.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷаҳон

Рӯзи 19-уми сентябри соли равон дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бахшида ба ёдбуди ду абармарди ин кишвар - Аҳмадшоҳ Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ, ки саҳми онҳо дар сулҳи тоҷикон низ намоён аст, “Ҳафтаи шаҳид” баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад намояндагон аз Тоҷикистону Афғонистон, ки бевосита бо ин ду нафар шиносоӣ доштанд, суханону ёддоштҳои худро баён намуда, руҳи ин ду шахси арзандаи афғонро шод намуданд. Инҷо чанде аз гуфтори чеҳраҳои саршиносро барои хонандагон пешниҳод менамоем.

Мирзодавлат ОДИНАЕВ, сардори Раёсати Осиё ва Африқои ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Аз баргузории ёдбуди ҳафтаи ҷовидон, аз ин иқдоми неки дӯстони азиз, ки айни замон дар Душанбе дар бораи ду ҷавонмарди шаҳид, ки яке Аҳмадшоҳи Масъуд ва дигаре устод Бурҳониддин Раббонӣ ёд мекунанд, истиқбол менамоем. Воқеан, Аҳмадшоҳи Масъуд ва устод Бурҳониддин Раббонӣ аз шахсиятҳои маъруфу маҳбуби ҷаҳонӣ ҳастанд, ки барои озодии миллати худ ва истиқлоли кишварҳои худ талош варзидаанду ҷони худро нисор кардаанд. Инҳо фарзандони барӯманде буданд, ки ҳеҷ гоҳ ғайр аз мардуми Афғонистон касе барояшон аҳамият надошт. Масалан, Аҳмадшоҳи Масъуд ҳеҷ гоҳ ҳузури бегонагонро дар кишвараш намепазируфт ва умед дошт, ки баъд аз берун омадани неруҳои низомии кишварҳои хориҷа ватанаш Афғонистон ба сулҳи комил даст ёбад. Ва аз он замон Афғонистон ба кишваре, ки онро орзу мекард, табдил хоҳад ёфт. Дар ин робита суханони ӯро ба ёд меорам, ки гуфта буд: “Ба Худо савганд, агар ба андозаи кӯлоҳам ҷое монад дар ин сарзамину дар ин сарзамин ҷой дошта бошам, мемонам ва муқовимат мекунам”. Қавлу мароми ин родмарди Афғонистон мубориза барои озодӣ буд ва дар ин ҷода умри худро фидо кард.
Аҳмадшоҳи Масъуд дар миёни ҷомеаи Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони тоҷик ва сипаҳсолори далер ҳамеша маҳбуб аст. Ӯ дар ба даст овардани сулҳи тоҷикон нақши бузург дошт. Масъуд аз нахустин нафаронест, ки дар баробари Бурҳониддин Раббонӣ хостори сулҳи миёни тоҷикон шуда, дар ин раванди таърихии мо низ нақши муассир доштааст. Албатта, мову шумо хуб дар ёд дорем, ки шодравон устод Бурҳониддин Раббонӣ яке аз аввалин президентҳои кишвари хориҷ буд, ки ба кишвари мо сафар дошт ва дар таҳкими ваҳдат, мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстии ин ду кишвар саҳми босазо гузошта буд. Дар мулоқот яке аз аввалинҳо шуда бо президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон музокира карданд ва сангҳои аввалро барои мустаҳкам намудани равобити дӯстиву бародарӣ миёни ду кишвари ҳамзабон гузошта буданд.
Фикр мекунам, имрӯз ҳам ҷойи Аҳмадшоҳи Масъуд ва устод Раббонӣ дар Афғонистон холист. Умед аст, ки орзуву ормонҳои ин ду родмард оид ба таъмини сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамоиши мардуми Афғонистони ба мо дӯст ва ҳамсоя, миллати ҳамзабону ҳамфарҳанг ҷомаи амал пӯшад. Мо дар Тоҷикистон ҳамеша орзуманди ободӣ ва шукуфоии Афонистони ҳамсоякишвар буда, ба якояки бародарони афғон хушбахтӣ ва саодатмандиро орзу мекунам.

Мирзо ШУКУРЗОДА, муҳаққиқи адабиётшинос:
- Хушбахтона, банда ҳам саодати дидор бо шаҳиди барҳақ устод Бурҳониддин Раббонӣ ва ҳам мулоқоте дар соли 1994 бо сипаҳсолори машҳур Аҳмадшоҳи Масъуд доштам. Подош ва натиҷаи сафари банда китобе бо номи “Размоварони ҳиндукуш” аст.
Ростӣ, агар мо саҳифаҳои муосири Афғонистонро варақ бизанем ва он нуктаҳоеро, ки бузургони олам ва сиёсатмадорони вораста роҷеъ ба қаҳрамонии ин ду бузургвор гуфтаанд, ҷамъоварӣ кунем, худ як китоби бисёр боарзиш мешавад. Ҷолиб он аст, ки барои устод Раббониву Масъуд натанҳо дӯстони онҳо ва муҳаққиқону нависандагони Афғонистон суханҳои бисёр арзишманд навиштаанд, балки ҳатто мо мебинем, ки душманони сарсахти инқилоби Афғонистон дар бораи мардонагӣ, шуҷоат ва хусусан одамияти ин ду абармарди таърих бисёр суханҳои вораста гуфтаанд. Масалан, генерал Ромов дар китоби худ, ки дар Теҳрон бо номи “Артиши сурх” ба чоп расид, менависад: “Ҳеҷ душмане, ҳеҷ рақибе мисли Аҳмадшоҳи Масъуд барои ман дарди сар наоварда буд. Дар 5-6 амалиёте, ки дар Панҷшер доштам, ҳамеша худро мағлуб ҳис мекардам. Ҳеҷ муваффақияте дар ин амалиётҳо надоштам. Аммо ифтихор мекунам, ки Масъуд рақиби мард буд, аз пушт ханҷар намезад. Агар протоколе имзо мешуд, хуб риоя мекард. Ба асирон зулму золимӣ намекард”.
Ман китоберо бо номи “Ҷонфидои сангини сабз” роҷеъ ба ҳукумати устод Раббонӣ дар Душанбе бо алифбои форсӣ таълиф намудам. Вақте ин китоб чоп шуд, бисёр як хабари мудҳиш аз Кобул расид, ки устодро террор карданд. Ман муқаддимаи ин китобро каме тағйир додам ва баъдан ба Кобул фиристодам, ки чунин шуруъ мешуд: “20-уми сентябри соли 2011 хабари ба шаҳодат расидани устод Бурҳониддин Раббонӣ дар Тоҷикистони азизи мо чун дар саросари минтақа ва ҷаҳон дилҳоро лабрези хун намуд. Устод Бурҳониддин Раббониро куштанд. Сафири сулҳ дар кишвари ҷангзада ва дар ҳоли ҷангро ноҷавонмардона террор карданд. Дарду ғам ва дуди оташи қаҳру ғазаб аз дили ҳазорҳо тан аз иродатмандони устод ба фалак печид.
Падарамро кушанд!
Осмоно, падаро, бепадароне падарамро куштанд.
Падари оқилу соҳибназарамро куштанд.
Падари қобилу соҳибҳунарамро куштанд.
Дилу ҷону ҷигарам сӯхт, тамом!
Дилу ҷону ҷигарамро куштанд”.
Оре, хуршеде дурахшонтар аз шохаи булут ва сар то по нур ва зебоӣ ва сиришта аз ҷавҳари ақлу илм ва илҳомро куртинатони хугирифта ба яғмо, ба қатлу террор ғарқ дар хун намуданд. Чуноне дар боло арз кардам, ин ҳодисаи нангин ва фаҷеъ дар таърихи 20-уми сентябри соли 2011 пеш омад. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон он рӯз дар номаи ҳамдардӣ ба роҳбар ва мардуми Афғонистон фармуданд: “Бо андуҳи азими даҳшат ва ғазаб хабари марги фоҷиабори устод Раббонӣ, президенти пешинаи Ҷумҳурии исломии Афғонистонро дарёфт намудам. Устод Раббонӣ аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи муосири Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон буд. Нақши ин абармарди олами сиёсат дар ҷустуҷӯи беҳтарин роҳҳои истиқрори сулҳ дар сарзамини азияткашидаи Афғонистон лоиқи достонҳост. Зеро охирин мансабе, ки марҳум дошт, раиси Шӯрои олии сулҳ дар Афғонистон буд”.
Хабари марги он пешвои фариштафисор натанҳо барои мардуми Афғонистон ва Тоҷикистон, балки барои ҳар фарде, ки бо устод Раббонӣ саодати ошноӣ дошт, мунфаҷиҳтарин вақоеъ аст, ки доғи он ҳаргиз аз дилҳо сутурда намешавад. Инҷо беихтиёр ҳамово ва ҳамдард бо ҳаким Саноии Ғазнавӣ мешавем, ки фармудааст: “Ҳайфи доно мурдану сад ҳайфи нодон зистан”. Дил мехоҳад дар ин лаҳзаи ғамбор ҳамово бо дили реш-реши шоири маҳбуб барои ҳама форсизабонони ҷаҳони муосир устод Лоиқ Шералӣ гардад ва “Фарёди бефарёдрас”-и ӯ ва ҳама фарзандони барӯманди Афғонистони шаҳидпарварро ба гӯши ҷаҳон ва ҷаҳониён бирасонад.
Падарамро куштанд, дилшодгарамро куштанд.
Баҳри парвози баланде, сӯи эъҷози баланд,
Шаҳпарамро куштанд!
Осмоно, бебасаро, беҳунаро
Худ пири беҳунаро, ки натанҳо падарамро куштанд,
Миллати номварамро куштанд.
Шаҳидони гулгулкафан устод ва қаҳрамони миллии Афғонистон, шери диловари Панҷшер Масъуди кабирро руҳашон шод ва манзилашон обод бод!

Файзуллоҳ ҶАЛОЛ, коршиноси масоили сиёсӣ ва устоди Донишгоҳи Кобул:
- Бидуни шак, шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид, шаҳодати устод Раббонӣ як зоеаи бузург барои миллати мо ва барои миллати мусалъати ҷаҳон буд, зеро онҳо барои озодӣ, барои таъини сарнавишт, барои ҳокимияти қонун мубориза мебурданд. Устод Искандаров бисёр хуб гуфтанд, ки устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ масъуд мусалмон буданд ва бо ақоиди исломӣ размиданд. Инҳо мусалмони ифротӣ, мусалмони радикал набуданд. Аз ин хотир, инҳоро террор карданд ва аз байн бурданд. Алоқамандии устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд ба Тоҷикистон тасодуфӣ набуд. Устод Раббонӣ аз таърихи ин ҷуғрофиё огоҳ буд. Устод Раббонӣ ба хубӣ медонист, ки ҳамон даврае, ки ҷиҳоди Афғонистонро нагузоштанд, ки ба дигаре расад, барои мухолифини давлати Тоҷикистон гуфт, ки шуморо ҳам намегузорам, ки ташкили давлат дар Тоҷикистон кунед. Беҳтар аст, ки ба сулҳ рӯ биёред ва Тоҷикистонро вайрон накунед. Аз таҷрибаҳои талхи мо биомӯзед ва хушбахтона, раҳбарони хирадманди Тоҷикистон ҳамкории устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъудро қабул карданд ва имрӯз мо мебинем, ки дар Тоҷикистон сулҳу амният барқарор аст ва ҳатто барои Афғонистон ва кишварҳои минтақа намуна аст, мудир аст ва қобили ситоиш аст.

Муъмин ҚАНОАТ, шоири тоҷик:
- Ман то ҷое омӯзиш ёфтам, ки аз назари ҷаҳонбинӣ, ҷавонмардӣ ягона қаҳрамони Афғонистону Тоҷикистону ҳама мардуми тоҷику форсизабон буд, ки ба касе зиён нарасонидааст, ин Аҳмадшоҳи Масъуд аст. Як нафар инсон аз ин шахсият ранҷ надидааст, на дӯст ва на душман. Ман низ дар ин корҳо камтар гирифторӣ пайдо кардам, чун он вақт ҷавони тоҷики миллатдӯст, миллатпараст будам. Кулли ҳозирон медонанд ва достони “Масъуднома”-ро хондаанд, ки дар бораи Аҳмадшоҳ Масъуд аст ва он достон то ҷое маҳбубият пайдо кард, ки қариб онро ҳама аз худ карда буданд. Ҳатто як рӯзномаи доимӣ пайдо шуда буд, ки “Масъуднома” унвон шуда буд. Аҳмадшоҳнома не, балки Масъуднома. Ин достон он қадар байни мардум маҳбубият пайдо кард, ки қариб ҳуҷҷати асосӣ дар шинохти Аҳмадшоҳ Масъуд ба покӣ, ҷавонмардӣ ва ватанпарастии ӯ шуда буд. Ҳатто дар ин достон ба баъзе корҳои Афғонистон дахолат кардам, ба монанди сохтмонҳои аҷиби тозабунёди нав аз назари меъморӣ, аз назари ҷаҳонбинӣ дар тамоми Бадахшон ва дар саросари Тоҷикистон, ки ин ҳама илҳом аз “Масъуднома” буд.
Ҳоло ман дар аҷабам, ки чи тавр муваффақ шудам, ки бо Аҳмадшоҳ Масъуд омехтаму “Масъуднома”-ро эҷод кардам ва як чеҳраи ӯ шудам. Ба ин хотир, ман бисёр хушнуду сарфароз ҳастам, ки имрӯз сафорати Афғонистон ин ҷашнвораро, ки ёдбуди бузургтарин чеҳраҳои ин миллатро муаррифӣ мекунад, баргузор намудааст.

Таҳияи Фарзонаи УМАРАЛӢ 

Хонданд 1205

14 сентября 2017 года в Баку, в Центре Гейдара Алиева, состоялась церемония подписания скорректированного и заново составленного Соглашения по совместной разработке и долевому распределению нефтедобычи с месторождений «Азери», «Чыраг» и глубинной части месторождения «Гюнешли» в азербайджанском секторе Каспийского моря.

Подписанный в связи с обновлением контракт, который станет контрактом XXI века после исторического контракта прошлого века, имевшего большое значение не только для Азербайджана, но и для региона и мирового энергетического рынка. Разработка нефтяного месторождения «Азери-Чыраг-Гюнешли» продлевается до 2050 года. Новый контракт подписан на более лучших условиях и выгоден для Азербайджана, несмотря на то, что подписанный в 1994 году контракт также полностью обеспечивал интересы страны.

После подписания контракта зарубежными инвесторами, Азербайджану будет выплачен бонус в объеме 3,6 миллиарда долларов; компания SOCAR «AzAÇG» будет принимать участие в качестве подрядчика в реализации контракта; доля SOCAR увеличивается с 11,6 процента до 25 процентов, и доля прибыльной нефти Азербайджана составит 75 процентов. Это основные условия. Основные условия уже показывают, что данный контракт имеет очень большое значение для будущего развития Азербайджана, расширения финансовых возможностей страны.

Надо отметить очень успешную реализацию контракта в течение 23 лет. За эти годы с «Азери-Чыраг-Гюнешли» было добыто 436 миллионов тонн нефти. При подписании контракта в 1994 году предполагаемые запасы нефти были определены на уровне 511 миллионов тонн. Однако сегодняшние данные, - свидетельствуют о том, что в месторождениях «Азери-Чыраг-Гюнешли» все еще имеются примерно 500 миллионов тонн недобытых нефтяных запасов.

Двадцать три года назад в истории Азербайджана произошло очень знаменательное событие. В бакинском дворце «Гюлистан» под председательством великого лидера Гейдара Алиева состоялась церемония подписания «Контракта века», что придало импульс успешному развитию страны. Действительно, Азербайджан предпринял один из важных шагов в своей истории. Подписание «Контракта века» связано с именем великого лидера Гейдара Алиева. Потому что после обретения независимости в 1991 году Азербайджан столкнулся с очень тяжелыми проблемами. Азербайджан столкнулся лицом к лицу с большой трагедией.

Армения проводила захватническую политику против Азербайджана, и в результате этой политики была оккупирована большая часть земель Азербайджана, появились более миллиона беженцев, вынужденных переселенцев. Вот в такой тяжелой ситуации народ сделал единственно правильный выбор, обратился к Гейдару Алиеву, пригласил его к власти и в 1993 году после избрания его на пост Президента ситуация постепенно стала нормализовываться. Начались экономические, политические реформы, все незаконные вооруженные формирования были разоружены, страна вступила на путь демократии, Азербайджан смог выйти из международной изоляции.

Убедить в такой ситуации крупные зарубежные нефтяные компании, привлечь инвестиции в Азербайджан, требовало большой мудрости, способностей, компетенции и политического опыта. Гейдар Алиев успешно реализовал эту историческую миссию. Азербайджан в те годы считался очень рискованным местом, и подписание в такой ситуации «Контракта века» в 1994 году, привлечение в страну крупных инвестиций действительно является историческим достижением.

С того дня прошло 23 года. Азербайджан является страной с очень высокой и положительной репутацией на международной арене. Сегодня международные связи Азербайджана очень широки. Неслучайно, что несколько лет назад 155 стран избрали Азербайджан непостоянным членом Совета Безопасности ООН, и это является свидетельством симпатии, уважения, поддержки международного сообщества.

Азербайджан сегодня относится к тем странам, которые живут за свой счет, страна имеет достаточно крупные валютные резервы. Экономика динамично развивается, предприняты очень важные шаги по диверсификации экономики, снижения зависимости от нефтегазового фактора, и нет ни политических, ни экономических, ни каких-либо других препятствий или проблем для будущего развития страны.

Азербайджан имеет большой потенциал и впредь будет только успешно развиваться, и «Контракт века» играет особую роль в развитии этого потенциала. Сегодня Азербайджан относится к странам, которые проводят независимую политику. В ее основе также лежит сильная политическая воля и экономическая независимость. «Контракт века»  создал возможности для проведения независимой политики, в первую очередь, базирующихся на экономических возможностях. 

С того времени по сегодняшний день нефтяная стратегия Гейдара Алиева успешно реализуется, обогащается, предпринимаются новые важные шаги, привлекаются инвестиции. Изучая хронологию в нефтегазовой сфере с 1994 года, можно увидеть, что это хронология одних лишь успехов.

В 1994 году был подписан контракт по нефтяному месторождению «Азери-Чыраг-Гюнешли». В 1996 году был подписан контракт по «Шахдениз», являющемуся одним из крупнейших газовых месторождений в мире. В 1997 году с платформы «Чыраг» была добыта первая нефть. А это является одним из уникальных событий в мировой истории нефти. В 1994 году подписывается контракт, а через три года уже добывается первая нефть. В 1998 году эта нефть стала экспортироваться к Черному морю по восстановленному нефтепроводу Баку-Новороссийск. В 1999 году был построен и сдан в эксплуатацию нефтепровод из Баку к другому черноморскому порту – Супсе, и азербайджанская нефть стала поступать на мировые рынки уже по двум направлениям. В 2002 году при личном участии Гейдара Алиева был заложен фундамент нефтепровода Баку-Тбилиси-Джейхан. В 2006 году нефтепровод Баку-Тбилиси-Джейхан был сдан в эксплуатацию в турецком порту Джейхан. В 2007 году был сдан газопровод Баку-Тбилиси-Эрзурум, и в Турцию начался экспорт газа с первого этапа «Шахдениз».

В 2012 году в Турции между Азербайджаном и Турцией был подписан проект TANAP, и сегодня он успешно реализуется. До его завершения остается мало времени. В 2013 году в качестве газопровода был выбран проект TAP, и в этом направлении ведутся работы. Такова основная хронологическая картина.

Построен самый крупный в мире Сангачальский нефтегазовый терминал. В Азербайджане запущен судостроительный завод, где сейчас можно построить любой вид судна. Сдана в эксплуатацию одна из крупнейших буровых установок в мире – носящая имя Гейдара Алиева. В Азербайджане строятся платформы. Азербайджанские специалисты составляют большинство в реализации зарубежных нефтегазовых проектов. Вот та польза, которую принес Азербайджану «Контракт века».

Имеются очень крупные финансовые ресурсы. Азербайджанский государственный нефтяной фонд, начавший деятельность в 1999 году, очень важный фактор. Страна повышает валютные резервы, даже некоторые трудности, возникшие в связи с падением цен на нефть, не смогли свернуть с этого пути. Безусловно, в результате продления «Контракта века», реализации проекта «Шахдениз», «Южного газового коридора» материальные возможности будут еще более расширяться.

Важным фактором является деятельность азербайджанских нефтяников. Азербайджан - это страна, где в 1846 году впервые в мире была добыта нефть промышленным способом. Первая нефтяная вышка охраняется уже как исторический памятник, и расположена в центре города. 

В Азербайджане впервые в мировом масштабе была добыта нефть из моря – в середине ХХ века с «Нефтяных камней». Азербайджанские нефтяники своей самоотверженностью, профессионализмом завоевали в обществе очень большое уважение. Профессия нефтяника очень уважаемая в Азербайджане. В достижении всех этих наших успехов есть очень большая заслуга, большой труд, большая доля азербайджанских нефтяников.

Азербайджан создал очень успешный, опирающийся на взаимные интересы, формат сотрудничества с ведущими зарубежными нефтяными, энергетическими компаниями. В результате реализации этого проекта большую прибыль получили и зарубежные партнеры. Это один из тех случаев когда выигрывают обе стороны.

«Контракт века» позволил направить доходы, получаемые от нефти, в ненефтяной сектор. В этой сфере Азербайджан, в отличие от многих нефтедобывающих стран, смог превратить нефть в человеческий капитал. Потому что нефть может принести как пользу, так и проблемы, головную боль. В мире и в предыдущие периоды, и ныне идет борьба за нефть, возникают конфликты, проливается кровь. Добыча нефти еще не означает, что страны будут процветать, там будет развитие. Картина, наблюдаемая сегодня во многих богатых нефтью странах, говорит об обратном. Поэтому основная задача заключалась в том, чтобы превратить нефтяные доходы в человеческий капитал, и чтобы каждый гражданин Азербайджана видел это позитивное изменение.

Сегодня Азербайджан имеет благоустроенные регионы, развивающую страну, город Баку – один из прекрасных городов мира, - построены свыше 3 тысяч школ, более 600 больниц, более 50 олимпийских центров в регионах, проложены более 11 тысяч километров дорог, энергетическая инфраструктура, экономическое развитие, диверсификация экономики - и в основе все этого лежат возможности эффективного использования доходов, полученных от нефти.

За эти годы из Государственного нефтяного фонда выделили крупные средства для улучшения уровня жизни вынужденных переселенцев и обеспечили 250 тысяч переселенцев прекрасными домами и квартирами примерно в 100 новых поселках. Этот процесс продолжается. Полученные от нефти доходы в очень прозрачной форме хранятся в Государственном нефтяном фонде. Данные о его деятельности, доходах, расходах регулярно доводятся до общественности. Расходы Государственного нефтяного фонда возможны лишь после утверждения парламента. При утверждении бюджета страны, по предложению правительства, Милли Меджлис определяется объем трансферта. То есть максимальная прозрачность позволила эффективно использовать эти возможности. Сегодня Азербайджан относится к тем странам, которые достойны очень высокой международной оценки за прозрачность.

«Контракт века» - одна из исключительных заслуг великого лидера Гейдара Алиева перед азербайджанским народом. Сегодня весь азербайджанский народ видит в своей жизни прекрасные результаты этого контракта. 20 сентября 1994 года во дворце «Гюлистан» в тот исторический день великий лидер Гейдар Алиев в своем выступлении отметил значение контракта. Он подчеркнул, что этот контракт принесет очень большую пользу, выгоду. Спустя 23 года страна видит наглядное доказательство этого. Спустя 23 года в величественном, в одном из самых прекрасных в мировом масштабе архитектурных памятников - Центре Гейдара Алиева, носящем имя великого лидера Азербайджанского народа, прошла  церемония подписания по месторождению «Азери-Чыраг-Гюнешли». Это также свидетельствует о том, что сегодня в Азербайджане политика Гейдара Алиева живет и будет жить. 

Хонданд 627

Озарбойҷон - кишвари оташ

Сен 23, 2017
Хонданд: 1203

Ҷумҳурии Озарбойҷон дар қисми шарқии Қафқоз ҷойгир аст. Масоҳати он 86,600 километри квадратиро ташкил медиҳад. Аҳолиаш 9 миллиону 564 ҳазору 400 нафар аст (мувофиқи маълумоти расмии интишордодаи Вазорати фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 01.10.2014). Озарбойҷон мувофики ду нишондоди боло калонтарин ва сераҳолитарин давлати минтақаи Қафқоз мебошад. Аз ҷиҳати миқдори аҳолӣ ва масоҳаташ Озарбойҷон дар ҷаҳон мутаносибан ҷойҳои 91 ва 112-умро ишғол менамояд.

Вожаи Озарбойҷон, ба ақидаи муаррихон, маънои «кишвари оташ»-ро ифода мекунад. Ин ибора ба номи ин кишвар тавъам аст, зеро Озарбойҷон аз ҷиҳати захираву коркарди нефту газ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ногуфта намонад, ки дар замони Ҷанги бузурги ватанӣ (солҳои 1941-1945) зиёда аз 90 дарсади нефту маводи сӯхти СССР аз Озарбойҷон таъмин карда мешуд. Дар он замон ба таври густурда дар дигар паҳнои СССР ба мисли Озарбойҷон конҳои нефту газ кашфу коркард ё истифодабарӣ нашуда буданд. Адолф Гитлер аз ин мавқеи калидии Озарбойҷон дар масъалаи истихроҷу истеҳсоли нефту газ бехабар набуд. Аз ин ҷиҳат бо супориши Гитлер фармондеҳони немис якчанд бор амалиёти ишғол кардани Озарбойҷонро тарҳрезӣ карда, амалӣ намуданӣ буданд, аммо нақшаи ишғоли Озарбойҷон аз ҷониби онҳо ноком монд.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар солҳои пешин нефтро бо сатил дастӣ аз чоҳҳои нефт (кон) берун меоварданд ва истихроҷи он чандон зиёд набуд. Соли 1872 дар мавзеи наздик ба шаҳри Боку аввалин бор дар таърихи Озарбойҷон истихроҷи нефт ба тариқи саноатӣ ба роҳ монда шуд. Истихроҷи нефт аз 26 ҳазор тоннаи соли 1872 дар соли 1901 ба 11 миллион тонна расонида шуд, ки дар он вақт ин нишондод 50 дар сади истихроҷи нефти ҷаҳонро ташкил медод.
Озарбойҷонро аз тарафи Шарқ баҳри Хазар иҳота кардааст. Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Федератсияи Русия, Гурҷистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Арманистон сарҳади хушкигард дорад. Ҷумҳурии мухтори Нахҷувон-экслави Озарбойҷон дар шимолу шарқ бо Арманистон, дар ҷанубу ғарб бо Эрон ва дар шимолу ғарб бо Туркия ҳамсарҳард мебошад. Ҳамзамон аз Озарбойҷон тавассути киштиҳо тариқи баҳри Хазар ба давлатҳои Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Эрон рафтан имкон дорад.
Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон парчами давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон, нишони давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва суруди давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон аз се ранги бараш баробари кабуд, сурх ва сабз иборат буда, дар мобайнаш акси ҳилоли сафед бо ҳашт ситора тасвир ёфтааст. Гуфтан бамаврид аст, ки ҳанӯз дар соли 1918 ин намунаи парчам аз ҷониби Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон қабул шуда буд. Бо барҳам додани Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон аз тарафи армияи сурх дар санаи 28-уми апрели соли 1920 ин намунаи парчам ба намунаи сурхи даврони шӯравӣ мубаддал гардонида шуд. Аммо дар соли 1990 ин намунаи парчами серанга аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистӣ-мухтори Нахҷувон нахуст дуюмбора дар қаламрави ин ҷумҳурии мухтор барқарор шуд ва баъдан (соли 1991) бо пешниҳоди Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистӣ-мухтори Нахҷувон ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон он дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Озарбойҷон мавриди эътибору эътироф қабул гардид. Маврид ба зикр аст, ки дар он замон роҳбарии Шӯрои Олии Ҷумҳурии мухтори Нахҷувонро Ҳайдар Алиев - падари президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бар дӯш дошт. Бо саъйу талоши Ҳайдар Алиев намунаи аввалини парчами Озарбойҷон барқарор гардид.
1-уми сентябри соли 2010 дар шаҳри Боку - пойтахти Озарбойҷон маросими кушодашавии «Майдони парчами давлатӣ» аз ҷониби президенти кишвар Илҳом Алиев оғоз гардид. Баландии флагшток 162 метрро ташкил дода, дар он замон ҳамчун баландтарин флагшток дар ҷаҳон ба «Китобҳои рекорди Гиннес» дохил гардид. Ин флагшток то моҳи майи соли 2011 (дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон) флагштоки 165 метра сохтанд) баландтарин флагштоки рӯи замин ба ҳисоб меёфт. Флагштоки Душанбе низ баъди дар Арабистони Саудӣ сохтани флагштоки 170-метра мавқеашро ҳамчун флагштоки баландтарин аз даст дод.
Матни гимн ба қалами Аҳмад Ҷавод тааллуқ дошта ва оҳангсози он бастакори номии озарбойҷонӣ Вазир Гаҷибеков мебошад. Бояд гуфт, ки гимни ҳозираи Озарбойҷон низ дар замони пойбарҷо будани Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон қабул шуда буд. Аммо бо барҳам додани Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон аз тарафи армияи советӣ ин гимн бекор карда шуд. Аммо баъди истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли 1991 ин гимн бо оҳангаш такроран барқарор карда шуд.
Дар маркази нишони давлатии Озарбойҷон акси оташ тасвир ёфтааст, ки он мафҳуми «Кишвари оташ»-ро ифода мекунад. Рангҳое, ки дар нишон тасвир ёфтааст, дар Парчами давлатии Озарбойҷон истифода шудааст. Дар нишон ҳамчунин ситора, хӯшаи гандум ва баргҳои дарахти булут тасвир ёфтааст, ки ситора ҳашт решаи мардуми турк, хӯшаи гандум бойгарии давлат ва баргҳои дарахти булут куҳану бостонӣ будани давлати Озарбойҷонро ифода мекунад.
Озарбойҷон аз ҷиҳати маъмурӣ ба 66 ноҳия, 11 шаҳри тобеи ҷумҳурӣ ва Ҷумҳурии мухтори Нахҷувон тақсим мешавад. Як қисми ҳудуди Озарбойҷон аз ҷониби Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи куҳӣ ва Арманистон ғасб шуда, идора карда мешавад, ки он 20 фоизи ҳудуди ин давлатро ташкил медиҳад.
Пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шаҳри Боку мебошад. Забони давлатӣ забони озарбойҷонӣ аст. Воҳиди пули миллиаш манати озарбойҷонӣ мебошад.
Шаҳри Боку дар нимҷазираи Апшерон - соҳили баҳри Хазар ҷойгир шудааст. Пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку калонтарин маркази саноатӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии минтақаи Қафқоз буда, ҳамчунин он калонтарин бандар дар баҳри Хазар ва бузургтарин шаҳр дар минтақаи қафқоз мебошад. Аҳолии шаҳри Боку дар айни ҳол 2,5 миллион нафар мебошад. Боку шаҳри ҷавон набуда, яке аз куҳантарин ва калонтарин шаҳрҳои Шарқ мебошад. Ба ақидаи муаррихон, як маънии вожаи Боку аз забони форсӣ маънои «Боди куҳ», дигараш бошад, «Шаҳри Худо»-ро ифода мекунад. Рушду тараққиёти саноати нефт барои тараққиёту васеъ гардидани шаҳри Боку заминаи мусоид гузоштааст. Шаҳри Бокуро бинову иншоот, мақбараву осорхонаҳои бо тарҳи меъмории шарқӣ, аврупоӣ, советӣ ва муосир бунёшуда зебу зиннат медиҳанд. Дар пойтахти Озарбойҷон бисёр бинову мақбара, қалъаву қаср, масҷиду калисо, ки дар замони кадим сохта шуда буданд, то ҳол ҳифз шудаанду аз тарафи давлат нигоҳдорӣ мешаванд. Вале, мутаассифона, дар ин авохир баъзе бинову иншооти дар замони шӯравӣ бунёдкарда дар марказ ва бархе нуқоти дигар маҳалли шаҳр тахриб гардида, ба ҷои он бинову иншооти ҳозиразамон бардоштаанд. Бинову иншоотро бо тарҳи ҳозиразамон сохтан албатта хубу шоистаи таҳсин аст. Вале хуб мешуд, ки шаҳрдори Боку ва масъулони шаҳр қисмати таърихии шаҳрро вайрон накарда, агар бинову иншооти ҳозиразамон бунёд кардан мехоҳанд, дар қисмати дигари шаҳр дар мавзеи холӣ бинову иншоот сохта, шаҳри Бокуи навро асос мегузоштанд ва шаҳри Бокуи қадимаро барои насли имрӯзу оянда ба мерос мегузоштанд. Чунин шаҳрҳо бо қисматҳои куҳнаву нав дар аксар давлатҳои ҷаҳон ҳастанд, ба монади Деҳлии нав - Деҳлии куҳна (Ҳиндустон), Алмаатои нав - Алмаатои куҳна (Қазоқистон), Берлини нав - Берлини куҳна (Германия) ва монанди ин.
Озарбойҷон давлати дунявӣ, ягона ва шакли идоракуниаш президентӣ мебошад. Озарбойҷони имрӯза баъди пош хӯрдани давлати СССР ташкил ёфтааст. Аввалин президенти Озарбойҷон узви Ҳизби коммунисти Озарбойҷон ва ҳамзамон Котиби якуми Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон Аяз Муталибов дар парламенти ин кишвар интихоб шуда буд. Баъдан ӯро дар моҳи июни соли 1992 Абулфаз Элчибай (Алиев), раиси Фронти халқии Озарбойҷон иваз кард, ки ӯ дуюмин президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шумор меояд. Сеюмин президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон тариқи интихоботи умумихалқӣ дар соли 1993 собиқ раиси КГБ-и ҶШС Озарбойҷон, котиби якуми Партияи коммунистии ҶШС Озарбойҷон, муовини якуми раиси Шӯрои Вазирони СССР, раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии автономии Нахҷувон ва раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев якдилона интихоб карда шуд. Бо зимоми қудратро ба даст гирифтан Ҳайдар Алиев ихтилофоти дохилии Озарбойҷонро бартараф карда, кишвари Озарбойҷонро ба давлати тараққикардаву пешрафта табдил дод. Ҳайдар Алиев то соли 2003 президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон буд. Баъди вафоти Ҳайдар Алиев дар соли 2003 ҷойи ӯро писараш Илҳом Алиев тавассути интихобот ишғол намуд. Айни ҳол президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мебошад, ки мавсуф чорумин президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон маҳсуб меёбад.
Озарбойҷон давлати сермиллат ва сердин буда, аксарияти сокинонаш пайрави дини ислом, ҳамчунин як қисми кӯчаки аҳолиаш пайрави дини насронӣ ва яҳудӣ мебошанд. Дар Озарбойҷон аксарияти аҳолиро озарбойҷониҳо ташкил дода, ҳамчунин дар ин давлат халқу миллатҳои русу лезгин, талишу тотҳо, авару арман, турку тотор, курду украин, гурҷиву яҳудӣ ва ғайра зиндагӣ мекунанд.
Озарбойҷон давлати аграрӣ-индустралӣ буда, иқтисодиёташ дар ҳоли рушд мебошад. Ин ҷумҳурӣ соҳибистиқолии хешро бори аввал 28-уми майи соли 1918 ба даст овардааст. Ҷумҳурии демократии Озарбойҷонро, ки дар соли 1918 соҳибистиқлолии худро эълон намуда буд, муаррихон аввалин давлати дунявӣ дар ҷаҳони ислом мехонанд.
Дар Озарбойҷон расман ид ва санаҳои таърихии зерин ҷашн гирифта мешаванд:
1-уми январ - Соли нав, 20-уми январ - Январи сиёҳ, 26-уми феврал - генотсиди Хоҷалӣ, 8-уми март - Рӯзи байналмилалии занон, 20-24-уми март - Наврӯз, 31-уми март - Рӯзи генотсиди озарбойҷониҳо, 9-уми май - Рӯзи Ғалаба, 28-уми май - Рӯзи Ҷумҳурӣ, 15-уми июн - Рӯзи наҷоти миллӣ, 26-уми июн - Рӯзи қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, 18-уми октябр - Рӯзи Истиқлолият, 9-уми ноябр - Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон, 12-уми ноябр - Рӯзи Конститутсия, 31-уми декабр - Рӯзи ягонагии озарбойҷониҳои тамоми ҷаҳон. Бар иловаи ин, дар ҷумҳурӣ ҳар сол дар мавридаш идҳои динии Рамазон ва Қурбон қайд карда мешавад.
Дар соли 1991Ҷумҳурии Озарбойҷон расман аз давлати СССР ҷудо шуда, санаи 18-уми октябр истиқлолият ба даст овардааст. Ин сана дар Озарбойҷон расман ҳамчун ид ҷашн гирифта мешавад, аммо имрӯз рӯзи истироҳат набуда, балки рӯзи корӣ аст. Назар ба ин санаи боло дар Озарбойҷон санаи 28-уми май - Рӯзи Ҷумҳурӣ бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Ин аз он сабаб аст, ки санаи 28-уми май Шӯрои миллии муваққатии мусулмонони Қафқоз (Шӯрои миллии Озарбойҷон) аввалин бор дар таърихи ин кишвар соҳибистиқлолӣ ва ташкил шудани Ҷумҳурии демократии Озарбойҷонро дар ҷаҳон эълон медорад. Дар он вақт ин ҷумҳурӣ бо Гурҷистону Арманистон ба ҳайати Федератсияи Закавказя дохил мешуд. 28-уми майи соли 1918 дар шаҳри Тифлис (Гурҷистон) ҳангоми барҳам додани ин федератсия Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва ҷудогона дар рӯи харитаи ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд. Аз ин сабаб барои халқу давлати Озарбойҷон ин сана - 28-уми май ҳамчун санаи муҳиму сарнавиштсоз эътироф шуда, он ҳамасола дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад ва ин рӯз аз тарафи давлати Озарбойҷон расман рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Мутаассифона, ин давлати навини Озарбойҷон умри чандон тӯлоние надид. Бо ворид шудани армияи сурх ба қаламрави Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон дар таърихи 28-уми апрели соли соли 1920 ин давлати мустақил соҳибистиқлолии худро аз даст дод. Дар заминаи Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон - Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон ташкил дода шуд.
Ҳаҷми ММД мувофиқи қобилияти харидорӣ дар соли 2012-ум 98,776 миллиард доллари ИМА-ро (10,624 доллари ИМА ба ҳар сари аҳолӣ) ташкил дод.
Асоси иқтисодиёти Озарбойҷонро истихроҷу коркард ва истеҳсоли нефту газ ва маводи сӯхт ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар Озарбойҷон истеҳсоли таҷҳизот барои истихроҷи нефт, ашёи хом барои истеҳсоли оҳан, семент, саноати химияву нассоҷӣ, маҳсулоти хоҷагии кишлоқ, аз ҷумла парваришу истеҳсоли сабзавоту мева, ғалла, биринҷ, чой, пахта, ангур, тамоку, чорвои шохдори калону майда тараққӣ кардааст. Озарбойҷон ба хориҷи кишвар асосан нефт ва газ содирот менамояд, ки он 90 дар сади маҷмуи содироти кишварро дар бар мегирад. Ҳамчунин ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар маҳсулоти хӯрокворӣ, меваву сабзавот, пахта, таҷҳизот ва ғайраро содирот менамояд. Дар навбати худ Озарбойҷон аз хориҷи кишвар техникаву таҷҳизот, озуқа, маводи кимёвӣ ва филизот воридот менамояд.
Озарбойҷонро ба 10 ноҳияи калони иқтисодӣ ҷудо кардан мумкин аст. Бо инкишофу рушд ёфтани иқтисод ва ба буҷет сарозер шудани он давлати Озарбойҷон муваффақ бар он шуд, ки сатҳи камбизоатии аҳолиашро аз 45 дар сади соли 2003 ба 6 дар сад расонад.
Туризм дар Озарбойҷон рушд кардааст. Масалан дар тамоми соли 2015 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 400 ҳазор турист ташриф оварда буд. Дар Озарбойҷон бошад, ҳамасола зиёда 1,5 миллион турист ташриф меоранд. Ин аз он сабаб аст, ки кишвари Озарбойҷон дар миёни Аврупову Осиё ҷойгир аст.
Аз 11 минтақаи фазои мавҷудаи ҷаҳон 9-тои он дар ин кишвар ҷойгиранд, ки гуногун буда ва аз субтропикӣ то боғҳои баландкуҳи Алпро дар бар мегиранд. Ҳамаи ин туристони зиёдеро ба ин кишвар - Озарбойҷон ҷалб мекунад. Барои туристон инфраструктура ва хизматрасонии дар сатҳи заруриву баланд аз ҷониби давлати Озарбойҷон дар симои Вазорати фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳайё карда шудааст. Туристон асосан ба маконҳои таърихиву чойҳои дидании Боку, Шемахи, Исмаилов, Шеки, Губа, Набран, Худат, Хачмаз, Ленкоран, Астара ташриф меоранд. Дар Озарбойҷон ҳамчунин туризми куҳӣ рушд кардааст. Барои туризми куҳӣ дар ноҳияи Габалин ҳамаи шароитҳои зарурӣ барои куҳнавардон, аз ҷумла силсиламеҳмонхонаҳои панҷситорадор бунёд карда шудааст. Ҳамчунин аз соли 2011 дар нишебиҳои куҳҳои Шахдаг, ки дар ноҳияи Кусар дохил мешавад, Маҷмааи ҳозиразамони куҳнавардӣ, дараҷаи байналмилалӣ ба истифода дода шуд. Дар Озарбойҷон инчунин туризми табобатӣ тавсеъа ёфтааст, ки туристон барои табобат ба обҳои гарми шифобахши Массалах, Ганҷа ва Нафталан меоянд.
Ҳамчунин, гуфтан бамаврид аст, ки дар тамоми Озарбойҷон зиёда аз 130 осорхонаҳои гуногун амал мекунанд, ки ҳамарӯза шумораи зиёди туристони дохиливу хориҷӣ аз он дидан мекунанд.
Дар айни ҳол Ҷумҳурии Озарбойҷон бо давлатҳои зиёди ҷаҳон муносибати дипломатӣ барқарор карда, ҳамкорӣ менамояд. Озарбойҷон аъзои СММ, Ҳаракати адами тааҳҳуд, ИДМ, САҲА, НАТО барои сулҳ, Созмони Конфронси Исломӣ, СЕАП, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки Осиёгии Инфрасохтори сармоягузорӣ , Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Шӯрои Аврупо, ДОВСЕ, ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ ва як қатор созмонҳои дигар мебошад.
Аз замони истиқлолият ба даст овардан дар соли 1991 то ин ҷониб Ҷумҳурии Озарбойҷон бо зиёда аз 150 давлати ҷаҳон робитаи димломатӣ барқарор карда, муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, илмӣ, гуманитарӣ ва амсоли онҳоро тавсеъа медиҳад. Озарбойҷон ба муносибатҳои дуҷониба бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон афзалият дода, ҳамин аст, ки дари сафоратҳои худро дар давлатҳои зиёди ҷаҳон, аз қабили Австралия, Австрия, Аргентина, Белорусия, Белгия, Булғористон, Босния ва Ҳерсеговина, Британияи Кабир, Бразилия, Гурҷистон, Олмон, Юнон, Венгрия, Ветнам, Миср, Эрон, Иордания, Ҳиндустон, Индонезия, Испания, Италия, Канада, Колумбия, Куба, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Чин, Корея, Кувайт, Латвия, Либия, Ливан, Литва, Малайзия, Мексика, Молдовия, Марокко, Нидерландия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Полша, Руминия, Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Арабистони Саудӣ, Сербия, Словакия, Словения, Сурия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Украина, Уругвай, Ӯзбекистон, Франсия, Хорватия, Черногория, Чехия, Шведсия, Швейтсария, Эстония, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ ва Япония боз кардааст, ки ҷамулҷамъ ҳамаи он 65-то мешавад.
Дар баробари ин давлатҳои зиёди ҷаҳон сафоратҳои худро дар шаҳри Боку - пойтахти Озарбойҷон кушодаанд, ки онҳо ин давлатҳо мебошанд:
Австрия, Белорусия, Белгия, Бразилия, Болгария, Британияи Кабир, Гурҷистон, Олмон, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Индонезия, Эрон, Ироқ, Исроил, Италия, Иордания, Қазоқистон, Қатар, Чин, Корея, Кувайт, Латвия, Либия, Литва, Молдовия, Марокко, Аморати Муттаҳидаи Араб, Нидерландия, Норвегия, Покистон, Фаластин, Полша, Руминия, Русия, Арабистони Саудӣ, Сербия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Украина, Ӯзбекистон, Франсия, Чехия, Швейтсария ва Япония. Ҳамаи онҳо дар ҷамъ 47 сафорат мешавад.
Дар шаҳри Боку ҳамчунин консулгариҳои давлатҳои Бангладеш, Венгрия, Дания, Қирғизистон, Молдовия, Нидерландия, Португалия, Словения, Тайланд, Финландия ва Шведсия амал мекунанд.
Бояд гуфт, ки шарикони асосии ҳамкори Озарбойҷон давлатҳои Италия, Русия, Германия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Туркия, Исроил ва ғайра мебошанд.
Мардумони тоҷику озарбойҷонӣ аз қарнҳо бо ҳам робитаҳои дӯстӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ доштанд. Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 29-уми майи соли 1992 бо ҳам робитаи дипломатӣ барқарор карданд. Озарбойҷон нахуст шуда дар санаи 22-юми сентябри соли 2007 Сафорати худро дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон кушод. Дар навбати худ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 23-юми марти соли 2008 дари Сафорати худро дар пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку боз кард. Нахустин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мегаррам Алиев буд, ки аз соли 2007 то соли 2011 дар ин мақом кор кард. Аз 1-уми марти соли 2012 Аббасалӣ Карам огли Гасанов ба ҳайси Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кард, ки дуюмин сафири ин кишвар дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Аввалин Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Зокир Вазиров аз ҷониби Президенти Тоҷикистон таъин шуд. Мутаассифона, дар санаи 3-юми сентябри соли 2012 қалби сафири нахустини Тоҷикистон аз тапидан монд. Санаи 4-уми сентябри соли 2013 Саидов Зоҳир Озодович Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Точикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон таъин шуд, ки ӯ низ дуюмин сафири Тоҷикистон дар кишвари оташ маҳсуб мешавад.
Ба ҳамкориҳои нав байни ду давлату миллат роҳбарони ҳар ду давлат такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар санаи 15-16-уми марти соли 2007 Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 13-14-уми августи соли 2007 бо сафари расмии ҷавобӣ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон боздид ба амал овард. Пас аз гузашти якчанд сол президентони ҳарду кишвар такроран ба кишварҳои якдигар ташриф оварданд. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар чандин чорабиниҳои муҳими минтақавиву байналмилалӣ, ки дар ин ё он кишвар мегузарад, вохӯрда, барои густаришу пешрафти ҳамкориҳои ду давлат саҳми чашмрас мегузоранд.
Бузургон мегӯянд, ки «Фарҳанг ҳастии миллат аст», ки бемуҳобо рост аст. Дар ин баробар Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон гузаронида шуд. Ҳунармандону сарояндагон, мутрибон ва аҳли ҳунари ду давлат бо ҳунарнамоӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Боку дили тамошобинони тоҷику озариро тасхир карданд.
Дар Тоҷикистон ному насаби фарзандони барӯманди халқи озар ба монанди Муҳаммад Физулӣ (шоир), Ҳайдар Алиев (лидери умумимиллии Озарбойҷон), Мирзо Довуд Гусейнов (сиёсатмадор), Ахмедов Алӣ Алиевич (сиёсатмадор), Мамед Расулзаде (Асосгузори Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон), Рашид Бейбутов (сароянда), Лютфи Заде (математик), Бюлбюл Рза огли (сароянда), Абдул Муслим Магомаев (сароянда), Мустафа Топчибашев (хирург), Ази Асланов (фармондеҳи ҳарбӣ), Карим Каримов (олим), Қара Қараев (педагог), Гаджи Тагиев (асосгузори саноати нефти Озарбойҷон), Вазир Гаджибеков (композитор), Тофик Бахрамов (футболбоз), Ирада Зейналова (журналист) ва ғайра ношинос нест ва аксари мардуми тоҷик онҳоро мешиносанд.
Артисти мардуми СССР ва фарзанди барӯманди озарбойҷонӣ - сароянда Муслим Магомаев ба муаррифӣ ниёз надорад. Ӯро на танҳо дар Тоҷикистон ё дар паҳнои собиқ давлати СССР, балки дар ҷаҳон мешиносанд. Гуфтан бамаврид аст, ки Муслим Магомаев бо аҳли ҳунари Тоҷикистон робитаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дошт. Суруде бо овози марғуладори ин хунёгар дар филми истеҳсоли «Тоҷикфилм» - «Рояли сафед» танин меандозад, ки бо хоҳиши офарандагони филм Муслим Магомаев онро махсус сабт карда буд. Муслим Магомаев чандон умри тӯлонӣ надид, дар шаҳри Маскав чашм аз олам пӯшид, вале бо ибтикору тараддуди зиёиёни озарӣ ва дар мувофиқа бо ҳамсараш ҷасади ӯро ба Боку оварданд ва дар шафати қабри бобояш ба хок супурданд.
Дар айни ҳол байни ду кишвар зиёда аз 30 созишномаи давлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба тасвиб расидааст. Аз нигоҳи ман, дар баробари дигар созишномаҳои дар масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, илм ва маориф ва ғайра ба тасвиб расида, яке аз созишномаҳои муҳими дигари ба тасвиб расида ин созишнома дар бораи бе раводид сафар кардан ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар ҳам барои мардуми тоҷик ва ҳам озарбойҷонӣ мебошад, ки шаҳрвандони ҳарду кишвар бе ягон мушкилот озод метавонанд аз Озарбойҷон ё Тоҷикистон боздид ба амал оранд. Ҳамчунин барои боз ҳам наздику дӯст ва шинос кардани мардумони ду кишвар бо якдигар бо супориши роҳбарони ҳарду давлат ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Озарбойҷон мустақим хатсайри ҳавоии Душанбе-Боку ва Боку-Душанбе кушоданд. Ин хатсайр муддате фаъолият намуд, аммо мутаассифона баъди чанде мутаваққиф гардид. Хушбахтона хушхабар расид, ки дар ояндаи наздик хатсайри ҳавоии Душанбе-Боку ва Боку-Душанбе аз нав ба фаъолият шуруъ мекунад. Дар назар аст, ки аз тарафи Тоҷикистон Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон - ҶСК «Тоҷик Эйр» ва аз тарафи Озарбойҷон Ширкати миллии ҳавопаймоии Озарбойҷон - ҶСП «Azərbaycan Hava Yolları» дар хатсайри Душанбе-Боку ва Боку-Душанбе парвоз анҷом медиҳанд. Мо умедворем, ки бо дубора боз шудани ин хатсайри ҳавоӣ миёни ҳар ду давлат ва миёни мардумони ду кишвар дӯстиву якдигаршиносӣ, робитаву ҳамкорӣ ва муносибатҳои дипломатӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтсодӣ, илмӣ ва амсоли он боз ҳам аз қабл дида, рушд ёфта, ба зинаҳои баланд мерасад.
Бо фароварди сухан ба сокинони ҳарду кишвари бародар - Тоҷикистону Озарбойҷон тандурустӣ, сарбаландӣ, саодатмандӣ ва шукуфоиву пешрафтҳои пайвастаро самимона таманно дорам!

Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ

Хонданд 1203

«Поксозии қавмӣ»

Сен 23, 2017
Хонданд: 833

СММ қатли мусулмонҳоро дар Мянмар бо ҳамин ибора ном гирифт

Генотсиди мусулмонон дар Мянмар новобаста аз вокунишу митингҳои умумибашарӣ ва ақидаҳои беохир давом дорад. Низоъ дар Мянмар аз мавзуҳои пурбаҳстарин дар ВАО ва интернет аст. Пурсиш дар мавриди низои Мянмар дар сомонаи ҷустуҷӯйии “Яндекс” ҷойи панҷумро мегирад. Вокуниши созмонҳои умумибашарӣ ва чеҳраҳои шинохтаи олам дар маводи мо инъикос ёфтаанд.

СММ амалиёт бар зидди Роҳинҷаро “Поксозии қавмӣ” номид
- Амалиёти ҳарбии ҳукумати Мянмар бар зидди мусалмонони Роҳинҷа намунаи классикии поксозии қавмӣ аст,- гуфт комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Зейд Рад ал Ҳусейн. “Азбаски ҳукумати Мянмар барои гузаронидани тафтиши нақзи ҳуқуқи башар имконият намедиҳад, пурра баҳогузорӣ кардани вазъ номумкин аст. Аммо он амалиёт монанди поксозии классикии қавмӣ аст”,- гуфт ӯ дар кушодашавии ҷаласаи 36-уми Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон.
Ӯ аз ҳукумати Мянмар хоҳиш кард, ки барои таҳлили вазъ ба намояндагони СММ имконият дода шавад ва аз намоиши дигаргунаи ҳаводис даст кашанд. “Ҳукумати Мянмар ҳаводисро чунон нишон медиҳанд, ки гӯё аҳли Роҳинҷа хонаҳои худашонро месӯзонанд. Ин пурра маҳкум кардани ҳақиқат буда, ба обрӯйи давлат дар сатҳи байналмилалӣ латма мезанад”,- иброз дошт Ҳусейн.
- Ман аз ҳукумати кишвар даъват мекунам, ки ба амалиёти ҳарбӣ хотима бахшида, гунаҳкорони поймол гаштани ҳуқуқи мусулмонони Роҳинҷа ҷазо дода шаванд,- илова кард комиссар.

Иттиҳоди Аврупо: Умедворем, ки гунаҳкорон муҷозот мешаванд
- Иттиҳоди Аврупо ҳамеша пайгири ҳолати даҳшатбор дар Роҳинҷаи Мянмар аст,- эълон дошт намояндаи Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ, сиёсат ва амният Федерика Могерини.
"Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки ҳукумати Мянмар ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро барои ҳалли муътадили масъала барои сулҳу субот ва шукуфоӣ, ба манфиати тамоми аҳолӣ дастгирӣ намояд",- гуфта мешавад дар изҳороти дипломатии Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел.
Федерика Могерини амалиёти ҳукумати Мянмарро маҳкум кард ва гуфт: «Мо, Иттиҳоди Аврупо, ҳамлаи неруҳои амниятии Мянмарро 25-уми август ба Роҳинҷа маҳкум мекунем ва умедворем, ки гунаҳкорони хушунат дар асоси қонун муҷозот мешаванд”. Ба гуфтаи ӯ, паст кардани шиддати ҷонибҳо ва ҳимояи ҳуқуқи инсон бисёр зарур аст, зеро: “Дастрасии бемонеаи кӯмаки башардӯстона, аз ҷумла барои кормандони созмонҳои башардӯстона барои расидан ба мардуми воқеан муҳтоҷи ёрӣ бисёр зарур аст”.

Эрдуғон: Воқеаҳои Роҳинҷа генотсид аст
Дар баробари созмонҳои умумибашарӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон як қатор сиёсатмадорон ва роҳбарони кишварҳо вобаста ба воқеаҳои даҳшатноки Мянмар изҳори андеша карданд.
Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон воқеоти Роҳинҷаро генотсид номид: “Он ҷо генотсид рафта истодааст, аммо ҳама хомӯш. Ҳар касе, ки ба ин амали ваҳшиёна, ки таҳти шиори демократия гузаронида шуда истодааст, бепарвоӣ мекунад, ӯ ҳам қотил аст”.
Роҳбари Ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров бошад, аз набудани вокуниши муносиб аз сиёсатмадорони хориҷӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ ба рӯйдодҳои фоҷиабор дар Мянма, ангушти ҳайрат газида, гуфт:
- Тамоми ҷаҳон “шок” гаштаанд... Вокуниши сиёсатмадорон ва раҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар бораи вазъият дар Мянма бадахлоқии пурраи ҷаҳони муосирро нишон медиҳад. Президентон ва вазирони кишварҳои абарқудрат ба даҳан об гирифта, хомӯшанд. Созмони Милали Муттаҳид бошад, бо пахши изҳорот иктифо мекунад,- дар Instagram-и худ навишта буд Қодиров.
Ӯ ҳатто гуфта буд, ки барои ҳимояи мусулмонон дар Мянмар омода аст бар зидди Русия равад: “Агар Русия ин шайтонҳоро пуштибонӣ кунад, ман зидди мавқеи Русия хоҳам буд. Ман дидгоҳи худ, биниши худро дорам”.

«САМАК»

Хонданд 833

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.