.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Амният

Шумо дар Амният

Шоҳидони табаддулотҳои ҳарбӣ

Март 10, 2018 Диданд: 682
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ҷосусони ҳарбии Шӯравӣ ҳангоми шӯришҳо ва табаддулотҳо дар Гана, Афғонистон, Ҳабашистон (Эфиопия) ва Либия чӣ гуна кор мекарданд?

Бевақтии шаб, вақте гармии ҳаво каме паст шуд дар майдони кушоди сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Гана филм намоиш доданд. Дипломатҳо, кормандони техникии намояндагии дипломатии кишвар ба тамошои филм ҷамъ омада буданд. Майор Валерий Амосов-ёвари намояндагии ҳарбӣ низ баъди анҷоми корҳояш худро ба тамошо расонд. Вай ҳамагӣ ду моҳ пеш, баъди анҷоми таҳсилаш дар Академияи ҳарбӣ-дипломатӣ ба Гана омада буд. Филм аз рӯзгори Салвадор Аленде, президенти Чилӣ қисса мекард, ки дар натиҷаи табаддулоти ҳарбӣ аз вазифа барканор шуда буд. Вай дар иҳотаи душман, дар ҳоли ҷанг ва силоҳ дар даст қаҳрамонона ҳалок гардида буд. Аз он рӯзгор 5 сол сипарӣ мешуд, вале сокинони Иттиҳоди Шӯравӣ рӯйдодҳои моҳи сентябри соли 1973-ро фаромӯш накарда буданд. Дар бораи ҳаводиси Сентяго дар театрҳои кишвар намоиши Генрих Боровик ба саҳна гузошта шуда буд, аз тариқи радио таронаҳои шоири Чилӣ Виктор Ҳарӣ садо медоданд. Филми он рӯзгори пурталотумро басо оромонаву хомӯшона тамошо карданд. Салвадор Аленде дар ҳуҷраи кории худ автомати Калашников дар даст истода, аммо дар пасманзара садои бомбандозҳои Ла Монед шунида мешаванд.
Субҳ баногоҳ Амосов садои ҳавопаймои реактивиро шунид. Дар оғоз майор наметавонист ташхис кунад, ки ба назараш намуд ва ё филми шабона ҳоло дар асл такрор мешавад. Аммо дар ҳақиқат он саҳна наметавонист такрор шавад. Вай дақиқ медонист, ки дар Гана тайёраҳои ҳарбӣ парвоз намекарданд. Дар ангар (ҷойи таъмири ҳавопаймоҳо) чанд мошин меистод. Ҳар гоҳе дар фурудгоҳи Аккра кадом ҳавопаймои хатсайри байналмилалӣ фуруд меомад, ҳарбиён барои намоиши қудрати ҳарбии худ тайёраҳои ҳарбии зарбазанро аз пинҳонгоҳ берун меоварданд ва чун он ҳавопаймо дубора парвоз карда мерафт, ҷангандаҳоро пинҳон мекарданд.
«Ин рӯйдод ба хоб омад”,- фикр кард Валерий Андреевич ва ба паҳлӯи дигар гашт. Вале садои турбин хомӯш намешуд. Ба ин садо садои изтиробомези боғбон Иосиф ҳамроҳ шуд. Вай бо ангӯштонаш ба ҳаво ишора мекард, ки ҷангандаи ҳарбӣ дар ҳоли парвоз буд ва фарёд мезад: “Табаддулот! Табаддулот!”
Дар ҳақиқат он рӯз дар Гана табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт. Як генерал бо исми Фред Акуффо генерали дигар Ачампонгаро сарнагун кард ва дар ҷояш нишаст. Аммо ҳокимияти ӯ ҳамагӣ як сол бақо дошт, баъдан ӯро низ сарнагун карда буданд. Акуффо чун сари қудрат омад, ёвари намояндаи ҳарбии Шӯравиро аз кишвар ронд. Аммо дар ин бора Валерий Амосов баъди бозгашташ ба Маскав хабар ёфт, дар Гана ин гуна гуфтугузор ва иттилоъ набуд. Аммо касе намедонист чаро ӯ ронда шуд. Танҳо бо ин худро тасалло медоданд, ки намояндаи ҳарбии ИМА низ аз Гана ронда шудааст.
Он замон дар Африқо ин гуна табаддулотҳои ҳарбӣ зуд-зуд рух медоданд ва намояндаҳои ҳарбиву ҷосусон ба мушкил вазифаҳои худро иҷро мекарданд. Агар дар ҳоли таҳдиди хатар дипломатҳо ҳақ доштанд бо аҳли хонаводаи худ муваққатан он кишварро тарк кунанд, вале намояндагони ҳарбӣ илоҷи дигаре надоштанд, ба ҷуз ин ки дар қароргоҳи худ боқӣ бимонанд. Ҳатто агар хатар зиёд бошад ва ба ҷонашон таҳдид кунад.
Барканорӣ ва ё ихроҷи як дипломат ва ё намояндаи ҳарбӣ сару садоҳои зиёд дорад ва он метавонад ҳатто ба шуҳрати кории вай хотима диҳад ва ё латма расонад. Ба Амосов низ ҳамин гуна ҳолат пеш омад. Чунончӣ, Бангландеш ба Валерий Андреевич ризояти таъини он ба сифати ёвари намояндагии ҳарбӣ надод. Ҳинд низ пешниҳоди ҷониби Шӯравиро дар ин бобат мудатҳо баррасӣ кард. Танҳо баъди иқдомҳои ҷавобии Маскав Деҳлии нав розӣ шуд, ки Амосов ба ин вазифа таъин шавад. Аммо моҳе пас аз вурудаш ба Деҳлӣ маҷаллаи “Ҳафтаи Осиё” мақолае чоп кард бо ин сарлавҳа:”Ташкилкунандаи табаддулотҳои ҳарбӣ, майор Амосов вориди Ҳинд шуд”.
Зимнан, дар пойтахти Ҳинд ба Амосов рӯйдоди хотирмони таърихӣ рух дод. Вай ба ёд меорад: “31-уми октябри соли 1984 ман ва ҳамкорамро ба Ситоди неруҳои ҳарбии Ҳинд даъват карданд. Қароргоҳи Сарвазир Индира Гандӣ дар масофаи қариб 500 метр дуртар аз сафорати мо қарор дошт. Ҳар боре мо ба ин ситод меомадем, ҳатман аз ҳамин мавзеъ убур мекардем. Ҳоло низ чунин буд. Соати 9 аз он ҷо гузаштем. Вақте убур мекардем, садоҳое шабеҳи тирандозӣ шунидем, аммо дар тааҷҷуб мондем. Охир иди асосии ҳиндуҳо Дивали шаби гузашта ба поён расида буд, вале дар наздикиҳои Гандӣ ҳанӯз ҳам одамон равуо доранд. Ба сари касе андешаи дигар намеомд.
Ба ситод омадем, масъалаҳои муҳимро баррасӣ кардем ва чун баргаштем, ҳама минтақаро пур аз пулис дидем. Маълум шуд, ки вақте мо аз назди қароргоҳ мегузаштем, посбонон-сикхҳо Индира Гандиро парронда буданд”.
Акнун худ ин ҳолатро тасаввур кунед, ки хадамоти иктишофии маҳаллӣ дар ин маврид чӣ андеша метавонистанд дошта бошанд? Суолеро метавонистанд матраҳ кунанд, ки “ин ташкилкунандаи табаддулотҳои давлатӣ майор Амосов дар наздикии қароргоҳи сарвазир дар дақиқаҳои қасд ба ҷони сарвари давлат чӣ мекард?” Тасодуф? Бидуни шак. Аммо он метавонист барои мушовири намояндагии ҳарбии кишвар фоҷеабор бошад.

РӮЙХАТИ КАСОНЕ, КИ БОЯД ГЕНЕРАЛ ГРИВАС МЕПАРРОНД

…Моҳи феврали соли 1972 намояндагии хадамоти ҷосусии ҳарбии Шӯравӣ дар Кипр ҳуҷҷати басо пурарзише дарёфт кард. Дар он бора, ки ҷангиёни генерал Гривас омодагии ҳарбӣ дидаанд ва қасд доранд президенти қонунии кишварро аз миён бардоранд. Он замон дар Кипр вазъ бе ин ҳам буғранҷ буд. Муқовимати юнониву туркӣ боло мерафт. Се сол беш туркҳо ногаҳон бо як зарбаи шабона ноҳияҳои муҳими тактикии Иллариони Муқаддасро забт карданд ва дар ин маҳал қувваҳои юнониву киприёнро пурра торумор намуданд.
Он замон сарвари Кипр усқуфи аъзами кишвар Макариос буд. Муддати чанд моҳ неруҳои “хунтаи сиёҳ” талош мекарданд президентро ҷисман нобуд созанд. Вале дар талошҳои худ ноком мемонданд. Генерали бераҳму шафқат Георгиос Гривас сарвари мухолифони ҳукумати Кипр буд. Вале ин талошҳо натиҷа намедод. Дар замони ишғоли Гитлер ин генерал ба ҳайати афсарони ростгарои Юнон шомил шуд. Соли 1944, баъди он ки англисҳо ба Юнон ворид шуданд, вай созмони террористии “Хитосҳо”-ро ташкил намуд ва худро пешвои киприҳо эълон кард.
Баъди ташкили давлати Кипр Гривас ҷазираро тарк намуд, аммо соли 1971 пинҳонӣ вориди Кипр шуд, то амалиёти нобудсозии Макарисоро роҳбарӣ кунад. Таҳти сарварии ӯ чандин амалиёти куштани сарвари давлат роҳандозӣ шуд, вале ҳамаи онҳо ба нокомӣ анҷом ёфтанд. Ба ӯ таоми заҳролудшуда доданд, аз болои чархбол бо пулемёт тирборонаш карданд, таъқиб мекарданд, то дар муносибтарин фурсат паронанд, ҳатто ин гуна амалиётҳоро дар калисо ҳангоми ибодати усқуф омода ва роҳандозӣ мекарданд. Вале бо ин ҳама Макариос безарар мемонд, тирҳо ба ҳадаф намерасиданд. Он вақт террористон илоҷи дигаре наёфтанд ба ҷуз ин ки табаддулоти давлатиро роҳандозӣ кунанд.
То оғози ин табаддулот ҳамагӣ чанд соат монда буд, ки полковник Виктор Бочкарёв бо роҳҳои оперативӣ дар бораи омодагии балво маълумоти дақиқ ба даст овард. Дар ин бора фавран ба хадамоти иктишофии Кипр хабар доданд ва бо ин васила тарҳи хунрезонаи ҳарбиён хунсо шуд. Ва боз ҳам тасаввур кунед ҳолатеро, ки маълумоти фаврӣ ба дасти Виктор Викторевич расид. Вай дар ин рӯйхат исми касонеро дид, ки бояд нобуд карда мешуданд: инҳо сафири СССР, кормандони сафорат ва шахсан худи ӯ буданд. Гривас муфассал менавишт, ки баъди табаддулот дипломатҳои Шӯравӣ ва хонаводаи онҳо бояд чӣ гуна ва бо кадом роҳҳо шиканҷа шаванд.
Вокуниш фаврӣ буд. Сафир кишварро ба муддати ним сол тарк кард, намояндагони дипломатӣ ва кормандони техникии он дар шаҳр гуруҳӣ гаштугузор мекарданд. Аммо хадамоти ҷосусӣ ҳақе надорад ҳатто дар чунин ҳолатҳо низ кори худро дақиқае қатъ кунад. Онҳо ҳақе надоранд паси девори идораи дипломатӣ осуда биншинанд. Бояд фаъол бошанд, бояд кор кунанд.
Генерал Георгиос Гривас талош мекунад аз ҷосусони Шӯравӣ қасос гирад. Вай роҳандозии як амалиёти террористиро дар меҳмонхонаи “Лидра” ба нақша гирифт, мебоист он ҷо ба муносибати Рӯзи Артиши Шӯравӣ ва флоти ҳарбию баҳрӣ зиёфат ороста мешуд. Ҷангиён кӯшиданд ба толор силоҳи оташфишон ҳам ворид созанд. Аммо чизе рух надод, чекистон тавонистанд сари вақт ин ҷинояткоронро безарар гардонанд. Хадамоти иктишофии ҳарбии Шӯравӣ дар Кипр, дар чунин лазҳаҳову моҳҳои сарнавиштсоз хеле пурсамар кор кард.
Гривас аз шикастҳои пайдарҳамаш ба худ намеомад ва пайваста роҳҳои қасос меҷусту ба ҳар иқдом даст мезад. Аз ин рӯ, бори дигар на ба президенти Кипр, балки бар зидди полковник Виктор Бочкарёв ва аҳли хонаводаи ӯ амали террористӣ созмон дода мешавад. Метавон гуфт, ки муъҷизае онҳоро наҷот дод. Тири автомат аз сари Виктор Викторевич, ҳамсар ва ду фарзанди вай гузашт, ин замоне буд, ки ӯ ҳамроҳи оилааш дар айвони манзили истиқоматиаш истироҳат мекард. Девор аз тирҳо пур аз шикоф шуд ва зарур омад манзили зисти Бочкарёв иваз карда шавад.
Хеле баъдҳо, билохира ба генерал муяссар гардид, ки дар Кипр табаддулот кунад, ба президент Макариос лозим омад бо сару либоси чӯпонӣ аз минтақа фирор намояд. Ин замон Бочкарёв аллакай дар ватан буд ва дигар наметавонист ба муқобили террорист муқовимат кунад. Боре дар суҳбате ба ман гуфт, ки мутаассифона, имкони он вуҷуд дошт, ки аз ин табаддулот низ пешгирӣ шавад.

АСРОРИ ТАБАДДУЛОТ ДАР ДАРБОРИ КОБУЛ

Пешгирӣ аз табаддулоти ҳарбӣ... Ин начандон кори осонест ва хеле хатаровару мушкил. Ин гуна ҳолатҳо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ зиёд иттифоқ меуфтоданд ва дар бораи ҳамаи онҳо мебояд чандин китоб иншо кард. Ин ҷо аз рӯйдоде ҳам мехоҳем қисса кунем, ки полковник Владимир Стрелбитский, намояндаи идораи ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Швейтсария аз сар гузаронидааст.
Баҳори соли 1973 ба Берн назди ӯ намояндаи ҳарбии Афғонистон дар Деҳлӣ омад. Вай дар роҳи сафараш ба Аврупо бо Стрелбитский дидор намуд. Бояд иқрор шуд, ки дар ин мулоқот ҷосуси афғон сирреро ошкор кард, ки дар ватанаш барои ин ӯро бояд меовехтанд. Вай ба Владимир Василйевич нақл кард, ки дар шаҳри Кобул ба як табаддулоти ҳарбӣ омодагӣ мегиранд. Бародари насабии шоҳ, шоҳзода Муҳаммад Довуд мехоҳад шоҳи Афғонистон Зоҳирро барканор кунад.
Намояндаи ҳарбӣ марди оқил буд ва мегуфт, ки сари қудрат омадани Довуд хубие барои Афғонистон надорад. Вай хоҳиш кард, ки ин ахбори мувассақу заруриро ба Маскав расонад. Стрелбитский иттилоъро равон кард, вале он ба фаромӯшхона супурда шуд.
Ин рӯйдодро Владимир Василйевич аввали солҳои 2000 ҳикоят карда буд. Вай иқрор шуд, ки хаёлан борҳо ба суҳбаташ бо он ҳамкасби афғониаш баргашта буд. Беҳуда корманди хадамоти ҷосусии Афғонистон аз сурат гирифтани табаддулот дар изтироб набуд. Довуд ин амалро роҳандозӣ кард, Зоҳиршоҳро сарнагун сохт. Аммо се сол баъд худи ӯро боздошт ва парронданд. Ва рафту рафт... ин гуна амалҳо такрор шуданд. Ҳафизулло Амин фармон дод, ки Таракиро нобуд созанд. Қисми таъиноти махсуси Шӯравӣ Аминро аз миён бурд. Баъдан Бабрак Кармал омад, баъди ӯ Наҷибуллоҳ, толибон... амрикоиҳо... Ва ҷангу ҷангу ҷанг. Ва ҳоло даҳсолаҳост, ки он идома дорад ва поёнаш ҳамоно маълум нест.
Аммо чӣ мешуд агар аз сарнагунии шоҳ пешгирӣ мекарданд? Шояд сарнавишти муносибатҳо миёни ду кишвар дигаргуна сурат мегирифтанд.

«АГАР ТАРКИШ ДАР ҲУҶРАИ КОРӢ РУХ ДИҲАД, ОТАШ МЕКУШОЕМ”

…16 - уми майи соли 1989, соати 13:15 дар кӯчаҳои пойтахти Ҳбашистон (Эфиопия) шаҳри Аддис-Абеба тонкҳо ва мошинҳои ҷангӣ пайдо шуданд. Дар гӯшаву канори шаҳр тирпаррониҳои бетартибона шуруъ шуданд. Шӯришчиён бинои Вазорати мудофиа ва Ситоди куллро ишғол намуданд, афсарони баландпояву мансабдорони олимақомро парронданд. Аз ҷумла вазири мудофиа низ кушта шуд. Дар ин кишвари қадимии Африқоӣ табаддулот ҳамин гуна сурат гирифт.
Моҳҳои охир вазъ мураккаб шуд. Аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба Ҳабашистон ёриҳои азими ҳарбӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ сарозер мешуд. Наметавон гуфт, ки ҳукумати Менгисту барои беҳбуди ҳаёти ҳабашиҳо талош намекард. Ҳатто дар баъзе самтҳо, бахусус самти иҷтимоӣ пешрафтҳое дида мешуданд. Вале ислоҳоти иҷтимоӣ эҳсос намешуд. Аз он замоне, ки Менгисту Хейле Мариам ҳарифони асосии худро барканор намуд ва раиси Шӯрои муваққати ҳарбӣ-маъмурӣ эълон шуд, 12 сол гузашт, вале кишвар аз нигоҳи иқтисодӣ аслан рушд накард, ҳатто оқибатҳои гуруснагии солҳои 1984-1985-ро, ки сабабгори марги миллион нафар шуда буд, натавонистанд бартараф созанд.
Вале мушкили асосии низоми Марям ҷудоихоҳони эритерӣ буданд. Онҳо зидди низоми Менгисту мубориза мебурданд ва ҳатто хеле муваффақ ҳам буданд. Дар артиш норозигӣ авҷ мегирифт ва моҳи марти соли 1988 неруҳои ҳарбӣ барои бартараф кардани низоми ҳоким мувофиқа карданд.
Дар бораи ҳамаи ин ва вазъи баамаломада намояндагии ҳарбӣ ба Марказ хабар медод. Ва табиист, ки Маскав ба ин гуна иттилоъ хеле хашмоомез вокуниш нишон медод. Гузашта аз ин миллионҳо доллар мадад, техникаи ҳарбӣ ва дастгоҳҳои иқтисодӣ мисли он буд, ки ба ҳаво мерафт. Он замон Ҷабҳаи озодии Эритерия ва Ҷабҳаи халқии Тиграй муваффақона ба ҳуҷум гузашта буданд. Ва боз табаддулот сурат гирифт, ошӯбро фармондеҳи артиши 2 дастгирӣ кард.
«Барои ман он чи муҳим набуд, ки тонкҳо бинои Вазорати дифоъро муҳосира карданд, - ба хотир меорад полковники мустаъфӣ Александр Ерохин. - Ман артишамро гирдуғун мекунам ва меравам ба Аддис-Абеба. Дар ситоди артиш даҳҳо нафар аз ҳарбиёнро нигоҳ доштанд, ки ман ҳам қатори онҳо будам. Мушовири ҳарбӣ генерал Красноштан ба назди командарм рафт ва хабар дод: “Ба Аддис-Абеба меравам. Шумо бояд он ҷо монед ва рӯзе ҳамагӣ як маротиба гуруҳӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ бароед”.
Ҷосус Александр Ерохин, ки бо пӯшиши мушовирӣ дар ин кишвар буд, дар ситоди артиш маҳкам шуд. Хушбахтона, ҳабашиҳо шояд аз он ки вақт наёфтанд ва ё эътибор надоданд, аз кормандони хадамот воситаҳои алоқаро нагирифтанд. Дар миёни афсарони артиш онҳо ахбордиҳандагони худро доштанд ва сари чанд вақт бо рамзҳо иттилоъ равона мекарданд. Ин ҳама рамзҳоро полковник Владимир Луговой рамзкушоӣ мекард.
Барояш кори муҳим оғоз шуда буд. Вай ҳар чор соат ба Маскав иттилоъи нав равона мекард. Вазъ хеле буғранҷ ва мушкил буд. Агар иртибот гирифта наметавонист ва ё хабари басо муҳиме мебуд, ки оҷилтар бояд мерасид, ба Ситоди артиш мерафт. Дар пойтахти кишвар қуюди шабгардӣ эълон шуда буд ва аз соати 22 то 6-и субҳ касе наметаовнист ба кӯча барояд. Тафовути вақт ба ин ишора мекард, ки сарварони масковӣ шабона занг мезаданд. Вале патрулҳои ҳабашӣ аз хоҳишоти пинҳонии генералҳои шӯравӣ хабар надоштанд ва ё онро пай намебурданд. Ва ба сӯйи ҳар мошине,ки ба ҳар самт шабона ҳаракат мекард, оташ мекушоданд.
Зарур меомад ин рафтуомадҳоҳоро бо мақомот мувофиқа кунанд. Александр Ерохин мегӯяд ошӯбгарон ва табаддулотгарон ба хато роҳ доданд. Агар қарор қабул шуд, пас бояд амал мекарданд. Вале онҳо ҷаласа мегузарониданд, як рӯз, ду рӯз, се рӯз... Вале дар ин миён ҳабашиҳои вафодор ба Менгисту Хейле Мариам самараноктар амал мекарданд. Дар натиҷа онҳо Ситоди артишро иҳота карданд ва ҳамла як соат давом кард, ба ҳадде зуд вазъ дигар шуд, ки хабарро ӯ тавонист ҳам дар оғоз ва ҳам дар анҷом ба Маскав ирсол кунад.
“Мо дар як ҳуҷра ҷамъ шудем. Автоматҳои худро омода кардем, норинҷакҳоро низ. Генерал Красноштан фармон дод: “То дами охир аз силоҳ истифода накунед ва агар касе вориди ҳуҷра шуд, паррнонед”. Дар маҷмуъ ҳама касонеро, ки муқовимат карданд, паррондем. 11 сӯиқасдчиёнро дар Ситод куштем ва ҷасадашонро дар баромадгоҳ гузоштем”.
Аммо баъд чӣ шуд? Менгисту ҳама нокомиҳои худ дар муборизааш зидди ҷудоихоҳонро ба сари ҷосусони Шӯравӣ мезад. Гӯё онҳо сабабгори ин ҳама бебандубориҳо буданд...

Михаил БОЛТУНОВ

"Совершенно секретно", No.2/403, феврали соли 2018

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Тағйироти охир Шанбе, 10 Март 2018 10:21
Хонданд 682
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.