.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷаҳон

Соли 1988 дар таърихи башар як саҳифаи нави дурахшон боз гардид. Аввалин бор дар ҷаҳони исломӣ зан сарвазир интихоб гардид. Ин зани далеру шуҷоъ, олиҳаи ҳусну маърифат, муборизи роҳи озодию истиқлол Беназир Бҳутто буд. 

Ҳангоме, ки Беназир Бҳутто сарвазири Давлати исломии Покистон таъин шуд, ин воқеаи ғайричашмдошт дар тамоми ҷаҳон буд, ки шахсияти (стеоротипи) зани шарқиро комилан дигар кард. Фикру ақидаи ашхоси гуногунро, ки вазифаи зани мусулмонро фақат дар чаҳорчӯбаи хона медиданд, ба куллӣ тағйир дод. Ин воқеа тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ваҷд овард.
Сарвазир интихоб шудани Бҳутто тасодуфӣ набуд. Ин зани оқилу доноро донишу маҳорат ва сиёсатмадори хуб буданаш ба ин мартаба расонд. Беназир Бҳутто маълумоти олиро дар донишгоҳҳои беҳтарини дунё - Гардварди ИМА ва Оксфорди Бритониё гирифтааст. Ӯ дар ин ду донишгоҳ сиёсат, фалсафа ва иқтисодиётро хеле хуб омӯхта буд, ки баъдан дар вақти дар сари ҳокимият буданаш аз дониши омӯхтааш босамар истифода бурд. Ӯ инчунин сиёсату сиёсатмадориро аз волидайнаш, ки ҳарду сиёсатмадорони пешқадами Покистон буданд, омӯхта буд. Падараш Зулфиқор Алӣ Бҳутто дар тӯли солҳои 1971-1973 президент буд ва сипас дар солҳои 1973-1977 вазифаи сарвазирии Покистонро ба дӯш дошт. Модараш зани курдтабори Покистон буд, ки бо шавҳараш дӯш ба дӯш истода, дар сиёсат ва гул-гулшукуфии Покистон саҳми беандозаю пурарзиши худро гузоштааст.
Беназир Бҳутто 21-уми июни соли 1953 дар шаҳри Қарочӣ ба дунё омадааст. Баъди соҳиби маълумот шудан ба Покистон баргашта, ба сиёсат машғул мешавад ва дар соли 1978 ба Ҳизби халқии Покистон аъзо мегардад ва аз соли 1979 роҳбарии ин ҳизбро ба уҳда мегирад. Моҳи ноябри соли 1988 Беназир Бҳутто сарвазири Ҷумҳурии исломии Покистон интихоб мешавад, ки дар ин вақт фарзанди нахустинаш фақат се моҳ дошт, вале ба ӯ муяссар гардид, ки аз уҳдаи ҳарду вазифаи пуршараф, яъне зан-модар ва зан-сарвар шарафмандона барояд. Ин далелу шаҳодати он аст, ки чунин занони шуҷову далер ва нозуку барнои шарқӣ ба модар буданашон нигоҳ накарда, вазифаи хеле пурмаҳсул ва мардонаро ба дӯш гирифта, аз уҳдаи он бо сарбаландӣ мебароянд.
Беназир Бҳутто ҳангоми дар вазифаи сарвазир будан барои кишвараш хизмати беандозае кардааст. Бҳутто барои беҳбудии аҳолӣ ва тараққиёти босуръати кишвараш системаи маориф ва тандурустиро ройгон кард, то ки тамоми сатҳи аҳолӣ аз он истифода бурда тавонанд. Ислоҳоти мубориза бар зидди бесаводие, ки Бҳутто дар Покистон ҷорӣ кард, натиҷаи мусбат дод. Аз се як ҳиссаи аҳолии Покистон соҳиби маълумот гашт. Барои озодӣ ва мустақилии занони Покистон мунтазам мубориза мебурд. Акнун ҳатто дар деҳаҳои дурдасти Покистон духтарон бе ягон монеа метавонистанд соҳиби маълумот гашта, якҷоя бо мардон дар истеҳсолот кор кунанд ва саҳми худро дар рушду нумуи кишварашон гузоранд. Як қатор барномаҳоро, ба монанди таъмини ҷойҳои дурдаст бо нерӯи барқ ва оби тозаи ошомиданӣ, бар зидди касалиҳои кӯдакон, бар зидди терроризмро пиёда намуд.
Беназир Бҳутто ду маротиба сарвазири Покистон буд ва ҳарду давраи дар ин вазифаи баланди пурмасъулият буданаш давраи нашъунамои кишвар ба ҳисоб мерафт. Дар вақти роҳбарии ӯ иқтисодиёти Покистон бо суръати баланд боло мерафт ва бисёр кишварҳои мутараққии ҷаҳон дар Покистон сармоя мегузоштанд, яъне ба ояндаи дурахшони ин кишвар боварӣ пайдо карданд. Бо ҳамсояаш Ҳиндустон ӯ тавонист муноқишаи доимиро то ҳадде коҳиш диҳад. Барои ҷасорату матонате, ки ин зани матину қавиирода нишон медод, ӯро ҳатто «Зани оҳанини Шарқ» мегуфтанд.
Ранҷу меҳнати ин зани мубориз на фақат дар Покистон, балки берун аз он ҳам қадрдонӣ шудааст. Беназир Бҳутто бо унвони доктории донишгоҳи Оксфорд сарфароз гардидааст ва инчунин соҳиби ордени Фаронса ва соҳиби бисёр дигар мукофотҳои давлатҳои гуногун гардидааст.
Зиндагиномаи Беназир Бҳутто то андозае ба ҳаёти зани дигари мубориз - Индира Гандӣ шабоҳат дорад. Ин ҳарду зани озодихоҳ ва сулҳҷӯ чанд маротиба сарвазири кишварашон буданд ва дар рушду нумуи кишварҳояшон саҳми онҳо беандоза аст. Мутаассифона, ҳарду ҳам аз тири адӯ ҷон бохтанд, ки боиси афсӯс ва нигаронӣ аст.
27-уми декабри соли 2007 дар шаҳри Равалпиндӣ ба ҷони Беназир Бҳутто сӯиқасд ташкил шуда, ӯ ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашт. Ин фоҷиаи мудҳиш зуд дар тамоми ҷаҳон паҳн шуда, аз тарафи тамоми ҷомеаи ҷаҳон сахт маҳкум шуд. Мардуми Покистон хотираи Беназир Бҳутторо бо эҳтироми хос пос дошта, мақбараи ӯ доимо бо гулу гулдастаҳо оро дода шудааст. Симои ин зани далеру шуҷоъ ҳамчун намунаи як зани мубориз ва модари меҳрубон дар дили халқ то абад боқӣ хоҳад монд.

Нигина ДУШАНБИЕВА,
корманди Институти омӯзиши масъалахои давлатхои Осиё ва Аврупо

Хонданд 584

Дар бораи ин хонадони маъруф ва доротарин афрод дар Сайёра гӯмагӯҳо зиёданд. Муруре ба гузаштаву имрӯзи онҳо ин андешаро дар зеҳнҳо бедор мекунанд, ки дар ҳаёташон муаммоҳо зиёданд. Асрорҳои пӯшида сабабгори он шудаанд, ки коршиносон натавонистаанд онҳоро омӯзанд. Ҳаҷми умумии дороиҳои ин хонадон ва ҳатто афроди ҷудогонаи он ягон замоне ошкор нашудааст. Дар ибтидо ин сармояҳо пурра дар ихтиёри мардони хонадон буд. Занон метавонистанд таъсир дошта бошанд, вале дахолати онҳо маҳдуд ба машваратҳо буд.

Боре маҷаллаи машҳури Forbes аз ин хонавода ёд кард, хонаводае, ки дар замони худ нависандаи оламшумули рус Лев Толстойро ҷинояткори аср номида буд. Барои баъзеҳо (барои камтарин одамон) насаби Рокфеллер синоними муваффақият, татбиқи орзуҳои амрикоӣ ва барои дигарон (барои қисмати бештар) онҳо намоди ҳарисӣ, нақзи қонун ва талош барои ҳокимияти беҳадду марз аст. Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки ақидаҳои манфӣ дар бораи оилаи Рокфеллерҳо солҳои 70-и асри ХХ пайдо шуданд, вале дар асл даҳсолаҳост, ки он ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои хабарии олам ва ҳукуматдорони Амрико буданд.
Теодор Рузвелт Рокфеллерҳоро ҷинояткорон меномид, котиби давлатӣ Уилям Брайн бошад талаб мекард, ки сарвари ин хонадонро зиндон кунанд. Солҳои сол аз 40 иёлоти Амрико додситонҳо ин хонаводаро тафтиш мекарданд. Лев Толстой мегуфт одамони поквиҷдон бояд дар ширкатҳои онҳо кор накунанд.

Дэвид Рокфеллер: охирин марди маъруфи хонадон, ки 101 сол умр дид

Соли 2017 дар садудуввин соли умр Дэвид Рокфеллери калонӣ аз олам даргузашт. Миллиардер рӯзи 20-уми март дар хонаи худ воқеъ дар Покантико-Хиллзи шаҳри Ню-Йорк вафот кард. Маҷаллаҳои маъруф сармояи Дэвид Рокфеллери 101-соларо 3,3 миллиард доллар арзёбӣ карда буданд. Вай охирин набераи Рокфеллер – миллиардери амрикоӣ ва поягузори ширкати Standard Oil буд.
Рокфеллер муддати даҳ соли охир Chase Manhattanро зери назорат дошт ва тибқи навиштаи NYT аз ҷумлаи маъруфтарин афроди сармоядори олам маҳсуб мешуд.
Дэвид Рокфеллер намояндаи насли сеюми сулолаи Рокфеллерҳо буд. Вай 15-уми июни соли 1915 дар шаҳри Ню-Йорк ба олам омад. Бобояш Ҷон Рокфеллер калотарин ширкати молиявӣ ва трести нафтии Standard Oil Co-ро асос гузошта буд ва аввалин миллиардери доллардор дар таърих шумарда мешуд. Аз ҳамон замон ҳатто то ба имрӯз хонаводаи Рокфеллерҳо аз ҷумлаи бонуфузтарин сулола дар олам дониста мешаванд.
Дэвид Рокфеллер дар донишгоҳи Гарвард таҳсил кард, ихтисосаш таърих ва адабиёти инглис буд ва баъдан дар риштаи иқтисод низ дарс хонд. Соли 1940 рисолаи докторӣ дар риштаи иқтисод дифоъ кард ва муддате муншии шаҳрдори Ню-Йорк буд. Баъди як сол ёвари директори минтақавӣ дар Департаменти мудофиа, тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ таъин шуд. Соли 1942 чун сарбози қаторӣ ба хизмати аскарӣ рафт ва соли 1945 бо рутбаи ҳарбии капитан баргашт. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон вай дар Африқои Шимолӣ ва Фаронса буд, ёвари намояндагии ҳарбии ИМА дар Париж буд ва муддаде дар хадамоти ҷосусӣ ҳам кор кард.
Баъди бозгашт аз хизмати ҳарбӣ дар вазифаи ёвари сардори шуъбаи хориҷии Chase National Bank дар Ню-Йорк ба кор қабул шуд. Ҳарчанд бахши азими саҳмияҳои ин бонк мансуб ба Рокфеллерҳо буд, вале Дэвид худ ҳама зинаҳои хизматӣ ва шуҳратро тай кард. Соли 1946 узви Шӯрои равобити байналмилалӣ шуд, ки онро Департаменти давлатии ИМА мушовирӣ мекард. Аз соли 1949 ноиби директори шӯро таъин шуд ва тадриҷан ба зинаи директори Шӯро расид. Соли 1952 ноиби президенти Chase National Bank ва баъди се сол, баъди он ки Bank of Manhattan ва Chase Manhatten Bank муттаҳид шуданд, аввал раис, сипас президент ва солҳои 1969-1981 директори кулл таъин гардид ва кор кард.
Дэфид Рокфеллер мутахассиси байналмилалии бонкӣ буд ва ҳам ба ихтисос ва ҳам дар вазифаҳо бо доираҳои вазорати хориҷӣ иртиботҳои наздик дошт. Муддати солҳои тӯлонӣ вай дар таъсис ва роҳандозии созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ шахсияти калидӣ ба шумор мерафт ва дар таъини сиёсатҳои ҷаҳонӣ нақши муҳим бозид. Клуби Билдерберг (анҷумани солонаи нухбагони ғарбӣ), Конфронси Дармтмут (мулоқоти намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико дар қаламрави коллеҷи Дартмути иёлоти Ню-Хэмпшир), Комиссияи сеҷониба (ҳамоиши доираҳои сиёсӣ ва тиҷоратии ИМА, Аврупо ва Ҷопон) аз ҷумлаи ибтикороти Дэвид Рокфеллер буданд.
Дэвид идомадиҳандаи анъанаи Рокфеллерҳо оид ба бунёд ва пуштибонии ҷамъиятҳо ва созмонҳои хайрия буд: аз ҷумла Хазинаи Рокфеллер, Институти таҳқиқоти тиббӣ, Осорхонаи санъати муосир дар Ню-Йорк, Шӯрои генералии маориф ва ғайра ниҳодҳои таъсисдодаи вай буданд, ки бо пули ин хонадон мечарханд.
Соли 2002 вай китоби хотироташро бо номи “Дэвид Рокфеллер: ёддоштҳо” интишор дод.
Дэвид Рокфеллер соли 1940 бо духтари шарики ҳуқуқии ширкати Уолл-стрит Маргарет Макграф (1915-1996) издивоҷ кард. Аз ин издивоҷ онҳо соҳиби шаш фарзанд шуданд. Дар бораи ӯ дар китоби хотираҳояш навиштааст: “Ҳарчанд бо ҳам будан барои ману ҳамсарам хуб буд, вале мо дидгоҳҳои гуногун доштем ва ҷудо аз ҳам пайи онҳо мерафтем. Ва калиди хушбахтии оилавии мо маҳз ҳамин буд”.
Ин буд муруре ба гузаштаи охирин намояндаи насли сеюми хонаводаи Рокфеллерҳо-бузургтарин сармоядорони олами муосир, ки аз охири асри 19 то ба ин шабу рӯз аз маъруфияташон коста нашудааст. Ҳаёти ин сармоядори бузурги олам омӯзанда аст: ҳамчуноне аз нақли тарҷумаи ҳолаш пай бурдед, боре ҳам аз шуҳрати хонаводагӣ истифода накардааст. Мисли ҳамаи амрикоиҳои мутамаддин буда: таҳсил, кор, хизмати ҳарбӣ дар пасттарин рутбаи ҳарбӣ, мушовирӣ ва зинаҳои дигари камолоти маънавиву хидмативу корӣ. Боре худи ӯ гуфта буд: “Насаби Рокфеллер шояд бартарӣ буд... Вале телефонҳои ман бештар ҷавоб медиҳанд. Аз ин рӯ одамон бисёр вақт ба ман шубҳаомез менигаранд. Онҳо гумон мекунанд, ки ман ба шарофати насабан комёб шудам, на бо талошҳои худ”.

Аз куҷо ба куҷо?

Аввалин гуруҳи калони муҳоҷирон ба Олами Нав (қитъаи Амрико) соли 1710 омаданд. Сабаби асосии ин муҳоҷират таъқибҳои сиёсиву динии олмониҳо дар Аврпуо буд. Аксари онҳо дар қад-қади рӯдхонаҳои Скохари ва Мохок ҷо гирифтанд. Ҷолиб он буд, ки олмониҳои марз аз муоҳадаи сулҳ бо ҳиндуҳо пуштибонӣ мекарданд. Яке аз онҳо Конрад Вайзер (хешованди дури Рокфеллерҳо)-и соҳибшуҳрат буд. Вай амалан бо ҳиндуҳо дар як макон ба воя расид. Бо чандин лаҳҷаи ҳиндуҳо метавонист гуфтугузор кунад, урфу одати онҳоро хеле хуб медонист ва ҳукуматдорон борҳо ӯро дар гуфтушунидашон бо сарварони қабоили мухталиф бо худ бурдаанд, аниқтараш барои гуфтушунид ӯро киро кардаанд.
Яъне, намояндагони ҷомеаи олмониҳо дар аввалин давраҳои истиқрори мустаъмараҳои бритониёӣ аз худ истеъдоди дипломативу соҳибкорӣ нишон дода буданд. Ин боис мешуд, ки онҳо бо муҳоҷирони дигар ва ҳукуматҳои мухталифи замон мушкил пайдо кунанд. Билохира, қисмати бештари онҳо аз водиҳои рӯди Мохок ба ҷануб, ба иёлоти Пенсилвания кӯч бастанд. Ҳузури олмониҳо ба рушди системаи демократии Амрико мусоидат кардааст. Ихтилофоти динӣ боис шуд, ки ба хотири гурез аз бархӯрдҳои эҳтимолӣ гуруҳҳои динӣ фарҳанги таҳаммул ва сабрро таҳия карданд ва ба кор гирифтанд.
Охири солҳои 1860 олмониҳои Амрико дар самтҳои соҳибкор ва тиҷорати бузург нақши умда бозӣ мекунанд. Ва яке аз инҳо, ки дар кутоҳтарин фурсат ба як шахсияти ҷаҳонӣ сабзида расид, Ҷон Рокфеллер - писари муҳоҷири диндори олмонӣ буд. Вай дар хонаводаи шахсияти мазҳабии олмониҳои муқими Ричфорд дар иёлоти Ню-Йорк дида ба олам кушод. Таъсири динии модар ба ҳадде калон буд, ки барои Ҷон сарнавишти як роҳиби калисоро навишта буданд. Яъне, вай тибқи орзуи модар мебоист ходими динӣ дар калисо мешуд ва агар маҷруҳияти падар ва зарурати омӯхтани фанни ҳисоб намебуд, Ҷон мерафт калисо ва яке аз роҳибону мубаллиғони дин мешуд. Вале сарнавишт барояш дигаргуна рақам зад. Вафодорӣ ба ҷомеаи худ ва калисо як ҷузъи муҳим дар ҷаҳонбинии миллионери оянда шуд: Ҷон шароб наменӯшид, тарзи ҳаёти солим дошт, қимор ҳам намебозид ва ҳатто рақс ҳам намекард.
Муаррихон Рокфеллерро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар поёни умраш бо накукорӣ ва эҳсон гуноҳони гузаштаашро ҷуброн кардааст. Аммо Ҷон ҳанӯз аз овони ҷавонӣ марди эҳсонкор буд ва аз ҳар маошаш хайру саховат мекард, дасти дармондагону бечорагон мегирифт. Дар умум фаъолиятҳои эҳсонкории Ҷон ҳамеша баробар бо фаъолиятҳои кориву соҳибкориаш мерафт. Ба шарофати зиракиву кордониаш ба яке аз муваффақтарин соҳибкорони замонаш табдил ёфт. Аммо ҳамон замонҳо “омили Рокфеллер” барои аксари ҷомеаи олмониҳои муҳоҷир нохушоянд буд. Вақте президент Бенҷамин Гаррисон шикори соҳибкорону сармоядоронро оғоз кард, нашрияҳои федералӣ ва динӣ навиштанд, ки “Рокфеллер, ки дар гузашта писари муҳоҷири Олмон буд, бо ҳарисиву бахилӣ нахли ҳаёти бисёре аз сокинони одиии амрикоиро хазон кард”.

“Ғоратгарони олмонӣ”

Ин ҳама хашмгириҳо замоне ба поён расиданд, ки дар Амрико қонуни зиддимонополӣ қабул шуд ва ба яккаҳукмронии ин сулола ба тиҷорати нафтро барҳам зад. Ҷон дастур дод, ки хазинаи хонаводагӣ на танҳо ба ҷомеаи олмониҳо, балки ба ҳамаи ниёзмандон дасти мадад дароз кунад. Ҷон ба он хотир ба ин гуна иқдом даст зад, ки хонаводаи вай дар мақоме қарор дошта бошад, ки ба мушкилоти мухталифи амрикоӣ расидагӣ мекунад. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин ҷомеаи англосаксонии Амрико ба ин сулолаи сарватманд бо назари гумону шубҳа менигарист. Барои аксари сокинони Амрико хонаводаи Рокфеллерҳо ҳамон олмониҳои муҳоҷир боқӣ монданд ва бумӣ нашуданд. Дар ду ҷанги ҷаҳони хазинаи ин оила барои таъминоти молии артиш хизматҳои шоиста кард. Ғайр аз ин маблағи ҳангуфте ба нашрияҳои олмонизабон ҷудо кард, то дар таблиғи манофеи Амрико ва муттаҳидонаш саҳим бошанд.
Маҳз намояндагони Рокфеллерҳо дар замони худ барои шуҳрати адмирал Честер Нимитс ва генерал Дуайт Эйзенхауер - ду қаҳрамони миллии олмонитабори Амрико хизматҳои шоиста карданд. Вале ин ҳама ҳам натавонист афкори оммаро дар бораи ин хонавода дигар кунад. Ҳатто иқдоми Ҷон Рокфеллери хурдӣ, ки барои харидории замин ҷиҳати бунёди дафтари СММ дар Ню-Йорк 8,5 миллион доллар ҷудо карда буд, вазъро дигар накард.

Капитализми Амрико ва Рокфеллерҳо

Дастовардҳои Рокфеллер ВАО-и Амрикоро водор сохт, ки дар бораи ӯ чун аввалин ҳанноти бозори нафти ин кишвар нависад. Ва аз он замон ҳатто то кунун ҳамин тамға ба номи ин хонавода часпид. Аммо аввалин комёбӣ дар ин самт муталлиқ ба полковник Эдвин Дрейк аст. Маҳз Дрейк таҷрибаи харидани замини деҳқононеро ба роҳ монд, ки дар қаламрави таҳти тасарруфашон чашмаҳои нефтӣ пайдо шуда буд. Ғайр аз ин полковник Дрейк воситаҳои дигари маъмурӣ ва ҳатто зӯриро ҳам муқобили ононе истифода кард, ки аз фурӯши заминҳояшон худдорӣ мекарданд. Дрейк ва тими вай шикори воқеъии захоири нафтиро оғоз карда буданд ва баъдан ин заминҳоро бо арзиши се баробар бештар ба ҳукумати Амрико мефурӯхтанд. Рокфеллер дар ин замон саргарми тиҷорати брокерӣ дар Кливленд, иёлоти Огайо буд ва таҷрибаи кори нафкашиву кор дар соҳаи нафт аслан надошт.
Дар аввалҳо ҳатто ин тиҷорат диққати ӯро ба худ намекашид, чун захираҳо ба анҷом мерасиданд ва сӯхторҳои доманфарох зарари калон мерасониданд. Аз ин рӯ Рокфеллер ба ин шохаи сердаромад таваҷҷуҳ намекард. Танҳо соли 1865 баъди даъвату машваратҳои кимиёшинос Самюэл Эндрюс, ки ба дӯсташ кафолати фоида дода буд, рӯ ба ин тиҷорат овард. Аллакай соли 1870 Ҷон Рокфеллер мултимиллионер шуда буд. Талошҳои навоваронаи Эндрюс ва маҳорати идории Рокфеллер дар бозори нефтии Амрико инқилоберо ба вуҷуд оварданд. Аммо ин шуҳрат ба даст намеомад, агар Рокфеллер ширкатҳои рақобатпазири роҳи оҳан ва нақлиёти баҳриро дар ихтиёр намедошт.
Комёбиҳои Рокфеллерҳо баъди он ки Томас Эдисон лампаҳои тасфандаву рушноидиҳанда тавлид кард, дучори хатар гардид. Рушноии барқӣ таҳдиди сахте шуд ба тиҷорати нафт, зеро талабот ба керосинро коҳиш дод. Гузашта аз ин исбот шуд, ки неруи барқ назар ба истифодаи лампаҳои керосинӣ хатари камтар дорад. Рокфеллер дар ин навоварӣ хатари ҷиддӣ ба тиҷорати худро дид ва бо истифода аз ҳамаи восоил ва лоббиҳояш дар сатҳҳои мухталифи ҳукумати Амрико талош кард зидди таҳаввулот мубориза барад. Вале натавонист, аммо тиҷорати вайро тавлиди мошин аз нобудӣ наҷот дод. Агар пештар керосин барои лампаҳо истифода мешуд, ҳоло талаботи нав-маводи сӯхт барои ҳаракати мошинҳо умеди афзоиши дороиҳоро ба Рокфеллерҳо баргардонд.

Сохторҳои фасодзадаи тиҷорати Рокфеллерҳо

Ин масъала хеле баҳсбарангез аст ва барои ононе, ки мехоҳанд Рокфеллерҳоро сиёҳ кунанд, далели хубест. Вале таҳлил ҷанбаҳои дигарро ҳам ошкор мекунад.
Албатта, тиҷорати Рокфеллер бар пояи схемаҳои коррупсионӣ бунёд шуда буд ва бо ҳар роҳу васила рақибонашро аз сари роҳаш дур мекард. Аммо барои арзёбии воқеъии сулолаи Рокфеллерҳо зарур аст дарк кард, ки дар кадом давраи таърихӣ ин империя арзи вуҷуд кард. Аввалан ин замони фасоди сартосарӣ дар Амрико буд, шохаҳои гуногуни ҳукумати федералӣ ба ин мараз печида буданд. Он замон ҳоло механизмҳои мубориза бо фасод ва роҳандозии тиҷорату соҳибкории поку озода таҳия нашуда буд.
Дуюм, зарур аст миллият ва қавмияти Рокфеллер ба назар гирифта шавад. Он замон дар Амрико монополияҳои зиёде вуҷуд доштанд ва амалан дар бораи тиҷоратҳои империяҳои Морганов ва Асторов ҳарфе гуфта намешуд. Чун онҳо англосаксонӣ буданд, вале шеваи корашон фарқе аз шеваи кори Рокфеллерҳо надошт. Астор наҷибзодаи амрикоӣ ва саргарми тиҷорати афюн буд ва тиҷорати худро бо роҳҳои ғайриқонуниву нопок бо ҳиндуҳо ташкил карда буд. Фоидаҳои Морган аз замин буд ва харидуфурӯшҳои ғайримуҷоз.
Сеюм, таъсири сиёсии сулола ба таври сунъӣ маънидод мешавад. Ва агар дар ҳақиқат Рокфеллерҳо ин гуна таъсиру ин гуна пуштибонӣ медоштанд, аз қабули қонуни зиддимонополӣ ҷилавгирӣ ба амал меоварданд ва ин қонун муддате қабул намешуд. Гузашта аз ин як нафар аз сулолаи Рокфеллерҳо - Нелсон Рокфеллер губернатори Ню-Йорк ва ноиби президенти ИМА буд. Аммо мисоли Нелсон таъсири сулола ва маҳдудиятҳои онро ба намоиш мегузорад. Вай дар се маъракаи интихоби президент ширкат кард, вале ҳеч гоҳ баранда нашуд. Ҳамеша ба зинаи ниҳоии интихобот нарасида, меуфтод.

Чанд сухани ҷолиб аз гузашта ва имрӯзи сулолаи Рокфеллерҳо:
• Поягузори сулола Уилям Рокфеллер (1810–1906) сарнавишти пурмоҷарое дорад. Вай аввал ҷангалбурӣ мекард ва баъдан аз шаҳр ба шаҳр ва аз русто ба русто мегашт, то доруҳои тавлидкарди худро фурӯшад, ҳарчанд аслан маълумоти тиббӣ надошт. Соли 1849 ба таҷовуз ба номуси хизматгорзанаш муттаҳам шуд.
• Писари Уилям Ҷон Дэвисон Рокфеллер (1839–1937) соли 1870 ширкати нафтии Standard Oil-ро асос гузошт. Маҳз ҳамин тиҷорати нефт Рокфеллерро аввалин миллиардери долларӣ дар ҷаҳон кард.
• Соли 1911 Додгоҳи олии ИМА қарор кард, ки ин ширкатро барҳам диҳад, чун муғойир ба талаботи қонуни зиддимонополӣ буд. Он ба 34 ширкат тақсим шуд ва Рокфеллерҳо чун пештар нақши калидӣ дар ин тиҷорат доштанд.
• Ҷон Дэвисон Рокфеллер дар тӯли ҳаёташ бахши азими дороиҳои худро сарфи корҳои хайрия кард ва ин хазина имрӯз ҳам бо сармояи азим вуҷуд дорад ва аз ҷумлаи калонтарин хазинаҳои хайрия дар Амрико ба ҳисоб меравад.
• Ҷон Дэвисон Рокфеллер соҳиби 16 ширкати роҳи оҳан ва 6 ширкати пӯлодгудозӣ, 10 ширкати вижаи тиҷорати амволи ғайриманқул, 6 ширкати киштисозӣ, 9 бонк ва 3 боғи азими афлесун буд.
• Вориси аслии сулолаи Ҷон Дэвисон Рокфеллер писари ягонаи вай Ҷон Дэвисон буд, ки ба сармояи падараш афзуд. Ба ин ду ҷанги ҷаҳонӣ мусоидат кард, чун сулола дар ин ҷангҳо муҳимтарин таъминотчии маводи сӯхт барои артиш буд.
• Солҳои 1930 бо пули оилаи Рокфеллерҳо дар шаҳри Ню-Йорк маҳалле бунёд шуд, ки онро Маркази Рокфеллер номиданд. Соли 1987 ин маҷтамаъ мақоми ёдгории миллӣ касб кард.
• Ҷон Дэвисони хурдӣ сармояи азимеро барои шаш фарзандаш-як духтар ва панҷ писараш мерос гузошт. Яке аз писарони вай Нелсон солҳои президентии Ҷералд Форд ноиби президент буд.
• Моҳи марти соли 2017 Дэвид Рокфеллер-охирин писари Ҷон Дэвисон вафот кард. Ӯро марди саховатпеша медонанд ва тибқи иттилои расонашуда дар тӯли умраш аз ҳисоби сармояи худ 900 миллион долларро хайр кардааст.
• Соли 2002 Дэвид Рокфеллер китоби хотироташро нашр кард ва ӯ аввалин нафаре аз аҳли сулола буд, ки китоби ёддошт чоп кард.

Охирсухан

Дар бораи ин хонадон матолиби хонданӣ хеле зиёд аст. Бахусус суханони ҳикматомезе дар бораи зиндагӣ, пул, сармоя, инсон, муҳаббат доранд, ки омӯзандаанд. Дар доираи як мақола намешавад ин ҳамаро ба риштаи тасвир кашид. Вале шояд замоне расад, ки сари мавзуъ баргардем. Аммо ба ҷойи хулоса ин нуктаро мехоҳем таъкид кунем: муаммоҳои сарбаста ва асроромези хонадон имкон намедиҳанд ҳарфи ниҳоӣ гуфта шавад. Кистанд Рокфеллерҳо: шӯрапуштону хабис ва ё корчаллонҳое, ки роҳи тиҷорату сармоядориро кашф карданд? суолоти бепосух.

Таҳияи Ф.Муҳаммад

 

Рокфеллерҳо: сулолае, ки амрикоиҳо дӯст надоштанд
Дар бораи ин хонадони маъруф ва доротарин афрод дар Сайёра гӯмагӯҳо зиёданд. Муруре ба гузаштаву имрӯзи онҳо ин андешаро дар зеҳнҳо бедор мекунанд, ки дар ҳаёташон муаммоҳо зиёданд. Асрорҳои пӯшида сабабгори он шудаанд, ки коршиносон натавонистаанд онҳоро омӯзанд. Ҳаҷми умумии дороиҳои ин хонадон ва ҳатто афроди ҷудогонаи он ягон замоне ошкор нашудааст. Дар ибтидо ин сармояҳо пурра дар ихтиёри мардони хонадон буд. Занон метавонистанд таъсир дошта бошанд, вале дахолати онҳо маҳдуд ба машваратҳо буд.
Боре маҷаллаи машҳури Forbes аз ин хонавода ёд кард, хонаводае, ки дар замони худ нависандаи оламшумули рус Лев Толстойро ҷинояткори аср номида буд. Барои баъзеҳо (барои камтарин одамон) насаби Рокфеллер синоними муваффақият, татбиқи орзуҳои амрикоӣ ва барои дигарон (барои қисмати бештар) онҳо намоди ҳарисӣ, нақзи қонун ва талош барои ҳокимияти беҳадду марз аст. Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки ақидаҳои манфӣ дар бораи оилаи Рокфеллерҳо солҳои 70-и асри ХХ пайдо шуданд, вале дар асл даҳсолаҳост, ки он ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои хабарии олам ва ҳукуматдорони Амрико буданд.
Теодор Рузвелт Рокфеллерҳоро ҷинояткорон меномид, котиби давлатӣ Уилям Брайн бошад талаб мекард, ки сарвари ин хонадонро зиндон кунанд. Солҳои сол аз 40 иёлоти Амрико додситонҳо ин хонаводаро тафтиш мекарданд. Лев Толстой мегуфт одамони поквиҷдон бояд дар ширкатҳои онҳо кор накунанд.
Дэвид Рокфеллер: охирин марди маъруфи хонадон, ки 101 сол умр дид
Соли 2017 дар садудуввин соли умр Дэвид Рокфеллери калонӣ аз олам даргузашт. Миллиардер рӯзи 20-уми март дар хонаи худ воқеъ дар Покантико-Хиллзи шаҳри Ню-Йорк вафот кард. Маҷаллаҳои маъруф сармояи Дэвид Рокфеллери 101-соларо 3,3 миллиард доллар арзёбӣ карда буданд. Вай охирин набераи Рокфеллер – миллиардери амрикоӣ ва поягузори ширкати Standard Oil буд. 
Рокфеллер муддати даҳ соли охир Chase Manhattanро зери назорат дошт ва тибқи навиштаи NYT аз ҷумлаи маъруфтарин афроди сармоядори олам маҳсуб мешуд.  
Дэвид Рокфеллер намояндаи насли сеюми сулолаи Рокфеллерҳо буд. Вай 15-уми июни соли 1915 дар шаҳри Ню-Йорк ба олам омад. Бобояш Ҷон Рокфеллер калотарин ширкати молиявӣ ва трести нафтии Standard Oil Co-ро асос гузошта буд ва аввалин миллиардери доллардор дар таърих шумарда мешуд. Аз ҳамон замон ҳатто то ба имрӯз хонаводаи Рокфеллерҳо аз ҷумлаи бонуфузтарин сулола дар олам дониста мешаванд.  
Дэвид Рокфеллер дар донишгоҳи Гарвард таҳсил кард, ихтисосаш таърих ва адабиёти инглис буд ва баъдан дар риштаи иқтисод низ дарс хонд. Соли 1940 рисолаи докторӣ дар риштаи иқтисод дифоъ кард ва муддате муншии шаҳрдори Ню-Йорк буд. Баъди як сол ёвари директори минтақавӣ дар Департаменти мудофиа, тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ таъин шуд. Соли 1942 чун сарбози қаторӣ ба хизмати аскарӣ рафт ва соли 1945 бо рутбаи ҳарбии капитан баргашт. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон вай дар Африқои Шимолӣ ва Фаронса буд, ёвари намояндагии ҳарбии ИМА дар Париж буд ва муддаде дар хадамоти ҷосусӣ ҳам кор кард.  
Баъди бозгашт аз хизмати ҳарбӣ дар вазифаи ёвари сардори шуъбаи хориҷии Chase National Bank дар Ню-Йорк ба кор қабул шуд. Ҳарчанд бахши азими саҳмияҳои ин бонк мансуб ба Рокфеллерҳо буд, вале Дэвид худ ҳама зинаҳои хизматӣ ва шуҳратро тай кард. Соли 1946 узви Шӯрои равобити байналмилалӣ шуд, ки онро Департаменти давлатии ИМА мушовирӣ мекард. Аз соли 1949 ноиби директори шӯро таъин шуд ва тадриҷан ба зинаи директори Шӯро расид. Соли 1952 ноиби президенти Chase National Bank ва баъди се сол, баъди он ки Bank of Manhattan ва Chase Manhatten Bank муттаҳид шуданд, аввал раис, сипас президент ва солҳои 1969-1981 директори кулл таъин гардид ва кор кард.  
Дэфид Рокфеллер мутахассиси байналмилалии бонкӣ буд ва ҳам ба ихтисос ва ҳам дар вазифаҳо бо доираҳои вазорати хориҷӣ иртиботҳои наздик дошт. Муддати солҳои тӯлонӣ вай дар таъсис ва роҳандозии созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ шахсияти калидӣ ба шумор мерафт ва дар таъини сиёсатҳои ҷаҳонӣ нақши муҳим бозид. Клуби Билдерберг (анҷумани солонаи нухбагони ғарбӣ), Конфронси Дармтмут (мулоқоти намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико дар қаламрави коллеҷи Дартмути иёлоти Ню-Хэмпшир), Комиссияи сеҷониба (ҳамоиши доираҳои сиёсӣ ва тиҷоратии ИМА, Аврупо ва Ҷопон) аз ҷумлаи ибтикороти Дэвид Рокфеллер буданд.  
Дэвид идомадиҳандаи анъанаи Рокфеллерҳо оид ба бунёд ва пуштибонии ҷамъиятҳо ва созмонҳои хайрия буд: аз ҷумла Хазинаи Рокфеллер, Институти таҳқиқоти тиббӣ, Осорхонаи санъати муосир дар Ню-Йорк, Шӯрои генералии маориф ва ғайра ниҳодҳои таъсисдодаи вай буданд, ки бо пули ин хонадон мечарханд. 
Соли 2002 вай китоби хотироташро бо номи “Дэвид Рокфеллер: ёддоштҳо” интишор дод.   
Дэвид Рокфеллер соли 1940 бо духтари шарики ҳуқуқии ширкати Уолл-стрит Маргарет Макграф (1915-1996) издивоҷ кард. Аз ин издивоҷ онҳо соҳиби шаш фарзанд шуданд. Дар бораи ӯ дар китоби хотираҳояш навиштааст: “Ҳарчанд бо ҳам будан барои ману ҳамсарам хуб буд, вале мо дидгоҳҳои гуногун доштем ва ҷудо аз ҳам пайи онҳо мерафтем. Ва калиди хушбахтии оилавии мо маҳз ҳамин буд”.
Ин буд муруре ба гузаштаи охирин намояндаи насли сеюми хонаводаи Рокфеллерҳо-бузургтарин сармоядорони олами муосир, ки аз охири асри 19 то ба ин шабу рӯз аз маъруфияташон коста нашудааст. Ҳаёти ин сармоядори бузурги олам омӯзанда аст: ҳамчуноне аз нақли тарҷумаи ҳолаш пай бурдед, боре ҳам аз шуҳрати хонаводагӣ истифода накардааст. Мисли ҳамаи амрикоиҳои мутамаддин буда: таҳсил, кор, хизмати ҳарбӣ дар пасттарин рутбаи ҳарбӣ, мушовирӣ ва зинаҳои дигари камолоти маънавиву хидмативу корӣ. Боре худи ӯ гуфта буд: “Насаби Рокфеллер шояд бартарӣ буд... Вале телефонҳои ман бештар ҷавоб медиҳанд. Аз ин рӯ одамон бисёр вақт ба ман шубҳаомез менигаранд. Онҳо гумон мекунанд, ки ман ба шарофати насабан комёб шудам, на бо талошҳои худ”. 
Аз куҷо ба куҷо?
Аввалин гуруҳи калони муҳоҷирон ба Олами Нав (қитъаи Амрико) соли 1710 омаданд. Сабаби асосии ин муҳоҷират таъқибҳои сиёсиву динии олмониҳо дар Аврпуо буд. Аксари онҳо дар қад-қади рӯдхонаҳои Скохари ва Мохок ҷо гирифтанд. Ҷолиб он буд, ки олмониҳои марз аз муоҳадаи сулҳ бо ҳиндуҳо пуштибонӣ мекарданд. Яке аз онҳо Конрад Вайзер (хешованди дури Рокфеллерҳо)-и соҳибшуҳрат буд. Вай амалан бо ҳиндуҳо дар як макон ба воя расид. Бо чандин лаҳҷаи ҳиндуҳо метавонист гуфтугузор кунад, урфу одати онҳоро хеле хуб медонист ва ҳукуматдорон борҳо ӯро дар гуфтушунидашон бо сарварони қабоили мухталиф бо худ бурдаанд, аниқтараш барои гуфтушунид ӯро киро кардаанд.  
Яъне, намояндагони ҷомеаи олмониҳо дар аввалин давраҳои истиқрори мустаъмараҳои бритониёӣ аз худ истеъдоди дипломативу соҳибкорӣ нишон дода буданд. Ин боис мешуд, ки онҳо бо муҳоҷирони дигар ва ҳукуматҳои мухталифи замон мушкил пайдо кунанд. Билохира, қисмати бештари онҳо аз водиҳои рӯди Мохок ба ҷануб, ба иёлоти Пенсилвания кӯч бастанд. Ҳузури олмониҳо ба рушди системаи демократии Амрико мусоидат кардааст. Ихтилофоти динӣ боис шуд, ки ба хотири гурез аз бархӯрдҳои эҳтимолӣ гуруҳҳои динӣ фарҳанги таҳаммул ва сабрро таҳия карданд ва ба кор гирифтанд.  
Охири солҳои 1860 олмониҳои Амрико дар самтҳои соҳибкор ва тиҷорати бузург нақши умда бозӣ мекунанд. Ва яке аз инҳо, ки дар кутоҳтарин фурсат ба як шахсияти ҷаҳонӣ сабзида расид, Ҷон Рокфеллер - писари муҳоҷири диндори олмонӣ буд. Вай дар хонаводаи шахсияти мазҳабии олмониҳои муқими Ричфорд дар иёлоти Ню-Йорк дида ба олам кушод. Таъсири динии модар ба ҳадде калон буд, ки барои Ҷон сарнавишти як роҳиби калисоро навишта буданд. Яъне, вай тибқи орзуи модар мебоист ходими динӣ дар калисо мешуд ва агар маҷруҳияти падар ва зарурати омӯхтани фанни ҳисоб намебуд, Ҷон мерафт калисо ва яке аз роҳибону мубаллиғони дин мешуд. Вале сарнавишт барояш дигаргуна рақам зад. Вафодорӣ ба ҷомеаи худ ва калисо як ҷузъи муҳим дар ҷаҳонбинии миллионери оянда шуд: Ҷон шароб наменӯшид, тарзи ҳаёти солим дошт, қимор ҳам намебозид ва ҳатто рақс ҳам намекард.  
Муаррихон Рокфеллерро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар поёни умраш бо накукорӣ ва эҳсон гуноҳони гузаштаашро ҷуброн кардааст. Аммо Ҷон ҳанӯз аз овони ҷавонӣ марди эҳсонкор буд ва аз ҳар маошаш хайру саховат мекард, дасти дармондагону бечорагон мегирифт. Дар умум фаъолиятҳои эҳсонкории Ҷон ҳамеша баробар бо фаъолиятҳои кориву соҳибкориаш мерафт. Ба шарофати зиракиву кордониаш ба яке аз муваффақтарин соҳибкорони замонаш табдил ёфт. Аммо ҳамон замонҳо “омили Рокфеллер” барои аксари ҷомеаи олмониҳои муҳоҷир нохушоянд буд. Вақте президент Бенҷамин Гаррисон шикори соҳибкорону сармоядоронро оғоз кард, нашрияҳои федералӣ ва динӣ навиштанд, ки “Рокфеллер, ки дар гузашта писари муҳоҷири Олмон буд, бо ҳарисиву бахилӣ нахли ҳаёти бисёре аз сокинони одиии амрикоиро хазон кард”. 
 
“Ғоратгарони олмонӣ” 
 
Ин ҳама хашмгириҳо замоне ба поён расиданд, ки дар Амрико қонуни зиддимонополӣ қабул шуд ва ба яккаҳукмронии ин сулола ба тиҷорати нафтро барҳам зад. Ҷон дастур дод, ки хазинаи хонаводагӣ на танҳо ба ҷомеаи олмониҳо, балки ба ҳамаи ниёзмандон дасти мадад дароз кунад. Ҷон ба он хотир ба ин гуна иқдом даст зад, ки хонаводаи вай дар мақоме қарор дошта бошад, ки ба мушкилоти мухталифи амрикоӣ расидагӣ мекунад. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин ҷомеаи англосаксонии Амрико ба ин сулолаи сарватманд бо назари гумону шубҳа менигарист. Барои аксари сокинони Амрико хонаводаи Рокфеллерҳо ҳамон олмониҳои муҳоҷир боқӣ монданд ва бумӣ нашуданд. Дар ду ҷанги ҷаҳони хазинаи ин оила барои таъминоти молии артиш хизматҳои шоиста кард. Ғайр аз ин маблағи ҳангуфте ба нашрияҳои олмонизабон ҷудо кард, то дар таблиғи манофеи Амрико ва муттаҳидонаш саҳим бошанд.  
Маҳз намояндагони Рокфеллерҳо дар замони худ барои шуҳрати адмирал Честер Нимитс ва генерал Дуайт Эйзенхауер - ду қаҳрамони миллии олмонитабори Амрико хизматҳои шоиста карданд. Вале ин ҳама ҳам натавонист афкори оммаро дар бораи ин хонавода дигар кунад. Ҳатто иқдоми Ҷон Рокфеллери хурдӣ, ки барои харидории замин ҷиҳати бунёди дафтари СММ дар Ню-Йорк 8,5 миллион доллар ҷудо карда буд, вазъро дигар накард.  
Капитализми Амрико ва Рокфеллерҳо
Дастовардҳои Рокфеллер ВАО-и Амрикоро водор сохт, ки дар бораи ӯ чун аввалин ҳанноти бозори нафти ин кишвар нависад. Ва аз он замон ҳатто то кунун ҳамин тамға ба номи ин хонавода часпид. Аммо аввалин комёбӣ дар ин самт муталлиқ ба полковник Эдвин Дрейк аст. Маҳз Дрейк таҷрибаи харидани замини деҳқононеро ба роҳ монд, ки дар қаламрави таҳти тасарруфашон чашмаҳои нефтӣ пайдо шуда буд. Ғайр аз ин полковник Дрейк воситаҳои дигари маъмурӣ ва ҳатто зӯриро ҳам муқобили ононе истифода кард, ки аз фурӯши заминҳояшон худдорӣ мекарданд. Дрейк ва тими вай шикори воқеъии захоири нафтиро оғоз карда буданд ва баъдан ин заминҳоро бо арзиши се баробар бештар ба ҳукумати Амрико мефурӯхтанд. Рокфеллер дар ин замон саргарми тиҷорати брокерӣ дар Кливленд, иёлоти Огайо буд ва таҷрибаи кори нафкашиву кор дар соҳаи нафт аслан надошт.  
Дар аввалҳо ҳатто ин тиҷорат диққати ӯро ба худ намекашид, чун захираҳо ба анҷом мерасиданд ва сӯхторҳои доманфарох зарари калон мерасониданд. Аз ин рӯ Рокфеллер ба ин шохаи сердаромад таваҷҷуҳ намекард. Танҳо соли 1865 баъди даъвату машваратҳои кимиёшинос Самюэл Эндрюс, ки ба дӯсташ кафолати фоида дода буд, рӯ ба ин тиҷорат овард. Аллакай соли 1870 Ҷон Рокфеллер мултимиллионер шуда буд. Талошҳои навоваронаи Эндрюс ва маҳорати идории Рокфеллер дар бозори нефтии Амрико инқилоберо ба вуҷуд оварданд. Аммо ин шуҳрат ба даст намеомад, агар Рокфеллер ширкатҳои рақобатпазири роҳи оҳан ва нақлиёти баҳриро дар ихтиёр намедошт.  
Комёбиҳои Рокфеллерҳо баъди он ки Томас Эдисон лампаҳои тасфандаву рушноидиҳанда тавлид кард, дучори хатар гардид. Рушноии барқӣ таҳдиди сахте шуд ба тиҷорати нафт, зеро талабот ба керосинро коҳиш дод. Гузашта аз ин исбот шуд, ки неруи барқ назар ба истифодаи лампаҳои керосинӣ хатари камтар дорад. Рокфеллер дар ин навоварӣ хатари ҷиддӣ ба тиҷорати худро дид ва бо истифода аз ҳамаи восоил ва лоббиҳояш дар сатҳҳои мухталифи ҳукумати Амрико талош кард зидди таҳаввулот мубориза барад. Вале натавонист, аммо тиҷорати вайро тавлиди мошин аз нобудӣ наҷот дод. Агар пештар керосин барои лампаҳо истифода мешуд, ҳоло талаботи нав-маводи сӯхт барои ҳаракати мошинҳо умеди афзоиши дороиҳоро ба Рокфеллерҳо баргардонд.   
Сохторҳои фасодзадаи тиҷорати Рокфеллерҳо
Ин масъала хеле баҳсбарангез аст ва барои ононе, ки мехоҳанд Рокфеллерҳоро сиёҳ кунанд, далели хубест. Вале таҳлил ҷанбаҳои дигарро ҳам ошкор мекунад. 
Албатта, тиҷорати Рокфеллер бар пояи схемаҳои коррупсионӣ бунёд шуда буд ва бо ҳар роҳу васила рақибонашро аз сари роҳаш дур мекард. Аммо барои арзёбии воқеъии сулолаи Рокфеллерҳо зарур аст дарк кард, ки дар кадом давраи таърихӣ ин империя арзи вуҷуд кард. Аввалан ин замони фасоди сартосарӣ дар Амрико буд, шохаҳои гуногуни ҳукумати федералӣ ба ин мараз печида буданд. Он замон ҳоло механизмҳои мубориза бо фасод ва роҳандозии тиҷорату соҳибкории поку озода таҳия нашуда буд.  
Дуюм, зарур аст миллият ва қавмияти Рокфеллер ба назар гирифта шавад. Он замон дар Амрико монополияҳои зиёде вуҷуд доштанд ва амалан дар бораи тиҷоратҳои империяҳои Морганов ва Асторов ҳарфе гуфта намешуд. Чун онҳо англосаксонӣ буданд, вале шеваи корашон фарқе аз шеваи кори Рокфеллерҳо надошт. Астор наҷибзодаи амрикоӣ ва саргарми тиҷорати афюн буд ва тиҷорати худро бо роҳҳои ғайриқонуниву нопок бо ҳиндуҳо ташкил карда буд. Фоидаҳои Морган аз замин буд ва харидуфурӯшҳои ғайримуҷоз.  
Сеюм, таъсири сиёсии сулола ба таври сунъӣ маънидод мешавад. Ва агар дар ҳақиқат Рокфеллерҳо ин гуна таъсиру ин гуна пуштибонӣ медоштанд, аз қабули қонуни зиддимонополӣ ҷилавгирӣ ба амал меоварданд ва ин қонун муддате қабул намешуд. Гузашта аз ин як нафар аз сулолаи Рокфеллерҳо - Нелсон Рокфеллер губернатори Ню-Йорк ва ноиби президенти ИМА буд. Аммо мисоли Нелсон таъсири сулола ва маҳдудиятҳои онро ба намоиш мегузорад. Вай дар се маъракаи интихоби президент ширкат кард, вале ҳеч гоҳ баранда нашуд. Ҳамеша ба зинаи ниҳоии интихобот нарасида, меуфтод.
  
Чанд сухани ҷолиб аз гузашта ва имрӯзи сулолаи Рокфеллерҳо:
Поягузори сулола Уилям Рокфеллер (1810–1906) сарнавишти пурмоҷарое дорад. Вай аввал ҷангалбурӣ мекард ва баъдан аз шаҳр ба шаҳр ва аз русто ба русто мегашт, то доруҳои тавлидкарди худро фурӯшад, ҳарчанд аслан маълумоти тиббӣ надошт. Соли 1849 ба таҷовуз ба номуси хизматгорзанаш муттаҳам шуд. 
Писари Уилям Ҷон Дэвисон Рокфеллер (1839–1937) соли 1870 ширкати нафтии Standard Oil-ро асос гузошт. Маҳз ҳамин тиҷорати нефт Рокфеллерро аввалин миллиардери долларӣ дар ҷаҳон кард.  
Соли 1911 Додгоҳи олии ИМА қарор кард, ки ин ширкатро барҳам диҳад, чун муғойир ба талаботи қонуни зиддимонополӣ буд. Он ба 34 ширкат тақсим шуд ва Рокфеллерҳо чун пештар нақши калидӣ дар ин тиҷорат доштанд.  
Ҷон Дэвисон Рокфеллер дар тӯли ҳаёташ бахши азими дороиҳои худро сарфи корҳои хайрия кард ва ин хазина имрӯз ҳам бо сармояи азим вуҷуд дорад ва аз ҷумлаи калонтарин хазинаҳои хайрия дар Амрико ба ҳисоб меравад.  
Ҷон Дэвисон Рокфеллер соҳиби 16 ширкати роҳи оҳан ва 6 ширкати пӯлодгудозӣ, 10 ширкати вижаи тиҷорати амволи ғайриманқул, 6 ширкати киштисозӣ, 9 бонк ва 3 боғи азими афлесун буд.  
Вориси аслии сулолаи Ҷон Дэвисон Рокфеллер писари ягонаи вай Ҷон Дэвисон буд, ки ба сармояи падараш афзуд. Ба ин ду ҷанги ҷаҳонӣ мусоидат кард, чун сулола дар ин ҷангҳо муҳимтарин таъминотчии маводи сӯхт барои артиш буд.  
Солҳои 1930 бо пули оилаи Рокфеллерҳо дар шаҳри Ню-Йорк маҳалле бунёд шуд, ки онро Маркази Рокфеллер номиданд. Соли 1987 ин маҷтамаъ мақоми ёдгории миллӣ касб кард. 
Ҷон Дэвисони хурдӣ сармояи азимеро барои шаш фарзандаш-як духтар ва панҷ писараш мерос гузошт. Яке аз писарони вай Нелсон солҳои президентии Ҷералд Форд ноиби президент буд.  
Моҳи марти соли 2017 Дэвид Рокфеллер-охирин писари Ҷон Дэвисон вафот кард. Ӯро марди саховатпеша медонанд ва тибқи иттилои расонашуда дар тӯли умраш аз ҳисоби сармояи худ 900 миллион долларро хайр кардааст.   
Соли 2002 Дэвид Рокфеллер китоби хотироташро нашр кард ва ӯ аввалин нафаре аз аҳли сулола буд, ки китоби ёддошт чоп кард.  
Охирсухан
Дар бораи ин хонадон матолиби хонданӣ хеле зиёд аст. Бахусус суханони ҳикматомезе дар бораи зиндагӣ, пул, сармоя, инсон, муҳаббат доранд, ки омӯзандаанд. Дар доираи як мақола намешавад ин ҳамаро ба риштаи тасвир кашид. Вале шояд замоне расад, ки сари мавзуъ баргардем. Аммо ба ҷойи хулоса ин нуктаро мехоҳем таъкид кунем: муаммоҳои сарбаста ва асроромези хонадон имкон намедиҳанд ҳарфи ниҳоӣ гуфта шавад. Кистанд Рокфеллерҳо: шӯрапуштону хабис ва ё корчаллонҳое, ки роҳи тиҷорату сармоядориро кашф карданд? суолоти бепосух. 
Таҳияи Ф.Муҳаммад
Хонданд 634

ТОҶИКОНИ БУМИИ ЧИН

Март 03, 2018
Хонданд: 499

Мардумони порсу тоҷикро дар тамоми кӯраи олам дӯст медоранд, чунки қиёфаи ҳиндуаврупоӣ доранду одамони неканд. Порсро барои он форс мегӯянд, ки дар алифбои арабӣ ҳарфи «П» вуҷуд надорад. Дар музофоти Тошқӯрғони давлати Чин, бо амри сарнавишт тоҷикони бумии қадима маскунанд ва аз чиниҳо бо баландии қаду қомат ва чеҳраи ҳиндуаврупоӣ доштаашон ба куллӣ фарқ мекунанд. Вале дар тӯли садсолаҳо бо мардумони чинӣ махлут гардидаанд ва забони форсиро намедонанд. 

Дар солҳои 90-уми асри гузашта, барои ба куҳистони бе обу дарахт ҳаёт бахшидан, яке аз ин тоҷикони қадима тасмим мегирад, ки куҳсори бе долу дарахтро аз рӯи ақлу хиради тоҷикона ба сабзазору дарахтзор мубаддал гардонад. Ӯ ба давлату ҳукумат манзурашро пешниҳод менамояд ва дар асоси дархосташ аз тарафи давлат дастгирӣ ёфта, аз ҳукумат маблағи калони пулӣ мегирад.
Дар баробари ин тоҷикмард аз давлату ҳукумат талаб менамояд, ки зиёда аз 100 маҳбуси ҷазои сабук доштаро ба ихтиёри ӯ вогузоранд, то онҳо муҳлати ҷазои гуноҳашонро бо меҳнат адо намоянд.
Ҳукумат низ, ба ин дархости ӯ розӣ мешавад. Ба маҳбусон моҳона муқаррар менамояд ва пешниҳод мекунад, ки ҳар касе, ки зану бача дорад даъват кунанд, омада кор кунанду баробари шавҳарҳояшон маош бигиранд. Сипас, нақшаи зиёда аз 500 гектар замини куҳии бе обу дарахтро тарҳрезӣ намуда, дар қитъаи муайяни квадратӣ дар рӯи сангу рег ҷав мекорад. Бо маркази обу ҳавосанҷӣ машварат намуда, дархост менамояд, кӣ ду рӯз қабл аз боридани борон дар он мавзеъ ӯро огоҳ намоянд. Баъд аз оне, ки обуҳавосанҷҳо ду рӯз пеш ба ӯ муждаи боридани боронро мерасонанд, ӯ таъҷилан аз рӯи нақшаи тартибдодааш дар рӯи сангу реги куҳсор ҷав мекорад. Замоне, ки ҷав мерӯяд, ҳосили рӯидаи ҷавро намеғундоранд, дар натиҷа ниҳолҳои ҷав хушк шуда, пӯсида ба хок мубаддал мегарданд. Соли оянда аз ҳар дона ҷави киштшуда, даҳҳо майсаи ҷави дигар мерӯяду гашта хок мешавад. Дар натиҷа иқлими он мавзеъ субтропикӣ, яъне серборон мегардад ва он куҳҳои сангистон ба заминҳои корам мубаддал мегарданд. Ҳатто дар баъзе ҷойҳои он мавзеъ кӯлҳои об низ пайдо мегардад. Ҳар як гулу гиёҳу дарахт мунтазам гази карбонро ба худ фурӯ бурда, оксигени соф ҳосил мекунад, ки оксиген дар таркибаш ҳатман гидроген, яъне об ҳам дорад. Аз ин бар меояд, ки замин бо фазо ҳамеша дар диалоганд. Таҷрибаи ин марди наҷиб барои дигарон метавонад дарси ибрат гардад ва ин усулро мебояд дар Ватани азизамон ба роҳ монем. Ба ҳамин минвол, иқлими сарзаминамон, ки 93 дарсади масоҳати онро куҳсорон ташкил медиҳад, пуртаровату ҳосилхез мегардад.
Бо назардошти соли 2018-умро соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани давлату ҳукуматамон, ба ашхоси худшиносу худогоҳи ватанӣ пешниҳод менамоям, ки ин таҷрибаи давлати ҳамҷаворамонро дар мулки биҳиштосоямон амалӣ намоянд, ки сангистонро ба майдони кишт мубаддал гардонидан низ яке аз ҳунарҳои беҳтарини мардуми мо ба шумор меравад.

Раҳмат ШЕРАЛИЕВ

Хонданд 499

Аз аввали соли 1992 Арманистон яке пайи дигар қитъаҳои охирини Озарбойҷонро дар қисмати болоии Қарабоғ ишғол кард. Ҳамин тавр, 12-уми феврал деҳаҳои Малибелӣ ва Гушчулари Шуша аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Арманистон ишғол карда шуданд.

Дар ҳуҷуми мусаллаҳона ба деҳаи Гарадаглии ноҳияи Хоҷаванд аз 13 то 17-уми феврал аз тарафи арманиҳо 118 нафар (кӯдакон, занон, пиронсолон) ба асорат гирифта шуда, 33 нафар кушта шуданд. Кушташудаҳо ва маҷрӯҳон ба чоҳҳои хоҷагӣ андохтаву дафн шуданд. Аз онҳое, ки дастгир шуда буданд, 68 нафар бераҳмона ба қатл расиданд ва 50 нафар бо мушкилоти зиёд озод шуданд. 18 нафар аз ҷабрдидагон пас озодӣ аз ҷароҳати вазнин фавтиданд. Наслкушӣ аз тарафи арманиҳо дар Хоҷалӣ дар охири асри бистум яке аз ҷиноятҳои махсусан вазниненст, ки то кунун алайҳи башарият содир шудааст. Фоҷиаи Хоҷалӣ аз бадбахтиҳои Хатин, Ҳолокост, Сонгми, Руанда ва Сребреннитса, ки ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо зудуда нахоҳанд шуд, фарқ надорад. Ҳодисаҳои зикршуда дар таърихи ҷангҳо ҳамчун наслкушии аҳолии осоишта сабт шудаанд ва тамоми ҷаҳони муосир онҳоро маҳкум кардаанд.

Шаҳри Хоҷалӣ ҳамчун қаламрави муҳими стратегӣ дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳии Озарбойҷон, ба нақшаҳои ишғолгароёнаи арманиҳо халал мерасонд, зеро дар 10-километрии ҷанубу шарқи Ханкендӣ байни роҳҳои Агдам-Шуша ва Аскарон-Ханкендӣ ҷойгир аст. Ҷой доштани танҳо фурудгоҳ дар Қарабоғи Кӯҳӣ аҳамияти шаҳрро афзуда буд. Аз ин рӯ, мақсади асосии қувваҳои мусаллаҳи Арманистон ба даст овардани назорати роҳи Аскарон-Ханкендӣ, ки тариқи Хоҷалӣ мегузашт ва ишғоли фурудгоҳ буд. Бо наслкушӣ дар Хоҷалӣ, ки бо бераҳмии шадид анҷом шуда буд, арманиҳо мақсад гузоштанд, то ин шаҳраки бостонии Озарбойҷонро аз рӯйи замин маҳв кунанд, зеро Хоҷалӣ, ҳамчун яке мавзеҳои бостонии Озарбойҷон дорои ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ буд. Шаҳристони Хоҷалӣ бо шумораи аҳолии зиёда аз 7 ҳазор нафар аз деҳоти бузургтарин ва бостонӣ ба шумор мерафт, ки дар иҳотаи деҳаҳои Арманистон буд. Дар ин ҷо ёдгориҳои таърихии қадимӣ то давраи муосир маҳфуз монда буданд. Чуноне маълум аст, дуртар аз Хоҷалӣ намунаҳои фарҳанги хоҷалӣ-гадабейӣ ҷой доштанд, ки марбут ба асрҳои XIV-VII пеш аз милод буданд. Дар моҳи феврали соли 1992, 4 артиши мусаллаҳи Арманистон бо ёрии полки 366-уми Шӯравӣ, бо аҳолии Хоҷалӣ ваҳшиёна рафтор карда, ба ин гуна амалҳои мудҳише чун рӯйпӯш кардани нишонаҳои генотсиди гӯшношунид ва нобуд кардани ёдгорҳои Хоҷалӣ, ки на танҳо барои мардуми Озарбойҷон, балки барои тамоми инсоният беназиранд, даст заданд.

Ҳанӯз 4 моҳ пеш аз фоҷиа, яъне аз охири моҳи октябри соли 1991, тамоми роҳҳои автомобилгарди ҷониби шаҳр, баста шуданд ва Хоҷалӣ расман дар иҳота қарор гирифт. Илова бар ин, аз 2-уми январ, интиқоли нерӯи барқ ​​ба Хоҷалӣ қатъ гардид. Ҳамин тариқ, ҳамаи робитаҳои байни Хоҷалӣ ва дигар минтақаҳои Озарбойҷон аз байн рафтанд, танҳо як воситаи робита бо чархбол барқарор буд, ки чанд моҳ пас робитаи чархболӣ низ бо Хоҷалӣ қатъ гардид. Чархболи Ми-8, ки 28 январи соли 1992 аз Агдам ба Шуша парвоз мекард, пеш аз расидан ба шаҳр бар болои деҳаи Халфалӣ бо партоби мушак аз Ханкендӣ зада шуд, ки дар натиҷа 3 сарнишин ва 41 мусофир ба ҳалокат расиданд. Баъди ин, артиши Арманистон, яке пас аз дигаре охирин маҳалҳои аҳолинишини Озарбойҷонро дар қисми кӯҳистони Қарабоғ ишғол кард. Дар охири соли 1991, зиёда аз 30 нуқтаи аҳолинишин дар қисми кӯҳии Қарабоғ, аз ҷумла деҳаи Tyr, Имарет-Герванд, Мешалӣ, Ҷамиллӣ, Умудлу, Каркиҷаҳон ва дигар деҳаҳои стратегӣ аз ҷониби арманиҳо сӯзонда шуда, несту нобуд ва ғорат гардиданд.

Дар шаби 15 ба 16-уми феврали соли 1992 қувваҳои мусаллаҳи Арманистон бо ёрии 10 танк, 16 зиреҳпӯши боркаш, 9 мошини пиёдаҷанг, 180 низомӣ ва нерӯи назарраси полки 366-уми шӯъбаи 23-и дивизияи 4-уми собиқ СССР мустақар дар Ханкендӣ, Ҳоҷиалиро иҳота карданд. Бо истифода аз силоҳҳои муосир арманиҳо Хоҷалиро ба замин яксон карданд. Шаҳр тавассути техникаи беҳисоб сӯзондаву пурра хароб ва одамон бо бераҳмии махсус кушта шуданд. Аксарияти онҳоро сар буриданд, чашмонашонро аз сар берун оварданд, онҳоро пӯст канданд ва зинда сӯзонданд. Аз маводи тафтишот бармеояд, ки дар ҳамла бо роҳбарии Сейран Оганян - ҳоло вазири дифои Арманистон, инчунин фармондеҳи баталёни 3-юми полки 366-ум Евгений Набоков, зиёда аз 50 афсару прапоршики арманӣ иштирок кардаанд. Дар натиҷаи ин наслкушӣ, тибқи маълумоти расмӣ, 613 нафар, аз ҷумла 63 нафар кӯдак, 106 зан, 70 куҳансол кушта шуданд. 8 оила пурра пурра маҳв шуданд. 487 нафар, аз ҷумла 76 кӯдак, маъюб шуданд. Илова бар ин, 1275 нафар асир ва 150 нафар бе ному нишон гардиданд.

Манучеҳр Ниёзов

Хонданд 1040

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.