.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Шанбе, 03 Ноябр 2018 - || ФАРАЖ
Шанбе, 03 Ноябр 2018 11:00

САБАҚИ «ДИДОР»

Андешаҳо пас аз Синамобазми 8-уми «Дидор»

Аз 16 то 20 -уми октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Кинофестивали байналмилалии 8-уми «Дидор» баргузор гардид.

Тӯли ин рӯзҳо беш аз 60 филми гуногунҳаҷм ва гуногунжанр дар бахшҳои «Озмуни филмҳои тоҷикӣ», «Озмуни байналмилалӣ» ва «Озмуни байналмилалии филмҳои кӯтоҳ» дар сабқат иштирок карданд. Ҳамчунин, дар бахши «Ҳамсояҳо» филмҳо аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон намоиш дода шуданд.

Шоҳҷоизаи Синамобазми 8-уми байналмилаии «Дидор»-ро филми ҳунарии коргардони озар Илгар Наҷаф - «Боғи анор» соҳиб гардида, дар бахши «Озмуни байналмилалии филмҳои кӯтоҳ» филми «Киноман»-и коргардони қирғиз Аскар Нуракан уулу беҳтарин дониста шуд. 

Дар сабқати филмҳои тоҷикӣ филми Алексей Румянтсев - «Сандуқчаи зулбиё» соҳиби Ҷоизаи беҳтарин филми тасвирӣ гардид. Ҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳи тоҷикӣ ба филми коргардон  Файзуллои Файз - «Таксӣ» дода шуд. Дар «Озмуни филмҳои пурраметражи тоҷикӣ» бошад, филми «Хаёлӣ»-и коргардони ҷавон Парвиз Раҷабзода соҳиби ҷоиза гардид. Филми кӯтоҳи коргардони дигари ҷавони тоҷик Соҳибёри Толибиён - «Талош» бо Ҷоизаи ифтихорӣ бахшида ба бузургдошти Тоҳир Собиров қадрдонӣ шуд. 

Ба қавли директори кинофестивал, раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафари Ҳақдод,  дар синамобазми имсола ҳудуди  80 дар сади филмҳои интихобшуда ба филмсозони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тааллуқ доштанд.

Аз ҷумла, дар бахши филмҳои тоҷикӣ   филмҳои кӯтоҳҳаҷми коргардонҳои ҷавон Бобоҷон Меҳтоҷиён - «Хонаи меҳр», Фирӯз Асоев - «Гули бишкаста», Муҳаммадюнус Холов - «Дардошно»,  Одинаи Маҳмад - «Дунё», Самандар Набизода - «Лайка»,    Фирдавс  Нину - «Бархӯрд», Файзулло Файзов - «Таксӣ» Беҳрӯз Давлатбеков - «Марги диданӣ» ва филми пурраметражи коргардон Зафар Муҳаббатов - «Саҳв» намоиш  дода шуданд. 

Аксари ин филмҳо аввалин қадами ҷавонон дар синамо буда, аз камбудиҳо холӣ набуданд. Вале ба назар мерасид, ки ҳар яке диди худро дар филмофарӣ дорад.  

Қобили зикр аст, ки дар озмун филми пурраметражи коргардон Зафар Муҳаббатов - «Саҳв» намоиш  дода шуд, ки пурра ба лаҳҷаи як минтақа сабт шудааст. Филмофарон аз ин чӣ ҳадаф доштанд, намедонем. Вале ба назари мо  ин то андозае беэътиноӣ нисбати забони адабии тоҷикӣ буд. Ман ин ҷо дар бораи камбудиҳои филм, ки хеле зиёданд, ҳарф намезанам ва бо овардани назари коршиносон ва зиёиён дар мавриди забони филм иктифо мекунам. 

Ҳасани Қарибӣ, узви ҳайати доварони филмҳои тоҷикӣ: Истифодаи гӯйиши маҳаллӣ дар баъзе саҳнаҳо ҷоиз аст. Вале меъёри забони адабӣ бояд дар филмофарӣ риоя шавад. Филме, ки дар марказ бардошта мешавад, ҳатман бояд ба забони адабӣ бошад, то бинандагон аз ҳамаи минтақаҳо онро битавонанд хуб бифаҳманд. 

Суҳроби Зиё, хабарнигори бахши форсии Телевизиони Би-Би-Си: Ба забони адабии тоҷикӣ бояд арҷу эҳтиром гузошта шавад. Ворид кардани лаҳҷа ё гӯиш дар муколамаи қаҳрамонҳо шояд ҷоиз бошад. Вале кулли филмро ба лаҳҷаи мардуми як минтақа сохтан ба назари ман дуруст нест. 

Абдулмӯъмин Шарифов: Агар филм хуб бошад, кас ба гӯйиши он мутаваҷҷеҳ намешавад.  

Саъдулло Раҳимов, киношинос, доктори улуми фалсафа: Агар драматургияи филм тақозо кунад, мумкин аз шева истифода шавад.  Фақат бояд муаллиф нишон диҳад, ки ин шева аз забони адабӣ чӣ фарқ дорад. Мумкин ин тарзи кор хато бошад.  Мутаассифона, ин филм дар ёдам нест. Ман дар бораи нафароне, ки дар музофот филм меофаранд ва аслан тафаккури музофотӣ доранд, ҳеҷ чиз намегӯям. Онҳо ҳоло хеле бояд сабзанд, рушд кунанд, ҳирфаиятро омӯзанд.  

Дар рӯзи охири Синамобазми байналмилалии 8-уми «Дидор» мизи мудаввар дар мавзӯи «Синамои  ҷавонон:  устура  ё  ҳақиқат?» бо иштироки мутахассисони соҳаи кино баргузор гардид. 

Саъдулло Раҳимов, киношинос, гардонандаи мизи гирд сараввал дар бораи филмофарии ҷавонон, проблемаҳои синамо дар ин самт чанд сухан гуфт. 

Сипас, Ҳасани Қарибӣ, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, узви доварони филмҳои тоҷикӣ гуфт, ки ҷавонон метавонанд ва бояд филм офаранд. Онҳо метавонанд, чӣ мавзӯи ҷавононро баррасӣ бикунанд ва чӣ мавзӯи калонсолонро. Ба ин касе монеъ намешавад. Вале аз он ки ман филмҳои тоҷикиро тамошо кардам, филмофарони ҷавон ҳанӯз бояд зиёд омӯзанд. 

Филмноманавис ва адиби машҳури тоҷик Абдурофеъ Рабизода аз филмофарии ҷавонон дастгирӣ карда, камбудиҳои баъзе филмҳои коргардонҳои ҷавонро гуфт. Ба назари ӯ, бо каме тағйироти ҷузъӣ дар филмнома ва коргардонӣ филмҳои хеле хуб бардоштан мумкин буд. 

Ба қавли Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, актёри театр ва кино Абдулмуъмин Шарифов,  синамои ҷавонон ба вуҷуд омадааст. Вале барои рушди он дастгирии ҳамаҷониба лозим аст.

Муаллифи ин сатрҳо низ ба он назар  аст, ки бояд коргардонҳои ҷавон рӯи саҳна биёянд. Албатта, филмҳои аввалини онҳо бе камбудӣ нестанд. Вале агар онҳо имрӯз филмофарӣ накунанд, пас фардо кӣ ҷои когардонҳои миёнсолу куҳансолро мегирад? Барои ба дараҷаи ҳирфаӣ расидан бояд онҳо ҳарчӣ бештар омӯзанд ва малакаашонро сайқал бидиҳанд. Ҳоло се чиз - таҷрибаву малака ва ҷаҳонбинии васеъ ба онҳо намерасад. 

Дар мизи гирд ҳамчунин қайд шуд, ки камбуди молиявӣ пеши рушди синамои тоҷикро мегирад. Аз ҷумла, қайд шуд, ки барои офаридани филми «Таксӣ»-и коргардони ҷавон Файзулло Файзов, ки 27 дақиқа аст, ҳамагӣ 5 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд ва актёрон қариб, ки ройгон нақш офаридаанд.  

Дар охири нишаст изҳори умед карда шуд, ки филмофарии ҷавонон минбаъд боз ҳам рушд хоҳад кард.  

Ҷовид  Муқим

Шумо дар Фарҳанг

Ба идораи ҳафтаномаи “Фараж” зане ҳамроҳи кӯдаки хурдсолаш муроҷиат намуда, аз болои хешу табори шавҳари собиқаш ва ноадолатии суд шикоят кард.Тавре маълум гардид, ин зан Кабутова Шабистон ном дошта, духтаракро ном Умеда будааст.

Тавре Кабутова Шабистон мегӯяд, “соли 1998 бо шаҳрванд Махсудов Қ., сокини шаҳри Бохтар оила барпо намуда, 13 сол зиндагии якҷоя дошта бошем ҳам, вале дар ин муддат бо сабаби бемории шавҳарам соҳиби меваи умр –фарзанд нашудем. Ман тасмим гирифтам, аз хонаи ятимон кӯдакеро ба фарзандхонӣ қабул намоям. Дар ин вақт бо дахолати хусурам - бародари шавҳарам ва ҳамсараш, ки нав духтари дуюмашон таваллуд шуда буд, ба ман гуфтанд, ки онҳо аллакай як духтар доранд, аз ҳамин сабаб духтари навзодашонро мо ба фарзандӣ гирифта, тарбия намоем”. 

Дар идома Шабистон афзуд, ки: “Мақсудова Шамсия- зани ҳеварамба ман гуфт, ки шавҳарам барои дубора духтар таваллуд карданамбисёр чангу ҷанҷол менамояд, ҳатто чанд маротиба гуфт, ки агар боз духтар таваллудкунӣ, ҷавоби туро медиҳам.Шавҳарам низ гуфт, ки фарзанди бародарам аз хуни худам ҳаст, беҳтараш ӯро ба фарзандӣ мегирем. Ман низ розӣ шуда, кӯдаки он вақт 30 рӯза–ҳамин Махсудова Умедаи ҳоло 10 - соларо бо муҳаббати модарона ба тарбияи худ гирифтам. Ин воқеа соли 2010 сол буд. Соли 2012 шавҳарам бо сабабҳои номаълум аз ман ҷудо шуда, ба Федератсияи Русия рафт. Аз ҳамон сол кӯдак дар тарбияи ман монда, то аввали соли ҷорӣ хуб зиндагӣ доштем. Модари биологиаш Махсудова Шамсия ду-се маротиба ба аёдати Умеда омад, муносибати ман бо ӯ хуб буд. Аввали соли ҷорӣ бо сабабҳои номаълум Махсудова Ш. талаб намуд, ки кӯдакро ба ӯ диҳам. Аммо аз сабабе, ки кӯдакро ман модарвор тарбия намудаву ӯ ба ман меҳри зиёд дошт, бо модари биологиаш нарафт. Бинобар ин, Махсудова Ш. барои гирифтани кӯдак ба суди шаҳри Бохтар даъво намуд. Суд муроҷиатро баррасӣ намуда, бо сабаби ба расмият надаровардании фарзандхонии кӯдак аз ҷониби ман даъвои модари биологияшро қонеъ намуд.

Сабаби ба расмият надаровардани фарзанхондӣ ин буд, ки шавҳарам доим “баъд мекунем” гуфта, оқибат аз ман ҷудо шуда, ба Русия рафт ва ман, ки танҳо будам, барасмиятдарорӣ ғайри имкон буд. Инчунин,мо бо модари биологиаш муносибати хуб доштем, ман фикр намекардам, ки рӯзе ӯ кӯдакро гирифтан мехоҳад.

Пас аз баровардани ҳалнома оиди ба Махсудова Ш. додани кӯдак ман аризаи шикоятӣ навиштам, аммо мутаассифона, суд аризаи маро қонеъ нагардонид. Бинобар ин, ман 15.05.2018 ба суди вилояти Хатлон шикояти назоратӣ навиштам.

Хонандагони азиз, ман ҳамчун модар гуфтаниам, ки пас аз ҷудо шудан бо шавҳарам ман дигар шавҳар накардам ва тамоми меҳру муҳаббатамро ба Умеда бахшида, ӯро модарвор тарбия намудам ва вай низ то оғози мурофиаҳои судӣ аз он ки ман модари худаш нестам, хабар надошт.Умедаҷон дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонад ва ба дарсҳои иловагӣ барои забономӯзӣ меравад. Дар давоми ҳашт сол бо якдигар ҳамчун модару духтар меҳр бастаем ва ман ғайр аз ӯ каси наздик надорам. Ман Умедаро бо касби дӯзандагиам, яъне дар бозор халта дӯхта фурӯхтан калон кардам. Ҳамчунин дар рафти мурофиаи судӣ суд манфиатҳои кӯдакро умуман ба эътибор нагирифта, ваҷҳҳои оварда ва дархости маро ҷиҳати бо иштироки равоншинос ва дигар мутахассисони марбута пурсидани фикри кӯдакро қонеъ накард. Умеда, ки аз навзодӣ бо ман ба воя расидааст, хонаи Махсудова Ш. барои ӯ ҷои ношинос ва номаълум мебошад, ки кӯдак дар он одат накардааст ва ин метавонад ба равони ӯ таъсири манфӣ расонад. Худи Умеда низ модари биологиашро хуб намешиносад ва бо ӯ рафтан намехоҳад.”

Дар рафти суҳбате, ки хабарнигори “Фараж” бо Умеда дошт, ӯ худ чунин гуфт: “Ман дар мактаби миёнаи №4,дар синфи 3-и “г” таҳсил менамоям. Модари ман Кабутова Шабистон аст. Шамсия худашро модари ман мегирад, аммо ман ӯро ҳамчун модари худ қабул намекунам. Майда будам, маро тарк кард.Дар як кӯрпачаи рӯйпӯш маро баста ба очаам дод.Ман намехоҳамхонаи бобоям равам. Маро омада хабар мегирифтанд. Бад  ҳамаи онҳо кӯдакатро мегирем гуфта, очама ба суд  додан. Вақте ки маро тавваллуд кард, худаш нахост маро, дасти очамба дод, духтар шуд, шавҳарам маро талоқ мекунад,гуфта, аз ман рӯ гардонд.Падарамро фиреб карда, Русия равон карданд, гуфтанд, ки ӯ девонакасал шудагӣ, дигар омада наметавонад, мо ӯро табобат карда истодааем.Аз рафтани падарам 8 сол сипарӣ шуду ман ӯро то ҳол надидаам. Модарам маро танҳо калон кард...”

Умеда бо дастони худ оби чашмонашро пок карда,пайдарпайба Шабистон, ки ӯро модар медонад,бо илтиҷо мегуфт, ки “очаҷон, маро ба онҳо надиҳед. Ман ягон ҷо намеравам. Модари ман шумо ҳастед...

Сипас, бо умед ба ман дида дӯхта, суханашро идома бахшид:

-Ман мехоҳам, ки бароҳат бо ҳамроҳи модари худам Кабутова Шабистон зиндагӣ кунам. Дар мактаби худам мехоҳам бо ҳамсинфонамбихонам. Дар синфамон сардори синф ҳастам. Забони русӣ ва англисиро омӯхта истодаам. Дар рӯзномаам фақат баҳои 4 ва 5 дорам. Муаллимони мактаб маро бисёр дӯст медоранд. Ман ҳам муаллимони мактабамро бисёр дӯст медорам, онҳо хеле хуб дарс медиҳанд...Қариб як моҳ мешавад, ки ман мактаб намеравам. Як рӯз дар мактаб дарс хонда истода будам, ки одамони суд ҳамроҳи милиса ва як занак тарафи ман хандида омада маро гирифта бурданӣ шуданд, ман гиря карда, дасташро сар додам, зеро намехостам ҳамроҳи онҳо ба такси шинам. Бобоям холааму очаамро дар пеши ман зад. Ҳатто дилашон ба ман ҳам насӯхт. Дар суди шаҳрӣ бошад, очаам маззааш нашуд, духтурҳо омада ба ману очам укол карданд. Чанд рӯз ман касал шудам...

Дар ҳамин ҳол падари биологии Умеда- Махсудов Ҳалим дар суҳбат бо мо гуфт, ки:

-Ман фарзанди худро бо маслиҳат ба бародари худам, ки фарзанд надошт, додам. Ман ба хотири он надодаам, ки ин зан ҳамроҳи худаш гирифта барад. Асосан мо ду бародарон маслиҳат карда, ин корро анҷом додем. Барои ба фарзандхонӣ қабул карданаш ман ягон ҳуҷҷат надодаам. Дар вақти бемор шуданаш  беморхонаи “Истиқлол” бурда табобат кардам. Кӯдакро гирифта рафт. Фишор овард, ки агар гирифтанӣ шавед, ман худамро ба дарё мепартом. Падарам гуфтанд, ки “бачаам, кордор нашав, мон тарбия кунад, фарзандат як рӯз худаш меояд. Бе ягон ҳуҷҷат, бе рухсати ман кӯдакро гирифта Қурғонтеппа омад. Вақте ман ба дидорбинӣ меомадам, рӯйи хуш намедод, муомилааш хуб набуд. Ба кӯдаки ман бисёр гап ёд медоданд. Ман бисёр мехостам, ки маслиҳат карда, ба як хулоса биёем, аммо ӯ ҳамроҳи хешовандонаш саркашӣ карда, гуфтанд, ки дигар ба дидорбинии кӯдак набиё. Рости гап, байни зану шавҳар чи гапе шуд, ман онқадар дар хотир надорам, барои чӣ аз ҳам ҷудо шуданд, намедонам. 

Махсудова Шамсия - модари биологии Умеда бошад,мегӯяд, ки барои дидорбинии фарзандаш Кабутова Шабистон бисёр мушкил эҷод мекард: “Намехост, ки ман кӯдакамро ба хона барам. Ҳатто ба ман даст бардошт, ман маҷбур шудам, ки ба суд муроҷиат кунам.Вақте ман фарзандамро ба дунё овардам, шавҳарам гуфт, ки акаам бефарзанд аст, биё, кӯдакро ба ӯ медиҳем. Рости гап, ман розӣ набудам. Ноилоҷ кӯдакамро додам. Кӯдаки ман якунимсола шуду муносибаташ дигар хел шуд. Байни зану шавҳар чи гап шуд, хабардор нестам... Ман дар як сол 4 маротиба Умедаро бо сару либос, бо хӯрока ёрдам мекардам. Вақте иҷозат медоданд, омада хабар мегирифтам. Соли гузашта кӯдак касал шуд. Якҷоя духтур бурда, табобат карда овардем. Дар ин миён ҳардуямон ҷанг шудем ва ӯ маро зад... Ман аз дилсӯзӣ фарзандамро ба вай додам, то ин ки зиндагиаш хуб шуда, ба қатори мо дарояд. Дигар худашро қанотшикаста ҳис накунад. Бар ивази ҳамин қадар хубиҳо ба ман даст бардошт. Оби рехтаро дигар ҷамъ карда намешавад ва ман ҳам аз алама маҷбур шудам, ки ба суд муроҷиат кунам. Ҳама қарорҳои суд ба манфиати ман ҳал шуд. Марҳамат, омада хабар гирад. Ман зид нестам. Лекин ман мехоҳам фарзандам ҳамроҳи ман бошад.

Равоншинос Заррина Кенҷаева мегӯяд, ки ҳамаи баҳсҳо ин як зарбаи психологӣ мебошад, ки духтарак аз ҷиҳати психологӣ корношоям хоҳад шуд. 

-Албатта ин як проблемаи бисёр ҷиддӣ аст. Ҳам модари биологӣ ва ҳам модархонд бояд вақте ки кӯшиш мекунанд, фарзандро ба тарафи худ моил кунанд, бо ин амалҳои худ боз як зарбаи психологӣ ба кӯдак мерасонанд. Мумкин аст, ки духтарак аз ҷиҳати психологӣ корношоям шавад. Кӯдаке, ки аз ҷиҳати равонӣ мустаҳкам нест, ӯ ҳеҷ гоҳ ба ягон модар кӯмак расонда наметавонад. Ҳамон модароне, ки фарзандони худро бо розигиашон ба нафаре медиҳанду баъдан талаб менамоянд, ҳаёти кӯдакро ду тақсим мекунанд: Кӯдак дигар на дар ин оила солим буда метавонад, на дар дигар оила. Ба ҳамин хотир бисёр хуб мешуд, ки фарзандро фарзандхонӣ мекарданд. Аз рӯйи қонуну ҳуҷҷат мешуд. Ҳамчун равоншинос ман ба ҳарду модар тавсия медиҳам, ки модарандар нашаванд. Кӯшиш кунанд, ки модари ҳақиқӣ шаванд. Гумон мекунам, модаре, ки бефарзанд, буд, фарзанди дигар касро гирифта тарбият кард ва арзиши модарӣ дорад. Модари биологиаш бояд кӯшиш кунад, ки фарзандаш нороҳат нашавад. Агар аз фарзандаш ҷудо кунад, ҷабр мешавад, хушунат хисоб мешавад.Боварии комил дорам, ки ин фарзанд ҳам дар хонаи модари биологиаш нороҳат мешавад, ӯ ҳис мекунад, ки дигар баргашта наметавонад ва як қисмати ӯ мемонад. Агар фарзанд дошта бошад, ба хотири руҳан солим будани ин фарзандаш бахшад, бигзор фарзандаш бароҳат зиндагиашро пеш барад.

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки:

-Ин масъала на танҳо ҳуқуқӣ аст, балки ҷиҳатҳои ахлоқию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ низ дорад. Бояд таъкид кард, ки мо дар ҷомеаи анъанавӣзиндагӣ мекунем. Агар бисёр мавридҳо ҷонибҳо кӯшиш менамоянд, ки бо риояи урфу одат ва маросимҳои солҳои тӯлонӣ ташаккулёфта ин гуна масъалаҳоро танзиму ҳал намоянд, вале Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии шаҳрвандӣ бо дар назардошти таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ба таври мушаххасу муфассал муносибатҳои ҷамъиятиро дар робита ба фарзандхонӣ танзим кардааст. Бинобар ин, агар аз лаҳзаи аввал ҷонибҳои манфиатдор бо назардошти омилҳои объективию субъективӣ ба таври ихтиёрӣ ва дарки паёмадҳои фарзандхонӣ чунин заруратро ба анҷом мерасонданд, эҳтимолияти ба вуҷуд омадани чунин баҳс пайдо намешуд. Ҳоло бояд мақомоти дахлдору ваколатдори давлат зимни баррасии масъала қарори дуруст қабул кунанд.

Нигора Саидбекова

Шумо дар Ҷомеъа
Шанбе, 03 Ноябр 2018 10:50

ПАЙРОҲАЕ ТО ШОҲРОҲ

50-соли Коллеҷи тиббии Бохтар

Соли 2018 барои Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) соли махсус аст. Зеро маҳз дар ҳамин сол аз таъсиси Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар 50 сол пур шуда, устодону муҳассилин 50 соли пур аз файзу баракат, 50 соли пур аз саҳифаҳои рангин ва 50 зинаи такмилро таҷлил доранд. Таърихи 50 - солаи муассисаи мазкур аз 19 декабри соли 1968 оғоз ёфта, бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон таҳти №346 нахуст ҳамчун филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе, бо роҳбарии духтури ҷарроҳ Раҳимов Теша таъсис дода шуда, аллакай 1 сентябри  соли 1969, яъне ҳамагӣ баъди 10 моҳ ҳамчун Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа бо шуъбаҳои фелдшерӣ, момодоягӣ, ҳамширагӣ ва  кори ҳамширагӣ ба қайд гирифта шуд. Дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” дар айни замон 244 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки  134 нафари онҳо (65 нафар занҳо)  омӯзгорони  асосӣ  мебошанд. 5 нафар аз устодон номзадҳои илми тиб, 14 нафар аълочиёни соҳаи маориф  ва тандурустӣ мебошанд.

Ташрифи мо ба Коллеҷи мазкур ва вохӯрӣ бо устодону муҳассилини он дар остонаи 50 солагӣ, ки 50 соли пур аз ифтихору таҳсин аст,  навгониҳои зиёдеро ба рӯямон боз намуд. Зеро ба назар чунин мерасид, ки Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар на як коллеҷи оддӣ, балки ҳаматарафа рушдкардаву бо бинои ҳозиразамон ва технологияи муосир муҷаҳхаз гардонида шуда, тӯли фаъолияти худ дар тарбияи даҳҳо ҳазор табибони ҳозиқ нақши арзанда гузоштааст. Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар номзади илмҳои тиб Аскар Нуриддинзода, дар сӯҳбат бо мо дар бораи таърихи 50 соли Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар сухан ронда, иброз дошт, ки “дар чанд соли охир мо бо такя ба супоришҳову роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардаҳое ноил шудем, ки на дар ҳар Коллеҷи тиббӣ дида мешавад”. Ӯ роҷеъ ба 50 соли фаъолияти Коллеҷи мазкур сухан ронда, хизматҳои шоистаи роҳбарон ва устодони қаблии онро махсус арзёбӣ карда гуфт: “-50 соли пур аз файзу баракати  Коллеҷи мо, ки пеш аз ҳама аз хизматҳои асосгузори омӯзишгоҳ ва нахустин директори он Гамидова А.Д. (солҳои  1969 - 1972) ва роҳбарони минбаъда Ҳакимова Роза Пулатовна  (солҳои 1972 - 1975), Аълочии соҳаи маориф ва тандурустӣ, дорандаи Ифтихорномаи фахрии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори меҳнат - Воҳидов Раҳим Воҳидович  (солҳои 1975 – 2004),  корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарроҳи дараҷаи олӣ Муродов Иноят Мармарович (солҳои (солҳои 2004 - 2008) ва номзади илмҳои тиб, духтури ҷарроҳ Партов Мустафо Шоймардонович (солҳои 2008 - 2010) сахт вобастагӣ дорад. Хизматҳои шоистаи онҳо буд, ки Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар айни замон ба яке аз беҳтарин Коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ табдил ёфта, аз тамоми гӯшаву канори кишвар барои таҳсил довталабон ба Бохтар меоянд.

 Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Қурғонтеппа» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.1999 таҳти  № 100 ва фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.04.1999 № 141 ба  Коллеҷи тиббӣ табдил дода шудааст.

   

Факултетҳо ва шуъбаҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар

Айни замон  дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» 5 факултет фаъолият менамояд:

      1. Факултети кори момодоягӣ

      2. Факултети кори табобатӣ

      3. Факултети кори ҳамширагӣ

      4. Факултети кори фарматсевтӣ

      5. Факултети шуъбаҳои шабона

Мувофиқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар коллеҷ 7 шуъба амал мекунад. Инҳо шуъбаҳо ва ихтисосҳое мебошанд,ки  дар Коллеҷ омӯхта мешаванд:

1.Шуъбаи кори момодоягӣ – бо ихтисоси кори момодоя, мутахассисони миёнаи тиббӣ, мӯҳлати таҳсил  4 сол;

2.Шуъбаи кори табобатӣ -  бо ихтисоси ҳамшираи  (бародари) тибби оилавӣ, муҳлати таҳсил  4 сол;

3.Шуъбаи кори ҳамширагӣ, бо ихтисоси ҳамшираи (бародари)  тиббӣ, мӯҳлати таҳсил 3 сол.

4.Шуъбаи кори тиббӣ-ташхисӣ, бо ихтисоси лаборант, муҳлати таҳсил 3 сол;

5.Шуъбаи кори тиббӣ - профилактикӣ, бо ихтисоси ёрдамчии табиби гигиенист, эпидемиолог ва санитарӣ, муҳлати таҳсил 3 сол;

6.Шуъбаи кори дандонсозӣ, бо ихтисоси техники дандон, мӯҳлати таҳсил 3 сол;

7.Шуъбаи кори фарматсевтӣ, бо ихтиссоси ёрдамчии фарматсевт, мӯҳлати таҳсил 3 сол.

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар аз соли 2013 инчунин шуъбаҳои шабона амал мекунанд, ки дар  факултетҳои кори ҳамширагӣ ва кори фарматсевтӣ ба роҳ монда шудаанд ва мӯҳлати таҳсил 3 сол мебошад.

Дар базаи Коллеҷ соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабари соли 2006 №603 инчунин Гурӯҳҳои мақсаднок ташкил шудаанд, ки дар 11 шаҳру ноҳияҳои  минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Леваканд, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ,  Кушониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва Панҷ фаъолият дошта, 1048 нафар донишҷӯро ба таҳстл фаро гирифтааст. 

 

Шумораи умумии муҳассилин

Феълан дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар теъдоди умумии донишҷӯён  3824 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 2981 нафар духтарон ва 843 нафарро писарон меюошанд. Аз ин, дар шуъбаи рӯзонаи Коллеҷи тиббӣ 2345 нафар (1742 нафар духтарон ва 603 нафар писарон) таҳсил мекунанд.

Дар шуъбаи шабона бошад, 431 нафар (духтарон 316 нафар, писарон 115 нафар) дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Зимни боздид аз Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар мо мушоҳида намудем, ки гурӯҳҳои буҷавии он қариб як баробар бештар аз гурӯҳҳои шартномавианд. Тибқи нишондод дар гурӯҳҳои буҷавии рӯзона 1543 нафар ва шартномавӣ 802 нафар таҳсил мекунанд.

Дар гуруҳҳои мақсаднок, теъдоди донишҷӯён 1048 нафар буда, аз ин духтарон 923 ва писарон 125 нафарро ташкил медиҳанд, ки  731 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 317 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд.

 Дар шуъбаи шабонаи факултетҳои кори ҳамширагӣ ва фарматсевтӣ 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии исломии Афғонистон низ таҳсил менамоянд.

 

Бинои нави таълимӣ

Мо мақте аз бинои нави таълимӣ, синфхонаҳои наву барҳавои бо ҳама лавозимоти техникиву компютерӣ муҷаҳҳзагардонидашуда шинос шудем, нахустин суол ин буд, ки «Бинои мазкур кай ва бо сармоягузории кӣ бунёд шуда,  чӣ бартариятҳоеро дорост?». Албатта, чунин тарзи саволгузорӣ бесабаб набуд. Зеро одат шудааст, ки дар бисёр ҷойҳо асосан аз ҳисоби сармоягузориҳои давлатӣ ва хориҷӣ чунин иншоотҳои бузурги муосир бунёд карда мешаванд ва бунёди чунин биноҳои боҳашамати таълимӣ аз ҳисоби худи муассисаҳо хеле кам ба назар мерасанд. 

Директори Коллеҷ, номзади илмҳои тиб Нуриддинзода Аскар ҳадафи моро фаҳмида, бо табассум иброз дошт, ки Бинои нави таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар соли 2017 ба истифода дода шуда, аз се ошёна ва таҳхона иборат аст. Барои сохтмони он 5 261 390 млн. сомонӣ ва барои харидории таҷҳизотҳои муосири замонавӣ  зиёда аз 1млн. сомонӣ аз суратҳисоби махсуси Коллеҷ хароҷот карда шудааст. Бахусус, синфхонаи лингофонӣ, ки бо 17 компютер ҷиҳозонида шуда, донишҷӯён аллакай аз курси як барои омӯзиши забон аз он истифода мебаранд, шоёни таҳсин аст. Инчунин, имтиҳонҳо ва санҷишҳо низ ба воситаи компютер гирифта мешаванд, ки ба он дар баробари донишҷӯ ва устоди имтиҳонқабулкунанда, директори мактаб низ дастрасӣ дорад.

Дар бинои нави таълимӣ инчунин толори бузурги варзишӣ бо майдони махсуси  замонавии  баскетбол сохта шуда, дар он мусобиқоти гуногуни сатҳи вилоятӣ низ гузаронида мешавад. Дар беруни бино майдончаи муосири футбол низ бунёд шудааст, ки назир надорад.

 

Дарсҳои таҷрибавӣ чун воситаи асосии такмилдиҳандаи донишҳои назариявӣ

Дарсҳои таҷрибавии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар бештар дар пойгоҳҳои таълимӣ - дар беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, ва диспансерияҳои шаҳри Бохтар аз ҷониби омӯзгорони собиқадор бо намоиш додани амалиётҳои тиббӣ ва иштироки бевоситаи мариз гузаронида мешавад. Дар ин дарсҳо донишҷӯён дониши назариявии худро дар амал такмил дода, бевосита иҷро менамоянд, ки ин барои баланд бардоштани савияи дониши амалӣ аҳамияти калон дорад. Дар худи бинои асосии Коллеҷ ҳуҷраи қабл аз амал фаъолият менамояд. Дар ин ҳуҷра мулуҳо (муляжҳо)  барои ҳамаи шуъбаҳо дастрас карда шудааст. Донишҷӯён дар ин мулуҳо таҷрибаи қаблиамалӣ гузаронида, худро барои машғулиятҳои амалӣ омода менамоянд. Ҳамарӯза дар ин ҳуҷра аз ҷониби омӯзгорони собиқадор машғулиятҳо  бо истифодаи айёниятҳои таълимӣ ва муляжҳо гузаронида мешавад. 

Бояд зикр кард, ки аз ҷониби омӯзгорони Коллеҷи тиббии ноҳияи Бохтар якчанд китобҳои дарсӣ низ таълиф карда шудаанд, ки дар асоси он дар аксар муассисаҳои тиббӣ дарс дода мешавад. Китоби дарсии “Микробиология ва УТКЛ”, ки ба қалами омӯзгори Коллеҷи мазкур Махкамова М. тааллуқ дорад, аз ҷумлаи онҳост. Инчунин,  китоби “Услубхои тадқиқоти клиникӣ – лабораторӣ ва  18 дастури методии аз ҷониби омӯзгорони дигар омода карда шуда, дар дарсҳо барои такмили тахассусии донишҷӯён фаъолона истифода бурда мешаванд. 

 

Дастгирии ятимони кул ва донишҷӯёни камбизоат

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар феълан 20 нафар ятими кулл  дар гуруҳҳои буҷавӣ таҳсил намуда истодаанд, ки ҳамаи онҳо бо идрорпулӣ таъмин мебошанд. Ба ҳамаи ятимони кулл ва донишҷӯёни камбизоат инчунин дар ҷашнҳо ва рӯзҳои ид  (Иди Наврӯз  ва ҷашнгирии соли мелодӣ) кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад. Ятимони кул ба истиснои кӯмакпулӣ, ҳамарӯза бо хӯроки гарми ройгон дар ошхонаи донишҷӯён таъмин карда шудаанд.

Дар Коллеҷи тиббӣ чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси Сулҳ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷашни зодрӯзи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  ва  Ҷалолуддини Балхӣ, Рӯзи омӯзгорон , Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи пешгирии бемории ВИЧ СПИД дар ҷумҳурӣ, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модарон, Наврӯзи аҷам, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи Ваҳдати миллӣ гузаронида шуда, конференсияҳо, семинарҳо,  мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо дар ин ҷашнҳои миллӣ  ташкил карда мешаванд.

 Коллеҷи тиббиро дар соли 2017 1234 нафар хатм намуданд, ки 37 нафари онҳо сазовори дипломи аъло гардиданд. Аз 762 нафар хатмкардагони гуруҳҳои буҷавӣ 583 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуд, ки ин 78,1 фоизро ташкил медиҳад. Омори мазкур нишондиҳандаи он аст, ки дараҷаи бо кор таъминшавии хатмкунандагон низ хеле баланд аст.

 

Иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои тахассусӣ

Ба назар чунин мерасад, ки муҳассилини Коллеҷи тибби шаҳри Бохтар танҳо бо гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ қаноат намекунанд ва инчунин, дар озмунҳои гуногуни фанниву олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд. Далели ин иштироки донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар  дар соли 2017 дар озмуни фаннии ҷумҳуриявӣ, аст ки дар ноҳияи Ҳисор баргузор гардида, 1 нафар  аз фанни “Таърихи халқи тоҷик” сазовори ҷойи дуюм ва 1 нафар  аз фанни  “Биология” сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар Олимпиадаҳои фанҳои тахассусӣ донишҷӯи шуъбаи кори  табобатӣ Ҳайдарова Марҷина сазовори ҷойи дувум гардида, соҳиби роҳхат барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи миллӣ гардид.

Дар чунин олимпиадаҳо донишҷӯён қариб ҳар сол ширкат варзида, сазовори ҷойҳои фахрӣ ва медалҳо мегарданд. Соли 2015 донишҷӯи бахши 3-юми шӯъбаи кори табобатӣ Ашӯрзода Қ. дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни биология иштирок намуда, сазовори ҷойи якум ва соҳиби дипломи дараҷаи якум гардид. Соли 2016 3 нафар донишҷӯёни коллеҷ дар Олимпиадаи фанҳои тахассусӣ ширкат варзида, сазовори Ифтихорномаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

 

Дастовардҳо дар соҳаи варзиш дар соли 2018

Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар на танҳо дар олимпидаҳои тахассусӣ иштирок кардаву ғолиб меоянд, балки дар соҳаи варзиш низ дастовардҳои зиёде доранд, ки қобили таҳсин аст. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дастаи мунтахаби волейболи Коллеҷи тиббӣ ду маротиба сазовори Ҷоми раиси вилояти Хатлон гардидааст. Моҳи май нахустин маротиба дастаи волейболи мардонаи коллеҷ ва баъд аз он  дастаи волейболи занонаи коллеҷ дар бозие, ки байни ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон шуда гузашт, Ҷоми раиси вилояти Хатлонро соҳиб шуданд. 

Дар моҳи март  Фарангиси Худойбердӣ - донишҷӯи бахши дуюм дар мусобиқаҳои вилоятӣ аз намуди бокс дар вазни 51 кг иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид. Аз намуди дастхобонӣ  донишҷӯ, номзади устоди варзиш Орипова Фирӯза дар мусобиқаи вилояти Суғд иштирок намуда, дар вазни 65 кг ҷойи якумро соҳиб шуд. Дар моҳи апрел аз намуди мусобиқаи гимнастика ва шоҳмоту шашка дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ се нафар донишҷӯ ширкат варзида, сазовори ҷойи  якум гардиданд. Донишҷӯ Ёров Ҳамза дар мусобиқаи варзиши сабук, ки дар миқёси вилоят шуда гузашт, ҷойи ифтихориро соҳиб шуд.  

Дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ, ки моҳи май дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид, дастаи баскетболбозон (писарон) сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби медали  нуқра ва Дастаи баскетболбозон (духтарон) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

 20 майи соли ҷорӣ Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.  Як нафар донишҷӯ  сазовори  ҷойи дуюм  ва ду нафар  сазовори ҷойи сеюм гашта, бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Моҳи сентябр 2 нафар донишҷӯи коллеҷ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, ки байни ҷавонон баргузор гардид, ширкат намуда, дар намуди варзиши бокс (духтарон) дар вазни 48 кило ва  каратэ (писарон) сазовори ҷойи  аввал гардида, бо медалҳои мусобиқа мукофотонида шуданд.

Соли 2017 кормандони коллеҷ дар мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки дар байни муассисаҳо ва идораҳо баргузор гардид, сазовори ҷойи аввал гашта, бо Ҷоми раиси вилоят мукофотонида шуданд. Инҳо ҳама дастовардҳои варзишеанд, ки танҳо дар 9 моҳи соли равон ба даст омадаанд.

 

Нишастгоҳҳо ва табиати зебо

Тамошои муҳити атрофи Коллеҷи тиббии ноҳияи Бохтар, нишастгоҳҳои муосири замонавӣ, наққошии махсуси ҳунармандони ватании ба таври дастӣ оро додашуда, роҳравҳои ба таври махсус сохташуда, таваҷҷӯҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунанд. Ба ҳусни зоҳирии он духтарони зебои бо хилъатҳои тиббӣ нишаста, ҳусни дучандон меафзоянд. Шароите дар ин ҷо муҳайё шудаааст, ки ҳам барои истироҳат ва ҳам барои нишастану тайёр намудани дарсҳо ва ё хондани китобҳои бадеӣ басо созгору мувофиқ аст. Аз сӯҳбат бо муҳассилин маълум шуд, ки аксар вақт онҳо китобҳоро аз китобхонаи муассиса гирифта, ба берун меоянд ва дар оғӯши ин табиати махсус барои фароғат муҳайёшуда, сабзазори сабзу шукуфон ва ҳавои тоза нишаста, мутолиа мекунанд. Бояд ёдовар шуд, ки китобхонаи муассиса бо тамоми китобҳои соҳавӣ, ки ба донишҷӯён зарур мебошад, таъмин аст ва муҳассилин барои дастрас намудани китобҳо ҳеҷ мушкилие надоранд.

 

Хобгоҳи ройгон

Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар аз чор ошёна иборат буда, се ошёнаи он пурра аз таъмир бароварда шуда, дар он 178  донишҷӯйдухатарон  зиндагӣ мекунанд. Дар ошёнаи чоруми хобгоҳ дар айни замон таъмири капиталӣ мегузарад ва тибқи нақша дар арафаи Соли нав ба истифода дода хоҳад шуд. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки ҳуҷраҳои хобгоҳ ба муҳассилини аз ноҳияҳои дуру наздик омада, ба таври ройгон дода мешаванд ва ҳеҷ маблағе на аз онҳое, ки дар бахшҳои буҷавӣ таҳсил мекунанд ва на аз онҳое, ки дар бахши шартномавӣ, ситонида намешавад. Хонандагон аз ин дастгирии роҳбарияти муассиса басо қаноатманд буда, бар ивази он хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ ва мутахассиси хуб шуданро ваъда додаанд. То имрӯз мо ҳеҷ коллеҷ ва ҳатто донишгоҳу донишкадаеро дучор наомада будем, ки ҳуҷраҳои хобгоҳро ба муҳассилин куллан ройгон пешниҳод карда бошанд. Ин воқеан дастигирии ҷиддист ва бояд намунаи ибрат бошад. 

Дар хобгоҳ бахшида ба Соли рушди сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳуҷраи махсуси дӯзандагӣ ва бофандагӣ омода карда шудааст, ки духтарон дар он ҳунари дӯзандагӣ ва бофандагиро меомӯзанд. Ин ҳунарро бо гузаштани курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва бофандагӣ ба духтарон дӯзандагони моҳир меомӯзанд ва аллакай бо гирифтани диплом донишҷӯёни зиёде ба истиснои касби асосӣ, касби дӯзандагиро низ аз худ мекунанд, ки  ин дар оянда метавонад ҳамчун касби дуюм барояшон даромади хуб орад.  

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар номзади илмҳои тиб Нуриддинзода Аскар дар хотима иброз дошт, ки “-Мо ба ҳама довталабон, ки мехоҳанд ба Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар  дохил шаванд ва ба ҳамаи онҳое, ки аллакай дохил шуда, дар инҷо таҳсил мекунанд, комёбиҳо орзу намуда, таманнои онро дорем, ки орзуи онҳо амалӣ гашта, мутахассисони хуби соҳаи тандурустӣ шаванд ва барои халқу Ватани азизи худ  хизмат намоянд”.

Холиқи Муҳаммадназар,

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Шумо дар Тандурустӣ
Шанбе, 03 Ноябр 2018 10:45

Сарбоз 13 сол зиндонӣ шуд

Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Хоруғ пас аз баргузории 2 мурофиаи озод бо ҳузури сарбозону афсарони зиёди қисмҳои низомӣ дар саҳни бинояш Абдуллоев Бахтовар Нуралиевич - як сарбози Қӯшунҳои марзбониро дар латукӯб ва ба ҳалокат расонидани ҳамхизматаш Ёдгорзода Абдуқаюм гунаҳгор дониста, ба 13 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Ин мурофиаҳои судӣ рӯзҳои 24 -ум ва 25-уми октябр баргузор шуданд.

Фоҷиа ду моҳ қабл, 20-уми август, дар арафаи Иди Қурбон дар дидбонгоҳи 11-уми қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар минтақаи Язғуломи ноҳияи Ванҷ рух дод ва пас аз санҷиши ҳолати кор ва ҷои ҳодиса, Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ -373 қ. 2, банди “д” «Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои  байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо» ва 110 қ. 3, «Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ» банду баст карда, ба суд ирсол намуд. Ин моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ ба шахси гунаҳкор аз 5 то 10 ва аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Марҳум Ёдгорзода Абдуқаюм баҳори соли равон ихтиёрӣ аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар гардидааст. Ҳамхизмати ӯ Абдуллоев Бахтовар бошад, зодаи маҳаллаи Заҳматободи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аст ва шаш моҳ қабл аз марҳум ба аскарӣ рафтааст.

Кӯшиши зиёди гирифтани тамос ва фаҳмидани ҷузъиёти ҳодиса бо баррасикунандаи парванда, судя Манзаршо Ошурбек бенатиҷа анҷом ёфт, аммо тибқи иттилои як манбаъ аз прокуратураи ин гарнизон, судшаванда иқрор шудааст, ки амали латукӯби ҳамхизматашро бар пояи дашному ҳақорат ва гирифтани қасос анҷом додааст ва аз карда пушаймон аст.

 

Ҳодиса чӣ гуна рух додааст?

Ёдгоров Шаша, падари марҳум Абдуқаюм, пас аз иштирок дар мурофиаи судӣ дар суҳбати телефонӣ иброз дошт, ки “Судшаванда дар мурофиа гуфт, ҳамхизматаш, яъне писари ман, гӯё ӯро дашном дода бошад ва барои ин амалаш худсарона хостааст ӯро ҷазо диҳад:

-Абдуллоев гӯё гуфтааст, ки як сӯзан биёрад, то ҷои даридаи шимашро бидӯзад, вале Абдуқаюм нофармонӣ кардасту онтарафтар рафта, дашном додааст. Пас аз ин, ӯ нақшаи гирифтани қасосро кашидааст. Рӯзи 20-уми август, сарбозҳо барои Иди Қурбон тайёрӣ дида, картошка тоза мекардаанд ва Абдуқаюм сатили партовро ба партовгоҳ бурдааст. Ин замон Бахтовар аз қафои Қаюм рафтаасту дар паси девор ӯро латукӯб кардааст,- гуфт падари марҳум Абдуқаюм.

Бино ба эътирофи судшаванда Абдуллоев, ки дар сухани охиринаш иброз доштааст, ӯ ҳамхизматашро ба девор рост карда, як мушти сахти ногаҳонӣ ба гулӯ - роҳи нафасаш задааст. Пас аз он ки Ёдгорзода хам шудааст, боз чанд мушти дигар ба пушти гардан ва сараш задааст. Ҳамин тавр, ӯ ба замин афтидааст.

-Пас аз он ки Абдуллоев мебинад, роҳи нафаси Абдуқаюм баставу кабуд шудааст, ба дигарон хабар медиҳад, ки аллакай дер шудааст,-гуфт падари Абдуқаюм, замоне, ки гиря дар гулӯяш дармемонд.

 

Наздикони Абдуллоев: Ӯ ин коррро накардааст, онро ба сараш бор кардаанд

Эътирофи гуноҳ ба марги ҳамхизматаш аз ҷониби сарбоз Абдуллоев Бахтовар дар ҳолест, ки наздиконаш бовар надоранд, ӯ ин ҷиноятро содир карда бошад. Онҳо аз ӯ ҳамчун як бачаи оромтабиат, камгап ва хушахлоқ тавсиф мекунанд.

Барои огоҳӣ ва шиносоӣ аз вазъи хонаводагии оилаи Абдуллоевҳо сӯи маҳаллаи Заҳматободи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки дар талу теппаҳои шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва яке аз маҳаллаҳои сераҳолӣ ба шумор меравад, роҳ пеш гирифтем.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, оилаи Абдуллоевҳо хонаводаҳои доро ва сарватманд нестанд ва дар як гӯшаи баланди ин маҳалла зиндагӣ доранд.

Ин хонавода аз панҷ нафар: 4 писар ва 1 духтар иборат аст. Нуралӣ Абдуллоев, падари оила, дар ҳар сохтмоне, ки рост ояд, кор карда, барои таъмини хонавода қути лоямуте ба даст меорад. Модар бошад, дар идораи давлатие ба ҳайси фаррош фаъолият мекунад.

Бародари калонии Бахтовар - Қурбон Абдуллоев 25 сол дорад ва ӯ низ мегӯяд, сохтмончӣ аст, вале ҷои кори аниқ надорад. Гоҳ-гоҳ дар сохтмонҳо кор пайдо карда, иҷро мекунад.

Бино ба гуфтаи Қурбон, Бахтовар 19 сол дорад ва ихтиёран ба хизмати аскарӣ рафтааст.

-Ӯ пас аз хатми синфи 9 дар мактаби ронандагӣ таҳсил карда, соҳиби шаҳодатнома гардид. Тӯли як сол ба ҳайси “почталён” кор кард. Ягон ҳаракати ноҷо, ҷангу ҷанҷол намекард, оромтабиат буд. Бо хоҳиши худаш ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ариза дода, ба хизмат рафт. Доим занг зада, гап мезадем. Тӯли як соли хизматаш ягон гапу хабари зиёдатӣ набуд. Намедонам, чӣ сабаб шуд, ки ба чунин амал даст задааст. Ман гумон мекунам, ки ин амали нангинро нафари дигар содир кардааст ва ба сари додари ман бор кардаанд. Ҳеҷ гоҳ одам бо як мушт намемурад. Бино ба хабарҳо, аскари марҳум “приступ”-и дил доштааст, -гуфт бародари Бахтовар.

Номбурда сабаби дар мурофиаи судӣ иштирок накарданашонро ба вазъи иқтисодии оила рабт дод ва гуфт, “Вақте ки мурофиаи аввалинаш дар рӯзи 16-уми октябр таъйин гардида буд, модар ва холаам рӯзи 15-ум ба шаҳри Хоруғ  рафтанд. Бемасъулиятии кормандони судро бинед, як рӯз пеш аз мурофиа хабар доданд, ки мурофиа ба як ҳафта қафо монда шуд. Ин вақт модарам аллакай дар ними роҳ ба Хоруғ буд. Вазъи зиндагии мардумро фикр накарданд, нагуфтанд, ки роҳи каму андаке нест, ақаллан ду рӯз пеш бояд моро огоҳ месохтанд. Ба ҳар ҳол модару холаам аз роҳ нагаштанд, рафта Бахтоварро диданд ва ду рӯз баъд баргаштанд. Барои 10 рӯз дар он ҷо мондан маблағи зиёд даркор аст”, - гуфт Қурбон Абдуллоев.

Раиси маҳаллаи Заҳматобод Зафаралӣ Исмоилов низ аз Бахтовар ҳамчун як нафари оромтабиат тавсиф кард ва гуфт, дар корҳои ҷамъиятии маҳалла ҳамеша фаъол будааст.

-Ӯ бо хоҳиши худаш ба хизмат рафт ва то ин вақт хонда, шаҳодатномаи ронандагӣ ҳам гирифт ва тӯли қариб ду сол ба ҳайси “почталён” (номарасон) ҳам кор кард. Хеле бачаи орому ботамкин буд. Сатҳи зиндагӣ ва вазъи иқтисодии оилаашон мисли оилаҳои зиёди маҳалла миёна аст. Ба рӯйхати оилаҳои камбизоат низ шомиланд. Касе бовар надошт, ки чунин ҳолат бо Бахтовар рух медиҳад. Ҳамсояҳо то рӯзи ба хизмат рафтанаш аз ӯ ягон шикоят накардаанд, овози баланд ва суханони қабеҳ ҳам нашунидаанд, - гуфт раиси маҳаллаи Заҳматобод Исмоилов З.

Мутаассифона, бо сабаби дар кор будани падару модари ин хонавода натавонистем бо эшон суҳбат кунем ва назарашонро вобаста ба ин қазия бифаҳмем, аммо бародари дигари Бахтовар, Бахшулло Абдуллоев, ки дар як корхонаи хиштбарорӣ боркаш шуда кор мекунад, дар як тамоси телефонӣ аз ҳукми содиркардаи судя изҳори норозигӣ кард ва гуфт, пас аз дастрас кардани нусхаи он ҳатман ба зинаҳои болоии судӣ муроҷиат хоҳанд бурд.

 

Падари Абдуқаюм: Дигар чӣ кор ҳам кунем? Аз ҳукм розием.

Норозигии наздикони Бахтовар аз ҳукми суд дар ҳолест, ки падари Абдуқаюм дар як тамоси телефонӣ ҳангоми бозгашт аз Хоруғ гуфт, аз ҳукм розӣ аст:

-Дигар чӣ кор кунем, писарамро зинда карда намешавад. Касе ҷиноят кардааст, бигузор ҷазояшро гирад. Прокурор 15 сол пурсид, вале судя барои худиқрорӣ ва пушаймонӣ 2 солашро кам кард, - гуфт падари марҳум Абдуқаюм.

 

Шикояткунанда «буз» аст?

«Дедовшина» ё сарбозозорӣ қонуни нонавишта ва падидаи номатлуб дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон буда, аз замони Шӯравӣ мерос мондааст. Дар аксар ҳолатҳо он сарбозон, хусусан навскаронро, ҳатто ба худкушӣ оварда мерасонад ва онҳо наметавонанд ба афсаронашон шикоят баранд.

Бино ба қавли онҳое, ки аллакай хизмати аскариро ба анҷом расонида, ба ҳаёти мулкӣ баргаштаанд, шикояткунандаро дар қисми ҳарбӣ «буз» меноманд, ҳатто агар ҷабрдида мавриди латукӯб ва азоби тоқатфарсои «дед»-ҳо ҳам қарор гирифта бошад. Бинобар ҳамин, наваскарон кӯшиш мекунанд, ба ҳама азобу шиканҷаи хизмат тоб биёранд, то ин тахаллуси нангинро ба худ нагиранд. Дар ҳамин ҳол, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бар ин назаранд, ки маҳз ҳамин падидаи номатлуб монеи ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ рафтани ҷавонон мегардад ва «облава» барои ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба таври ғайриқонунӣ сурат мегирад.

Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигор мегӯяд, «дедовшина” ё сарбозозориро мешавад барҳам дод ва ҳатман бояд барҳам дода шавад.

-Дар ҷаҳони муосир шаҳрҳо ва давлатҳоро тавассути дурбинҳои назоратӣ ба танзим медароранд, чаро қисмҳои низомиро ба танзим даровардан ва аз “дедовшина” пешгирӣ кардан имкон надоштааст? Барои ман нофаҳмост, ки чаро афсарон беаҳамиятӣ мекунанд ё ҳавасманданд, ки “дедовшина” дар қисмҳои низомӣ вуҷуд дошта бошад? Бояд аз онҳо пурсид, вале афсарон барои шиканҷаи сарбозон бояд ҷавобгӯ бошанд, зеро масъул ҳастанд,- мегӯяд Ёқуб Ҳалимов.

Хилватшоҳ Маҳмуд, ҷомеашинос бар он назар аст, ки “барои комилан барҳам додани “дедовшина” дар қисмҳои низомӣ варианти беҳтарин ба роҳ мондани хидмати алтернативӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва ё ҳамон хидмати шартномавӣ аст. Дар сурати акс, вазъ ба гунае боқӣ мемонад, ки солҳои қаблӣ вуҷуд дошт. Ин падидаи номатлуб қариб дар ҳама кишварҳои пасошӯравӣ, ки Тоҷикистон низ шомили он аст, вуҷуд дорад. Дуруст аст, ки дар бархе кишварҳо, аз қабили давлатҳои Назди Балтик ва Гурҷистон ин мушкил барвақттар ҳал шуда, артиши онҳо артиши касбӣ шуда истодааст. Маргу мири аскарон (сарбозон) дар дохили қисми низомӣ новобаста аз он ки дар он вақт афсар дар қисм буд ё не, масъулиятро аз дӯши фармондеҳон (қумандонҳо) соқит наменамояд. Баробар ба муҷримин бояд афсарон низ дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Зеро волидайн фарзандашонро барои ду сол ба хидмат мефиристанд ва ба афсарон бовар мекунанд, ки ҳаёти фарзанди онҳо зери хатар нест”.

Ин дар ҳолест, ки наздикони марҳум Ёдгорзода Абдуқаюм барои беназоратӣ ва бемасъулиятӣ аз болои афсарони қисми низомии Қушунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ванҷ, ки фарзандашон он ҷо хизмат мекард, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии кишвар шикоят бурдаанд. Онҳо аз мақомоти салоҳиятдор тақозо намуданд, ки ба чунин амалҳо дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон хотима дода шавад ва афсарони ин қисми ҳарбӣ ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, вале аз мақомоти Прокуратураи генералӣ ҷавоб гирифтаанд, ки пас аз санҷиш дар кирдори ягон афсари қисми ҳарбӣ ҳолатҳои ғайриқонунӣ ошкор нагардидааст.

Шамсулло ФОЗИЛОВ “ФАРАЖ”

Шумо дар Слайд
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 3

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.