.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Ояндаи наздик палатаи  поёнии Парламенти Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» тағйиру  иловаҳо ворид менамояд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон  25 сентябр зимни баррасии масъалаи мазкур гуфт, ки лоиҳаи қонун бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ ҷиҳати рушди устувори минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва мутобиқати он ба муқаррароти Конвенсияи Киото (1973) дар бораи содагардонии механизми воридот ва содирот аз ҳудуд ва ба ҳудуди минтақаҳои озод таҳия гардидааст.

Ҳамзамон аъзои Шӯро ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи муфлисшавӣ»-ро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки  лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудан ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» таҳия гардидааст. Иловаи қисми 6 ба моддаи 53 масъалаи бо дархости кредитор аз ҷониби суд дар бораи аз моратория хориҷ намудани уҳдадориҳои пулии шахси муфлисшударо, ки дар асоси он молу мулк ба фоидаи чунин кредитор ҳамчун таъминот пешниҳод шудааст, муқаррар менамояд. Инчунин лоиҳаи қонун ба таъмини ҳифзи манфиатҳои амонатгузорон дар ташкилотҳои қарзӣ нигаронида шудааст.

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ»  баррасӣ шуд.

Шумо дар Хабари рӯз

Бо мақсади амалӣ намудани «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҳамасола дар қаламрави мамлакат дар ду марҳила - аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад.

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент оид ба ҷамъбасти марҳилаи якуми Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2018» ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ иштирок намуда, ҳисоботи сардори шуъбаи фаврӣ-ҷустуҷӯии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд ва сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон оид ба ташкили гурӯҳҳои корӣ, дуруст ба роҳ мондани кор дар ин самт ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор, баргузории чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотию пешгирикунанда дар байни аҳолӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки ҳадафи амалиёти «Кӯкнор» ошкор ва нобуд кардани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар   дар  ҳудуди   Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  инчунин  гузаронидани чорабиниҳои  маҷмӯии  таблиғотӣ-пешгирикунанда дар байни табақаҳои гуногун дар қаламрави  ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳамчунин диққати ҳозирин ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ҷоннок намудани фаъолият дар ин самт ҷалб карда шуд.

Шумо дар Хабари рӯз

Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии марказии даври 18-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ бар дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд пирӯз шуд ва ҷойи ин дастаро дар ҷадвал соҳиб гардид.

Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро Шериддин Бобоев дар дақиқаи 66-ум ба ҳадаф расонд. То ин бозӣ ҳарду даста имтиёзҳои баробар доштанд, аммо чун дастаи «Хуҷанд» натиҷаҳои беҳтар дошт, садрнишини ҷадвал буд.

КМВА “Помир” дар бози дар майдони худ аз дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. Голҳоро Бахтиёр Қаландаров ва Амирҷон Сафаров заданд.

“Барқчӣ” дар меҳмонӣ бар дастаи “Хатлон” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи Ҳисор Нуриддин Ҳамроқулов ва Далер Ёдгоров ба ҳадаф расонданд. Умеди даста барои раҳо шудан аз зинаи охир зиёдтар шуд. Акнун имтиёзҳои даста аз «Панҷшер» ҳамагӣ 3 хол камтар аст.

Дар бозии дигар дастаи “Кӯктош” дар майдони худ ба дарвозаи “Панҷшер” 2 голи беҷавоб зад.

Даври 19-ум фардо оғоз мешавад:

26 сентябр (чоршанбе)

«Панҷшер» – «Истиқлол»

«Барқчӣ» – «Куктош»

29 сентябр (шанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

30 сентябр (якшанбе)

«Хуҷанд» – КМВА «Помир»

Ҷ

 Дастаҳо

В

П

М

Б

Т\т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

18

14

3

1

32-15

45

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

18

13

3

2

37-15

42

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

18

8

3

7

26-26

27

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

18

6

4

8

23-23

22

5

КМВА «Помир» (Душанбе)

18

4

7

7

20-30

19

6

«Хатлон» (Бохтар)

18

5

3

10

18-24

18

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

18

3

6

9

14-24

15

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

18

4

1

13

14-27

13

Шумо дар Хабари рӯз

Аз 16 то 22-юми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Уляновски Русия 18-умин Форуми байналмилалии нависандагони ҷавони Русияву ИДМ ва хориҷа баргузор гардид.

Мақсад аз баргузарони форум пеш аз ҳама пайдо кардани муаллифони нав дар адабиёт ва тарғиби корҳои хонандагон тавассути маҷаллаҳои русӣ ва варақаҳои китобӣ, тақвият бахшидани маҳорати нависандагони ҷавон ва баланд бардоштани нақши онҳо дар рушди ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона равона карда шудааст.

Дар форуми мазкур зиёда 200 нафар иштирокчӣ аз Русия ва кишварҳои ИДМ, инчунин аз дигар кишварҳои хориҷӣ ширкат намуданд, ки 35 нафар коршиносони этикии адабиёти бадеӣ буданд.

Нависандаи машҳури адабиёти рус Леонидом Юзефовичем, ки дорандаи ҷоизаи “Большая книга” аст, бо иштирокчиёни форум вохӯрӣ намуд.

Дар фарҷоми форум барандагони ҳамоиш маҳсули эҷоди иштирокчиёни фаъоли форумро барои чоп дар маҷаллаҳои “Новые писатели” пешниҳод намуданд.  

Нигора Саидбекова

Шумо дар Хабари рӯз
саҳ 3 аз 42

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.