.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 13 Август 2018 - || ФАРАЖ

12-уми август, тақрибан соати 16:30, дар қисми шарқии Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Лахш чархболи МИ-8 бо 13 нафар кӯҳнавард ва 3 сарнишин фуруди изтирорӣ анҷом додааст.

«Ховар» аз қавли сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод, ки чархбол ҳангоми бозгашт ба қароргоҳи кӯҳнавардон дар поёноби пиряхи Фортамбек нишасти нобоб анҷом додааст.

Барои мушаххас намудани сабабҳои сар задани ҳодисаи мазкур аз ҳисоби роҳбарони КДАМ, ВКД, КҲФ, Вазорати мудофиа ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ комиссияи ҳукуматӣ ташкил шуда, ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардидаанд. Инчунин, субҳи имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макони садама ду чархбол бо наҷотдиҳандагону табибонро фиристодааст.

Гуфта мешавад, айни ҳол мушаххас нест, ки кӯҳнавардон шаҳрвандони кадом давлат ҳастанд. Садама дар ҳоле рух додааст, ки кӯҳнавардон баъди фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба қароргоҳашон бармегаштанд.

Қуллаи Исмоили Сомонӣ баландтарин нуқта дар қаламрави собиқ Шӯравӣ мебошад, ки баландии он 7495 метр аст.

Шумо дар Хабари-рӯз

Нимишабии 10-уми августи соли 2018 як сокини 30-солаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон болои боми хонаи навсохти 16-ошёна, воқеъ дар шаҳри Душанбе,  баромад ва хост аз боло худро ба поён сарозер кунад. Иллати ин амал номаълум, аммо ин мард яқинан мехост ба ҳаёти худ поён диҳад.

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва кормандони милисаи маҳаллӣ бо вай дар гуфтугӯ шуданд ва барояшон муяссар шуд, ки ин марди ҷавонро аз қасди худкушӣ баргардонанд. Ҳамин тавр, ба вай ёрӣ расонданд, ки аз боло поён шавад ва ӯро ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур бурданд.

Ҳоло тафтиши ин ҳодиса идома дорад ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мехоҳанд дақиқ кунанд, ки чӣ омиле марди сисоларо водор кард қасди худкушӣ кунад.

Шумо дар Хабари-рӯз

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дода, мегӯяд, ки дар бештари ноҳияҳо борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ то 15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +16+21 ва рӯзона +31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +33 + 38 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 14+19, рӯзона 26-31 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  1+6 ва рӯзона +21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +16 +21 ва рӯзона +34+39 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +16+18 ва рӯзона +34+36 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 2 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.