.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Панҷшанбе, 18 Октябр 2018 - || ФАРАЖ

Кормандони намояндагии Бонки миллии Ӯзбекистон дар вилояти Андиҷони ин кишвар аз суратҳисоби муштариҳо 759 ҳазор долларро дуздидаанд.

«Бино бар тафтишоти пешакӣ, масъулони Бонки миллӣ дар вилояти Андиҷон ҳамроҳ бо шаҳрвандони дигар маблағҳои муштариҳои бонкро ба суратҳисобҳои шахсони дигар интиқол додаанд. Ба ин тартиб, онҳо амволи ғайрро бо роҳи аз худ кардан дуздидаанд»,- хабар додааст прокурори генералии Ӯзбекистон.

Аз рӯи ин ҳодиса нисбати шахсони масъули Бонки миллии Ӯзбекистон дар вилояти Андиҷон парванда боз шудаааст.

Шумо дар Хабари-рӯз

Имрӯз таҳти раёсати муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори кишварамон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи  «Рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи  истеъмолкунандагон ҷиҳати назорати бехатарии ғизо ва танзими нархи наво дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ» баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи мазкур, дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон Холиқзода Ҳоким – узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон баромад намуда, изҳор намуд, ки банақшагирии ин масъала пеш аз ҳама барои амали намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли 2017, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида буд, равона шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин замина Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, «Дар бораи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи 4 мақомоти давлатӣ: Хадамоти назорати давлатии бойторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Холиқзода Ҳоким ҳамчунин иброз намуд, ки мақомоти бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи карантини растанӣ», «Дар бораи тухмӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, «Дар бораи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ намуда истодааст.

Пешравии ин ё он соҳа аз маблағгузорӣ вобастагии калон дорад. Новобаста аз мавҷуд будани маблағҳои худии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати байторӣ ҳамасола аз буҷети давлатӣ маблағҳои муайян барои пешравии фаъолияти ин соҳаҳо равона карда мешаванд.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ бо мақсади бехатарии маҳсулоти чорво ва эмин нигоҳ доштани он ба 8 номгӯи касалиҳои сироятшаванда, аз ҷумла вабои сумдарди чорво, сӯхтанӣ, бруселлёз, сил, тоуни чорвои майдаи шохдор, гули гусфандон ва буз, ҳорӣ ва тоуни паранда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, тасдиқ шудааст, маблағи 11,5 млн сомонӣ равона гардида, дар соли 2018 барои ин мақсад 2,5 млн сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Дар ҷумҳурӣ 23 маркази ташхиси бойторӣ ҳамчун мақоми назоратӣ фаъолият менамоянд, ки дар бозорҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати безараргардонии маҳсулоти хӯрокворӣ машғул буда, барои нигаҳдории онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар солҳои 2013-2017 маблағи 19,9 млн. сомонӣ равона гардидааст.

Инчунин, барои пешгирии воридоти маҳсулоти хӯроквории зараровар дар сарҳади давлатӣ 25 нуқтаи назоратӣ ташкил карда шуда, барои нигаҳдории онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар солҳои 2013-2017 маблағи 6,6 млн. сомонӣ равона гардидааст.

Вакили мардумӣ Холиқзода Ҳоким афзуд, ки дар системаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ (айни ҳол Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамчун мақоми ваколатдор назорати фаъолияти дуконҳои фурӯши маҳсулоти шир, гӯшт ва тухми мурғро ба пеш бурда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар 5 соли охир барои нигаҳдорӣ ва фаъолияти онҳо 3,6 млн. сомонӣ равона гардидааст.

Ба хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ (айни ҳол Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки бевосита ҳамчун сохтори назоратӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хурокворӣ мебошад, аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар солҳои 2013-2017 маблағи 16,3 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Қобили қайд аст, ки дар буҷети соли 2018 барои нигаҳдорӣ ва фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ғизои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 222,8 ҳазор сомонӣ, инчунин барои корҳои илмии муассисаи мазкур 161,3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Ҳозирини гиромӣ аз ҷониби Палатаи ҳисобӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақсаднок истифода бурдани маблағҳои дар ин самт ҷудо гардида ва рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳогузаронида шудааст.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин ҳамчунин  раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Фарҳод, Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзализода Назаралӣ, Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қудрат,  сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъди, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Давлатзода Сайҷон бо ахборот ва гузориши муфассал баромад намуданд.

Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули соҳаҳои гуногуни вазоратҳои кишварамон саволу ҷавоб ва музокираҳои судманд баргузор гардид. Ҳамчунин, аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзнома тавсияҳои парлумонӣ ва қарори дахлдор қабул карда шуд.

Шумо дар Хабари-рӯз

18-уми октябр Дафтари банромаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаи таҳлили қонунгузории ҷорӣ вобаста ба гузариш ба пахши рақамӣ мизи мудаввар баргузор кардд.

Дар кори мизи мудаввар 50 нафар намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Чунин ташаббус дар асоси дархости Порлумони Тоҷикистон дар робита ба бознигарии қонунгузории ҷорӣ ва таҳияи асосҳои ҳуқуқӣ барои гузариш ба пахши рақамӣ сурат гирифт. Таҳлили ҳуқуқии қонунгузорӣ аз ҷониби коршиносони САҲА тобистони соли ҷорӣ гузаронда шуда буд.

Скотт Кеарин, роҳбари шӯъбаи ҳуқуқи инсони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар сухани ифтитоҳии худ муҳимияти гузариш ба пахши рақамиро қайд карда гуфт: “Гузариш ба пахши рақамӣ – ин на танҳо гузариш аз технологияҳои кӯҳна ба нав аст, балки имконияти муҳимест барои тезонидани ҷараёни баҳамгиройӣ, ки ба тавассути он технологияҳои иттилоотӣ, пахши телевизиону радио ва алоқа метавонанд бо ҳам ҳамкорӣ кунанд. Пахши рақамӣ инчунин барои рушди иқтисод ва тавсеаи имкониятҳои шаҳрвандон шароит фароҳам оварада, барои тамоми ҷомеа воситаҳои нави алоқаро пешниҳод менамояд”.

Олим Салимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ба САҲА барои дастгирии доимӣ дар такмили қонунгузории кишвар изҳори миннатдорӣ намуд ва аҳамияти омода кардани заминаи эътимодноки ҳуқуқӣ барои гузариш ба пахши рақамиро дарҷ намуд. Ӯ гуфт: «Кумитаи мо дар асоси таҳлили коршиносони САҲА тарҳи қонун оид ба даровардани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ дар соҳаи расонаҳо ва дигар қонунҳои дахлдорро то охири соли 2018 таҳия менамояд. Ин тарҳ асоси хуби ҳуқуқӣ барои гузариши пурра ба пахши рақамӣ мувофиқ ба стандартҳо ва принсипҳои САҲА хоҳад гардид”.

Шумо дар Хабари-рӯз

Ҳамагӣ ду ҳафта қабл аз ин ширкати Tcell таърифаи нақшавии нав таҳти унвони “Даркор”-ро муаррифӣ ва роҳандозӣ кард. Тайи ин муддати кӯтоҳ муштариёни зиёде ба таърифаҳои “Даркор” пайваст гардида, миёни ин таърифаҳои нақшавӣ аллакай маъмултаринаш - таърифаи “Даркор 59” маҳсуб ёфта, дар мақоми дувюм таърифаи “Даркор 99” қарор дорад. 

Дар ҷадвали таърифаҳои «Даркор» аз Tcell – 6 таърифаи нақшавӣ, ки бо мушаххасоти худ аз якдигар тафовут доранд, мавҷуд мебошад: бо бастаҳои гуногуни интернету мегабайт, трафик ва дақиқаву SMS-паёмакҳо.

 «Даркор» ҳамчун таърифаи универсалӣ барои одамоне, ки ҳамеша дар иртибот буданро мехоҳанд, роҳандозӣ шудааст: ҳам барои корбарони интернет, ки ҳисоб кардани трафику мегабайтҳоро одат накардаанд ва ҳам барои онҳое, ки зиёд занг мезананду паём менависанд. Тарофаҳои «Даркор» - бастаҳои калони Интернет ва бастаи дақиқаҳои занг дар дохили Тоҷикистонро доранд. Тамос (занг)-ҳо дар дохили шабакаи Тсеll бошанд, бемаҳдуд ва нархгузорӣ намешаванд. 

Ҳамин тавр, «Даркор» - дар ҳақиқат таърифаи «Зарурӣ» дар ҳама ҳолат ва барои ҳама аст, ҳам барои тамос, барои истифодаи Интернет ва низ барои гуфтугӯ дар дохили шабакаву паёмнависӣ. 

То имрӯз миёни таърифаҳои мазкур аз ҳама маъмули он «Даркор 59» ба ҳисоб меравад, зеро муштариён ба ин намуди таърифа авлавияти бештар медиҳанд. Ҳамагӣ бо 59 сомонӣ дар як моҳ шумо соҳиби 3000 МБ трафики интернет, 30 дақиқаи занг ба рақами дигар операторон ва тамоси комилан бе лимит дар дохили шабакаи Tcell мешавед! Барои намуна, 3000 МБ – ин 6 соат бетаваққуф тамошои видео дар Youtube, 60 соат бозии онлайн ва 35 соати “сайру гашт” дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст. 

Тарофаи «Даркор 99», ки пас аз “Даркор 59” маъмул аст, ҳаҷми бештари интернет ва бастаи дақиқаҳоро дорад. Бо 99 сомонӣ дар як моҳ ин таърифа ба муштарӣ 8000 МБ трафики интернет, 80 дақиқаи зангҳо ба дигар операторон ва тамоси бе лимит дар дохили шабака пешниҳод менамояд. 8000 МБ барои боргирии 2250 оҳангу мусиқӣ, 14 серияи филми дӯстдошта ва 180 китоби савтӣ (аудиокитоб) басанда аст!

«Мо албатта ба ҳайрат науфтодаем, ки миёни таърифаҳои “Даркор” муштариён авлавияти бештарро ба таърифаҳои нақшавии  «Даркор 59» ва  «Даркор 99» медиҳанд. Ин ду таърифа аз шумули таърифаҳои камарзиш нестанд, аммо дар баробари ин басатҳои калони интернет ва дақиқаву паёмакҳоро доранд. Дар замони мо, иртиботу интернет, гӯш кардани мусиқӣ, тамошои филм ва ирсоли паёмакҳо аз талаботи асри диҷитол мебошанд. Вобаста ба ин, муштариёни мо бештар таърифаҳоеро меписанданду ба он пайваст мешаванлд, ки бастаҳои бештари интернет ва дақиқаву зангҳои белимитро доранд”,- қайд мекунанд дар ширкати Тселл.  

Дар ҷадвали таърифаҳои «Даркор» ҳар муштарӣ метавонад барои худ таърифаи зарурӣ ва мақбулашро интихоб намояд: яъне, аз «Даркор 19» то «Даркор 199».

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 3

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.