.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 20 Август 2018 - || ФАРАЖ

Дар ҷамоати Аличури ноҳияи Мурғоб нахустин корхонаи бузурги коркарди маъдан бунёд карда мешавад. Дар ин бора “Ховар” хабар дод.

Ҷараёни фаъолгардонии корхонаи навбунёд зимни мулоқоти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо роҳбари ширкати «С.А-Минерализ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиан Лан, муовини сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорату бехатарӣ дар саноати кӯҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш ва намояндаи  назорати давлатии техникии саноати кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Ҷумъахон Ҳилолов мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки корҳои иктишофӣ ва нақбканӣ дар ин мавзеъро мутахассисони  зерсохторҳои Саридораи  геологияи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ширкати  масъулияташ  маҳдуди Ҷумҳурии Мардумии Чин «С.А.-Минирализ» анҷом  медиҳанд.

Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед гуфт, ки «корхонаи коркарди кони нуқраи Оқҷилгаи минтақаи Бозордараи  водии Аличур яке аз нахустин иншооти истеҳсолии вилоят дар соҳаи саноати куҳӣ мебошад, ки  дар оянда ба  иктишоф, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ  заминаи боэътимод мегузорад. Баъди пурра ба кор андохтани ин корхона  садҳо нафар ҷавонони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуда, шумораи бекорон ба маротиб коҳиш меёбанд».

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи маъдантозакунии кони нуқраи Оқҷилга аз  се  коргоҳи   мустақил ба монанди коргоҳи сангрезакунӣ  тариқи тасмачарх,   коргоҳи табдили санг ба хока ва дар ниҳоят коргоҳи  коркарди унсурҳои асосии нуқра иборат мебошад.

Корхона дар  як   шабонарӯз то 300 тонна маъданро  коркард ва аз он ба миқдори зарурӣ консентратро тайёр менамояд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Журналистони Қирғизистон ва Ӯзбекистон бо ҳамкорони худ аз Тоҷикистон дар сафари омӯзишии касбие иштирок намуданд, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар ҷараёни ин чорабинӣ ба иштирокчиён  ташаббусҳои маҳалие, ки ба пойдории сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ равона шудаст, муаррифӣ гардида, мулоқоти онҳо бо коршиносон, намояндагони ҳокимияти маҳалӣ ва созмонҳои ҷамъиятие, ки фаъолияти онҳо ба мубориза бо ифротгароии хушунатбор равона шудааст, баргузор шуд.  Сафари кории хабарнигоронро созмони Internews дар ҳамкорӣ бо созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои 10 намояндаи ВАО, дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ” баргузор кард.

Аз 13 то 15 августи соли 2018 иштирокчиёни ин чорабинӣ ва коршиносони даъватшуда ташаббусҳои давлатию ҷамъиятиро дар самти пешгирии ифротгароии хушунатбор, ки ба устувории сулҳу субот дар минтақа ва пешгирии тундгароӣ, мусоидат менамоянд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раъно Бобоҷониён, профессор ва муовини раиси Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ташаббусҳои ҷомеъаи ҷаҳониро дар роҳи мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатбор дастгирӣ намуда, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бар зидди терроризм ва экстримизм дар солҳои 2016-2020”-ро ба тасвиб расонидааст: “Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ дар мавзӯи “Муқовимат бар зидди терроризм ва экстримизми хушунатбор”, ки  моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз он далолат медиҳад, ки Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, пешгирии хатарҳо ва таъмини амният ҳамеша ба ҳамкориҳо омода аст”.

Музафар Юнусов - мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд иштирокчиёни ин нишастро ба вилоят хайрамақдам гуфт ва афзуд ҳамкориии онҳо бо намояндагони ВАО хуб ба роҳ монда шуда, журналистони вилоят дастрасии озод ба иттилоотро доранд.  Тавассути сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҷомеъа ва намояндагони ВАО хабару гузоришҳо дар шакли матн, навор ва акс пешниҳод мегардад. Ӯ афзуд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ба кӯмаки ВАО ниёз дорад:

“Пӯшида нест, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет хеле фаъоланд ва маъмулан қурбониёни худро тавассути ин пойгоҳҳо ба дом меафкананд. Аммо дар ҳамин ҳол дар муқоисаи ифротгароён, журналистон дар фазои интернет чандон фаъол нестанд. Аз ин рӯ зарур аст, ки онҳо низ дар роҳи мубориза бо ифротгароии хушунатбор фаъол бошанд ва бо  нашри гузоришҳои касбӣ, беғараз ва мӯътамад дар фазои интернет, барои баланд бардоштани огоҳии мардум аз паёмадҳои номатлуб ва хатарҳои ифротгароӣ талош намоянд”.

Дар ҳамин ҳол Илҳом Ҳошимов журналисти телевизиони “СМ-1” гуфт, ҷавонони имрӯзро метавон “насли интернет” номид. Дар ҳолати истифодаи дурусти он метавон донишу таҷрибаи зиёдро андӯхт, ҳамчунин дар ин фазои маҷозӣ роҳгум задан ҳам осон аст. Ӯ меафзояд,   ҳолати мазкур зарурати баланд бардоштани маърифати расонаии шаҳрвандонро ба миён меорад, ки онро бояд ҳанӯз аз мактаб оғоз кард,  то ҷавонон афкори интиқодии худро истифода намуда, тавони таҳлили иттилооти ба дасташон расидаро дошта бошанд:

“Интернет барои насли ҷавон чун пойгоҳи дилхушӣ аст. Волидон имкони пурра назорат кардани фарзандонашонро надоранд. Сатҳи маърифати расонаии ҷавонон хеле паст аст ва онҳо зудбоваранд. Ифотгароён бо истифода аз ин ҳолат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро роҳгум мезананд. Зимни мулоқот бо ифротгароёни маҳкумшуда, онҳо иқрор мешаванд, ки бо идеяҳои тундгароёна аз интернет огоҳ шуданд. Мо бояд ҳамкориҳои минтақавиро густариш бидиҳем, чунки ин мушкили як кишвар нест. Мо бояд матолиби  ҳамдигарро, ки барои баланд бардоштани маърифати расонаии аҳолӣ мусоидат мекунад, бо забонҳои миллии кишварҳои худ тарҷума намоем”.

Ҳамчунин иштирокчиёни ин нишаст роҳҳои мубориза бо тундгароиро дар мисоли хушунати хонаводаӣ, иштироки занон дар чорабиниҳои марбут ба мубориза бо тундгароӣ, заъфпазирии муҳоҷирон дар ростои ифротгароии хушунатбор, маърифати расонаӣ ва тафаккури интиқодиро чун роҳи муассири мубориза бо ин раванди номатлуб баррасӣ намуданд.

Даря Османова хабарнигори сомонаи Anhor.uz аз шаҳри Тошкент гуфт: “Бисёр таҷрибаи ҷолиб аст. Масоили хушунати хонаводаӣ ва муҳоҷират чун омили осебпазири ҷомеъа ва яке аз сабабҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ арзёбӣ шуд.  Таҳдидҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳам монанд ҳастанд ва ин як мушкили азими ҷомеъаҳои мост, ки бояд дар якҷоягӣ ва  муттаҳидӣ аз байн бурда шавад. Аз ин рӯ фароҳам овардани чунин имконоти табодули таҷриба,  муҳокимаҳои васеъ ва барномарезии роҳҳои ҳалли масъала хеле муҳиманд. Зарур аст, ки намояндагони ВАО афкори интиқодии худро рушд бидиҳанд, зеро ин дар роҳи мубориза бо тундгароӣ ва ифротгароии хушунатбор кӯмак мекунад”.

Иштирокчиён барои омӯзиши таҷрибаи расонаҳо бо ҳайати эҷодии рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”, “Суғд Ҳақиқати”, “Согдийская Правда”,  Ширкатҳои телевизион ва радиои “Тироз”, “СМ-1”, Радиои “Пайванд”, Маркази занон “Гулрухсор” ва намояндагии Барномаи рушди СММ дар шаҳри Хуҷанд дидан намуда, аз таҷрибаи онҳо оид ба мубориза ва пешгирии ифротгароии хушунатбор сӯҳбат намуданд. 

Фируза  Мирджумаева хабарнигори телевизиони “Диёр” гуфт, “барои нигаҳдории сулҳу субот дар минтақа, кор бо ВАО муҳим аст. Зеро дар аксар ҳолат афкори ҷомеъа аз матолиби хабарнигорон  бастагӣ дорад. Маҳз хабарнигорон сарчашмаи иттилоот барои ҷомеъа маҳсуб меёбанд ва онҳо бояд  усулҳои дурусти нашру инъикоси мавзӯҳои ҳассосро донанд”.

Сафари касбии намояндагони ВАО ба хабарнигорони се кишвари ҳамсоя, имкон фароҳам овард, ки оид ба чорабиниҳои мавҷуда, ки ба нигаҳдории сулҳу субот дар минтақа нигаронида шудаанд, аз дасти аввал иттилоъ бигиранд.  Ҳамчунин онҳо бо ҳамкасбони тоҷикистонии худ табодули таҷриба намуда, роҳҳои ҳамкориҳои ояндаи касбиро баррасӣ карданд. Иштирокчиён иттилоъ ва имкониятҳои мавҷударо барои тақвият ва рушди матолиби ояндаи худ, ки  дар мавзӯҳои гуногун ба хотири мусоидат ба пешгирии ифротгароии хушунатбор ва устувории сулҳу субот дар минтақа равона мешавад, истифода хоҳанд кард.

Болат Темиров рӯзноманигор аз Қирғизистон гуфт, “ин ҳамкориҳо муборизаи моро бар зидди тундгароиву ифротгароӣ муассир мекунад ва ба мо имкон медиҳад бо фароҳам овардани иттилооти мӯътамад барои аз байн рафтани низоъҳо, овозаҳо ва пешгирии ангезиши кинаву адоват миёни мардумонамон талош намоем”.

Дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ” сафари касбии хабарнигорон ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ  ба нақша гирифта шудааст. Ҳадаф аз ташкили сафарҳои касбии намояндаҳои ВАО рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва муттаҳидсозии рӯзноманигорон дар роҳи мубориза бо ифротгароии хушунатбор ва мусоидат ба баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон арзёбӣ мешавад.

Лоиҳаи  “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ”  аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ  шуда,  аз ҷониби Internews амалӣ мегардад. Ин лоиҳа ба дастгирии ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие равона шудааст, ки барои пешгирӣ аз ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд. Расидан ба ин ҳадаф ба воситаи боло бурдани касбияти хабарнигорон, фаъолони шаҳрвандӣ ва мутахассисони расонаҳои хабарӣ имконпазир аст, то ин ки  онҳо маводи босифати расонаӣ омода намоянд ва сатҳи интиқодии қабул ва бархӯрд ба матолиби расонаиро миёни шаҳрвандон, масъулони давлатӣ ва фаъолони ҷомеъа баланд бардоранд. 

Шумо дар Хабари-рӯз

Дар китоби «Тоҷикномаи»-и профессор Иброҳим Усмонов, ки дар 3 ҷилд нашр гардидааст мавзӯи арзишҳои миллӣ, истиқлол ва забони тоҷикӣ, андешаи миллӣ, ваҳдати маънавии миллат, ифтихори миллӣ баҳси тоҷику форс, андешаҳо перомуни адабиёту забони тоҷикӣ ва ғайра, ки ба миллати тоҷик тааллуқ мегиранд ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Дар ҷилди аввали китоб дар бораи устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров мулоҳизаҳо ронда шуда, дар бораи устод Садриддин Айнӣ гуфта шудааст, ки «Беҳтарин асарҳои Садриддин Айниро, аз ҷумла «Ёддоштҳо», «Ҷаллодони Бухоро», «Таърихи амирони манғитӣ», «Ғуломон», «Марги судхӯр», публитсистикаи миллиашро ба шакли мунтахабот, ё тамоми эҷодиёташро – ҳамаи он сазовори таваҷҷӯҳи аҳли олам аст, бо шаш забони расмии дунё чоп кунему паҳн намоем.

Дар Тоҷикистон Маркази Айнишиносӣ ташкил диҳем, ки он ба омӯхтану таблиғи тамоми мероси устод, тарбияи мутахассисони ватанию хориҷӣ – Айнишиносон машғул шавад.

Дар ҳамаи ихтисосҳои гуманитарии мактабҳои олии Тоҷикистон дар барномаи таълим Айнишиносӣ ҳатман дохил карда шавад ва бо назардошти ихтисос таълим дода шавад – адабиёт ва адабиётшиносии Айнӣ, таърихшиносии Айнӣ, ҷаҳоншиносии Айнӣ, фалсафаи Айнӣ, педагогикаи Айнӣ, публитсистикаи Айнӣ ва амсоли ин».

Дар китоб мавқеи аллома Бобоҷон Ғафуров дар сиёсат ва илм бисёр бузург арзёбӣ гаштааст, ҳамчунин дар бораи ин шахсияти бузурги миллати тоҷик гуфта мешавад: «Дар тӯли 10 сол роҳбари Тоҷикистон, дар тӯли 21 сол роҳбари Институти шарқшиносии СССР, қариб 20 сол сармуҳаррири маҷаллаи «Азия и Африка сегодня», Раиси Кумитаи шӯравии лоиҳаҳои ЮНЕСКО — «Шарқ-Ғарб» буданд. Вай бо 6 ордени Ленин, ордени «Револютсияи Октябр», бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» мукофотонида шудааст.

Академик Б. Ғафуров соли 1968 ба мукофоти байналхалқии Ҷ. Неру шарафманд гардид, профессори ифтихории донишгоҳҳои Теҳрон ва Оллоҳободи Ҳиндустон мебошад ва соли 1967 унвони Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистонро сазовор шудааст. Ӯ дорандаи ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат»-и Муғулистон низ мебошад. Дар Тоҷикистон осорхонаи Б. Ғафуров мавҷуд аст, дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон нимпайкараи вай гузошта шудааст. Яке аз ноҳияҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд номи ӯро доранд.

Дар Тоҷикистон ба номаш пул, сикка зада шудааст. Муҳимтар аз ҳама «Барои хизматҳои бузург ва фидокориҳо дар поягузории Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти хирадмандонаи давлатдорӣ, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 8 -уми сентябри соли 1997 «ба фарзанди бошарафи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро дод.

Дар мавриди ифтихороти миллӣ ва фаҳмиши «тафаккури тоҷикистонӣ» бошад мулоҳизаҳои баҳсбарангез ронда шуда, аз ҷумла гуфта мешавад: «Барои аксарият фаҳмиши «тафаккури тоҷикистонӣ»  ҳаммаънои калимаи «ҳаммиллат будан» аст. Аслан дар илм бисёриҳо калимаи «миллат» ва вожаи «халқ»-ро ҳаммаъно ҳисоб мекунанд. Ҳатто вожаҳое, ки гурӯҳҳои хурдтарро ҳам ифода мекунад, ба монанди қавм, қабила ва ғайраро низ ба ҳамин маъно меоранд. Албатта, вақте ки калимаи этнос дар илм истифода шуд, дар решаи умумии онҳо як маъно вуҷуд дошт. Барои фаҳмидани маънои хоси ҳар истилоҳ, замонро дар назар гирифтан зарур мебошад. Мафҳуми «халқ» мардуми давлати замони феодалро ифода менамояд. Баробари ба вуҷуд омадани давлат халқ ба вуҷуд омад.  Яъне дар ин давра яке аз қавмҳо бартарӣ пайдо кард. Масалан, давлати тоҷикҳо – давлати Сомониҳо буд ва халқи тоҷик дар замони Сомониҳо ташаккул ёфт. Чунин маъно бардоштан даркор нест, ки онҳое, ки ба забони тоҷикӣ сухан мегуфтанд, тоҷик буданд, то замони Сомониҳо мавҷуд набуданд, балки ин чунин маъно дорад, ки маҳз ҳамин халқи тоҷик, ки дар Осиёи Миёна мезист,  муттаҳид шуда давлати Сомониёнро бунёд гузоштанд. Албатта, дар он вақт ҳам «тоҷик» мегуфтанд, вале калимаҳои суғдиву бохтарӣ, хоразмиву форс, шуғнониву фарғонӣ  зиёдтар истифода мешуданд. Дар замони ибтидои халқшавии мардуми тоҷик ҳар кӣ ба номи суғдиву бохтариву хоразмиву фарғонӣ ёдоварӣ мешуд, инҳо ҳама таъкид ба тоҷик буд. Тавре дар асрҳои XIX-XX ҳар кӣ бо номи шаҳрҳо ёдоварӣ мешуд, масалан  Ҳисорӣ, Бухороӣ, Хуҷандӣ, Ҳиротӣ, Нишопурӣ, Кобулӣ низ тоҷик буд. Агар ба китобҳои таърих руҷуъ намоем, хоҳ онро арабҳо, хоҳ онро мардуми Осиёи Миёна, мардуми Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон навишта бошанд ва агар дар бораи ҷанг сухан равад мегӯянд, ки мулки Самарқанд фалон қадар аскар дод ва ин қадараш тоҷик буду ин қадараш турк. Дар ҳамаи китобҳои таърихӣ ҳамин гуна зикр ёфтааст».

Дар китоби дувум баҳси илмӣ дар мавриди замон ва муҳити пайдоиши халқи тоҷик рафта, гуфта шудааст, ки: «Дар бораи миллати тоҷик сухан рондан, дар бораи давлатдории миллатсозии халқи тоҷик, дар бораи истиқлолияти давлат, халқ ва забони тоҷикӣ сухан гуфтан таҳқиқу қадр кардани сухани устод С.Айнӣ «баромад оқибат овози тоҷик» аст. Зеро давлат ва миллати тоҷик танҳо дар солҳои бистуми асри 20 аз нав ташаккул ёфтанд. Воқеан, агар ба ҳар кадом китоби таърихи халқи тоҷик нигарем, хоҳем дид, ки мо дар бораи давлатдории тоҷик не (ба истиснои давлати Сомониён), балки дар хусуси минтақаҳои мамлакат ё ҳавза ва мавқеи тоҷикон дар онҳо мулоҳиза меронем. Масалан, номи фаслҳо ва бобҳои китоби Б. Ғафуров «Тоҷикон» чунинанд: Осиёи Миёна дар ҳайъати давлати Ҳахоманишҳо; Осиёи Миёна дар давраи Кӯшониён; Тохористон; Суғд; Уструшан-Фарғона; Анҷоми протсесси ташаккули халқи тоҷик ва созмони давлатии ӯ: Давлатҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён; Осиёи Миёна дар ҳайъати хилофати араб; давлатҳои Ғазнавиён, Қарахониён, Ғуриён ва Хоразмшоҳиён, халқи тоҷик дар давраи чингизиён; халқи тоҷик дар давлати Темуриён; халқи тоҷик дар давлати Шайбониён; халқи тоҷик дар ҳайати давлати Ҷониён; халқи тоҷик дар аморати Бухоро ва давлати хонии Қӯқанд; халқи тоҷик дар давраи ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна».

Китоби севум ба забони русӣ нашр шуда, мавзӯҳои муҳимми тоҷикшиносиро дар бар мегирад. Умуман китоби «Тоҷикнома»- и профессор Иброҳим Усмонов асари ҷадиди эҷод гардида дар мавриди халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, андешаҳои илмии хонданӣ дорад. Чи гунае, ки дар шиносномаи китоб гуфта шудааст: «Мақсади ягонаи муаллиф – муайян кардани ҷойгоҳи халқи тоҷик дар Осиёи Миёна ва мавқеи вай дар байни мардуми эронинажод аст. Ӯ вожаи эронро, на ба мафҳуми имрӯзаи ҷуғрофияи сиёсӣ, балки дар фаҳми таърихии он, сарзамини Мовароуннаҳр ва Хуросон истифода мекунад. Хокдони халқу забони худро дар ҳамин минтақа ва решаи аҷдодии худро дар халқиятҳои хурду калони инҷо, аз ҷумла Суғду Бохтар медонад. Таҳқиқҳои муаллиф ба осори зиёди илмии форсу тоҷик, араб, рус ва донишмандони аврупоӣ такя мекунанд».

Китоби бо шеъри

 Аз зуҳраву зуҳал,

Аз қаъри торикӣ

Орам навиди нав

Бо лафзи тоҷикӣ

оғоз ёфта, ҳамчунин пурсиши дили муаллиф низ ҷой дода шудааст:

1. Мо мардуми таҳҷоии Осиёи Марказӣ ҳастем ё қавми омадаем?

2. Аврупоиҳо дар таърихи тоисломии халқҳои эронӣ, суғд, бохтар ва форсро шинохтаанд, розӣ мешавем ё не.

3. Пас, ҳамчун халқи қадимӣ мо суғду бохтар ҳастем ё форс?

4. Агар мо худро форс ва эронӣ гӯем, сарнавишти падару модар ва хоҳару бародар ва фарзандони дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон будаамон чӣ мешавад? Онҳоро форсшавӣ намемонанд. Оё тоҷикияташон ҳам аз байн намеравад?

5. Бароямон чӣ беҳтар, моро ҳамчун тоҷик ва тоҷикистонӣ шиносанд ё ҳамчун форс ё эронӣ? Мустақил будан беҳтар ё ҷузъи миллати бузург, бе номи худ?

6. Истилоҳи тоҷик, ки хитоиҳо, арабҳо, туркҳо, юнониҳо, арманиҳо, русҳо, аз бузургони мо Унсурӣ, Саноӣ, Аттор, Саъдӣ, Мавлавӣ, Ҷомӣ, Амир Хусрав, Бедил истифода бурдаанд, ишора ба чист? Халқ, миллат ё ягон мафҳуми дигар?

7. Эрон шакли калимаи ориёиҳо. Воқеан мо яке аз халқҳои ориёӣ ҳастем. Аз ин нигоҳ мо эронӣ мебошем. Номи Эрон чун ҳудуди давлатӣ дар соли 1936 пайдо шуд.

8. Мо дар солҳои шӯравӣ аз он норизо будем, ки баъзе миллатҳои мамлакатамон тарҷумаро аз адабиёти классикии мо «тарҷума аз форсӣ» мегуфтанд. Ҳоло бо онҳо ҳамфикр шудаем?

9. Пантуркистҳо оё дуруст мегуфтанд, ки мардуми тоҷик туркҳои ба таъсири мадраса забонгумкардаанд?

10. Қисми зиёди даризабонҳои Афғонистон худро тоҷик мегӯянд, онҳоро эронӣ ва форс номидан мумкин аст?

11. Аз рӯи гуфтаи бузургони илму адабамон то қарни XVII аксарияти аҳолии Хуросону Шероз чун халқ худро тоҷик мегуфтанд. Чаро имрӯз чунин намегӯянд?

Шервони Умриддин, журналист

Шумо дар Хабари-рӯз
Душанбе, 20 Август 2018 11:53

Шоир андар синаи миллат чу дил…

Ман баъди ҳазор завол меоям боз,

Чун мурғи хуҷастафол меоям боз,

Гар баъди ҳазор сол маро ёд кунед,

Аз баъди ҳазор сол меоям боз…

Дар адабиёту фарҳанги ҳар халқу миллат чеҳраҳои тобноку пурҷило бо диду шинохти махсус ва истеъдоди фитрию модарзодии хеш ба фарҳангу адабиёт ҷилои тобноке бахшидаанд. Аз ҷумлаи ин абармардони таърихӣ, шоири дардошнои миллат устоди зиндаёд Лоиқ Шерали мебошад. Зиндагиву ҳастии ӯ саропо шеъру ғазалу тарона марсияҳои пурсузу гудоз буда, дар рӯзҳои шодиву мотам ҳамнафас ва ҳаммароми мардум аст: 

Мо ҳама мардони меҳнатзодаем,

Сар ба фармони Ватан бикшодаем,

Ҳам ба назму ҳам ба азму ҳам ба разм,

Пайрави Айниву Турсунзодаем.

Боиси хурсандиву сарфарозии мо дӯстдорони адабиёт аст, ки солҳои 70-уми садаи 20 як зумра шоирони насли нави пуршӯр ба монанди Бозор Собир, Гулрухсор, Ҳабибулло Файзулло, Мастон Шералӣ ба арсаи эҷод қадами устувор ниҳода, бо пештозии Лоиқ инқилоби фикриеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардаанд. Ҳар шеъри гуфтаи онҳо шӯре дар адабиёти навини тоҷик буд. Он замонҳо, бо ҷурми сиёсӣ адибон имкон надошта, ки  аз мавзӯъҳои маъмули васфи партияи роҳнамо, доҳии бузург ва пахта- пахта, ҷон пахта берун шеър гӯянд. Аммо Лоиқ гуфта тавонист: 

Шеъри нав бархост ҳамчун одами нав,

Ҳамчу тифли инқилоб.

Бо саволу ҷавобу бо хитоб,

Захмҳои пушти Айнӣ мисраҳои ӯ шуданд,

Оҳҳои хашмолудаш нидои ӯ шуданд…

Ҳизби ҳоким бо ин бархӯрдаҳо ба «Адабиёти шаклан миллию мазмунан сатсиалисти» тоб наовард, доираи фаъолияти ин қабил шоиронро ҳамеша таҳти назорат қарор медод. Вале дастгоҳи абарқудрати ҳизбӣ ҳам пеши ин мавҷи пуртуғёни шеъри навро гирифта натавонист. 

Лоиқи ошиқу ориф дар баробари «Модарнома», «Илҳом аз Шоҳнома» ба умқи таърихи ҳазорсолаи гузаштагони пурифтихорамон Буалӣ Сино, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Ҷомиву Мавлавӣ фурӯ рафта аз он ҷо дури маъниро ба каф меовард:

Дӯстам пеш аз ту ҳам ашъори нофиз будааст,

Ин қадар аз худ марав пеш аз ту Ҳофиз будааст,

Ҳар мукофоте, ки бошад дар ҷаҳон баҳри сухан,

Бештар бар Мавлавии Балх ҷоиз будааст.

Дар шеъри «Таърих гувоҳ аст…» дарду доғи мардуми печидафарёд дар набардҳои алайҳи аҷнабиёну муғулу араб бо сӯзу гудоз тасвир ёфтааст.:

Оё барои як ваҷаб хоке ба ҷои гӯр,

Аз баҳри ҳамгинони худ бедод мекунед?

Ин хокро, ки хуфтагоҳи бобиёни мост,

Обод мекунед ва ё барбод мекунед?!

Дар шеъри «Ҷон ба қурбони ту эй меҳани хунин кафанам» (1994) шоири дардошнои миллат дар бораи ҳодисаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз нофаҳмию ноогоҳӣ, бефарҳангӣ ва ҷоҳталабии бархе аз ҳасудони мансабпарасту ҳақталоше сухан мерафт, ки аз ҳақталошиҳои онҳо мардуми бегуноҳро то ба ҷангу хунрезӣ кашида, пероҳани озодаи Ватанро доғдор намуда, басе бо дарду ҳасрат ҷасуронаву мардона овоз баланд мекунад.

Сар то пои ашъори ӯ дар китоби «Фарёди бефарёдрас», ки баъди кашмакашиҳои ҷанги шаҳрвандӣ рӯи чоп омадааст, як навъ хамосаи дарду ҳасрату нокомӣ ва ба хун оғушта гардидани ҷавонони ноогоҳ аст:

Яроқмардон, яроқи худ гузоред

Силоҳдорон силоҳи худ гузоред…

Аввалин таронаи таҳнияти баъди ба имзо расии Ваҳдати миллӣ, ки худи худи ҳамон рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар майдони назди Қасри ҳукумат бо номи «Ғазали шодбош» сурудаи ҷовидонаи устод Лоиқ аст, ки ҳамеша ҳамроҳи шодию ғами ин миллати баору нанг ва сулҳпарвар буд:

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад,

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Ва ин ҷо бо ҳамин шоҳбайти яке аз ҳамсафону ҳамсангарони шоир-устод Бозор Собир меҳрномаи худро хусни мақтаъ мебахшем, ки фармудаанд:

Ҳамчу сарват шоире гум кардан осон асту лек,

Ҳамчу шӯҳрат шоире дарёфтан, бас мушкил аст,

Қитъае холист бе Фирдавсии Тусӣ ҳанӯз,

Қитъае бечораи як шоири соҳибдил аст.

 

Маҳмадмуроди Сайдалӣ

Шумо дар Фарҳанг
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 4

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Шӯро

    Ҳафтаи сипаригашта ду ниҳод - Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон…
  • «Шамол»-и Худо

    Инак, моҳи аввали фасли дай фаро расид. Инак, мавсими «рустшавак»…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.