.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷаҳон

Хотираҳои зинда

Дек 02, 2017
Диданд: 606

Муҳаббатномае ба дӯстам Владимир Захватов, ки дар Русия бо ёди Тоҷикистон зиндагӣ дорад

Ман ин инсони хушсиморо умре эҳтиромаш мекардам ва ҳоло низ.
Замоне мо ҳамкор будем: вай журналисти баркамол, соҳибтаҷриба, таҳсилкардаи мактаби журналистии яке аз хонотарин нашрияҳои ҷавонони кишвар бо забони русӣ “Комсомолец Таджикистана».
Ва замоне, ки ошно шудем, ман як журналисти навкор ва ӯ муовини раиси радио ва телевизиони кишвар буд. Ва ду русро медонам, ки муовини раис дар ин муаcсиса буданд: Сонин Алексей ва Захватов Владимир. Ду нафаре, ки аз замин то осмон аз ҳам фарқ мекарданд. Ва ман ҳамин руси дуюм: Владимир Захватовро ёд дорам. Эҳтироми ман ва даҳҳо ман баринҳо шояд танҳо аз он буд, ки ӯ низ ба мо эҳтиром дошт, ин миллатро дӯст медошт. Шояд ман пештар ин ҳарфро намегуфтам, вале ҳоло мегӯям. Чун мебинам, ки Володя ҳамоно бо ҳамон муҳаббат нисбат ба тоҷикону Тоҷикистон зиндагӣ дорад.
Замоне бемор шуд, шадидан бемор. Ба ҳадде, ки номаи хайрбодашро дар Фейсбук кошт. Ин навмедшуда аз зиндагиро даҳҳову садҳо нафар дилбардорӣ карданд ва дар миёни онҳо даҳҳо тан тоҷикон буданд. Мо менавиштем, ки Володя, навмед набош, ки даст ба дуоем.
Ва ӯ шифо ёфт, ҳатто худаш ҳам намедонист аз чанголи марг чӣ гунар раҳо шуд. Ин дуои ҳамон садҳову ҳазорҳо буд, ки аз дуру наздик ирсол мешуд. Шодам, ки ман ҳам яке аз он садҳо будам.
Соле пеш дар ҳуҷраи кории директори “Ховар” Сайидалӣ Сиддиқ менишастем ва аз рӯзгори корамон дар радио ёд мекардем. Ва Владимир Захватов ёдамон омад. Ману Сайидалӣ мерафтем гузориш омода мекардем ва албатта гузориши танқидӣ. Танқиди як раиси колхозу директори совхозу парторги он чӣ даъвоҳоеро ба сари радио меовард. Ва сипари мо ҳамин Володя буд. Мегуфт: Бачаҳо, ман шуморо ҷанг мекунам, вале шумо равед ба коратон идома диҳед. Ва мо мерафтем ва рӯзи дигар боз як гузориши танқидии дигар...
Ҳамин гуна як Володя доштем ва шукр, ки ҳоло ҳам дорем. Дар Русия аст ва ҳамеша садояш ба дифоъ аз муҳоҷирини тоҷик, Тоҷикистон шунида мешавад. Суханаш вазн дорад, чун дар он ҷомеа шахси шинохтаест ва ҳарфаш бетаъсир ҳам нест.
Бо ман ҳоло ҳам дар фазои маҷозӣ тоҷикӣ суҳбат мекунад, бо гузашти солҳо ин забонро фаромӯш накардааст. Намакшинос аст, ҳамеша аз Тоҷикисон бо муҳаббати самимӣ ёд меорад. Ва ин шояд хислатҳои падараш Василий Ермолаевич Захватов буд, ки ба ӯ мерос гузашт. Василий Ермолаевич умре дар вазифаҳои сарварӣ кор кард, инсоне буд, ки имрӯз ҳам номашро ба некӣ ба забон меоранд.
Дар ин расм дар кӯчаи ба номи падараш дар шаҳри Ваҳдат мебинем. Ҳоло намедонам ин кӯча ҳаст ва ё қатори даҳҳо кӯчаҳои дигар ном дигар кардааст. Соле пеш Володя аз ман хоҳиш кард фаҳмам, ки ҳаст ё на. Талош кардам, ҳеч маълумот дастрас нашуд. Ҳоло ҳам намедонам дақиқан ҳаст ин кӯча ё на. Посухи саволашро як сол аст, ки надодаам. Бояд рават Ваҳдат. Аммо фурсат нашуд. Меравам...
Ангезаи навиштани ин чанд сатр пости ахиран гузоштаи Владимир Захватов дар саҳифаи худ дар Фейсбук буд. Таърихи ҳамин расмро нақл мекунад ва хостам тарҷумаи онро комил ин ҷо орам:
“Ин расм дар кӯчаи ба номи падари ман бардошта шудааст. Вай кӯчаи хурдакакест, вале ба ҳар ҳол кӯча аст. 7 ноябри соли 1990 ман он ҷо рафтам, шаҳри Ваҳдат, 20 километраи шаҳри Душанбе. Ба хонаи дӯсти падарам, ронандаи ӯ, ки муддати 12 сол бо ҳам кор карда буданд. Ва аз амаки Гург хоҳиш кардам, ки дар ҳавлии ӯ маросими ҳафти падарамро гузаронем (тибқи қонунҳои шариати исломӣ. Ҳарчанд падарам православи рус буд, вале вай тамоми умр дар Тоҷикистон зиста буд!).
Албатта, Гург розӣ шуд. Аз ким-куҷое лахтҳои калон-калони брезент оварданд, рӯйи ҳавлӣ паҳн карданд, аз ҳамсоягон даҳҳо кӯрпача, агар сад ҳам набошад, оварданд, болиштҳо оварданд, барои маърака буқача ва ду гӯсфандро ҳам харидорӣ карданд ва тамоми шаб ғизо омода сохтанд: шӯрбо, палов пӯхтанд...
Вале мо дақиқан ҳисобу китоб накарда будем. Гумон доштем ҳамин ҳамсоягони дуру наздик меоянд, то хотири падарамро пос доранд. Аммо одамон меомаданду меомаданд. Ва се мӯйсафеди ришсафед оят тиловат мекарданду ба руҳаш мебахшиданд.
Баъдан дидем, ки хӯрок ҳам тамом шуд ва медидем, ки ҳоло ниме аз одамон ҳам наомадаанд. Ман хостам ба базор равам, он ҷо боз буқачаи дигар ва гӯсфанд харидорӣ кунам, дар ҷайб пул ҳам доштам. Ногаҳон дидам, ки як ҳамсоя паси девор буққачаеро баста меорад, дигарон касе гӯсфанд, касе буз...Ман мехостам ба онҳо пул диҳам, вале одамон рад карданд, пуламро нагирифтанд ва мегуфтанд: Мо Василий Ермолаевичро медонистем ва дӯсташ медоштем. Пул намегирем, нуқта!!!
Ман ёд надорам кӣ буд, вале садои якеро шунидам, ки мегуфт: Падари ту ҳарчанд рус буд, вале озодона бо тоҷикӣ суҳбат мекард, забони ӯзбекиро ҳам медонист. Расму таомули моро медонист, исломро ҳам медонист. Вай зиёд корҳои хубе кард барои мардуми мо. Солҳое, ки дар ноҳия котиби аввал буд, дар деҳаҳои куҳӣ 120 мактаб сохт, барои омӯзгорон хона сохт, то ки зимистон бачаҳо масофаи зиёдро пиёда тай карда ба мактабҳои дигар нараванд, балки дар мактаби деҳаҳои худ хонанд!
Ва дубора дегҳоро алов монданд ва ёдбуд идома кард....
Ҳамон рӯз ба ёдбуди падари ман наздик аз ду ҳазор нафар омаданду рафтанд, аз ҷумла президенти Тоҷикистон омад ва дуо хонду бо дигарон гирди як дастурхони калон нишасту рафт...
Ман нишастам ва ба ёд овардам, ки чи гуна ҳафтае пештар дар Суздал гурезаи рус-падари маро ба хок месупурдем ва паси тобути вай танҳо оилаи вай мерафт: се писар, духтар ва модари мо... Вақте вай вафот кард, дар дасташ ягона тиллое дошт, ки тамоми умр кор карда буд – ордени Ленин...
Ана ҳамин як пора хотира...”
Ин танҳо хотира нест, ин муҳаббатномаест ба миллати ман. Аз он ки ин миллат то куҷо кучактарин лаҳзаҳои умрашро ба таърих табдил медиҳад ва намехоҳад некии касеро фаромӯш кунад. Ин миллат ҳофизае дорад, ки дар он танҳо некиҳоро нигоҳ медорад ва садҳо бадиро дар баробари як никӣ фаромӯш мекунад.
Соате, ки ин сатрҳоро менавиштам, боз хабар расид, ки Володя дубора бистарист ва ин бор аз аввал ҳам ҳолаш вахимтар аст. Боз ҳам дар Фейсбук нома навиштаву аз дӯстонаш илтимоси дуо карда. Гумон мекунам ин марде, ки дар ватани бобоияш ҳам лаҳзае фориғ аз ёди Тоҷикистон нест, сазовор аст дар ҳақаш дуо кунем...

Бобоҷони Шафеъ

Хонданд 606

Ислоҳоти иқтисодӣ дар Озарбойҷон

Нояб 09, 2017
Диданд: 584

(Динамикаи рушди иқтисодиёти Озарбойҷон аз оғози соли 2017 то моҳи октябр)

Татбиқи лоиҳаҳои ҷаҳонии назаррас дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, мавқеи Озарбойҷонро дар ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мустаҳкам мекунад. Интиқоли гази Озарбойҷон ба бозорҳои Аврупо тавассути “Долони ҷанубии газ” бо ташаббуси Ҷумҳурии Озарбойҷон ба таҳкими амнияти энергетикии Аврупо саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Дар доираи ин лоиҳа 87% таҳияи конденсати гази “Шахдениз-2”, 72% корҳои васеъ намудани лӯлаи гази Қафқози Ҷанубӣ, 60% корҳои сохтмони лӯлаи Трансанатолии газ (TANAP) ва 30% корҳо оид ба сохтмони лӯлаи Транс-Адриё (ламс) ба анҷом расонида шуданд. Бояд қайд кард, ки “Шахдениз” яке аз бузургтарин майдонҳои гази дунё бо захираи 1,2 триллион метри мукааб аст.

30-юми октябри соли ҷорӣ сохтмони роҳи оҳани “Баку-Тбилиси-Карс” анҷом ёфт. Татбиқи ин лоиҳа интиқоли бор аз Чин ба Аврупоро аз 25-30 рӯз то 12-15 кам мекунад.

Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки коридори нақлиётии «Шимол-Ҷануб» барои интиқоли мол аз Ҳиндустон ва кишварҳои Халиҷи Форс ба Русия, Аврупои Ғарбӣ, Балтика ва кишварҳои Скандинавия пешбинӣ шудааст. Агар аз тарафи баҳр ба воситаи Халиҷи Форс, аз канали Суэтс, Баҳри Миёназамин дар Ҳелсинки таҳвили мол дар 45-60 рӯз анҷом дода шавад, ба востаи долони «Шимол-Ҷануб» дар 20-25 рӯз интиқол меёбад. Иқтидори муайяншудаи роҳи оҳан дар марҳалаи якум то 10 миллион тонна буда, минбаъд ба 15 миллион тонна дар як сол афзоиш хоҳад ёфт. Ташаккулёбии долон ҳанӯз аз соли 1993 инҷониб муҳокима мешавад. Тибқи созишномаи байниҳукуматӣ дар соли 2000 Русия, Эрон ва Озарбойҷон тасмим гирифтанд, ки ба сохтмони хати роҳи оҳани нав аз Қазвини Эрон ба Остонаи Озарбойҷон шуруъ намоянд.

Аз ҷониби Озарбойҷон ҳамаи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд. Ҳамин тавр, Озарбойҷон ба маркази нақлиётии муҳим табдил меёбад.

Дар 20 соли охир дар Озарбойҷон зиёда аз 11 ҳазор километр роҳҳо сохта шудааст. Бо мақсади таъмини рушди саноат боғҳои саноатӣ ва минтақаҳо бунёд карда мешаванд. Дар соли 2018 чанд завод дар боғи кимиёвии саноатии Сумгаити мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд дошт, ки сармоягузории он 2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар истеҳсоли пахта, тамоку, чой, пилла, кирмак ва дигар маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда шумораи боғҳои агросаноатӣ зиёд хоҳад шуд. Агар дар соли 2015-ум 35 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда бошад, пас соли гузашта ин рақам қариб ба 90 ҳазор тонна расид. Агар дар соли гузашта пахта дар майдони 51 000 гектар кошта шуда буд, имсол 136000 гектар пахта кошта шуд. Дар майдони кишти он тақрибан 3 маротиба калонтар гарид. Агар мо 20 фоиз миқдори миёнаи ҳосилхезро ба назар гирем, пас ин сол метавонем 260-270 ҳазор тонна пахта интизор шавем. Дар баробари ин, тамокупарварӣ низ инкишоф меёбад, лек метавон гуфт, аксари он гум шуда буд. Дар муқоиса бо соли қаблӣ, майдонҳо барои тамокукашӣ 35 фоиз афзуданд. Акнун тамоку дар майдони 3200 гектар парвариш карда мешавад. Ин майдонҳо метавонанд ҳатто васеътар бошанд, зеро дар 13 ноҳияи тамокупарвар қитъаҳои замини калоне мавҷуданд.

Бамаврид мисол овардан метавон, ки махсулоти кишоварзӣ ва коркардшуда ба содирот алоқаманд аст. Дар ин сол содироти помидор 55% зиёд шуд, картошка ба 63%, пиёз ба 1100%, пахта ба 154%, нахи пахта ба 650%, маҳсулоти ширӣ тақрибан ба 400%, маҳсулоти коркарди мева ва сабзавот ба 54%, пӯсти коркарднашуда ба 38%, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ ба 16%, аз он ҷумла вино (шароб) ба 13%, себ тақрибан ба 200%, хурмо ба 14%, анор ба 106%, чой ба 50%, шоколад ба 50%, маҳсулоти тамоку ба 5%, равғани растанӣ ба 7% расид. Содироти маҳсулоти саноатӣ: тилло ба 64%, қувваи барқ ба 300% баробар шуд. Озарбойҷон айни ҳол қувваи барқро мефурӯшад ва дар шаш моҳи аввали соли 2017 миқдор онро ба 2,5 миллион доллар иҷро кард. Содироти алюминий 20% зиёд шуд, маҳсулоти пластикӣ ба 22%, таҷҳизот ва дастгоҳҳои механикӣ ба 50%, мис ба 67%, консентратҳои маъдании мис ба 100%, гили бентонит ба 225%, маҳсулоти матоӣ ба 73%, санг, гпс ва семент ба 3000%, маҳсулоти саноати химиявӣ ба 8% расид. Соли гузашта дар Пиралла маросими гузоштани санги асоси корхонаи истеҳсоли доруворӣ сурат гирифта буд. Дар ҷануби вилоят минтақаи саноатии Нефтчало фаъол мешавад, ки дар он автомобилҳои замонавӣ истеҳсол мешаванд. Инчунин, ин гуна корҳо дар боғи Балханск ва маҳалли Масаллнск оғоз шудаанд, ки ҳар сол ҷуғрофии паҳнкунии ин амалҳои мусбат васеъ мегардад.

Дар соли гузашта ба Озарбойҷон мадумони хориҷа нисбат ба солҳои гузашта 11% зиёдтар ташриф овардаанд, ки ин нишондод хело ҳам хуб аст. Ба қавли Сардори давлат Илҳом Алиев, кор дар ин самт бояд идома ёбад, чунки ҳоло ҳам он қадар меҳмонхонаҳо бисёр нестанд, то ин ки меҳмонҳо омада истироҳат кунанд: "Соли гузашта дар мамлакати мо 35 меҳмонхона бунёд шуда, 25 меҳмонхона сохта мешавад. Умуман, зиёда аз 500 меҳмонхона дар Озарбойҷон вуҷуд дорад, аммо талабот афзоиш меёбад, туризм инкишоф ёфтааст".

Соли ҷорӣ дар Озарбойҷон якчанд чорабиниҳои байналхалқии намояндагӣ баргузор гардид. 5-умин форуми ҷаҳонӣ баргузор гардида буд. Дар форум як қатор давлатҳо, сиёсатмадорони маъруф, намояндагони ҷамъиятӣ ширкат варзиданд. Форуми глобалии Боку аллакай дар харитаи ҷаҳон тавонист ҷойи намоёнро ишғол кунад. Соли ҷорӣ 4-умин форум оид ба муколамаи байниминтақавӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бори аввал бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев якчанд сол пеш баргузор гардида буд. Дар чорабинӣ якҷоя бо Озарбойҷон 6 созмони пешбари байналхалқии ҷаҳонӣ ҳамчун созмондиҳанда фаъолият карданд. Муҳокимаҳо ва қарорҳои дар Форум гирифташуда, албатта, ба таҳкими арзишҳои гуногунҷониба мусоидат мекунанд. Дар чаҳорчӯбаи Форум Озарбойҷон бори дигар ҳамчун яке аз марказҳои фарҳангӣ шинохта шуд.

Озарбойҷон дар бисёр самтҳо нишондодҳояшро беҳтар намуд, ки ин далели натиҷаи мусбат додани ислоҳот таҳти роҳбарии сарвари давлат аст. Ин нишон медиҳад, ки рушди иқтисодии Озарбойҷон аллакай на дар асоси нефт, балки дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ аз ҷониби Президент Илҳом Алиев пеш меравад. Умуман, ислоҳот дар Озарбойҷон аллакай натиҷа дода истодааст.

Хонданд 584

Илоҳо бишканад дасти камонсоз!!!

Окт 28, 2017
Диданд: 1166

Муроҷиатнома ба Котиби генералии СММ Антониу Гутерреш, ба президенти ИМА Доналд Трамп, ба президенти Россия Владимир Путин, ба президенти Фаронса Эмманюэл Макрон, ба садри аъзами Олмон Ангела Меркел, ба сарвазири Бритониё Тереза Мэй, ба президенти Хитой Си Цзинпин, ба сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу, ба президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ, ба шоҳи Арабистони Саудӣ Салман ибн Абдул-Азиз Ал Сауд, ба сарони ҳамаи кишварҳое, ки ба истеҳсол ва фурӯши яроқу аслиҳа машғуланд: Биёед, соли 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!

Муҳтарам ҷанобон!
Ҳанӯз аз даврони қадим аҷдодони мо аз дасти яроқу аслиҳа ба дод омада, «илоҳо бишканад дасти камонсоз, ки аз дасти камон бехонумонам» гӯён, яроқсозу яроқфурӯшро маҳкум мекарданд ва ба ҳарду як хел ҷазо талаб мекарданд. Зеро маҳз ҳамин камон, ки феълан бо ҳазорҳо ном вуҷуд дораду дар ҷаҳон тухми марг мекорад, дар ҳама давру замон боиси ҳама гуна бадбахтиҳои мардуми сайёра, омили ҷангу хунрезиҳо, қатлу куштор ва дарбадарию оворагӣ гардида, имрӯз низ миллионҳо нафар аз дасти он «бехонумонанд». Шояд агар яроқу аслиҳа вуҷуд намедошт, ин қадар қатлу хунрезӣ ва ҷангу ҷидолҳо ҷаҳонро фаро намегирифт. Алъон дар курраи замин минтақаеро номбар кардан душвор аст, ки дар он низоъе вуҷуд надошта бошад ва рӯзе нест, ки васоити ахбори омма аз қатлу куштор ва ҷангу хунрезӣ аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон гузориш пахш накунанд. Ба назар чунин мерасад, ки новобаста ба глобалишавӣ ва ба якдигар наздикшавии миллатҳои ҷаҳон, ҷангҳо ба ҷои камшавӣ торафт афзоиш меёбанд ва давлатҳои гуногун бо баҳонаи муҳофизат аз худ, сол ба сол яроқнокшавиро бештар мекунанд. Чунин яроқнокшавӣ асосан вақте вуҷуд дошт, ки ҷаҳон дуқутба буд ва гуруҳе аз давлатҳо дар атрофи СССР муттаҳид шуда буданду гуруҳи дигар дар атрофи Амрико. Гуруҳе аз давлатҳоро СССР яроқнок мекарду гуруҳи дигареро Амрико. Инак СССР барҳам хӯрд, вале чунин ба назар мерасад, ки ҳанӯз ҳам ҷаҳон ба ду қисм тақсим аст. Гуруҳе ба Амрико такя дорад ва гуруҳе ба Россия.

Тиҷорати яроқ - тиҷорати тухми марг!
Тиҷорати яроқу аслиҳа алъон ба яке аз навъҳои бузургтарини тиҷорати ҷаҳонӣ табдил ёфта, бояд эътироф кард, ки бо номи «тиҷорати тухми марг» шинохта шудааст. Албатта ин беҳуда нест, зеро тиҷорати яроқу аслиҳа тиҷорати тухми марг аст. Тухми марги инсоният. Ҳар давлате, ки яроқу аслиҳа мефурӯшад, ӯ тухми маргро барои ҷаҳониён ба фурӯш мегузорад.
Тибқи маълумотҳои расмӣ, солона барои истеҳсоли навъҳои гуногуни яроқ дар ҷаҳон $ 1,5 трилион доллар - баробар ба 2,7% маҷмуи маҳсулоти ҷаҳонӣ сарф мешавад. Ин рақамҳо рақамҳои расмиянд. Ба истиснои ин, бозори ғайрирасмии яроқ низ вуҷуд дорад, ки на камтар аз $ 5-10 млрд солона даромад дорад.
Ин ду бозор новобаста ба вақти сол, буҳрони молиявӣ ва ҳолати сиёсии ҷаҳон ҳамеша гарм аст. Тибқи маълумоти Small Arms Survey, ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 8 миллион дона яроқҳои хурду калон истеҳсол мешаванду 12 миллиард дона патронҳо. Аз рӯи омор, ба ҳар даҳумин инсони сайёра як дона таппонча рост меояд ва ба ҳар як нафар ду дона тир.
Яъне тире, ки имрӯз дар рӯи замин шумо - истеҳсолкунандагони яроқу аслиҳа истеҳсол кардаед, барои ду маротиба куштани як инсон басанда аст.
Аз рӯи маълумоти Small Arms Survey, ҳар сол дар ҷаҳон то 500 000 инсон кушта мешаванд. Ҷамъи буҷаи ҳарбии ҳамаи давлатҳо тибқи иттилои ташкилоти шведии SIPRI, ки мушкилоти истеҳсол ва фурӯши яроқро пайгирӣ мекунад, зиёда аз 900 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Бузургтарин истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони яроқ дар кишварҳои пешрафта ИМА, Россия, Фаронса, Олмон, Англия ва Хитой ба ҳисоб мераванд.
Дар соли 2015 Россия ба маблағи $14,5 млрд яроқ фурӯхт, ки ҳамёни фармоиши яроқ дар ин кишвар 50 млрд долларро ташкил дода буд. Дар соли 2016 бошад, содироти яроқ дар Россия ба зиёда аз 15 миллиард расид. Агар нишондиҳандаҳои муқоисакунадаро нигарем, дар ин давра ИМА аз Руссия 2,5 маротиба пеш гузашт. Тибқи маълумоти ATF ва CRS, ки ҳисоби солонаи ҳамаи яроқи истеҳсолшуда ва инчунин содироту воридоти яроқи ИМА-ро пеш мебаранд, айни замон дар ИМА 357 млн дона яроқи оташфишон вуҷуд дорад, ки 40 миллион бештар аз аҳолии худи ин кишвар мебошад.
Дар соли 2016 ИМА бо маблағи 34 миллиард доллар яроқҳои гуногун ва техникаи ҳарбӣ содирот кард. Департаменти давлатии ИМА дар соли 2017 барои ба хориҷ содирот намудани яроқ ба маблағи рекордии 79,5 миллиард доллар иҷозат дод, ки дар таърихи Амрико ин бори нахуст аст. Фаронса соли 2015 ба маблағи €16 млрд яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ содирот кард, ки ду баробари соли 2014 аст.
Аз рӯи гузориши Пажуҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти масъалаҳои сулҳи Стокголм (SIPRI), дар солҳои 2011-2015 дар содироти ҷаҳонии Яроқу аслиҳа саҳми ИМА 33%, Россия 25%, Хитой 6%, Фаронса (5,6%), Германия (4,7%) ва Великобритания 4,5% -ро ташкил додааст.
Рақамҳои боло далолат ба он мекунанд, ки маҳз зиёд шудани истеҳсол ва содироти яроқу аслиҳа шумораи низоъҳо ва қатлу кушторҳоро дар ҷаҳон бештар кардааст.

400 минтақаи ҷангзадаи ҷаҳон
TUT.BY. хабар медиҳад, ки феълан дар курраи замин зиёда аз 400 нуқтаҳои гарм вуҷуд доранд, ки пайваста дар онҳо низоъҳои гуногун сурат мегиранд ва ҳазорҳо ҳазор нафар кушта мешаванду миллионҳо нафар гуреза. Тибқи гузориши ин сомона, шумораи кушташудагон дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Сурия аз моҳи марти соли 2011 то августи соли 2017 аз 330 000 то 500 000 нафар, Ироқ - аз моҳи марти соли 2003 то июли соли 2017 аз 180 000 то зиёда аз 1 миллион нафар, Ливия - аз феврали 2011 то августи 2017 аз 15 000 то 30 000 нафар, Яман - аз феврали соли 2011 то сентябри соли 2017 зиёда аз 10 ҳазор нафар, Донбасс - аз апрели соли 2014 то августи соли 2017 зиёда аз 10 ҳазор нафар, муноқишаи Туркияву курдҳо, ки ҳамеша дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор доранд, аз июли соли 2015 то августи соли 2017 зиёда аз 3000 нафар, Афғонистон - аз соли 2001 то августи соли 2017 зиёда аз 150 000 нафар, муноқишаи Ҳинду Покистон дар Кашмир дар чанд соли охир 50 ҳазор нафар, Тайланди ҷанубӣ дар 13 соли муноқиша 6000 нафар, Судон - аз рӯи баъзе нишондодҳо дар натиҷаи муноқишаи Дарфурск аз 200 то 400 ҳазор нафарро ташкил кардаанд. То ҳол дар Ҷумҳурии демократии Конго, Малӣ, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, Нигерия, Сомалӣ, Филиппин, Мянма ва даҳҳо кишварҳои дигар ҷангу хунрезӣ идома дорад.
Тибқи маълумоти СММ, дар соли 2016 шумораи гурезагон ба 65,6 млн нафар расида, дар соли 2017 зиёда аз 2 млн нафар гуреза шуда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон паноҳгоҳ ёфтаанд, ки аксари онҳо бемору маҷруҳ мебошанд (Reuters).

Дар муқобили кӣ яроқнок мешавем?
Новобаста ба он, ки миёни давлатҳои ҷаҳон дигар даъвоҳои ҳудудӣ кам мондаву ҷангҳо барои ишғоли ҳудудҳои нав ангуштшумор шудааст, яроқнокшавии давлатҳои бузург торафт афзоиш меёбад. Танҳо дар давраи солҳои 2002 то 2010 хароҷоти ҳарбии кишварҳои ҷаҳон аз $ 770 млрд то $ 1,5 трлн афзоиш ёфтааст, ки башариятро ба ташвиш овардааст ва коршиносон савол мегузоранд, ки ин ҳама яроқнокшавӣ барои чӣ ва дар муқобили кӣ сурат мегирад?
Танҳо дар соли 2017 буҷаи мудофиавии ИМА 622 миллиард доллар, Хитой - 145 миллиард доллар, Арабистони Саудӣ - 81 миллиард доллар, Великобритания - 60 миллиард доллар, Ҳиндустон - 51 миллиард доллар ва Россия 48,5 миллиард долларро ташкил додааст.
Аз рӯи хароҷоти ҳарбӣ ҳеҷ кишваре ба ИМА намерасад. Хароҷотҳои давлатҳои дигари НАТО-ро дар якҷоягӣ ВАО $ 1 трлн дар як сол баҳо медиҳанд.

Пешниҳод: Соли 2018 моратория эълон шавад!
Муҳтарам ҷанобон, яроқистеҳсолкунадагон ва яроқфурӯшон!
Муҳтарам сарварони кишварҳои бузурги истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи яроқу аслиҳа!
Бояд дарк намоед, ки дар ҳама кишварҳои ҷангзада ҳама гуруҳҳои ҷангӣ маҳз бо яроқу аслиҳаи истеҳсолкардаи Шумо меҷанганд, ҳама террору ваҳшоният ва қатлу кушоторро маҳз бо яроқҳои истеҳсолкарда ва фурӯхтаи Шумо анҷом медиҳанд. Хоҳ «Алқоида» бошад, хоҳ «Давлати исломӣ», ҷаҳонро бо яроқу аслиҳаи истеҳсолкардаи Шумо ба ваҳшоният расонидаанд. Ҳатто мухолифину тарафдорони ҳар ҳокимият низ дар ин ё он давлат бо яроқҳои Шумо муқобили ҳам меҷанганд ва шаҳрвандон якдигарро ба қатл мерасонанд! Тибқи ҳисоботи СММ, танҳо дар як соли 2016 зиёда аз 8 ҳазор кӯдак дар муноқишаҳои гуногуни ҷаҳон куштаву ярадор шудаанд, ки ҳама аз тиру туфанги мефурӯхтаи Шумо аст.
Ин ҳама ҷангу куштор вақте хотима хоҳад ёфт, ки агар Шумо ба истеҳсол, хариду фурӯш ва озмоиши яроқу аслиҳа хотима диҳед. Бовар кунед, агар Шумо ба истеҳсоли яроқ хотима диҳед, ҷанг низ хотима хоҳад ёфт. Зеро бо қатъи истеҳсоли яроқ, Шумо тухми маргро аз байн мебаред. Тухме, ки феълан ба хотири даромад ва пиёда кардани ҳадафҳои худ дар рӯи ҷаҳон корида истодаед.
Ҳадаф аз муроҷиати мазкур гунаҳкор намудани ҳеҷ яке аз Шумо ва ҳеҷ давлате нест, ки бо истеҳсол ва фурӯши яроқу аслиҳа, дар қатли мардуми сайёра даст дорад, баръакс ҳадафи аслӣ гирифтани пеши роҳи ҷангу хунрезӣ ва қатли мардуми бегуноҳ дар ҳама кишварҳост.
Ба фикри ман, барои он ки яроқнокшавӣ камтар шуда, дар кураи замин бештар барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум кӯшиш карда шавад, бояд нахуст ба истеҳсол ва тиҷорати яроқ хотима бахшид.
Бинобар ин ба сарони кулли давлатҳои ҷаҳон муроҷиат карда, аз Шумо хоҳиш мекунам: Биёед, соли 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем ва дар ин сол дар тамоми ҷаҳон истеҳсол, ҳариду фурӯш ва ҳатто озмоиши яроқро манъ кунем.
Вақте як соли беяроқӣ гузашту натиҷаи хуб дод, аз солҳои минбаъда ба ҷои истеҳсоли яроқ, ба нобуд кардани онҳо оғоз намоед. Ана он гоҳ воқеан ҷаҳонро сулҳ фаро хоҳад гирифт ва чи қадар мардум аз қатлу куштор наҷот хоҳанд ёфт, аз қатлу кушторе, ки ба воситаи яроқҳои истеҳсолкардаи Шумо анҷом дода мешавад. Агар воқеан Шумо чунин иқдом кунед, миллионҳо мардумро аз бадбахтиву миллионҳои дигарро аз қурбон шудан наҷот медиҳед.
Биёед дар Шӯрои амнияти СММ қатъномае қабул карда, муттаҳидона коре кунем, ки дар давоми ин як сол ба истеҳсол, хариду фурӯш ва озмоиши ҳама гуна яроқ дар тамоми ҷаҳон хотима дода шавад. Шӯрои амнияти СММ-ро зарур аст, ки дар ин қатънома, ки бо ҳузури ҳамаи давлатҳои ҷаҳон қабул мешавад, чунин бандҳо ворид намояд:
1. Аз якуми январ то 31-уми декабри соли 2018 истеҳсол ва хариду фурӯши ҳама гуна яроқу аслиҳа дар тамоми ҷаҳон қатъ карда шавад.
2. Ба озмоиши ҳама гуна яроқҳои сабук ва вазнин дар тамоми кишварҳои ҷаҳон хотима дода шавад.
3. Дахолат ба кори дохилии ҳама гуна давлатҳо қатъ карда шуда, тақдири ҳар давлат ба дасти мардуми ҳамон кишвар супорида шавад.
4. Миллиардҳо долларе, ки ҳар сол дар истеҳсоли яроқ харҷ карда мешавад, ҳамчун кӯмакҳои умумибашарӣ ба мардуми камбизоату беморон ва ё соҳаи тандурустӣ харҷ карда шавад.
5. Давлатҳое, ки ин қатъномаро вайрон мекунанд, муҷозот карда шаванд.
Агар сиёсатмадорони ҷаҳон ҳама даври ҳам нишаста, ин қатъномаро қабул ва иҷро кунанд, боварӣ ҳаст, ки соли 2018 соли қатъи ҳама ҷангу хунрезиҳо ва соли сулҳ хоҳад шуд. Вақте як соли беяроқиро мо бе ҷангу куштор ва хунрезиҳо мебинем, дар солҳои минбаъда ҳатман худ ба худ ба истеҳсоли яроқу аслиҳа хотима медиҳем. Ин ҳама албатта пеш аз ҳама ба иродаи сарони кишварҳои бузурге, аз ҷумла ИМА, Россия, Фаронса, Олмон, Бритониё, Хитой, Исроил, Эрон, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигар марбут аст. Агар сарони кишварҳои мазкур Доналд Трамп, Владимир Путин, Эмманюэл Макрон, Ангела Меркел, Тереза Мэй, Си Цзинпин, Бинямин Нетаняҳу, Ҳасан Рӯҳонӣ ва дигарон ба ин қатънома имзо гузоранд, пас бо боварӣ гуфтан метавон, ки ба ҳама гуна ҷанг дар тамоми сайёра хотима дода хоҳад шуд.
Биёед боре манфиатҳои худро як сӯ монда, манфиатҳои кулли мардуми сайёраро дар ҷои аввал гузорем ва башариятро аз марг наҷот диҳем. Дар якҷоягӣ мо ҳатман метавонем ҷаҳони орӣ аз яроқро бунёд кунем, ҷаҳонеро ки чӣ будани ҷангро мардуми оянда фақат аз таърихномаҳо хонанд.
Умедворам пешниҳоди мазкур мавриди пазироии Шумо қарор хоҳад гирифт.

Бо камоли эҳтиром,
Холиқназар ҶУМЪАЕВ,
рӯзноманигори мустақил

Хонданд 1166

Кашфи доруҳо-антибиотикҳо, ки имрӯз мо сахт бо онҳо одат кардаем, ҷомеаи инсониро ба таври мушоҳидашаванда дигаргун кард. Бемориҳое, ки каме пештар дар муолиҷаашон табибон оҷиз монда буданд, акнун ақибнишинӣ карданд. Ва ҷолибтар аз ин таърихи кашфи антибиотикҳост. Дар бораи инсоне нақл мекунем, ки ин доруҳоро ихтироъ кард ва башариятро аз шарри чандин бемориҳои мудҳиш наҷот дод. Ӯ Александр Флеминг мебошад.

Биологи варзида Александр Флеминг 6-уми августи соли 1881 дар графигарии Эршири Шотландия ба дунё омад. Вай дар фермаи волидонаш, ки аз чор тараф бо буттазори паҳни халанҷу заминҳои холӣ иҳота шуда буд, ба камол расид. Табиат ба Александри ҷавон бештар аз мактаб сабақ дод. Олими оянда дар овони бачагиву наврасӣ ва ҷавонӣ бо бародаронаш миёни ин буттаҳо ва заминҳои паҳни холӣ аз ҳар гуна зироат шикор мерафт. Бачаҳо усули ғайриоддии шикори харгӯшонро фикр карда бароварда буданд: онҳо ҳайвончаи хурдакакро мушоҳида менамуданд, вале чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё онро надидаанд ва дар атрофаш ба бозиҳои худ идома медоданд ва оҳиста-оҳиста ва номаълум ба вай наздик мешуданд. Харгӯш то даме, ки чашмаш ба чашми одамӣ намеафтид, фирор намекард. Ба ҳайвонча наздик шуда, бачаҳо ногаҳон гӯё ба болояш меафтоданд. Ба чунин бозӣ танҳо тифлон метавонанд машғул шаванд: одами болобаланд наметавонист харгӯшро бо ҷисми худ бипӯшад. Он замон ҳам на як бору ду бор сайд худро аз дасти “шикорчиён” раҳо карда буд.
Дар синни 13-солагӣ Александри наврас ба пойтахти Британияи Кабир-Лондон рафт. Дар он замон, ки ҳамсолонаш таҳсил мекарданд ва илм меомӯхтанд, Алекс муддати панҷ сол дар ширкати маҳаллӣ кор кард, то барои нон пул пайдо кунад. Соли 1901 Флеминг имтиҳон супурд ва ба омӯзишгоҳи тибии Марияи Муқаддас дохил шуд. Панҷ соле, ки таҳсил накард, барояш монеъ нашуд, ки соҳиби унвони донишҷӯ шавад. Гузашта аз ин вай довталабе ном гирифт, ки беҳтар аз дигарон имтиҳонҳоро супурд, ҳатто дар таърихи Шоҳаншоҳии Британия ин гуна довталаби донишмандро касе ёд надоштааст. Ин чи гуна ба вай даст дод? Флеминг ҳеч гоҳ даст ба кори беҳуда намезад. Вай аз китобҳои дарсӣ танҳо бахшҳои муфидро ҷудо мекард ва барои омӯзиши бахшҳое, ки гумон мекард лозим нестанд, вақташро сарф наменамуд. Баъди анҷоми таҳсил аз Флеминг даъват карданд, ки дар озмоишгоҳи бактериологии бемористони Марияи Муқаддас кор кунад. Он замон бактереология пешсафи ҳамаи илмҳои замон буд ва шахсиятҳои маълуму машҳури сиёсиву фарҳангӣ, олимону нависандагоне аз қабили Бернард Шоу зуд-зуд ба ин озмоишгоҳ меомаданд. Шоу ҳатто дар як асараш заҳамоти олимони ин озмоишгоҳро бо номҳои дигар ба риштаи тасвир кашида буд.
Соли 1909 оими олмонӣ Эрлих воситаи дорувории наверо ба муқобили оташак (сифилис) пайдо кард. Ин дору бар асоси марги муш сохта шуда буд ва ба организм ворид шуда барангезандаи ин беморӣ-спирохетаҳоро нест мекард. Олим онро “салварсан”, яъне наҷот бо воситаи марги муш унвон кард. Флеминг он замон беморонро бо воситаи ин дору табобат мекард. Салварсанро бо воситаи сӯзандору зери пӯст мегузарониданд ва он дарди азимро барои бемор ба вуҷуд меовард. Мебоист онро ба хун ворид мекарданд, вале он замон ин гуна сӯзандоруҳоро хеле кам истеҳсол мекарданд. Яке аз донишҷӯёни омӯзишгоҳи Марияи Муқаддас лаҳзаҳоеро нақл кардааст:
«Ман бараъло ӯро (Флемингро) дар назди кати бемор, пӯшидаи хилъати сафед мебинам, ки ба раги вариди бемор бо сӯзан хеле эҳтиёткорона дору мегузаронад, то он беҳуда наравад ва мустақим ба хун асар кунад. Барои донишҷӯи он замон сӯзангузаронӣ дар рагҳо ҳам нав ва ҳам ҷолиб буд. Шояд аз ин аст, ки симои Флема (дӯстонаш ӯро чунин меномиданд) ба таври ҳамеша дар хотири ман бо ҳамин нерӯи драмавӣ нақш баст”.
Вақте ин донишҷӯ пурсид, ки ин моеъи зард чӣ ном дорад, Флеминг хеле кӯтоҳ посух дод: «Намаки хлориди диоксиди аминоарсенобензол».
Ин мафҳум барои донишҷӯ бегона буд. Метавонист чунин ба назар расад, ки Флеминг буғзу кинае нисбати ҳамсуҳбаташ дорад, аз ин рӯ бо чунин оҳанг суҳбат мекунад. Вале ин чунин набуд. Ҳамон замон вай ба донишҷӯе, ки мароқ зоҳир карда буд, таърихи сохта шудани ин доруро нақл кард ва аз ӯ даъват намуд, ки фардо барои дидани ин бемор ояд. Рӯзи дигар ҳоли бемор хеле беҳ шудаву захмҳои даҳшатнокаш тоза шуда буданд. Суръати таъсири дору ба донишҷӯён таассуроти амиқе ба ҷо гузошт.
Дар бораи хислати Флеминг яке аз ҳамкоронаш гуфтааст:
«Хеле одами ботамкину бо таҳаммул ва меҳрубон буд. Мухтасару кӯтоҳ посух медод, вақте дигарон ба гап ҳамроҳ мешуданд, вай ором мегирифт. Мо мегуфтем, ки ӯ шотландии асил аст, ки гап намезанад, балки фақат ғур-ғур мекунад. Албатта, ин чандон дуруст ҳам набуд. Мо шӯхӣ мекардем, мисли шӯхӣ дар як “оила”.
Рӯзи кории Флеминг дар солҳои аввали фаъолиятҳои илмиаш қариб, ки шабонарӯзӣ буд. Вақте вай ба кор меомад, соатҳоро месанҷиданд. Ҳатто он кормандоне, ки то соати дуи шаб мемонданд, метавонистанд ба утоқи кории вай ворид шаванд ва пиво нӯшанд.
Хеле баъдҳо донишҷӯён дар борааш мегуфтанд: “Барои мо басо хушоянд ва роҳатдиҳанда буд, ки мушоҳида кунем чӣ гуна вай шишаро дар оташ мулоим мекард, барои кор омода месохт, аммо ба хотири саргармӣ ашёҳои гуногуни шишаӣ, ҳайвончаҳои аҷоибу ғароиб месохт. Бахусус, гурбае дар ёдҳо монда, ки ногаҳонӣ аз шишаи тасфондашуда ҳосил шуд ва чун сард гашт, комилан бо чашмони зинда ба мо менигарист. Баъдан вай хеле ҷонварони аҷибро ҳам сохт, ки аз тарси ин гурба рӯ ба гурез меоварданд”.

Афсар Флеминг

Моҳи августи соли 1914 Ҷанги якуми ҷаҳон оғоз шуд. Флеминг рутбаи афсари хадамоти тиббӣ дарёфт кард ва ӯро барои бунёди озмоишгоҳи бактериологӣ дар шаҳри Булони Фаронса эъзом карданд.
Ҳар рӯз вай ба фарши бинои бемористон, ки озмоишгоҳ он ҷо ҷойгир шуда буд, мебаромад, аз миёни палатаҳои беморхона, ки сарбозон мехобиданд, гузар мекард. Ҳамарӯза гуруҳҳои нав ба нави онҳо меомаданд. Дар ин бемористон садҳо тани онҳо бар асари сирояти касалиҳо мемурданд. Шикастаҳо, даридаҳои бофтаҳои дарун...Пораи хок ва либосе, ки ба ҷароҳат мечаспид...Чеҳраи захмиён ранги хокситарӣ ба худ мегирифт, нафаскашӣ барояшон душвор мешуд, дар ин асно сирояти хун шуруъ мешуд. Натиҷа-марги ногузир.
Флеминг ба таҳқиқи ин инфесксия шуруъ намуд. Вай нақл кард:
«Ба ман маслиҳат доданд, ки ҳатман бандинаро бо антисептикҳо: кислотаҳои борат, карбон ва ё перекиси гидрогенӣ ҳамроҳ бандам. Ман дидам, ки антисептикҳо на ҳамаи микробҳоро мекушанд, вале ба ман мегуфтанд, ки онҳо баъзе микробҳоро нобуд мекунанд ва табобат маваффақонатар аз он мегузарад, ки антисептикҳо истифода нашаванд”.
Флеминг ба қароре омад, ки таҷрибаи оддие гузаронад, то муайян намояд антисептикҳо то куҷо дар мубориза бо инфексияҳо ёрӣ мерасонанд.
Бисёре аз ҷароҳатҳо баробар набуданд, баланду паст, бо пастухамиҳои зиёд. Флеминг барои ҷароҳат амсила аз шиша сохт: найчашишаро доғ кард ва охири онро дар шакли хамгашти захм хам кард. Баъдан вай ин найчаро бо хунобаи ифлос пур кард. Ин схемаи умумии ҷароҳати ҷангӣ буд. Рӯзи дигар хуноба ранги тира ба худ гирифт ва бӯйи нохӯше аз худ хориҷ кард. Дар он микробҳои зиёде ҷамъ ва афзоиш карданд. Баъдан Флеминг хунобаро ба замин рехт ва найчашишаро бо антисептики маъмулии нерӯманд пур кард. Баъди ин бори дигар найчашишаи тоза шусташударо бо хунобаи сироятнашуда пур кард. Баъд чӣ шуд? Ҳар қадар, ки Флеминг найчашишаро бо антисептикҳо мешуст, хунобаи тоза рӯзи дигар ҳамон тариқ тираву бадбӯй мешуд.
Дар хамгашти найчашиша микробҳо боқӣ мемонданд. Флеминг аз ин таҷриба ба хулоса омад, ки антисептикҳои маъмулӣ барои ҷароҳатҳои ҷангӣ чандон муфид ва коршоям нестанд. Вай ба пизишкони ҳарбӣ ин гуна маслиҳат дод: ҳамаи бофтаҳои мурда, ки микробҳо дар онҳо ҷамъ ва инкишоф меёбанд, дур кунанд ва ба организм имкон диҳанд, ки худ мустақилона бо ёрии ҷудо кардани ҳуҷайраҳои сафеди хун мубориза барад. Ҳуҷайраҳои сафеди хун (чирки тоза) микробҳоро нобуд мекунанд.
Яке аз кормандони озмоишгоҳи Флеминг ҳолати он рӯзҳои пизишкони инглис дар Фаронсаро чунин тасвир кардааст:
«Субҳи сарди зимистон, атрофро барфу ях пӯшонидааст, хаймаҳоро бо алови ҳезуми печҳо гарм мекунанд. Ман дар мизе як ҷасадро колбадшикофӣ мекунам ва дар мизи дигар ҷасади дигар мехобад. Он субҳ мо шаш ҷасадро колбадшикофӣ кардем! Ин рӯзи аввали мавлуди Исо буд. Капитан Флеминг аз ҳар ҷасад порае аз бофтаҳо мегирифт”.
Худи Флеминг эҳсосашро аз он рӯзҳо бо ин ҷумлаҳо ифода карда буд: “Ба ҷисми захмхӯрдаи одамон, ки азият мекашиданд ва баъзеҳо мемурданд, нигариста, эҳсос мекардам, ки чи гуна мо ҳамагӣ бечораем ва наметавонем ба онҳо ёрӣ расонем. Фикр мекардам, ки бояд ягон воситае бошад ё бояд коре кард, ки ба дарди ин захмиёни бенаво марҳам шавад ва онҳоро аз марг наҷот диҳад, чизе бошад, ки ин микроби кушандаро нобуд созад...”

Баъди ҷанг ва то ҷанги дигар

Моҳи ноябри соли 1918 ҷанг ба охир расид, Флеминг ба Англия бозгашт ва дар озмоишгоҳи худ ба фаъолият идома дод. Ба ҳоли озмоишгоҳи ӯ гоҳо механдиданд, ки рабту низоме надорад. Вале баъдҳо маълум шуд, ки ин бенизомӣ ба нафъ ва фоида буд. Яке аз кормандонаш навишта: “Флеминг микроорганизмҳои ҷудокардаро ду-се ҳафта нигоҳ медошт ва пеш аз он ки онҳоро нобуд созад, бодиққат меомӯхт, то санҷад, ки тӯли ин рӯзҳо ягон зуҳуроти фавқулодда ва ногаҳонӣ пеш наёмад. Рӯйдодҳои баъдӣ нишон доданд, ки агар ӯ низ чун ман покизакор мебуд, ба ҳеч ваҷҳ кушоиши нави илмие намекард”.
Соли 1922 дар як замоне Флеминг мубталои зуком шуд ва дар косаи наздаш луоби бинии худро резонд. Дар он қисмат аз нимкоса, ки луоб уфтода буд, теъдоди зиёди микробҳо мурданд. Флеминг ин зуҳуротро омӯхт ва муайян кард, ки ба ин гуна амал оби чашм, нохуни буридашуда, буридаи бофтаи организм ҳамин гуна таъсир хоҳанд дошт. Вақте қатраи оби чашм ба найчашишаи маҳлулдор ва аз бактерияҳои зиёди тира мечакид, дар муддати ҳамагӣ якчанд сония тозаву шаффоф мешуд!
Кормандони озмоишгоҳи Флемингро лозим меомад хеле “азият” кашанд, то барои таҷрибаҳои устодашон оби чашм ҷамъоварӣ кунанд. Онҳо пӯсти лимуро меканданд, ба чашмонашон мефишурданд ва ашки ғуншударо ҷамъ меоварданд.
Флеминг моддаи кашфкардаи худро “лизотсим” номид, ки дар тарҷума аз юнонӣ “ҳалкунӣ” ва “туршонӣ” мешавад (маҳлулкунии бактерияҳо дар назар аст). Вале мутаассифона, лизотсим на ҳамаи бактерияҳоро мекушт.
Барои кашфиёти хеле муҳимаш дар зиндагӣ ба Флеминг ҳодисаи тасодуфӣ, беназмӣ дар озмоишгоҳаш ёрӣ расонд. Дар яке аз рӯзҳои соли 1928 ба аёдати Флеминг ҳамкораш Прайс омад. Флеминг якояк косачаи Петриро бо бактерияҳои қадима ба даст гирифт. Ба Прайс рӯ овард ва гуфт: “Ба муҷарради он ки косача бо бактерияро боз мекунед, шуморо ногуворие интизор аст: ҳатман чизе аз ҳаво ба он ворид мешавад...” Ва ногаҳон вай хомӯш монд ва чун ҳамеша хеле бо оромӣ гуфт: “Аҷоиб...”
Дар косачаи Петри, ки дар даст дошт, мағор дамида буд, вале гуруҳи бактерияҳо дар атрофи он мурдаву маҳлул шуда буданд. Прайс гуфт: “Шумо ҳамин гуна лизотсимро кашф карда будед”.
Аз ҳамон лаҳзаҳо Флеминг ба таҳқиқи плесени марговар барои бактерияҳо оғоз кард ва ҳамон косачаи Петриро, ки ин ҳолатро аввалин бор мушоҳида карда буд, тамоми умр нигоҳ дошт.
Маълум шуд, ки занбурӯғи мағорие, ки ба косачаи Петрӣ ворид шудааст, барои бактерия заҳролуд будааст. Ин мағор номи илмии “пенитсиллиум” дошт ва Флеминг моддаи барои бактерия заҳрогинро пенитссиллин номид. Дуруст аст, ки дар пеш санҷиши хеле ҷиддие меистод: оё ин модда барои инсон ва ҳайвон чун бактерия зараровару заҳрогин нест?
Агар чунин аст, пас пенитссиллин аз бисёре антисептикҳои то кунун маълум фарқ нахоҳад дошт. Онро ба хун ворид кардам мумкин набуд. Боиси хушнудии Флеминг ва кормандони ӯ пенитссиллини кашфшудаи марговару заҳрогин барои бактерияҳо барои харгӯшҳои таҷрибавӣ хатарнок набуд.
Барои он ки пенитсиллинро дар муолиҷа истифода кунанд, бояд шакли тозаи онро аз омехтааш ҷудо созанд. Омехта, ки дар ин китоб бо истилоҳи “шӯрбо” (шояд ба он маъно, ки дар ин шӯрбо ҳар омехта ворид шудаву ин доруро сохтааст) барои организм моддаҳои бегона дорад ва онро намешавад бе тоза кардан ба хуни инсон ворид кард.
Моҳи феврали соли 1929 Флеминг дар бораи кашфиёти нави худ ба ҷомеаи тиббии олам хабар дод. Ба ӯ ҳатто ягон савол ҳам дода нашуд! Олимон ин кашфиётро комилан бепарво ва бидуни кадом таваҷҷуҳ қабул карданд. Ва ҳатто соли 1951 Флеминг ин лаҳзаи ба истилоҳи худаш “даҳшатборро” ба ёд овард.
Ҳамин тариқ аз миён 15 сол гузашт! Ҳамон кимиёшиносони кам ҳам, ки ба таъсири пенитссиллин бовар доштанд, натавонистанд шакли тозаи онро ба вуҷуд оваранд. Вале Флеминг тӯли ин солҳо ҳамоно ба ин бовар буд, ки доруи кашфкардааш ояндаи нек дорад.
Соли 1939 Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз шуд. Бори дигар рӯйдодҳои чанд соли пеш такрор шуданд, ҳазорон нафар сарбозон ба ҳалокат расиданд, ҷароҳати онҳо шифо наёфт ва як сабаби он сирояти хун буд. Англия мавриди ҳамлаҳои шадиди ҳавоӣ қарор мегирифт ва як бомб ҳатто хонаи Флемингро валангор кард. Хушбахтона касе аз хонаводаи олими маъруф дар ин ҳодиса ҳалок нашуд ё захмӣ нагардид.
Соли 1940 хурсандибахштарин рӯйдод дар ҳаёти Флеминг буд. Аз маҷаллаи тиббӣ вай хонд, ки ба олимони Оксфорд Флори ва Чейн муяссар гардид, ки пенитссиллинро дар шакли тоза ба даст оранд. Барои Флора ва Чейн мулоқот бо Флеминг ногаҳонӣ буд, чун онҳо гумон мекарданд, ки ин олим бармаҳал аз олам рафтааст. Флеминг аз хурсандии худ ҳарф намезад, вале медонист, ки дар ин бора муддати 11 сол вай танҳо орзу мекард.
Солҳои 1941-1942 дар Амрико ва Англия истеҳсоли саноатии пенитсиллин ба роҳ монда шуд. Соли 1942 ба Флегман лозим омад бори дигар таъсири пенитссиллинро дар дӯсти наздикаш, ки ба касалии мағзӣ гиифтор шуда буд, санҷад. Дар муддати як моҳ ба Флеминг муяссар шуд, ки ин бемори ноумедшударо аз чанголи марг наҷот диҳад ва пурра табобат кунад.
Баҳсҳои хурду реза дар атрофи озмоишгоҳи Флеминг, ки гоҳу ногоҳ сар мезаданд, ҳоло муъҷиза меофарид. Вай садҳо ва ҳазорҳо захмиёни майдони ҷангро аз марг наҷот медод. Вай сабабгори оғози як соҳаи наву густаришёфтаи истеҳсоли антибиотикҳо шуд. Ҷанг ба ин ихтироъи Флеминг тобиши дигару пурҷило медод.
Баъди ин маъруфияти олим болотар рафт, дар бораи ӯ ва доруи нави наҷотбахшаш оламиён бештар аз пештар иттилоъ меёфтанд. Дар Испания одамоне, ки аз пенитсиллин шифо ёфта буданд, ба Флеминг ҳар гуна туҳфаҳо меоварданд: мӯзадӯз гаронарзиштарин попӯш, дӯзанда костюми зебо, айнаксоз айнаки хуби бо оби тилло обдода ва ғайра...
Шоҳи Англия ба олим мартабаи ашрофзодагӣ дод.
Моҳи октябри соли 1945 Флеминг хабар ёфт, ки ба ӯ, Флори ва Чейн барои кашфи пенитсиллин ҷоизаи Нобел додаанд....

Таҳияи Бобоҷони Шафеъ
Манбаъ: С. Т. Исмаилова “Энциклопедия для детей”, Москва, 1996 

Хонданд 1079

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.