.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷаҳон

Ба муносибати “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Сайру сайёҳӣ яке аз манобеи рушд ва нумӯи кишварҳо аст. Дар дунё бисёр мавзеҳоянд, ки тавассути он имконият ва шароит барои мардуми худ фоидаҳои зиёд меоваранд. Қабул шудани соли 2018 чун соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ василаест, ки Тоҷикистон, гардишгарон ва меҳмонони дохилию хориҷиро дар оғӯш бигирад. Барои тарғибу ташвиқи ин иқдоми наҷиб зарур аст, то нигоҳи сайёҳие ба яке аз манотиқи ба мо наздик ва монандтабиат дошта бошем.

Покистон яке аз авваллин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва намояндагии худро расман ифтитоҳ карда, равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро оғоз намуд. Ин кишвар дорои тамаддун ва фарҳанги бой аст, ки ба мо тоҷикон хело наздик ва яксон мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар ин минтақа қавму миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва дар манотиқи шимолии он қавмҳои тоҷик, паштун ва ҳазора низ мавҷуданд.
Покистон 14-уми августи соли 1947 аз мустамликаи Британияи Кабир озод шуд ва дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ҷойгир аст. Аҳолии он зиёда аз 193 миллион буда, пойтахташ шаҳри Исломобод мебошад.
Ин кишвар дорои чаҳор музофот: Панҷоб, Синд, Балуҷистон ва Сарҳад аст. Шаҳрҳои Лоҳур, Карочи, Кувейта ва Пешовар марказҳои саноатӣ ва тиҷоратии ин музофотҳоянд. Ифтихори мо тоҷикон аст, ки шаҳри Лоҳур-зодгоҳ ва маҳалли тарбиявии аллома Муҳаммад Иқбол аз соли 1972 бо шаҳри Душанбе бародаршаҳр эълон шудааст.
Аммо мавзӯи аслии мо ин сайрест ба минтақаи шимолии ин кишвар, ки дар он маҳаллест, хело диданибобу сайёҳатӣ. Мардуми аслии инҷоро Гилгетиҳо, Свотиҳо ва ғайра ташкил медиҳанд, ки дар доманаи куҳҳои осмонии ин сарзамини саёҳатӣ умр ба сар мебаранд. Мутобиқи маълумоти китоби “Тоҷик Своти ва мамлакати габр таърих ке оина ме”(Тоҷикони свот ва мамлакати габриҳо дар масири таърих), ки аз ҷониби профессори покистонӣ Муҳаммад Ахтар (1934-2015) навишта шудааст, мардуми бумии инҷоро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Ноҳияи Своти минтақаи Покистон дар шимоли музофоти Сарҳад қарор дошта, яке аз макони сайёҳии ин кишвар аст, ки солона ҳазорон сайёҳони дохилию хориҷӣ аз ин маҳал дидан ба амал меоваранд.
Ин минтақа аз ҷониби Хайбар Пахтунхо идора мешавад ва яке аз манотиқи куҳистонии сайёҳӣ аст, ки тавассути ин ба буҷети давлат ҳазорон фоидаи иқтисодӣ ворид мегардад. Тибқи омор зиёда аз 35 дарсади даромади он сайёҳӣ ва 30 дарсади дигар аз зироат аст.
Дар соли 1970 Свот чун як ноҳияи куҳистонӣ ташкил гардида, марказаш шаҳраки Сайду Шариф аст, ки ба хотири зиёрати оромгоҳи Сайду Шариф мардуми зиёд аз ин маҳал дидан мекунанд. Охунд Абдулғафур номи аслии Сайду Шариф аст, ки яке аз суфиёни ин минтақа буд.
Свот як минтақаи таърихист, ки шомили таҳзиб ва осору тамаддуни Осиёи Миёна аст. Ва ин яке аз сабабҳои умдаест, ки гардишгарон ба он таваҷҷуҳ доранд ва аз инҷо дидан мекунанд.
Дуввум сабаби вуруди сайёҳон ба Свот, ин сайру сайёҳии онҷост, ки обҳои софу марғзорҳояш монанд ба маконҳои дидании кишвари Шветсария мебошанд. Он сарсабзу шодоб ва дорои майдонҳои васеи кишоварзӣ аст. Мардуми ин сарзамин хело меҳнаткаш, донишманд ва пешрафтаанд.
Сабаби дигари ҷалби сайёҳон ба ин мавзеъ, нисбат ба дигар ноҳияҳо наздик будани он аст, ки масофаи расидан ба Свот аз пойтахти Покистон- шаҳри Исломобод 250 ва аз шаҳри Пешовар 170 км аст.
Масоҳати ҷуғрофии Свот 5337 мураббаъ буда, аҳолиаш зиёда аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ин минтақа яке аз саввумин калонтарин ноҳияҳои Сарҳад-Хайбар Пахтунхо буда, дар самти шимоли ин ҷо минтақаи Чатрол, дар ҷануб ноҳияи Бунир, дар шарқ ноҳияи Шонгла, дар ғарб Деровар Малоканд Эҷенси ва дар қисмати ҷануб-шарқ Дарбанд ҷойгир ҳастанд. Ин минтақаи куҳистонӣ аз рӯи шакли табииаш ба се бахш тақсимбандӣ мешавад:
Своти болоӣ (болои Свот),
Своти поёнӣ (зери Свот),
Своти куҳистонӣ (куҳистони Свот).
Барои сайру гашт манотиқи Моламҷабба, Догӣ, Кабал, Сайду Шариф, Шарифобод, Хоза хайла, Баҳрайн, Мадян, Колом, Ҷоргу обшор, Кабинҷаба, Милго ва Хазона хело машҳур ва диданбоб ба шумор мераванд. Мингора яке аз калонтарин шаҳраки Свот аст.
Бояд қайд кард, ки Свот дорои деҳаҳоест, ки барои сайёҳон ва гардишгарон тамоми шароит дар он муҳаё ва дастрас аст. Яке аз ин деҳаҳо Догӣ аст, ки дар водии Свот ҷойгир буда, зебоманзар аст. Инҷо аз шаҳри Кабал 2 км фосила дорад. Занони он бо ҳунарҳои дастӣ ва касбии худ касро ба ҳайрат меоранд. Аксари ҷавонони Догӣ босавод ва таълимёфта буда, дорои мактабҳои замонавӣ ва олӣ мебошанд. Дар мавсими гармо ва сармо дар ин минтақа фестивалу чорабиниҳои ҷолиб ба монанди чавгонбозӣ, аспсаворӣ ва рақси аспҳо, парашютбозӣ, куҳнавардӣ, барфбозӣ ва оташбозӣ (дар шаб) ташкил ва фароҳам мешавад, ки солона сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он истифода мекунанд.
Инҷо мо метавонем чанд нуктаро барои рушд ва нумуи гардишгарии Тоҷикистон, ки ба минтақаи Своти Покистон бо куҳҳою водиҳояш умумият дорад, пешниҳод намоем.
Дар аввал гуфтан ба маврид аст, ки агар Покистон фақат як Свот дошта бошад, Тоҷикистони мо дорои чандин Свотҳо аст, ки метавон аз онҳо хуб истифода карда, даромади иқтисодии чашмрас ба даст овард.
Дуввум, агар Свот барои наздик буданаш аз маркази шаҳр сйёҳонро ба худ ҷалб мекунад, Душанбеи мо бошад дар атрофаш якчанд свотҷойҳое дорад, ки барои сайёҳат, тиҷорату беҳбудии некуаҳволии шаҳр фоида меорад ва дар фосилаи хело андак қарор доранд. Ин манотиқ иборатанд аз Варзоб, Ромит,Чашмаи Мағмурут, Файзободу Нуробод, ки дар оғуши пойтахт қарор доранд ва гардишгарон аз тамошои он метавонанд ҳаловат бибаранд.
Саввум, агар Свот барои бахши Осиёи Миёна буданаш ва дорои осори қадимаву тамаддунаш сайёҳонро истиқбол мекунад, Тоҷикистон қалбу маркази Мовароуннаҳр аст, ки бо ганҷу фарҳанг ва бузургону маорифпарваронаш метавонад ҳазорон гардишгарро ба хокаш ҷалб намуда, барояшон аз маънавиёту осори қадимааш ҳадяҳои ёдгорӣ тақдим намояд.
Ва агар обу марғзорҳои Свот маъшуқаҳои равонии гардишгаронанд, дараҳои Алмосӣ, Ромиту Варзоб, чашмаҳои мусаффои Мағмуруту Шоҳамбарӣ, куҳҳои осмонбӯси Бадахшону Зарафшон ва дарёҳои зулоли Кофарниҳону Душанбешаҳр маъшуқаҳои кашфношуда ва ҷаззоби ононанд, ки солиёни дароз дар ҷустуҷӯяшон буданд.
Тоҷикистон, ки зиёда аз 90 дарсадашро куҳҳои осмонбӯсу дилрабо ташкил медиҳад, зарур аст, то аз имтиёз ва хадамоти таҷрибашудаи минтақаи тоҷикони свотӣ биёмӯзад, то тавонад ба кишвар ва аҳолияш манфиату имконоти хуб фароҳам оварад.

Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими илмии Интститути омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупо

Хонданд 561

АСРОРИ ХОНАДОНИ РОТШИЛДҲО

Фев 10, 2018
Диданд: 536

Мутолиаи ин мақола ба чанд нукта таъкид мекунад: Ротшилдҳо чун бузургтарин сармоядорони олам зарфи беш аз дусад соли охир дороии худро бо садоқат ба се принсипи асосӣ ғанӣ кардаанд: зиракии яҳудӣ, тарроҳиҳои илмиву асоснок ва риояи дӯстиву рафоқати хонаводагӣ. Муддати ин беш аз дусад сол як васияти поягузори сулола ҳамеша раҳнамои ин хонавода будааст: бародарон ҳамеша бояд бо ҳам бошанд. Ва ин сарвар ва асосгузори сулола дами марг на авмоли худро миёни писарон тақсим кард, балки онҳоро васият намуд, ки бо ҳам бошанд. Ва онҳо ҳоло ҳам бо ҳаманд.

Дар замони мо сармояи бузургро метавон хеле ба осонӣ ва зуд ёфт. Билл Гейтс - сарватмандтарин одами Сайёра зарфи ҳамагӣ чанд сол бо бунёди ширкати бузурги Майкрософт соҳиби миллионҳову миллирадҳо шуд. Гарри Уинсток бошад аввалин миллиарди худро баъди чанд моҳи поягузории ширкати «Глобал Кроссинг» пайдо кард.
Аммо барои миллионерҳои аввалини асри XIX ба зудӣ муяссар намешуд сарват ҷамъ оваранд, вале онҳо низ бисёр вақтҳо маҳорати сардаргумкунанда аз худ нишон медоданд ва ҳиллаҳоеро ҳам ба кор мебурданд. То ба имрӯз сарнавишти Ротшилд, Рокфеллер ва Вандербилд ҳамоно аҷоибу ғароиб ва сиррӣ ба назар мерасад.
Боре Гейне бо таҳрифи ояи Қуръон гуфт: “Пул ин худои замони мост ва Ротшилд пайғамбари он”. Ва дар ҳақиқат дар Аврупои он замон ба ҷойи ибораи “сарватманд чун Қорун” мегуфтанд “соҳибсарват чун Ротшилд”. Мавҷи нави соҳибкорон то ҷойе насли куҳанро танг карданд ва ҳатто тибқи арзёбии соли 2002 ҷамъи сарвати хонадони Ротшилдҳо ба 15 миллиард доллар мерасид. Дар саҳмияҳои ин хонавода чӣ қадар пул вуҷуд дорад, касе дақиқ намедонад. Барои он ки иттилоот ва сармоя аз доираи тасарруф хориҷ нашавад, муддати ин 200 соли охир Ротшилдҳо издивоҷҳои хонаводагиро таҷриба мекунанд. Ҳар дуюмин тӯй дар сулолаи онҳо хешутаборист. Вале чаро ин ба инқирозу таназзул оварда намерасонад?
Шохаи инглисии сулола соҳаи маъданҳои куҳиро дар Африқои Ҷанубӣ аз худ кардааст, ширкатҳои бузурги нафтӣ ва металҳои ранга низ аз онҳост. Яке аз пурқудраттарин бонкҳои ҷаҳонӣ «Натан Майер Ротшилд ва писарон” номида мешавд, ки маркази он дар Лондон аст ва ба наздикӣ дусадсолагии таъсиси худро ҷашн мегирад. Асоси молиявии шохаи фаронсавии ин сулола ширкати ҳолдингии «Сосйетэ дэнвестисман дю Нор» ва бонки «Ротшилд ва К°» ташкил медиҳад. Ғайр аз ин ин хонавода боз садҳо ширкат ва иттиҳодияҳои миёнаҳол дорад.
Дар асри XIX мегуфтанд: «Дар олам танҳо шаш империяи бузург вуҷуд дорад: Британияи Кабир, Русия, Фаронса, Австро-Венгрия, Пруссия ва Ротшилдҳо”. Имрӯз танҳо охирӣ боқӣ мондааст. Ротшилдҳо дар қиёс ба Билл Гейтс ва Уоррен Баффет миллиардҳои худро бидуни саросемагӣ ҷамъ меоранд, ин ҳам дар ҳолест, ки формулаи комёбии онҳо аз аср ба асри дигар амалан дигар нашудааст.

Ин ҳама чӣ гуна рух дод?

Асосгузори сулола писарбачаи одии яҳудӣ аз Франкфурт маҳсуб мешавад. Оилаи Майер Амшер саргарми тиҷорат буд. Вақте падари хонадон вафот ёфт, писарбача ҳамон замон тарки мактаб кард ва дар ҷустуҷӯи кор шуд. Кори хуб пайдо набуд ва асосгузори сулола барои худ дар ахлотдон кор пайдо кард. Ҳар рӯз вай дар миёни ашёи партофшуда гоҳ тангаҳои аз муомилот баромадаро пайдо мекард, гоҳ медали гумшуда ва гоҳ зиннатҳои ифлосу чиркинро. Бозёфтҳои худро тоза мешуст ва онҳоро ба шакли мол медаровард ва басо муваффақона онҳоро ба коллексионерон мефурӯхт. Зарфи чанд моҳ вай миёни дӯстдорони ашёи куҳан маъруфият пайдо кард. Соли 1750 Майер манзили хурдакакеро иҷора гирифт ва дар он дӯкони ашёи қадимаро боз кард.
Олмони охири асри XVIII якчанд давлати хурдакакеро ба ҳам оварда буд, ки ҳар кадом пули худро сикка мезад ва дар муомилот дошт. Ротшилдҳо аввалин бонкро дар ҳамин манзили иҷора кушоданд ва он ҳуҷрае буд, ки ҳамагӣ чор метри мураббаъ масоҳат дошт. Дар ин ҷо тоҷирон пулҳои худро табодул мекарданд. Ба фоидаи табодули асъор Майер тадриҷан дӯконҳоеро ҳам, ки дар вазъи бади молӣ қарор доштанд, аз худ мекард ва майдони фаъолияти худро васеъ менамуд. Баъдҳо Майер бо номи Ротшилд маъруф шуд, зеро дар дари хонаи вай солҳои зиёд ким-кадом аломати ношиносе бо номи олмонии шаклан монанд ба нишони сурхи Rot Schild намудор буд. Ва мизоҷонаш тадриҷан бо ҳамин ном ин макон ва соҳиби онро ном мебурданд. Худи вай бо истифода аз фурсат вазъи молии худро беҳтар кард. Ротшилд ба князгариҳои Олмон зиёд равуо мекард ва ашёи ҷамъовардаи худро ба асилзодагону ашрофон ва дӯстдорони ашёи замонҳои қадим мефурӯхт. Боре барояш муяссар шуд, ки коллексионере мисли худашро мулоқот кунад, ки на як шахси оддӣ, балки шоҳзода валиаҳд буд.

Зинаҳо барои миллионерҳо

Ҳар касе замоне агар мухлиси ашёи қадим шуду онҳоро ҷамъоварӣ кард, медонад, ки ҷудо шудан аз фарзанди дӯстдошта то куҷо мушкил аст. Вале Ротшилд ин ваҳшати ҷудоӣ аз дӯстдоштатарин амволашро фурӯ нишонд ва як коллексияи арзишманди худро ба шоҳзода Фридрих Вилгелм IX, ки баъдан ба яке аз сарватмандтарин сокинони Олмон табдил шуд, бахшид. Шоҳзода аз ин туҳфаи ногаҳонӣ ва басо пурарзиш ба ваҷд омад ва пурсид: “Чӣ ҷоизае ба ивази ин туҳфа талаб доред, марди босаховат”?
- Ба ман ҷоизае лозим нест, - бо фурӯтанӣ посух дод Майер Амшел. - Ман дар оянда низ омодаам бе ягон тамаъ ба Ҷаноби олӣ хизмат кунам.
Аз ҳамон вақт Ротшилд иҷозаи атиқафурӯшӣ дарёфт кард. Дар идораи атиқафурӯш навиштаҷоти дигаре зам шуд: “Таъминкунандаи дарбори Ҷаноби олӣ”, вале аз рӯйи одат мардум онро дӯкони Ротшилд меномиданд. Ва ҳамон вақт поягузори ин ширкати тавоно ба аҳамияти “брэнд” пай бурд ва худи ҳамин номро интихоб кард. Хеле ба зудӣ зиракиву кордонии Ротшилдро арзёбӣ намуда, худи ландграф (унвони графӣ дар Руми муқаддас) бонкдори шахсӣ таъин кард ва ба вай ҳама фаъолиятҳои пулии худро бовар мекард.
Дар оянда Майер муваффақ шуд мансабдорони дарборро ба ҳамкорӣ даъват кунад, ки дар байни онҳо шахсиятҳои шинохтае чун вазири ояндаи молия Карл Фридрих Будерус буд. Баъдҳо вай яке аз сармоягузорони асосии Хонаи тиҷорати Майер-Амшел-Ротшилд шуд. Ба шарофати ҳамин гуна пуштупаноҳ Ротшилд заёмҳои давлатиро ба ҳадди афзунтар аз он ки тавон дошт, дарёфт мекард.
Панҷ писари Майер ба камол расиданд ва ба зудӣ онҳо чун панҷ ангушти як панҷа фаъолиятҳои худро дар панҷ кишвари муҳими Аврупо мутамарказ карданд. Амшел, писарбузурги ӯ ҳамаи корҳои хона то Франкфуртро, ки риштаҳои ширкат то он ҷо мерасиданд, идора мекард.
Натан соли 1798 ба Англия рафт ва дар Манчестер ба содироти матоъи пахтавор машғул шуд. Соли 1809 вай мақоми шаҳрвандии Британияро пайдо кард ва бонки хусусии худро ифтитоҳ намуд. Баъдан Натан падарашро розӣ мекунад, ки бародари хурдии вайро ба Порис эъзом кунад. Фаронса он замон аллакай бо олмониҳо меҷангид ва хеле мушкил буд, ки як олмонӣ дар пойтахт иҷозаи зистан дарёфт кунад. Писарбузурги Ротшилд муваффақ шуд, ки Ҷеймсро ба ҳайати сафорати княз фон Далберг шомил созад. Сармоядори ҳиллагар ваъда дод, ки ба ивази ин бунёди роҳ, сохтани ҳоҷатхонаҳои замонавӣ, мизи таом барои князро сармоягузорӣ мекунад. Ҷавобан ба ин княз барои писарони Ротшилд на як, балки се имкони зист дар Фаронсаро фароҳам овард. Ба зудӣ Карл ва Саломон низ ба Порис рафтанд. Аммо се фарзанди Ротшилд дар Порис хеле зиёд ба назар мерасиданд ва Соломон ба Вена рафт, Карл бошад дар Неапол бонкашро фаъол кард. Дар муддати кӯтоҳ бонкҳои навтаъсис Австрия, Италия, Испания ва ҳатто Ватиканро бо пул таъмин мекарданд.

Тавлиди империя

Яке аз тезонандаи раванди сармоядории Ротшилдҳо ҷангҳои Наполеон шуданд. Натан дар Лондон аз ширкати Ост-ҳинд сабикаҳои тиллоро бе он ки савдо кунад, ба миқдори зиёд мехарид. Дар ҳоле ки ҳукумати шоҳаншоҳӣ мунтазири коҳиши нарх мемонд. Ҷанг идома дошт, арзиши тилло боло мерафт ва ба зудӣ барои хазинаи бритонӣ тилло лозим шуд. Зарур буд, ки артиш ва флот нигоҳ дошта шаванд, пеш аз ҳама неруҳои Веллингтон дар Испания. Натан пешниҳод кард, ки ба инглисҳо тилло бо арзиши камтар аз бозор фурӯхта шавад, вале бо фоида барои худ. Ғайр аз ин Ротшилд вазифадор ҳам шуд, ки ин тиллоро ба Веллингтон расонад. Бо роҳи баҳр бурдани ин миқдор тилло хатарнок буд, роҳ аз тариқи Фаронса бошад дар назари аввал номумкин ба назар мерасид.
Ротшилдҳо ҳукумати Наполеонро бовар кунониданд, ки тиллои инглисҳо аз Фаронса берун намеравад. Баъдтар он аз Албион ба Порис кӯчид. Ба сари фаронсавиҳо ин фикр наомад, ки тилло аз таҳхонаи бонкҳои Ротшилдҳо берун нашуда, бо роҳҳои тамоман қонунӣ ба Испания мерасад ва онро Веллингтон барои нигоҳ доштани неруҳои худ истифода мебарад. Ҷеймс Ротшилд тиллои аз Натан гирифтаашро ба вексели (ҳуҷҷати уҳдадорие, ки аз рӯи он маблағи муайяни пул одатан дар муддати муайян бояд пардохта шавад) суратҳисобаш дар бонкҳои Испания табдил дод. Карл ва Соломон бо векселҳо ба Испания рафтанд ва аз он ҷо бо забонхати Веллингтон баргаштанд. Веллингтон бо ҳамин пулҳо фаронсавиҳоро аз Испания пеш кард.
Ротшилдҳо ба амалҳои тааҷҷуббарангези худ идома медоданд. Соломон, ки дар Вена мезист лотереяро фикр карда баровард. Дар Австрия шакли нави заёмҳои бурднокро ба роҳ монд. Ин заёмҳо хеле машҳур шуданд. Ба зуди Соломон, ки дар ҳимояи шахсии княз Меттерних буд, пурқудраттарин бонкдори Австро-Венгрия шуд. Ротшилдҳо мизоҷони худро барои баргардонидани қарзҳо саросема намекарданд, чун ҳар қадар замон тӯлонӣ мешуд, фоизи бонкӣ зиёд мемонд ва ин ба фоидаи қарздиҳанда буд. Ва ин пулҳои фоида тадриҷан ҳама гӯшаву канори қораи Аврупоро фаро гирифтанд, ҳатто ҳкуматдорони ҳамаи ин кишварҳо муҳтоҷи пули Ротшилдҳо буданд. Аввалин касе, ки расман аз фаъолиятҳои онҳо истиқбол намуд, императори Австрия буд, вай ба бародарон мақоми дворянӣ дод ва баъдан ба унвони барони империя мушарраф сохт.

Ватерлоо дар Лондон

Соли 1815. Аврупо аз қасоси Наполеон ба ларза уфтодааст. Баъди музаффарият муддати сад рӯз ҳамаи ширкаткунандагони биржаҳо интизор буданд, ки муҳорибаи ҳалкунандаи назди Ватерлоо ба чӣ меанҷомад. Тибқи ривоятҳо ин муҳорибаро аз ду ҷониб Натан ва Якон пайгирӣ мекарданд. Ғайр аз корҳои молиявӣ ва талош барои рушди тиҷорати худ Ротшилдҳо боз ба як кори дигар ҳам метавонистанд саргарм шаванд. Сухан аз кабутарони хаткашон меравад. Ҳанӯз пеш аз муҳориба қисмати шимолу ҷануби Аврупо пур аз паррандаҳое шуданд, ки Натан аз Англия фиристода буд. Баъди муҳориба кафтарҳо фавран бо дастурҳои рамзбандишудаи баста дар пояшон сар дода шуданд. Аммо Ротшилдҳо нахостанд худро зери хатар гузоранд ва ба душворӣ бовар карданд, ки Наполеон дар ин ҷангҳо шикаст мехӯрад, Натан бо асбҳои қимматарзиши худ ба Лондон меравад. Ротшилдҳо на танҳо муаллифони ин фармудаи басо машҳуранд: “Ҳар касе соҳиби иттилоот аст, вай оламро дар даст дорад”, балки онҳо ҳама корро анҷом доданд, то иттилооти зарурӣ аввал ба дасти онҳо расад. Барои ин миёни Франкфурт, Лондон ва Порис истгоҳи аспони хаткашон бунёд ёфтанд, ки онро Хонаи тиҷорати Ротшилдҳо сармоягузорӣ карда буд. Аспҳои Ротшилдҳо назар ба аспҳои давлатӣ тезравтару тездавтар буданд. Агар ба харитаи Аврупо назар андохта шавад, метавон ба хубӣ мушоҳида кард, ки Ватерлоо наздик ба меҳвари Франкфурт - Лондон ҷойгир шудааст. Оё Ротшилд ҳамин муҳорибаро дар ин макон худаш созмон надод магар?
Субҳ Натан ба биржаи Лондон худро расонд. Вай басо саросемавор ҳамаи саҳмияҳои худро фурӯхт. Тарсу ҳарос ва воҳима аз овозаи пирӯзии Наполеон, ки худи Ротшилд чун шоҳиди бевоситаи муҳорибаи ҳалкунанда бардошт, дигаронро водор намуд, ки арзиши коғазҳои қиматноки Англия, Австрия ва Пруссияро поин баранд ва ин коғазҳои қиматнок соат ба соат арзиши аслии худро аз даст медоданд ва баъдан ҳамаи онҳоро гумоштаҳои Ротшилд мехариданд. Дар бораи он ки Наполеон ҷангро бохт, дар биржа танҳо як рӯз пас хабар ёфтанд: бисёре аз дорандагони коғазҳои қиматбаҳо, ки онро ба арзонтарин қимат фурӯхта буданд, даст ба худкушӣ заданд, аммо Натан дар ин гирудор 40 миллион фунт стерлинг фоида дид. Ва ҳамин гуна найрангро Якоб дар Порис анҷом дод.
Ҷолиб он аст, ки баъди ин амалиёт бародарон дигар барои фоидаи фавқулодда талош накарданд, балки пулҳои худро барои тарҳҳои хосаву ояндадор равона сохтанд.

Асрори комёбӣ

Моҳи сентябри соли 1812, вақте Наполеон ҳоло ба Маскав ҳамла накарда буд, Майер Амшел аз олам реҳлат намуд. Дами марг Ротшилди пирсол васиятномае аз худ боқӣ гузошт. Асоси ин васиятномаро на тақсими “амволи манқулу ғайриманқул” ташкил медод, балки риояи қоидаҳои хонаводагӣ - дӯстиву рафоқат миёни бародаронро таъкид мекард. Бародарон васияти падарро ба ҷо оварданд, ҳамаи корҳои тиҷоративу бунёди ширкатҳову корхонаҳо ва тарҳҳои хосаву навро бо ҳам машварат мекарданд, ҳамаи фоида миёнашон баробар тақсим мешуд, ҳарчанд онҳо на зуд-зуд, балки дар се - чор сол як маротиба вомехӯрданд.
Ротшилдҳо дар ҳар гӯшаи Аврупо ҳаёт ба сар мебурданд, на дар як шаҳру як кишвар ва ин ба рушди тиҷорату соҳибкории онҳо бештар мусоидат мекард, зеро ахбори зарурӣ аз ҳар гӯшаро ба зудӣ миёни худ қисмат мекарданд ва тасмим мегирифтанд. Онҳо кучактарин ҷузъиёти кори тиҷоратиро тарроҳӣ карда буданд. Онҳо устоди на танҳо дарёфти ахбор, балки ҳифзи иттилоъи худӣ буданд. Боре рақибон муколамаи шахсии Ротшилдҳоро дарёфт карданд, вале ҳатто донотарин мутахассисони рамзшинос натавонистанд рамзҳои оилавиро шикананд ва он иттилоъро донанд. Касе наметавонист ҳатто тахмин кунад, ки ибораи “моҳии хушк” ба маънои пул аст ва боз ин на ҳар пул, бакли пулҳое, ки мутааллиқ ба принсипҳои Гессен мебошанд.
Ҷамъи сармояи сулола дар солҳои 70-и асри XIX 1 миллиард доллар рақам зада мешуд, ки ба қурби он замон хеле пули калон ба ҳисоб мерафт. Ягон тарҳи бузург бидуни ширкати Ротшилдҳо роҳандозӣ намешуд. Бо пули онҳо ҷустуҷӯи алмос дар Африқои Ҷанубӣ ба роҳ монда шуд, сохтмони роҳи оҳан дар Аврупоро сармоягузорӣ карданд, замин барои бунёди канали Суетс бо пули онҳо харида шуд, нафте, ки дар Русия истихроҷ мешуд, онҳо мехариданд. Шоҳони Пруссия, императорҳои Австрия, шоҳони рус на як бору ду бор барои мадад ба империяи Ротшилдҳо муроҷиат кардаанд.
Бисёре аз муҳаққиқон қайд мекунанд, ки васиятномаҳои баронҳо ҳамеша ҳамроҳ бо насиҳат, қасам, ваъдаву видоъ, муаммо ва асрор аст. “Қотеъона ва ҷиддан баргузории ҳар гуна тасвири додгоҳӣ ва ҷамъиятии мероси худ, ҳар гуна дахолати додгоҳӣ ва ҳар гуна фош намудани ҳаҷми дороиҳои худро манъ мекунам”. Дар васиятномаи миллионери фаронсавӣ Амшел Ротшилд ҳамин банд омада. Ва боз: “...Ҳамеша дар ёд дошта бошед ва фаромӯш накунед, ки хоксорӣ ба сарват ва дороӣ мебарад”. Амшел ҳамин нуктаро барои ояндагонаш навишта буд. Амшел писарбузурги бунёдгузори хонаводаи Ротшилдҳо буд, ки дар рутбаи мушовири пинҳонии Пруссия, бонкдори дарбор, мушовири молиявии Гессен, консули шоҳи Бавария ва дорандаи болотарин орденҳо вафот карда буд.
Ротшилдҳо боз ба вафодорӣ ба идеяҳои хонавода машҳуранд ва ҳамин вафодориву нигоҳ доштани паймони бародарӣ сол аз солу даҳсолаҳо сарвати онҳоро ғанӣ кард, майдони фаъолияту корашонро фарох намуд. Лионел Ротшилд дар охири асри XIX чандин сол сарвари намояндагии молиявии Русия дар Лондон буд ва писари вай калонтарин биржаи тиҷоратии оламро сарпарастӣ мекард.
Эдмон де Ротшилд ба милликунонии роҳҳои оҳани Фаронса мусоидат карда буд. Соли 1913 ширкати бузурги «Ройал Датч Шелл», ки аз ҷониби сулола назорат мешавад, бузургтарин ширкатҳоро дар Боку ва се ширкатро дар Қавқози Шимолӣ дар ихтиёр дошт, ки аз рӯйи нишондод баландтар аз рақибони аслии Ротшилдҳо – Нобел ва Рокфеллер буд. Дар асри ХХ бо вуҷуди он ки ду ҷанги ҷаҳонӣ аз сар гузашт, амволи зиёде мусодира шуд, молиёт ба мерос боло рафт, империяи Ротшилдҳо нобуд нашуд ва то ба имрӯз яке аз калонтарин империяи молиявӣ дар олам маҳсуб мешавад.
Давлати имрӯзаи Исроил маҳз бо пуштибонии ҳамин сулола ташкил шуд ва бисёре аз бузургтарин иншоотҳои сохташуда дар қаламрави Фаластини ишғолӣ бо пули Ротшилдҳо бунёд ёфтааст.
Олам аз комёбиҳои онҳо дар ҳайрат буд, рақибонашон онҳоро чашми дидан надоштанд, вале ҳамаи онҳо ба пули онҳо ниёз доштанд. “Ротшилдҳо наметавонанд афроди зиёдатӣ бошанд”,- гуфта буд Бенҷамин Дизраэли, ходими давлатӣ аз ҳизби консерваторони Британияи Кабир.

Манбаъ: zn.ua/SOCIETY

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Хонданд 536

Иттиҳоди Аврупо баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон дар заминаи ормонҳои мутафаккирони Аврупо ба вуҷуд омад ва ба ҷангҳои пайвастаи аврупоиён то андозае хотима бахшид. Ин Иттиҳод зодаи ормонҳои мутафаккирони қарнҳои ахири Аврупо мебошад ва он дар фалсафаи иҷтимоии Фридрих Нитше матраҳ гардидааст.

Дар баҳсҳои марбут ба Аврупои ягона аксаран лоиҳаи «ба сӯи ҷаҳони абадӣ» -и Кантро аввалин мешуморанд, ки дар он зарурати ташкили институти давлатҳои муттаҳид пешниҳод гардидааст. Ба ақидаи Кант конфедератсияи озоди кишварҳо, ки ба аҳолӣ қонунан «ҳуқуқи шаҳрвандии ҷаҳонӣ» медиҳад, василаи самараноктари пешгирӣ ва аз байн бурдани ихтилофоти мусаллаҳона мебошад: «Бинобар он ки кам ё беш байни халқҳои аҳолии Замин муоширати ногусастанӣ дар ҳама ҷо густариш ёфтаасту агар ҳуқуқ дар як ҷои Замин нақз гардад, дар ҳама ҷои дигар эҳсос мегардад, идеяи ҳуқуқи шаҳрвандии умумиҷаҳонӣ на тасаввуроти хаёливу пучи қонун, балки иловаи зарурӣ ба кодекси нонавиштаи ҳуқуқи давлатӣ ва байналхалқӣ ва аз ин рӯ ба сӯи «ҷаҳони абадӣ» мебошад».
Мутафаккирони дигари аврупоӣ низ рӯи ин масъала андешидаанд, аммо аз идеализми романтикӣ ба сиёсати воқеии манфиатҳои миллӣ гузаштанро бе таъсири идеяҳои Фридрих Нитше тасаввур кардан номумкин аст. Ӯдар самтгирии тафаккури аврупоӣ ба сӯи масъалаи худмуайнкунии миллӣ нақши хос дорад.
Фридрих Нитше (FriedrichNietzsche, 1844-1900) азҷумлаи он файласуфонест, ки идеяҳояшон дар тафаккур ва таърихи аврупоиён асари зиёд гузоштаанд. Дар охири асри Х1Х ва авали асри ХХ таваҷҷуҳ ба он хеле зиёд буд. Бо вуҷуди он, ки Нитше дар муносибат бо ҷанбаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ, ахлоқӣ ва илмии мафкураи ҷомеаи Аврупо шахсияти пуртазод аст, дар таърихи фалсафаи муосир таъсиргузортарин файласуфи муосир ба шумор меравад. Масъалаҳои озодии фардии инсон, иродаи қудрат дар даҳҳо соли охир аз омилҳои марказии таҳаввулоти ҷомеаи аврупоӣ ба ҳисоб мераванд. Масъулияти инсон дар ҷомеаи технократӣ, дар ҷомеае, ки «Худо дар дилҳои инсонҳо мурдааст», бо озодии ӯ тавъам аст ва ҳамин озодиҳое, ки дар қаламрави илм, иҷтимоъ, фарҳанг, сиёсат ва ғайра дар Аврупо арзишҳои навро ба вуҷуд овардаанд, аз фалсафаи Нитше маншаъ мегиранд.
Маҳз Фридрих Нитше, хеле пештар аз дигарон, дар охири садаи Х1Х самти ояндаи таърихи Аврупоро дақиқ дарёфт: гузаштан аз низоми сиёсии миллӣ ба ҷаҳонӣ ва табдили анқариби Аврупо ба организми ягона. Дар баробари эътирофи қудрати руҳи қавмии давлати миллӣ Нитше ташаккули фарҳанги ягонаи аврупоиро ҷонибдорӣ кард: Аврупоро лозим аст муттаҳид гардад, то ин ки қудратмандтар ва тавонотар гардад. Барои ин ба ҷои давлатҳои миллӣ бояд лоиҳаи муқтадири аврупоӣ рӯи кор ояд.
Ҳануз соли 1886, яъне сад сол қабл аз оғози иқдомоти амалии ташаккули фазои ягонаи аврупоӣ, Нитше навишта буд: «нишонаҳои қатъӣ, ки шаҳодат медиҳанд Аврупо ба сӯи муттаҳидӣ ҳаракат мекунад». Андешаҳои Нитше дар бораи ояндаи Аврупо, ки дар контексти раванди ҳамгироии давлатҳои аврупоӣ баррасӣ мешаванд, имрӯз на танҳо аҳаммияти академӣ, балкӣ аҳаммияти амалӣ низ дорад. Нитше, ин «қосиди фалокатҳои асри ХХ» (Карен Свасян), бемории асосии ҳамасрони аврупоии худро «фалаҷи ирода» меномад. «Танҳо дар давлати миёнаи паҳновар, он ҷо ки резиши Аврупо ба Осиё оғоз меёбад - Россия…, нерӯи ирода дер боз пас андохтаву анбошта мешавад, - навиштааст Нитше дар «Фаросӯи неку бад», - он ҷо ирода, намедонам иродаи инкор ё тасдиқ», соати озод шудани худро хунсардона интизор аст. «Боло рафтани қудрати Россия»-ро пешгӯӣ карда, Нитше мехост, ки Аврупо низ ба ҳамин андоза муқтадир бошад, «иродаи ягона ба даст орад, иродаи деринтизору даҳшатноки худро, то барои худ ҳадафи ҳазорсола таҳия кунад, бошад, ки ин мазҳакаи деранҷоми давлатҳои хурд-хурд ва бисёриродагии сулолавӣ ва демократӣ хотима ёбад. Замони сиёсати реза гузаштааст, садсолаи оянда (асри ХХ) давраи муборизаҳо барои ҳукумат кардан ба курраи заминро хоҳад овард». Магар раванди ҷаҳонишавӣ, вазъи имрӯзаи ҷаҳон, ҳамгироии давлатҳои аврупоӣ дар шакли иттиҳоди низомманд дар қолаби давлати густурда воқеияти консепсияи «сиёсати бузург»-и Фридрих Нитшеро бозгӯ намекунад? Кӯшиши таҳияи идеяи нав барои Аврупо як навъ посухи Нитше буд ба нигилизм, ки аз секулярикунонии фарҳанги аврупоӣ бармеояд. Лоиҳаи нитшеии муттаҳидшавии Аврупо лоиҳаи худтанқидкунии фарҳанги классики аврупоӣ мебошад. Он усулан ҳеҷ гуна эҷоди идеяҳои мушаххаси нав дар муқобили арзишҳои куҳна нест. Вазифаи фалсафа, ба ақидаи ӯ, ташхиси замони худ, кӯшиши идроки замон дар заминаи таърихи кулли инсоният мебошад. Дар пешгуфтори «Казус Вагнер» Нитше менависад: «файласуф аз худ пеш аз ҳама чиро талаб мекунад? Бар худ дар замони худ пирӯз шавад, безамон гардад. Барои чӣ бояд мубориза кунад? Барои он ки фарзанди замони худ бошад».
Аврупоикунонии «аврупоиёни хуб» ангезае барои таҷрибаи амиқи озодии ҷомеаи башар аст ва бидуни талош барои пешбурди дақиқи ҳуввияти фарҳангӣ, мазҳабӣ, табақотӣ ва миллии пасазнигилистӣ мебошад. «Мо, фарзандони оянда, дар замони ҳозир чӣ ҳузуре метавонем дошта бошем! Мо ба тамоми идеяҳое, ки бо он ҳар кас метавонад роҳат бошад, бемайлем… мо ҳеҷ чиро «ҳифз» намекунем, мо ба гузашта намеандешем, мо «либерал» нестем, мо барои прогресс кор намекунем, мо ниёз ба бастани гӯшҳо аз ҳаёҳуи бозори оянда надорем, он чӣ онҳо васф мекунанд: «ҳуқуқи баробар», «ҷомеаи озод», «аз ин пас на хоҷа, на барда» моро аз ҷо нахоҳад бурд, мо танҳо салоҳ намедонем, ки дар замин ҳукумати адолат ва ҳамдилӣ ҳоким бошад (зеро он дар ҳар шароит ҳукумати миёнагӣ ва чинигарӣ хоҳад буд)… мо дар инҳо танҳо
ниқоб ва ифодаи сустӣ, хастагӣ, пирӣ ва коҳиши қудратро мебинем». Идеяи «аврупоии хуб»-и Нитше, ба унвони як вокуниш ба «марги Худо» ва нигилизм буда, бар таҷрибаи озодии ҳақиқии халлоқ дар тарбияи фард асос ёфтааст.
Нитше бо нигоҳе ба гузаштаи миллатгароии мудерн аз корбурди мафҳумҳои «свилизатсия», «гуманизатсия», «прогресс», ки одатан барои тавзеҳи вежагиҳои урупоӣ истифода мешуданд, дурӣ меҷӯяд. Ӯ раванди демократикунонии Урупоро ба унвони як ҳаракат аз маҳаллӣ ба ҷаҳонӣ, ба унвони «ҳаммонандшавии урупоиён», зудудани вежагиҳо ва тафовутҳои маҳаллӣ тавсиф мекунад. Раванди якнавохтии таърихи Урупо мунҷар ба якнавохтии бештар мешавад, «навъи фаромиллӣ ва кӯчии инсон» ва ҷаҳонишавии одобу русумро эҷод мекунад. - Бигузоред он чиро ба унвони як вежагии мушаххаси урупоиён ҷустуҷӯ мекунанд, «тамаддун» ё «башарият» ё «пешрафт» ном бибаранд, - мегӯяд ӯ. Пушти тамоми қолабаҳои ахлоқӣ ва сиёсӣ, ки ин формулаҳо ишора мекунанду раванди ҳаммонандшавии урупоиён, озодшавии онҳо аз шароите, ки дар он нажодҳои онон падид меоянд ва новобастагии рӯзафзуни онҳо аз ҳар гуна муҳити муайяне, ки тӯли садсолаҳо дар тану руҳи инсон нақш мебандад, ба амал меояд, пайдоиши тадриҷии навъи фаромиллӣ ва кӯчии инсон сурат мегирад. Аломати вежаи он, ба таъбири физиологӣ, maximum ҳунар ва қувваи мутобиқшавӣ мебошад. Ин раванди табдилшудан ба як урупоӣ… метавонад бо сабабҳое кундтар шавад, масалан бо фишори тӯфони ҳануз тӯфандаи «ҳисси миллӣ» ва ҳамчунин анархизм, ки дар пеши чашми мо зуҳур мекунад.
Воқеияти нимаи дуввуми асри Х1Х- густариши тиҷорат, саноат, сайёҳӣ, барқарории иртиботот, бархӯрд ва ҳамкории ногузири халқҳо ва фарҳангҳои мухталиф ва ҳамчунин захираҳои бузурги иқтисодӣ ба мақсади муттаҳид шудани Урупо барои Нитше шоҳиди дар ниҳоят суст шудан ва аз саҳнаи таърих хориҷ шудани миллатҳо ва ба ҷои он омадани «нажоди ягона ва омехтаи одами урупоӣ» буд. Нитше дар «Дониши Шод» ва «Фаросӯи неку бад» муқобили «сиёсати майдаи абадӣ гардондани партикуляризм дар Урупо», муқобили «хориши миллии дил ва заҳролуд шудани хун, ки имрӯз халқҳоро дар Урупо аз ҳам дур ва ҷудо кардааст» мебарояд.
Нитше маънии Урупои навро дар зарурати ташкили иттиҳоди байналмилалӣ медид, ки тавонад аз кӯтоҳбинии миллӣ раҳо шавад, вале дар баробари ин аз ҳуввияти миллӣ, ки меъёрҳои универсалиро мушаххас менамояд, ҷудо набошад.
Ҳар чанд тарҳи Урупои Нитше аз лоиҳаи равшанфикрӣ, ки раванди ташаккули Иттиҳоди Урупои имрӯза бар он асос ёфтааст, фарқ дорад, сарфи назар аз он ки Нитше худ то андозае рушди ояндаи инсониятро берун аз доираи дин ва арзишҳои ахлоқии масеҳӣ медид ва идеяи баробарии инсонҳоро рад мекард, таъсири он аз тарафи муҳаққиқони зиёд дар пайдоиши амалии муттаҳидии Урупои нав собит гардидааст.
Георг Зиммел дар асари машҳури худ «Урупо ва Амрико дар таърихи умумиҷаҳонӣ», Нитшеро бо Бисмарк, Дарвин, Вагнер, Толстой ва Бергсон муқоиса карда, ӯро чунин тавсиф мекунад: характери миллӣ, вежагиҳои сифати миллиро то ҳадди охир таҳқиқ карда, созандаи Урупои нав гардид.
Хулоса, масъалаҳои Аврупо то Нитше низ матраҳ гардида бошанд ҳам, иттиҳоди кишварҳои Аврупо ба унвони як василае барои расидан ба ҳадафи ҳамгироии инсоният, чун марҳилаи гузариш барои расидан ба иттиҳоди глобалӣ баррасӣ мешуданд. Дар охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ тарҳи Нитше ба афзоиши ҷунбишҳои миллӣ дар Аврупо мусоидат кард ва дар охири асри ХХ консепсияи сиёсати бузурги ӯ ба ҳуввияти миллии умумиаврупоӣ муассир воқеъ шуд.
Равандаи ҷаҳонишавӣ, ҳамгироии давлатҳои аврупоӣ дар шакли иттиҳоди низомманд дар қолаби давлати густурда воқеияти консепсияи «сиёсати бузург»-и Фридрих Нитшеро таъйид мекунад.

Кайхусрави Субҳонзод, ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо 

Хонданд 518

Ҳам харобкор, ҳам созанда

Янв 27, 2018
Диданд: 674

Таърихи ҷаҳон то андозае таърихи муҳоҷират аст, зеро маҳз дар натиҷаи он минтақаҳо ва кишварҳо ташкил ёфтанд, сохтори иҷтимоӣ ба вуҷуд омад ва ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ шакл гирифт.

Муҳоҷират ҳамчун унсури ҷудонопазири ҳаёти ҷомеа дар марҳилаҳои мухталифи рушди худ ба тағйиротҳои сифатӣ дучор гардидааст. Он, албатта, ҳамчун падидаи томи иҷтимоӣ - фарҳангӣ ҷанбаҳои ҳам харобкор ва ҳам созанда дорад. Дар замони ҳозира, аз як тараф, манфиати онро наметавон инкор кард, аз тарафи дигар, онро бақатори мубрамтарин ва душвортарин масъалаҳо шомил мекунанд.
Табаддулотҳои куллие, ки дар кишварҳои лагери сотсиалистӣ, яъне Аврупои шарқӣ ва ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ба миён омад ва вазъи иҷтимоию сиёсиро ба куллӣ тағйир дод, аз як тараф, ҷангҳои дохилии кишварҳои Африқо ва Осиё, аз тарафи дигар, миллионҳо одамро маҷбур кард, ки муҳоҷирати маҷбуриро бипазиранд. Ин масъала махсусан солҳои охир дар Аврупо, ки тӯли даҳсолаҳо вобаста ба вазъи демографӣ сиёсати ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро пеш мебурд, хеле муташанниҷ гардид. Буҳрони муҳоҷирати соли 2015, ки бар асари шиддати ҷангҳои дохилии як қатор кишварҳо рух дод, Иттиҳоди Аврупоро ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ кард. Байни давлатҳои узв баҳсҳову ихтилофҳо ба миён омад. Муҳоҷирон низ ба душвориҳо ва садду бандҳо дучор гардиданд. Бо ин ҳама, раванди муҳоҷират ба Иттиҳоди Аврупо давом дорад. Сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пайваста пойбандии худро ба арзишҳои инсонӣ ва сиёсати ҷаҳонишавӣ нишон медиҳанд.
Таърихи сиёсати муҳоҷиратӣ ва паноҳандагии Аврупоро метавон ба се давра тақсим кард:
- 1957-1990: сиёсати ҳамоҳанги давлатҳои узв;
- 1990-1999: ҳамкории байниҳукуматӣ;
- 1999 то имрӯз: сиёсати муҳоҷиратӣ дар доираи ҳалли вазифаҳои якҷоя (ҳамчунин буҳрони соли 2015 ва тадбирҳои таъҷилӣ).
Дар марҳилаи аввал (1957-1990) дар Иттиҳод ҳанӯз сиёсати ягона шакл нагирифта буд. Дар ин давра давлатҳои алоҳидаи узв сиёсати худро баъзан ҳамоҳанг мекарданд, масалан, дар соҳаи ҷинояткориҳои фаромарзӣ ва терроризм.
Дар марҳилаи дуввум (1990-1999) давлатҳои узв бо сабаби зиёд шудани фирориён се қарордод ба имзо расонданд. Нахуст соли 1992 Қарордоди Дублӣ ба имзо расид, ки он мебоист масъулияти давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупоро дар мавриди қабули фирориён танзим мекард. Бинобар ин қарордод, дархосткунандаи паноҳандагӣ бояд ба аввалин давлати узв, ки ба он ҷо омадааст ва изи ангушташ дар он ҷо гирифта шудааст, муроҷиат кунад. Агар дархосткунанда ба дигар давлати узв ворид шавад, метавонанд ӯро бозпас ба кишвари аввал, ки омадааст, фиристанд. Ин қарордод мавриди интиқодҳои зиёд қарор гирифт, зеро он ба дӯши давлатҳои сарҳадӣ масъулияти зиёд бор мекунад.
Соли 1992 қарордоди Маастрихӣ, ки раванди танзими низоми сиёсӣ ва пулии Иттиҳоди Аврупоро ба анҷом расонд, қабул карда шуд ва соли 1993 ба ҳукми қонун даромад. Дар он сиёсати пешниҳоди паноҳандагӣ ҳамчун масъулияти «манфиатҳои умумӣ» қабул шуд. Шартномаи Шенген аз ҷониби панҷ давлати аъзои аввалини Ҷомеаи Аврупо қабул гардид.
Марҳилаи сеюм баъд аз ҳамроҳ шудани давлатҳои собиқ сотсиалистии Аврупои шарқӣ ба Иттиҳоди Аврупо оғоз шуда, то имрӯзро дар бар мегирад. Аз ҳисоби дохил шудани ин давлатҳо шумори кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар соли 2007 ба 27 расид. Муҳоҷирати дохилӣ ба куллӣ тағйир хӯрда, хеле густариш ёфт.
Танҳо баъд аз Шартномаи Амстердам, ки соли 1997 ба имзо расид ва соли 1999 ба ҳукми қонун даромад, дар натиҷаи ба Иттиҳод вогузор кардани салоҳиятҳои давлатҳои миллӣ сиёсати «муҳоҷират ва паноҳандагӣ» таҳти назорати ҳамагонӣ қарор гирифт. Тибқи ин Шартнома қонунҳои умумӣ оид ба паноҳандагӣ, сиёсати муҳоҷиратӣ ва фирориёнро дар Брюссел Шӯрои Аврупо, ки ҳайати он аз намояндагони сиёсии давлатҳои узв иборат аст, қабул мекунад. Иҷрои ин қонунҳо барои ҳамаи давлатҳои узв ҳатмӣ мебошанд.
Масъалаи муҳоҷират ва паноҳандагӣ дар марҳилаи аввали ташкилёбии Ҷомеаи (иқтисодии) Аврупо хоси давлатҳои узв ба ҳисоб мерафт. Аммо бо мураккаб шудани ин раванд зарурати ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии сиёсӣ пеш омад. Барои ин омилҳои зерин нақш бозиданд:
1. Душвор гардидани назорати муҳоҷират дар сатҳи миллӣ. Давлатҳои миллӣ имкони дар танҳоӣ таҳти назорат гирифтани сарҳадҳои худро надоранд ва дар танҳоӣ худро ба он қодир намебинанд. Ҳарчанд, ки шумори фирориён коҳиш ёфтааст, ба ҳам пайвастани аъзои оилаҳо ва ворид гардидани муҳоҷирон афзудааст.
2. Ҳамгироии дохилии Аврупо мебошад, ки бидуни марзҳои дохилӣ ҷараён меёбад, яъне рафтуомади қувваи корӣ байни давлатҳои узв бе мамониат сурат мегирад. Вақте ки сарҳадҳои дохилӣ кушодаанд, шаҳрвандони давлатҳои сеюм (ғайри узви АИ) метавонанд бе назорати давлати мушаххас ҳиҷрат кунанд.
3. Тамоюлҳои демогафӣ. Бино ба маълумотҳои омории ИА, соли 2050 сеяки аҳолии Иттиҳоди Аврупо аз 65-сола болоро ташкил хоҳад дод, ки дар аксари давлатҳо камбуди қувваи кориро ба дунбол хоҳад дошт. Ин пешгӯӣ барои аксари давлатҳои Аврупо аҳамият дорад. Баъзеи онҳо, монанди Олмон, Италия ва Венгрия, аллакай ба коҳиши аҳолии синни қобили меҳнат мувоҷеҳанд, ки сабабгори коҳиши молу хизматрасонӣ дар бозори байналмилалӣ ва ниҳоят пастшавии иқтисодиёт мегардад. Муҳоҷират метавонад ин тамоюли демографиро ҷуброн кунад ё лоақал паёмадҳои манфии онро нармтар гардонад. Дар ин росто, аллакай байни ИМА ва ИТ барои ҷалби «ақлҳои беҳтарин» рақобат ба мушоҳида мерасад, масалан барои мутахассисони баландихтисос аз Ҳиндустон.
Давлатҳои ИА дар пайи вазъи муташанниҷи муҳоҷиратии соли 2015 бори аввал дар таърихи худ маҷбур шуданд талошҳояшонро барои дарёфти раҳоӣ аз ин буҳрон муттаҳид кунанд. Зеро шиддат ва масштаби буҳрон чунон фарогир буд, ки кишварҳои зиёдеро дар сари роҳи худ безобита кард. ИА бо андешидани тадбирҳои муваққатӣ сарҳадҳои худро таҳти назорат гирифт ва ба вокунишҳои алоҳидаву саросемавори давлатҳои узв хотима дод. Тадбирҳои амалие, ки зимни қарордод бо Туркия матраҳ шуд, имкон доданд шиддати вазъият то андозае пасттар ва тартиби додани паноҳандагӣ ба фирориён ва бозгашти онҳо ба тартиб дароварда шавад. Аммо ҳанӯз ҳам дар масъалаи муҳоҷират байни давлатҳои ИА ихтилофоти сиёсии амиқ вуҷуд дорад. Масалан, на ҳамаи давлатҳои узв розӣ ҳастанд, ки шумораи баробари муҳоҷиронро бипазиранд. Албатта, ин ба асли ягонагии аврупоӣ мухолиф буда, таҳдиди ҷудоиву парокандагиро бо худ дорад. Дар хориҷ шудани Британияи Кабир аз Иттиҳод масъалаи муҳоҷират низ нақши бориз дошт. Ворид шудани муҳоҷирони дохиливу хориҷӣ бархе аз қувваҳои сиёсиро дар Англия нигарон кард. Онҳо аз ташаннуҷи минбаъдаи нарасидани ҷойи кор, мактаб, манзил ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ эътироз карданд.
Дар қарорҳои ИА оид ба буҳрони муҳоҷиратӣ - ҳуҷҷатҳое, ки 18-уми феврал, 7 ва 18-уми марти соли 2006 қабул шудаанд, се самти асосиро дар ҳалли ин ихтилои назарҳо метавон таъкид кард.
Якум, ба кишварҳое, ки сели асосии муҳоҷиронро қабул мекунанд, аз ҷумла Юнон, ИА бояд кӯмак ироа кунад, аз ҷумла кӯмаки молӣ барои расонидани ёрии башардӯстона ба муҳоҷирон, назорати марзӣ ва баррасии дархостҳо барои додани паноҳандагӣ. Ҳамрайъии молӣ - яке аз масъалаҳои баҳсбарангезе, ки аз масъалаи муҳоҷират бармеояд, тақозо мекунад, ки ҳар давлати узв, ки намехоҳад дар қабули муҳоҷирон бо дигар давлатҳои узв шарик бошад, бояд ҷуброни молӣ пардохт намояд.
Дуввум, мувофиқи уҳдадориҳои қабулкардаи ҳамаи кишварҳои узв барои риояи қоидаҳои Шенген ва назорати қатъии сарҳад ба хадамотҳои алоҳида, аз ҷумла аз тарафи Хадамоти ИА оид ба бехатарии сарҳадҳои берунӣ ва Хадамоти аврупоӣ оид ба кӯмак ба шахсони дархосткунандаи паноҳандагӣ кӯмакҳои иловагӣ ҷудо карда шуд. Ҳамзамон ИА таъҷилан оид ба ҳифзи сарҳадҳои заминӣ ва обӣ хадамоти нав таъсис дод.
Сеюм, ИА бо Туркия қарордод имзо кард, ки дар он ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳарду тараф вобаста ба сели фирориён ва муҳоҷирон аз тариқи Туркия ба Аврупо дақиқ нишон дода шудааст. Мувофиқи ин қарордод муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ аз Туркия ба Юнон ворид мешаванд, бозпас ба Туркия баргадонида мешаванд, Аврупо муҳоҷиронро танҳо дар сурате қабул мекунад, ки дархости онҳо оид ба паноҳандагӣ дар ҳудуди Туркия пазируфта шавад. Ҳамчунин ҳукумати Туркия уҳдадор мешавад, ки роҳҳои қочоқ ва ҳамли ғайриқонунии одамон ба Аврупоро қатъ кунад. ИА аз ҷониби худ барои беҳтар кардани зиндагии фирориёни суриягӣ дар Туркия ғамхорӣ нишон дод - онҳо ҳуқуқи дар Туркия кор кардан ва дар мактабҳои Туркия хонондани фарзандони худро пайдо карданд. Барои ин сарони аврупои розӣ шуданд, ки дар солҳои 2016-2017 ба Туркия 6 млн евро (6,6 млн доллар) ҷубронпулӣ пардохт намоянд ва барҳам додани раводидро барои шаҳрвандони Туркия, ки ба минтақаи Шенген сафар мекунанд, тезонад ва гуфтушунидҳоро оид ба ворид шудани Туркия ба ИА аз сар гирад.
Нақшаи ҳамкории қабулкардаи Шӯрои Аврупо нуқтаҳои заиф низ дорад: нақшаи ҳамкорӣ бо Туркия маҳз ба муҳоҷирати сиёсӣ нигаронида шудаасту мустақиман бо буҳрони мушаххаси Шарқи наздик вобаста аст. Ҳамчунин ин қарордод ҳамрайъиро дар дохили ИА тақвият набахшид, балки ихтилофоти мавҷударо мубрамтар гардонд.
Бино бар тавсияҳои коршиносон, барои кишварҳои ИА ҳалли масъалаҳои зерин, ки то ҳол кӯшиш мекарданд нодида бигиранд, ногузир аст:
1). Бояд муайян карда шавад, ки нақшаи тақсимоти муҳоҷирон ба кишварҳо хусусияти ҳатмӣ дошта бошад ё тавсиявӣ?
2). Муҳоҷиронро барои доимӣ бояд пазируфт ё барои муваққат?
3). Маблағгузории умимӣ ҷорӣ кардан лозим аст ё на?
4). Оё рафтуомади озоди қувваи кориро маҳдуд кардан лозим аст?
- Вобаста ба як қатор сабабҳо ИА-ро лозим аст ҳалли масъаларо ба дӯши худ гирад ва сиёсати дарозмуддату ҳамаҷонибаи муҳоҷиратии худро таҳия намояд. Зеро раванди муҳоҷират ба Аврупо ҳеҷ гоҳ қатъ нахоҳад шуд. Фирориёни сиёсӣ аз Сурия, Ироқ, Афғонистон чун пештара ба Аврупо ворид хоҳанд шуд,- мегӯяд, коршиноси масъалаҳои муҳоҷират Пиерре Вимонт,- агарчи ба миқдори камтар ва бо роҳҳои амнтару қонунӣ ҳам бошад. Ворид шудани фирориёни иқтисодӣ, асосан аз Африқо, дар оянда ногузир афзоиш хоҳад ёфт: дар шароите, ки аҳолии Аврупо пир мешаваду аҳолии Африқо ҷавон, африқоиён норасоии қувваи кориро дар кишварҳои аврупоӣ пур мекунанд. Натиҷаҳои охирин пажуҳишҳои демографӣ инро тасдиқ мекунанд: дар сурати ҳифзи тамоюли мавҷуда аҳолии Африқо дар соли 2050 аз 1 миллиарди ҳозира ба 2,5 млрд хоҳад расид; агар соли 1900 дар Аврупо чоряки аҳолии дунё зиндагӣ мекард, имрӯз он ба 7% фаромадааст. Аз ибтидои асри ХХ раванди асосии муҳоҷират тағйир ёфт: қаблан аврупоиён ба тамоми гӯшаҳои дунё муқим мешуданд, аммо дар рӯзҳои мо Аврупо ҳадафи асосии муҳоҷирон аз Африқо ва Осиё гардид. Аз ин рӯ, ба ақидаи Пиерре Вимонт, маҳол аст, ки масълаи муҳоҷират худ ба худ ҳал гардад.
Оре, муҳоҷират пайваста шаклҳои гуногун касб мекунад, ки ташхис додани он шаклҳо хеле душвор мегардад, масалан фарқи байни муҳоҷир ва фирорӣ, муҳоҷирати дарозмуддат ва муваққатӣ, муҳоҷирати қонунӣ ва ғайриқонунӣ, муҳоҷирати маҷбурӣ, муҳоҷирати корӣ ва ғайра.
Пазиранда ва ҷонибдори асосии муҳоҷирон - Олмон соли гузашта аз камтарин нишондоди сатҳи бекорӣ ва боло рафтани рушди иқтисодӣ хабар дод. Яъне ворид шудани теъдоди зиёди муҳоҷирон ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар ҳеҷ гуна халал ворид накарда, баръакс ба рушди он мусоидат кардааст, агарчи дар Олмон низ аз паёмадҳои ногувори он баъзан садоҳо баланд мешуданд.
Хулоса, имрӯз Иттиҳоди Аврупо ба муҳоҷирони корӣ ва муҳоҷирон ба Аврупо ниёз доранд ва дар байни онҳо муҳоҷирати мутахассисони баландихтисос эътибори махсус дорад. Чунон ки гуфтаанд, “доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст” .

Кайхусрави СУБҲОНЗОД,
ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

Хонданд 674

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.