.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷаҳон

Аз таърихи истихроҷи нефт

Сен 02, 2017
Диданд: 741

150 сол пеш касе дар олам фикр ҳам намекард, ки ин моеъи сиёҳи равғанӣ, ки нефт унвон мешавад, ба василае табдил меёбад, ки ҷаҳонхоҳону ҷаҳонгирон бо воситаи он оламро идора хоҳанд кард. Ва соли 1865, вақте ки дар Кубан чашмаи нафт кашф ва истихроҷ шуд, касе гумон намекард, ки аз ҳамин лаҳзаҳо Русия низ ба таърихи мубориза барои ин захираи энержии сайёра ворид шуд. Журналист ва сиёсатшинос Леонид Крутаков як таҳқиқоти пурарзиши таърихиеро роҳандозӣ кардааст, ки ба тақдири нефт дар Русия бахшида шудааст. Маҷмуъи мақолоти вай саранҷом дар китобе бо номи “Нефт: ҷанг ва сулҳ” мураттаб ва чоп мешавад.

Нефт аввалин ва ягона моли ҷаҳонист. Агар ҳамаи молҳои дигар ҳаммонандони худро дошта бошанд, нефт надорад. Ин як колои универсалист. Ҷон Рокфеллер-созандаи аввалин импературии нефтии “Стандарт ойл” дар кораш тибқи ин қоида амал мекард: нефт муҳимтар аз пул аст. 

Иқтисоди имрӯзаи олам куллан бар пояи ҳамин нефт пойдор шудааст, ҳатто механизмҳои сармоягузорӣ, ки низоми бехатариро пуштибонӣ мекунанд, бар пояи арзишҳои нефтӣ пойдоранд. Арзиши нефт дар ягон замоне бо арзиши истихроҷи он муайян нашудааст, аммо омилҳое, ки қобилияти комилан дигаргун кардани онро доранд, берун аз қоидаҳои талабот ва пешниҳод аст. Ҳатто дар минтақаест, ки пешгӯӣ ҳам намешавад. То ба имрӯз ба ягон таҳлилгар муяссар нашудааст, ки болоравӣ ва коҳиши арзиши нефтро дақиқан пешгӯӣ кунад, ҳамеша нархҳо ғайримунтазира болову поён мешаванд.
Арзиши нефт дар ҳама давру замон натиҷаи созиши сиёсӣ будааст. Ин аст, ки таърихи нефт ин таърихи ҷангҳост, табаддулотҳо ва инқилобҳост. Таърихи олами мост. Нефт дар Русия ва барои Русия низ ҳамин нақшро ифо кардаву мекунад.

Аввалин фармоишоти давлатӣ ва монополияи давлатии нефт

Дар китоби савдои Маскав дар солҳои 1575-1610 навиштаҷоте дар бораи арзиши як сатил нефти Боку дида мешавад, ки аз нархи шароб се-чор баробар болост. Ин навишта аввалин санади хаттӣ дар мавриди вуруди нефти нимҷазираҳои Апшерон ба Маскав аст.
Кӯшишҳо дар мавриди пайдо кардани чашмаҳои нефтӣ дар қаламрави Русия зиёд буданд. Ин гуна ҷусторҳо дар Печор, Қавқози Шимолӣ, Сахалин, Сибир, Поволже буданд. Аммо аввалин натиҷа танҳо соли 1721 ба даст омад. Григорий Черепанов Рудознатест дар Ухта нефтро кашф кард ва намунаи онро ба Петербург фиристод.
8 шиша нефти Ухтин муддати се сол ба пойтахти онвақтаи Русия расид. Соли 1723 онро барои таҳқиқи ҳамаҷониба ба Ҳоланд бурданд. Пётри I Черепановро 6 рубл ҷоиза дод ва фармон содир кард, ки корхонаи тавлиди нефтро роҳандозӣ кунад.
Корхонаи Ухтин ҳар сол наздик ба ҳазор пуд нефт тавлид мекард. Соли 1748 корхона аз обхезии баҳорӣ зарар дид ва истихроҷи нефт қатъ шуд.
Таърихи нефт дар Русия чун соҳаи саноати он аз соли 1806 оғоз мешавад. Он сол хонигарии Боку ба Русия пайваст. Ва ҳамон сол чоҳҳои нефтии Апшерон ба ихтиёри шоҳи рус гузаштанд. Он замон аз 117 чоҳ дар нимҷазираи Апшерон солона 150 ҳазор пуд нефт ҳосил мекарданд.
Нефтро дар шакли ибтидоии он истихроҷ менамуданд. Қисмати бештари нефти тавлидмешуда ба Форс ва Туркия бурда мешуд ва он ҷо онро ба ҷойи равғани рустанӣ ва ҳайвонот барои чароғон кардани манзилу кӯчаҳо истифода менамуданд. Ҳангоми сӯхтан нефт дуд мекард ва бӯйи заҳромез аз худ хориҷ менамуд. Дар Русия ва Аврупо он замон барои рӯшан кардани манзилҳо аз шамъи кӯчак истифода мекарднд, аз ин рӯ ниёз ба истифодаи нефт набуд.
Соли 1823 дар Қафқози Шимолӣ аввалин бор дар ҷаҳон як нуқтаи муҳими истеҳсоли нефт ба кор оғоз кард. Деҳқонони оброккор (деҳқони андоздиҳанда) Василий, Герасим ва Макар Дубининҳо аз губернияи Владимир дар наздикии Моздоки ноҳияи авули Акки-Юрт як сатили оҳаниро болои печи хиштӣ гузоштанд, дар сарпӯши он найчаи мисиро пайваст карданд ва онро аз миёни зарфи чӯбии обдор гузарониданд. Аз 40 сатил нефти “сиёҳ” ин дастгоҳ 16 сатил нефти “сафед” ҳосил мекард.
Маҳсулоти Дубининҳо на танҳо дар Моздок, балки дар дигар манотиқи кишвар талабгорони зиёд пайдо кард. Ин дастгоҳ ва ин корхонаи Дубининҳо муддати бист сол фаъол буд. Баъдан ба он куҳистониён ҳамла оварданд ва вайрону валангор карданд.
Бо вуҷуди ихтироҳои бародарон Дубининҳо ва аз ҷониби Игнат Лукасевич ва Ян Зех тавлид шудани лампаҳои керосинӣ ҳамоно соҳаи тавлидоти нефт дар Русия ақибмондатарин дар миёни ҳамаи кишварҳои ҳамсоя буд. Аз он ки Русия як кишвари ақибмонда дар саноат маҳсуб мешуд, талабот ба керосин кам буд ва он ки ин кишвар роҳи баҳрии вуруд ба олами тиҷорати ҷаҳонӣ надошт, наметавонист маҳсулоташро ба хориҷ интиқол диҳад.
Бозори асосии фурӯши керосин он замон Англияи саноатӣ ва Аврупо буд, баъдан кишварҳои Осиёи Шимолӣ. Маҳдудиятҳои қонунии Русия ва мушкилоти вуруд ба бозорҳои ҷаҳонӣ ширкати амрикоии “Стандарт ойл” имкон дод, ки ҳама бозорҳои тиҷорати нефтро дар олам аз худ кунад. Ҳатто дар Русия ҳиссаи керосини амрикоӣ 80 % аз ҳаҷми умумии тиҷорати ин навъи маводи сӯхт буд.

Хусусисозии аввал

Аз 1-уми январи соли 1873 дар Русия қоидаҳои нави ташкили саноати нефткашӣ ба ҳукми иҷро даромаданд. Корхонаҳои давлатии тавлиди нефт ба озмуни тиҷоратӣ гузошта шуданд. Дар натиҷа минотиқи нефтрасони нимҷазираи Апшерон дар масоҳати 500 гектар, ки 552 ҳазор рубли нуқра арзёбӣ шуда буданд, қариб ба 3 миллион рубл фурӯхта шуданд, ки қариб 5 баробар ба арзиши аввал эълоншуда буданд.
Ин аввалин азхудкунии амволи давлатӣ дар Русия буд. Дар натиҷа баъди як сол истихроҷи нефт дар Русия аз 25 то 66 тонна расид. Баъди чор сол ҳиссаи керосини амрикоӣ дар бозорҳои Русия аз 80% то 45% коҳиш ёфт. Ба забони имрӯз муҳайё кардани заминаҳои сармоягузорӣ муҷиби афзоиши истихроҷи нефт гардид. Шумори корхонаҳои тавлидкунандаи нефт аз 49 ба 140 адад расид.
Баъди ин, муддате коҳиши суръати истихроҷ ба қайд гирифта шуд ва ҳиссаи керосини амрикоӣ дар бозорҳои Русия бори дигар каме боло рафт. Аммо ҳукумати шоҳаншоҳӣ дигар намехост аз ниятҳояш гардад. Соли 1876 қонуне ба тасвиб расид, ки тибқи он андози гумрукӣ барои молҳои воридмешуда бо пули тиллоӣ ҳисобӣ мешуд ва дар соли аввал ин тадбир имкон дод, ки арзиши он 48 дарсад афзоиш ёбад. Хулоса, ин тадбирҳо натиҷаҳои аввалини худро доданд. Зарфи панҷ соли баъдӣ истеҳсоли керосин дар Русия 3,5 баробар афзуд ва тавлиди солонаи он ба 190 ҳазор тонна расид. Арзиши фурӯш 4,5 баробар поин рафт. Русия аз воридоти керосин пурра даст кашид ва дар бозори дохилӣ аллакай керсосин зиёд шуда буд.
Ҳамаи шароитҳо барои ба бозори ҷаҳонӣ баровардани керосини русӣ фароҳам омаданд, аммо мушкили ягона ва асосӣ ин набудани роҳи вуруд ба обҳои озод буд.
Русия дар Закавказия, ки оби баҳри Хазар вуруд ба роҳҳои обии байналмилалиро осон мекард, бандари баҳрӣ надошт. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гулугоҳҳои Баҳри Сиёҳ ва резишгоҳи Дунай Туркия ҳоким буд.

РАХНА БА БОЗОРИ АВРУПО

Ҳоким шудани Туркия дар баҳри Сиёҳ натиҷаи ҷанги Қрим дар солҳои 1853-1856 буд, ки Фаронса ва Англия кафили ин кишвар буданд ва аз ҷониби туркҳои усмонӣ дар ҷанг зидди Русия ширкат карданд. Баъди 20 сол вазъ комилан дигаргун шуд. Англия ва қораи Аврупо, ки аз муҳосираи нефтии амрикоӣ ба дод омада буданд, манфиатдори он шуданд, ки Русия аз инҳисори баҳрӣ раҳо карда шавад, то керосини русӣ ба бозори ҷаҳонӣ ворид шавад. Ин гузаштҳо ҳукумати подшоҳиро ҳам водор кард, ки барои ҳузури густардааш дар бозорҳои ҷаҳонӣ даст ба баъзе навовариҳо дар низоми тавлиду истихроҷи нефт дар кишвараш занад. Дар натиҷа соли 1873 ҳамаи монеъаҳо дар роҳи сармоягузории соҳаи нефт лағв карда шуданд. Ба истихроҷи нефт ҳама ҷалб шуданд, дигар дин, эътиқод, забон, миллат ва ҳуввият фарқе надошт.
Ба Боку сармояи хориҷӣ сарозер шуд. Инҳо: бародарон Нобел аз Шветсия, Ротшилдҳо аз Фаронса, бародарон Самуэл аз Англия буданд. Як навоварии русӣ тавонист ояндаи иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳонро муайян кунад.
Соли 1877 ҷанги дуюми Русия ва Туркия оғоз шуд. Аслан ин ёрии Русия ба бародарони булғораш буд, ки барои озодӣ аз юғи туркҳо мубориза мебурд. Ва ғайриинтизори ҳама матбуоти Аврупо ба ҷонибдорӣ аз булғорҳо садо баланд кард, ба назар мерасид ин мушкилро то ин замон касе дарк намекард ва ин Русия буд, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба мушкилоти Булғористон ҷалб намуд. Ва ин дар навбати худ ҷанги масеҳият бо ислом ҳам буд.
Баъди ин ҷанг Русия назорати худро дар резишгоҳи Дунай ба роҳ монд. Фаронса ва Англия муоҳадаи сулҳ миёни Русия ва Туркияро дастгирӣ карданд. Аммо шарт ин буд, ки дар Балкан бояд давлати муқтадири православӣ сохта намешуд. Ин буд, ки на ҳамаи ин давлатҳо аз зери тасарруфи мусалмонон хориҷ карда шуданд, танҳо як қисми Булғористон соҳиби мухторият шуд.
Соли 1878 баъди имзои муоҳадаи сулҳ сохтмони роҳи оҳани Закавказия (Боку-Тифлис-Батумӣ) оғоз шуд, сармоягузори ин тарҳ хонаи бонкии Роштилдҳо шуд ва шарт он буд, ки дар нимҷазираҳои Апшерон барои истихроҷи чашмаҳои нефтӣ имтиёз дода мешуд.
Ротшилдҳо хеле ба зудӣ сармоягузории худ дар соҳаи нефти Русияро афзоиш доданд. Арзиши қарз дар дохили Русия 20%-ро ташкил дод, аммо хонаи бонкии Ротшилдҳо сармоягузории нефтиро бо 6%-и солона имзо кард.
Баъди ифтитоҳи роҳи оҳани Боку-Батумӣ содироти Русия рӯ ба афзоиш овард. Дар соли аввал 25 ҳазор тонна керосин, соли 1890 620 ҳазор тонна (афзоиши 25 каратӣ) истеҳсол ва хориҷ бурда шуд. Наздик ба 70%-и ин содирот ба бозорҳои Аврупо ва боқӣ ба Осиёи Шарқӣ бурда мешуд.
Дар кӯтоҳтарин муддат монополияи «Стандарт Ойл» дар Аврупо шикаста шуд. Ҳиссаи Ротшилдҳо дар содироти Русия то 60%-ро ташкил дод. Аммо ҳиссаи керосини Русия дар ҳаҷми умумии бозори ҷаҳонӣ қариб ба 30% расид. Ва ин танҳо оғози кор буд.

Самараи сармоягузорӣ

Соли 1873 тоҷирони аштархонӣ бародарон Николай ва Дмитрий Артёмовҳо усули нави интиқоли керосинро кашф карданд. Аз ин пештар воситаи ягонаи интиқоли керосин дар дохили Русия бушкаи чӯбии оддӣ буд, содироти он бошад дар банкаҳои герметикӣ сурат мегирифт. Омодасозии банкаҳо ва бушкаҳо, бастабандӣ ва барору фарори онҳо ҳазинаи зиёд мехостанд. Кӯшишҳо барои рехтани керосин дар таҳхонаи киштӣ борҳо нобарор анҷом ёфтааст. Аксар вақт муҷиби сӯхтор, таркиш шуда, сабабгори аз байн рафтани киштиҳо низ шудааст. Керосини таҳхонаи киштӣ онро ба як бомби шинокунанда табдил медод, ки то расидан ба макон ҷони ҳамаро зери хатар мегузошт. Бародарон Артёмовҳо хостанд ин мушкилро бо усули термос ҳал кунанд. Онҳо киштии бодбонии “Александр”-ро ба таври дигар муҷаҳҳаз карданд. Дар он зарфи иловагӣ ҷой доданд ва миёни деворҳо ва баданаи он табақаи ҳавоӣ гузоштанд.
Соли 1873 аввалин бор дар олам киштии моеъкашон (танкер) аз Боку хориҷ шуд ва бо муваффақият ба Аштархон расид. Ин навоварӣ имкон дод, ки киштии “Александр” ба ҷойи 6 бор, 10 маротиба рафтуомад кунад. Бар замми ин харҷи масрафи он назар ба усулҳои пешӣ фоидаовартар буд.
Ин ғояро Людвиг Нобел мавриди пазириш қарор дод ва дар Шветсия киштии пӯлодини нефткашро фармоиш дод. Ва ҳамин тариқ бо аввалин ихтироъҳо ва талошҳои оддиву сабук ва бехатар кардани интиқоли нефт ба бозорҳои олам инсоният тадриҷан усулу шеваҳои тозаро кашф кард.
Соли 1886 Нобел аввалин киштии нефткашони байниуқёнусиро бо номи “Петролеа” сохт. Аммо киштии нефткаши “Свет”, ки тибқи технологияи Василий Кокорев сохта шуда буд, худи ҳамон сол керосини Русияро мустақим аз Батумӣ ба Лондан интиқол дод.
Ҳамин тариқ барои берун бурдани нефти Русия имкониятҳои нав кашф шуданд...

Леонид КРУТАКОВ,

"Совершенно секретно", No.39/368

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Хонданд 741

Чанде қабл ба Тоҷикистон се сайёҳи эронӣ ташриф оварда буданд ва баъди тамошои манзараҳои афсонавии кишвари мо хостанд таассуроташонро иброз намоянд. Сӯҳбати мо бо сайёҳони эронӣ - оғои Мустафо Парвизпур ва бону Раҳо Содиқӣ дар фазои озоду ошкору самимӣ гузашт.

- Бону Раҳо Содиқӣ ва ҷаноби Мустафо Парвизпур, ба Тоҷикистон хуш омадед! Қаблан худатонро барои хонандагони мо муаррифӣ мекардед.
Мустафо ПАРВИЗПУР: - Шаҳрванди Эрон ва сокини шаҳри Теҳрон ҳастам. Алҳол дар Амрико умр ба сар мебарам. Саломи худро ба ҳама дӯстон мерасонам. Чанде қабл бо дӯстонам ба Тоҷиистон сафар кардем. Мардуми Тоҷикистон бисёр меҳрубон ва меҳмондӯстанд. Ман хеле хушҳолам ва орзу мекунам, ки мардуми азизи Эрон ба Тоҷикистон сафар кунанду мардуми азизи Тоҷикистон ба Эрон ташриф оранд. Ман дар ин муддате, ки дар Тоҷикистон будам, бо чандин оилаҳои мардуми Тоҷикистон дӯст шудам. Ҳамаи онҳоро ба Эрон даъват кардем.
Ман худ бисёр кишварҳои бузурги дунёро дидаам. Наздики 90 кишварро сайр кардам. Барои пешрафти ҳар миллат бояд дар кишвар ваҳдати миллӣ ҳукмрон бошад. Боиси хушҳолист, ки дар Тоҷикистон амният хеле пешрафта аст.
Раҳо СОДИҚӢ: - Шаҳрванди Эрон ва сокини шаҳри Теҳронам. Салом ба мардуми тоҷик. Ман бисёр сафар мекунам. Меҳрубонии мардуми тоҷик хеле асаргузор будааст. Хеле шодам аз меҳмонавозии мардуми тоҷик. Мо ориёиҳо чунин ақида дорем, ки «меҳмон азизи Худост». Ман худ ин чизро бо қалбам дарк кардам. Ман дар хиёбонҳо, осорхонаву бозорҳо бо мардуми тоҷик ошно гардида, ҳамсӯҳбат шудам. Чунин хулоса баровардам, ки мардуми тоҷик беҳтарин мардуми рӯи заминанд. Хусусан ба ман либоси миллии занони тоҷик хеле писанд омад, ки чандто аз ин либосҳои миллиро барои худ харидам. Хеле лаззат бурдам аз ин либоси миллии тоҷикона. Барои дӯстони худ низ либоси миллии тоҷиконаро ҳамчун савғо харидам.
Вақте ки дар мусофират будам, барои фарзандон каме дилтанг будам. Ҳар рӯз вақте бо онҳо дар тамос мешудам, мегуфтам, ки «э кош, шуморо ҳам меовардам ба Тоҷикистон». Ман аз Тоҷикистон бо тамоми вуҷудам лаззат бурдам.
- Шумо бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф меоред, ё қабл аз ин ҳам ба кишвари мо сафар доштед?
Раҳо СОДИҚӢ: - Ҳар дафъа ман мехостам ба Тоҷикистон биёям, вале имсол бо мадади дӯстон муяссарам шуд. Ба орзуи чандинсолаи худ расидам. Бори аввал ман ба Тоҷикистон омадам. Воқеан, аз меҳмоннавозиҳо хеле хушҳол шудам. Ман хуб медонистам, ки Тоҷикистону Афғонистон як забони муштараки дарӣ доштанду як фарҳанг доранд. Ифтихори бузург дорам, ки дар се сарзамин мо зиндагӣ мекунему забони муштарики мо форсӣ аст. Гӯиши мо танҳо дар рафти сӯҳбат каме фарқ мекунад, аммо рисолатан аз як фарҳангу мо ҳама як мардум ҳастем.
- Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед?
Раҳо СОДИҚӢ: - Раисҷумҳури Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсони беназир ҳастанд. Дар шаҳри Душанбе будам, Искандаркӯл рафтам, Зарафшону Панҷакент, Мазори Шариф, мақбараи Рӯдакиро дидем. Дар як ҳафта тавонистем ин ҷойҳоро гардем. Ҳар шаб меҳмонхонаи мо иваз мешуд. Як пиразанеро дидам, ҳамроҳ як акс ҳам гирифтем. Мураттаб моро ба хӯрок даъват мекард. Шояд аз назари молӣ дасташон хеле заиф буд. Вале қалбҳои бузург доштанд. Ман ҳар лаҳза эҳсоси ризоятӣ пайдо мекардам. Бори дувум агар ба Тоҷикистон ташриф орам, ҳатман ҳамроҳам фарзандонамро меорам. Манзараҳои зебоеро, ки худ дидам, ба онҳо низ нишон медиҳам.
Президенти кишвари шумо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои осоиштагии мардуми худ хеле заҳмат мекашад. Ман ин чизро дар як ҳафта фаҳмидам. Амнияти Тоҷикистон хеле олист. Мардум бароҳат дар хиёбонҳои пойтахт қадам мезананд. Ин ҳамааш аз ғамхориву заҳматҳои президенти кишваратон мебошад. Вақте ки телвизионро тамошо мекардам, мушоҳида кардам, ки ҷаноби раисҷумҳуратон бо меҳрубонии зиёд бо мардум ду соат сӯҳбат мекард. Ҳатто дар як паёми навбатии худ чунин қайд намуд, ки «дар рӯзҳои иди Қурбон ба дидори ҳамдигар рафта, ба ниёзмандон меҳрубонона, ғамхорона ёрӣ расонед». Ман дар намозҳои худам ин марди бузург ва хонаводаи ӯро дуо кардам. Мардуми тоҷик бояд аз доштани чунин раҳбари ғамхору дилсӯз ифтихор намуда, қадрашро бидонанд.
Чун бо кишвари Тоҷикистон ва мардуми он бисёр унс гирифтам, ҳамсарам имрӯз бо табассум ба ман гуфт, ки «ту дигар тоҷикӣ шудӣ!».
- Дар Тоҷикистон ба шумо бештар чӣ хуш омад?
Раҳо СОДИҚӢ: - Тоҷикистон бисёр кишвари зебост. Дар хиёбонҳои шаҳр вақте ки бо ҳамроҳи ҳамсарам қадам мезадам, аз гулҳои рангоранги зебо лаззат мебурдам. Ба ман китобхонаи шаҳр писанд омад. Ба ҳамсарам гуфтам, ки хеле ҷолиб ин аксҳои шоиру нависандагон. Баъд аз Эрон Тоҷикистон дувум кишвар аст, ки ман худро роҳат ҳис мекунам. Ман зебоии кишвари Тоҷикистонро дӯст доштам.
- Вақтҳои охир мардум бештар сатр мепӯшиданд ва Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки мардум бояд либоси миллии худро ба бар созанд. Назари Шумо оид ба ин масъала чист?
Раҳо СОДИҚӢ: - Ман ин иқдоми неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоям. Бояд ҳар як инсон Худоро дар қалбаш ҷо кунад. Меҳру муҳаббаташро нисбати Худованд бояд бо қалбаш эҳсос кунад. Худоро ҳамеша дар бар ҳис кардан - ин аз бештар будани имони мо шаҳодат медиҳад.
- Кадом ғизоҳои Тоҷикистон ба Шумо писанд омад?
Раҳо СОДИҚӢ: - Ба ман ҳама таомҳои миллии Тоҷикистон писанд омаданд. Хусусан оши палав - таоми миллии Тоҷикистонро дӯст доштам. Бисёртар дар ин ҷо ош мехӯрдам. Инчунин, аз хӯрдани меваҳои бомаззаи Тоҷикистон лаззат мебурдам.
- Ҳамчун сайёҳ ба дигар сайёҳоне, ки нияти сафар ба Тоҷикистонро доранд, чӣ тавсия дода метавонед?
Раҳо СОДИҚӢ: - Ба Эрон равам, ба нафароне, ки ба Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ меоянд, тамошои тамоми Тоҷикистонро тавсия медиҳам. Воқеан, Тоҷикстон кишвари зебо аст. Ҳама дӯстони ман, ки ҳунарманданд, ташриф хоҳанд овард.
- Шумо ба шаҳри Истаравшан сафар доштед. Шаҳри Истаравшанро ҳамагон ҳамчун шаҳри бостониву таърихӣ мешиносанд. Назари Шумо чӣ гуна аст?
Раҳо СОДИҚӢ: - Албатта, хеле писанд омад. Ман ҳама ҷойҳои таърихии ин шаҳрро аз назар гузаронидам. Ҳоло эҳсосоти худамро ба забон овардаву бо вожа гуфта наметавонам. Зодгоҳҳои таърихиро зиёрат кардам. Дар санг мисраҳои шеъри адибони бузургро хондам. Ашъори Рӯдакӣ дар санг навишта шуда буд.
- Истифодаи неъматҳои мавҷуда аз ҷониби мардуми тоҷик дар назаратон чӣ гуна тофт?
Раҳо СОДИҚӢ: - Ман исрофкориро дӯст намедорам. Ҳангоме, ки дар тарабхона хӯрокҳои мо даст накарда мемонд, ман ҳамаи онҳоро гирифта ба зарфҳо ҷой додаву ба ниёзмандон медодам. Барои парвариши як дона биринҷ ё гандум деҳқон чиқадар заҳмат мекашад! Мо бояд меҳнати деҳқонро нодида нагирем. Дар хонаи худам барои парвариши як бодиринг чиқадар заҳмат кашидем бо ҳамроҳи ҳамсарам. Ба ҳамсарам гуфтам, ки «бубин чиқадар барои парвариши ин бодиринг заҳмат мекашем». Алафҳои бегонаашро мечинем. Барои кирм накардану нобуд нашуданаш хеле меҳнат кардем. Аз ҳамагон хоҳиш дорам, ки агар дар хонаҳои худ хӯроки шабмонда дошта бошед, дар як зарф гирифтаву гарм карда, ба ниёзмандон тақсим кунед. Аз кори нек савоб мегиреду ҳам исрофкорӣ намешавад.
- Вақте ки Шумо ба дигар кишварҳои ҷаҳон сафар мекунед, барои худ чӣ баҳра мегиред?
Раҳо СОДИҚӢ: - Ҳар вақте ба ягон кишвар меравам, пеш аз ҳама бо мардумаш ошно мешавам. Аз фарҳангу одобу рафтори намунавиашон баҳра мегирам. Аз сӯҳбати самимонаи онҳо лаззат мебарам. Аз урфу одатҳояшон, аз маърифату фарҳанг ва дарсхониашон пурсон мешавам. Донистани фарҳанг ва маданияти ҳар як кишвар барои ман муҳим аст. Аз издивоҷи ҳар як духтари ҷавон, чи гуна онҳо оила пайдо мекунанд ва чи хел фарзандони худро тарбия мекунанд, пурсон мешавам.
- Ба мардуми Тоҷикистон, ки ба Эрон сафар кардан мехоҳанд, кадом ҷойҳоро барои тамошо кардан тавсия медиҳед?
Раҳо СОДИҚӢ: - Аз Шероз тамошоро шурӯъ кунанд. Тахти Ҷамшед, Кошон, Хуррамобод, Табриз воқеан ҳам зебост. Иншоаллоҳ, вақте дӯстони ман - мардуми Тоҷикистон ба Эрон сафар кунанд, ман дасти онҳоро гирифтаву ба тамоми ҷойҳои Эрон ба сайругашт равон хоҳем шуд.
- Ташаккури зиёд барои сӯҳбати ошкору самимона!
Мустафо ПАРВИЗПУР, Раҳо СОДИҚӢ: - Мо миннатдориамонро ба шумо баён месозем ва умедворем, ки шумо ҳам ба Эрон ташриф меореду меҳмони азизи мо мешавед!

Сӯҳбати Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ 

Хонданд 1147

Индира Гандӣ - ҷойгоҳи зан дар сиёсат

Авг 26, 2017
Диданд: 675

Ҳиндустон кишвари афсонавӣ, сарзамини аз ҳар чиҳат диққатҷалбкунанда на фақат бо манзараҳои зебою дилфиребаш мафтункунанда аст, балки дар ин мамлакати бузург инсонҳое ба дунё омадаанд, ки дар тамоми ҷаҳон маълуму машҳур гашта, таҷрибаи бойи онҳоро дигарон дастури кору фаъолияти худ қарор додаанд. Ҳиндустон, ки солҳои тӯлонӣ дар зери асорати ҳукуматдорони ғайр буд, бо фарзандони ватандӯсту баномусаш - муборизони роҳи озодӣ ва истиқлол ба монанди Маҳатма Гандӣ, Ҷавоҳирлаъл Неҳрӯ, Индира Гандӣ ва дигарон шуҳратёр гардидааст. Махсусан матонату корнамоӣ, фидокорию ҷонбозиҳои бонуи қаҳрамони ин кишвар-Индира Гандӣ - зан – сарвазир дар ҷаҳон абадан боқӣ хоҳад монд.

Аслан занҳое, ки бо донишу истеъдоди нотакрорашон дар дунё шуҳратманд гаштаанд, кам нестанд. Яке аз онҳо дар ҷодаи санъат, дигаре дар соҳаи илм ва сеюмӣ дар риштаи сиёсат ба комёбиҳо ноил гаштаанд. Вале аз ҳама маҳсулталаб ва мушкилтарин фаъолият барои зан ин шуғл варзидан дар сиёсат аст, махсусан дар кишварҳои шарқ, ки машғул будани зан бо сиёсат асосан маъмул нест.
Индира Гандӣ дар замоне сарвазир интихоб шуд, ки мамлакаташ дар ҳолати бисёр душвор қарор дошт. Аз як тараф камбизоатӣ, аз тарафи дигар муноқишаҳои дохилию берунӣ тамоми кишварро фаро гирифта буданд. Вале ин проблемаҳо ин зани қавииродаро наметарсонд, чунки падараш - сиёсатмадори машҳур, сарвазири Ҳиндустон Ҷавоҳирлаъл Неҳрӯро дар тамоми вохӯриҳою сафарҳои дохилию хориҷӣ ҳамчун котибаи шахсӣ ва машваратчӣ ҳамроҳӣ менамуд ва бо таҷрибаи кофӣ ва фаҳмиши хуби вазъи кишвар ба сари ҳокимият омада буд. Ҳама фикр мекарданд, ки баъди марги падараш, вай даррав номзадиашро барои сарвазири мамлакат шудан мегузорад, вале Индира Гандӣ ба тарафдории Лал Баҳодур Шастрӣ овоз дод, ки ин ҳам аз сиёсатмадори хуб будани вай шаҳодат медод. Танҳо баъди марги Лал Баҳодур Шастрӣ дар соли 1966 дар сини 48-солагӣ Индира Гандӣ сарвазири Ҳиндустон (дуюмин зан - сарвазир дар ҷаҳон ) таъин гардид.
Индира Гандӣ ҳанӯз дар овони ҷавониаш қарор дода буд, ки тамоми ҳаёташро барои озодии ватанаш мебахшад ва зиндагии ӯ аз ягон мард вобаста нахоҳад буд, чунки модараш бисёр афсӯс мехӯрд, ки бо падараш якҷоя дар сиёсат иштирок карда натавонист, зеро барои анъанаю урфу одатҳои ин кишвар чунин чиз хос набуд. Индира Гандӣ барои нашъунамои кишвараш сиёсатеро пеш гирифт, ки ӯро на фақат дар Ҳиндустон, балки берун аз он ҳам машҳур кард. Ӯ тамоми кӯшишу ғайраташро ба он равона сохт, ки кишварашро аз гирдоби қашшоқию муҳтоҷӣ бароварда, ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон мубаддал созад.
Дар китоби тарҷимаиҳолиаш «Ман кистам?» дар мусоҳиба бо Пупул Ҷавакар, Индира Гандӣ қайд мекунад, ки проблемаи калонтарин дар кишвар ин проблемаи иқтисодӣ мебошад, ки пеш аз ҳама бояд иқтисодиёти кишварро, ки боиси баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мегардад, тараққӣ дод.
Бояд қайд кард, ки сиёсати пешгирифтаи ин зани наҷибро кишварҳои хориҷӣ пурра дастгирӣ мекарданд ва дӯстию ҳамкориҳояш бо дигар кишварҳо, аз ҷумла, Иттиҳоди Шӯравӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҳиндустон дар бисёр соҳаҳо зуд рушд ёбад. Махсусан, барномаи «Мубориза бар зидди камбизоатӣ»-ро, ки мувофиқи он бояд сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат коҳиш дода мешуд, аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ пурра дастгирӣ ёфт ( Шумораи одамоне, ки берун аз хатти камбизоатӣ қарор доштанд, аз 60 то 40% коҳиш ёфт). Бо мададу дастгирии беғаразонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҳиндустон якчанд стансияҳои атомӣ сохта шуда, мадади Иттиҳоди Шӯравӣ оҳиста-оҳиста қариб тамоми соҳаҳои зиндагиро фаро гирифт. Дар вақти сарварии Индира Гандӣ дар мамлакат соҳаҳои саноат босуръат тараққӣ карда, милликунонии бонкҳо зуд ба роҳ монда шуд. Якумин стансияи атомӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар соҳаи хоҷагии деҳот муваффақиятҳои калонро ноил гаштанд, ки ин ба мамлакти бузурге ба монанди Ҳиндустон имконият дод, ки аз воридоти берунаи озуқаворӣ дигар вобаста набошад. Махсусан дар соҳаи тандурустӣ ва илму техника пешравиҳои калон ба назар мерасиданд. Инчунин ба муноқишаҳое, ки дар заминаи дину мазҳаб зуд-зуд рӯй медоданд, хотима дода шуд.
Бо вуҷуди оне, ки сиёсати Индира Гандӣ барои рушду нумӯи кишвар равона шуда буд, ҳангоми дар амал татбиқ кардани баъзе аз барномаҳои рушд ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ дода шуд. Индира Гандиро махсусан барои яке аз барномаҳояш, ки ба ободонии пойтахти кишвараш шаҳри Деҳлӣ равона шуда буд, танқид мекарданд. Мувофиқи ин барнома, кулбаҳои камбағалонаи аҳолии ниёзманди пойтахт вайрон карда шуда, онҳоро аз Деҳлӣ берун мебароварданд. Инчунин барои пешгирӣ кардани роҳи серфарзандӣ «стериализатсия»-и маҷбурӣ ба роҳ монда шуд, ки аз ин ҳама норозӣ буданд ва шумораи мухолифини ҳукумати Индира Гандӣ зиёд гардид. Албатта, серфарзандӣ дар чунин кишвари калон садди роҳи инкишофу тараққиёт ба шумор меравад, лекин истифода аз чунин роҳу усул, ки шаъни инсонро паст мекард, ноҷоиз буд. Дар солҳои ҳукмрониаш дар мамлакат инчунин низоъҳои каставӣ, муноқишаҳо байни ҳиндуҳо ва мусулмонон дар асоси дину мазҳаб тез-тез рӯй медоданд.
Дар соли 1971 байни ду давлат Ҳиндустону Покистон ҷанг эълон шуд, ки оқибатҳои харобовари ин ҷанг ба иқтисодиёт бетаъсир намонданд. Махсусан вазъи дохилии кишвар хароб гардид ва дар мамлакат ҳолати фавқуллода эълон шуд. Ҳамаи ин ба он оварда расонд, ки дар интихоботи соли 1975 Индира Гандӣ шикаст хӯрд. Ӯ ва оилаашро ду бор ҳабс карданд ва бо даст доштан дар ришвагарӣ айбдор намуданд. Ба ҳамаи ин шикастхӯрӣ ва носозиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, дар соли 1978 Индира Гандӣ ҳизби худ-Конгресси Миллии Ҳиндустонр (И)-ро таъсис дод, ки (И)-Индира номашро ифода мекард. Бо вуҷуди хатогиҳое, ки Индира Гандӣ ба онҳо роҳ дода буд ва ба кӯшишҳои мухолифину душманонаш нигоҳ накарда, дар соли 1980 вай аз нав сарвазири мамлакат эълон шуд. Ҳамаи ин аз обрӯю эътибор ва муҳаббати бепоёни мардуми кишвараш нисбати ӯ шаҳодат медиҳад.
Ғолибияти Индира Гандӣ боз як бори дигар дар интихобот ба вай илҳому нерӯи тоза бахшида, ӯро бисёр руҳбаланд намуд ва ӯ қарор дод, ки дар кишвараш барномаҳои нави рушдро пиёда кунад. Дар ин муддат дар Ҳиндустон проблемаи ҷудоихоҳӣ хеле авҷ гирифта буд. Махсусан дар Панҷоб вазъият мушкил буд. Вақте ки сикхҳо мехостанд кишвари мустақил барпо кунанд, Индира Гандӣ маҷбур шуд, ки дар соли 1984 амалиёти ҳарбӣ бо номи «Ситораи кабуд»-ро бар зидди сикҳҳо гузаронад, ки дар натиҷа шумораи зиёди сикхҳо ҷонашонро аз даст доданд ва ин сабабгори он шуд, ки 31 октябри соли 1984 Индира Гандӣ аз тарафи муҳофизаш, ки сикҳ буд, ба қатл расонда шуд. Қатли ваҳшиёнаи Индира Гандӣ тамоми оламро ба ғазаб овард ва ҳама чунин ҳодисаи нангину мудҳишро маҳкум карданд.
Индира Гандӣ ҳамчун як зани қавиирода, сулҳҷӯ ва озодихоҳ на фақат дар Ҳиндустон, балки берун аз он ҳам маълуму машҳур буда, маҳбуби ҷаҳониён гаштааст. Ин зан барои гулгулшукуфоии кишвараш ҷаҳду талошҳои зиёде карда, дар солҳое, ки сарвазир буд, дар тараққиёту рушду нумӯи кишвараш саҳми арзандаро гузоштааст ва дар арсаи байналхалқӣ обрӯю эътибори Ҳиндустонро баланд бардоштааст.
Дар бисёр кишварҳо ба номи ин зани муътабар кӯчаю хиёбонҳо ва муассисаҳои илмӣ гузошта шудаанд. Дар Тоҷикистон низ китобхонаи марказии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1984 ба номи Индира Гандӣ гузошта шуд.
Инчунин нимпайкараи сиёсатмадори хирадманди Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ ва нависандаи машҳур Робиндранат Такур дар маркази шаҳри Душанбе қомат афрохтаанд, ки ин ҳам аз эҳтироми бепоёну беандозаи мардуми точик нисбати ин шахсони бузург ва инчунин аз муносибатҳои дӯстонаи байни Ҳиндустону Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Нигина Душанбиева,
ходими хурди илмии Институти
омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои
АИ ҶТ 

Хонданд 675
  •  << 
  •  < 
  •  9 
  •  > 
  •  >> 

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.