо осетинҳо қаламравашонро аз даст дода буданд. Ин ҳам боз дар ҳолест, ки чеченҳо талошҳои зиёде ба афзудани қаламравашон мекунанд ва онҳо ҳатто ин ҳудудҳоро то расидан ба обҳои баҳр васеъ карданианд”,- мегӯяд Екатерина Нерозникова. 

Ин аст, ки бо вуҷуди он ки матни муоҳада, харитаи маконҳо табодул ва иттилоъи муфассал дар ин бора ироа шудааст, вале ингушҳо боз ҳам инро хиёнати роҳбаронашон медонанд ва мегӯянд, ки як порча замин ҳам бидуни ризояти мардум бояд фурӯхта нашавад ва ё табодул ҳам нагардад. Бо вуҷуди он ки маконҳои табодул асосан баланкуҳҳову теппаҳоянд ва дар он касе зиндагонӣ намекунад ва он барои ҳам чеченҳо ва ҳам ингушҳо баробар аҳамиёти таърихиву фарҳангӣ дорад, дар Ингушистон ин муоҳадаро гузашта аз “хати сурх” медонанд, ки метавонад дар ояндаи наздик зиддиятро афзоиш диҳад. Ҳарчанд заминае дар ин иддио вуҷуд надорад. 

Ин мушкил муборизаҳо дар дохили ҷумҳурӣ барои ҳокимиятро қувват мебахшад. Худи вазъи Юнусбек Евкуров хуб нест. Маъруфияти вай зарфи ин чор соли ҳукмронӣ якбора дар сатҳи поин қарор гирифт. Коррупсия ба ҳадди пешгӯинашаванда кишварро фаро гирифт. Аксари корхонаҳое, ки ахиран сохта шуданд, кор намекунанд ва арзиши сохтмонии онҳо комилан боло бурда шудаву пули он аз ҷониби гуруҳҳои мафиозӣ обу лой шудааст. Дар ҳамаи зинаҳои ҳокимият, вазорату идораҳо хешовандони Евкуров нишаставу амалан кишвардорӣ мекунанд.  

То ба имрӯз Маскав хомӯшӣ ихтиёр кардааст ва мавқеъи худро эълон ҳам нанамудааст. Маълум аст, ки Руслан Аушев, сарвари пешини ин кишвар ва барои мардуми он шахсияти маҳбуб барои талош дар ҳалли низоъ ба пойтахти Ингушистон рафтааст. Президенти Чеченистон Рамазон Қодиров дар муроҷиатномае, ки ахиран интишор дод, ҳатто аз омодагии худ барои ҷангидан ҳам эълон кард. 

Хулоса, мушкил андар мушкил аст ва вазъ ба чӣ меанҷомад ҳоло маълум нест. 

 

Антон КРИВЕНЮК, «Совершенно секретно»

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Хонданд 36
Чаро Русия наметавонад посухи амали Исроилро диҳад?

Ҳодисаи сарнагун сохтани ҳавопаймои Ил-20-и Русия дар баҳри Миёназамин наметавонад сабаби дилсардӣ миёни Исроил ва Русия шавад, чун муқовимати ҳарбии ду кишвар минтақаро ба як ҷанги дигари шадид таҳрик медиҳад ва амниятро хароб месозад. Ҳамчунин Маскав наметавонад чуноне соли 2015 бо Туркия кард, Исроилро низ ба майдони ҳарб ва гӯмагуҳои сиёсиву ҳарбӣ кашад. Русия ва Исроил дар Сурия вазифаҳои мухталиф доранд ва ҳадафҳои гуногунро дунбол мекунанд. Таҳлилгари ҳарбӣ, мутахассиси масоили Ховари Миёна Евгений Крутиков бар ин назар аст, ки он чӣ бо Туркия иттифоқ уфтода буд, барои Исроил такрор намешавад.  

- Вазорати мудофиаи Русия изҳор медорад, ки ҷониби Исроил ҳавопаймои ҳарбии Русияро зери зарбаи мушакҳои зиддиҳавоии Сурия гузошт. Аслан чӣ гузашта буд? 

- Асли гап ин аст. Ҷангандаҳои Исроил вориди ҳамла шуданд ва Ил-20-и Русияро аз паси худ дар сатҳи пасти парвоз гузоштанд. Онҳо наметавонистанд онро набинанд ва ё мушоҳида накунанд. Баъди ҳамла ҷангандаҳо пас баргаштанд ва Ил-20, ки ба ҷусса панҷ маротиба калонтар аз тайёраҳои ҷангандаи Ф-16 исроилӣ мебошад, дар сари роҳи мушакҳои зидди ҳамлаи ҳавоии Сурия қарор гирифт. Инро “токтики морӣ” меноманд. Аз ҷониби халабонҳои исроилӣ ин на танҳо нозебост, балки тарсуист.  

- Оё халабонҳо дар чунин ҳолатҳо ҳақи тасмим доранд ва ё бояд фармонро мунтазир шаванд? 

- Онҳо метавонистанд мустақилона тасмим гиранд.  

- Ин ҳодисаро то куҷо метавон “оташи дӯстӣ” номид? Яъне, зарба ба худӣ аз ҷониби худиҳо. Дар амалиётҳои ҳарбӣ ин то куҷо мушкилоти ҷиддист? Тибқи иттилои Moscow Defence Brief моҳи августи соли 2008 дар ҷанги Осетияи Ҷанубӣ Русия шаш ҳавопаймои худро аз даст дод ва ниме аз онҳоро дӯстон сарнагун карданд. Оё ин ин як мушкилоти системавист? 

- Ман иттилои талафоти тайёраҳои ҷангии Русияро дар ҷанги соли 2008 наметавонам тасдиқ кунам. Маълум аст, ки Гурҷистон дар ин ҷанг аз системаи ҳамлаи мушакии Украина истифода карда буд. Ва наметавон ин оташкушоиро “дӯстона” номид. Ғайр аз ин ҳар рӯйдодро бояд дар алоҳидагӣ таҳлил кард ва ин ҷо ҳеч системае буда наметавонад. Ва аз ҳоло метавон гуфт, ки артиши Сурия дар нишонгириву ҳисоб мушкил дорад, аммо худи системаи Сипари зиддимушакӣ дар Сурия дар Ховари Миёна аз беҳтаринҳост. 

- Яъне ин ҳодиса метавонад ногаҳонӣ ва бар асари надонистани идораи техника рух дода бошад? 

- Бале, мутаассифона ин як рӯйдоди маъмулӣ барои Сурия аст. 

- Вокуниши президент Путин хеле нарм, шадид набуд. Дида мешавад, ки вай намехоҳад вокунишҳои дипломатӣ кунад, мисли Туркия. Оё метавон гуфт, ки дар ин иртибот “дастони Русия бастаанд? Аз назари шумо Маскав бояд чӣ мекард? 

- Вокуниши президент дар ин маврид ботаҳаммулона буд. Дар таҷриба оқибати изҳоротҳои осемасарона вазнинтаранд. Аз ҳоло метавон гуфт, ки Исроил муддате аз бомбборони қаламрави Сурия худдорӣ мекунад. Эҳтимолан барои неруҳои ҳавоии Исроил “минтақаи ғайрипарвоз” ҳам ҷудо мешавад, ки дар он бидуни огоҳӣ метавонад тайёраҳои ин кишварро сарнагун созанд. Аз сӯи дигар худи Исроил ба ин рӯйдод хеле зуд вокуниш нишод дод, ба Маскав намояндаи ваколатдори неруҳои мусаллаҳи ин кишвар омад, то пӯзиш хоҳад ва ҳамзамон вазъро фаҳмонад. Аммо дар мавриди Туркия, ки суол кардед, вазъ дигаргуна буд. Ҳавопаймои Туркия дидаву дониста тайёраи Русияро сарнагун кард, яъне вай медонист, ки чӣ кор мекунад. Аммо ҷангандаҳои Исроилӣ ба ин назар буданд, ки суриёиҳо тайёраи дӯсташонро намезананд. Ин ду мавқеъ аз ҳам фарқ мекунанд. Дастони Русия ҳам чун дастони дигар бозингарони саҳнаи ҳарбии Сурия баста аст, аз ҷумла мисли дастони Туркияву Исроил. Туркия, Эрон ва Исроил ҳамеша дар ҳолати низоми “худмаҳдудукунӣ” қарор доранд. Ва дар ҳар ҳолати ба ин монанд ин низом сахттару шадидтар мешавад. 

- Исроил худро дар фазои Сурия хеле озод ҳисс мекунад. Ин чӣ гуна рух дод? Оё ин ба он маъност, ки Маскав ба ин гуна вазъ комилан мувофиқ аст? Ин дар ҳолест, ки воситаҳои махсусе сохта шуданд, ки ҳарбиёни Исроил бояд аз ҳамалаҳои қарибулвуқуъи худ ҷониби Русияро огоҳ созанд? 

- Дар мавриди рӯйдоди ҳалокати Ил-20 ин муоҳада нақз шуда буд. Ҳарбиёни Русия хабари ҳамларо ҳамагӣ як дақиқа пештар аз оғози он дарёфт карданд, дар ҳоле, ки Тел-Авив вазифадор буд онҳоро пештар огоҳ созад. Агар Исроил сари вақт иттило медод, имкон дошт, Ил-20-ро аз фазои парвозаш дуртар бурд. Аз сӯйи дигар то ин замон ба Исроил имконоти бештар назар ба дигар ширкаткунандагони буҳрони Сурия дода шуда буд ва ин ба ангезаи зиддиэрониву зиддишиагӣ иртибот дошт. Сеюм, Русия уҳдадорие надорад, ки Димишқро аз ҳамлаи яҳудиҳо ҳимоя кунад, ин гуна созишнома миёни ду кишвар имзо нашудааст. Муносибатҳои Сурияву Исроил кори дохилӣ ва мушкили худи Димишқ аст. Неруҳои Русия дар Сурия танҳо барои мубориза зидди терроризм ва таъмини тамомияти арзии ин кишвар ҳузур доранд, на ҳимоя аз Исроил. 

- Оё метавон гуфт, ки Маскав ҳам ба ҳамин манфиатдор аст, то аз такаббури эронӣ дар Ховари Миёна ҷилавгирӣ кунад? 

- Ин як омили изофии озордиҳандаест, ки қурбонӣ мехоҳад. Русия хеле талош кард ба Тел-Авив фаҳмонад, ки барқарории назорат дар баландиҳои Ҷавлон ба Исроил зарар намеорад, вале яҳудиён то ба охир ба ин бовар накарданд. Пуштибонӣ аз ин зиддият ба фоидаи мо нест ва ҳатто хатарзост. Аз сӯи дигар ҳалли ин мушкил бо ягон роҳи дигар ва осон дар айни замон имконнопазир аст. 

- Оё дар ҳақиқат неруҳои эрондӯсти Сурия объектҳои худро дар Латакия ҷобаҷо месозанд ва онҳо ба ин боваранд, ки ҳузури ҳарбии Русия бояд садди роҳи фаъолнокии Исроил дар ин манотиқ шавад? 

- Ин гуна иртибот вуҷуд надорад. Объектҳои Эрон дар саросари қаламрави Сурия ҷобаҷо шудаанд, аз ҷумла дар навоҳии Палмира, Хома ва атрофи Димишқ. Исроилиҳоро бештар он объектҳое ба ташвиш меорад, ки эрониён метавонанд аз он ба Исроил исобат кунанд. Ва ё бесарнишинҳои худро ба парвоз оранд. Бештари объектҳои Эрон дар Сурия, ки Исроил мавриди ҳамла қарор медиҳад, ба ҳамин тайёраҳои бесарнишин иртибот дорад.  

- Ҳамин тариқ дар ин ҷанг Русия ва Исроил вазифаҳои гуногун доранд ва ин манфиатҳову вазифаҳо зидди ҳаманд. Туркия чӣ? Оё манфиатҳои вай зидди манофеи Исроил ва Русия нестанд? 

- Ҳадафи аслии Туркия ин курдҳои Сурия ҳастанд. Ҳадафи Анқара он аст, ки хатари курдҳоро дар марзҳояш пурра ва ё қисман барҳам занад. Туркия ҳамин курдҳоро таҳаммул надорад, ки даъвои қаламрав мекунанд. Ба ҳамин хотар талош дорад дар минтақаи марзӣ “камарбанди амниятӣ” созад ва ба ин мақсад аз шӯришгарони суриёӣ истифода кунад... Масоили дигар чандон муҳим ҳам нестанд барои Туркия.

Мусоҳиб Антон КРИВЕНЮК, “Совершенно секретно”

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Хонданд 47
ҲАМСАРИ ДИКТАТОРИ КОРЕЯИ ШИМОЛӢ: АЗ АФСОНА ТО ҲАҚИҚАТ

Ҳаёти бонувони аввали кишварҳо, шаҳбонуҳои мамолики шоҳаншоҳӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои хабарӣ қарор доштаву дорад. Ироаи маълумоти комилу дақиқ дар бораи ҳамсарони президентҳо дар кишварҳои демократие чун Амрико, Британия, Олмон ва ғайра як ҳодисаи маъмулист ва мардумони ин мамолик оид ба гузаштаву имрӯзи ҳам сарвар ва ҳам хонаводаи вай ҳама маълумоти заруриро дар ихтиёр доранд. 

Аммо кишварҳое низ ҳастанд, ки вазъи оилавии сарваронашон сиррист, мардум намедонанд ва дониста ҳам наметавонанд, ки президенташон бо кӣ ҳамхона аст, фарзандони вай кистанду чикора. 

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи ҳаёти хонаводагии сарони аввал тақрибан касе чизе намедонист ва он чи маълум буд, бар пояи ҳадсу гумон ва овозаҳо буд. Котибони аввали ҲК на ҳамеша моил буданд бо ҳамсаронашон сафарҳои хориҷӣ раванд ва ё дар нишастҳои протоколӣ бо онҳо ҳозир шаванд. Аммо Михаил Горбачёви ислоҳгаро ин анъанаро шикаст. Сокинони кишвар дар бораи Раиса Максимовна ҳама чиро медонистанд ва Горбачёв ҳам дар ҳама сафарҳояш ӯро бо худ мебурд. 

Дар кишваре чун Кореяи Шимолӣ то ҳамин чанд соли охир ҳамин анъанаи мармузу сиррӣ нигоҳ доштани вазъи оилавии сарварон ҳоким буд. Аммо Ким Чен Ин низ ин анъанаи пешгузаштагонашро ба ҳам зад ва ӯ аз аввалин сарварони ин кишвари саропо дар асрор ғӯтида аст, ки ҳамсараш қариб ҳамеша дар паҳлӯяш ва мардум ҳам тадриҷан одат кардаанд ва бо дидани вай дил хуш мекунанд.

 

Ли Сол Чжу бо руҳияи ғарбӣ

Бонуи авали Ҷумҳурии Кореяи Халқӣ-Демократӣ Ли Сол Чжи на камтар аз ҳамсари вай мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори омма мебошад. Ин бонуи зебо метавонад басо хубу ҷаззоб ба мардум таъсир расонад. 

Аз соли 2012, ки миёни мардум зоҳир шуд, ин модари зебои се фарзанд ба яке аз дӯстдоштатарин бонуҳо барои дастгоҳҳои таблиғотии олам табдил ёфт. Ҳоло ҳам дар бораи ин духтар, дар бораи гузаштаи вай ва қиссаи ошиқиҳояш бо сарвари ояндаи Корея маълумоти чандоне дар даст нест. Атрофиёнаш ҳамоно сарнавишти ӯро пинҳон нигоҳ медоранд ва расонаҳо бо вуҷуди талошҳои пайгирона наметавонанд дар бораи вай бештар аз он ки то кунун маълум аст, маълумот ҷамъоварӣ намоянд. 

Ҳамчуноне ишора рафт, дар бораи тарҷумаи ҳоли бонуи авали Корея маълумот кам аст. Ахборе, ки бояд ба он такя намуд, боз ҳам камтар. Тибқи гузориши Донишномаи озод Ли Сол Чжу 28 сентябри соли 1989 дар шаҳри Чхонджини вилояти Хамгён-Пукто дида ба олам кушодааст. Аммо манобеъи дигар бар ин назаранд, ки ӯ миёни солҳои 1985-1989 ба дунё омадаву дар Пхенян калон шудааст.  

Модараш духтури генеколог, падараш декан дар яке аз факултаҳои донишгоҳи маҳаллӣ (тибқи маълумотҳои дигар корманди ҳарбӣ) мебошад. Чуноне мебинем, ҳатто дар мавриди шахсияти волидонаш маълумоти расмиву дақиқ вуҷуд надорад. Вале он чизе дақиқан рушан аст, духтар дар хонаводаи зиёӣ таваллуд шудаву ба камол расидааст ва гувоҳи ин мақому манзалати муассисаҳои таълимиест, ки вай таҳсил кардааст.  

Ли Сол Чжу мактаби санъати Кимсон - муассисаи обрӯманд барои бачаҳои синфи ҳокимро хатм кардааст. Замони донишҷӯӣ соатҳои тилло ба даст мекард, шимҳое мепӯшид, ки он замон мамнуъ буданд ва бо пӯшиши сару либос аз дигар ҳамсолону шарикдарсонаш фарқ мекард. 

 

Муаммо дар муаммо… 

Ли Сол Чжу аллакай ҳамон солҳо шукуҳу дабдабаро дӯст медошт, мамнуъиятҳоро қабул надошт ва пинҳон доштани сарвату дороиро намеписандид. Ва ҳамон солҳо гомҳои нахустинро ба зинаи шуҳрати сарояндагӣ мегузошт. Вай дар фестивалҳо ва ҷашнвораҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат мекард ва тибқи баъзе овозаҳо дар ҳайати як гуруҳи пуштибонон ширкаткунандагони мусобиқоти варзишии бозиҳои Қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Инчхони Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, ҳамроҳӣ кард. Ва баъдан дар Чин ҳам дар риштаи мусиқии вокалӣ таҳсил кард. Он замон ба кам ҷавонони куриёӣ муяссар мешуд, ки донишҳои худро дар хориҷи кишвар такмил диҳанд. Аммо Ли Сол Чжи тавонист бо истифода аз вазъи хуби молиявии хонавода ин корро кунад. 

Баъди бозгашт духтар ба дастаи машҳури ҳунарии «Пончхонбо» ба кор қабул шуд ва дар як муддати кӯтоҳ аз сарояндагони машҳури ин дастаи ҳунарӣ гардид. Ҷолиб он аст, ки сарвари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир аз мухлисони ин дастаи ҳунарӣ буд.  

Охири соли 2011 Ким Чен Ир вафот кард ва аз моҳи апрели соли 2012 идораи кишвар ба дасти писари вай гузашт. Он замон Ли Сол Чжу чандин маротиба дар ҳайати дастаи ҳунарӣ дар чорабиниҳои ҳокими нав ширкат намуд ва ин овозаҳоро дар мавриди он ки бону ҳамсари Ким Чен Ин аст, тақвият бахшид.  

25 июли соли 2012 бошад расонаҳои хабарии давлатӣ эълон карданд, ки духтар дар ҳақиқат ҳамсари Ким Чен Ин – рафиқ Ли Сол Чжу аст. 

Таърихи издивоҷи онҳо низ маълум нест. Баъзе сарчашмаҳо бар ин назаранд, ки тӯйи онҳо соли 2009 баргузор шудааст ва соле баъд Ли фарзанд ба дунё овардааст, аммо манбаъҳои дигар мегӯянд онҳо то барномаи консертии мусиқии классики соли 2010 бо ҳам вонахӯрда буданд. 

Бино ба маълумоти хадамоти ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ Ли Сол Чжу фарзанди сеюми худро моҳи феврали соли 2017 ба дунё овард. Вале матбуоти Кореяи Шимолӣ дар ин бора ягон иттилои расмиву ғайрирасмӣ пахш накард. Танҳо чизе, ки расман интишор ёфт, ин таваллуди фарзанди нахустин дар хонадони Ким Чен Ин дар соли 2010 буд. Фарзанди дуюми онҳо духтар бо номи Ким Чжу Э соли 2013 ба дунё омад.  

 

Инқилобе дар пӯшиши либос

Ли дар миёни ҳама ҳамсолону ҳамзамонони худ бо тарзи вижаи пӯшиши либос фарқ мекунад. Агар аксари занону духтарони Кореяи Шимолӣ бояд костюм пӯшанд ва хеле одиву хоксорона худро вонамуд созанд, аммо бонуи аввал ба худ иҷозат медиҳад, ки доманаи боло аз зону ба бар кунад, пойафзоли пошнадор пӯшад ва боз дар миёни хосу ом даст ба дасти шавҳараш ниҳад ва баланд бихандад.  

Ли Сол Чжу бархилофи дигар бонувони кишвараш ба мӯди аврупоиву амрикоӣ завқ дорад. Ва чун Ли Сол Чжу миёни мардум зоҳир шуд, Ким Чен Ин мамнуъияти пӯшидани шим, пойафзоли пошнабаланд ва бижутериҳоро барои занони кишвараш лағв кард. Акнун бонувони ин кишвар ба шарофати ҳамсари дӯстдоштаи сарварашон дар пӯшиши либосҳо озодиҳоеро ба даст оварданд.  

Ли Сол Чжу аввалин зани сарварони Кореяи Шимолӣ буд, ки ба худ иҷозат дод хилофи анъанау расму оинҳои навиштаву нонавишта мӯйи дарози худро дукорда занад ва бо мӯйи кӯтоҳ миёни мардум ҳозир шавад. 

Ҳамчунин, Ли Сол Чжу ба худ ин иҷозаро ҳам додаст, ки ба ҷойи нишони ҳатмӣ бо акси доҳиёни Корея қуббаҳои пурқиммат ба пеши бар овезад. Ва инро ин гуна шарҳ доданд, ки барои бонуи аввал марду пурарзиштару маҳбубтар аз ҳамсараш вуҷуд надорад. 

Ҳамсари диктатори Корея рағбати беандоза ба мӯди ғарб дорад: ҳоло вай дорои сумка аз гаронтарин ороишгарони аврупоие чун Dior ва Chanel мебошад ва ин боис шудааст, ки матбуоти ғарб ӯро зери тозиёнаи танқид гирад, ки шафқате ба халқи нимгуруснаи худ надорад ва ҳамвора майл ба дабдабаву ҳашамат мекунад.  

То Ли Сол Чжу сарварони Кореяи Шимолӣ ҳамсарони худро дар ягон сафарҳояшон бо худ набурдаанд ва ҳатто мардум намедонистанд, ки ҳамсарони кишвардоронашон кистанду фарзандонашон киҳоянд. Аммо Ким Чен Инро лозим омад ин анъанаро бишканад ва яқинан зери таъсири ҳамсари дӯстдошта ин кор сурат мегирад.  

Ким Чен Ин ба фарқ аз падар ва бобои худ хеле эҳсосотиву тундмиҷоз ва бадҷаҳл аст. Аммо метавон ҳадс зад, ки зиндагони хуби хонаводагӣ, ҳамсари зебову хушгил ва дӯстдоштанӣ бо се фарзанд ба фаъолиятҳои сиёсии доҳӣ таъсири мусбат мерасонад. Илова ба он ки нисбат ба зердастонаш хеле сахтгир асту аз вай сахт метарсанд ва ба он ҳам нигоҳ накарда, ки дар олами нухбагони сиёсиву ҳарбии кишвараш як поксозии ҷиддиро бо шеваи хеле бераҳмона роҳандозӣ кардааст, вале дар мамлакатш ислоҳоти ба манфиати мардумро ҳам пеш мебарад. 

 

Ояндаи Кореяи Шимолӣ бо Ли Сол Чжи

Ҳоло ҳам маълум нест Кореяи Шимолиро чӣ сарнавиште интизор аст. Фишорҳои байналмилалӣ меафзояд, таҳримҳо доираи фаъолиятҳои густардаро барои ҳокими Корея ҳатто дар дохили мамлакаташ тангтар мекунанд. Аммо мардумони ин кишвар бо назардошти баъзе таҳаввулоти ахир чашми умед ба он бастаанд, ки ислоҳот идома мекунад ва зиндагонии саршор аз маҳдудиятҳо наметавонад ҳамеша пойдору устувор бошад.  

Он чӣ иртибот ба Ли Сол Чжу дорад он аст, ки имрӯз вай улгуи пайравӣ барои ҳамаи бонувони Кореяи Шимолист, аммо фардо бо ин ҳама рад кардану зери по гузоштани анъанаҳои авлодиву қонунҳои маҳдудкунандаи озодӣ барои занон вай метавонад ба як омили хатар ба оянда ва дурнамои низоми худкома табдил ёбад.  

 

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Хонданд 84
Рудолф Веттштайн аввалин дипломати Швейтсария

370 сол пеш дар шаҳри олмонии Мюнстер муоҳадаи сулҳе имзо шуд, ки ба ҷанги сисола (1618-1648) поён дод. Ҷанге, ки дар ин сеяк аср Аврупоро қариб аз одам холӣ кард. 

Худи Швейтсария дар ҷангҳо иштирок надошт, вале анҷоми он ба ин конфедератсия имкон дод, ки мавқеъи худро дар қораи Аврупо чун кишвари мустақилу бетараф мустаҳкам кунад ва ба масъалаҳои шартҳои пуштибонӣ ва рушди иртиботҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо шарикони хориҷӣ нуқта гузошт.  

Аммо ҳарфи асосӣ шояд ин бошад, ки дар Олмон ва Швейтсария бори аввал ба ҳузурашон дар ин олам таваҷҷуҳ карданд. Ва дар ин кор саҳми дипломати сатҳи олӣ, донишманду ояндабин Иоҳан Рудолф Веттштайн беназир аст. 

 

Низоми нави ҷаҳонӣ

Соли ҷории 2018 соли ҷашнвораҳои ҳақиқист. Ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ садсолагии Муоҳадаи сулҳи Версалро, ки ба Ҷанги якуми ҷаҳонӣ хотима гузошт, таҷлил мекунад. Ва ба ин сана рӯйдоди дигари таърихӣ низ ҳамроҳ мешавад ва ин Муоҳадаи соли 1648 аст, ки низ бо номи Сулҳи Вестфал ёд мешавад. Амалан Версал аслан як танаффусе дар “ҷанги нави сисола” буд, зеро аксари муҳаққиқон, коршиносон ва муаррихон ҷангеро, ки соли 1914 оғоз гардид ва соли 1945 ба анҷом расид, амалан як ҷанг медонанд ва фосилаи аз соли 1918 то 1939-ро таътили кӯтоҳе дар ин ҷанг мехонанд. Албатта, ин баҳс аст ва баҳси беохиру пур аз назарҳои ихтилофӣ.  

Вале муҳимтар аз ин ҳама ҳолатест, ки маҳз аз сулҳи Версал зиддияти нав шоха гирифт ва дар таърих бо номи “муоҳадаи зидди сулҳ” ном ёфт ва нутфаи ҷанги навро дар шикам мепарварид. Вале муоҳадаи Версалро ҳатто имрӯз ҳам сарчашма ва оғози ҳуқуқи нави байналмилалӣ меноманд ва метавон инро ба ҷумлаи санаҳои муҳиму таърихии Аврупо ворид кард.  

Аммо нақши Швейтсария дар чист? Ба сифати мушовир мо муаррихи швейтсарӣ Андреас Вюрглер, профессори таърихи нав ва навтарини Конфедератсия аз Донишгоҳи Бернро интихоб кардем. Муяссар шуд бо вай дар атрофи ҷанги сисола, сулҳи Вестфал ва дипломати швейтсарӣ Иоҳан Рудолф Веттштайн-яке аз шахсиятҳои муҳим ва калидӣ дар тахтаи сиёсии шоҳмоти ин давра суҳбат кунем.  

Ҷанги сисола бо ҳама фоҷеаи худ бо ҷанги сисолаи дигар, ки аз соли 1914 то 1945 идома дошт, қобили муқоиса аст. Аҳолии кулли кишварҳои Аврпуо аз заҷри гуруснагиву қаҳтӣ то ним коҳиш ёфт. Аммо баъди сӣ соли куштори ҳамдигарӣ билохира оташи он дар Аврупо хомӯш шуд. Соли 1648 паймони сулҳе, ки имзо шуд, бар пояи он баъдан “Системаи муносибатҳои байналмилалии Вестфал” низ шакл гирифт.  

«Тақсими нави неруҳои сиёсӣ дар Олами куҳан на танҳо аз анҷоми ҷанг ва барқарории сулҳу субот бастагӣ дорад, балки боиси иваз шудани парадигма ё бинишҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар Аврупо шуд”, - мегӯяд Андреас Вюрглер. Дар асл дар давраи то соли 1648 дар Аврупои Марказӣ иерархияи равшани ҳокимият мавҷуд буд: аз ҳама боло Попи Рум ва Императори Империяи Руми муқаддаси миллати Олмон (Номи расмии давлате буд дар замони ҳукмронии Оттои якум) менишаст ва дар поён шоҳигариҳои парешон ва қаламравҳои дворянӣ қарор доштанд. Ҷойи ҷомеаи деҳқонӣ поинтар аз ҳамаи ин буд.  

 

Як Швейтсария ва 26 кантон оё модели куҳнашудаест?

Швейтсария низ бахше аз ҳамин иерархия буд. Он расман ба Империяи Руми муқаддаси миллати Олмон дохил мешуд, вале давлати мустақилу соҳибихтиёр ҳисобида намешуд, ҳарчанд баъди ҷанги Шваб дар соли 1499 мақоми мухторият касб карда буд. Вале ин мухторият дар ягон асноди расмӣ сабту имзо нашуда буд, ғайр аз ин ва муҳимтар аз ҳама онро давлати мустақили миллӣ намедонистанд. Дар сохтори дохилӣ ин конфедератсия иттиҳоди ихтиёрии катонҳо ё иёлотҳои мустақилро дар бар мегирифт. 

 

Бургомистр ба конфронси сулҳ меравад

Иоҳанн Рудолф Веттштайн 27 октябри соли 1594 дар шаҳри Базел ба дунё омад. Мактаби ибтидоиро дар зодгоҳаш хонд ва баъдан ба Женева рафт ва тамоми солҳои баъдиро ба омӯзиши илм сарф кард, муддате сарбози зархарид дар артиши Италия низ буд. Вақте ба ватан баргашт, худро дар ҷомеаи онрӯза чун инсони заҳматкаш ва соҳибмансаби меҳнатқарин нишон дод. Тадриҷан соҳиби обрӯ шуд ва то мансаби бургомистр (шаҳрдор) расид. Вай зиёд талош кард омӯзаҳои назариявии худро дар амал бисанҷад ва татбиқ созад ва як ваколати дипломатии лозим дар қарни 17-ро пайдо кунад,- мегӯяд Андреас Вюрглер.

Вақте соли 1646 Иоҳанн Рудолф Веттштейни 52-сола равонаи Мюнстер ҷиҳати ширкат дар муколамаи сулҳ шуд, дар конфронс вай пеш аз ҳама дар бораи ояндаи миллати худ ва шаҳри худ андешид. “Дар оғоз вай минбари конфронс ва нишастҳову баҳсҳоро шонсе барои таҳкими манфиатҳои маҳз шаҳри худ Базел ва на кулли Швейтсария дарёфт. Аз ҷумла сухан дар бораи зиддиятҳои қариб садсола мерафт. Дар поёни ҷанги соли 1499 қариб ҳамаи катонҳо амалан қувваи ҳуқуқии додгоҳи императориро қобили қабул намедонистанд.  

Рақибони олмонии тоҷирони базелӣ фурсатро ғанимат дониста, вазъро ба манфиатҳои худ истифода мекарданд, то ки бозаргонҳои Базелро ба додгоҳ кашанд. Албатта, додгоҳ дар ин гуна ҳолатҳо ба манфиати даъвогарон қарор содир мекард, басо осону сода амволи онҳоро мусодира мекарданд ва аз худ менамуданд. «Табиист, ки ин таҷрибаи додгоҳӣ дардисарҳое барои сокинони Базел эҷод карда буд ва Веттштайн вақте ба гуфтушунидҳои сулҳ мерафт, қасд дошт аввалтар аз ҳама хидмате барои шаҳри худ кунад ва зодгоҳашро аз зулми “додрасҳои бегона” наҷот диҳад”, - иброз медорад Андреас Вюрглер ва боз илова ҳам мекунад, ки ин мафҳумро вақте сухан аз ташаббусҳои мардумии “Зидди додрасҳои бегона” меравад ва қарор аст ҳамапурсии он 25-уми ноябри соли 2018 доир шавад, набояд фаромӯш кард.  

Вақте ба Мюнстер расид, аввалин коре анҷом дод, бо сафирони Франсия ва Нидерландия иртибот гирифт ва дарк кард, ки дар ин конфронси сулҳ масолили хеле муҳим ва доманфарох мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ва ҳоло метавон бо истифода аз он ба натиҷаҳои бештар даст ёфт. “Вай дид, ки масоили тиҷорат ва мушкилоти он чандон муҳим ҳам нестанд ва боистӣ ба масоили ҷиддитаре даст зад, то кишвар истиқлолияти бештар ба даст орад”,- меандешад Андреас Вюрглер.   

 

Баъзан муъҷиза ҳам рух медиҳад

Кофист ба Шветсарияи он замон назар андохт ва дарк ҳам кард, ки барои як дипломат умед бастан ба комёбие чӣ қадар душвор буд. Зеро конфедератсия амалан чун як давлати воҳид вуҷуд надошт. Кантонҳо миёни худ иртиботҳои мустаҳкам надоштанд, сиёсати ягона ҳоким набуд. Ин як давраи ҷангҳои беохири динӣ буд ва ҷангҳо барои тахту тоҷ, ки империяҳои аврупоӣ барои муборизаи қудрат роҳандозӣ карда буданд. Он замон на танҳо католикҳо ва протестантҳо ба ҷони худ даровехта буданд, балки ду сохтори рақиби давлатӣ: империяи Габсбургҳо аз як тараф ва Франсия аз ҷониби дигар дар рақобати рӯирост қарор доштанд.  

Ва чуноне болотар ишора шуд, дар поёни ҷанги соли 1499 Конфедератсияи Швейтсария аз Империяи муқаддасти Рум озод шуд ва ба Император на дар соҳаи додгоҳӣ, на ҳарбӣ ва на молиявӣ итоат намекард. Андреас Вюрглер ба ёд меорад, ки бо вуҷуди ҳамаи ин худи Конфедератсия дар остонаи ҷангҳои навбатии динӣ қарор дошт.  

Аз ин рӯ, мегӯяд таърихшинос конфедератҳо сиёсати ягонаи дохиливу хориҷӣ ва ҳарбӣ таҳия карда наметавонитсанд, зеро кантонҳо аслан намехостанд ба ягон моҷарои ҳарбӣ кашида шаванд. Католикҳо ва православҳои швейтсарӣ дар хориҷи кишвар зархаридӣ мекарданд ва баъзан дар амалиётҳои ҳарбӣ чун дар ду тарафи муқобил қарор доштанд, ба ноҳақ хуни ҳамдигар ҳам мерехтанд. Онҳо натиҷаи харобиовари ҷанг дар наздикии Мариняноро диданд ва намехостанд ин гуна харобӣ ба хонаҳои онҳо ояд.  

Бисёре аз муаррихон бар ин назаранд, ки маҳз ҳамон замонҳо назария ва амалияи бетарафии швейтсарӣ шакл гирифт. Ҳарчанд ин масъалаи баҳсбарангез аст, вале бидуни шак иқдоме барои оянда шуда буд.  

Ва муҳимтар аз ҳама дар доираи Маҷлиси умумишвейтсарӣ кантонҳои православ ва католик зидди ҳам буданд ва ба ин ё он қарор метавонистанд ба хотири ҳифзи манофеи худ вето гузоранд. Ҳарчанд Маҷлис коромад ҳам набуд ва таъсир ҳам надошт.  

 

Ҷобаҷошавии неруҳои нави Аврупо

Моҳи феврали сол 1647 Веттштайн аз Маҷлис ба ҳар ҳол ваколати аз номи ҳамаи Конфедератсия сухан гуфтан ва ҳимояи манфиатҳои ҳамаи онҳоро дарёфт кард. Вай аз Мюнстер ҳуҷҷате овард бо номи «Exemtion» ва ё «Истисно барои ҳолатҳои ҷудогонаи Швейтсария”. Бар асоси ҳамин “моддаи швейтсарӣ”, ки Муоҳадаи сулҳи Вестфал тасдиқ кард, Швейтсария амалан аз Конфедератсия ва Империя ҷудо шуд. Ва ҳамзамон бо ин кишвар ба маънои пурраи имрӯзаи вожа истиқлолият ба даст овард. 

 

Бетарафии Швейтсария

Дусад сол пеш дар конфронси Вена сарнавишти бетарафии Швейтсария ҳал шуд ва Русия низ дар ин нақши муҳим бозид.

Соли 1650 Веттштайн ба Вена рафт, то ин ки ба даъвоҳои пайвастаи олмониҳо ба бозаргонҳои швейтсарӣ нуқта гузорад. Ин замоне буд, ки Аврупо тадриҷан механизми муносибатҳои байни миллатҳо ва байни давлатҳоро таҳияву аз он кор мегирифт ва пояи ин муносибатҳоро эҳтироми истиқлолияти давлатии кишварҳо ташкил медод. Вюрглер мегӯяд: “Маҳз аз ҳамон давра дипломатҳо дасти ҳамдигарро мефушурдагӣ шуданд. Ва албатта, вазни сиёсии кишвар чун имрӯз он замон низ дар таъйини сиёсатҳои башарӣ нақши муҳим дошт”.  

Швейтсария аз Империя худро озод кард, вале аз сӯи дигар ҳимоятгари пурқудратро аз даст дод. Ин кишвар артише надошт ва иқтисодаш хеле заъиф буд, аз ин рӯ талош мекард дар ҳамин ҳол дар ҷомеаи байналмилалӣ мавқеъ дошта бошад. Ва ҳамин сиёсати бетарафӣ ба стратегияи зинда мондан ва соҳиби эҳтиром шудан дар сиёсатҳои хориҷӣ шуд. 

Швейтсария ба ин ҳама мадюни Веттштайн монд, чун талошҳои ин марди сиёсату дипломатия дар Мюнстер нуқтаи муҳиме дар роҳи ҳам истиқлолият ва ҳам мақоми байналмилалии бетарафии ин кишвар шуд. “Вай ба Мюнстер тани танҳо рафт ва дипломати ягонае барои ҳамаи Конфедератсия буд. Вай руҳи замонашро хуб эҳсос мекард, вай бо ин иқдомҳояш ояндаро дида тавонист”,- ба ёд меорад А.Вюрглер.  

Аммо Конфедератсияи Швейтсария ин ҳама хидматҳои пурарзиши Веттштайнро ба зудӣ қадр накард. Аз сӯе панҷоҳ сол лозим шуд, ки кантонҳо ба ин тафаккур расанд, ки онҳо пурра аз ҳокимияти императорӣ озоданд. Аз сӯи дигар натиҷаи мустақими паймони сулҳи Вестфал Ҷанги деҳқонӣ дар Швейтсария дар соли 1653 шуд. Кишоварзони Швейтсария ногаҳон аз бозорҳои ғизо маҳрум шуданд ва онҳо талаб мекарданд, ки аз истеъмори олмониҳо наҷот дода шаванд.  

«Веттштайн зидди кишоварзон бархост, амали онҳоро зери тозиёнаи танқид гирифт ва барои чанд муддат шуҳрати худро чун ҳомии сулҳу осоиш аз даст дод”,- мегӯяд Андреас Вюрглер.  

Швейтсария бори дигар аз Йоҳанн Рудолф Веттштайн танҳо соли 1881 ёд кард ва ба поси хотири вай пули наве дар Базелро ба номи ӯ номгузорӣ карданд. Ва ин пул бо номи пули «Веттштайнбрюкке» имрӯз ҳам аз ободтарин пулҳои кишвар буда, шаҳр ва зодгоҳи дипломатро ҳусни тоза мебахшад.  

www.swissinfo.ch

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Хонданд 86

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.