.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Чоршанбе, 05 Декабр 2018 - || ФАРАЖ

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ 5 декабри соли 2018 Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии ҶумҳурииТоҷикистон"-ро ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд, қабул намуд.

Лоиҳаҳои қонунҳои номбурда ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар рузи Дониш- 1 сентябри соли равон баён доштанд таҳия гардида буданд.

Дар ин суханронии худ Пешвои миллат нигаронии худро аз сатҳи пасти назорати сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ва воридоти дорувории пастсифат изҳор намуда, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода буданд, ки ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус, ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайри стандартӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ба ғайр аз ин дар ин суханронӣ масъалаи баланд бардоштани масъулияти кормандони тиб, аз ҷумла, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон зимни табобати беморон ва хизматрасонӣ ба онҳо қайд гардида, дастур дода шуд, ки барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки боиси ба ҳаргуна бемориҳои сироятӣ гирифторшудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад.

Бояд қайд кард, ки масъалаи ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бе сифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ё муҳлати истифодаашон гузашта, ё  истеҳсол кардани дорувории бесифат, қалбакӣ, ғайри стандартӣ ва ба муомилот баровардани онҳо ташвиши асосноки Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистонро ба вуҷуд овардааст.

Мувофиқи ҳисоботҳои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар  давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз муомилот қариб як саду бисту ҳафт тонна  маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кудаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳо ҷавобгӯ набуда гирифта, несту нобуд карда шудааст.

Аз ин ҳисоб қариб наваду панҷ тоннаи онро маводи доруворӣ ташкил медиҳад. Қариб 40 тоннаи маводи дорувории гирифта шуда маводҳои муҳлати истифодаашон гузашта мебошанд.

Барои ин қонуншиканӣ беш аз панҷсад парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуда, аз ҳуқуқвайронкунандаҳо як миллиону сад ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.Вале, чораҳои андешидашуда натиҷаҳои назаррас надоданд.

Бинобар ҳамин сабаб тасмим гирифта шуд, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои содир намудани ин кирдор пурзӯр карда шавад.

Аз ҷумла, ба моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ пешбинӣ менамояд, тағйирот ворид карда шуда, андозаи ҷаримаҳои дар ин моддапе шбинишуда баланд бардошта шуда,  барои шахсони воқеӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 40-50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), барои шахсони мансабдор аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 50-100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва барои шахсони ҳуқуқӣ  аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 100-200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) пешбинӣ мегардад.

Инчунин ба ин мода қисми дуюм илова карда шуда, барои такроран, яъне барои дар давоми  як соли  баъди таъини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдорҳои  дар боло зикргардида ҷазои маъмурии нисбатан вазнинтар пешбини гардид.

Ҳамзамон ба моддаи 2101  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ҷавобгариро барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯй набуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта пешбинӣ менамояд, тағйирот ворид карда шуда, ҷазоҳои ҷиноятии пешбини гардида пурзур карда шудаанд. Аз ҷумла,барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯй набуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта ба миқдори калон (қисми якумимоддаи2101) ҷарима ба андозаияк ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ( аз панҷоҳ то сад ҳазор сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғулшудан ба фаъолияти муайян  ба мӯҳлати то  се сол ё бидуни он таъин карда мешавад.

Ҷазои ҷаримаи дар қисми дуюми моддаи номбурда пешбини гардида низ ду баробар зиёд карда шуда, аз дуҳазор то чор ҳазорн ишондиҳанда барои ҳисобҳоро  (аз сад то дусад ҳазор сомонӣ) ташкил медиҳад.Ҳамзамон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ки аз ду то панҷ солро ташкил медод, баланд бардошта шуд аакнун аз панҷ то ҳаштсолро дар бар мегирад. Муҳлати ҷазои иловагӣ низ баланд бардошта шудааст.

Ҳамзамон ҷазои дар қисми сеюми моддаи болозикр  низ тағйир дода шуда ба ҷои  аз панҷ то ҳашт сол маҳрум сохтан аз озодӣ акнун аз ҳашт то дувоздаҳ сол маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти табибон ба моддаи 129 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз ҷониби табибон номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ пешбинӣ мекунад,  тағйирот ворид карда шуда,ҷазои дар қисми дуюм пешбини гардида, ки аз се то панҷ сол маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекард, ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол иваз карда шуда, ҷазои дар қисми сеюм пешбинигардида (аз панҷ то ҳашт сол маҳрум сохтан аз озодӣ)   аз ҳашт то дувоздаҳ сол маҳру мсохтан аз озодӣ пешбинӣ мегардад.

Ҳамзамон моддаи 207 Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав ифода карда шуда ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зидди эпидемии кӣ мушаххас ва пурзур карда  шудааст. Зарурияти тағйирот дар ин қисм аз он сарчашма мегирад, ки вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зидди эпидемикӣ аз ҷониби кормандони баъзе соҳаҳои хизматрасон (аз ҷумла сартарошҳо, кормандони кошонаҳои ҳусн, холкубҳо, пирсинг ва ғайра)  боиси пайдо шудани бемориҳои зиёди сироятӣ мегардад. Аз ҷониби кормандони зикргардида хавфи паҳн намудани вируси норасоии масунияти одам, гепатитҳо ва дигар бемориҳо баланд арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ ҷазои дар қисми якуми ин мода пешбини шаванда баланд бардошташуда, ба моддаи кисми дуюм илова карда мешавад. Дар он ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё мубталои вируси норасоии масунияти одам ё марги инсон гардида бошад, пешбинӣ мегардад. Ҷазо дар ин маврид аз панҷ то даҳ сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.

Тағйиротҳои ворид кардашуда барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба хусус ҳуқуқ ба ҳифзи саломатии шаҳрвандон равона гардидааст.

Шумо дар Хабари-рӯз

Натоиҷи озмунҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар бахши бозорёбӣ (маркетинг)-и ҷоизаи «Event Awards Central Аsia» эълон гардиданд. Лоиҳаи Tcell  “Иқдоми таблиғотӣ барои роуминги дастрас дар Ӯзбекистон» дар бахши «Беҳтарин рӯйдоди онлайнӣ» соҳиби нишони тиллоӣ шуд. Тарҳи муштараки Радиои “Азия Плюс” ва Тсеll «Ҳамроҳ мехонем» дар бахши «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ» сазовори ҷоизаи нуқра гардид.

Event Awards Central Asia – ин ҷоизаи мустақили касбӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки барои дастовардҳои бузурги эҷодӣ аснои баргузории чорабиниҳои марбути бозорёбӣ (маркетинг) тақдим мешавад. Тайи солҳои ахир ин мукофот ба тарҳҳои муваффақе, ки дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон татбиқ меёбанд, эҳдо мегардад.

Имсол барои ҷоизаи тилло дар бахши чорабиниҳои бозорёбӣ беш аз 60 лоиҳа аз бузургтарин ширкатҳои минтақа рақобат доштанд. Озмун аз сӯи доварони мустақил, ки коршиносони шинохтаи соҳоти “event”, HR-у PR (таблиғ ва бозорёбӣ)-и ширкатҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Латвия, Словакияву Малдова, инчунин намояндагони ВАО ва ҳунармандони маъруфи ин кишварҳо буданд, ҳакамӣ мешуд.   

Tcell дар бахши «Беҳтарин рӯйдоди онлайнӣ»-и лоиҳаи “Иқдоми таблиғотӣ барои роуминги дастрас дар Ӯзбекистон» соҳиби нишони “Тилло” гардида, онро ба Тоҷикистон овард. Моҳи феврали соли 2018 барои ду кишвари ҳамсояву ҳамҷавор, ки марзҳои муштарак, урфу одат ва фарҳанги ба ҳам наздик доранд, рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Сарҳадоти ин давлат, ки тайи қариб 20 сол барои равуои шаҳрвандон мушкил эҷод менамуданд, боз гардиданд. Мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон ин иқдомро бо хурсандии бузург ва эҳсоси гарму гуворо пазируфтанд.

Ширкати Tcell ба рухдоди фавқ- равуои бештари шаҳрвандон, теъдоди зиёди сайёҳон ва гардишгарони ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, роуминги дастрас дар Ӯзбекистонро роҳандозӣ карда, арзиши Интернетро дар шабакаи роуминг 16 маротиба коҳиш дод. Иқдоми тарғиботии ин лоиҳа дар шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳо ва пешниҳоди матлабу маводҳои ҷолибу кӯтоҳ оғоз гардид.

Яке аз тарҳҳое, ки барои муаррифии бештар ва ташвиқу тарғиби роуминги дастрас ба кор оғоз намуд, ин “Салом, ҳамсояҳо!” («Салом, соседи!») дар ҳамҷоягӣ бо ширкати “Asia Plus Media Group” буд. Лоиҳа дар бораи анъанаҳои миллӣ, фарҳангу санъат, дастовардҳо, ҳаёти одамони ҳар ду кишвар нақл карда, наворҳои ҷолибро дар мавриди пайвандҳои таърихии мардуми ҳамсоякишварҳо омода месозад. 

«Тарҳи роуминги дастрас оддӣ ва хеле содда буда, ҳадафи он нишон додани ин ки роуминг барои истифода қулай аст, аз он мешавад аснои иртибот, гуфтугӯ ва табодули навору аксҳои ҷолиб дар ҳангоми сафар дар Ӯзбекистон бо нархзи арзон истифода кард. Охир, тайи ин қадар солҳои ҷудоӣ ва дурии сунъӣ одамон ташнаи дидори якдигар шуданд. Вақте мо аз “Азии Плюс” пешниҳоди ҳамкорӣ дар татбиқи идеяи мазкурро дарёфт кардем, ба чунин хулоса расидем, ки айнан ва воқеан ин ҳамон лоиҳа ҳаст, ки мо онро мехоҳем. Мо онро ҷонибдорӣ карда, таркиби матоолибро бойтару ғанитар сохтем, барои комил шудани маҳсулоти пешниҳодӣ кӯмак расонидем. Ман итминони комил дорам, ки ин тарҳи ҳассосу хушбинона қалби ҳазорон нафарро тасхир кард, ба дилҳои ҳазорон нафар роҳ ёфт. Ин дар айни замон ҳамон ҳадафи аслӣ аст, тарғиби тамға (бренд), ки мо бояд амалӣ намоем”,- мегӯяд директори Департаменти бозорёбӣ ва равобит (маркетинг ва комуникатсия)-и ширкати Tcell Кети Пиртсхалава.   

Тарҳи муштараки Радиои “Азия Плюс” ва Тсеll «Ҳамроҳ мехонем» дар бахши «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ» бошад, сазовори ҷоизаи Нуқраи озмун гардид. Моҳи июни соли 2018 Азия Плюс ва Tcell аз 4 хонаи бачагони шаҳри Душанбе, ки беш аз 350 кӯдак дар онҳо тарбия мегиранд, дидан карданд. Ба назди ин тифлакони масъум, ки аз навозиши волидайн маҳруманд, шахсони маъруф, ҳунармандон ва чеҳраҳои шинохта рафта, ҳамроҳ бо онҳо китоб хонданд, шеъру таронахонӣ карданд ва нақлҳои ҷолиберо пешниҳод сохтанд.

Лоиҳа ба кӯдакон нишон дод, ки онҳо дар ҷомеъа танҳо нестанд, онҳо низ шахсони даркорӣ дар ин кишваранд. Мақсади аслии ин иқдом на фақат ироаи тӯҳфаву ҳадяҳо дар иду маросимҳо, балки фарогирии кӯдакон бо меҳру муҳаббати инсонӣ буд.   

Тафсилоти бештарро дар бораи ҷоизаи EACA тавассути нишонии: https://www.eaca.pro/  ва саҳифаи расмии он дар шабакаи иҷтимоии Facebook: https://www.facebook.com/EventAwardsCA/      дарёфт карда метавонед.

Соли гузашта низ ширкати Tcell дар озмунҳои EACA чанд ҷоизаро ба худ ихтисос дода буд. Якбора се тарҳи Тселл: лоиҳаи «Digital Camp Tcell» дар бахши «Беҳтарин чорабинии омӯзишӣ», тарҳҳои «Табрикоти 8-март» ва  «Эҳсосоти брендӣ барои Viber» дар самти «Беҳтарин рӯйдоди онлайнӣ» мукофоти баландтаринро соҳиб гаштанд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Зиёда аз 500 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - волидайн, хешу табор ва ҷабрдидагоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии ҳизби наҳзати исломӣ зарари ҷонӣ ва молӣ дидаанд, инчунин онҳое, ки фарзандонашон бо роҳнамоии ҲНИ ба давлатҳои Афғонистон, Ироқ ва Сурия, барои иштирок дар ҷангҳо ба ҳайси муҷоҳид равон намудаанд, мақсади ташкили ошӯбро дар назди сафоратхонаи кишвари Олмон дар Душанбе доранд.

Ин ошуб бо ташаббуси модари Абдусамадов Ҳусейн - Шодмонова Гулчеҳра, ки  ба қавли ӯ фарзанди ӯро ҳизби наҳзати исломӣ гумроҳ карда, дар куштори сайёҳони хориҷӣ истифода бурд, мешудааст.

Ҳадафи тазоҳургарон , маҳкум намудани мавқеи кишвари Олмон, ки  барои гузаронидани  тазоҳурот ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи  ҲНИ дар Берлин иҷозат додааст ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон додани мавқеи ин давлат ҳамчун кишвари пуштибон аз ҳизби террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон будааст.

Шумо дар Хабари-рӯз

Дастаи мунтахаби ҷавонони теннисбози Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Малайзия 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ин мусобиқа дар шаҳри Пенанг баргузор шуд.

Миёни наврасону ҷавонон медалҳоро Хушбахт Каримов (то 18-солаҳо), Исамҷон Шарифов (то 16-солаҳо), Аминҷон Абдуллоев (то 14-солаҳо), Ёсуман Салимова (то 10-солаҳо) ва Диана Иванихина (то 16-солаҳо) сазовор шуданд.

Дар мусобиқа варзишгарон аз 20 давлати Осиё, ҳамчунин кишварҳои Британияи Кабир, Руссия, Австралия ширкат доштанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар мусобиқаи дигари сатҳи байналмилалӣ дар Малайзия Ёсуман Салимова миёни наврасони то 10-сола медали нуқра ва Диана Иванихина дар синну соли худ медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.