.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Панҷшанбе, 23 Август 2018 - || ФАРАЖ
Панҷшанбе, 23 Август 2018 11:24

Кӯдакфурӯшӣ: 1 тифл 3000 сомонӣ

Волидони бераҳм ва шояд мушкилдор бо маслиҳати пешакӣ тифли навзодро ба савдо заданд, аммо аз ҷониби мақомоти дахлдор ба даст афтоданд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки зани 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, 11-уми майи соли 2018 ,дар таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе кӯдаки ҷинсаш духтар таваллуд кардааст. Ин зан рӯзи 14-уми августи соли равон бо маслиҳати пешакӣ бо шавҳараш марди 36-сола тифли навзодро ба зани 33-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ба маблағи 3000-сомонӣ фурӯхтааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шумо дар Хабари рӯз

Дар Бозиҳои Осиё-2018 ҳамаи дастаҳои иштирокчӣ аз Осиёи Марказӣ соҳиби медал шуданд, ба ғайр аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ҳанӯз дастоварде надорад.

Дар ин рӯйхат Ӯзбекистон пешсаф аст, ки дар ҳисоби худ то дирӯз 14 медал, аз ҷумла 3 медали тило, дошт. Қазоқистон 21 медал дорад, ки яке тило аст. Қирғизистон 9 медал, Туркманистон 3 медал ба даст овардаанд, вале то ҳанӯз ягон тило надоранд. Чанде пеш намояндаи Афғонистон ҳам дар ин мусобиқа соҳиби медал шуд. Варзишгар дар намуди ушу ба кишвараш медали биринҷӣ овард.

Дар маҷмӯъ дастаи мунтахаби Чин пешсафи мусобиқа аст. (83 медал, аз ин 38 тило), Ҷопон – 68 (20 тило) ва Кореяи Ҷанубӣ – 49 (11). Аз 45 кишвари иштирокчӣ намояндагони 24 мамлакат соҳиби медалҳои Бозиҳо шудаанд.

Варзишгарони Тоҷикистон ҳоло имкони ба даст овардани медалҳои ин мусобиқаро доранд. Умед ба чемпиони ҷаҳон Дилшод Назаров ҳаст, ки 26-уми август ба майдон мебарояд. Баъд, 28-уми август паҳлавонони маъруфи кишвари мо дар намудҳои қураш, ҷудо ва самбо майдондорӣ хоҳанд кард, ки ҳунарнамоии Комроншоҳи Устопириён, Беҳрӯзи Хоҷазода ва дигарон дар назар аст.

Намояндагони Тоҷикистон дар намудҳои гуштии юнонӣ-римӣ, камонварӣ ва таэквандо аз идомаи мусобиқа маҳрум шуданд. Дар футбол дастаи бонувони Тоҷикистон баъди шикаст бо натиҷаи якхелаи 0:16 аз дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Чин, аз Ҳонконг низ шикаст хӯрд. Ин навбат онҳо тавонистанд, ки ба дарвозаи ҳариф як гол зананд ва ба дарвозаи худ нисбатан камтар гол оваранд - 1:6.

Шумо дар Слайд

Суди марҳилаи кассатсионии Тоҷикистон рӯзноманигори тоҷик Хайрулло Мирсаидовро, ки ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз маҳбас озод кард.

Суди вилояти Суғд дар мурофиаи пушти дарҳои баста ҳукми Хайрулло Мирсаидовро тағйир дода, озод намудааст.

Тибқи иттилои ҷониби ҳимоя, суд нисбати Мирсаидов ҷарима дар ҳаҷми 80 ҳазор сомонӣ таъин намуда, муҳлати зиндонро бо корҳои ислоҳӣ иваз кардааст.

Мурофиа пушти дарҳои баста сурат гирифт. Қаблан котиботи суд яке аз се додрасро дар мурофиаи кассатсионӣ иваз карда буд.

Суд Хайрулло Мирсаидовро дар шоҳидии бардурӯғ, сохтакорӣ ва исрофи 124 ҳазор сомонӣ гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд. Мирсаидов баробари рӯзноманигорӣ, роҳбарии дастаи зарифони Тоҷикистонро (КВН) ба уҳда дошт. Ӯ моҳи декабри соли 2017 баъди шикояташ аз фасодкории раиси раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон дар вилояти Суғд боздошт гардид.

Шумо дар Хабари рӯз

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар бештари ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Рӯзона  30-35 дараҷа гарм шуда, шамол аз самти ғарб 10-15 метр дар як сония мевазад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар базе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар ғарби вилоят шабона 14+19, рӯзона 28-33 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  3+8 ва рӯзона +17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад.  Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +32 + 37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +15 +20 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, шабона +17+19 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 2 аз 2

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.